TJ

Модарон ва хоҳарони азиз!

Дар ситоиши Зан-Модар дар паҳони таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Дар матнҳои қадимтарин, суғдиву паҳлавӣ, форсию тоҷики Зан-Модар зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.

Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлолу озоди мо занон мақоми хосаю волоро ишғол менамоянд. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ низ ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо мақсади фаъолияти босамари занон шароити мусоидро фароҳам овардааст. Ҳамин аст, ки имрӯз қисми зиёди кормандони Институт занону духтарон ташкил медиҳанд, ки бо маҳорату истеъдоди фавқулода ва ҳисси баланди ватандориву масъулиятшиносӣ дар амалисозии ҳадафҳои фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат содиқонаву софдилона адои хизмат менамоянд.

Хизматҳои бонувони зебои кишвар дар рушди Тоҷикистони азизамон хеле назаррас мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззати эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, қайд намуданд, ки «Сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба Зан-Модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошад».

Мо ба такя ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи Шумо занони қавииродаву ташаббускор, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошед, Тоҷикистони азизамонро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод.

Бори дигар бонувони азизро бо ҷашни фархунда - Рӯзи Модар табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, хушбахтиҳои бепоён ва сарбаландиву пирӯзиҳо таманно менамоем!