Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 24 июни соли 2025, дар доираи Маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Аҳамияти баёзу радоифулашъор дар таърихи адабиёти тоҷикии форсӣ”-ро баргузор менамояд.
Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
• аз таърихи ҷамъ ва мураттаб намудани маҷмуаҳои шеърӣ;
• масъалаҳои пажуҳиши маҷмуаҳои шеърӣ;
• анъанаи радоифулашъорнависӣ дар адабиёти классикии тоҷикии форсӣ;
• идомаи анъанаи радоифулашъорнависӣ ва баёзнавсӣ дар замони мутааххир;
• аҳамият ва мавқеи маҷмуаҳои шеърӣ ва радоифурашъор дар матншиносии имрӯза.
Дар конфронс иштироки олимони маъруфи шарқшинос, адабиётшиносон, устодони донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ дар назар дошта шудааст.
Дархостро ҳамроҳ бо мақолаи илмӣ барои иштирок дар конфронс то 10 июни соли 2025 ба нишони электронии merosikhatti@inbox.ru пешниҳод намоед.
Забони кории конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.
Талабот барои бақайдгирӣ:
Ҳангоми таҳияи мақола талаботи зерин риоя карда шаванд: ҳаҷми мақола аз 12-15 саҳифаи компютерӣ зиёд набошад. Мақола бо шрифти Times New Roman, андозаи ҳарф – 14; фосилаи байни сатрҳо– 1; абзатс- 1 см; андозаи ҳошияҳо: чап 3,0 мм, рост 1 мм, боло ва поён 2,0 мм.
Тарҳрезии сарлавҳа (бо ҳарфҳои калон ва ғафс, дар мобайн) УНВОНИ МАҚОЛА (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ); дар сатри навбатӣ (шрифт – курсиви ғафс, дар тарафи рост) – ному насаб- пурра; дар сатри оянда (шрифти курсив, дар тарафи рост) - кишвар; дар сатри навбатӣ (шрифти курсив, тарафи рост) - почтаи электронӣ барои алоқа; пас аз 1 сатр - матни мақола. Феҳристи манобеъ дар охири мақола (бо тартиби алифбо- аввал бо хатти кириллӣ, сипас бо дигар забонҳои хориҷӣ). Дар дохили матн истинод ба манбаъ дар дохили қавси мураббаъ дода шуда, аз ҳам тавассути вергул ҷудо карда мешавад, мисол: [1, 272]; шумораи иқтибос ба воситаи вергул ё тире нишон дода мешавад, мисол [2, 272-280].
Дар охири мақола хулосаҳо чунин дода мешаванд: дар сурате, ки мақола ба забони тоҷикӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои русӣ ва англисӣ - дар сурате, ки ба забони русӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ - дар сурате, ки ба забони англисӣ навишта шуда бошад, ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ.
Нишонӣ: Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, ш. Душанбе, Ҳусейнзода, 35.
Телефонҳо барои маълумот: 992 37 2213202; 918616412