МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

      Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 18 октябри  соли 2024  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Масъалаҳои  муҳимми феҳристнигории нусхаҳои хаттии ММХ назди Раёсати АМИТ ва ҳифзи мероси хаттӣ» (бахшида ба 80-солагии шодравон Сайиднуриддин Шаҳобиддинов) баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии феҳристнигории нусхаҳои хаттӣ ва тавсиф онҳо, ки дар ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд, мебошад.

Undefined

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, ба пешвози 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи 24.06.2024, соати 10:00, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.

Дар ҳамоиш узви Комиссияи оштии миллӣ, академик Кароматулло Олимов ва дигар кормандони соҳибтаҷрибаи Марказ суханронӣ менамоянд.

Иштироки ҳамаи кормандон, магистрону докторантони PhD ва унвонҷӯёни Маркази мероси хаттӣ ҳатмист!

 

Маъмурият,

21.06.2024.

 

 

Undefined

       Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо мақсади омода намудани муҳаққиқони ҷавони соҳибтаҷриба, ҳар моҳ семинарҳои илмӣ, назариявӣ ва методологиро дар мавзуъҳои гуногуни филологиву шарқшиносӣ, бо суханрониҳои олимони соҳибмактаб ва иштироку мунозираҳои олимони ҷавон, магистрантону докторантони PhD ва унвонҷӯёну кормандони Марказ баргузор менамояд.

         Бо ин мақсад ва иҷрои барномаи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони АМИТ, 12 апрели соли 2024 (ҷумъа), соати 10:00, Семинари илмӣ-назариявӣ, бахшида ба “Ҳафтаи илм” баргузор  мешавад.

Undefined

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо мақсади дастгириву тайёрнамоии кадрҳо силсилаи семинарҳои илмиву омӯзиширо барои муҳаққиқони ҷавон  ба роҳ мондааст.

Ҳамин тавр,  15 феврали соли 2024 (панҷшанбе), соати 10:00, Семинари илмӣ-методологӣ  дар мавзуи “Методи тадқиқи илмии адабиётшиносӣ” баргузор карда мешавад.

Гузоришдиҳанда - доктори илми филология, профессор О. Хоҷамуродов.

Иштироки магистрону докторантон ва  унвонҷӯёни ММХ ҳатмист!

 

 

 

Маъмурият,

Undefined

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ  таъсис дода шудааст.

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

      Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 3 ноябри  соли 2023  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Собиқаи ҷамъоварӣ ва масъалҳои нигаҳдории мероси хаттӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба 115 солагии бузургдошти академик Абдулғанӣ Мирзоев баргузор мегардад.

Undefined

Эълон!

    Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни 2 лоиҳаи аз ҷониби Юнеско дар доираи барномаҳои иштирок (Participation Programmes) барои давраи 2022-2023, тасдиқшударо ҷиҳати тендер (музояда) пешниҳод менамояд:

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

       Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи Қарори Раёсати АМИТ аз 27.03.2023, №69 рӯзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад.

    Ҳадаф аз баргузории Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ (973−1048) ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

Undefined
Undefined

library

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

 

  Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон,

    Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.

 

        Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Зайниддин ибни Ҷалолиддини Чодарбоф, ки бо тахаллуси Урфӣ машҳур аст, соли 1556 дар Шероз чашм ба дунё кушодааст. Шоир дар ҳамон зодгоҳаш таълиму тарбия гирифта, аз хурдӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Дар ин айём бозори шеъру шоирӣ ривоҷу равнақи зиёд дошт.

       Дар он замон Ҳинд сарзамини орзуву ормонҳо, ҷои ривоҷу равнақи шоирӣ, қадрдонӣ аз аҳли илму адаб маҳсуб мешуд. Бинобар ин, аҳли илму адаб ва дигар табақоти мардуми Эрону Мовароуннаҳру Хуросон рӯ ба он ҷо меоварданд, то як зиндагонии осудаҳолонаву оромона дошта бошанд, ҳунарашонро намоиш бидиҳанд ва қадрдонӣ биёбанд. Урфӣ, ки истеъдоди воло ва қобилияти ғайриодӣ дошт, рӯ ба ин диёр овард ва дар қатори шоирони маъруфи дарбори Акбар даромад. Хусусан, мавриди таваҷҷуҳи Файзӣ, Абулфатҳи Гелонӣ ва Хонихонон қарор гирифт. Ин гуна шароити гуворои эҷодӣ имкон дод, ки ӯ дар андак муддат ному овоза барорад. Ба қавли Шиблии Нуъмонӣ, «дар асари рақобату ҳамчашмӣ бо шоирони бузург, мисли Назирии Нишопурӣ, Шикебии Исфаҳонӣ, Анисӣ, Зуҳурӣ, ки дар дастгоҳи Хонихонон буданд, каломи Урфӣ рӯзона тараққӣ мекардааст ва ҳатто дар тақаррубу манзалат ҳам сафи руқабову ҳарифҳои худро шикофта, ҷилавтар рафт, то ҳадде ки дар борёбиҳо ва дарки ҳузур рӯйи сунану тариқаи ом, кӯрнишу одоб ба ҷо намеовард ва дигар ҳар ҷову ба ҳар наҳве ки мехост, менишаст».

      Урфӣ ҳамагӣ 36 сол умр мебинад, ба қавли Волаи Доғистонӣ, «ҳосидон ӯро заҳр доданд». Осори Урфии Шерозӣ аз қасида, ғазал, рубоӣ ва қитъа иборат мебошад. Бадбахтона, девони аввали ӯ, ки аз шаш ҳазор шеър иборат будааст, гум мешавад.

        Ӯ пеш аз марг девонашро, ки рӯнавис карда буд, ба китобхонаи Хонихонон равон мекунад. Хонихонон Сироҷро муваззаф менамояд, ки девонро мураттаб созад. Ӯ дар давоми як сол ин корро ба анҷом мерасонад ва соҳиби туҳфаҳои фаровон мегардад.

       Урфӣ шоири инсондӯст буда, дар ин мавзуъ ашъори зиёд сурудааст. Шоир мисли ниёконаш оламро на ба зӯри шамшеру хунрезӣ, балки бо меҳрубонию илму фарҳангу тамаддуни волои хеш тасхир кардааст:

 

Захмҳо бардоштему фатҳҳо кардем, лек

Ҳаргиз аз хуни касе рангин нашуд майдони мо.

 

      Бояд гуфт, ки мавзуи дӯстии халқҳо ва миллатҳо, ҳамзистии динҳо, хусусан дӯстии мусулмонону ҳиндуҳо, аз мавзуъҳои калидӣ дар осори Урфӣ маҳсуб мешавад. Қасидае нест, ғазале нест, рубоие нест, қитъае нест, ки дар он Урфӣ ин мавзуъро дар миён нагузошта бошад. Ин масъала дар давраҳои гузашта ва имрӯз барои халқҳои Ҳиндустон яке аз масъалаҳои рӯзмарра ҳисоб меёбад. Урфии Шерозӣ мегӯяд:

 

Баски дар комам асар кардааст завқи иттифоқ,

Боварам н-ояд, ки зоҳид бо бараҳман душман аст.

 

Дӯстӣ бо душманам не баҳри меҳрангезиест,

Дӯстиро дӯст дорам в-арна «душман душман аст».

 

      Урфӣ яке аз тарафдорон ва тарғибгарони ғояи «Сулҳи кул» аст, ки дар замони Акбар дар Ҳинд роҳандозӣ шуд, самараи нек ба бор овард, то ҷое пеши роҳи ҷангу хунрезиҳоро гирифт ва ҳамкорию дӯстию ваҳдати мусулмонону ҳиндуҳоро муддате дар ин сарзамин таъмин намуд. Танҳо дар замони Аврангзеб, ки шоҳе мутаассиб буд, ин шеваи зиндагӣ, ин амал, ин амри хайр, ин таълимоти инсондӯстонаву пешқадамона вайрон гардид, рӯ ба таназзул ниҳод, боиси сар задани низоъҳо дар байни мусулмонону ҳиндуҳо гардид ва оқибатуламр бо ғалабаи англисҳо ба анҷом расид. Ба ҳар ҳол, ашъори Урфӣ дар ин мавзуъ, чи дар замони худ ва чи имрӯз муҳим мебошанд. Чунончи, ин байт, ки дар забони хосу ом ҷорист ва ҳамагон онро аз ёд медонанд:

 

Чунон бо неку бад хӯ кун, ки баъди мурданат Урфӣ,

Мусулмонат ба Замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад.

 

      Урфӣ шоире ниҳоят ғаюру назарбаланд, фарде қонеъ буда, нисбат ба афсонаву хурофот назари интиқодӣ дошта, ба муфтхӯрӣ, судхӯрӣ нигоҳи нек надоштааст. Бинобар ин, ӯ онҳоеро, ки муфту ройгон, бидуни меҳнат мехоҳанд неъмат ба даст оранд, накӯҳиш менамояд...

       Урфӣ, ки иродаи қавӣ, виқори волои инсонӣ дорад, аз ин шод аст, ки гунҷишки дар дом афтодаро озод кардааст. Дигар, ӯ ба ҳадде аз ҳиммати баланди инсонӣ бархӯрдор аст, ки агар симурғ ҳам ба домаш меомад, онро ҳам озод мекард:

 

Кушоям дом бар гунҷишку шодам ёди он ҳиммат,

Ки гар симурғ меомад ба дом, озод мекардам.

 

        Бояд гуфт, ки шоир ҳамвора аз таассуби мусулмонон ҷигархун буд, зеро эшон аз лиҳози ахлоқӣ наметавонистанд дуруст рафтор кунанд. Бинобар ин, ба қавли ӯ, агар як мусулмон афзалияти худро аз назари ахлоқӣ нисбат ба як кофир нишон надиҳад, мусулмониаш маъние надорад. Аммо ӯ баръакси ин ҳолатро мушоҳида менамояд. Бинобар ин, мегӯяд:

 

Рафтам ба бут шикастану ҳангоми бозгашт,

Бо барҳаман гузоштам аз шарм дини хеш.

 

        Урфӣ дар замоне мезист, ки макру фиреб, ҳилаву тазвир ҷомеаро фаро гирифта буд ва имкони эътимод ба касе дар миён набуд. Ҳатто арбоби савмаа ё ибодатгоҳ низ найранг мекарданд. Бинобар ин, ба қавли ӯ дигар ба аҳли буткада низ бовар кардан имконнопазир буд:

 

Аз сидқи аҳли буткада ҳам эътимод рафт,

Азбаски аҳли савмаа тазвир мекунанд.

 

        Ниҳоят, адиби мушоҳидакор дар байни зоҳиду браҳман тафовуте намебинад, зеро ҳар ду як корро анҷом медиҳанд, аммо ба қавли ӯ, бо ин тафовут, ки якеро бут дар сар аст, дигареро дар остин:

 

Кофиртар аст зоҳид аз барҳаман, валекин

Ӯро бут аст дар сар, дар остин надорад.

 

         Урфӣ дар майдони ифшогарӣ то ҷое пеш меравад, ки куфру динро фитнагар мебинад, зеро онҳо ба башарият бадӣ меомӯзанд, дар замини зиндагӣ тухми низоъ мекоранд ва ташкили ҷангу хунрезӣ мекунанд. Бинобар ин, бояд ҳар дуро ба боди фаромӯшӣ супурд:

 

Куфру динро бибар аз ёд, ки ин фитнагарон

Дар бадомӯзии мо маслиҳатандеши ҳаманд.

 

         Урфӣ завқу ирфонро танҳо хос ва маҳдуд ба ислому куфр намедонад. Вай барои исботи ин қазия аз тамсил истифода мекунад ва парвонаву чароғро мисол меорад, зеро парвона дар байни чароғи ҳараму дайр тафовутро намебинад. Хулосаи шоир ин аст, ки ошиқ ҳам аз ислом зарар мебинад ва ҳам аз куфр, чун аҳли он як корро анҷом медиҳанд:

  Ошиқ ҳам аз ислом хароб аст, ҳам аз куфр,

  Парвона чароғи ҳараму дайр надонад.

 

          Урфӣ мисли дигар адибони замони худ (замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд) аз рақобату ҷангу ҷидолҳои динию мазҳабию қавмии ин сарзамин, аз ҳилаву найранг, фитнаву зулми ҳокимону руҳониёни мутаассиб, ки муҷиби нооромӣ дар саросари кишвар гардида буданд, ба сутуҳ меомад ва ҳамвора дар осораш изҳори ташвишу нигаронӣ менамуд. Аз ин рӯ, ба ҳаракат ва ҷунбишҳои мардумӣ, ки барои инкишофи озодфикрӣ мувофиқат мекарданд, як навъ ҳамовозӣ менамуд, зеро онҳо бо барномаи худ ба муқобили зулму бедодгарии ҷамъияти феодалӣ бархоста, дӯстию баробарию адолату инсофро талабгор мешуданд. Урфӣ, ки тарафдори барқарор кардани адолат дар ҷомеа буд, ба он ҳаракатҳо назари хайрхоҳона дошт. Хусусан, ба ислоҳоти Акбар таваҷҷуҳ зоҳир мекард ва ӯро дар осораш тарғиб менамуд:

Гарми зиёрати ҳарам гашта зи бехудӣ, вале

Ё санам, аст бар забон, Урфии бутпарастро.

***

Якранг шаву каъба даровар ба ҳаримат,

Ҳоҷат ба раҳи дуру дароз омаданат нест.

 

        Танқиди зоҳидон дар осори Урфӣ зиёд ба чашм мерасад. Ӯ ин мавзуъро чун дигар мавзуъҳо зираконаву риндона матраҳ месозад. Тавре ки дар ин рубоӣ мебинем, вай аз зоҳиди зишт алам мекунад, зеро монеи рафтани ӯ ба ҳарам мешавад:

 

Роҳам надиҳад сӯи ҳарам зоҳиди зишт,

Ронад зи куништ роҳиби нексиришт.

Гар лаззати хориям бидонанд, аз рашк

Ҳам он кашадам ба каъба, ҳам ин ба куништ.

 

        Вақте ки мо шеъри Урфиро мехонем, аз зулму ситами ҳокимон, ҳилаву найранги арбоби дину давлат, фақеҳон, шайху зоҳиду суфӣ огоҳ мешавем ва мебинем, ки шоир ҳамчун шахси масъул ба тасвири воқеияти замони хеш мепардозад, зеро вай наметавонад ин ҳамаро нодида бигирад, хомӯшӣ ихтиёр намояд. Бинобар ин, ӯ бо теғи тези забону баёнаш ба эшон ҳамла менамояд, сирру асрор, ҳилаву найранг, низоандозиву риёкории онҳоро фош мекунад ва бо қоидаву расму русуми сиёсиву иҷтимоиву диниву маслакии замонаш ба набард бармехезад. Ӯ дар ин росто бо оҳанги риндонаву озодандешона аз якрангии худ ба аҳли каъбаву куништ ба хонандагон хабар медиҳад, то аҳли адён даст аз фитнаҳои диниву мазҳабӣ кӯтоҳ намоянд ва дар муқобили ҳам қарор нагиранд, балки ба ҳам якрангу ҳамдостону ҳамдил шаванд, то аз шодиву нишоти умр бархурдор гарданд:

 

Урфӣ, ману дил на хуб донему на зишт,

Ҳам ходими каъбаему ҳам пири куништ.

Ҳамдӯши мусибатему ҳамзоди нишот,

Ҳамхобаи дӯзахему ҳамшаҳри биҳишт.

 

         Мусаллам аст, ки таассуб дар ҷомеаи башарӣ ҳамеша монеи пешравӣ, тараққиёт, оромишу осоиш аст. Дар ин росто зарари таассуби диниву мазҳабӣ хатарнок, зиёновартар аз соири таассубҳо аст, зеро мутаассибони диниву мазҳабиро мутақоид кардан, огоҳ сохтан аз рафтори нохубашон, иштибоҳашонро фаҳмондан, баҳс кардан корест сахт мушкил. Агарчи ҳазорон сол аст, ки аҳли хираду дониш бо эшон таассубашонро мефаҳмонанд, аз гумроҳ шуданашон сухан дар миён меоранд, аммо то ҳол онҳо феълу хӯи худро дигар накарда ва намекунанд, ислоҳ намешаванд. Ба ин маънӣ Урфӣ мегӯяд:

 

Урфӣ, чӣ хурӯше, ки фалон гумраҳ шуд,

Мулзам кунамаш, ки боядаш огаҳ шуд.

Чун мову ту бисёр таассубкешон,

Мулзам нашуданду гуфтугӯ кӯтаҳ шуд.

       Шикоятҳои Урфӣ аз аҳли дин аксар вақтҳо ҳамроҳ бо шикоят аз замон аст:

 

Ноқуси муҳаббат ба даранг овардам,

Хуш мазҳабу миллате ба чанг овардам,

Бо ин ҳама гумроҳ чӣ созам, чӣ кунам?

Ҳафтоду ду фирқаро ба танг овардам.

 

         Мутолиаи осори шоир нишон медиҳад, ки ӯ умре бо зарқу риё, ки ҷомеаи инсониро заҳролуд кардааст, мубориза мебарад. Хусусан, бо фиребу найранги аҳли дин сари созиш надошта, аз намозу тоати риёӣ гурезон буда ва ба он нафрат доштааст:

 

Ҳангоми намозам, ки ба зарқ аст алам,

Ҷамъе бадар омаданд аз дайри санам.

Рӯ тофтам аз Каъба, ки аз тоати ман,

Ногоҳ равад ба бод номуси ҳарам.

 

       Бисёре аз рубоиҳои шоир оҳангу руҳи озоди хайёмона доранд ва ӯ, бидуни шак, аз рубоиҳои Хайём таъсирпазир будааст, аммо шеваю тарзи баёнашон нав ва ҳиндиёна мебошад, на ироқигуна, ки Хайём намояндаи он аст. Ҳамин як рубоӣ ҳам метавонад далели қотеъ бошад:

 

Хокам ба даҳон, чанд парешонгӯӣ?

Рӯям беоб, то ба кай берӯӣ?

Кофир гаштем, ай тангисломон,

Таънам мазанед бо ҳама бадхӯӣ.

 

        Азбаски Урфӣ дар замони бархурдҳои мазҳабӣ зиндагӣ кардааст, аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин мавзуъҳои осори шоир интиқоду тамасхури руҳониён, зоҳидон, мазҳабгароён, хурофотпарастон ва бархе аз аҳкоми шариату намояндагони он маҳсуб мешавад. Дар ин замина, вай дар таълимоти дин ва рафтори намояндагони он зиддият ва ноҳамгуниро мушоҳида менамояд, ки аз дидгоҳи ақл, мантиқ ва воқеият қобили қабул нестанд. Урфӣ ҳамчун шоир ва мутафаккири озодандеш аз қайду банди ҳама гуна мазҳабу хурофот озод аст.

       Ӯ ин мақсаду мароми худро бо розу рамз, тавассути ташбеҳу истиора, кинояву маҷоз бо роҳи қиёсу далеловарӣ ва истифодаи вожагону истилоҳоти хос, мисли куништ, санам, санамхона, бараҳман, дайр, калисо, бутхона, суманот, тасбеҳ, озар, ки корбурди онҳо дар дини ислом ҷоиз нест, баён медорад.

 

Дар дайру каъба соил, бо куфру дин муомил,

Бо нӯшу неш якдил, ин аст мазҳаби ишқ.

 

       Хулоса, Урфӣ, ки дар авҷи кашмакашиҳои динӣ, муборизаҳои мазҳабӣ, сиёсӣ, рақобатҳои қавмию қабилавӣ зиндагию эҷод кардааст, ҳамчун шоири бузургу воқеъбин ва озодандеш бо қалами буррои худ бар зидди ҷаҳолат, нодонӣ баромада, ба ифшои аъмоли ношоиста ва манфии намояндагони иртиҷоии ҷомеа далеронаву ҷасурона мепардозад ва аз адлу адолату донишу хираду инсоф, ҳамдиливу ваҳдату ҳамзистӣ сухан мегӯяд ва одамонро ба ҳамдилию ҳаммашрабӣ фаро мехонад. Намунаҳое, ки мо дар боло овардем, имрӯз низ барои башар хидмат мекунанд ва дар замони ноороми мо, ки бо баҳонаҳои мухталиф, бавижа динию мазҳабӣ, мардумон ба ҷони ҳам меафтанд, барои мубориза бар зидди ифротгароён маводи судманд медиҳанд.

 

Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.

 

Мазҳабу дини ҷаҳон шуд сабаби ғорату қатл,

Некбахтам, ки аз ин фитна раҳоӣ дорам.

Уламо қофиларони раҳи мазҳаб шудаанд,

Ман аз ин тоифаи сифла ҷудоӣ дорам.

 

         Абдураҳмони Мушфиқӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти нимаи дуюми асри XVI тоҷик буда, дар таърихи адабиёти мавқеи намоёнро ишғол кардааст.

     Абдураҳмони Мушфиқӣ тақрибан соли 1525 дар Бухоро таваллуд шуда, соли 1588 аз ҷаҳон чашм пӯшидааст.

       Гузаштагони шоир аз Марв будаанд. Ӯ пас аз вафоти падару модар ятим монда, дарбадар мешавад. Мушфиқӣ дастёри як хонаводаи косиб шуда, бо кумаки онҳо таҳсили ибтидоӣ ва мадрасаро фаро мегирад. Шуҳрати донишу маърифати ӯ дар байни мардум овоза мегардад. Ӯ пас аз хатми мадраса ба пешаи дигаре даст назад ва ба шеъру шоирӣ пардохт. Эътиқоди шоир ба ин пеша аз гуфтаи худи ӯ возеҳ мегардад:

 

Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад

Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.

 

         Мушфиқӣ дар Бухоро то солҳои 1561–1562 зиндагӣ намуда, аз сабаби тангии рӯзгор дар миёнаи соли 1564-65 ба Самарқанд рафта, вазифаи китобдории Султон Саидро иҷро мекард. Ба ҳокими Самарқанд якчанд қасида навишта бошад ҳам, рӯзгори шоир дар Самарқанд низ хуб намегузарад.

          Замони зиндагии Мушфиқӣ давраи номусоидии Осиёи Миёна буд. Зеро баъд аз марги Муҳаммад Шайбонӣ соли 1510 задухӯрдҳои байни сулолаҳои ҳоким авҷ гирифта, ба парокандагии мамлакат оварда расонд.

           Пас аз тасарруфи Самарқанд аз тарафи Убайдуллохон зиндагӣ барои шоир боз бадтар мешавад. Мушфиқӣ мисли дигар шоирон азми сафари Ҳиндустон мекунад. Пеш аз сафар ба номи подшоҳи Ҳиндустон Акбар якчанд қасида навишта мефиристад. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, дар нимаи аввали соли 1578 дар Пок-Пакн ном мавзеи Ҳинд бо Акбар вохӯрдааст.

         Мушфиқӣ баъд аз як соли мусофират, соли 1578-79 ба Бухоро баргашта, сафари Ҳинд изҳори надомат намудааст:

  

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,

Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехӯрад ин ҳинди ҷигархор.

 

      Абдураҳмон Мушфиқӣ мисраъҳои зеринро дар авҷи ихтилофи ҳукуматҳои мутаассиби Сафавӣ ва Шайбонӣ гуфтааст, ки ҳарду сулолаи ҳоким дар Осиёи Миёна ва Эрон ба номи дину мазҳаб саргарми куштори мардум буданд:

 

Мазҳабу дини ҷаҳон шуд сабаби ғорату қатл,

Некбахтам, ки аз ин фитна раҳоӣ дорам.

Уламо қофиларони раҳи мазҳаб шудаанд,

Ман аз ин тоифаи сифла ҷудоӣ дорам.

 

 

         Бидуни шак, ин мисраъҳо ба рӯзгори мо ҳам сидқ мекунанд. Шоир азобу азияти оммаи мардум, оворагӣ ва бехонумонии онҳоро дар пайи низоъҳои мазҳабии замони худ дар ашъораш гоҳо ҷиддӣ ва гоҳо бо танзу киноя, аммо ба таври равшан тасвир намудааст:

      

        Аз баҳри дин зи хона биронданд мар маро,

        То бо расули ҳақ ба ҳиҷрат саво шавам.

                              

          Дар замони Мушфиқӣ ҳукми шариат ҷорӣ буд ва ҳокимони сиёсӣ дар идораи мулк бо муллоҳо ҳамкору ҳамдаст буданд. Бинобар ин, дар афкори ҷомеаи он замон мулло дар ҳамаи бадбахтӣ ва мушкилоте, ки ба сари мардум меомад, саҳм дошт.

            Мушфиқӣ дар як манзумааш дар бораи шоир Маҳмуд, ки бо номи Мулло Гелонӣ низ зикр мешуд ва аз Гелон ба Самарқанд омада, сукунати доимиро дар он ҷо ихтиёр кардааст, чунин мегӯяд:

 

 Зи Гелон омадӣ Маҳмуд берун,

 Кулоҳ аз Хусрави Дайлам гирифтӣ.

 Задӣ саркалла бар Заҳҳоки морон,

 Ту ҳам мағз аз сари одам гирифтӣ.

                       ***

 Калтатояк, харак, бадфеълак,

 Кайдияк, кулияк, қурушмолак.

 Гирду ғундак, аҷубакак, макалак,

 Ғундарӯяк, гавазнакак, ҷудак.

 Сусморак, шағолдандонак,

 Рӯбаҳак, ниммурда юрмонак.

 

         Дар идома шоир ҷасурона саллаи печ дар печи муллоро ба саргини гов нисбат дода, худашро ба кирми даруни пилла монанд мекунад. Аммо боз ба кирми пилла монанд кардани муллоро дуруст намешуморад, чунки он газанда нест, мулло бошад газандаву зараровар аст:

 

Уқди дастори мавлавиро бин,

Ҳамчу саргини гов чин дар чин.

Зери дастори худ зи халқи ҷаҳон,

Ҳамчу кирми даруни пилла ниҳон.

Нагазад кирми пилла, ӯ бигазад,

Номи ӯ кирми пилла ҳам насазад.

Рафта доманкашон ба ҳангома,

Чоряк қадду ним газ ҷома.

 

      Шоир муллоро боз сахттар ҳаҷв карда, баъзе хислатҳои дигарашро низ равшан мекунад:

 

 Харсари говгӯши ноҳамвор,

       Монда аз ҷаҳл шох бар девор.

       Буққаи думи худ аламкарда,

                   Аз дари говхона рамкарда.

 

       Рафтору кирдори разилонаи ин мулло боиси озору ноосудагии мардум гардида буд. Мушфиқӣ бо ғазаби зиёд муллоро «саги чорчашма» меномад:

 

Мардуми шаҳру кӯчаву бозор,

              З-ин саги чорчашма дар озор.

 

         Мавзуи тамасхури зоҳид, муҳтасиб ва шайхи риёкор ва баъзе одатҳои норавои динӣ дар ғазалиёти Мушфиқӣ равшан ба назар мерасад. Ҳарчанд ин мавзуъ дар ғазалиёти ӯ нав набуд ва аз ӯ пеш мутафаккирони номӣ мисли Хайём, Ҳофиз ва Убайди Зоконӣ дар мероси адабии худ ба таври васеъ таваққуф кардаанд, вале аз нав ба ин мавзуъ баргаштан ва ба ин восита зери танқид ва тамасхур гузоштани зоҳидони хушк, шайхони риёкору мутаассибу дурӯя ва дар шахси онҳо фош намудани симои мардумфиребонаи ҳомиёни дин, албатта, аз аҳамият дур набуд.

        Мушфиқӣ дар байту порчаҳои ҷудогонаи ашъори худ аз баҳсу мунозираҳои давр, ки сарчашмаи зуҳури баъзе таблиғотгарони маккори дин буданд, хабар дода, нуқтаи назари худро низ иброз мекунад. Ӯ дар пораи шеъре, ки дар поён оварда мешавад, ба он далолат мекунад, ки дар баҳсу мунозираҳои мадорис ва кашмакашҳои тулонӣ иштирок кардан намехост ва аз ин амал дурӣ ҷустанро ба хотири талаф нашудани вақташ афзалтар мешуморид:

 

  Бо ман фақеҳи мадраса мебурд номи баҳс,

 Аз баҳри дафъи ӯ нашудам бар мақоми баҳс.

 Аз қилу қоли ҷузъиву куллӣ дилам гирифт,

 Соқӣ, биё, ки дарди сар аст илтизоми баҳс...

 

       Мушфиқӣ майро оташ ва зуҳду тақворо хасу хошок шуморида, ба соқӣ муроҷиаткунон мегӯяд, ки зуҳду тавбаи вай аз бовар берун аст:

 

 Соқӣ, ба зуҳду тавбаи ман эътимод нест,

 Май оташ аст, ин ҳама хошоку хас бувад.

 

         Ӯ зуҳду каромотро як навъ лофу газоф дониста, дар ин роҳ талафи умрро беҳуда ва таъсири кайфияти майи лаъли ёрро аз зуҳду тавба боло медонад:

 

Майхора шуд зи соқии лаъли ту Мушфиқӣ,

Аз зуҳд даст шуставу аз тавба ғоиб аст.

 

      Ин байт аз он ҷиҳат ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар он, чи навъе дида мешавад, шоир лаззати ҳаёти моддӣ, нишот ва кайфияти зиндагии воқеиро аз ҳар гуна зуҳду тавба ва муқаддасоти динии дур аз ҳаёт болотар шуморидааст.

        Мушфиқӣ ҳамчунон дар байти дигар ба «малак» хитоб намуда, бо як тарзи бебокона мегӯяд:

 

       Гар нанависӣ, эй малак, баҳри бутон намози ман,

       Бар ту биҳил намекунам ҳаққи саломи хешро.

 

        Мушфиқӣ дар шеъри дигараш, ки суфиро мавриди ҳаҷву масхара қарор додааст, бо як тамасхури тунду тез, як қатор хусусиятҳои бади ӯро мавриди ҳаҷв қарор додааст. Шоир ноҳаққӣ, ҳилагарӣ, назарфиребӣ ва ҷаҳлу нодонии шайхро тасвир карда, ӯро резахӯри хони разолат, саги каҳдон, гӯрхар, зоғи кӯри дар чоҳи фалахмонмонда меномад. Илова бар ин, чашми онро ба суми асп, мижгонашро ба парраи чархи пиразол, чирку ифлосиҳои ба мижгони вай часпидаро, ки нишони бетамизии суфӣ будааст, ба дӯлона, абрӯяшро ба думи хар, ришу манаҳашро ба сангу фалохун нисбат медиҳад.

        Шоир эҳтиёҷоти калони моддӣ дошт, вале пойбанди симу зар ҳаргиз набуд. Ӯ қадру қимати инсонии худро дар роҳи тамаъ нагузошт ва бар хилофи тариқаи як қисм шоирони маддоҳи дарборӣ побанди тамаллуқ нагардидааст.

       Дар ғазалиёти Мушфиқӣ мавзуи зиндадилӣ, ҳаётдӯстӣ, ғаниматшумории лаҳзаҳои пурқимати ҳаёт ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ӯ ҳамчун марди зиндадилу ҳаётдӯст лаззатҳои ҳаёти моддиро дӯст медорад. Зиндадил будан ва аз ногувориҳои гузаштаву оянда ёд наоварда, дилтанг нашуда, хушу хурсандона зистанро ташвиқ мекунад:

 

   Май нӯш, аз гузаштаву оянда дам мазан,

  Охир чӣ мешавему дар аввал чӣ будаем.

 

         Вай дар қитъаи зерин қайд мекунад, ки агар нишоти умр хушиву хурсандии ҳаёт хоҳӣ, бе май ва хушдилӣ мабош, айёми зиндагиро ғанимат шумор:

 

Эй шайх,ба майхонаи тарсо нарасидӣ,

Фаҳми ту куҷо шуд, ки ба ин ҷо нарасидӣ?

Як шаб ба муроди дили мо рӯз накарда,

Як рӯз ба фарёди дили мо нарасидӣ.

 

     Дар девони Мушфиқӣ ягона қасидае, ки аз лиҳози инъикоси масоили иҷтимоии он замон қобили диққат мебошад, қасидаи «Шикоят аз аҳли замон ба шоҳи ҷаҳон» аст.

      

То кай нидои ҳодиса даври замон диҳад?

       Кас нест дар ҷаҳон, ки қарори ҷаҳон диҳад!

       Доси уфуқ ба дасти аҷал дода рӯзгор,

       Хоҳад, ки қатъи мазраи охирзамон диҳад.

 

      Чи тавре ки аз ин байтҳо маълум мегардад, шоир аз ибтидои қасида оид ба масъалаи пай дар пай рух додани ҳодисаҳои мудҳиш, нооромии ҷаҳон, афзудани зулму ситами ҳалокатовар таваққуф намуда, қаҳтӣ, гуруснагӣ ва азобу машаққатҳои тоқатфарсои замонаи хешро ба тасвир кашидааст:

      

Тарсам китоби найири бедод бар замин,

Пажмурдагӣ ба нилуфари осмон диҳад.

Мушкил, ки нӯки новаки ахтаршикофи зулм,

Бар зурваи сипеҳр Суҳоро амон диҳад...

Сар то ба пой донаи ашк аст хӯшавор,

Дар гӯшае, ки оҷизи бечора ҷон диҳад.

 

        Дар шеъри тақсимоти мерос ноадолатиҳои замони худро мавриди тамасхур қарор дода, ба тариқи ҳаҷв мавриди истеҳзо қарор медиҳад:

 

Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман.

Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Аз рӯйи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

 

     Шоир дар идома муридони содалавҳу нодонро, ки аз сари бехабарӣ барои пирону шайхҳои хеш мақоми қудсӣ қоил мешуданд ва аз ин тариқ барои худ мақоми иҷтимоӣ ба даст меоварданд, сахт накӯҳиш намудааст:

 

Аҷаб дорам, ки шайхонро муридон,

Зи ҳадди васфи инсон бигзаронанд.

Чунин гӯянд, к-ин мурғони қудсӣ,

Напиндорӣ зи ҷинси дигаронанд.

Ба вақти ваҷд ҳай-ҳай метавон гуфт,

Ки шайхонро муридон мепаронанд.

 

        Мушфиқӣ хоҷагони тамаъкори даври хешро, ки дар замони қаҳтсолӣ ҳам ба мардум раҳм накарда, бо фиребу найранг нони даҳони онҳоро медуздиданд, танқиду мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки ин тоифа аз доираи инсонӣ берун афтодаанд:

 

Хоҷа дорад хонае бар рӯйи об,

Дар гилу обаш ҳавоси каждумӣ.

Менамояд гоҳ девораш зи дур,

Ошно дар рӯйи нони гандумӣ.

Ҳамчу чашми авҳалу дасти бахил,

Не дар ӯ мардум бувад, не мардумӣ.

 

      Шоир беҳаёӣ ва калоннафсии «насиҳатгарон»-ро, ки мардумро ба қаноату парҳезгорӣ даъват намуда, худ охирин донаи сурфаи онҳоро ба ғорат мебаранд, маҳкум намудааст. Ба гуфтаи шоир ин тоифаи бекора маоши худро аз хони ба заҳмат ҳосилгаштаи мардуми бечора таъмин менамоянд:

 

Эй хоҷа, ҳама сурфа талоши ту шавад,

Гар ин накунӣ, куҷо маоши ту шавад?

Аз пухтагии худ нахӯд хом хӯрӣ,

То рӯзи дигар ҳавиҷ оши ту шавад.

 

       Ин тоифа, ки худро дар назди мардуми содаву авом муқаддасмаоб ҷилва дода, аз оқибати кор тарсонида, онҳоро барои додани оши худоӣ, назру нузурот ва хайру садақа ба нафъи худ ташвиқ мекарданд, дар ашъори шоир танқиду мазаммат шуда, аъмоли дурӯғини онҳо фош мешавад:

 

Гар биҳиштист мавлавӣ Сидқӣ,

Ваъдаҳо чист? Кизбу афсона.

Қадри ангури тоифӣ ба ӯ,

Ҳаст миқдори лаъли як дона.

 

        Ба ҳамин тартиб, Абдураҳмони Мушфиқӣ аз озодандешону равшанфикрони даврони худ аст, ки дар осораш камбудию нуқсон, хурофоту таассуб, худхоҳию бахилӣ ва зулму ситами табақаи ҳукмрони ҷомеаро ошкор ва маҳкум намудааст. Ӯ як шоири дунёгаро ва зиндагидӯст буда, риёву нифоқ, фиребу найранг ва суистифодаҳои руҳониёни тамаъкор аз динро мавриди мазаммат қарор дода, мардумро ба озодагию созандагӣ даъват намудааст.

 

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Куфркеше, к-ӯ ба адл омад фареҳ,

Мулкро аз золими диндор беҳ.

 

        Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1414 дар Харҷурд ном мавзеи шаҳри Ҷом таваллуд шудааст. Ҷомӣ таҳсили ибтидоиро дар Ҷом гирифта, баъдан барои такмили дониши худ ба Ҳирот меравад. Ӯ 9 сентябри соли 1492 дар шаҳри Ҳирот аз олам даргузаштааст. Мазори Ҷомӣ дар шаҳри Ҳирот воқеъ аст.

     Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи афкори ҷамъиятиву фалсафӣ ва ахлоқии мардуми тоҷик яке аз мутафаккирони пешқадам шинохта шуда, андешаҳои ҳакимонаи ӯ дар тули асрҳои зиёд дар ташаккули тафаккур ва ахлоқи мардуми тоҷик ва дигар мардумони Шарқ низ таъсири зиёд расонидааст.

       Ӯ дар Ҳирот аз устодони замони худ Хоҷа Алии Самарқандӣ, Мавлоно Шаҳобиддин, Муҳаммад Ҷоҷармӣ[] илмҳои маонӣ ва баён, мантиқу ҳикматро меомӯзад. Сипас, ба шаҳри Самарқанд рафта, дар ҳузури Мавлоно Фатҳуллоҳи Табрезӣ ва Қозизодаи Румӣ илмҳои риёзӣ ва ҳайатро меомӯзад. Ҷомӣ илмҳои замони худ – сарф, наҳв, маонӣ, мантиқ, ҳикмати машшоӣ, ҳикмати табиӣ, ҳикмати риёзӣ ва илми каломро аз худ менамояд.

        Абдураҳмони Ҷомӣ афкори пешқадами худро дар руҳияи инсонпарварӣ, хираду инсоф ба қалам дода, ёдгории пурмуҳтавову гаронбаҳое боқӣ гузоштааст.

          Назар ба манбаъҳои таърихӣ дар замони ҳукмронии Абусаид[] (1457-1469) таассуби динӣ ва авомфиребии шайхону пешвоёни дин хеле авҷ мегирад. Чунин аҳволро Ҷомӣ барин марди равшанбин бетарафона мушоҳида карда наметавонист. Ӯ бо роҳҳои гуногун ба муқобили ин аъмол мубориза мебурд.

        Мирзо Турсунзода дар бораи афкори баланди Ҷомӣ, ки дар либоси назми пок ва самимӣ ороста шудааст, таъкид менамояд, ки «Шоири бузург агарчанде пири нақшбандия буд, шайхони ҷоҳилро, ки мардуми авомро фиреб дода, ба гумроҳӣ меандохтанд ва аз дину шариат доми ҳилаву тазвир месохтанд, сахт ба зери танқид мегирифт».

        «Бесабаб нест, ки – менависад академик Муҳаммад Осимӣ, – Ҷомӣ бо шайхону зоҳидоне, ки қаламрави давлати Темуриёнро мисли занбӯрхона пур карда буданд, мубориза мебурд. Дунёпарастӣ ва ҷоҳталабии онҳоро фош ва ба овози баланд ба ҳама эълон мекард»:

 

Ҳазар аз суфиёни шаҳру диёр,

Ҳама номардуманду мардумхор.

Корашон ғайри хобу хӯрдан не,

Ҳеҷашон фикри рӯзи мурдан не.

 

      Бисёр шеърҳои зиддисуфиёнаи Ҷомӣ маҳз дар ҳамин замон навишта шуда, ҳадафҳои муайяне доштанд ва ба муқобили шахсони воқеӣ нигаронда шуда буданд. Баъзе онҳо ба муқобили Сайид Нуриддини Муҳаммади Экӣ, Мулло Ҷалол, Садриддини Равосӣ ва амсоли инҳо, ки бо номи кашфу каромот бо ҳазор ҳилаву найранг шуури мардумро ботил гардонида, дороияшонро мегирифтанд, суруда шудаанд. Аз ин ашхос, хусусан Равосӣ, ки кибру ғурури зиёд дошт, бо худнамоиву маккорӣ доми тазвир гузошта, зудбоваронро доимо сайд мекардааст. Ӯ дар як баҳс бо Ҷомӣ мағлуб мешавад ва чилла нишаста, боз мардуми зиёдеро аз турку тоҷик дар атрофаш ҷамъ карда, мағлубияти худро аз Ҷомӣ чун амри тасодуф шарҳ медиҳад. Ҷомӣ пас аз огаҳӣ ёфтан аз воқеа ғазали зеринро менависад:

 

Зи шайхи чилланишин дур бошу чиллаи вай,

Ки ҳаст чиллаи вай сардтар зи чиллаи дай...

Маҷӯй ҳолати мастон зи бонги ҳай-ҳайи ӯ,

Ки мурғи унс ҳаво мекунад аз он ҳай-ҳай.

Зи худ накарда сафар як-ду гом, аммо ҳаст

Маорифаш яке аз Руму дигаре аз Рай.

Ба шайхи шаҳр надорад иродате Ҷомӣ,

Муриди ишваи соқист ӯву нашъаи май.

 

        Ҷомӣ ҳар замон мавқеи мусоиде ёфта, бар зидди ин гурӯҳи муфтхӯр хуруҷ мекунад, аз аблаҳии ин тоифаи шайхтарошу шайхфурӯш ба фиғон омада, пардаро аз рӯйи онҳо мебардорад. Онҳоро «аблаҳону харони бедуму гӯш», «тиҳӣ аз дину хирад, аз ақлу фаросат холӣ», «ҳазёнгӯй» гуфта, бо суханҳои намакинаш мавриди накӯҳиш қарор медиҳад ва аз шарри онҳо аз Худованд панаҳ металабад:

 

Фиғон зи аблаҳии ин харони бедуму гӯш,

Ки ҷумла шайхтарош омаданду шайхфурӯш.

Шаванд ҳар ду-се рӯзе муриди нодоне,

Тиҳӣ зи дину хирад, холӣ аз басирату ҳуш.

На бар буруни вай аз ламъаи ҳидоят нур,

На дар даруни вай аз шуълаи муҳаббат ҷӯш.

Гаҳе, ки дар сухан ояд, ҳавас кунад сомеъ,

Ки кош аз ин ҳазён зудтар шавад хомӯш.

 

В-агар хамӯш шавад, ҳосили муроқибааш

Зи бори сар набувад, ғайри дарди гардану дӯш.

Нигоҳ дор, Худоё, мудом Ҷомиро,

Зи шарри зарқи риёпешагони азрақпӯш.

Ба гӯши ҳуш расон аз ҳарими майкадааш,

Садои наъраи мастону бонги нӯшонӯш.

 

        Шоир худбинӣ ва риёкории шайхонро, ки дар либоси ислом авомфиребӣ мекунанд ва хешро воқифи тамоми асрор медонанд, аммо дар асл аз оғоз ва анҷоми кор бохабар нестанд, мазаммат кардааст. Ин тоифа динро доми тазвир карда, мудом нақшаи боз ҳам бештар гумроҳ кардани мардуми одиву ба дом афтодани онҳоро мекашанд:

 

Шайхи худбин, ки ба ислом баромад номаш,

Нест ҷуз зарқу риё қоидаи исломаш.

Хешро воқифи асрор шиносад, лекин

На зи оғоз вуқуф аст, на аз анҷомаш...

Доми тазвир ниҳодаст, Худоё, маписанд,

Ки фитад тоири фархундаи мо дар домаш.

 

       Ҷомӣ дар баробари суфиёну шайхон теғи қалами худро ба муқобили гурӯҳи шуҳратҷӯи васвасабози ҷоҳили зулмпеша, хусусан зоҳидони хушку норасида низ тез карда, чунин навиштааст:

 

 Баски зоҳид ба риё сабҳаи саддона шумурд,

 Дар ҳама шаҳр бад-ин шева шуд ангуштнамо.

***

 Зоҳиди шаҳри мо аҷаб мурғест,

 Дом карда зи донаи тасбеҳ.

 

      Ҷомӣ дар ин ғазалаш бо ифтихор эълон мекунад, ки шайху шайхзода ва муриди гӯлу сода нест, балки як ринди озода аст:

 

Шукри Худо, ки шайх наям, шайхзода ҳам

В-аз мункарони гӯлу муридони сода ҳам.

Мустағниям ба тарбияти пири майфурӯш,

З-ин муршидони раҳзани азраҳфитода ҳам...

Гаштам басе ба мадрасаҳо, кас наёфтам,

К-ӯ дарси ишқ ифода кунад, истифода ҳам.

 

        Абдулвосеи Низомӣ менависад, ки баъзе аз ситампешагони Ҳирот фатвои бо руҳониёни риёкор, худбин, ки ба рӯзгори Ҷомӣ кинадорӣ ва ошуфтакорӣ доштанд, фурсатро ғанимат ёфта, байти «Май хӯр...»-ро куфр шуморида, Ҷомиро кофир эълон мекунанд. Махсусан, Садриддини Равосӣ, Камолиддин Шайх ва Ҳусейн Нақавӣ барин фақеҳон дар ин боб хурдагирӣ намуданд. Дар ин замон Ҷомӣ дар Самарқанд, дар мулоқоти Хоҷа Аҳрори Валӣ буд ва аз ҷазову иғво эмин мемонад. Ӯ пас аз ин тавтеа дар мазаммати шайх ғазале менависад, ки бо мисраи «Зад шайхи шаҳр таъна бар асрори аҳли дил...» шуруъ шуда, чунин байтҳо дорад:

 

 Маҳзар ба хуни аҳли сафо мезанад рақам,

 Ин руқъа бар ҷаҳолати ӯ бас бувад сиҷил...

 Оини сидқу расми мурувват на кори ӯст,

 Аз табъи мунҳариф маталаб ҳукми муътадил.

 

      Дар ашъори Ҷомӣ мавзуи танқиди аҳли риё асосан омехта ба мавзуъҳои ишқ, риндӣ ва бодагусорӣ инъикос ёфтааст, ки қабл аз ӯ ин анъанаро Ҳофиз ва Камол роиҷ гардонида буданд:

 

Ман, ки хидмат кардаам риндони дурдошомро,

Кай шуморам пухта вазъи зоҳидони хомро?!

То шудам фориғ ба истиснои ишқ аз ҳар мурод,

Бар муроди хеш ёбам гардиши айёмро,

Ринду суфӣ, орифу омӣ махонандам, ки ман

Гум шудам дар шоҳиду май, барнатобам номро.

 

 

Шайхи шуҳратҷӯи раъноро тамошо кун, ки чун

Дар либоси хос зоҳир шуд фиреби омро.

Муҳтасиб дар маъни май аз ҳад таҷовуз мекунад,

Мебарад з-ин феъли мункар равнақи исломро.

Ҳар кас аз ақсоми фитрат қисмати худ ёфтанд,

Зуҳдварзон ҷомаи солусу Ҷомӣ ҷомро.

 

     Ҷомӣ дар маснавиҳои худ адолатпешагиро таблиғ намуда, ҳокимони золим ва қабоҳату разолати онҳоро накӯҳиш кардааст.

     Дар байни шоирони адабиёти классикӣ камтар касе пайдо мешавад, ки мисли Мавлоно Ҷомӣ бо чунин ҷасорату қатъият рӯирост ба муқобили суфиёни риёкор ва мутаассиб баромад карда бошад. Ин амри виҷдони ӯ буд, ки бо онҳо муборизаи беамон барад. Ба ақидаи Ҷомӣ онҳое, ки худро воизу суфӣ метарошанд, бӯйе аз ирфон надошта, фақат ба хотири маишату худнамоӣ ин тариқатро пеш мегирифтанд ва аз ин рӯ савлату шукӯҳи онҳо, аммомаву фаши онҳо, ҳатто тиловату вирдгӯӣ, зикру самоъ, намозу ниёз ва илму китобашон ҳама риё ва барои тазвири халқ буда, аксари онҳо ҷуз фикри шикампарастӣ ва кибру шаҳват кори дигаре надоранд:

 

Воиз хар асту анҷумани вазъ харгала,

Гар хар равад ба харгала, натвон зи хар гила.

Аз савт тифли хурд тавоҷуд кунад бале,

Роҳи самои хар бувад овози зангула.

Осудагӣ маҷӯй зи воиз, ки халқро,

Ҷуз дарди сар намедиҳад аз бонгу машғала.

Равшан нашуд зи партави гуфтори ӯ диле,

Кай кирми шабчароғ кунад кори машъала.

Шайхи хамидапушт, ки орад ба чилла рӯй,

Аз баҳри сайди ом камон мекунад чила.

 

      Абдураҳмони Ҷомӣ аз низоъҳое, ки дар замони зиндагии ӯ дар байни пайравони мазҳабҳои суннӣ ва шиа шиддат ёфта буд, сахт изҳори нафрат намуда, аз ҳар ду безорӣ меҷӯяд. Ин нафраташро шоир дар рубоии зер чунин иброз доштааст:

 

Эй муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям.

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?

Сад шукр, ки сагсуннию харшиа наям.

 

      Ҷомӣ дар амри идораи давлат ва ҷомеа адолатро аз ҳама чиз, ҳатто аз дин ҳам болотар медонад. Ҷомӣ ба эътиқоди худ ба дараҷае мустаҳкам аст, ки шоҳи ғайримусулмони одилро аз подшоҳи золими диндор беҳтар ва барои мамлакатдорӣ афзал мешуморад. Ба андешаи Ҷомӣ дар идораи давлат меъёр бояд адолат ва қонунмандӣ бошад, на диндорӣ.

 

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Куфркеше к-ӯ ба адл омад фареҳ,

Мулкро аз золими диндор беҳ.

 

       Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамин мавзуъро тақвият дода, бар зидди сиёсӣ кардани дин дар ҷомеа сухан мегӯяд. Аз абёти ӯ ба хубӣ маълум аст, ки дар ҳамон давраи асримиёнагӣ тарафдори низом ва ҷомеаи баробарҳуқуқ ва давлатест, ки дар он дин дар идораи давлатӣ мудохила надошта бошад. Вақте шоир «Адли бедин низоми оламро» мегӯяд, ин ҷо «низоми олам» гуфта, ӯ низоми идораи ҷомеа ва давлатро дар назар дорад ва таъкид мекунад, ки назар ба низоми золимонаи динӣ, низоми дунявии одилона беҳтар аст. Ба андешаи Ҷомӣ танҳо дар партави адолат, низоми дунявӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳуқуқи аҳли ҷомеа ҳифз мешавад:

 

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чи дар кори мулк дар кор аст.

Адли бедин низоми оламро,

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

 

Дар андешаи Ҷомӣ илму амал аз якдигар ҷудо нестанд. На илми беамал фоида дорад ва на амали беилм барои ҷомеа судманд аст. Илму амал дар якҷоягӣ сабаби равнақу тараққии ҷомеаи инсонӣ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, шоири озода аҳли ҷомеаро ба китобу китобхонӣ даъват кардааст. Бо гузашти ҳудуди 600 сол аз замони Ҷомӣ ҳанӯз ҳам андешаҳои ӯ пойбарҷо буда, моя ва ангезаи рушду тараққӣ барои наслҳои кунунӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақи илму адабиёт, густариши фарҳанги китобхонӣ ва кашфи истеъдодҳои нав озмуни ҷумҳуриявиеро эълом намуданд, ки номи онро мисраи маъруфи Абдураҳмони Ҷомӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зеб медиҳад.

   Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.

 

 

 

 

Ба ҷойи тақриз

(Перомуни китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2023. Интишороти “Меъроҷ Граф”)

 

         “Давроне ки аблаҳон бо оқилон, ҳокимон бо низомиён, руҳониён бо даҳриён, фоҳишаҳо бо тақводорон, сарватмандон бо камбағалон  забон як мекунанд, бо ибораи Шарқиён Рӯзи охират фаро мерасад”. Ин тафсири файласуфи номаълум ё ба ибораи маъмулӣ  сарбози оқили гумном муҳит ва вазъи ҷаҳони муосирро воқеӣ тафсир кардааст.

         Бадбахтона айни замон ба дунявияти тафаккур ва ақоиди холӣ аз таъсири дину оин, ҷунбишҳои тундгаро  тамоили тафаккури томгароии мутлақи бунёдӣ таҳдид мекунад. Ва айни ҳол дар партави китоби хеле зарури “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” илоҷи аз паҳлуи хатар убур намуданро иброз медорем. Мутаассифона, чун мо дар киштии “Замин” ҳамроҳи кулли башарият қарор дорем, ба таври алоҳида аз  ин таҳдид эмин нестем. Ҷаҳонишавии босуръат, дар мисоли Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди мамолики туркнасл ва боз даҳҳо иттиҳодияҳои миллию иқтисодӣ ба тадриҷ  тақвияти ҳассоси миллӣ ва фардияту мухторияти миллӣ ва қавмиро суст мекунанд. Давлати абараристократӣ, поягузори империяи мустамликадорӣ Британияи Кабир нахост, ки  лорду сарватмандону бузургони вай дар қатори кишварҳои Албания, Венгрия, Хорватия мутеи Иттиҳоди Аврупо бошанд. Ва барои ин кишварҳои зери таъсири собиқ Иттиҳоди Шуравӣ  сар хам кунад. Ва ба пули ҳанӯз сад буҳрони молиявиро сипарӣ накардаи евро муомилот намояд. Аз ин рӯ, имрӯз Аврупо пас аз “талоқ”-и Британияи Кабир ба “гарданшахӣ”-и Полша, Венгрия ва Словакия дучор шуда, аз ботлоқи нави буҳрони сиёсию иҷтимоии Авурпо баромада наметавонад. Вале барои худсафедкунӣ ҷанги Украина ва Россия баҳонаи мувофиқ аст барои ИМА ва Аврупо хатми ин ҷанг зарари калон меорад. Зарари ҷаҳонишавӣ ба кишвари мо ҳанӯз эҳсос намешвад. Зеро Аврупо ба захираҳои Осиёи Марказӣ умедвор аст. Ва ба ҳар аломати миллатгароии Осиёи Марказӣ тоқат мекунад. Ҳанӯз 22 сол пеш олимони руҳонии Эрон ҷаҳонишавиро марги мусулмонии пок маънидод карда буданд. Бадбахтона аз ин тамоил монархияи мазҳабӣ ва бунёдгароёни динӣ моҳирона истифода бурда , бартарияти “Ҳукумати том”-и марказии диниро тақозо мекунанд.

       Хатари дуюм ба тафаккури дунявӣ ва озодандешии ақлзо ин авҷи терроризми иттилоотӣ аст. Таҷрибаи бистсола шаҳодат медиҳад, ки дар ҷабҳаи идеологӣ-иттилоотӣ гурӯҳҳои тундрав ва  экстремистӣ пешсафанд. Ҳамзамон бо ин гурӯҳҳо давлатҳои абарқудрат духура бархурд мекунанд. Дар мисоли эътироф ва ҳамкорӣ бо Аморати эътирофнамудаи исломии Афғонистон кишварҳои ИДМ ба як қарори қатъӣ наомаданд. Масалан Россия ва Қирғизистон Толибонро эътироф намекунанд, аммо аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ лағв карда, ҳамкории иқтисодии васеъро ба роҳ мондаанд. Аз ин ҷабҳаи ошкоро пушида ҳам беш аз 60  гурӯҳи тундраву террористӣ моҳирона истифода мекунанд.

      Хатари сеюми нисбат ба тафаккури дунявӣ дастболо шудани ақоиди тундгароӣ  ин дастрас ва ҳадафманд мавҷуд набудани воситаи таълим ва тарбияи насли нави муборизони  зидди терроризм аст. Ба қавли нависандаи туркман Бердӣ Карбобоев “Дар хона мавиз бисёр, аммо хурданӣ нест”. Бале, мо мавод, китобу рисолаҳои зиёд иншо ва нашр кардем. Аммо мавод, васоити хуби ҳадафнок хеле кам ва дастнорас мебошад. Соли 2022 бо иқдоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2022. Интишроти “Меъроҷ Граф”) муаллифон Қосимшо Искандаров, Раҳматкарим Давлатов, Ҷамолиддин Саидзода, Беҳрӯзи Забеҳулло, Саидхоҷа Ализода, Нозим Нурзода, Боймурод Шарифзода, Ш. Нуриддинов) ба нашр расид.  Китоб тибқи арзёбии олимон ва коршиносон  тули 31 соли охир беҳтарин ва муфидтарин воситаи таълим эътироф  шуд. Барои тасдиқи ин ақида ба чанд вокуниш коршиносону олимон назар мекунем. “Маҷмуаи мақолаҳои ин китоб дар асл ҳам собит кардаанд, ки тундгароӣ ва рӯ ба аблаҳии сиёсӣ овардани инсоният падидаи асри 21 нест. Аммо ҷамъият ба хусус роҳбарону ҳокимон таъкид ва ҳушдори бузургони адабиётро нодида гирифтаанд. Маҳз дар натиҷаи инсоният ба ҳамҷинсгароӣ, тундгароӣ, динбезорӣ, фарҳангкушӣ таъқиру туҳмат шуғл варзиданд. Ин имкон дод, ки қотилу террорист, бо ниқоби дини Ислом, чодари ҷиҳод барои ҳифзи дин маъракаи умумиҷаҳонии иттилоотиро вусъат доданд. Ҳақ ба ҷониби Лев Толстойи рус аст, ки навишта буд: ”Бо ман аз дин суҳбат накунед. Бигзоред ман динро дар кирдори шумо бинам”. Ва афсус дар асри нав дин дар кирдори инсонҳо нопадид шуд. Маҳз ин асари нишонрас моҳияти дунявии афкори озодандеширо таблиғ мекунад. Вале васоити таълим барои 2000 хонанда теъдоди кам буда, он бояд барои ақаллан нисфи ҷавонон дастрас бошад.” (Наҷибуллои Кошонӣ, собиқ паноҳҷӯй дар Душанбе, ҳоло шаҳрвнади  Олмон, тоҷиктабори  Афғонистон).

       “Асри 21, асри туризм ва ҷаҳонгардӣ бояд шавад. Аммо ҳанӯз таъсири пандемия аз ёди мардум нарафтааст. Ин шуғл ва бахши хеле муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ ва даромади хуби иқтисодиро Шайх Саъдӣ хеле фаҳмо, дилчасп дар осораш инъикос кардасту ба ин маънӣ. (Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе 2023. Интишороти Меъроҷ Граф” сах.114)

        “Ин пажуҳиш бояд ҳам дар туй ҳам дар намози ҷумъа ҳам дар муҳити хонавода қироат ва тафсир шавад. Воқеияти замон, падидаҳои ғайри мунтазира ҳам  ва дар тамоилҳои дунявӣ аз худ нақш боқӣ монад. Ин тамоилро бояд ба тариқи қиёсӣ омӯхта натиҷаашро ба қишри бадтарбия (Гурӯҳҳои тундрав) ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои хатарнок тамоил пайдо мекунанд, мекунад равон гардид.) оммафаҳм таблиғ кунанад” (Асламшо Муҳаббатшоев, шаҳрванди Канада, тоҷиктабор)   

        Аз рӯи таҳлили парвандаҳои ҷиноӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳури Тоҷикистон ва Кумитаи амният давлатии миллии Тоҷикистон иллати асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ  фаъолияти риёкории неруҳои тундрав  маҳсуб мешавад. Дар китоби мазкур дар ин бораи мутолиаи басо ҷолиби “Мушфиқӣ ва тасвири зоҳиду шахси риёкор” (Ҳамон китоб саҳ. 176) нашр гардида, бо далелҳои ҷолиб моҳияти зараровари ин падидаро кашф кардааст.

         Бояд зикр кард, ки имрӯз аксари волидону масъулини таълим воситаи электронии иттилоот ба дурии ҷавонон аз мутолиа шабакаҳои интернетии иҷтимоӣ айбдор мекунанд. Дар асл ин далел пояи воқеӣ надорад. Фарогирии омма ба интернет дар Ҷопон қариб 76%  буда, мутолиаи китоб аз рӯи асл 85%-ро ташкил медиҳад. Дар Россия низ шабакаи васеи иҷтимоӣ фаъол аст. Аммо истифодаи мардум аз ктобхонаҳо ба ҳисоби миёна 46 фоизро ташкил медиҳад.

      Ба хотири боз ҳам қавитар гардондан ба се факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев пурсиши кӯтоҳ анҷом додаем.

       Пурсиш барои китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2023. Интишороти “Меъроҷ Граф”. Даҳ нафар.)

 

  Муассиса

писанд

Кофӣ нест

Бетараф

1

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

9

-

1

2

Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикстон

8

-

2

3

Донишгоҳи ДДХ ба номи М. Назаршоев

9

-

1

 

       Бадбахтона дар 12 шабакаи иҷтимоӣ, 7 Оҷонсии иттилоотӣ, 22 портали хабарӣ ва 2370 блогери  фарогири тоҷик дар хориҷи кишвар зиди дастовардҳои мо мубориза мебаранд. Террорист танҳо ҷавонони сиёҳпӯши милтиқдори ваҳмангез нестанд. Аз ин чунин мубаллиғони туҳматсози пардапӯш хатарноктаранд.

       Ҳамин тавр, ман боз даҳо вокуниш ва тақозои хонандагонро гирд оварда  метавонам. Ин талаб ҳамзамон аз донишҷӯён низ зиёд пешниҳод мешавад. Яъне ба чунин китоб набояд нукта гузошт Ва онро бо таҳлилҳои амиқ нишонрас, тақвият дода ва бо теъдоди зиёд бояд  бознашр намуд.

 

Наҷмиддин Шоҳинбод,

корманди шуъбаи иттилоот,

робитаҳои илмӣ ва омӯзиши

тамаддуни Шарқи  ММХ АМИТ

 

 

Pages