Андешаҳо дар рӯзи 55-солагиии фаъолияти эҷодӣ-илмии Ҳабибуллоҳ Раҷабов, ки бо 4 миллиард аҳолии Сайёра муошират карда метавонад
Наҷмиддин Шоҳинбод,
ходими илмии ММХ
“Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияҳои пешрафтаи муосир иборат аст”.
(Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)
Ҳамду сано ва садҳо бор сипос ба Президенти Академияи милиии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода, ки барои муаррифии инфиродии маҳсули пажуҳиши олимони маъруф муҳити созгор ва минбари арзёбиии дирӯзу имрӯзи илм муҳайё намудааст. Зикри 50, 55, 60-солагии фаъолияти илмӣ-эҷодӣ тавассути маҳфили “Хирад” ба минбари ҳисоботи илмӣ-эҷодии олимон табдил ёфтааст. Ҳамоиши “Хирад” аз роҳи панҷоҳсолаи илмии Узвҳои вобастаи АМИТ Маҳмадов, академик Кароматулло Олимов, профессор Ҳабибуллоҳ Раҷабов, олими маъруф Саидхоҷа Ализода шуҳрат ва эътибори баланди илму ирфонро намоиш доданд.
Дар муҳити илмию адабии мо зумраи олимоне ҳастанд, ки ҳар рӯз дар ин замин бояд зиндагонии онҳо таҷлил гардад, то садсолаҳои оянда насли наврас аз хидмати онҳо огоҳ бошад. То ба ҳол нахондаю нашунидаам, ки дар аҳди қадим, асрҳои миёна, даврони тиллоиии адабиёти тоҷику форс ҷашни 50-солагии Сино, Ҳофиз ва ё 70- солагии Ҳаким Фирадвсиро таҷлил карда бошанд. Маҳз барои ин мо аз зиндагиии бештари онҳо огоҳ нестем. Бале, боз такрор мекунам, ки бояд ҳар рӯзи фаъолияти олими оламшумул, фозилу педагоги маъруф профессор Ҳабибуллоҳ Раҷабов, академик Кароматулло Олимов, профессорон Маҳмадов, Қосимшо Искандаровро ба намоиши насли наврас гузорем. Ин баҳонаест, ки ба насли нав ҳушдор диҳем, ки илму ирфони мо қадру қимати пештараашро барқарор карда, ҳатто дар аксари самтҳо хеле пеш рафтааст.
Ба ҷашни 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҳабибуллоҳ Раҷабов (ба шуғли эҷодӣ аз 15 солагӣ шуруъ кардааст) мақолаву очеркҳои ҷолиб нашр шуданд. Вале ман танҳо он чиро, ки ҳанӯз на ҳама медонанд (ва ҳато худи профессор Раҷабов ҳам шояд намедонад), шарҳ медиҳам.
**************************
Ҳабибуллоҳ Раҷабов пас аз устод Мирзо Турсунзода нахустин зиёие буд, ки асрори “Ҳеҷ шунидӣ гапи садсоларо, Қиссаи деринаи Банголаро” аз нав ба баҳсу арзи ақидаи олам гузошт. Дар солҳои ҳафтодум дар илми ҳиндушиносӣ пажуҳишҳои Василий Василевич Радлов, Иван Петровияч Маев, Григорий Максимович Бонгард-Левин ва Валентин Алексадрович Жуковский барин олимони тамаддуни бостонӣ ва муосири Ҳиндустонро ба олам муаррифӣ намуданд. Афсус, ин олимони сатҳи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳавзаҳои ҳунарию адабию меъмории тоҷику форс, саҳми Тоҷикон дар рушди маданияти Ҳиндустон, бахусус даврони Салтанати Темуриён хеле кам ва ё сатҳӣ навиштаанд. Ҳамзамон дар ҶШС Тоҷикистон аз ҷумлаи беш аз 3 ҳазор олимон, адибону ҳунарварони тоҷику форс танҳо намунаи ками ашъори Бедил, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Фонии Кашмирӣ, Муҳаммад Иқбол дастраси омма буд.
Марҳаллаи самарабахши вусъати илм ва омӯзиши Ҳинду Покистон аз соли 1975 тавассути олими ҷавон, аввалин мутахассиси забони хиндӣ ва урду, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ҷавонтарин ҳиндушиноси тоҷик Ҳабибуллоҳ Раҷабов оғоз гардид. Ҳабибуллоҳ нахустин олими Осиёи Марказӣ ва панҷумин олими Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки таърих, адабиёт ва маданияти Ҳиндустонро аз рӯйи бойгониҳо, катибаю осорхонаҳо не, аз забону зиндагии зиндаи мардуми Ҳиндустон бо чашми хеш, бе тарҷума аз забони аслии урдуву ҳиндӣ, англисӣ омӯхт. Ӯ, ба қавли Василий Василевич, шинохти Ҳиндустонро аз омӯзиши зиндагӣ ва осори Муҳаммад Иқбол, Робиндранат Такур, Прем Чанд, Бахабони Бхатчария сар кард.
Дар омӯзиш ва муаррифии аллома Иқбол хидмати устод Мирсаид Миршакар, Абдуллоҷон Ғаффоров, Шарафнисо Пӯлодова беназир аст. Аммо профессор Раҷабов дар Тоҷикистон Иқболи нав, Иқболи фалсафаи ишқу имон, Иқболи фано ва нумуъ, Иқболи бемиллату қавм, Иқболи кошифи асрори фалсафаи Исломро муаррифӣ кард. Ва бояд бо ҳарфи калон имрӯз пажуҳиши нодири Ҳабибуллоҳ Раҷабов оид ба қатъи баҳс дар атрофи соли мавлуди Муҳаммад Иқбол, ки аз сои 1938 то 2017 идома ёфт, ба дафтари иқболшиносӣ сабт кард. Олими тоҷик ба баҳс бо далалҳои илмӣ хотима дода, соли дақиқи мавлуди шоирро собит намуд. Ин мақолаи Устод Ҳабибуллоҳ дар Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, марказҳои илмии Калкутта, Бангола иқтибос шуд.
Соли 2019 ҳангоми сафари эҷодӣ ба шаҳри Бангалор бо журналист ва ҷомеашиноси Ҳиндустон Раджив Промод аз боби мақоми адабиёти Ҳинду Покистон дар Тоҷикистон суҳбат намудем. Ман он вақт солҳои тӯлонӣ устод Раҷабовро надида будам. Ва ин журналисти ҳинду барои ман Ҳабибуллоҳ Раҷабовро аз диди ҳиндустониҳо муаррифӣ карда, аз ҷумла гуфт: “Мо Муҳаммад Иқболро аз рӯйи китоби профессор Раҷабов шинохтем. Ман шахсан хабари нашри ҳикояҳо ва новеллаҳои адибони Ҳиндустонро аз ҷониби Раҷабов бо забони ноби тоҷикӣ пахш намудам. Профессор Ҳабибуллоҳ нахустин бор дар Тоҷикистон ашъори урдуи Иқболро амиқ таҳлил намуда, бархӯрди алломаро ба таҳамулпазириии мазҳабӣ, равони инсоният кашф кард. Барои аллома Муҳаммад Иқбол миллати ҳинд, покистонӣ, урду, пашту вуҷуд надошт. Ӯ миллатро Шарқ, Аҷам номида буд. Чунончӣ, Носири Хусрав миллатро Хуросон маҳсуб медонист. Боз муҳимтараш он аст, ки профессор Ҳабибуллоҳ Раҷабов бузургтарин ва нерумандтарин маркази ҳинду покистоншиносиро асос гузошт. Ӯ таҷрибаи кафедраи ҳинду покистони Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро, ки худ шогирди ин факулта буд, дар Тоҷикистон татбиқ намуд. Ва дар 5 соли фаъолият дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беҳтарин маркази таълимии филологияи Ҳинду Покистон, ситоди пажуҳиши ҳавзаи адабиёти тоҷику форси Ҳиндустон шинохта шуд.
Соли 1983 бо иқдоми Ҳабибуллоҳ Раҷабов барои тадриси фанни адабиёти ҳиндӣ ба кафедра аз шаҳри Москва номзади илмҳои филологӣ, ҳиндшинос Нелли Бобоҷонова ва аз шаҳри Тошканд омӯзгор Валентина Ниёзова даъват шуда буданд. Бо кӯмаки сафорати Ҳиндустон ҳар сол ду-се нафар донишҷӯёни беҳтарини курсҳои болоӣ барои таҷрибаомӯзии забонӣ ба муддати 10 моҳ ба донишгоҳҳои Ҳиндустон, аз ҷумла, ба Маркази омӯзиши забони ҳиндӣ ба шаҳри Агра фиристода мешаванд. Ҳабибуллоҳ Раҷабов дар заминаии кафедраи мазкур соли 2009 “Маркази илмии Покистон” ва соли 2017 “Маркази омӯзиши Ҳиндустон”-ро ифтитоҳ кард.
Профессор Раҷабов на танҳо омӯзиши забон ва адабиёт, таърихи ин ду кишвари абарқудратро меомузонад. Ӯ дар баробари пажуҳиш тамаддуни Ҳинду Покистон, рушди сайёҳии се кишвар, истифодаи васеи технлогия ва таҷрибаи бозори иқтисодии муосири Ҳинду Покистонро дар Тоҷикистон тарғиб менамояд.
Дар даҳҳо дигар самтҳои филологияи Ҳинду Покистон пеш аз номи Ҳабибуллоҳ Раҷабо пешоянди “нахустин” илова мешавад. Дар асл ҳам, ӯ дар даҳҳо самт бори аввал иқдом карда, лоиҳаҳои ҷолибро нахустин бор муассир анҷом додааст. Ба ин хотир ҳам соли 2018 бори аввал дар таърихи Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ Раҷабов ба Ҷоизаи Байналмилалии Падма Шри яке аз олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон (бо ибораи дигар, дар самти илм, адабиёт ва таърих онро “Ҷоизаи Нобели Ҳиндустон” низ ном мебаранд) қадр гардид.
Пажуҳиши Ҳабибуллоҳ Раҷабов оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аллома Муҳаммад Иқбол (“Муҳаммад Иқбол - шоири абадзинда”. Душнабе Эр-Граф. 2019) бо сабку услуби илмии оммафаҳм дастраси ҳамаи тафаккуру ақлҳо иншо шудааст. Бо як варақ задан чашму ақл саҳифаи китобро то охир тарк намекунад. Чунин усул ба худи олимону адибони Ҳинду Покистон низ писанд омад. Олим ва омӯзгори Ҳиндустон Рафеуддин боре дар суҳбат ба банда гуфта буд: “Асарҳои илмии профессор Раҷабов барои хурдсол, пири хирад, донишҷӯ ва академик баробар дастрас аст. Ман бо шавқу ҳавас мақолаҳо ва китобҳои профессор Раҷабовро мехонам. Гӯё ман достонро мутолиа мекунам”.
Боз як паҳлӯи саҳми назарраси Раҷабов ин аст, ки ӯ бо фарзандону наберагони аллома Муҳаммад Иқбол робита пайдо карда, ба зиндагии пуршарафи Иқбол аз наздик, аз диди пайвандонаш шинос гардид. Бо иқдоми ӯ тайи солҳои зиёд писари Муҳаммад Иқбол Ҷовид Иқбол ва 12 нафар шогирдонаш ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Забони ашъори Муҳаммал Иқбол ин шеваи тоҷикии муосир аст. Шеъри Иқбол дар қолаби забони тоҷикӣ ӯро шуҳратёр гардонд.
Имрӯз дар байни сатрҳои ин очерк мо бояд ошкоро аз асрори кушишҳои маҳдудиятҳои равобити ҶШС Тоҷикистон бо Ҳинду Покистон, омӯзиши тамаддуни Ҳинду Покистон дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ҳарф занем. Сиёсати Кремл аз таъсири Исломи Покистон ва тамоили истиқлолхоҳии Ҳиндустон ба ҶШС Тоҷикистон дар ҳарос буд.
Тамаддуни бостонии тоҷику форс ба Ҳиндустон то соли 1947 марбут аст. Дар ин ҷо беш аз дусад сол давлатдориии тоҷик ва забони тоҷикӣ равнақ пайдо карда буд. Ҳиҷрати Бузурги Осиёи Марказӣ ба Ҳиндустон аз муҳоҷирати Бузурги Аврупо ба қитъаи Амрико камӣ надошт. Муҳоҷирати азими меҳнатӣ барои равнақи тамаддуни дохилӣ мусоидат кард. Аҳли зиё мардуми босавод ба Ҳиндустон сафар мекарданд, то ғизои моддӣ ва маънавиии хешро таъмин кунанд:
Ру ба Ҳинд овардани равшандилон аз баҳри чист?
Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.
Бидуни 5 олими ҳиндшинос дигар зиёиён ба ин хазинаи ниёгони мо роҳ надоштанд. Мероси 1200 солаи моро танҳо 5 нафар тадқиқу тарғиб мекарданд. Ва забардасттарин пажуҳишгар, коргардони маркази илмию таълимии Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ Раҷабов мебошад. Профессор Раҷабов, ба қавли профессор Қосимшо Искандаров, бо 4 миллиард аҳолиии Сайёра (1 миллиарду 456 миллион аҳолии Ҳиндустон ва 1,3 миллиард англисзабон) бе тарҷумон озод ҳарф зада метавонад.
Асару монографияҳои илмии Ҳабибуллоҳ Раҷабов «Рабиндранат Тагор» (Душанбе, 2012), «Прем Чанд» (нашри дуюм. Душанбе, 2015), «Адабиёти ҳиндӣ дар замони ҳозира» (Душанбе, 2017), «Ташаккул ва инкишофи достони муосири ҳиндӣ» (Душанбе, 2018), «Муҳаммад Иқбол - шоири абадзинда» (Душанбе, 2019) ба захираи тиллоии илмии омӯзиши Ҳинду Покистон шомил шудаанд. Аксари асарҳои Ҳабибуллоҳ Раҷабов дар донишгоҳҳо, коллеҷҳои Деҳлии нав, Бангалор, Ҳайдаробод. Калкутта (Ҳиндустон), Исломобод, Лоҳур, Карочи, Пешовар (Покистон), Бангола (Бангладеш), Коломбо (Шри-Ланка) чун намунаи олии пажуҳишӣ ба ҳайси дастури илмӣ истифода мешаванд.
Тарҷумон-соҳиб
“Ҳеҷ гоҳ суроғаи фатҳи қуллаи муродатро ба касе нагӯй. Чун суроғаатро ёфтанд, туро аз набард дар канор мепартоянд”.
(Прем Чанд, адиби Ҳинд)
Моҳи феврали соли 1982 тибқи Қарори Бюрои КМ ҲКИШ Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шуравӣ ва КМ ВЛКСМ барои ёрии амалии бунёди ҷомеаи демократиии дунявии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон гуруҳи мушовирони ҳизбӣ, комсомолӣ таъсис дода шуданд. Дар ҳайати гуруҳи корӣ ташкилу сафарбаркунии мушовирин ва тарҷумонҳои созмони ҷавонон аз ҶШС Тоҷикистон олими ҷавон донандаи забонҳои форсӣ, урду, ҳинду ва англисӣ Ҳабибуллоҳ Раҷабов интихоб гардид.
Ҳабибуллоҳ Раҷабов аввалан дар Тоҷикистон тарҷумонҳо ва мушовиронро омода менамуд. Аз ҷумла, беҳтарин тарҷумонҳои тоҷик Қосимшо Искандаров, Шарофиддин Имомов, Раҳматулло Абдуллоев, Шириншо Замоновро интихоб карда, барои сафари Афғонистон тавсия дода буд. Ва баъдан соли 1982 худаш то соли 1984 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон, омӯзгор ва мушовири сиёсӣ хидмат намуд. Собиқ мушовири КМ ВЛКСМ дар Афғонистон Житнухин дар бораи Ҳабибуллоҳ Раҷабов чунин зикр мекунад: «Ман аз дониш, салиқа ва маҳорати тарҷумонии Раҷабов ба ҳайрат афтодам. Дар як нишаст ба 4 забон тарҷума мекард. Ҳамзамон гӯё як умр дар Афғонистон зиндагӣ карда бошад, урфу одат, шишту хез, равони ин мардумро медонист».
Ин фазилатҳои басо ҳайратовари Ҳабибуллоҳ баъзан мушовиронро ба шакку шубҳа мебурд. Мушовир Александр Ребрик қайд кардааст: «Ман аввалан гумон кардам, ки Раҷабов корманди хадамоти махсуси иктишофӣ аст, зеро танҳо кормандони кашфи хориҷӣ 4, 5 забонро озод медонистанд. Баъдан фаҳмидам, ки ин ҷавони хоксору дилёб ҳамаи забонҳои Ғарбу Шарқро дар зодгоҳи ман – шаҳри Ленинград омӯхтааст. Барои ҳамин ман ӯро бо лутф “ҳамшаҳрӣ” мегуфтам».
Бояд зикр кард, ки солҳои 1979 - 1990 танҳо 23-25 фоиз тарҷумонҳо касбӣ буданд. Аксари кулли тарҷумонҳо тавассути забони тоҷикии муосир бо афғонҳо муошират намуда, ба мушовирон тарҷума мекарданд. Мутаассифона, истилоҳоти тахассусӣ, соҳаи тиббӣ, техникӣ тафовути калон доштанд. Аз ин рӯ, Ҳабибуллоҳ феҳристи истилоҳоти мухтасари сиёсӣ-иҷтимоиро ба забони форсӣ ва русӣ мураттаб намуд. Ҳабибуллоҳ дар ин ҷода низ мактаби хоси худро таъсис дод. Ӯ ҳамаи 126 тарҷумонро аз санҷиш гузаронида, барои кор бо сохторҳои созмони ҷавонони Афғонистон (ДОМА) омода мекард. Бо кушиши Ҳабибуллоҳ Раҷабов, тарҷумонҳо Қосимшоҳ Искандаров, Раҳматуллоҳ Абдуллоев, Шониёз Мӯсоев, Мурод Ҳусейнов дастуру рисолаҳои тавсиявии методӣ ба созмони ҷавонони Афғонистон мураттаб карда буданд.
Ҳамзамон Ҳабибуллоҳ Раҷабов оид ба риояи ахлоқ, урфу одатҳои диниву миллии Афғонистон ба мушовирон тавсияҳо медод. Собиқ раиси Шурои тарҷумонҳои назди сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон Зафар Мирзоев (Зафар Мирзоиён, ёдаш ба хайр!) соли 2010 ёдрас шуд: «Ҳабибуллоҳ на танҳо тарҷумони комсомол набуд. Ӯ ба ҳамаи сохторҳо ва қарордодҳои расмии Иттиҳоди Шуравӣ дастуру машварат медод».
Барои заҳмату талошҳояш Ҳабибуллоҳ бо медали «Даҳ соли инқилоби Савр» (1988), медали «Аз мардуми сипосгузори афғон» (1988), Нишони фахрии «Барои саҳми дӯстӣ»-и Ҷамъияти дӯстии халқҳои СССР (1991), медали «Иштирокчии амалиёти ҷангӣ» (2011), медали «25 сол аз анҷоми амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон» (2014), медали «30 сол аз анҷоми амалиёти ҷангии Артиши 40-ум дар Афғонистон» (2019), медал барои тарғиби илм «Михаил Ломоносов», «70-солагиии Ғалаба ба фашизми Гитлерӣ, солҳои 1941 1945» ва тақрибан 90 ифтихорнома ва сипосномаҳо қадр гардидааст.
Фарҷоме, ки ба оғози табаддулоти тафаккур мебарад…
«Ягона роҳи ҳаловат бурдан аз зиндагӣ нотарс будан ва наҳаросидан аз шикасту офатҳост».
(Ҷавоҳирлаъл Неру)
Дар фарҷом боз ду шоёнтарин хислату хулқи қимати ин марди наҷибу фозилро тафсир хоҳам кард. Намедонам дар мадди аввал чӣ гузорам. Ба ин хотир, танзи соли 1993 навиштаамро ёдрас мекунам:
Ҷавоне савори автомобили гароннарх сари роҳ марди қоматхамидаи солхӯрдаро, ки дастҷузвдони куҳнаи чарминро вазнин-вазнин бо худ кашола мекард, дучор омада, истод:
- Ҳамид Почоевич, шумо хуб ҳастед? Шодам, ки пас аз солиёни зиёд Шуморо мебинам, - бо хушнудӣ гуфт ҷавони олуфтасимои мисли занон тилло дар гардану дастон.
- Нашинохтам, ҷавони азиз, - бо хастагӣ ҷавоб дод муаллим Почоевич.
- Ман, муҳтарам профессор, шогирди шумо будам. Якумин аспиранти Шумо. Хайрият партофта, ба тиҷорат гузаштам. Ҳоло 4 автомашина, 3 ҳавлӣ дорам. Шинед, шуморо ба хонаатон бурда монам…
- Не, ташакур, ман наздик омадам, - гуфта Почоевич саховати ҷавонро рад кард.
Боз пас аз чанд чақрим мошини “Лендкурезер”-и нав дар назди Почоевич мисли тонк ғуррос зада истод. Ҷавони ришдори бойбачаи асри нав муаллимро садо дод:
- Почоевич, монда набошед! Шинед, бурда расонам. Ҳоло ҳам китобҳои вазнинатонро напартофтед, - садо баровард аз паси рули мошин он ҷавон.
- Ман аслан ба мошинҳои бегона намешинам, писарам.
- Мо бегона не-ку? Панҷ сол дарс хонда, ду сол аспирантатон будам. Ҳоло корхонаи фурӯши пиво дорам. Хоҳед ин автомашинаро ба Шумо тақдим кунам…
- Не, ташаккур, ман ба 25 одат кардагӣ, - бо сардӣ гуфт Почоевич.
- 25 кадом маркаи мошин?
- Автобуси рақами 25, бародари азиз…
Дар хамгашти охирини кӯча марди миёнсоле аробаро базӯр кашола карда мерафт. Аробакаш муаллимро дида гуфт:
- Ҷаноби профессор, аҳволатон хуб аст?
- Чӣ, ту ҳам як замон аспиранти ман будӣ?
- Не, Почоевич, ман ҳоло ҳам дар факултаи шумо мудири кафедра ҳастам... (Н. Шоҳинбод. «Хар дар рег», 1993).
Устоди азизи мо Ҳабибуллоҳ Раҷабов низ мисли Почоевич дар ивази сарват, мансаб, касби омузгорӣ, илму ирфонро напартофта, аз хидмати ғаразноки ба ном шогирдон даст кашида буд. Солҳои навадуми замони даргириҳо ба Ҳабибуллоҳ Раҷабов, мутахассис ва донандаи 4 забони хориҷӣ, лоиҳаҳои тиҷоратӣ пешниҳод карда буданд. Дипломатҳо низ паси ҳам меомаданд. Аммо Ҳабибуллоҳ Раҷабов кафедраи филологияи Ҳинд, боргоҳи муқаддаси илм – Академияи миллии илмҳоро ба сарвату шуҳрат иваз накард. Имрӯз низ шогирдон тарбия карда, тамаддуну адабиёти ду кишвари тавонои сернуфузи дунёро муаррифӣ мекунад…
Дуюмин ва шояд садумин фазилату қиммати мардонагии Ҳабибуллоҳ Раҷабов дар ин дунёи пуртаззоду пурталотум тарбияту парвариш, таҳкими кӯчактарин сохтори ҷомеа - оила мебошад. Чанд сол қабл лоиҳаи “Энсиклопедияи оилаҳои эҷодкор”-ро таҳия намуда, ба он оилаҳо ё худ ҷуфти эҷодкор, мисли Озарахш, Фарзона, Зулфия, Абдуҷаббор, Адолат Мирзоева, Раҳматкарими Давлат, Ҳабибуллоҳ Раҷабов ва Вахобова Назираро шомил намудам. Ҳамсари Ҳабибуллоҳ Назирабону олими пуркор ва яке аз фаъолтарин олимони Институти омӯзиши масоили Аврупо ва Осиё мебошад. Фарзандони онҳо Эраҷ (1982), Искандар (1985), Наҷибуллоҳ (1987) соҳиби дипломҳои донишгоҳҳои маъруфи дунё буда, имруз ба ҳайси менеҷерҳои маъруф дар бахшҳои мухталифи иқтисод меҳнат мекунад. Асрори оилаи тифоқу воҳид ин пандномаи Рабиндранат Тагор аст: «Муҳаббате ҳаст, ки дар осмон озодона шино мекунад. Ин муҳаббат рӯҳро гарм мекунад. Ва муҳаббате ҳаст, ки дар корҳои ҳаррӯза пароканда мешавад. Ин муҳаббат оила аст».