
6 уми ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоикистон, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, ки ифодаи азму иродаи халқу миллати тоҷикро дар алоқаманди бо арзишҳои умумиинсонӣ дар худ таҷассум карда метавонист, қабул гардид.

Имрӯз (22.06.2022) дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе натиҷаҳои даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардид.

Тибқи мактуби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и АМИТ, санаи 09.06.2022, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Меросдор” баргузор шуд, ки дар кори он муовини КИИ “Хирадмандон”-и АМИТ Ширин Қурбонова иштирок ва суханронӣ намуд.

Рӯзи 14.03.2022 яке аз дилбохтагони илму дониши ниёгон, собиқадори мақомоти интизомӣ ва низомии кишвар муҳтарам Субадоров Нилобек чанде аз дастнависҳои қадимаи ниёгонро, ки дар китобхонаи шахсиаш нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ганҷинаи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳадия намуд.

Дирӯз (27.12.2021) ҷаласаи солонаи Ташкилоти ибтидоии “Меросдор”-и КИИ “Хирадмандон”-и АМИТ дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо иштироки аъзо ва тарафдорони ин ҳизби сиёсии созандаву бунёдкор баргузор карда шуд. Рӯзномаи ҷаласа аз: 1. Ҳисобот оид ба фаъолияти аъзои Ташкилоти ибтидоии “Меросдор” дар соли 2021; 2.