Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар рӯзҳои омад -омади  фасли баҳор, гул кардани дарахтон ва қабои сабз пӯшидани замин  “Рӯзи модар”  ба тавре васеъ ҷашн гирифта мешавад. Ҳама занону модарон суханони табрикӣ мешунаванд ва аз фарзандону ҳамсарони худ ҳадя мегиранд, ки воқен ҳам боиси хушию хурсандии онҳо мегардад. Аммо шояд бисёриҳо фикр мекунанд, ки ин ҳамон идест, ки дар замони Шуравӣ бо номи Иди байналмилалии занон ҷашн гирифта мешуд ва таърихи каме бештар аз садсола дорад. 8 марти соли 1857 дар шаҳри  Ню-Йорк занони коргари корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ эътироз намуда, аз корфармоён рӯзи 10-соатаи корӣ ва музди баробар бо мардон  талаб карданд.

                    Дар соли 1910 дар  Конференсияи байналмилалии занони сотсиалист дар  Копенгаген Клара Сеткин пешниҳод намуд, ки  8 март, ба ифтихори ҳамон рӯзи ба мубориза бархостани занони амрикоӣ  ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шавад.Баъд аз 3 сол ин ташаббуси Клара Сеткин дар Россия ҳам ҳамовозӣ пайдо намуд.

                  Аммо “Рӯзи модар”, ки дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон  6-уми марти соли 2009 чунин иброз доштанд: “Имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон - мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд. Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд. Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст.Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст...”  Дар идомаи суханони табрикотии худ Сарвари давлат гуфтанд, ки “пас имрӯз - дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад”. Дар ҳамин Паёми шодбошиашон Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки “ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта шавад, вале на ҳамчун ҷашни маснуие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва мӯҳтавои азалиаш таҷлил гардад”.  Албатта, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар бораи 8 март-Рӯзи модар” ба имзо расид.

              Таърихи Рӯзи модар. Аҷдодони  мо- ориёиҳои бостон, ки пайрави дини зардуштӣ буданд ба як андешаи паёмбарашон Зардушт бовар доштанд, ки шодмонӣ кардан кори нек ва супориши Худованд (Аҳурамаздо) аст. Бинобар ин, кӯшиш мекарданд, то пайваста сугворӣ ва ғамро аз худ дур карда, ба шодию ҷашн рӯй оваранд. Аз ин рӯ, онҳо ҷашнҳои зиёд доштанд. Ҳадди ақал ҳар як моҳ як ҷашн доштанд. Дар Ориёнои бостон 12 моҳ ва ҳар моҳ 30 рӯз ҳисоб карда мешуд Ҳар рӯзи моҳ ном дошт ва ориёиён ҳар рӯз аз сӣ рӯзи моҳро, ки номаш бо номи ҳамон моҳ баробар мешуд, ҷашн мегирифтанд:

Рӯз чу бо моҳ баробар шудӣ,

Будӣ ҷашне ва мукаррар шудӣ.

               Ин ҷашнҳоро ҷашнҳои моҳона мегуфтанд ва аз он 12 ҷашни моҳона 3 ҷашн- Меҳргон, Тиргон ва Испандормаз, Испандормазгон ё Спандормазгон (бо номи Рӯзи модар) дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо ташаббуси Пешвои миллат эҳё ва ҳамчун ҷашнҳои расмӣ таҷлил карда мешаванд. Маъно ва решаи Испандормаз аз ду бахш “испанд” (пок) ва армаитӣ(бурдборӣ) ташкил шудааст ва дар ойини зардуштӣ Фариштаи нигаҳбони Замин ва занони некукор аст.

               Азбаски Исфанд фариштаи нигаҳбони замин дониста мешуд ва замин дар зиндагии инсон, монанди занон, нақши борварӣ ва ҳосилбахшӣ дорад, дар ин ҷашн ба Модар, Замин ва ба бонувон арҷгузорӣ карда мешуд.

           Исфанд ё испанд  рӯзи панҷуми ҳар моҳ будааст, ки дар замоне, ки моҳҳои ориёӣ 30 рӯз буданд,  ба охирҳои феврал рост меомад.  Испандормаз лақаби миллии замин аст, ба маънои густаронанда, муқаддас ва фурӯтан. Замин рамзи муҳаббат аст, зеро бо фурӯтанӣ, тавозуъ ва гузашт ба ҳамаи мавҷудот меҳр меварзад. Зишт ва зеборо бо як чашм менигарад ва ҳамаро мисли модаре дар домани пурмеҳри худ паноҳ медиҳад. Аз ҳамин сабаб дар фарҳанги бостон испандормазгон-ро ҳамчун рамзи меҳри модарӣ ва ҳосилхезӣ мепиндоштанд.

Ойинҳои ҷашни Испандормазгон

                Яке аз ойинҳо асосии Испандормазгон додани ҳадя ба модарон, занону духтарон будааст. Дар ин рӯз мардон занони хонаводаро бар тахти шоҳӣ менишонданд, аз онҳо пурра итоат мекарданд ва ба онҳо туҳфа медоданд. Ин барои мардон ёдоварие буд, то модарон ва ҳамсарони худро гиромӣ доранд. Азбаски хотираи ин ҷашн муддати дароз боқӣ мемонд ва он хеле бошукӯҳ баргузор мегардид, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба зан ҳамеша ба мардон ёдрас карда мешуд. Ин расм баёнгари эҳтиром ва қадрдонии ҷомеа нисбат ба зан ва нақши ӯ дар оила ва ҷомеа буд.

               Ба қавли баъзе донишмандон, нахустин ҷашне, ки дар ин рӯз (Испандормазгон) баргузор мешуд ҷашни “Мардгирон” ё  “Муждагирон” будааст. Ин ҷашн махсуси занон буда ва ба муносибати таҷлил ва бузургдошт барпо мегашт. Ба қавли А.Гардезӣ “аз ин ҷиҳат ин ҷашнро “Мардгирон” мегуфтанд, ки занон бо ихтиёри хеш ва бо озодӣ шуй ва марди зиндагии худро бармегузиданд” .

              Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул боқия” овардааст, ки ориёиёни бостон рӯзи панҷуми исфандро Рӯзи бузургдошти Зан ва Замин медонистанд. Вожаи авестоии Спентаармаитӣ (SpentaArmaiti), форсӣ Исфанд дар забони форсии имрӯз, аз вожаи паҳлавии Спентаармаитӣ баргирифта шудааст.

             Дар эътиқоди зардуштӣ Испандормаз (Спентаармаитӣ) яке аз Амшоспандон (Фариштагон) буда, рамзи фурӯтанӣ, меҳрубонӣ ва муҳаббат ба шумор меравад. Ӯ инчунин ҳамчун фариштаи нигаҳбони замин шинохта мешавад. Аз ин рӯ, Замин дар фарҳанги бостонӣ рамзи муҳаббат ва модарӣ дониста мешуд, зеро бо сабру таҳаммул ҳамаи мавҷудотро дар домани худ парвариш медиҳад.

             Дар ҷашни Испандормазгон дастархони махсус ороста мешуд. Дар он шир, тухми мурғ, меваҳои мавсимӣ (махсусан анор ва себ), гулҳо, шириниҳо ва гиёҳҳои хушбӯй гузошта мешуданд. Ҳамчунин донаҳои гуногуни ғалладона, ки рамзи фаровонӣ ва баракат буданд, дар дастархон ҷой мегирифтанд.

              Дар ойини ориёиён занони покдоман ва порсо, ки фарзандони нек тарбия мекарданд, мавриди эҳтиром ва ҳавасмандӣ қарор мегирифтанд. Ин нишон медиҳад, ки дар фарҳанги ориёиёни бостон мақоми зан хеле баланд дониста мешуд.

            Ҳамин тавр, ҷашни Испандормазгон на танҳо як маросими идона, балки ифодаи ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии ҷомеаи бостонии ориёиён буд, ки дар он эҳтиром ба зан, ба модар, муҳаббат ба замин ва ободонии ҷомеа ҷойгоҳи муҳим дошт.

           Имрӯз ҳам, ҳамзамон бо эҳё намудани ин ҷашни кӯҳани ориёӣ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири боло бурдани мақоми зан, ҳуқуқҳои конститусионӣ  ва  каромати инсонии зан дар ҷомеа тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст. Гувоҳи он қабул ва амалӣ гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба нақши занон дар ҷомеа мебошад, ки шароитро барои таъмини ҳаёти орому осуда ва боло рафтани мақоми занону модарон муҳайё месозад.

Рӯзи модар муборак бошад!

 

Қ. Искандаров, сарходими илмии

Маркази шарқшиносӣ ва мероси хатии

назди Раёсати АМИТ