
1-4 ноябр дар Академияи илмҳои Русия Форуми академии олимони ҷавони мамлакатҳои Авруосиёи Бузург «Қитъаи илм» баргузор гардид, ки дар он олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Олимони ҷавони Академияи миллии илмҳо бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, сазовори ҷойҳои 1 ва 3, инчунин сертификату дипломҳои Кумитаи тадорукоти форум дониста шуданд.

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллӣ дар замони истиқлолият» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ доир шуд.

3 ноябр дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири академик Абдулғанӣ Мирзоев дар мавзуи «Собиқаи ҷамъоварӣ ва масъалаҳои нигаҳдории мероси хаттӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ баргузор шуд. Қабл аз оғози конфенсия олимон ва шогирдон ба мақбари академик гулчанбар гузоштанд.

Даври гардун нест гар дун, пас чаро дунпарвар аст,
Кай ҳуморо устухон лоиқ, магасро шаккар аст.
(Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ)

Сӯзании Самарқандӣ. Мунтахаби девон. Таҳияи матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Мавҷуда Хуҷова. -Душанбе: Дониш, 2023. 251 саҳ.

Имрӯз, 12 октябр Рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ аст. Соли 1991 бо қарори ЮНЕСКО 12 октябр ба тақвими байналмилалии санаҳои муҳим шомил шуда, аз ҳамон сол инҷониб чун Рӯзи ёдбуди Ҳофизи Шерозӣ таҷлил мешавад.

Имрӯз (09.10.2023) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ-кашшофи асрори табиат» Симпозиуми байналмилалӣ оғоз гардид. Симпозиум ду рӯз идома ёфта, дар он донишмандони ватанию хориҷӣ доир ба осори илмию таърихии ин олими барҷаста сухан мегӯянд.

Монографияи шодравон Муҳаммадвафо Бақоев “Ҳаёт ва эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ”, ки дар он таҳқиқи илмии ҳаёт ва фаъолияти шоири бузурги форсизабони Ҳиндустон Амир Хусрави Деҳлавӣ инъикос ёфтааст, бори дувум бо пешниҳоди Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷониби нашриёти “Дониш” (дар 384 саҳ) ба нашр расонида шуд.

Ба диққати хатмкунандагони макотиби олии ҷумҳурӣ расонда мешавад, ки Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ имкон дорад, ки барои соли таҳсили 2023-2024 довталабонро ба зинаи магистратура, аз рӯйи ихтисосҳои 1M-23.01.11-01.06 (Китобҳои нодири дастнавис), 07.00.09 – “Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ” ва докторантураи PhD аз рӯйи ихтисоси 10.01.0