ISBN: 
978-99985-1-188-0
Соли нашр: 
2024
Саҳифа: 
44

УДК 32 (5 7б3) (092)

С –

Бо қарори Шурои олимони Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 30 майи соли 2023, №5 ба чоп тавсия шудааст.

 

Зери назари Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

 

Муҳаррири масъул: Раҳматкарими  Давлат

Муқарризон: доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёев И.Ғ.,

доктори илмҳои филология, профессор Хоҷамуродов О.Ҳ.

Муҳаррир: номзади илми филология Ёраҳмадзода Ш.Р.

 

Тадқиқоти густурдаи олими маъруф, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор роҷеъ ба ғояҳои меҳварии андешаи давлати миллӣ, мафкураи миллӣ, ҳуқуқ ва Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷолиби таваҷҷуҳи хос ва шоистаи омӯзишу тадқиқанд, зеро шаҳдоби афкори эшон ба пажӯҳишҳои хастанопазиру дархӯри вазъи воқеӣ ихтисос ёфта, ҷиҳати масоили мубрам – худогоҳиву хушиносӣ ва худҷӯйии насли даврони ҷадид аҳамияти муҳим доранд. Ва муҳаққиқи осори илмии Холиқзода А.Ғ. се тақризро дар навъи рисолаи мухтасар перомуни баҳси фавқ манзури доираи васеи хонандагони муҳтарам намудааст.

Тадқиқоти мавриди назар ҳамчун дастури омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ” сурат гирифтааст.

 

© Меҳриддин Ғиёсӣ (Ғиёсиев Меҳриддин Илёсиддинович)

 

Пешгуфтор

Истиқлолияти давлатии мо тоҷикон ва кулли башар пеш аз ҳама ин озодӣ аз ҷабри маънавист ва дар масири худогоҳиву худшиносӣ ва худҷӯйӣ саъйю эҳтимом намудан, ҳамзамон дар роҳи ҳифзи асолати миллию фарҳангии хеш андеша варзидан буда, орзую мароми ҷовидонаи ҳар як фарди миллатдӯст маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд:

“Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар руҳияи замони муосир, дар руҳияи масъулиятшиносӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллат ба воя расад”.

Раванди дигаргуниҳои ҷомеаи навин дар замони Истиқлолияти давлатӣ беш ва пеш аз ҳама ба тарбияти насли дорои тафаккури интиқодӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва падидорандаи навгониҳое ниёз доранд, ки вазъияти ҷомеаи башариро аз низову ихтилофҳои даҳшатангез раҳо бахшад ва пояҳои давлатдории миллиро ба ин васила, яъне истиқлоли фикрӣ ҳифз карда тавонад.

Ҳамин нуктаҳои муҳим ва асли Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин дастури омӯзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ва мо муътақидем, ки андешаҳои ҷолиб ва бикри олими маъруф Холиқзода Абдураҳим Ғаффор роҷеъ ба хидматҳои мондагор ва таърихии шахсияти барҷастаи сиёсию фарҳангӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили қабул буда, дар тафсири Мактаби давлатдории ин абармарди сатҳи ҷаҳонӣ асноди муътамад аз шумор меоянд.

Аз ин дидгоҳ, хидмати бузургу барчастаи таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар он аст, ки падидаи нодири сиёсӣ – истиқлолияти кишварро ҳифз кард, миллатро бо дилу нияти пок ба ҳам овард. Ин миссияи сиёсию таърихиро на ҳар пешво ё сарвари ину он қавму миллат дар рӯйи ҷаҳон бо камоли масъулият ба уҳда гирифтаю то ба охир сарбаландона ба анҷом расондааст. Хидмати дигари Президенти кишвар аз он иборат аст, ки таҷрибаи таърихии сулҳу субот ва оштии миллиро роҳандозӣ намуд, ки метавон онро мактаби ҷадиди сиёсии омӯзанда на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки кулли кишвару билоди ҷаҳон, ки дар ҷодаи ба даст овардани фазои амну рифоҳ ва озоди зиндагӣ бо барҳам задани ҷангу низоъҳои фоҷиаомез саъйю талошҳо доранд, номид. Мусаллам аст, ки ташаббускору эҷодкунандаи ин мактаби сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аммо бо ин ҳама хидматҳои таърихии Пешвои миллат тамомшуда ҳисоб намеёбад. Вусъат бахшидан ба равандҳои дигари давлатдорӣ, аз қабили ободкорӣ, сохтмони иншооти гуногуни саноатӣ, бунёди биноҳои наву ҳозиразамони муассисаҳои таълимию соҳаи тандурустӣ, нақбу роҳҳо ва пулу корхонаҳои азим ва монанди ин аз хидматҳои мондагори Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Вале падидаи хеле ҳам ҷолибу таконбаш дар даврони соҳибистиқлолӣ бо Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташаккули шуури нави инсони созандаю худшинос ва тафаккури интеллектуалии насли даврони ҷадид маҳсуб мешавад. Шакли шуури нав ва тафаккури пешрафта, ки аз маҳдудию қолабҳои фаҳмишу диди замони шӯравӣ ба куллӣ озод мебошад, дар эъмори ҷомеаю давлатдории тоҷикон ва таҳкиму инкишофи илмию назариявии сохтори сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ нақши нозудуданӣ дорад.

Мо перомуни се китоби А.Ғ. Холиқзода “Андешаҳои давлати миллӣ” (Душанбе: “ЭР-граф” – 2013. 684 саҳ.); “Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ”, (“Эр-граф” -2021. 587 саҳ.) ва “Пешвои миллат ва мактаби давлатдорӣ” (Хуҷанд: “Ношир” – 2022. 512 саҳ.) се тақризи иҷмолӣ таҳия намуда, итминон дорем, ки маводи мазбур ҳини баррасии масъалаҳои умдаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Мусаллам аст, ки танҳо бо тафаккури васею ҷаҳонбинии фарох метавон сохти навини давлатдории тоҷиконро, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, рушди бесобиқа бахшид.

Дар ояндаи наздик омӯзиш ва таҳқиқи гуногунҷанбаи осори гаронмояи Пешвои миллат ниёз ба таъсиси Институти илмӣ-тадқиқотиро дорад, то ки насли имрӯзу фардо дар руҳияи хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ватанпарастию башардӯстӣ тарбия ёбад. Марҳилаи мазкур айни замон фаро расидааст ва дастури омӯзишии “Ғояҳои гаронмояи мактаби давлатдории Пешвои миллат” дар ин роҳ маводи ёрирасонанд. Дидгоҳи пурмазмуну ғояҳои арзишманде, ки дар тадқиқоти донишманди муҳтарам  А.Ғ.Холиқзода матраҳ шудаанд, заминаи боэътимодро ҷиҳати тарҳрезии Институти илмӣ-тадқиқотии омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам меоранд.