Имрӯз, 04 июн бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба интихоби узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 04.06.2025 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

         Имрӯз (23.05.2025) мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд.

 

       Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқгардидаи ММХ АМИТ, имрӯз (18.04.2025) дар толори Марказ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Гароишҳои асосии насри достони (бадеӣ)-и форсии муосири Эрон” бо суханронии д.и.ф., профессор  Олимҷон Хоҷамуродов ва иштироки маъмурияту кормандони ММХ, баргузор гардид.

      Дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз (09.04.2025) конфронси илмӣ-назариявӣ ба муносибати “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” (02-11.04.2025), ки дирӯз бо иштироки муовини саркотиби илмии АМИТ, роҳбарият ва кормандони илмии Марказ оғоз шуда буд, ба кори худ идома бахшид.

      Имрӯз (08.04.2025) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини саркотиби илмии АМИТ, д.и.ҳ. профессор Акмалҷон Неъматов, роҳбарият ва кормандони илмиву техникии Маркази мероси хаттӣ ҳисоботи семоҳаи соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

       Рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ зери унвони “Чанд андеша перомуни китоби Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” семинар баргузор гадид, ки дар он ходимони илмӣ ва кормандони ин Марказ ширкат карданд.

         Имрӯз (19.11.2024) сол таҳти ин унвон бо ташаббуси Институти фаслафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

      15 ноябри соли равон соати 14:00 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқони варзидаи кишвар рӯнамоии силсилакитоби “Мероси фарҳангии Хуросони бузург” (Феҳристи бузургони тоҷик-форс), ҷ.1, китоби 1 ва 2 баргузор гардид.

         Имрӯз, 28.10.2024, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи "Ховаршиносии муосир ва дурнамои рушди он: масолили забоншиносӣ, матншиносӣ ва робитаҳои адабӣ" (28-29.10.2024 ш.Хуҷанд) ба кори худ оғоз намуд.

Страницы