Тоҷикони барӯманди Афғонистон

     Рӯзи 23.05.2023 дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки донишмандону муҳаққиқони тоҷик ҳамоиши навбатии илмӣ аз силсилаи маҳфилҳои «Тоҷикони барӯманди Афғонистон» дар мавзуи «Ҳабибуллои Калаконӣ: Аз айёрӣ то подшоҳӣ» баргузор гарид.

     Дар оғози ҳамоиш сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Қосимшоҳ Искандаров тазаккур дод, ки: «Ёдрас намудани шахсиятҳои маъруфи Афғонистон айни ҳол моҳияти бештари сиёсӣ ва умумимиллӣ пайдо мекунад».

       Баъдан дар маърузаи илмии худ Қ.Искандаров замон, шароит ва омилҳои шӯриши мардумии Афғонистонро дар соли 1929, сабабҳои шикасти он ва сабақҳои таърихии бедории ғурури миллии тоҷикони муқими ин сарзаминро бо далеҳои нави илмӣ баён намуд.

        Дар маърузаи худ муҳаққиқи ҳавзаи Осиёи Марказӣ Умед Назаров аз саҳми Ҳабибуллои Калаконӣ (1890-1929) дар таъмини ваҳдати мардуми Афғонистон, муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолияту озодӣ, ҷанбаҳои илмии шахсияти номбурда, ёдрас шуд. Муҳаққиқ бо таъкид аз ҳаводиси таърихӣ ҷасорати сиёсӣ ва марши озодихоҳии мардумии муборизаҳои Абумуслими Хуросонӣ, Спитамен, Темурмалик ва Восеъро чун хислати зотии тоҷикон дар аҳдҳои гуногун равшан намуд, ки бозёфти тозаи илмӣ буда, пажӯҳиши васеътареро тақозо менамояд.

       Ҳамзамон, олимон ва сиёсатмадорони Афғонистон Зуҳурӣ, Аҳмад Валӣ Масуъд, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбод баъзе аз норавшаниҳои таърихии замони Ҳабибуллои Калакониро васеътар тавзеҳ доданд.

       Чунин иқдомҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бевосита Маркази мероси хаттӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оҳанг, танин ва садои доғи рӯзро фаро мегиранд ва дар бедории шуури худшиносӣ, ташаккули маърифати эҳтиром ба бузургони бостонии мо нақши бориз мегузоранд.

       Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз худхоҳиҳо ва ситамгароии аҳди асрҳои миёнаи ҷунбиши террористии «Толибон» ҳушдор дода, фалокати башарии нобудшавии халқу миллатҳои ғайрипаштуии муқими Афғонистонро пешгӯӣ намудааст. Маҳз қутби зулму ситам «Восеи асри 20» — Ҳабибуллои Калакониро ба мубориза водор намуд. Мутаассифона, то ба имрӯз асосҳои илмии шахсияти Амир Ҳабибулло нисбат ба ривоятҳои сиёҳи кӯчагӣ камтаранд. Бояд аз зеҳни мардум ва ороиши илми ривоятҳои роҳзанӣ, авбошӣ ва бесаводии Ҳабибуллои Калакониро лағв намуд, афзуданд иштирокдорони ҳамоиши илмӣ.

       Маврид ба таъкид аст, ки маҳз се сол боз дар хазинаи тилоиии мероси ниёгони мо — Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар радифи эҳё, таҷдид, тармиму манзури мутолиаи умум гардондани мероси хаттии бостонӣ маҳфилу ҳамоишҳои бошукуҳи арзишманди илмӣ баргузор мегарданд.