Хушхабар

      Маъмурият, ҳайати ходимони илмӣ ва кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, и.в. муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Марказ-Ёраҳмадзода Шодиҷон Рамазонро ба муносибати тасдиқ ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ, аз 15.03.2024, №53, самимона табрик намуда, барояшон сиҳатмандии комил, умри дароз, хушбахтӣ ва дар фаъолияти тадқиқотиашон комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.

   Воқеан, дар таърихи 28.03.2023, дар Шурои дифои рисолаҳои 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ёраҳмадзода Ш.Р. дар мавзуи мубрам “Истилоҳоти этникӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” дифоъ намуда буд.

“Шоҳномахонӣ”, айни замон, дар кишварамон, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бедории ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, худогоҳию худҷӯйӣ тарғибу ташвиқ мешавад, ки ин арҷгузорӣ ба арзишҳои бузурги фарҳанги миллатамон буда, дар тарбияи комили насли наврасу ҷавон аҳамияти вижаро соҳиб аст.

Аз ин дидгоҳ, мо бовар дорем, ки олими ҷавон Ёраҳмадзода Ш.Р. фаъолияти хешро дар самти “Шоҳномашиносӣ” бо  камоли масъулият идома бахшида, дар ин масир саҳми арзанда мегузорад.

Дар ин роҳи пурифтихор барояшон барору комёбӣ орзу менамоем.

Бори дигар унвони илмӣ муборак, ҳамкори азизу меҳрубон Шодиҷон Ёраҳмадзода!

Бо эҳтиром, маъмурият, ходимони илмӣ ва кормандони ММХ НР АМИТ.