library

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Ба таври дақиқ маншаъ  ва таърихи пайдоиши тасниф ё ба тоҷикӣ тарона то ба имрӯз таҳқиқ нашудааст. Мунтаҳо дар қиёс бо соири адабиёти халқҳои ҷаҳон, ба қавли мусташриқи маъруфи англис Эдвард Браун: “Тасниф ё сурудҳои оммиёна аз замони бисёр қадим, ҳатто қабл аз Ислом низ дар Эрон вуҷуд доштааст. Гӯё Борбад ва Накисо ҳам дар ҳазору сесад сол қабл ҳамин қисм таснифот барои Хусрави Парвизи Сосонӣ месурудаанд ва муҳаққақан Рӯдакӣ низ чаҳорсад сол баъд дар ҳузури подшоҳи Сомонӣ, мамдӯҳи худ ҳамин қисм ашъор хондааст” (Браун Э. Таърихи адабиёти Эрон. - Ҷ. 4. Тарҷумаи Рашид Ёсимӣ. Теҳрон. 1364 ҳ.ш. с. 168)

Аз он ҷо ки жанри тасниф хориҷ аз авзони арӯзаст, дар шеъри классикии форсии тоҷикӣ мақому манзалате надоштааст. Зеро дар як тасниф метавон аз чанд вазн истифода намуд, аз ин рӯ аз нигоҳи арӯзи классикӣ муғойири авзони арӯзист. Ба ҳар тарзе, ки ҳаст ба тайиди нахустин гирдоварандаи таснифҳои халқии Эрон, шарқшиноси маъруфи рус В.А.Жуковский, таснифи форсӣ қолабест, мисли “насри соддаи зарбӣ” (Жуковский В.А. Образцы персидского народного творчества. С. Петербург. 1902. с. 4)  зеро дар он шарт нест, мисли шеъри арӯзӣ дастури забон ва қофия муроот шавад. Бархилофи шеъри адабӣ-китобӣ, ки барои гурӯҳи хоси ҷомеа аст, тасниф барои ом гуфта мешавад ва пеш аз ҳама, тобеи оҳангу зарб аст, на побанди дастури забону қофия.

Муҳаққиқини эроние, ки ба масъалаи шеъри пешазисломӣ ва таронаҳои халқии форсӣ тафаҳҳус кардаанд, аз ҷумлаи Содиқ Ҳидоят, Маликушшуаро Баҳор, доктор Абулҳусайни Зарринкӯб ва амсоли эшон байни истилоҳҳои “тасниф”, “ҳарора”, “қавл”, “тарона” ва “суруд” қариб, ки тафовуте нагузошта, ҳамчун жанри халқӣ муродифи ҳамдигар донистаанд. Доктор Зарринкӯб дар ташаккулу таҳаввули шеъри форсии баъд аз Ислом нақши ашъори оммиёнаи шифоҳиро таъкид карда гуфтааст: “...вуҷуди таснифҳо ва сурудҳое, ки билофосила баъд аз зуҳури Ислом дар сарзамини Эрон падид омадааст, ҳокист аз вуҷуди ин гуна ашъори оммиёнаи қабл аз Ислом. Ҷое, ки аз нашъат ва таҳаввули шеъри форсӣ сухан меравад, шеъри қадими оммиёна саҳми умда дорад” (А. Зарринкӯб. Шеъри бедурӯғ, шеъри бениқоб, Теҳрон, 1363 ҳ.ш. с. 175).  Нависандаи барҷастаи Эрон, муҳаққиқ ва мутарҷими осори паҳлавӣ Содиқ Ҳидоят, ки аз нахустин муҳаққиқ ва ҷамъоварандаи фолклори мардуми кишвараш маҳсуб мешавад, зимни баррасии таронаҳои оммиёна ёдовар мешавад: “Мутобиқи асноде, ки дар даст аст... бештари тиккаҳои “Авасто” бидуни қофия ва монанди ҳамин таронаҳои оммиёна аст” (Содиқ Ҳидоят. Навиштаҳои пароканда, Теҳрон 1384 ҳ.ш. с. 294-95)

Аз назари Содиқ Ҳидоят мушкили муҳаққиқони “Авасто” “сари ин аст, ки ағлаби ашъори “Авасто” дорои як вазну оҳанги муайян нест, яъне оҳанги ҳар байте мумкин аст, бо дигарӣ фарқ дошта бошад” (Ҳамон ҷо 295). Сипас муҳаққиқ барои бурҳони гуфтаи хеш як порча аз Готҳо оварда, онро аз нигоҳи оҳангу вазн баррасӣ намуда, силобҳои (ҳиҷоҳои) ҳар як мисраъ аз дигараш фарқ доштану озод аз қофия будани онҳоро нишон медиҳад. Инчунин барои қиёс таронаи халқии “Суруди мардуми Балх”- ро, ки Табарӣ дар китобаш ҳамчун шоҳиди айнӣ зимни ҳаводиси соли 108 ҳ (727м), яъне шикасти Асад б. Абдуллоҳ Ал-Қасорӣ дар Хатлон, бачаҳои Балх дар ҳаҷви ӯ гуфтаанд, мисол оварда, чунин натиҷагирӣ мекунад: “...дар шабоҳати ин абёт бо таронаҳои миллӣ (манзураш халқӣ - О. Х.) ҷои тардид нест ва ҳамин нишон медиҳад, ки тӯдаи мардум шева ва қоидаи шеърии Эрони пеш аз Исломро аз даст надодааст ва “омазия”, ки дар охири ин байтҳо такрор шуда, ҳукми радифро дорад ва набояд бо қофия иштибоҳ шавад” (Ҳамон ҷо, с. 297)

Тавре ки мулоҳиза шуд, дар пояи намунаҳои боқимондаи шеъри бостонии форсии тоҷикӣ ва “Готҳо” - и “Авасто” муҳаққиқин собит карданд, ки шеъри пешазисломии мо шеъри ҳиҷоӣ буда, ба тасниф ё таронаҳои мардумии имрӯз шабоҳат ва робитаи зич доштааст. Аммо як нукта бебаҳс аст, ки дар тӯли таърих жанри тасниф ё тарона ҳамвора раванди шифоҳӣ дошта, бо фарҳанги мардум тавъам будааст. Маҳз ҳамин ҷанбаи оммавӣ ва халқӣ доштани он дар гузашта аз тарфи аҳли илму адаб мавриди беэътиноӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Шамс Қайси Розӣ дар “Ал-муъҷам...” таснифро дар зумраи “ҳарора” меҳисобад. Веросторони китоби мазкур дар поварақ манзури муаллифро дар мавриди истилоҳи “ҳарора” чунин тафсир кардаанд: “Аз қарори маълум... мақсуд аз ин калима ашъори сахифест, ки муханнасону масхарагон ва аввомуннос дар кӯчаву маҷолиси лаҳву лааб хонанд ва акнун “тасниф” гӯянд. Ва мӯҳтамил (эҳтимол-О. Х.) аст “харора” бо “хо”-и муъҷама бошад, он овозест, ки бо сабаби гиря ва ё ғайри он аз гулӯ берун ояд, чи масхарагону суфаҳо ашъори сахифи худро бад-ин овоз хонанд” (Қайси Розӣ. Ал-муъҷам... Теҳрон. 1387 ҳ.ш. с. 34).  Аммо ба ақидаи Маликушшуаро Баҳор ин калима на “харора”, балки “ҳарора” буда, дар забони арабӣ ҳамон маънии “тасниф”-ро дорад (Баҳор ва адаби форсӣ. ҷ.1. Теҳрон. 1371 ҳ.ш. с. 33).

Маликушшуаро Баҳор решаи ин камтаваҷҷуҳии аҳли илму адаби гузаштагонро ба тасниф ё таронаҳои оммиёна дар сабку навъи шеъри пешазисломӣ таҳқиқ карда, ба чунин хулосаи мантиқӣ омадааст: “Дар Эрони Сосонӣ зоҳиран се қисм шеър ривоҷ дошта аст: аввал-суруд; дувум-достон; сеюм-тарона” (Ҳамон ҷо. с. 70).  Ҳар як аз ин жанрҳоро тавсиф намуда, барои жанри суруд “суруди Хусравонӣ”-ро намунаи боризи он медонад ва тазаккур медиҳад, ки ин навъ ашъор ҳиҷоист ва дорои қофия буда, танҳо дар ҳузури подшоҳону муъбадон ва оташкадаҳо хондаву навохта мешуданд. Дар мавриди жанри “достон” таъкид медорад, ки “иборат аз ҳамосаҳо ва зикри маноқибу фазоили паҳлавонон ва руасову салотин ё манзараҳо ё афсонаҳо будааст, ки дар ҳузури риҷолу маҷомеи умумӣ ва ҷашнҳои милливу майдонҳои бозӣ бо созу овоз хонда мешудааст” (ҳамон ҷо). Сипас дар бораи “таронаҳо” чунин тавзеҳ медиҳад: “...махсуси ибороти ошиқонаву ғазалу “тасниф” буда ва ба табақоти омма ихтисос дошта ва дар ҳузури бузургон ба нудрат аз ин ҷинс шеър хонда мешудааст” (ҳамон ҷо). Сабаби дар ҳузури бузургону аъён ба нудрат хондани ин навъ шеърҳоро устод Баҳор дар он медонад, ки яке аз шарт ё зарурати лоянфакии “ин ҷинси шеър дастафшонӣ ва пойкӯбиву рақс ва ба истилоҳи имрӯз “ҳол кардан” буда ва маҳофили бузургону маҷолиси расмии Эрон аз роҳи виқору азамат бо ин вазъ ошно набудаанд” (ҳамон ҷо).

Ҳаминро низ бояд мутазаккир шуд, ки бо вуҷуди аз тарафи аъёну ашроф ва аҳли саводи гузаштагонамон ҳамчун жанри авомуннос мавриди қабул қарор нагирифтани “тасниф”, ин жанр аз равнақу ривоҷ намонд ва ҳатто дар ибтидои Ислом тарафи таваҷҷӯҳи араби бидавӣ қарор гирифта, дар ташаккули шеъри давраи исломии араб муассир будааст. Ақидаи устод Маликушшуаро Баҳор ин аст, ки “араб назар ба соддагӣ ва хиффати рӯҳ ва ошно набудан ба забони форсӣ ва мусиқии сангини он, вақте ки ба Эрон омад, танҳо аз тамоми аҷноси мусиқӣ ва шеър фақат аз ин ҷинс хушаш омад ва онро дунбол кард ва шеъри араб аз он берун омад... Ибтидо, мусиқӣ ва шеърро усарои (асирони-О.Х.) эронӣ дар Маккаву Мадина бурданд ва хонданду ба араб ёд доданд. Ва баъд аъроб онро такмил карданд. Аз мусиқии румиву шомӣ ҳам бар он мазид карданд ва истилоҳоте аз қабили рамалу раҷазу вофиру хафифу ғайра бар он бияфзуданд. Ва шеъри араб, ки бо мусиқӣ ҳама ҷо тавъам буд, ба вуҷуд омад” (Баҳор. 70-71)

Гузашта аз ин, аз ишораҳое, ки дар тазкираҳо ва рисолаҳои роҷеъ ба нақди шеъру арӯз таълифшуда бар меояд, дар асрҳои 1Х-Х жанри тасниф натанҳо дар миёни аввом, балки байни аҳли саводу аъён низ маъруф будааст. Ин назарро ишораи Давлатшоҳи Самарқандӣ перомуни интиқодаш аз “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и устод Рӯдакӣ тақвият медиҳад. Давлатшоҳ дар тазкирааш баъд аз зикри ин шеъри устод Рӯдакӣ ва ривояти таъсири беандозаи он ба амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дар шеърияти ин тарона тардид мекунад ва таъсири фавқулоддаи онро ба нуктаи зер мансуб медонад:

“Мешояд, ки чун устодро дар автору мусиқӣ вуқуфе тамом буда, қавлеву таснифе сохта бошад ва бо оҳанги ағониву соз ин шеърро арз кардаву маҳалли қабул уфтода бошад” (Давлатшоҳи Самарқанд. Тазкират-уш-шуаро. Теҳрон. 1366 ҳ.ш. с. 28). Бад-ин мазмун Шамс Қайси Розӣ дар рисолаи нақди шеъраш менигорад: “... чунон ки ҳарораҳои муханнасон, ки бо риккати лафз ва хиссати маънӣ дар баъзе маҷолис чандон тараб дар мардум падид орад, ки бисёр қавлҳои бадеъ ва таронаҳои латиф падид наёрад...” (Қайси Розӣ. с. 460).

Бино ба қавли Яҳё Оринпур дар адабиёти форсии мактуб истилоҳи “тасниф” ба ҳайси жанри шеърӣ дар асрҳои XVI-XVII ба ҷои истилоҳи “қавл” ворид шуда, ба мафҳуми навъе аз шеъри оҳангине, ки дорои вазни арӯзу оҳанг буда, бо дигар анвои шеърӣ тафовут надошта, мунтаҳо дорои вазну таркиби лафзист, ки бо мақомоту мусиқӣ ва овоз ҳамоҳангӣ мекунад, шинохта мешавад. Аммо, ин таснифҳои дар даврони сафавиҳо роиҷ будаву дар қолаби арӯзӣ гуфта шударо касе ҷузви адабиёти китобатӣ намеҳисобида аст. Аз ин рӯ, дар девонҳову тазкираҳо сабт нашудаанд ва муаллифашон номаълум мондаанд. Бо вуҷуди ин боз ҳам намунаҳое аз таснифҳое, ки дар замонашон дар миёни мардум маъруфияти бештаре доштанд, дар бархе аз тазкираҳои он давр ҷо-ҷо сабт гардидаанд. Бад-ин робита Яҳё Оринпур дар ҷилди дуввуми асари пурарзишаш “Аз Сабо то Нимо” аз “Нишопурак” ном таснифи Ҳодии Дайламӣ ба нақл аз “Гулистони ҳунар”-и Қозӣ Аҳмади Муншӣ порчаи зерро меорад:

            “Маро гуфтӣ чу ман ёре надорӣ,

            Ту ҳам чун ман гирифторе надорӣ.

            Чӣ донӣ ҳоли зори бедилонро,

            Ки бар дил доғи дилдоре надорӣ!

            Набошад ғайри озори манат кор,

            Ки ҷуз озори ман коре надорӣ”.

(Яҳё Оринпур. Аз Сабо то Нимо ҷ. 2. Теҳрон. 1350 ҳ.ш. С. 152)

Ҳамчунин Насрободӣ (асри ХVII) дар тазкираи хеш аз таснифсозони аҳди Шоҳаббоси Кабир аз ҷумла Шоҳмуроди Хонсорӣ (соли ваф. 1038 ҳ.қ./1628-1629м) ёд карда, баъд аз зикри мухтасари тарҷумаи ҳолаш, таъкид медорад, ки “аксари тасонифаш шеър аст” (Тазкираи Насрободӣ. с. 319).  Насрободӣ дар бораи Хонсорӣ маълумот дода, ёдрас мешавад, ки Хонсорӣ таснифи зерро дар оҳанги “Дугоҳ” ва “Навруз”-у “Сабо” эҷод карда мавриди ташвиқу инъоми Шоҳ Аббос қарор гирифтааст:

            “Сад доғ ба дил дорам з-он дилбари шайдойӣ,

            Озурда диле дорам, ман донаму расвойӣ.

Мунтаҳо, дар охири қарни Х1Х ва ибтидои қарни ХХ ағлаби таснифҳое, ки сохта мешуданд, то ҳадде аз авзони арӯзӣ озод буда, тавре ки нахустин гирдоваранда ва муҳаққиқи таснифҳои халқии форсӣ В.А.Жуковский исбот кардааст, бар пояи вазни ҳиҷоӣ, чун асли тоисломии хеш бунёд шудаанд (Жуковский. с. 5).

Яке аз муҳаққиқони таснифҳои форсӣ, донишманди покистонӣ Мунибурраҳмон таснифҳои халқиро ба се гурӯҳи зайл ҷудо кардааст:

а) таснифҳои рӯзмарра; б) таснифҳои ошиқона; в) таснифҳое, ки дар муносибатҳои гуногун: ҷашнҳову арӯсиҳо, лолоиҳо (аллаи кӯдак-О.Х.), сӯгвориҳо, муаммоҳо ва амсоли он хонда мешаванд (Мунибурраҳмон.  Шеъри даврони Машрута. Теҳрон. 1378 ҳ.ш. с. 115).

Дар қадим расм будааст, ки таснифҳоро хунёгарон, ба истилоҳи имрӯз овозхонони касбӣ иҷро мекарданд. Мубаллиғи асосии ин навъ сурудҳо онҳо буданд, аммо эҷодгарони ин таснифҳо худи хунёгарон ё онҳо танҳо иҷрокунанда буданд, маълум нест.

Аз нигоҳи Мунибурраҳмон, дар гузаштаи дур дар байни мардум бештар таснифҳои рӯзмарра ҷалби таваҷҷӯҳ будааст, зеро онҳо воқеоти мухталифи таърихӣ ва муҳимеро бо оҳанги ҳаҷву тамасхур инъикос менамудаанд, ки аз даҳон ба даҳон гузашта, бархе аз онҳо дар таърихномаҳо ва тазкираҳо сабт гардида, то замони мо расидаанд.

Мутаассифона аз таснифҳои баъд аз Ислом, ки ба вазни ҳиҷоӣ гуфта шуда бошанду марбути таснифи рӯзмарраӣ бошанд, то ҳамлаи муғул, зоҳиран, танҳо як намуна боқӣ мондааст. Ин тасниф ба асри Х1 мансуб аст. Ибни Ровандӣ дар “Роҳат-ус-судур” онро зимни шарҳи ҳоли Аҳмад ибни Аттош (ваф.1056 м), яке аз роҳбарони барҷастаи мазҳаби исмоилия, ки Султон Муҳаммади Салчуқӣ (ваф. 1118 м) ӯро ба асорат гирифта, савори уштур дар кӯчаҳои Исфаҳон мегардонд ва ҳазорҳо марду зан дар кӯчаву бозор ба тамошо баромада буданд ва муханнисон пеш-пеши ӯ “бо таблу дуҳулу даф” ҳарораи зерро мехонданд:

            Аттош олӣ, ҷони ман Аттоши олӣ!

            Миёни сар ҳилоле туро ба Дез чӣ кору.

иқтибос кардааст.

Устод Маликушшуаро Баҳор дар мавриди ин тасниф шарҳи ҷолиберо ирода дошта, дар ибтидо таъкид медорад, ки “ин ҳарора... ба вазни сездаҳиҷоӣ” буда, мисраи сонӣ шояд ғалат сабт шуда “ва саҳеҳи он чунин аст: Миёни сари ҳолии (холии) туро ба Дез чӣ кору” Сипас ин байтро чунин шарҳ медиҳад: “Эй Аттоши олимартаба, ҷони ман, эй Аттоши олимартаба! Миёни сарат холӣ аз мағз аст. Туро ба Дез кӯҳ чӣ кор” Агар “ҳилоле” хонда шавад, таъкид медорад М. Баҳор, як ҳиҷо зиёд мешавад ва мисраъ маънӣ намедиҳад. Устод бо ин ақидааст, ки ин тасниф бо гӯиши мардуми Исфаҳон сохта шуда, “луғати “ҳолӣ” агар дуруст бошад, ҳамон “ҳолӣ” аст, ки ҳарфи “х” ба ҳарфи “ҳ” бадал шуда, чун ки лурҳо “холу (тағо-О.Х.)-ро “ҳолу” гӯянд” (Баҳор ва адаби форсӣ. с. 116).

Маҳз ҳамин табиати танзу нешханди таснифи рӯзмарра боиси он гардид, ки дар авохири асри Х1Х ва ибтидои қарни ХХ ба иртиботи ҷунбишҳои таҷаддудхоҳиву Машрута ин навъи тасниф муравваҷ гардида, силоҳи таблиғотии машрутахоҳон гардад.

Барои мисол, яке аз таснифи маъруфи рӯзмарраи охири асри Х1Х таснифест, ки мардум дар бораи Султон Масъудмирзо Зилсултон, бародари калонии Музаффариддиншоҳ – ҳукмрони тамоми вилоёти ҷанубии Эрон, ки аз хӯйи баду бадахлоқиву зулмаш мардум, махсусан, исфаҳониҳо ба дод омада буданд, маҳсуб мешавад. Падараш Носириддиншоҳ аз ӯ бимнок шуда соли 1886 м. ҳама ихтиёротро, ба ҷуз вилояти Исфаҳон аз ӯ мегирад. Аз ин мардум бисёр хушнуд шуда, таснифҳои зиёде сохта дар кучаву бозор бо созу овоз мехонданд, ки яке аз он ин аст:

            Гории (аспаробаи-О.Х.) амирзода ку?

            Ҷоми пур аз бода ку?

            Он бачаи содда ку?

            Шоздаҷон (Шоҳзодаҷон-О.Х.) хуб кардӣ рафтӣ.

            Қочи зин бигир наяфтӣ!

 

            Ку Исфаҳон пойтахти ман?

            Ку тӯпчиву ку тахти ман?

            Ку ҳукми сахти ман?

            Эй Худо бубин ин бахти ман!

                        Шоҳ бобо, гуноҳи ман чӣ буд?

                        Ин рӯзи сиёҳи ман чӣ буд?

            Ку Исфаҳон, ку Шерозе?

            Ку Соримуддавлаи пурнозе?

            Ку тӯпчиву ку сарбозе?

                        Шоҳ бобо, гуноҳи ман чӣ буд?

                        Ин рӯзи сиёҳи ман чӣ буд? (Оринпур. ҷ. 2. с. 157)

Аз ин қабил таснифҳои рӯзмарра метавон мисолҳои фаровон овард, аммо аз маҷоли ин мухтасар хориҷ аст. Дар асоси таснифҳои дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ аз манотиқи гуногуни Эрон ҷамъовардаи шарқшиносони маъруф В.А.Жуковский ва Эдвард Браун метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки дар ин давра тасниф ба таври густурда мунъакискунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва мадании Эрони ин давра будааст. Мутаассифона, то ба имрӯз ин таснифҳо мавриди таҳқиқу омӯзиши густурдаи ҷомеашиносону фолклоршиносони эрониву эроншиносон қарор нагирифтаанд.

Дигар навъи тасниф, таснифи ошиқона буда, он аз лиҳози мазмуну корбурди саноеи бадеъ ба ғазал наздик аст. Гузашта аз ин, аз нигоҳи шевоию нафосат ҳам бо ғазали зебову дилангез ҳамхонӣ дорад. Аз ин ҷост, ки яке аз сайёҳони аврупоӣ ба номи Эвард Эскот Воринг дар ёддоштҳои сафараш зери унвони “Сафаре ба Шероз” тарзи иҷрои таснифро дар Шерози асри Х1Х хело моҳирона тасвир кардааст. Порчаеро аз навиштаи ӯ аз китоби Мунибурраҳмон иқтибос мекунем:

“Баъзе аз риҷол писаракони гурҷиро ба хидмати худ дароварда ва ба онҳо овозу хунёгарӣ ёд медиҳанд, то дар маросиму ҷашнҳо ба ҳунарнамоӣ бипардозанд. Таронаҳои форсӣ ширину шево ва дилангез аст. Вақте ки бо мусиқӣ ҳамроҳ мешавад, ҳаловати он дучандон мегардад. Таронаҳои онҳо дар бораи маю зебоист, ки бо шикваву шикоят аз сангдилии маъшуқ омехта шудааст” (Мунибурраҳмон. Шеъри даврони Машрута. с. 120). Сипас Мунибурраҳмон ду порча таснифи зери ошиқонаи зеборо овардааст:

            Биё соқӣ, ки ман мурдам,

            Кафан аз барги токам кун.

            Зи оби май бидеҳ ғуслам,

            Дари майхона хокам кун.

                        Имон дорам, ман вафодорам,

                        Ту ноз макун, ман ниёз дорам.

Ва:

            Ишқ панҷае дорад оҳанин

                                               Эй Худо.

            Чун бароварад сар зи остин,

                                               Эй Худо.

            Сад ҳазор шаҳ банда мешавад,

                                               Эй Худо.

            Бар дари Аёз чун Сабуктегин

                                               Эй Худо.

            Эй қашанг, машанги малусам,

            Изн бидеҳ, то лабатро бибӯсам.

                                                                       [ҳамон ҷо].

Тавре ки қаблан ёдрас шудем, сабки тасниф муҳовираист (гуфтугӯист), ки барои ҳамаи анвои он қоидаи ҳатмист. Аз ин ҷост, ки мусташриқи маъруфи франсавӣ Анри Массэ забони таснифро забони “бозорӣ” номида, ҳазфи овози ҳиҷоҳо ва табдили иттифоқии қофия ба ҳамсадоро аз вижагии умумии ин жанр номидааст (иқтибос аз Мунибурраҳмон. С.121). Бад-ин робита, вижагии дигари тасниф, ки бахши муҳиму зарурии он буда, ба мазмуни аслии тасниф рабте надорад, радиф аст. Ва мавҷудияти радиф дар тасниф боиси он гардидааст, ки дар гузашта ва ҳоло ба ашъори шоирони маъруф тасниф баста шавад. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкирааш менигорад, ки Ибни Ҳисоми Ҳиравӣ (ваф.737 ҳ.қ./1336-37м.) мустазоде эҷод карда ва ба он “Хоҷа Абдулқодири Удӣ таснифеву қавле ба он сохт ва он мустазод ин аст:

            Он кист, ки тақрир кунад ҳоли гадоро,

                                                           Дар ҳазрати шоҳе.

            Аз ғулғули булбул чӣ хабар боди саборо,

                                                           Ҷуз нолаву оҳе.

            Розеву зару зӯр бувад мояи ошиқ,

                                                           Ё раҳм зи маъшуқ.

            Моро зарузӯр на, худ раҳм шуморо,

                                                           Бас ҳоли табоҳе”

                                                                       (Тазкират-уш-шуаро. с. 169-170)

Мирзо Тоҳири Насрободӣ низ дар тазкираи хеш зимни ёдоварӣ аз таснифсозии Шоҳмуроди Хонсорӣ, ки зикраш дар боло гузашт, ҳамчунин аз Оқо Қавомиддин ном шоиру аъёни Мозандарон ёд мекунад, ки “дар ҷанги Гурҷистон... ба қатл расид... ва таснифи машҳуре, ки дар нағмаи баёту усули равонӣ ҷиҳати ӯ бастаанд ин аст:

            Маро Қавомуддини солор гуме. Ҷонам шарбате”

                                                                                  (Тазкираи Насрободӣ. с. 52)

Ин қабил таснифҳо, ки баъдан муравваҷ гардид, аз адабиёти китобӣ, ба вижа аз осори Хайёму Саъдиву Ҳофиз ба таври фаровон таъсирпазир ва иқтибос низ кардаанд. Гузашта аз ин, ин навъ таснифҳо ба тадриҷ ба адабиёти китобӣ роҳ ёфта, аз нигоҳи забону сабк ба забони меъёри адабӣ наздиктар мешаванд ва муҳаққиқин ин қабил таснифҳоро “таснифи адабӣ” номгузорӣ кардаанд.

Бад-ин робита, агар мо таснифҳои мардумиро бо таснифҳои адабӣ ба муқоиса гирем тафовутҳоеро мушоҳида мекунем. Ин тафовутҳоро доктор Мунибурраҳмон хеле дақиқ аз қарори зайл мушаххас кардааст: “Аз муқоисаи байни ин навъ тасниф ва ҳамтои мардумии он, ишороти мутафовити зер ҳосил мешавад: аввалан, таснифи адабӣ мазомини иҷтимоиро дар меҳвари таваҷҷӯҳи худ дошт ва сониян, ба лиҳози корбасти забон ва ташбеҳоту истиъорот ба суннати адабии мушобеҳе вобаста” (Мунибурраҳмон. С.123) аст.

Инҷо бояд ба як нукта ишорат кунем, ки таснифҳои адабӣ, тавре ки аз намунаи андакаш мушоҳида шуд, дар баробари мазмунҳои иҷтимоӣ, ҷанбаи лирикию ошиқона низ бештар доранд. Зеро бештар ба ашъори лирикии классикон тасниф баста шудааст. Аммо дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ Эрон тасниф бо таъсирпазирӣ аз осори назми китобӣ махсусан, аз мавзӯъ ва мазмунҳое, ки дар адабиёти наву таҷаддудхоҳи замон, доираи мавзӯи иҷтимоӣ ва сиёсии хешро гусдариш дод.

Ба таъбири дигар, аз оғози ҷунбиши Машрута, (1905-1911) шеъру адаби форсӣ бештар ба сӯи мавзӯъҳои милливу ватанпарастӣ гароид. Чун ин ашъор ҷанбаи таблиғотиву рӯшангароӣ дошту ба хидмати тӯдаҳои мардуму аҳдофи инқилоб буд, аз ин рӯ, он бояд бо забони содда ва дар вазну қолабҳои дархури завқу салиқаи мардум бошад. Аз ин ҷост, ки суханварону мубаллиғини инқилоб ин жанрро мувофиқ ба аҳдофи худ дида, аз қолаби он истифода бурданд. Таснифҳои инқилобию ватанӣ ба табъи мардум созгор омад, аз ин рӯ, ба маҳзи интишор дар миёни мардуми кӯчаву бозор ба даҳонҳо меафтоду эҳсоси худогоҳии онҳоро бедор ва мардумро ба ҷунбишу мубориза бо режими истибдодӣ бармеангехт. (Олим Хоҷамуродов. Адабиёти аҳди Машрутаи Эрон. 2004. С.15)

Матбуоти даврии аҳди Машрута саршор аз ин навъ таснифотҳост, ки муаллифонашон ашхоси касбу кори гуногун буда, бештари онҳо бо исми мустаор ба чоп расида, ба зудӣ вирди забонҳо гаштаанд. Эдвард Браун дар китоби хеш “Таърихи матбуот ва адабиёти Эрон дар давраи Машрутият” намунаҳои машҳуртарин таснифҳои дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаро ҷой додааст.

Аксари шоирони инқилобии аҳди Машрута, мисли Ашрафиддини Гелонӣ, М.Баҳор, Абдулқосим Лоҳутӣ ва Орифи Қазвинӣ таснифҳои ватанӣ гуфтанд. Э. Браун дар китобаш таснифи Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар қолаби “Лолоӣ (аллаи модар-О.Х.)” суруда шудаву саршор аз эҳсоси ватанпарастист ва таснифи М.Баҳорро, ки ба ҳоли Ватан нола мекунад, ҷой додааст (Браун. Асари номбурда. с. 228, 278).

Дар ин миён барҷастатарин таснифсарои ин давра Орифи Қазвинӣ (1880-1933) маҳсуб мешавад. Зеро дар эҷодиёти Ориф жанри тасниф, ба вижа таснифи ватанӣ мавқеӣ асосӣ пайдо кардааст.

Ба қавли Яҳёи Оринпур: “Ориф ба тасниф сурати шоирона дод ва хидмати бузурге ба мусиқии Эрон, минҳайси вазну тасниф намуд, яъне таснифро аз ҳоли фалокате ки дошт, берун овард. Барои тарбияти ахлоқӣ ва эҷоди ҳисси Ватан ва ишоъаи забон ва тарвиҷи як ақида дар ҳар ҷомеае, ки фарз намоед, тасниф аҳамияти фавқулодда дорад ва Ориф қабл аз ҳама мултафити ин маънӣ гардид” (Оринпур. ҷ.2. С. 160).

Имтиёзи бузурги таснифҳои Орифи Қавинӣ дар он аст, ки ӯ худаш ҳам шоир ва ҳам оҳангсозу овозхон буд ва дар миёни тӯдаҳои мардум бо маҳорату устодии фавқулоддае таснифҳои миллиашро иҷро мекард.

Ба шоҳидии доктор Ризозода Шафақ: “ Дар акнофи Эрон метавон гуфт, камтар касест, ки номи Ориф ба гӯши ӯ нарасидаву ҳоли ӯро ба ҳам назада бошад. Ва дар воқеъ, вақте ки шоир мегӯяд: “Садои нолаи Ориф ба гӯши ҳар ки расид. Чу даф ба сар заду чун чанг дар хурӯш омад”. Тамоми баёни ҳақиқат менамояд. Чӣ ки дар тамоми давраи инқилоб ҳеҷ қалам ва ҳеҷ нутқе натавонист дили мардуми Эронро монанди суханони Ориф ба ларза дарорад” (Орифи Қазвини. Девон. Теҳрон-Берлин. 1924 с. 55).

Таснифҳои Ориф бисёр содда ва ҳатто аз ғазалҳои ӯ ҳам соддатаранд. Таснифҳои шоир монанди ғазалҳо ва дигар ашъори Ориф ба муносибате ва таърихи муайян, дар дастгоҳу (оҳангу) ҷои муайяне суруда шудаанд ва гузашта аз ин, дар ду вазн эҷод шудаанд. Яъне, ҳам дар авзони арӯзӣ ва ҳам бар пояи вазни ҳиҷо, ки асос ва шолудаи вазни таснифи мардумист. Хушбахтона, Ориф таърихи эҷоди ҳар як таснифи худро баён дошта, ба кадом манзур ва ё ҳадаф эҷод шудани онҳоро зикр кардааст, ки барои муҳаққиқони эҷодиёташ арзиши зиёде дорад. Девони шоир соли 1924 дар Берлин бо муқаддимаи муфассали доктор Ризозода Шафақ ва шарҳи ҳолаш ба қалами худаш ба чоп расида буд, ки муштамил аз 97 ғазал, 89 тасниф ва 12 ашъори ҳаҷвӣ мебошад. Девони мазкур баъд аз вафоти шоир, соли 1321 ҳ.ш (1942) аз тарафи Ҳодии Ҳойирӣ бо иловаи ашъори чопнашудаи Ориф дубора чоп шуда, баъдан чаҳор маротиба таҷдиди чоп гардидааст.

Воқеан, муҳаққиқини адабиёти муосири Эрон ҳама бар он ақидаанд, ки таснифҳои ватаниву инқилобӣ маҳз дар эҷодиёти Орифи Қазвинӣ нумӯъ ёфт. Ба қавли худи шоир, ки дар тарҷумаи ҳолаш гуфтааст: “...агар ман хидмате дигар ба мусиқӣ ва адабиёти Эрон накарда бошам, вақте таснифҳои ватанӣ сохтам, ки эронӣ аз ҳар даҳ ҳазор нафар як нафараш намедонист, Ватан яъне чӣ?” (Ҳамон ҷо. с. 4).

Чуноне ки зикр шуд, бартарии таснифҳои Орифи Қазвинӣ аз дигарон он буд, ки ӯ худаш ба онҳо оҳанг мебасту месуруд. Аз ин рӯ, таснифҳояш дар аҳди Машрута ва баъд аз он низ вирди забони омма буда, овозхонҳои зиёде онҳоро месуруданд. Мунтаҳо ба сабаби ба нота нагирифтани онҳо (худи Ориф нотаро намедонист) то ба имрӯз он оҳанге, ки ӯ ба ҳар як таснифаш баста буд, ба таври аввалааш боқӣ намондааст. Худи Ориф дар ин бора ба таассуф навиштааст: “Набудани ишороти “нут” бузургтарин бадбахтии мусиқии Эрон аст ва илло оҳанги дар дили шаб пайдо кардаи Шайдо (Алӣ Акбари Шайдо оҳангсозу ғазалсарои маъруфи Эрон-О.Х.) аз миён намерафт. ....Аз дилтангиҳои ман яке, ин ки дар ҳамин давраи зиндагонии худам, ман он чиро ки ба номи ман мехонанд, ағлаб ғалат аст...” [ҳамон ҷо].

Тавре ки ёд шуд, таснифҳои Ориф ҳар яке ба муносибате ва ё воқеае гуфта ва суруда шудааст. Яке аз таснифҳои машҳури аҳди Машрутаи ӯ “Ҳангоми маю фасли гулу гашти чаман шуд” ном дошта, соли 1327 ҳ.қ./1909 м. ба муносибати фатҳи Теҳрон ва ба ёди аввалин қурбониёни роҳи озодӣ эҷод ва аз тарафи худи шоир дар оҳанги “Даштӣ” суруда шудааст. Ин тасниф дар он рӯзҳо шӯру валвалае ба по карда, муддатҳо вирди забонҳо будааст.

Инак чанд пораи онро меорем:

Ҳангоми маю фасли гулу гашти (ҷонам гашт, Худо гашт) чаман шуд,

Дарбори баҳорӣ тиҳӣ аз зоғу (ҷонам зоғу, Худо зоғу) заған шуд.

Аз абри карам хиттаи Рай рашки Хутан шуд,

Дилтанг чу ман мурғи қафас баҳри Ватан шуд.

Чӣ каҷрафторӣ эй чарх, чӣ бадкирдорӣ эй чарх, сари кин дорӣ эй чарх,

На дин дорӣ, на ойин дорӣ, эй чарх!

 

Аз хуни ҷавонони Ватан лола дамида,

Аз мотами сарви қадашон сарв хамида.

Дар сояи гул булбул аз ин ғусса хазида,

Гул низ чу ман дар ғамашон ҷома дарида.

Чӣ каҷрафторӣ эй чарх, чӣ бадкирдорӣ эй чарх, сари кин дорӣ эй чарх,

На дин дорӣ, на ойин дорӣ, эй чарх! (Девон. с. 343).

 

Ҳар як таснифҳои Ориф дар ҷомеаи он вақти Эрон зуд мавриди истиқболи васее қарор гирифта, аз забон ба забонҳо паҳн мешуданд.

Як нуктаро ҳам бояд ёдовар шуд, ки Орифи Қазвинӣ дар паҳлӯи таснифҳои ватаниву иҷтимоӣ таснифҳои ошиқонаи зебое ҳам сурудааст, ки то ба имрӯз вирди забонҳост ва дар ҷашну сур ва маҷлисҳои хоса мардуми Эрон онҳоро месароянд.

Барои намуна, таснифи бисту якуми ӯро, ки соли 1921 м. дар “дастгоҳи Афшор” суруда шудааст, иқтибос мекунем:

            Имрӯз, эй фариштаи раҳмат, бало шудӣ,

            Хушгил шудӣ, қашанг шудӣ, дилрабо шудӣ.

            По то ба сар карашмаву сар то ба пой ноз,

            Зебо шудӣ, лаванд шудӣ, хушадо шудӣ.

            Худ соате дар ойина атвори худ бубин,

            Ман оҷизам аз ин ки бигӯям чиҳо шудӣ.

            Баҳ-баҳ чи хуб шуд, ки гирифторӣ чун худӣ,

            Гаштиву хубтар, ки ту ҳам мисли мо шудӣ.

            Номат шифои ҳар марази ошиқон шудаст,

            Эй мояи ҳаёт ҳадиси касо шудӣ.

            Ҳар кас ба дил зиёрати кӯят кунад ҳавас,

            Машҳад, Мадина, Макка шудӣ, Карбало шудӣ. (Девон. с. 265).

Баррасии як-яки таснифоти Орифи Қазвинӣ аз маҷоли як мақола хориҷ буда, рисолаи ҷудогонаеро тақозо мекунад. Аз ин намунаи андак, метавон ба хулосае омад, ки жанри тасниф дар эҷодиёти Орифи Қазвинӣ дорои шаклу вазни воҳиде набуда, вобаста ба мазмуну оҳанг мисраъҳо дарозу кӯтоҳ ва ритму зарби хосеро ба худ мегирад, мунтаҳо дар тамоми таснифоти шоир забони гуфторӣ ва рӯҳи мардумии он ҳифз шудааст.

Дар нимаи аввали қарни ХХ жанри тасниф басту такомули хешро ҳамчун як жанри адабӣ маҳз дар эҷодиёти Орифи Казвинӣ пайдо карда вориди адабиёти мактуби форсӣ гардидааст. Имрӯз дар адабиёти муосири Эрон, ин жанр хело муравваҷ буда, шоироне ҳастанд, ки як ҷо бо оҳангсозон таснифсозӣ мекунанд.

Акнун вақти он расидааст, ки дар асоси маводи ҷамъкардаи шӯъбаи фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АМИТ ба таври типологӣ омӯхтани таронаҳои халқии кишварҳои қаламрави забони форсӣ оғоз ва раванди басту такомули ваҳдати фарҳангиву адабии Хуросони бузург мушаххас гардад.

Сарходими илмии Маркази мероси хаттӣ,

д.и.ф. профессор Олимҷон Хоҷамуродов

 

(Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар)

Бидуни шак, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихи ҳазор соли охири миллати тоҷик мебошад, ки чароғи маърифати қавмро равшан кардаанд. Паёми аслии суханронӣ ва мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо аҳли зиё ин буд, ки роҳу равиши фурӯзон нигоҳ доштани ҳамин шуълаи маърифат пайдо бошад, ҳадаф ва вазифаҳо дуруст мушаххас ва муайян шаванд. Маҳз ба ҳамин манзур, Сарвари давлат хулоса намуданд, ки мо тоҷикон 6000 ҳазор сол таърих дорем, тамаддун офаридем, будем ва хоҳем буд, истиқлоли худро ба ҳеҷ чизе ва таҳти ҳеҷ шароите иваз намекунем. Ин суханон танҳо барои касоне, ки аз таърих огоҳанд ва барои ояндаи миллат қалбашон метапад, қобили дарк аст. Зимни шунидани ин суханон беихтиёр ба ёди як воқеа дар шаҳри Теҳрон афтодам. Барои ширкат дар конфронси “Осебшиносии муқовимати зидди терроризм” рафта будем, гузарамон ба шимоли Теҳрон афтод, аз мақари иқомати мо меҳмонхонаи “Лола” 42 км фосила дошт. Роҳи бозгаштро намедонистем, борон меборид, таксиҳо ҳам барои расондани мо розӣ набуданд. Иттифоқан, таксие манъ кард ва чун ронандааш фаҳмид, ки тоҷикем, хурсанд шуда, барои нишастан даъват намуд. Ӯ дар роҳ гуфт, ки моро танҳо ба хотири эҳтироми доштааш нисбат ба Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҷои зарурӣ мебарад. Зеро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмард аст, парчами 2500-солаи Эрони бузургро боло кардааст. Ин парчам дар дасти ӯст. 

Яъне, ин баёнгари он аст, ки на танҳо мо, балки ҳамтаборонамон ҳам шинохти амиқе аз Пешвои миллат доранд ва ба ҳамин дарк расидаанд, ки ҳадафу орзуи ӯ боз гардондани шукӯҳ ва иззат ба миллати тамаддунофар аст. Чанд сол пештар Муҳаммади Ҳотамӣ, Раисҷумҳури вақти Эрон дар мулоқот бо аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ гуфта буд, ки шумори миллатҳое, ки дар таърихи башар тамаддун офариданд, аз шумораи ангуштони дастҳо бештар нест. Шумо ду бор дар таърих тамаддун офаридед. 

Албатта, суханронии Пешвои миллат мисли ҳамеша фарогири нуктаҳои муҳим роҷеъ ба илму маорифи кишвар ва дастуру супоришҳои он қобили баҳс набуда, балки танҳо бояд иҷро шаванд. Баҳси Пешвои миллат агарчи роҷеъ ба вазъи имрӯзи илм ва маориф буд, аммо дар ин суҳбат як дарди амиқ ба сароҳат қобили эҳсос буд, ки он масъалаи сарнавишти қавм, яъне миллат аст (бояд гуфт, ки миллат як мафҳуми сиёсӣ дар адабиёти муосир аст, илм бошад қавм, яъне “этнос”-ро ҳамчун миллат мешиносад. Дар илми муосири ҷаҳонӣ мафҳум ва таърифи ягона ва пазируфташудаи миллат вуҷуд надорад). Роҷеъ ба ин масъала дар моварои сухан хоҳем пардохт. Албатта, роҷеъ ба суханони Роҳбари давлат ва дастуру супоришҳояшон нақшаю барномаҳои хос рӯйи даст гирифта хоҳад шуд ва умедворем, ки масъулон дар иҷрои он аз дониш кор хоҳанд гирифт, то бахши илм ва маориф аз буҳроне, ки мавҷуд аст, раҳоӣ пайдо кунад. Воқеан, вазъияти мавҷудаи илм ва маориф Ҷаноби Олиро нигарон кардааст, зеро сарнавишти миллат ба ояндаи илму маориф бастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки мушкилоти мавҷуда дар соҳаи илму маориф, аслан, буҳрони маорифу илм нест. Зеро мактабҳо мавҷуданд, ҳар сол даҳҳо ва садҳо мактаби нав сохта ё бозсозӣ мешавад, шумораи мактабҳои олӣ аз 13 то ҳудуди 50 адад расидааст, китобҳои дарсӣ нашр мешаванд, маблағгузории маориф ва илм афзоиш меёбад, шумораи хонандагон рӯзафзун аст.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз 20 марти соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ва ғамхории хосе, ки нисбат ба мероси ниёгон доранд, дар суханронии худ зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд, ки “Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ба нашри Феҳристи нусхаҳои хаттӣ машғул аст, бояд номгӯй ва миқдори нусхаҳои хаттиеро, ки дар дигар китобхонаву муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад”.

Қобили зикр аст, ки Маркази мероси хаттии АМИТ дар ҳафт соли охир 4 ҷилд “Феҳристи дастнависҳои шарқӣ”-ро таҳия ва нашр намуд, ки дар тамоми давраи мавҷудияти Академияи илмҳо 6 ҷилд нашр шуда буд. Дар ҳамаи давраи мавҷудияти муассисаҳои марбута ба ҷамъоварии мероси хаттӣ, аз соли 1930 ҳудуди 6150 нусхаи хаттӣ вориди ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ шудааст. Аммо танҳо аз соли 2019 ба ин тараф  бештар аз 1500 нусхаи хаттӣ, санаду васиқаву ҳуҷҷати таърихӣ вориди ганҷина шудааст. Аз ҷумла, дар тамоми муддат, дар ганҷина 47 нусхаи мунҳасир ба фард ё ягона мавҷуд буд ва дар се соли охир се нусхаи дигари мунҳасир ба фард ё ягона, аз ҷумла нусхаи дастнависи Туғрали Аҳрорӣ бори аввал пайдо ва вориди ганҷина шуданд. 

Ин ҳама баёнгари  таваҷҷуҳи давлат, дастгирӣ ва фароҳам овардани шароиту имконият барои кор ва ҷамъовариву нигаҳдории мероси ҳуҷҷатӣ мебошад. Пас, вазъи мавҷударо метавон, аслан, буҳрони бекифояти [incompetency crisis ё кризис некомпетентности]-и роҳбарии илму маориф унвон намуд. Яъне, ин масъалаи лаёқат ва шоистагии масъулони бахши илм ва хусусан маорифи кишвар аст. Шояд сазовори муҳаббат ва ғамхорӣ ва посухгӯ ба талаботи Сарвари давлат кор карда натавонистем. Агар мо эътиқод ба он дошта бошем, ки суханони Президенти мамлакат дуруст ва воқеияти имрӯзӣ ҳастанд, пас бояд, пеш аз ҳама, эътироф кунем, ки мо иштибоҳ кардаем. То ин иштибоҳи худро эътироф накунем, онро наметавонем ислоҳ намоем. 

 

ТОҶИКИСТОН НАБОШАД, ТАНИ МАН МАБОД

Тамоми ин ҳама ҷаҳду талош, ислоҳи маориф ва илм, ёфтани пул ва сохтани роҳу мошину хона танҳо ба хотири як ҳадаф аст: таъмини бақои миллати тоҷик ва тадовуми давлати Тоҷикистон. Дар меҳвари суҳбатҳои Роҳбари давлат баҳси таърихи гузашта ва ояндаи миллат матраҳ буд. Зиндагии Сарвари давлат дигар ба худаш тааллуқ надорад, сарнавишти ӯ ба сарнавишти миллат рақам хӯрдааст. Бинобар ин, ғайри ихтиёр, бисёр бо назокат ва фаросати олӣ баҳси илмии назарияи қавмзоиро матраҳ намуданд, ки, албатта, на ҳама ба он пай бурд. Вале бояд гуфт, барои касоне, ки аз асли қазия огоҳанд, ин бахши суҳбатҳои Президенти кишвар такондиҳанда буд. Таърихшиносону донишмандони нисбатан огоҳи мо ҳамеша аз назарияи иштиёқ ё пассионари Лев Гумилёв шикоят ва эътироз доранд. Аммо ҳеҷ касе натавонистааст, ба ӯ посухи сазовор диҳад ва онро рад кунад ва ё ҳарфе роҷеъ ба он гуфта бошад. Сарвари давлат бо таҷрибае, ки аз таърих ва зиндагӣ андӯхтаанд, хулоса ва бардошти худро аз ин назария баён намуданд. Бо хитоб ба олимони тоҷик бо як ҷумлаи маънидори илмии таърихӣ баён доштанд: “Завқи зиндагӣ дошта бошед”. Дар пушти ибораи “завқи зиндагӣ”, “шӯри зиндагӣ” ё “иштиёқи зиндагӣ” (пассионар, pasionaria) сарнавишти ҳамаи миллатҳои ҷаҳон, аз таваллуд то фано, нуҳуфта аст.  

Мазҳ ҳамин таъкиди нозуки Ҷаноби Олӣ барои баёни ин андешаҳо моро такон дод. Ин гуна таъкид баёнгари вусъату умқи андеша ва огоҳии Роҳбари давлат аз таърих ва назарияҳои таърихии қавмзоӣ (этногенез) ва нигаронии онҳо аз сарнавишти ояндаи миллат аст. Зеро иштиёқ ё завқи миллат барои зиндагӣ зербинои тамоми аъмоле мебошад, ки як қавм, як миллат осоре дар таърих ба ҷо мегузорад. Завқи зиндагӣ ҳамчун муҳаррики асосии қавмзоӣ ва рушди миллӣ дар тамоми марҳалаҳои рушди як миллат, аз зуҳур то фано амал мекунад.      

Албатта, дар чаҳорчӯби баҳси мазкур маҷоли пардохтан ба масъалаи қавмзоӣ вуҷуд надорад, вале масъалаи эҳёи миллиро, ки ҳадафи аслии Сарвари давлат аст, ҷудо аз назария ва масъалаи қавмзоӣ наметавон баррасӣ кард. Зеро эҳё масъалаи қавмҳои бо собиқаи таърихӣ ва мутамаддин аст. Ва мо тоҷикон яке аз он қавмҳои мутамаддин ё тамаддунофар ҳастем. 

Гап сари ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба он чи қавмшиносон ва назарияҳои қавмзоӣ этногенез талқин мекунанд, кас метавонад аз ояндаи эҳёи миллатҳои бостонӣ ва мутамаддин, ки дар дарозои таърих дучори шикасту рехт шудаанд, ноумед шавад. Зеро бар асоси ин назарияҳо, умри қавмҳо, яъне миллат, дар баҳс ва таърифи имрӯзии мо, мисли як организми пӯё  ва зинда аст, марҳалаҳои зуҳур, ташаккул, авҷи қудрат, пойдорӣ ва таназзулу фаноро дар бар мегирад. Л. Гумилёв дар асари маҳшури худ “Иштиёқ ва зисткураи Замин” умри қавмро то 1500 сол медонад ва мегӯяд: “Шумо қавмҳои ҳоким ва соҳиби тамаддуни хосро дар ҷаҳони 2000 соли пеш ба хотир биоред ва бигӯед, ки кадоме аз онҳо боқӣ мондааст?”. Л. Гумилёв марҳалаҳои умри қавмро, ки ба он тули 1200 то 1500 солро медиҳад, ба сурати зайл муайян кардааст: “0 сол (оғози ҳисоб); давраи нутфагузории қавм; зуҳур ва афзоиши иштиёқ; болоравии босуръати иштиёқ барои зиндагӣ; марҳалаи тағйирёбии иштиёқ то ҳадди аксар. Афзоиши босуръати қудрати қавмӣ; шикаст ва пастшавии шадиди иштиёқ; ҷангҳои шаҳрвандӣ, тақсимшавии як воҳиди этникӣ ба чанд воҳиди этникӣ; таназзули иштиёқ ба поинтар, сатҳи муқаррарӣ ва ниҳоят дар миёни 1150-1500-солагӣ марҳалаи ёдбуд ва аз даст додани тамаддун. Азоби виҷдон – фаромӯшии комили қавм дар таърих. Марги қавм”.

Акнун, мо бояд дар ин нақша ё формула наҳаросида марҳалаи умри қавми худро пайдо кунем ва амалан ин назарияро бо талоши худ инкор намоем. Эҳё ба миллатҳое дахл дорад ва зарур аст, ки аксари ин марҳалаҳоро пушти сар гузоштаанд. Дақиқан, агар миллат дар марҳалаи авҷи иштиёқ барои зиндагӣ ва ҷаҳонкушоӣ қарор дошта бошад, ниёзе ба эҳё надорад. Дар назарияи Л. Гумилёв иштиёқ муҳаррики аслии зиндагии қавмӣ маҳсуб мешавад. Ӯ баҳси иштиёқ ва муштоқ (пассионар ва пассионарность)-ро дар меҳвари назарияи миллатсозӣ матраҳ мекунад ва умри қавмро ба дараҷаи давомнокии иштиёқ дар вуҷуди қавм (хонда шавад миллат) ва аъзои он марбут медонад. Дар даврони авҷи қудрати қавм масъалаи алтруизм, яъне омода будани ҳар фарди ҷомеа барои худқурбонӣ ба хотири қавм ва ҳамқавми худ, бисёр муҳим дониста мешавад (худкушии афроди бархе ҷомеаҳо барои ақида, ки шоҳид мешавем, дар ростои ҳамин назария ё қонунмандӣ қобили арзёбӣ аст). Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Л. Гумилёв қавмиятро дар назарияи пуршӯри қавмзоӣ як падидаи биосферӣ ва ғайрииҷтимоӣ медонад. Зикри ин баҳси илмӣ ба манзури шинохтани марҳалаи умри таърихии миллат ва зарурати эҳёи миллӣ муҳим аст.  

Ҳоло баҳс сари ин аст, ки акнун бо таваҷҷуҳ  ба он чи гуфта шуд, оё дар ҳақиқат эҳёи дубораи миллатҳои тамаддунофар имкон дорад? Албатта, назарияи Л. Гумилёв на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз маҳфилҳои илмӣ мавриди баҳс ва эътироз аст. Аммо дар ҳақиқат касе ҳам онро сазовор инкор накардааст.

Албатта, даврони эҳёи Аврупо ҳамчун як намунаи боризи эҳё дар таърихи башарият бо ҳамаи абъодаш ба нишон омадааст. Дар Аврупо чӣ эҳё шуд? Ба як ибора эҳёи Аврупо раҳоӣ аз чангол ва истибдоди дин ва руҷуъ ба таърих ва тамаддуни Юнону Рум буд. Маҳз руҷуъ ба таърих дар меҳвари андешаи эҳёи Аврупо қарор дошт ва дар тамаддуни қадим дар тимсоли Аврупои нав, балки даҳҳо миллат дар хокистари Юнони қадим қад барафрохт. Ин қонунмандии раванди қавмзоӣ аст. Аммо руҷуъ ба таърих ба хотири чист? Маҳз ба хотири зинда кардани “завқи зиндагӣ” дар вуҷуди қавм! 

Ҳамагӣ 70 сол пеш Чин дар вартаи парокандагӣ ва нобудӣ қарор дошт. Чиниҳо яке аз ҳамон панҷ миллати офарандаи тамаддуни башарӣ аст, ки тавре зикр шуд, агар ба назарияи Л. Гумилёв бовар кунем, дар охирин марҳалаи умри қавмии миёна қарор дошт. Вале имрӯз иқтисоди дувуми ҷаҳон аст. Бояд гуфт, ки ҳаракати коммунистӣ на танҳо Чинро эҳё кард, балки минтақа ва ҷаҳонро аз шарр ва пайомади фасод ва парокандаву бесарнавишт шудани миллати бо қариби 1,5 миллиард ҷамъият наҷот дод. Мао Зедун, зимни аввалин муроҷиати худ ба миллаташ ба ҳайси роҳбари Ҷумҳурии халқии Чин, гуфт, ки Чин акнун ҷумҳурӣ аст, император надорад, балки ҳар чинӣ як император аст. Ӯ бо ин кор ба ҳар як фарди ҷомеа эътимод ба нафс дод ва дар айни ҳол хост ба решаҳои таърихии миллати худ руҷуъ кунад. Чин ҳоло дар ҳоли эҳё қарор дорад, он чӣ мебинем, ҳанӯз марҳалаи рушд ва “авҷи иштиёқи” қавми эҳёшудаи Чин барои зиндагӣ нест, бо эҳтимоли зиёд асри оянда асри “авҷи иштиёқи баланди” Чин хоҳад буд. 

Ангезаи аслии эҳёи Аврупо ва Чинро руҷуъ ба таърих ва фарҳанг ташкил медод. Эҳёи Аврупо бо бастани дари калисо, ҷудо кардани дин аз давлат ва умуман, коҳиши нақши дин дар зиндагии ҷомеа ва фард анҷом шуд. Ҳоло дин камтарин нақшро дар зиндагии ҷомеаҳои аврупоӣ дорад.

Масъалаи мо фарқ мекунад. Умед ва имконоти мо барои эҳё бештар вуҷуд дорад, балки он шуруъ шудааст. Мо имкони бештар барои эҳё дорем, зеро мо танҳо миллати классикии ҷаҳон боқӣ мондаем, тавассути забон ва осори оламшумуле, ки дар ин забон мавҷуд аст. Мо танҳо миллате дар дунё ҳастем, ки забони 1200-1400 сол пеши худро бе тарҷумон мефаҳмем, балки бо ҳамон забон гуфтугӯ мекунем. Мутмаинан, агар имрӯз ба решаҳои худ руҷуъ накунем, дар пайи эҳёи миллӣ ба маънои аслии калима набошем, бо вуҷуди ҳамаи талошҳои Сарвари давлат боз ба 1400 соли пеш бар хоҳем гашт. Роҳи наҷот ва роҳи эҳё касби истиқлоли фикрӣ аз тасаллути фикрии 1400- солаи пеш аст. 

Мутобиқи назарияи маърифатшиносии Л. Гумилёв миллатҳо дар марҳалаҳои ҳассоси ташаккули худ ба “таконбахши иштиёқ” (пассионнарный толчок) барои худогоҳии қавмӣ ва бақои умр ниёз доранд, то худро таҷдид ва бозсозӣ ва эҳё кунанд. Ин гуна таконбахш дар сарнавишти қавму миллатҳо метавонад таҳаввулоти азими иҷтимоӣ, зуҳури динҳо ва пайғамбарон, ҳаводис ва фоҷиаҳои мудҳиши табиӣ, тағйири куллии иқлими минтақа ё зуҳури шахсиятҳои фавқулодаву мунҳасир ба фард дар сарнавишти миллатҳо маҳсуб шаванд.   

Ин ҷо, бидуни шак, бо таваҷҷуҳ ба корнамоиву зиндагии Президенти мамлакат, дар равшании назарияи матраҳнамудаи Л. Гумилёв метавон қотеона хулоса намуд, ки дар нақши “таконбахши иштиёқ” ё тавре худашон баён намуданд эҳёгари “завқи зиндагӣ”-и миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи охир Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кардаанд. Бинобар ин, бар асоси ин назарияи илмӣ Пешвои миллат хитоб намудан ва шумурданашон як амр ва қонунмандии табиӣ аст. Зеро бо қомати устувор, бо барафрӯхтани шуълаи маърифати миллат, то кунун собит намуданд, ки миллати тоҷик бо ҳамаи солхӯрдагӣ ҳамоно ҷавон ва неруманд аст.

 

Раҳматкарими ДАВЛАТ,

директори Маркази мероси хаттии АМИТ

Санаи нашр: 14.06.2024 №: 113

https://jumhuriyat.tj/bahsho/3568-takonbahshi-ishtie-va-zavi-millat-baro...

Ҳар таҳаввули сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие, ки дар марҳалаҳои гуногуни тарихи ҳар кишвару қавму миллатҳо, ки ба ҳукми замон мегузарад, дар адабиёт нақши муассире гузошта мавриди қазовати мхсусе қарор меёбад.

          Дар тули асрҳо баробари дигар мавзуоти ҳали зиндагии ҷомеа, масъалаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳамрайъиву ҳамзабонии халқҳо ва мавзуъҳои ҳассос ва ҳаётан муҳими осори пешвоёни илму адаби гузашта ва муосир мебошад.

          Бузургони илму адаб дар ҷараёни шарҳу тафсири масъалаи ихлос, пайвандҳои якдилӣ, ҳамрайъӣ  дар ҳама бахшҳои зиндагӣ зарур ва ҳатмӣ дониста, ба ташвиқ ва таблиғи онҳо пардохтаанд.

          Ваҳдате, ки миёни халқҳо дӯстӣ ва сулҳу салоҳ барқарор намуда, амали дар тору пуди ҳаёти аъзоёни ҷомеа натанад, мардум огоҳона моҳият ва суду ягонагиро дарк накунад ва ҳадафи муштарак падид наояд, танҳо cамти  фаъолияти худро шинохта ва мувофиқи талаботи ин марҳилаи ҷадиди таърихӣ таъин намуда ба саҳми он дар пешрафти умур имрӯз ва фардои зиндагии навин арҷе ва шукронае қоил мебошад, дигар аст.

Гузаштагони мо, ки перомуни ваҳдат ва иттифоқ сухан рондаанд, дӯстӣ ва рафоқатро сиёсати усулан дурусти мамлакатдориро асоси пойдории давлат ва амнияту осоиши мардумон дар мақоми васф оварда, чандин масоил ва мавзуоти маънавии дигарро ба он пайванд шинохта, ба тарзи кулл назари худро дар саҳифаҳои осорашон баён намудаанд.

Шоҳбайтҳои Рӯдакии бузургвор, ки дар ин мавзуъ эҷод кардааст дар дарозои таърих аз аср ба асре чун ҳикмати бобоӣ аз соле ба соле, чун андарзи аҷдодӣ, чун сухани ноби дирӯзӣ дар ҳама маҳфилҳо, гирдиҳамоиҳо, нишастҳои хосаи расмӣ, меҳмондориҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, даври ҳамоишҳои хонаводагӣ вирди забонҳо мебошанд. Байтҳои зайл аз силсилаи ҳамин гуна  абёт аст:

 

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

 

Файзи дидори дӯст, нишаст ва  масаррати аз дидори дӯст ҳосил омада ниҳоят ҷонбахш ва фараҳафзо буда, дар вазъу муҳите, ки ҷомеа ором, дӯст ва якдилу якзабон бошанд, пояҳои ваҳдатро истеҳком мебахшад. Ҷойе ки дӯстӣ ҳукмфармо бошад, ҳеҷ боке аз рӯйи додани парешониҳо ва ташвишу изтироби хатари зуҳури ҳаводиси номатлуб пайдо нахоҳад буд.

Дӯст сипари дӯст ва дӯстӣ сипари ҳамдилон ва якзабонон зери ливои ваҳдат хоҳад буд.

Ҳаким Фирдавсии бузургвор дар асари мондагори худ “Шоҳнома”, таълим ва таъкид менамояд, ки набояд аз дӯстӣ ҳақиқии якдилу якниҳод, ҳеҷ чизро дареғ набояд дошт:

 

Надорӣ дареғ он чи дорӣ зи дӯст,

Агар дида хоҳад, агар мавҷу пӯст!

 

Чунин дӯстон шоистаи эҳтиром ва боварӣ мебошанд, зеро эшон бо маслиҳату машварат раҳнамудҳои хайрандешона дӯстро, мардумонро дар маҷмуъ ба ҷодаҳои хайру савоб, одамият ва иттиҳоду иттифоқ раҳсипор хоҳад намуд.

Ба қавли Ибни Сино  ва Саъдӣ  аз дӯстони дурӯй, дуранг, мунофиқ ва фитнаангез хоса душмандӯст дурӣ бояд ҷуст.

Ибни Сино мефармояд:

 

Бо душмани ман чун дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

 

Саъдӣ фармудааст:

 

Бишӯй эй хирадманд, аз он дӯст даст,

Ки бо душманонат бувад ҳамнишин.

                                                                                       

          Устод Рӯдакӣ ҳам дар мақоле ҳамин матлабро қаблан бо алфози дигаре чунин гӯшрас сохта буд:

 

Яке олуда бошад, ки шаҳреро биёлояд,

Ки аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихан.

 

Аз ин тоифа дурӣ гузиданро дар ин байт маслиҳат додаст. Дурӣ ва безорӣ аз чунин, бо қавли устод  “олудаҳо”,  зарур ва ҳатмӣ мебошад, зеро  бадамалиҳои онҳо иттиҳод ва фазои дӯстона ва хайрхоҳонаи ҷамъиятро хароб хоҳанд кард.

Бузургони пешин гаштаву баргашта таълим додаанд ва таъкид намуданд, ки  “ёриву дӯстӣ ва ёрони мувофиқ ва дӯстони содиқ кун, ки дӯстии дӯстони кисаву коса ва дӯстиву ёрии ёрони пиёлаву наволаро бақое нест.”

Фирдавсӣ ҳамон ғояти иттиҳод ва иттифоқро дар байте дигар бо обут тоби тозатаре чунин ба қалам овардаанд:

 

Агар пушт яксар  ба пушт оваред,

Бару буми душман ба мушт овардед.

 

Ҳамин матлаб дар “Шоҳнома” бо нақшу нигори дигар ва рангу бӯйи дигар ва таъкиди зарурат ва нерӯи азими ваҳдат омада, хонанда ва шунавандаро ба ягонагиву якдилӣ, ба фикру андеша ва идрок водор месозад:

 

Чу ҳампушт бошед бо ҳам равон,

Яке кӯҳ кандан зи бун бартавон.

 

Саъдии бузург  падари мавъиза, омӯзгори хислатҳои ҳасанаи инсонӣ, ваҳдат, иттиҳод ва иттифоқ чунон ки болотар хотирнишон гардид, тамоми сокинони паҳнои ҷаҳонро, на як кишвару халқеву қавму қабилаеро зарур ва ҳатмӣ мешуморад, ба оромӣ ободӣ, сулҳу салоҳ ва пешрафти ҳамаро дар ягонагӣ, ҳамраъйӣ ва ҳаминонӣ медонад. Қитъаи

    

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор.

Дигар узвҳоро намонад қарор,

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

 

намунаи барҷастаи ин муддаост.

          Нахли дӯстӣ ба ақидаи вай сайри якдилӣ, ваҳдат ва амну рафоҳият ба бор хоҳад овард, фосилаҳо, дуриҳо ва ҷудоипазириҳоро, уқдаҳо,  кинаву адоватро аз миён бардошта, ақлҳоро ба ҷойгоҳи меҳр, сафо ва самимият, улфат ва ҳамдилӣ табдил хоҳад дод.  Мирзо Абдулқодири Бедил ҳам ба пайравӣ, тақвият ва таъйиди назари Саъдӣ  ҳушдор медиҳад, ки аз қудрати иттифоқ. ки нерӯи тавоно ва назир аст, набояд ғофил шуд.

    

Аз қудрати  иттифоқ ғофил нашавӣ,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.

 

            Ёриву бародарӣ, дӯстӣ ва рафоқат, ҳамкорӣ дар бахшҳои  мухталифи  ҳаёт бо ёрони мувофиқ дӯстони содиқ бояд кард, зеро дӯстии ёрони кисаву коса ва ёрии ёрони пиёлаву наволаро чунон ки таъкид шуд, баҳое нест.

    

Дар шумори ёр касеро шумор,

К-ӯ бувад андар ғаму шодит ёр.

 

Ва дӯстиву ҳамдилӣ  силсилаи гуфторҳои ҷолибе дорад, ки дар тарбияи маънавии инсон ниҳоят судманд ва дар зиндагии воқеии ҳаррӯзаи ҳар фард нақши муассире хоҳанд дошт.

          Ин бузургмард  ҳикмат ва андарз таълим медиҳад, ки нерӯи ҷамъият ва ваҳдати ӯст. Вай мисол меорад, ки риштаҳои ҷудо-ҷудоро ба осонӣ метавон  канду пора–пора  карду фурӯ нишонд.  Аммо чун ин торҳо ба ҳам пайванданд, қувва ва нерӯи дигар дармеёбанд, то ба ҳаде мерасад, ки ҳатто паҳлавони номдор Исфандиёр ҳам онҳоро  аз ҳам канда наметавонад.

          Дар қитъаи дигар низ шайхи бузургвор  ҳамин мавзуи иттиҳод, иттифоқ, дӯстӣ ва ҳамбастагиро бо дарназардошти аҳамияти фавқулода бузургаш дар зиндагии ҷомеа, бо обу тоби дигар барҷастатар, ошкортар ва фаҳмотар, таъкид намудаанд:

    

Чун шамъ шавад панҷ ангушт,

Гарданд ба фарқи душманон мушт.

Ҳар панҷа зи ҳам ҷудо бимонад,

Ҳар тифл шикастанаш тавонад.

 

Дар аксари нобасомониҳои  иҷтимоӣ ва умуман парешониҳои вазъи  зиндагӣ, заволи давлатдорӣ ва гурехтани назми шерозаи робитаҳои миёни мардумон, коҳиши суръати пешрафтҳои илмӣ ва фарҳангиро дар намондани ё саҳеҳтараш заъфи нерӯи иттиҳод ва иттифоқ чун омилҳои асосии рушду такомул дида ва ёдрас намудааст.

          Саъдӣ, чунон зикр шуд, чун марди  ҷаҳондида, гарму сарди рӯзгор кашида, талху шӯри зиндагӣ чашида ва мардумони гуногун аз ҳар қавму қабила дида ва ҳикоёту ривоёти зиёде шунида то ба ҳадде иттифоқ, иттиҳод ва нерӯи азими ҳамбастагиро зарур медонад, ки гашта ва баргашта онҳоро таъкид менамоянд.

          Дар байте ӯ ин мавзуъро дунбол карда, боз як бори дигар ёдоварии онро лозим медонад. Дар ҳамин такрор ҳам аҳамияти ваҳдат, якдиливу ҳамрайъиро махсус қайд карда мегузарад:

      

Ришта то яктост, онро зӯри золе бугсилад,

Чун дуто шуд, оҷиз ояд аз гусасташ Золи зар!

Гул ки танҳо бӯйи, охир хушк гардад з-ӯ димоғ,

В-ар шакар танҳо хурӣ, ҳам гарм гардонад ҷигар.

З-ин ду танҳо ҳеҷ қувват н-ояд андар ҷону дил,

Қуввати ҷонрову дилро гулшакар беҳ гулшакар!

 

Гулшакар, яъне қанду шакари бо гулоб навъе аз гули садбарг, ки аксар чун даво дар баъзе бемориҳо, хосса ҳангоми бемории дил истифода мешавад. Имрӯз ҳам ин маъҷун дар кишвари мо ва мамолики ҳамҷавору ҳамсоя чун Эрон, Афғонистон, Ҳинду  Покистон ва амсоли инон мавриди истеъмол мебошад.

          Ҳукмрон ба қавли Саъдӣ ва дигар арбобҳои номии гузашта бояд дурандешӣ, бомулоҳиза ва доно бошад, ҳамбастагии халқҳоро мустаҳкам нигоҳ дорад, дӯст аз душман ва ҳақро аз ботил тафовут шинохта тавонад. Ваҳдат ва ҳамбастагии ҳалқҳо, комёбиҳои онҳо дар бахшҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ватан, сулҳу салоҳ, дӯстӣ ва рафоқат миёни ҳама сокинон устувор ва самимона бошад.

          Саъдӣ дар бисёр қисматҳои осораш таъкид менамояд, ки “Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг”

          ё худ:

    

Агар сулҳ ҷӯяд адӯ сар мапеч,

В-агар ҷанг ҷӯяд, инон бар мапеч!

                       

Байти машҳури Саъдӣ ин матлабро равшан, фаҳмо ва қаноатбахш инъикос  менамояд:

    

Ба ширинзабониву ҳилму хушӣ,

Тавонӣ, ки пиле ба мӯйе кашӣ.

 

          Бояд дар амри ҳимояти ватан, ободӣ ва шукуфоии он, ҳамчунин дигар масоили мубрами зиндагӣ, ҳама якдилу якраъй, ҳамзабон, ҳамдӯш ва ҳамсадо бошанд ин ҳол дар ҳама мавридҳо чунон ки болотар таъкид шуд, гарави пирӯзӣ ва комёбиҳо хоҳад шуд:

    

Агар ду бародар ниҳад пушт ба пушт,

Тани кӯҳро хок монад ба мушт.

          Саъдӣ чун омӯзгори хислатҳои ҳасанаи инсонӣ, иттиҳоду якпорчагии одамонро шарти асосии осудагӣ ва амну рафоқати халқҳо  ва ободии мулк  медонад.  Ӯ ваҳдат ва иттифоқи  тамоми сокинони паҳнои ҷаҳон,  на як  кишвару на як маҳаллу  халқеву қавму қабилаи ҷудогонаро зарур ва ҳатмӣ мешуморад. Вай ин ғояро ба таври ҷиддӣ, ҳатмӣ ва бо назардошти аҳамият ва зарурати умумибашарии он таблиғ менамояд.

          Қитъаи зайл, ки дар боло чун мисол оварда шуда буд, ҳақиқати ин матлабро бори дигар собит хоҳад кард.

          Ҳоло такрор ҳам бошад, он қитъаи таърихии ҷовидонаро бори дигар ёдовар мешавем:

    

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор.

Дигар узвҳоро намонад қарор,

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

 

Яке аз омилҳои муҳими истеҳкоми пояҳои ваҳдати миллӣ, иттиҳод ва иттифоқ, таъмини ягонагии ишқу  алоқаи марду зан дар ҷомеа илова бар дигар омилҳо, усули саҳеҳ ва одилонаву оқилона мамлакатдорӣ, давлатдорӣ,  шеваҳои куҳани аслӣ ва раиятпарварӣ  мебошад.

          Мардумон дар шахси роҳбарон, масъулини идораи мулк муттакои худро мебинанд ва аз ин илҳом ёфта, дар беҳбудии ҳоли ватан ва сокинони он камари саъю кӯшиш бештар, қавитар мебанданд, шавқи зиндагӣ, инсонвор  зистан, дӯш ба дӯши ҳам гузошта, дар ҳалли масоили муҳимми зиндагӣ якдил будан, онҳоро комёбиҳои тоза ба тоза дар ҳама ҷабҳаҳо ноил мегардонад.

          Яке аз омилҳои дигари истеҳкоми пояҳои ваҳдат, илова бар он чи ки инсон ба хотири шукуфоии ватан, осудагии ҳамнавъон, тарбияи насли наврас, ба гуфти Саъдӣ тарки дарандахӯӣ, тиработинӣ, дилозорӣ ва номеҳрубониҳо намоянд ҳамаро ёру бародари хеш бубинад ва эҳтиром намояд,  аз бегонагиҳо, фитнаҳо, хусуматҳо, нотавонбиниҳо сарфи назар кунад, ҳаддалимкон  дар боби тавсиа ва истеҳкоми пояҳои дӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқи якдигар, молу ҷони ҳам ва хушнудиву хушҳолии фарзандон саҳмгузор бошанд.

           

Саъдӣ ба инсон хитоб  намуда мефармоянд:

 

Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,

Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.

 

Одамон бе дастгирии якдигар, меҳру улфат миёни ҳамдигарӣ хушбахт нахоҳанд буд:

    

Як гули мақсуд дар ин бӯстон,

Чида нашуд  бе мадади дӯстон.

           

Саъдӣ гаштаву баргашта нерӯи азими ваҳдат ва якпорчагиро таъкид намуда, ба ин восита аҳамияти ҳаётии онро таблиғ ва гӯшрас менамояд.

          Дар қитъаи машҳури зайл ин матлаб боз чунин ба қалам омадааст:

    

Пашша чу пур шуд  бизанад пилро,

Бо ҳама мардиву салобат, ки ӯст.

Мӯрчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

          Саъдии бузургвор чун дигар суханварони номии гузашта  ва муосир дар маслаки башардӯстӣ, хайрхоҳӣ ва савобандешии худ нисбат ба инсон, хоса инсони нек фаъол ва хайрандеш устувор ва пойдор аст. Ин ҳисси некхоҳӣ ва некандешии ӯ сарорсари осор ва афкору андешаҳои ӯро фаро печидааст.  Ӯ дар ҳақиқат мунодии сулҳу оштӣ, осудгӣ ва ягонагии халқу меҳани азизаш буд. Ин суханвари фарзона мусовоти ҳамаи мардумон ва нажодҳоро ба миён гузошт, ки дар қитъаи шеъри машҳураш “Бани одам” нақши ҷовидонӣ баст.

          Ин дар зоти худ даъвати ҳама халқон ба иттиҳод, иттифоқ, якдилӣ, ҳамзабонӣ, дастгирии ҳамдигар, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ ба ҳамнавъон, муоризаи дастаҷамъӣ алайҳи ғосибон, тороҷгарон, фитнаангезон буд ва ҳасту хоҳад монд.

          Дар мулоқотҳо ва баёнияҳояш Президенти муҳтарами кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон доимо дар бораи ҳамбастагӣ, ваҳдати ягонаи миллати тоҷик ҳарф зада аз минбарҳои бонуфузи дунё кишвари соҳибистиқлоли моро, ки дар фазои  ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ рӯ ба инкишоф аст, ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодааст. Ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон макони дӯстдошта ва дидании ҳазорон мардуми хориҷи кишвар қарор гирифтааст. Ва ҳамчунин мояи ифтихори тамоми тоҷикони бурунмарзӣ қарор дорад. Чашми умеди онҳо ба сӯйи Тоҷикистон аст. Ҳеҷ як қувва қудрати онро надорад, ки ваҳдату ягонагии мардуми тоҷикро барҳам занад. Тоҷикистон ватани сулҳу амонист.

            Ман мутмаинам, ки минбаъд ҳам садҳо ҷилд китобҳо навишта хоҳад шуд.

           

Сайдхоҷа Ализода,

н.и.ф., ходими пешбари илмии

Маркази мероси хаттии АМИТ

 

Имрӯз (30.05.2024) дар “Кохи Вадат” мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф доир гардид. Дар ин мулоқот олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодони макотиби олӣ, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ ширкат варзиданд.

Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар бораи дастовардҳои беназири кишвар дар тули 30 соли даврони истиқлолият маълумоти ҳаматарафа дода, қайд намуданд, ки имрӯз ҷомеаи мо барои боз ҳам рушду тараққӣ карданаш ба олимону мутахассисони варзида ниёз дорад. Вазифаи аввалиндараҷа ин аст, ки тамоми ташаббусҳое, ки дар самти ихтироъкорӣ пайдо мешавад бояд дастгирӣ карда шаванд. Кадрҳои илмии ҷавони болаёқат дар ҳама соҳаҳои илм ҷалб карда шаванд. Мо бояд роҳро барои рушду пешравии ҷомеаи солим ҳамвор созем. Ҳадафи асосии мо, таъкид намуд, Пешвои миллат, тамоми шароитҳоро барои инкишофи илм ва тақвияи зеҳнӣ омода намоем. Чунки илм яке аз соҳаҳои муҳимми пешрафти кишвар мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар бораи рушди тамоми соҳаҳо дар кишвар маълумот дода, дар муддати на чандон зиёд дар бораи дастовардҳои кишвар ҳарф зада, ба тариқи муқоиса рушди кишварро дар тамоми соҳаҳо дар нисбати 70-соли гузаштаи замони Иттиҳоди шуравӣ маълумот доданд. Воқеан барои ҳар як зиёии кишвар мояи ифтихор аст, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари дар вартаи ҳалокат қарорёфтаро аз сирф бунёд сохт ва бо талошҳои шабонарӯзаш имрӯз он ба як кишвари шинохта дар сатҳи байналмилалӣ қарор гирифт. Ҳамаи дастовардҳои беназир дар мулоқот мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

          Президенти кишвар ғамхории ҳаматарафаи худро дар ҳимояи илми тоҷик ва олимони тоҷик баён карда  қайд намуданд, ки баъд аз пош хӯрдани Ҳукумати Шуравӣ қариб дар аксари ҷамоҳири собиқи Шуравӣ академияҳои улум барҳам дода шуданд, аммо новобаста ба шароити сахттарин мо нагузоштем, ки ин ниҳод дар Тоҷикистон аз байн равад. Ба хотири ҳифзи илми тоҷик ва олимон талош намудем, ки  академияи илмҳо барпо монад.

          Мо олимон аз ғамхории ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат сипосгузорем, ки барои олимони машҳури кишвар стипендияи махсус таъйин карданд. Илму олим дар Тоҷикистон маҳз бо туфайли ғамхории ҳамаҷонибаи раҳбари кишвар хор нашуд ва олимони тоҷик пароканда нашуданд.

          Пешвои муаззами миллат дуруст таъкид намуданд, ки вазъи имрӯзаи илм ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар соҳоти гуногуни илми тоҷик нигароникунанда аст. Президенти кишвар қайд намуданд, ки ба хотири кумаки ҳаматарафа ба илми тоҷик Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода шуд, то ин ки олимони ҷавони тоҷик тавонанд рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ намуда, барои миллату кишвар хизмат кунанд. Аммо рафти омодасозии мутахассисони ҷавон нигаронкунанда аст. Нуқсонҳо вуҷуд дорад. Кадрҳо кам ҳимоя карда истодаанд. Истеҳсолот, хоҷагшии қишлоқу корхонаҳои саноатӣ ба олимон ниёзи калон доранд. Тадқиқотҳои илмӣ дар истеҳсолот хело кам татбиқ карда мешаванд.

          Дар мулоқот Президенти кишвар таъкид карданд, ки ҳамеша олимон дар мадди назари мо қарор доранд. Садҳо нафар олимони кишвар қадрдонӣ карда шудаанд.

          Ба хотири самарабахш гаштани илми тоҷик, қайд намуд Пешвои миллат, таҷдиди сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зарур аст. Технологияи замонавӣ дар  лабораторияҳо,  озмоишгоҳҳо умуман вуҷуд надорад ва намерасад. Паркҳои технологӣ хело кам аст. Имрӯз магистранту докторантҳо ҷойи таълим гирифтан надоранд, ки ин ҳам як таъсири манфӣ дар тарбияи олимони ҷавон расонида метавонад. Мо бояд пеш аз ҳама барои онҳо тамоми шароиту имконотро фароҳам биёрем. Сатҳи ниҳоят пасти кормандони илмӣ ба он оварда расонидааст, ки ягон тадқиқоти мушаххас иҷро нашудааст.

            Президенти кишвар дар бораи нарасидани мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногун ибрози назар намуданд. Аз ҷумла таъкид карданд, ки имрӯз Тоҷикистон ба геологҳои варзида ниёз дорад. Кишвари мо дорои тамоми сарватҳост. Танҳо геолог метавонад, ки ин сарватҳоро ба манфиати халқу кишвараш дасрас кунад. Солҳои сол онро дигарон истифода мебурданд.

          Мо солҳои сол қайд карданд, Пешвои миллат, шоҳиди ҳол будем, ки на ҳама вақт ҷавонон аз тарафи калонсолон ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд. Баъзан шояд аз бахилӣ ҳам бошад. Дар ҳамин замина ба суннатҳои волои гузаштагонамон ишора карда аз аҳли илм, ки дар толор ҳузур доштанд  даъват карданд, ки ҳамон мактаби устод ва шогирдро бояд эҳё кунем. Ин анъана дар таърихи халқи мо пайванди бесобиқа дорад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз абадан намемонад. Кас ҷойгузини каси дигар мешавад, яъне шогирд ба ҷойи устод, таъкид намуданд.

          Пешвои миллат хайрхоҳона аз раванди сусти ҳимояи корҳои илмӣ нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки барои дастгирӣ ва рушди илми тоҷик ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шавад ва боиси хушист, ки ба кумитаи сохтмони кишвар дастур доданд, ки барои омода намудани лоиҳаи бинои нави академияи илмҳо бо машварати олимон кашида шуда, дар он тамоми имконотҳо барои рушди ояндаи илми тоҷик ба инобат гирифта шавад.

          Дар ин мулоқоти таърихӣ Пешвои муаззами миллат аз олимони кишвар даъват намуданд, ки дар таблиғ ва ташвиқи дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар бетараф набуда, бо ҷомеа ҳамеша дар алоқа бошанд. Мардумро тарбия кунанд. Дар бораи сару либоси миллӣ ва зуҳуроти номатлуб, пайравӣ ба фарҳанги бегонаро дар кишвар мавриди интиқод қарор дода,  аз олимон тақозо намуданд, ки дар бораи таърихи либоси миллӣ намунаҳои он дар гузашта тадқиқотҳои илмии густурда  намоянд. Мо бояд аз тоҷик будани худ ифтихор кунем. Мардумро ба омӯзиш ва китоб хондан бояд ташвиқ кунем. Таъкид намуд, Пешвои миллат. Хонандагон, ки дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд бо онҳо кор барем. Маҳз мо метавонем, ки аз байни чунин лаёқатмандон барои ояндаи ва пешбурди илми кишвар кадрҳои болаёқат омода созем. Бояд мо сазовори унвони Устод бошем.

Сайидхоҷа Ализода,

ходими пешбари илмии ММХ

 

(Чанд андеша дар ҳошияи мақолаи узви вобастаи АМИТ, профессор  Саймумин Ятимов ”Муаллими ман”.Фейсбук.05.05.2024)

 

Наҷмиддин Шоҳинбодов,

ходими илмии Маркази мероси хаттӣ

 

                                                                 “Инсон ҳамеша аз онҳое меомӯзад, ки

                                                                  дӯсташ медорад. Онҳоеро, ки мо аз онҳо

                                                                    меомӯземмуаллим номида мешаванд, аммо на

                                                                    ҳар касе, ки ба мо таълим медиҳад, сазовори ин

                                                                     ном аст”

                                                                                         (Иоганн Волфганг Гёте).

 

Шабакаҳои иҷтимоӣ  (Фейсбук) мисли баҳр  ҳастанд. Дар ин баҳр мори заҳрдор, тимсоҳи одамхӯр, наҳанги  хунхор, шамшермоҳӣ ва моҳии устухонхӯр мавҷуданд. Аммо моҳии тиллоӣ  низ ҳаст, ки тасодуф ба шасти одам меафтад.  Дирӯз аз “баҳри Фейсбук” моҳии тиллоӣ ба шасти зеҳни ман афтод. Мақолаи публитсистӣ, аниқтараш надиктар ба эссеи   узви вобастаи АМИТ, профессор Саймумин Ятимов таҳти унвони “МУАЛЛИМИ МАН” ҳайкали бузургтарин инсони ҷомеа-муаллимро тарошидааст. Мо то ба ҳол симо, хислату асолати таърихии муаллимро кашф накардаем. Ба он мисли “Сарбози гумном” саҷда мекунем, аммо сурату сирати ӯро намебинему намедонем. Инак публитсист ва олим   Ятимов сурати “муаллим,одами  соҳибақли давронсоз” (Надежда Крупская) хеле моҳирона ва табиӣ кашидааст.  “Ҳамаи  одамон муаллими дӯстдошта, муаллими зишти хешро доранд. Танҳо онҳое, ки фақат 6 сол умр дидаанд, муаллим надоранд” (Луи Арагон). Саймумин Сатторвич аз байни 5 миллион муаллим  дар симои Усмон Раҳмонов сурати нави инсонсозро офаридааст. 46 сол қабл муаллими ҳамаи омӯзгорони Бадахшон Шоҷон Шонаврӯзов (Ёдаш ба хайр) дар бораи муаллим китобе навишт. Тибқи ҳисоб  ӯ то ҳамон сол (солии 1978) ҳисоб карданд, ки дар Тоҷикистон 840 ҳазор омӯзгор дар 68 сол ба ин касб машғул буданд.  Ҳамаи ин теъдод мисли ду қутб- мусбат ва манфӣ барои шогирдон буданд. Муллими ман  Муборакқадам Некқадамов қариб ҳар рӯз такрор мекард. “Агар шумо савод нагиред, 250 сум маоши муаллим бароям ҳаром аст”. Баръакс муаллими   ҷуғрофия (Номашро зикр намекунам), мегуфт:  “Шумо  хонед ё нахонед, ба дарс меоед ё намеоед, ман 270 сумамро мегирам”. Публитсист  Саймумин Ятимов муллими деҳотии қаноапешаву содиқ ба касб, сабуру доно ва инсоншинос ва дар маҷмуъ соҳиби  тамоми ахлоқи ҳамидаи инсониро дар Усмон Раҳмонов  пайдо кардааст. Ва аз рӯи ин мақола  рассом ва ё ҳайкалтарош мисли “Модари миллат” асар эҷод кунад. Барои наслҳои фардо бояд  ҳайкали муаллимро созем. Бахусус дар давроне, ки дунёи технология, иттилоот, адабиёт электронӣ,  иттилооти маҷозӣ маърифат бузургии муаллимро ба умқи фаромӯшӣ бурдааст. Ва дар ибтидои солҳои навадум муаллим аз зинаи шуҳрат поин афтод. “Маро муҳтоҷии муаллим ба гӯштфурӯш сахт асабонӣ мекунад” (Чингиз Айтматов) Муболиға не, воҳима  низ намекунем, вале мо симои муаллимро аз осори  Арасту, Лев Толстой, Уинстон Черчил, Низомӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Мао Дун, Антон Макаренко, Мирзо Фатали Охундов, Эмомалӣ Раҳмон омӯхтем. Вале “муҳандиси бузурги руҳи  шогирдон” ин кашфиёти илми ҷомешиносӣ ва фалсафаи муосир аст, ки С. Ятимов пажӯҳиш намудааст. Ва он чиз ҷолиб ва боиси тарғиб аст, ки то ба ҳол мо муаллимро чун “меъмори равонии шогирдон” наомӯхтем. Ҳатто дар ягон китобҳои педагогика  ва психологияи 70 солаи мо дар ин бора ишора накардаанд. Дар ин бобат кишварҳои Аврупо нисбатан пешсаф шуданд. Аз қарни 18 муаллим дар макотиби Аврупо ба омӯзиши хислату равони шоирон даст задаанд. “Бузургтарин шодии муаллим он аст, ки шогирдаш ӯро таърифу тавсиф мекунад. Ман зиндагиро аз шогирдон омӯхтам.  Ман асабоният, куштани ғазаб, нафрат ба хушунатро  аз тифлакону талабагони мактаб  омӯхтам” (Шоир ва нависнади Англис Шарл Бронте).

Имрӯз ҳамаи шахсияти бузурги фаннӣ, император, шоир адиби ҷаҳон алломаҳо аз замони Руми қадим то ҳол муаллими дӯстдошта  мисли Усмон Раҳмонови худро доштанд. Аз байни садҳо муаллим ва ё даҳҳо муалим танҳо як Усмон Раҳмонов маҳбуби умум мегардад. Ва боз ба ин шарафи бузург дафъатан не, пас аз 80 сол насиб мешавад. Шояд Усмон Раҳмонов ягон унвону подоши моддӣ надошта бошад. Аммо имрӯз руҳи ӯ хуҳшол мешавад, ки мисли С. Ятимов шогирдро ба комол расондааст.

Олим Саймумин  Ятимов хеле моҳирона, ҳамзамон оқилона, зеҳну тафакурро ба баҳс мекашад. Мақоми тарбия, таълим ва афзалияти онҳо дар ҷомеа чӣ гуна аст, ҳамаи муаммоҳои камолоти инсонро фаро мегирад. Мактабро бори аввал Ятимов чун сохтор, муассисаи  муҳими ҷомеа ва давлат ба мади аввал гузоштааст. Дар асл ҳам  мактаб аз масҷид, донишгоҳ, оила, фарҳанг, ҳаргуна бунёду иншооту муассисаҳо болотар аст. Муаллифи дақиқназар  тарбияро аз таълим авлотар медонад. Ва онро чанд зина  болотар гузоштааст. Дар  ин самт С. Ятимов  “Дучархаи нав”-ро усткорона таъмиру таҷдид менамояд. Тарбия дар муҳит, оила, ҷойи кор, донишгоҳ аз тарбия дар мактаб маншаъ мегирад. Ин назаряи тарбияи  спартинии қадимро дар Руми қадим, Юнони қадим васеъ истифода мекарданд. Тарбия таълимро суфта ва ҳадафманд менамояд. Таълими бе тарбия “саратон”-и  ақл буда, самар нахоҳад дод. Овардаанд Шоҳи Оламгир хост писарашро мунаҷҷими аср кунад. Аз Юнон устоди  мунаҷҷими маъруф  оварданд . 5 соли расо шоҳписар таълим гирифт. Шоҳ дар хатми мактаб хост  писарашро имтиҳон кунад. Ва дар кафи дасташ ангуштариро пинҳон крда, аз писараш пурсид, ки дар дастам чӣ пинҳон аст?

Писар каме фикр карда бо забони хоида гуфт:

-Дар кафи дастатон чизи гирд аст. Дарунаш сурох аст.

-Офарин, писарам, акнун бигу дар дасти ман  чӣ ҳаст?

-Дар дастатон санги осиё аст, падар.

Шоҳ амр дод, ки мунаҷҷимро ба дор кашанд.

Мунҷаим ба Шоҳ гуфт:

-Ман ба писарат донишу таълим додам. Аммо тарбия ақлу заковати ӯ дар дасти Шумо буд. Таълим дуруст муайян кард, ки дар дастатон ҷисми гирд ва сурох буд. Аммо тарбияи ақл наход то ин дарҷа кунд бошад, ки дар кафи даст пиҳон кардани санги осиёбро нафаҳмад!

Ва бори нахуст пажӯҳиши С.Ятимов  иллат ва нуқси шикасти рушди чомеаро дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ  кашф мекунад. Дар ҳақиқат вақте фосилаи байни таълим ва тарбия дароз мешавад. Ва он (солҳои навадум) агар канда шавад, мо бо созандаи ҷомеа не, бо сузандаи ҷомеа рӯ ба рӯ мешавем.

Таърих дар ёд дорад, ки  чунин бархурд фоҷиаи маънавӣ, фалокати моддии ҷисмониро ба вуҷуд овардааст. Масеҳияти асри 11 замони шукуфоии Исломи сӯйи Шарқ бо таълими васеъ дар Калисо ва маҳдудияти тарбия Масеҳиятро  ба буҳрони маънавӣ дучор кард. Соли 1054 калисоҳои Рум ва Масеҳияти шарқии патриархати Византияу Константинопол аз ҳам ҷудо шуда, парчам кинаву адоват  ва меморандуми  ихтилофро барафрохтанд.Таълими фарогири оммавиро мактаб ба уҳдаи Калисо партофта, тарбия ба мадди дуюм афтид. Ин фалокат то ҳоло ҳам бо вуҷуди оштии расмии соли 1965 фарҳанги бузурги маънавии Масеҳиятро ба буҳронҳои шадид  дучор намуд. Маҳз  зиёиёну рушанфикрони тоҷик аз таҷрибаи Эрон, Афғонистон дар Тоҷикистони солҳои навадум  тавассути ташкилоту аҳзоб, ҷунбишҳо мисли ТЭ ҲНИ (Ин ташкилот дар Тоҷикистон ва аксари мамалоики ИДМ мамнуъ аст), “Лаъли Бадахшон”, Ҳизби Демократӣ, “Рӯ ба рӯ”, “Имом Ҳусайн” таълими хатти ниёгон, улуми динӣ, ормонҳои соф тундгароёни миллиро васеъ ба роҳ монданд. Дар як шабонарӯз тамоми лавҳаҳо ва шиорҳо дар шаҳр ба хатти форсӣ китобат ва овехта шуданд. Бо иборае дар коғаз давлати исломии Тоҷикистон таъсис ёфт. Даҳҳо мактабҳои динӣ кушода шуданд. Таълим сари тарбияро хурд. Ин ҷунбишҳо алакай соли 1991 идоранашванда шуданд. Аз нисф зиёд таълимгирандагони чунин мактабҳо тарбияи тундгароӣ гирифтанд. Ва дар таърихи дунё исломро ниёзманду муҳтоҷи ҳизб намуданд. Магар ақлу заковати  пайғамбари авалину охирин ислом ва чор тан хулафои дин ба ин нарасид. “Роҳнамоӣ ва аз рӯйи ақида  ва мазҳаб мардумро  гирд овардан ду бор ба ғалаба  ва сад бор ба мағлубият мебарад” (Дидро).

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ хеле оқилона гуфтанд: “Созмону ташкилотҳои мухталиф танҳо ба ҳадафи ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ мардумро ба инқилоб таблиғ мекарданд”. Фалокати аз тарбия фаромӯш карданро бори аввал чун файласуфи иҷтимоии рӯз ҷомеашиноси маъруф С.Ятимов дар ин мақола зикр мекунад. ”Дар мавриди фаъолияти мактаб гуфтан мушкил аст, ки  дар ҷойи  аввал таълим ё тарбия меистад? Ин мафҳумҳои  якдигарро пурракунанда мебошанд. Бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин маврид метавон баҳс кард. Лекин ба андешаи  мо дар ин ҳолат, тарбя дар ҷойи аввал меистад”. (С. Ятимов “Муаллими ман” Фейсбук. 05.05.2024).

        Ин ақидаро метавон нуқта  ба назарияи  хатои даврони эҳёи Аврупо номид. Дар солҳои навадум ҳангоми таълими  саросемавор ақлу заковат, ва тарбия тафаккурро фаромӯш карданд.  Дар як мактаби динии он давр  мисраҳои маъруфи Мавлонои Балх:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Каъб бунёди Халили Озар аст,

Дил гузаргоҳи ҷалили Акбар аст.

Ин дубайтӣ чун даъвати куфр эълон шуд. Зеро таътим дар ин мактаб аз тарбяи пеш гузашт.

Агар хонандаи закитабъ  каме  ақибтар силсилаи маҷаллаҳои “Илм ва амнияти миллӣ”-и профессор С.Ятимов таваҷҷуҳ мекард, моҳияти илмии тарбияи инсон чун зиёии даврон чун ташаккулдиҳандаи идеологияи миллӣ собит намуд. Мафҳум,  аниқтараш назрияи  саҳми инфиродии муаллим дар мактаб чун парчамдорони таълиму тарбияро педагоги рус Антон Макаренко кашф намуд. Аммо ормонҳои марксистии сотсиализми  муттарақӣ, колективизм ва барномаҳои ташкилотҳои чамъиятиро дар мадди аввал гузоштанд. Ман ҳеҷ гоҳ фишангу омилҳои молиро сабаби аз байн рафтани эътибор ва мақоми муаллим  дар ҷомеа  ҳисоб намекунам. Ин зарба аз ҷониби  идеологияи он замон, ки кори тарбияро аз мактаб бардошта ба дӯши ҳизб гузоштанд. Ин  мактаб ва муаллимро  ба бетарафӣ расонд. Муаллим аз таълиму тарбия ба мубаллиғу ҷорчии сиёсӣ табдил ёфт.

Мақолаи “Муаллими ман” як навъ дастур ё низомномаи пайдо кардани зиёии содиқ ва мутафаккири деҳотӣ аст. Ё худ барои ман ин “Манофеи инсоншиносии асил” аст. Акнун пас аз мутолиаи ин мақола  ҳар кас ҳам аз пайи ҷусутуҷӯи  Усмон Раҳмонови худ мешавад. Ман аз ҷумла Усмони худамро пайдо кардам. Муаллими азизи ман  Муборакқадам куллан Усмон Раҳмонов аст.  Маҳз Усмон Раҳмонов барои музд, шуҳрат ва сарват заҳмат намекашид. Садоқат ва эътиқод он чуноне  устод С.Ятимов дар мақолаи шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлис Олии кишвар соли 2023  тафсир намуд, омили худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо боз бори дигар кашфиёти С.Ятимов оид ба омӯзиши равонии шогирдон ёдрас мекунам. Ман мутмаин ҳастам, ки шояд аз байни 30 нафар ҳамсинфони С.Ятимов ва шояд 500 нафар шогирдони Усмон Раҳмонов танҳо 20 фоизаш аз маҳорату садоқати Усмон Раҳмонов баҳра бурда бошанд. Бигзор як кас дарк карда бошад. Ин бузургтарин дастоварди муаллим Усмон Раҳмонов аст. Муаллим Усмон Раҳмонов дар тасвири С.Ятимов бо ибораи “Бо тифлон-тифлона, бо пирон-пирона бархурд намудан, мушкилкӯшои кори педагог аст”. (В.Схомлинский). Риоя мувозинати бархӯрд ба синну соли мухталиф ин нишони фазилати олии инсонӣ мебошад.

       Таассуф ва нигаронии устод С.Ятимов аз нуқси китоби дарсии “Таърихи Тоҷикистон” (Сад афсус мо то ҳол ҳам “Таърихи сиёсии  Тоҷикистон”-ро дар шакли комил  эҷод накардем) асоси воқеӣ дорад. Таърихи 32 солаи даврони Истиқлолияти  мо, ки тавассути Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 мероси бузурги таърихии Тоҷикистон  моли ЮНЕСКО шинохта шуданд, номукаммал аст. Чанде пеш директори Маркази мероси хаттии АМИТ Раҳматкарим Давлатов дар як ҳамоиши байналмилалӣ мақолаи “Бозёфт ва тадқиқоти археологӣ-шакли  инъикоси воқеияти таърихӣ” (С. Ятимов “Мероси ниёгон занҷири тиллоии васли тамаддунҳо”. Душанбе, “Меъроҷ Граф”. 2023. С.34)  беҳтарин мақолаи кашф ва пажӯҳиши улуми бостоншиносоӣ ва ҳафриёти қадима номида, онро чун васоити таълим ба маҷмуаи мақолаҳои барномаи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ шомил кард. Чаро ин мақола то ҳол чун васоити таълимӣ истифода намешвад?

        Акнун биёед амалан аз ин публитсисти илмӣ ё худ тарҳи сохтан, эҷод кардани ҳайкалимуаллими рӯз” андеша кунем. Пас аз мутолиаи ин публитсистика ман имони комил дорам, ки мисли офаридани симои Модар дар ҳайкал бояд ҳайкали “Муаллими гумном”-ро эҷод кунем. Барои сохтани ҳайкали муаллими ҳамин мақола лоиҳаи  асосӣ хоҳад шуд.

Имрӯз бояд ҳамаи зиёиёни номдор “Усмон Раҳмонов” худашонро пайдо кунанд. Ҳар қадар Усмонҳо зиёд шаванд, ҳамон қадар шогирдони тундгарои чаправ кам хоҳанд шуд.

        Ва дар фарҷом андешаҳоямро бо иқтибосе аз номаи  Ҷавоирлаъл Неру ба шогирдаш тақвият мебахшам: “Онҳое ки барои Ватан ва майҳандӯстӣ ҷонфидоӣ  ваъда медиҳанд , афсона ҳаст. Онҳое, ки Ватанро  барои манифати хеш дӯст медоранд, хиёнат ҳаст. Ва онҳое, ки муаллими атрофро ситоиш мекунанд, ватандӯсти асиланд. Бешак олими ҷомешинос, ҷомеаҷунбон, марзбони рақами аввали мо-Саймумин Ятимов  бори дигар садоқату ватанадӯстиашро намоиш дод.

 

 

Хуҷова Мавҷуда,

 ходими пешбари илмии Шуъбаи

матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ

 

          Сӯзании Самарқандӣ шоири тавонои асри XII буда, дар миёни ҳамасронаш аз ҷумлаи шоирони пурмаҳсул ва машҳур маҳсуб меёбад. Ин шоири тавоно ҳам дар адаби порсӣ ва ҳам адаби тозӣ соҳиби қареҳаи баланди эҷодӣ буда, бо истифодаи вожаҳои зебо аз ҳар ду забон аз худ мероси адабӣ ба ёдгор гузоштааст. Аз Сӯзании Самарқандӣ то замони мо «Девон»-е боқӣ мондааст, ки бо саъй ва эҳтимоми Забеҳуллоҳи Сафо дар Теҳрон ба чоп расидааст. Девони шоир шомили қасоиди комилу муқтазаб, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, марсия ва қитъа мебошад, ки ин ҳама аз маҳорати шоирии Сӯзании Самарқандӣ шаҳодат медиҳад.

Манзаранигорӣ дар ашъори Сӯзанӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзуъҳоест, ки гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад. Сӯзании Самарқандӣ чун дигар абармардони сухан фасли баҳор, ки табиат аз нав зинда гардида  ба худ ранги дигар мегирад ва сабзаю гулҳо аз пайванди ҷасади ҳеҷи замин мерӯянд, бо маҳорати баланди суханофаринӣ дар ашъораш тасвир кардааст. Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибони гуногун васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки манзараи зебоеро боз зеботар баён кунанд, агар гӯшаи торикеро равшан тасвир карданӣ бошанд, пас талош мекунанд, он ҷо нуре ёбанду онро хотирмон ба қалам диҳанд. Вобаста ба табъ, завқ ва истеъдоди асарофарии шоир инчунин андозаи меҳре, ки ӯ ба табиати зинда дорад, ҳар як гӯшаи ҷое, обу дарахту сабзаи маҳале, шукуфтани гулҳои чамане, навои паррандаҳои зебопару хушхони боғе, тобиши муъҷизамонанди фаслҳои сол ва мисли онҳо сурати тоза, ҷолиб ва мафтункунандаро мегиранд:

Фасли баҳор бо ман нозук чу барги гул,

Лашкар бурун задам чу гули сурх дар баҳор,

То комгор гардам бо душманони мулк.

Як сӯ шудам зи барги гули сурх комгор.

Ҳангоми гул зи луъбати гулрух ҷудо шудам,

Дар дида висол халидам зи ҳиҷри ёр.

 

Фасли баҳор, канори сарв, мурғи пор, хуррам биҳишт, санами майгусор, садои чаҳ-чаҳи булбул ва бӯйи гул барин ибораҳои шоиронаро истифода бурда, Сӯзанӣ ашъорашро хело зебою хонданӣ ба ҷилва додааст: 

                                               

Ду булбуланд модаву нар бар канори сарв,

Бар сарв мода лаҳн занад бар чанор бар.

Гӯяд яке, ки соли нав омад зи пор беҳ,

Май порсол нав кунад аз мурғи пор бар.

Гӯяд, ки бори дигар хуррам биҳишт шуд,

Эй боғбон, ба кас ду баста мадор дар.

Эй ошиқ, андар ою гул афшон ба рӯи даст,

В-андар ҳам ор бо санами майгусор сар.

Май хур ба гирди боғу гул комгор гир,

Бе мӯру мор нест гули комгор гар.

 

На танҳо шоирон, балки  ҳамаи одамон, алалхусус онҳое, ки эҳсоси воқеии зебопарастӣ доранд бо гул  барин мӯъҷизаи табиат рӯ ба рӯ шуданро чун лаҳзаи дарёфти роҳату хушҳолӣ эҳсос менамоянд. Зебоӣ,  нозукиву нафисӣ ва рангорангиву хушбӯии ин муъҷизаи ҳайратовари табиат табъи инсонро ҳатман шод мегардонад. Баробари руйи гулро дидан  олами дигари андешаҳо инсонро фаро мегирад. Як лаҳза аз ташвишҳои зиндагӣ  инсонро дур месозад ва ба дунёи зебоиҳо ворид месозад.

Навбаҳори тоза пайдо кард рангу бӯи хеш,

Бигрифт аз боди мушкин гул ниқоб аз рӯи хеш.

Бӯстон чун ҷилва зад гулро ба тарафи ҷӯи хеш,

Кард гул ошиқ ҷаҳонро ба рухи некӯи хеш.

Мурғи дастонзан ба лаҳни халқ дастонгӯи хеш,

Хонд аз гулбун ба гулбун ёри худро сӯи хеш.

 

Инчунин  ҷашни бостонии Наврӯзро, ки рамзи зиндадилӣ, шавқу муҳаббат, файзу баракат, дӯстиву рафоқат, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ки дар фасли зебои сол баҳор бо як ҷаҳон шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун вориси беҳтарини фарҳанги миллӣ бо як маҳорати баланди суханофарӣ дар ашъораш  васф кардааст:

    

Эй чун гули Наврӯз ба рухсору ба боло,

Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирӯз.

Гар сарви гулат хонам, монӣ ба гулу сарв,

Мафроз сар аз кибру рух аз кина маяфрӯз.

Фасли баҳор айёме, ки одамон ба ҳамдигар бояд зебоӣ бахшанд, бо сухани ширин, бо муҳаббат, бо ғамхории худ. Баҳор фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, ишқу муҳаббат, шодиву нишот ва интизориҳои тоза аст.
Бесабаб баҳорро арӯси сол ва  рӯҳбахшу рӯшангари қалбҳо наномида анд.Тамошои боридани борони найсон аз паси оинаи хона    таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад. Ё берун меоиву қатраҳои борон ба рӯят дона-дона мерезад. Аҷаб эҳсоси хушест. Дасти одамӣ чунин зебоиро эҷод накардаву нахоҳад тавонист. Он субҳ хуш аст, ки аз хоб бар мехезӣ ва хонаро рӯшантар аз ҳар вақти дигари сол дармеёбӣ. Кӯчаи пур аз гилу лой ва баргҳои зарди дарахтон, ки дар чанд моҳи тирамаҳ бо осори худ манзараи начандон фараҳбахше сохта буд, дар ин субҳ қабои сабзу сафеду ҷилодоре ба бар кардааст, ки ба дилҳо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ато мекунад.

Фасли баҳор бо тамоми зебогиҳояш, бо нуру ҷилояш  аз ҷониби Сӯзании Самарқандӣ тараннум карда шудааст:
         Дар шеъри дигар шоир ибораҳои шоиронае чун «наргиси хушбӯй», «дари дидор», «бӯю ранги сунбулу дебо», абри найсон», «шанбалиду бунафша»-ро сохтааст, ки тасвири ҳунармандонаи фасли шукуфоии сол баҳори нозанин аст ва шоир ин манзараҳоро бо маҳорати баланди суханофарӣ тасвир кардааст:

 

Наргиси хушбӯй боз аз хоби хуш бедор шуд,

Чашми бедидори ӯ боз аз дари дидор шуд.

Дар чаман бо шанбалиду бо бунафша ёр шуд,

Сабза чун дебову гул чун нофаи тотор шуд.

Бӯю ранги сунбулу дебо-ш бӯстонхор шуд.

Бӯстонорой ҳам баззозу ҳам аттор шуд.

Абри найсон ройгон ғаввоси лӯъ лӯбор,

               То ба каффи роди мамдӯҳам зананд ӯро масал.

         Сӯзании Самарқандӣ аз тасвирҳои зебои фасли баҳор дар  ғазали худ аҷаб баҷо истифода кардааст, ки ин аз маҳорати баланди суханофарии ӯ дар адабиёт дарак медиҳад. Вай дар ин шеъраш аз тамоми манзараҳои зебою дилфиреби фасли баҳор, ки диққати бинандаро ба худ мекашад, истифода бурда, ашъорашро хеле хонданӣ ба ҷилва додааст.

Аз ин ҷо хонандаи ашъори Сӯзанӣ ба як зуддӣ дар тасвирҳои шоирона ва тараннуми зебоиҳои нотакрори табиати зебои фасли баҳор моҳиру ҳунарманд будани шоир баҳои арзандаи хешро мегузорад. Яке аз мавзуъҳои ашъори шоир тараннуми зебогиҳои табиат ва фаслҳои табиӣ мебошад, ки бо эҳсосот ва дарки баланди шоирона сароида шудааст. Дар тасвири масъалаҳои табиат шоир на танҳо ба тарафҳои мусбат ва зебогиҳои табиат диққат додааст, балки он масъалаҳои риққатовари табиӣ, ки дар порчаи зер зимистони қахратунро, ки фасли аз байн рафтани тамоми зебогиҳои табиат, аз ҷумла гулу себаргаю гиёҳҳо мегардад ва фасли баҳорро, ки табиат аз нав зинда мегардад муқобил гузошта, як навъ мавриди тасвир ва таваҷҷуҳи худ карор додааст, ки  порчаҳои зер ин фикрро тасдиқ мекунанд:

 

Зинда шуд хоки зимистонкушта аз боди баҳор,

Соқиё, з-он оби ҳамчун нор афрӯзон биёр.

Хоки бӯстонро бидеҳ з-он оби оташгун насиб,

То кунад ҳар шохсореро чу масте бодсор.

З-обгин бахти равон Кайхусрави оташҳашам,

“Ганҷи бодовард” кард аз ботини хок ошкор.

Хок аз об, абр аз боди сабо фарзанд ёфт,

Лолаи минотани қатрондили оташгузор.

        Дар воқеъ, аз ашъори  Сӯзании Самарқандӣ пай бурдан мумкин аст, ки шеър аз зиндагӣ ба вуҷуд меояд. Ҳар чизи зебо, ки метавонад рушд кунад ва ба дилҳо роҳ ёбад  натиҷаи зиндагист. Исботи ин гуфтаҳоро дар ҳар як мисра шеъри шоир метавон дарёфт:

 

Бар ихтиёри халқ сафар кардам ихтиёр.

Ҷустанд халқ ранҷи ман аз меҳрубони хеш,

Ман ранҷашон кашидаму бар худ кашида бор.

Ранҷест ин ки чун ба ҳақиқат нигаҳ кунам,

Ноз асту роҳат аз паси ин ранҷи бешумор.

Эй гулбуни нишоти  ман зи роҳи меҳр,

Бе ман мабош тозиву бар гул макун канор.

То ман чу аз сафар бирасам аз рухони ту,

Пур гул кунам канори худ, эй чун гули баҳор.

         Сӯзании Самарқандӣ бо корбурди ибораю таркибҳои зебое, ки ба деияти куллии шеърро таъмин кардаанд, ба шеър навию тозагӣ мебах шад. Ҷое ӯ вожаи зоҳиран зебои «мушкбор»-ро тобиши зебои шоирона додааст:

 

Эй сарви руста, аз тарафи ҷӯйбор бар,

Бар сарву маҳ силсилаи мушкбор бар.

Эй луъбати бадеу нигори бадеи чин,

Бар сурати ту фитна ба Чин дар нигор бар.

 

Дар ин порчаи шеърӣ Сӯзанӣ аз ибораҳои «сарви руста, лӯъбату нигор, сурати Чан» бо маҳорати баланди суханофаринӣ истифода бурда , ашъорашро пурмазмуну зебо ва хонданӣ ба қалам додааст.

Ишқу муҳаббат як неъмати бузурги илоҳист. Сӯзании Самарқандӣ дар пайравӣ ба шоирони забардасти адабиёти форс-тоҷик махсусиятҳои баҳори нозанинро, ки арӯси сол ба ҳисоб меравад, дар ғазалҳои ошиқонааш аҷаб зебою бамаврид сурудааст. Вай дар ғазалаш бо хитоб ба маъшуқи маҷозияш мегӯяд, ки фасли баҳор шудааст ва маъшуқаи хешро ба сӯи боғ, ки пур аз гулу ёсуманҳост, даъват мекунад, ки бо вай рози дил гӯяд. Сӯзанӣ дар идома мегӯяд:

 

Фасли баҳор гашт берун ой сӯи боғ,

В-аз боғ боз хонаи дил беғубор бар.

Бингар, ки фарри боғ гул аст, эй нигор, бас,

Кафро тиҳӣ мадору ба тангу каф ор бар.

Ду булбуланд модаву нар бар канори сарв,

Бар сарв мода лаҳн занад бар чанор бар.

 

Ё дар ҷои дигар мефармояд:

 

Ёри маро хати бунафшазор баромад,

Бӯи бунафша зи ҳадди ёр баромад.

Ёр сар аз шарм чун бунафша фурӯ бурд,

Гирди гулаш то бунафшазор баромад.

Ба дилам зи зулфи беқарораш якчанд,

Ишқ фуруд омаду қарор баромад.

Ба сари зулфаш нагашта кор ба як сӯ,

Хат чи бало буду бар чӣ кор баромад.

Сабза ба олам зи навбаҳор барояд,

Ба лаби ӯ сабза бе баҳор баромад.

        Фасли баҳор дар тасвири Сӯзании Самарқандӣ гоҳе бо эҳтиром дар муносибат, фикру андеша, заволи ишқ ё муҳаббат ба инсонҳо ва зиндагӣ ва мисли ин образҳои мусбӣ низ ҳамроҳ аст. Аммо тавре дар мисолҳои боло дидем, Сӯзанӣ баҳор, гул, сабза, ёсуман, оби ҷӯйбор, булбул, чашмасорро ҳамчун рамзи покию нафосат, умеду интизориҳои нав, айёми муъҷизаҳо ва зиндашавии табиат ва солимию бардамии инсон маънидод кардааст:

 

Эй чун гули наврӯз ба рухсору ба боло,

Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирӯз.

Гар сарви гулат хонам, монӣ ба гулу сарв,

Мафроз сар аз кибру рух аз кина маяфрӯз.

 

    Дар бисёр маврид шоир доир ба гул ҳамчун растание, ки дар мавсими баҳор мешукуфад ва тез хазон мешавад, маълумоти кофие доштааст. Дар заминаи ин маъно Сӯзанӣ инсонро низ чун гул медонад ва таъкид бар он менамояд, ки зиндагию умри инсон бояд мисли гул тару тоза ва зебо бошад. Бо ин гуфтаҳояш ба баъдинагон ҳушёр медиҳад, ки дар зиндагӣ инсонҳо бояд ба қадри якдигар бирасанд ва сӯҳбати якдигарро ғанимат донанд, мисли гул тару тоза, зебо, хурсандиовару хушбӯй, боназокату бо латофат… бошанд. Яъне шоир тавонистааст, ки бо овардани маънои аслии вожаи гул, ки дар фасли баҳор мерӯяд, онро бо умри инсон нисбат диҳад. Ба маънои маҷозӣ омадани вожаҳои ифодагари гул ва навъҳои он дар ғазалиёти Сӯзанӣ бештар ба назар мерасад. Чуноне ки ба мо маълум аст, дар адабиёт гул ҳамчун як образи машҳур ифода меёбад, ки шоир зебоӣ, хушбӯйӣ, латофат ва назокатро ба назар гирифта, маъниҳои тозае гуфтааст:

Хонандаи ашъори Сӯзанӣ  метавонад аз накҳати гулҳое, ки шоир дар шеъраш тасвир кардааст, лаззат бубарад.

Беҳтарин мисраҳои шоир низ дар бораи гули хушбӯй ва навъҳои он ва зебогиҳои ин гули худрӯй, ки дар фасли баҳор мерӯяд, гуфта шудааст:

 

Фасли баҳор бо ман нозук чу барги гул,

Лашкар бурун задам чу гули сурх дар баҳор,

То комгор гардам бо душманони мулк.

Як сӯ шудам зи барги гули сурх комгор.

Ҳангоми гул зи луъбати гулрух ҷудо шудам,

Дар дида висол халидам зи ҳиҷри ёр.

Бар ихтиёри халқ сафар кардам ихтиёр.

Ҷустанд халқ ранҷи ман аз меҳрубони хеш,

Ман ранҷашон кашидаму бар худ кашида бор.

Ранҷест ин ки чун ба ҳақиқат нигаҳ кунам,

Ноз асту роҳат аз паси ин ранҷи бешумор.

 

Ё дар ҷои дигар:

 

Оби равшан тира гашт аз жолаи абри баҳор,

Хоки тира гашт равшан аз фурӯғи лолазор.

Абри найсонро ба бор овар дурри шоҳвор,

Ғунча аз шӯхӣ ба бар бигрифт он дурро бабор.

Лолаи сероб дар найсон пур аз рангу нигор,

Дурҷи дурри шоҳвор аст аз ақиқи обдор.

Гуфтаи лола-ст ё Раб бо лабу дандони ёр,

Гар набадӣ тирадил чун хасми деҳқони аҷал.

 

         

Сӯзании Самарқандӣ дар эҷодиёташ ҷабру ҷафои золимон, худписандӣ, беғамӣ барин хислатҳои ношоистаи баъзе ашхосро танқид намуда, рафторҳои онҳоро ба чор фасли сол монанд кардааст. Инсонҳои суханчину иғвогарро ба фасли тирамоҳ, инсонҳои бадқаҳру бадтинатро ба фасли зимистон, инсонҳои ростқавлу поквиҷдон, зебою ошиқро, ки зиндагиро бо тамоми паҳлӯҳояш дӯст медоранд, ба фасли баҳори нозанин ва қутоҳии умри дурӯғро ба хазони тирамоҳ ташбеҳ дода, таълим медиҳад, ки инсон ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯяд ва суханчинӣ накунад, ҷавонмарду, одамдӯст, боинсофу адолатхох, хайрхоҳу саховатманд, бомаърифат, ғамхори халқ бошад.

Сӯзании Самарқандӣ ҳамеша сарбаландона зистанро ситоиш мекунад. Дар баъзе шеърҳояш гуфтааст, ки ҳангоми талхию ногувориҳо бояд навмед нашуд ва ба оянда назари нек дошт.

Хулоса, орзу мекунем, ки дар ин фасли зебои сол, ки фасли зинда шавии табиат, фасли шукуфоӣ аст, ҳамеша бо меҳру муҳаббат ва самимият умр ба сар барем ва рӯзгорамон ба мисли тасвирҳои шоиронаи Сӯзании Самарқандӣ зебою афсонаосо бошад.

 

                                                                                         

Pages