Намонад касе зери чархи куҳан,
Зи арбоби дониш бимонад сухан.
Абулато ибни Алии Кирмонӣ, ки бо тахаллуси Хоҷу машҳур аст, яке аз шоирони маъруфи тоҷику форс буда, соли 1290 дар шаҳри Кирмон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,
Адл дорад мулкро қоим, на дин.
Куфркеше, к-ӯ ба адл омад фареҳ,
Мулкро аз золими диндор беҳ.
Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1414 дар Харҷурд ном мавзеи шаҳри Ҷом таваллуд шудааст. Ҷомӣ таҳсили ибтидоиро дар Ҷом гирифта, баъдан барои такмили дониши худ ба Ҳирот меравад. Ӯ 9 сентябри соли 1492 дар шаҳри Ҳирот аз олам даргузаштааст. Мазори Ҷомӣ дар шаҳри Ҳирот воқеъ аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи афкори ҷамъиятиву фалсафӣ ва ахлоқии мардуми тоҷик яке аз мутафаккирони пешқадам шинохта шуда, андешаҳои ҳакимонаи ӯ дар тули асрҳои зиёд дар ташаккули тафаккур ва ахлоқи мардуми тоҷик ва дигар мардумони Шарқ низ таъсири зиёд расонидааст.
Ӯ дар Ҳирот аз устодони замони худ Хоҷа Алии Самарқандӣ, Мавлоно Шаҳобиддин, Муҳаммад Ҷоҷармӣ[] илмҳои маонӣ ва баён, мантиқу ҳикматро меомӯзад. Сипас, ба шаҳри Самарқанд рафта, дар ҳузури Мавлоно Фатҳуллоҳи Табрезӣ ва Қозизодаи Румӣ илмҳои риёзӣ ва ҳайатро меомӯзад. Ҷомӣ илмҳои замони худ – сарф, наҳв, маонӣ, мантиқ, ҳикмати машшоӣ, ҳикмати табиӣ, ҳикмати риёзӣ ва илми каломро аз худ менамояд.
Абдураҳмони Ҷомӣ афкори пешқадами худро дар руҳияи инсонпарварӣ, хираду инсоф ба қалам дода, ёдгории пурмуҳтавову гаронбаҳое боқӣ гузоштааст.
Назар ба манбаъҳои таърихӣ дар замони ҳукмронии Абусаид[] (1457-1469) таассуби динӣ ва авомфиребии шайхону пешвоёни дин хеле авҷ мегирад. Чунин аҳволро Ҷомӣ барин марди равшанбин бетарафона мушоҳида карда наметавонист. Ӯ бо роҳҳои гуногун ба муқобили ин аъмол мубориза мебурд.
Мирзо Турсунзода дар бораи афкори баланди Ҷомӣ, ки дар либоси назми пок ва самимӣ ороста шудааст, таъкид менамояд, ки «Шоири бузург агарчанде пири нақшбандия буд, шайхони ҷоҳилро, ки мардуми авомро фиреб дода, ба гумроҳӣ меандохтанд ва аз дину шариат доми ҳилаву тазвир месохтанд, сахт ба зери танқид мегирифт».
«Бесабаб нест, ки – менависад академик Муҳаммад Осимӣ, – Ҷомӣ бо шайхону зоҳидоне, ки қаламрави давлати Темуриёнро мисли занбӯрхона пур карда буданд, мубориза мебурд. Дунёпарастӣ ва ҷоҳталабии онҳоро фош ва ба овози баланд ба ҳама эълон мекард»:
Ҳазар аз суфиёни шаҳру диёр,
Ҳама номардуманду мардумхор.
Корашон ғайри хобу хӯрдан не,
Ҳеҷашон фикри рӯзи мурдан не.
Бисёр шеърҳои зиддисуфиёнаи Ҷомӣ маҳз дар ҳамин замон навишта шуда, ҳадафҳои муайяне доштанд ва ба муқобили шахсони воқеӣ нигаронда шуда буданд. Баъзе онҳо ба муқобили Сайид Нуриддини Муҳаммади Экӣ, Мулло Ҷалол, Садриддини Равосӣ ва амсоли инҳо, ки бо номи кашфу каромот бо ҳазор ҳилаву найранг шуури мардумро ботил гардонида, дороияшонро мегирифтанд, суруда шудаанд. Аз ин ашхос, хусусан Равосӣ, ки кибру ғурури зиёд дошт, бо худнамоиву маккорӣ доми тазвир гузошта, зудбоваронро доимо сайд мекардааст. Ӯ дар як баҳс бо Ҷомӣ мағлуб мешавад ва чилла нишаста, боз мардуми зиёдеро аз турку тоҷик дар атрофаш ҷамъ карда, мағлубияти худро аз Ҷомӣ чун амри тасодуф шарҳ медиҳад. Ҷомӣ пас аз огаҳӣ ёфтан аз воқеа ғазали зеринро менависад:
Зи шайхи чилланишин дур бошу чиллаи вай,
Ки ҳаст чиллаи вай сардтар зи чиллаи дай...
Маҷӯй ҳолати мастон зи бонги ҳай-ҳайи ӯ,
Ки мурғи унс ҳаво мекунад аз он ҳай-ҳай.
Зи худ накарда сафар як-ду гом, аммо ҳаст
Маорифаш яке аз Руму дигаре аз Рай.
Ба шайхи шаҳр надорад иродате Ҷомӣ,
Муриди ишваи соқист ӯву нашъаи май.
Ҷомӣ ҳар замон мавқеи мусоиде ёфта, бар зидди ин гурӯҳи муфтхӯр хуруҷ мекунад, аз аблаҳии ин тоифаи шайхтарошу шайхфурӯш ба фиғон омада, пардаро аз рӯйи онҳо мебардорад. Онҳоро «аблаҳону харони бедуму гӯш», «тиҳӣ аз дину хирад, аз ақлу фаросат холӣ», «ҳазёнгӯй» гуфта, бо суханҳои намакинаш мавриди накӯҳиш қарор медиҳад ва аз шарри онҳо аз Худованд панаҳ металабад:
Фиғон зи аблаҳии ин харони бедуму гӯш,
Ки ҷумла шайхтарош омаданду шайхфурӯш.
Шаванд ҳар ду-се рӯзе муриди нодоне,
Тиҳӣ зи дину хирад, холӣ аз басирату ҳуш.
На бар буруни вай аз ламъаи ҳидоят нур,
На дар даруни вай аз шуълаи муҳаббат ҷӯш.
Гаҳе, ки дар сухан ояд, ҳавас кунад сомеъ,
Ки кош аз ин ҳазён зудтар шавад хомӯш.
В-агар хамӯш шавад, ҳосили муроқибааш
Зи бори сар набувад, ғайри дарди гардану дӯш.
Нигоҳ дор, Худоё, мудом Ҷомиро,
Зи шарри зарқи риёпешагони азрақпӯш.
Ба гӯши ҳуш расон аз ҳарими майкадааш,
Садои наъраи мастону бонги нӯшонӯш.
Шоир худбинӣ ва риёкории шайхонро, ки дар либоси ислом авомфиребӣ мекунанд ва хешро воқифи тамоми асрор медонанд, аммо дар асл аз оғоз ва анҷоми кор бохабар нестанд, мазаммат кардааст. Ин тоифа динро доми тазвир карда, мудом нақшаи боз ҳам бештар гумроҳ кардани мардуми одиву ба дом афтодани онҳоро мекашанд:
Шайхи худбин, ки ба ислом баромад номаш,
Нест ҷуз зарқу риё қоидаи исломаш.
Хешро воқифи асрор шиносад, лекин
На зи оғоз вуқуф аст, на аз анҷомаш...
Доми тазвир ниҳодаст, Худоё, маписанд,
Ки фитад тоири фархундаи мо дар домаш.
Ҷомӣ дар баробари суфиёну шайхон теғи қалами худро ба муқобили гурӯҳи шуҳратҷӯи васвасабози ҷоҳили зулмпеша, хусусан зоҳидони хушку норасида низ тез карда, чунин навиштааст:
Баски зоҳид ба риё сабҳаи саддона шумурд,
Дар ҳама шаҳр бад-ин шева шуд ангуштнамо.
***
Зоҳиди шаҳри мо аҷаб мурғест,
Дом карда зи донаи тасбеҳ.
Ҷомӣ дар ин ғазалаш бо ифтихор эълон мекунад, ки шайху шайхзода ва муриди гӯлу сода нест, балки як ринди озода аст:
Шукри Худо, ки шайх наям, шайхзода ҳам
В-аз мункарони гӯлу муридони сода ҳам.
Мустағниям ба тарбияти пири майфурӯш,
З-ин муршидони раҳзани азраҳфитода ҳам...
Гаштам басе ба мадрасаҳо, кас наёфтам,
К-ӯ дарси ишқ ифода кунад, истифода ҳам.
Абдулвосеи Низомӣ менависад, ки баъзе аз ситампешагони Ҳирот фатвои бо руҳониёни риёкор, худбин, ки ба рӯзгори Ҷомӣ кинадорӣ ва ошуфтакорӣ доштанд, фурсатро ғанимат ёфта, байти «Май хӯр...»-ро куфр шуморида, Ҷомиро кофир эълон мекунанд. Махсусан, Садриддини Равосӣ, Камолиддин Шайх ва Ҳусейн Нақавӣ барин фақеҳон дар ин боб хурдагирӣ намуданд. Дар ин замон Ҷомӣ дар Самарқанд, дар мулоқоти Хоҷа Аҳрори Валӣ буд ва аз ҷазову иғво эмин мемонад. Ӯ пас аз ин тавтеа дар мазаммати шайх ғазале менависад, ки бо мисраи «Зад шайхи шаҳр таъна бар асрори аҳли дил...» шуруъ шуда, чунин байтҳо дорад:
Маҳзар ба хуни аҳли сафо мезанад рақам,
Ин руқъа бар ҷаҳолати ӯ бас бувад сиҷил...
Оини сидқу расми мурувват на кори ӯст,
Аз табъи мунҳариф маталаб ҳукми муътадил.
Дар ашъори Ҷомӣ мавзуи танқиди аҳли риё асосан омехта ба мавзуъҳои ишқ, риндӣ ва бодагусорӣ инъикос ёфтааст, ки қабл аз ӯ ин анъанаро Ҳофиз ва Камол роиҷ гардонида буданд:
Ман, ки хидмат кардаам риндони дурдошомро,
Кай шуморам пухта вазъи зоҳидони хомро?!
То шудам фориғ ба истиснои ишқ аз ҳар мурод,
Бар муроди хеш ёбам гардиши айёмро,
Ринду суфӣ, орифу омӣ махонандам, ки ман
Гум шудам дар шоҳиду май, барнатобам номро.
Шайхи шуҳратҷӯи раъноро тамошо кун, ки чун
Дар либоси хос зоҳир шуд фиреби омро.
Муҳтасиб дар маъни май аз ҳад таҷовуз мекунад,
Мебарад з-ин феъли мункар равнақи исломро.
Ҳар кас аз ақсоми фитрат қисмати худ ёфтанд,
Зуҳдварзон ҷомаи солусу Ҷомӣ ҷомро.
Ҷомӣ дар маснавиҳои худ адолатпешагиро таблиғ намуда, ҳокимони золим ва қабоҳату разолати онҳоро накӯҳиш кардааст.
Дар байни шоирони адабиёти классикӣ камтар касе пайдо мешавад, ки мисли Мавлоно Ҷомӣ бо чунин ҷасорату қатъият рӯирост ба муқобили суфиёни риёкор ва мутаассиб баромад карда бошад. Ин амри виҷдони ӯ буд, ки бо онҳо муборизаи беамон барад. Ба ақидаи Ҷомӣ онҳое, ки худро воизу суфӣ метарошанд, бӯйе аз ирфон надошта, фақат ба хотири маишату худнамоӣ ин тариқатро пеш мегирифтанд ва аз ин рӯ савлату шукӯҳи онҳо, аммомаву фаши онҳо, ҳатто тиловату вирдгӯӣ, зикру самоъ, намозу ниёз ва илму китобашон ҳама риё ва барои тазвири халқ буда, аксари онҳо ҷуз фикри шикампарастӣ ва кибру шаҳват кори дигаре надоранд:
Воиз хар асту анҷумани вазъ харгала,
Гар хар равад ба харгала, натвон зи хар гила.
Аз савт тифли хурд тавоҷуд кунад бале,
Роҳи самои хар бувад овози зангула.
Осудагӣ маҷӯй зи воиз, ки халқро,
Ҷуз дарди сар намедиҳад аз бонгу машғала.
Равшан нашуд зи партави гуфтори ӯ диле,
Кай кирми шабчароғ кунад кори машъала.
Шайхи хамидапушт, ки орад ба чилла рӯй,
Аз баҳри сайди ом камон мекунад чила.
Абдураҳмони Ҷомӣ аз низоъҳое, ки дар замони зиндагии ӯ дар байни пайравони мазҳабҳои суннӣ ва шиа шиддат ёфта буд, сахт изҳори нафрат намуда, аз ҳар ду безорӣ меҷӯяд. Ин нафраташро шоир дар рубоии зер чунин иброз доштааст:
Эй муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,
К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям.
Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?
Сад шукр, ки сагсуннию харшиа наям.
Ҷомӣ дар амри идораи давлат ва ҷомеа адолатро аз ҳама чиз, ҳатто аз дин ҳам болотар медонад. Ҷомӣ ба эътиқоди худ ба дараҷае мустаҳкам аст, ки шоҳи ғайримусулмони одилро аз подшоҳи золими диндор беҳтар ва барои мамлакатдорӣ афзал мешуморад. Ба андешаи Ҷомӣ дар идораи давлат меъёр бояд адолат ва қонунмандӣ бошад, на диндорӣ.
Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,
Адл дорад мулкро қоим, на дин.
Куфркеше к-ӯ ба адл омад фареҳ,
Мулкро аз золими диндор беҳ.
Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамин мавзуъро тақвият дода, бар зидди сиёсӣ кардани дин дар ҷомеа сухан мегӯяд. Аз абёти ӯ ба хубӣ маълум аст, ки дар ҳамон давраи асримиёнагӣ тарафдори низом ва ҷомеаи баробарҳуқуқ ва давлатест, ки дар он дин дар идораи давлатӣ мудохила надошта бошад. Вақте шоир «Адли бедин низоми оламро» мегӯяд, ин ҷо «низоми олам» гуфта, ӯ низоми идораи ҷомеа ва давлатро дар назар дорад ва таъкид мекунад, ки назар ба низоми золимонаи динӣ, низоми дунявии одилона беҳтар аст. Ба андешаи Ҷомӣ танҳо дар партави адолат, низоми дунявӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳуқуқи аҳли ҷомеа ҳифз мешавад:
Адлу инсоф дон, на куфру на дин,
Он чи дар кори мулк дар кор аст.
Адли бедин низоми оламро,
Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.
Дар андешаи Ҷомӣ илму амал аз якдигар ҷудо нестанд. На илми беамал фоида дорад ва на амали беилм барои ҷомеа судманд аст. Илму амал дар якҷоягӣ сабаби равнақу тараққии ҷомеаи инсонӣ хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, шоири озода аҳли ҷомеаро ба китобу китобхонӣ даъват кардааст. Бо гузашти ҳудуди 600 сол аз замони Ҷомӣ ҳанӯз ҳам андешаҳои ӯ пойбарҷо буда, моя ва ангезаи рушду тараққӣ барои наслҳои кунунӣ мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақи илму адабиёт, густариши фарҳанги китобхонӣ ва кашфи истеъдодҳои нав озмуни ҷумҳуриявиеро эълом намуданд, ки номи онро мисраи маъруфи Абдураҳмони Ҷомӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зеб медиҳад.
Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.
Ба ҷойи тақриз
(Перомуни китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2023. Интишороти “Меъроҷ Граф”)
“Давроне ки аблаҳон бо оқилон, ҳокимон бо низомиён, руҳониён бо даҳриён, фоҳишаҳо бо тақводорон, сарватмандон бо камбағалон забон як мекунанд, бо ибораи Шарқиён Рӯзи охират фаро мерасад”. Ин тафсири файласуфи номаълум ё ба ибораи маъмулӣ сарбози оқили гумном муҳит ва вазъи ҷаҳони муосирро воқеӣ тафсир кардааст.
Бадбахтона айни замон ба дунявияти тафаккур ва ақоиди холӣ аз таъсири дину оин, ҷунбишҳои тундгаро тамоили тафаккури томгароии мутлақи бунёдӣ таҳдид мекунад. Ва айни ҳол дар партави китоби хеле зарури “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” илоҷи аз паҳлуи хатар убур намуданро иброз медорем. Мутаассифона, чун мо дар киштии “Замин” ҳамроҳи кулли башарият қарор дорем, ба таври алоҳида аз ин таҳдид эмин нестем. Ҷаҳонишавии босуръат, дар мисоли Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди мамолики туркнасл ва боз даҳҳо иттиҳодияҳои миллию иқтисодӣ ба тадриҷ тақвияти ҳассоси миллӣ ва фардияту мухторияти миллӣ ва қавмиро суст мекунанд. Давлати абараристократӣ, поягузори империяи мустамликадорӣ Британияи Кабир нахост, ки лорду сарватмандону бузургони вай дар қатори кишварҳои Албания, Венгрия, Хорватия мутеи Иттиҳоди Аврупо бошанд. Ва барои ин кишварҳои зери таъсири собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сар хам кунад. Ва ба пули ҳанӯз сад буҳрони молиявиро сипарӣ накардаи евро муомилот намояд. Аз ин рӯ, имрӯз Аврупо пас аз “талоқ”-и Британияи Кабир ба “гарданшахӣ”-и Полша, Венгрия ва Словакия дучор шуда, аз ботлоқи нави буҳрони сиёсию иҷтимоии Авурпо баромада наметавонад. Вале барои худсафедкунӣ ҷанги Украина ва Россия баҳонаи мувофиқ аст барои ИМА ва Аврупо хатми ин ҷанг зарари калон меорад. Зарари ҷаҳонишавӣ ба кишвари мо ҳанӯз эҳсос намешвад. Зеро Аврупо ба захираҳои Осиёи Марказӣ умедвор аст. Ва ба ҳар аломати миллатгароии Осиёи Марказӣ тоқат мекунад. Ҳанӯз 22 сол пеш олимони руҳонии Эрон ҷаҳонишавиро марги мусулмонии пок маънидод карда буданд. Бадбахтона аз ин тамоил монархияи мазҳабӣ ва бунёдгароёни динӣ моҳирона истифода бурда , бартарияти “Ҳукумати том”-и марказии диниро тақозо мекунанд.
Хатари дуюм ба тафаккури дунявӣ ва озодандешии ақлзо ин авҷи терроризми иттилоотӣ аст. Таҷрибаи бистсола шаҳодат медиҳад, ки дар ҷабҳаи идеологӣ-иттилоотӣ гурӯҳҳои тундрав ва экстремистӣ пешсафанд. Ҳамзамон бо ин гурӯҳҳо давлатҳои абарқудрат духура бархурд мекунанд. Дар мисоли эътироф ва ҳамкорӣ бо Аморати эътирофнамудаи исломии Афғонистон кишварҳои ИДМ ба як қарори қатъӣ наомаданд. Масалан Россия ва Қирғизистон Толибонро эътироф намекунанд, аммо аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ лағв карда, ҳамкории иқтисодии васеъро ба роҳ мондаанд. Аз ин ҷабҳаи ошкоро пушида ҳам беш аз 60 гурӯҳи тундраву террористӣ моҳирона истифода мекунанд.
Хатари сеюми нисбат ба тафаккури дунявӣ дастболо шудани ақоиди тундгароӣ ин дастрас ва ҳадафманд мавҷуд набудани воситаи таълим ва тарбияи насли нави муборизони зидди терроризм аст. Ба қавли нависандаи туркман Бердӣ Карбобоев “Дар хона мавиз бисёр, аммо хурданӣ нест”. Бале, мо мавод, китобу рисолаҳои зиёд иншо ва нашр кардем. Аммо мавод, васоити хуби ҳадафнок хеле кам ва дастнорас мебошад. Соли 2022 бо иқдоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2022. Интишроти “Меъроҷ Граф”) муаллифон Қосимшо Искандаров, Раҳматкарим Давлатов, Ҷамолиддин Саидзода, Беҳрӯзи Забеҳулло, Саидхоҷа Ализода, Нозим Нурзода, Боймурод Шарифзода, Ш. Нуриддинов) ба нашр расид. Китоб тибқи арзёбии олимон ва коршиносон тули 31 соли охир беҳтарин ва муфидтарин воситаи таълим эътироф шуд. Барои тасдиқи ин ақида ба чанд вокуниш коршиносону олимон назар мекунем. “Маҷмуаи мақолаҳои ин китоб дар асл ҳам собит кардаанд, ки тундгароӣ ва рӯ ба аблаҳии сиёсӣ овардани инсоният падидаи асри 21 нест. Аммо ҷамъият ба хусус роҳбарону ҳокимон таъкид ва ҳушдори бузургони адабиётро нодида гирифтаанд. Маҳз дар натиҷаи инсоният ба ҳамҷинсгароӣ, тундгароӣ, динбезорӣ, фарҳангкушӣ таъқиру туҳмат шуғл варзиданд. Ин имкон дод, ки қотилу террорист, бо ниқоби дини Ислом, чодари ҷиҳод барои ҳифзи дин маъракаи умумиҷаҳонии иттилоотиро вусъат доданд. Ҳақ ба ҷониби Лев Толстойи рус аст, ки навишта буд: ”Бо ман аз дин суҳбат накунед. Бигзоред ман динро дар кирдори шумо бинам”. Ва афсус дар асри нав дин дар кирдори инсонҳо нопадид шуд. Маҳз ин асари нишонрас моҳияти дунявии афкори озодандеширо таблиғ мекунад. Вале васоити таълим барои 2000 хонанда теъдоди кам буда, он бояд барои ақаллан нисфи ҷавонон дастрас бошад.” (Наҷибуллои Кошонӣ, собиқ паноҳҷӯй дар Душанбе, ҳоло шаҳрвнади Олмон, тоҷиктабори Афғонистон).
“Асри 21, асри туризм ва ҷаҳонгардӣ бояд шавад. Аммо ҳанӯз таъсири пандемия аз ёди мардум нарафтааст. Ин шуғл ва бахши хеле муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ ва даромади хуби иқтисодиро Шайх Саъдӣ хеле фаҳмо, дилчасп дар осораш инъикос кардасту ба ин маънӣ. (Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе 2023. Интишороти Меъроҷ Граф” сах.114)
“Ин пажуҳиш бояд ҳам дар туй ҳам дар намози ҷумъа ҳам дар муҳити хонавода қироат ва тафсир шавад. Воқеияти замон, падидаҳои ғайри мунтазира ҳам ва дар тамоилҳои дунявӣ аз худ нақш боқӣ монад. Ин тамоилро бояд ба тариқи қиёсӣ омӯхта натиҷаашро ба қишри бадтарбия (Гурӯҳҳои тундрав) ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои хатарнок тамоил пайдо мекунанд, мекунад равон гардид.) оммафаҳм таблиғ кунанад” (Асламшо Муҳаббатшоев, шаҳрванди Канада, тоҷиктабор)
Аз рӯи таҳлили парвандаҳои ҷиноӣ Прокуратураи генералии Ҷумҳури Тоҷикистон ва Кумитаи амният давлатии миллии Тоҷикистон иллати асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ фаъолияти риёкории неруҳои тундрав маҳсуб мешавад. Дар китоби мазкур дар ин бораи мутолиаи басо ҷолиби “Мушфиқӣ ва тасвири зоҳиду шахси риёкор” (Ҳамон китоб саҳ. 176) нашр гардида, бо далелҳои ҷолиб моҳияти зараровари ин падидаро кашф кардааст.
Бояд зикр кард, ки имрӯз аксари волидону масъулини таълим воситаи электронии иттилоот ба дурии ҷавонон аз мутолиа шабакаҳои интернетии иҷтимоӣ айбдор мекунанд. Дар асл ин далел пояи воқеӣ надорад. Фарогирии омма ба интернет дар Ҷопон қариб 76% буда, мутолиаи китоб аз рӯи асл 85%-ро ташкил медиҳад. Дар Россия низ шабакаи васеи иҷтимоӣ фаъол аст. Аммо истифодаи мардум аз ктобхонаҳо ба ҳисоби миёна 46 фоизро ташкил медиҳад.
Ба хотири боз ҳам қавитар гардондан ба се факултаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев пурсиши кӯтоҳ анҷом додаем.
Пурсиш барои китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2023. Интишороти “Меъроҷ Граф”. Даҳ нафар.)
№ |
Муассиса |
писанд |
Кофӣ нест |
Бетараф |
1 |
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
9 |
- |
1 |
2 |
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикстон |
8 |
- |
2 |
3 |
Донишгоҳи ДДХ ба номи М. Назаршоев |
9 |
- |
1 |
Бадбахтона дар 12 шабакаи иҷтимоӣ, 7 Оҷонсии иттилоотӣ, 22 портали хабарӣ ва 2370 блогери фарогири тоҷик дар хориҷи кишвар зиди дастовардҳои мо мубориза мебаранд. Террорист танҳо ҷавонони сиёҳпӯши милтиқдори ваҳмангез нестанд. Аз ин чунин мубаллиғони туҳматсози пардапӯш хатарноктаранд.
Ҳамин тавр, ман боз даҳо вокуниш ва тақозои хонандагонро гирд оварда метавонам. Ин талаб ҳамзамон аз донишҷӯён низ зиёд пешниҳод мешавад. Яъне ба чунин китоб набояд нукта гузошт Ва онро бо таҳлилҳои амиқ нишонрас, тақвият дода ва бо теъдоди зиёд бояд бознашр намуд.
Наҷмиддин Шоҳинбод,
корманди шуъбаи иттилоот,
робитаҳои илмӣ ва омӯзиши
тамаддуни Шарқи ММХ АМИТ
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1315-1390) аз бузургтарин шоирони ғазалсарои асри ХIV тоҷику форс ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст. Ӯ аз муҳимтарин таъсиргузорон бар шоирони пас аз худ шинохта шудааст. Ҳофиз илму фанро дар маҳфили дарси устодони замони худ фаро гирифт ва дар шеъру адаб ба пояи баланд даст ёфт. Девони ашъори ӯ аз ғазалиёт, қасида, маснавӣ ва рубоиёт иборат аст. Ҳофиз ҳудуди 500 ғазали дилангез суруда, ки то кунун беш аз 400 бор ба забонҳои гуногуни ҷаҳон ба нашр расидаанд. Ҳофиз ғазали Мавлоно ва Саъдиро ба ҳам пайванд дода, байтҳои дурахшон, мустақил ва хушмазмуне офаридааст.
Вақте Иоҳан Гёте дар тақлиди Ҳофиз «Девони Ғарбию Шарқӣ»-и худро эҷод кард, рӯзномаҳои Ғарб Гётеро «Офтоби назми олам» муаррифӣ карданд, вале ӯ дар ҷавоб навишт: «Ман дар осмони назм офтоб не, балки моҳтоб ҳастам, ки нурҳои офтобро инъикос мекунам. Офтоб дар Шарқ тулуъ кардааст ва номи ӯ Ҳофизи Шерозист». Аммо ин ки Ҳофиз дар шоирӣ шуҳраи офоқ гардид, ҳикмате дорад. Сарфи назар аз фасоҳату балоғату латофати баён, ки Ҳофизро мумтоз кардааст, мазмуну муҳтавои шеъри ӯ низ дилҳоро мисли оҳанрабо ба худ ҷазб мекунад. Муҳаққиқони осори Ҳофиз ӯро ҳамчун шоири озодманиш, озодандеш ва равшангари дилҳо эътироф намудаанд. Гарчанде ки дар замони зиндагии шоир ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ ба чашм намехӯрд, аммо шеъри Ҳофиз ба танҳоӣ аламбардори ҷунбиши бедорӣ ба шумор мерафт. Ҳофиз бо паёми инсонгароӣ ва андешаи озоду озодихоҳӣ дили мардуми ҷаҳонро тасхир кардааст.
Бо мутолиаи осори ӯ ба осонӣ метавон пай бурд, ки руҳи озодихоҳию озодманишӣ дар меҳвари андешаи шоир қарор дошта, таъкидҳои пай дар пайи ӯ дар ин замина гувоҳи ин муддаост. Ҳофиз озодии инсонро болотарин арзиш медонист ва барои ҳифзи каромати инсонӣ тамоми имконоти фикрии хешро сарф мекард. Шоир пойбандию вобастагӣ ба манфиатҳои зудгузарро мусибати калон барои инсон медонад:
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,
Зи ҳар чи ранги тааллуқ пазирад, озод аст.
Ҳофиз инсонро бузургтарин муъҷиза ва зеботарин падидаи рӯзгор медонист ва аз озодиҳои он ҳимоят мекард. Ӯ бар ин бовар буд, ки дунёву охиратро руҳи одами озода обод мекунад. Таъйини ҳадду марз одамиро ба хорию залолат мекашонад. Аз назари Ҳофиз зеботарин сифати инсон озодагӣ ва озодманишии ӯст. Агар ин сифатро инсон аз даст бидиҳад, ба махлуқе шароратпеша табдил мешавад. Аз ин рӯ, шоир дар ашъораш ба таври мукаррар ин сифотро бар ӯ гӯшзад мекунад.
Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.
Ҳофиз ҳамчунин як шаҳрванди боинсофи замонаи хеш буд. Дар оинаи ашъори ӯ мо ҳаводиси рӯзгори шоирро ба равшанӣ дарк мекунем. Ҳофиз дар ғазалиёташ бо равишҳои гуногун, аз ҷумла истиораву киноя ва танзу муқобала авзои иҷтимоиро нақду баррасӣ мекунад. Шоир ба сарнавишти худу ҳамзамононаш бетараф нест. Ӯ дар перояи зебои шеър дардҳои замонаро бо фасоҳату балоғати том инъикос кардааст.
Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай саромад, шаҳрёронро чӣ шуд?
Шоир толиби як ҷомеаи фозила аст ва барои расидан ба мақсад роҳу равиши худро пешниҳод менамояд. Ӯ барои ҳалли ихтилофоти башарӣ ва зиддиятҳои иҷтимоӣ тарҳи «мурувват»-у «мадоро» карданро матраҳ мекунад. Зеро аз роҳи зӯру хушунат одамӣ ҳаргиз ба сулҳу оштӣ намерасад, магар ин ки аз роҳи мадоро барои дигарон низ ҳаққе қоил бошад. Ҳофиз доштани ин ду сифатро калиди осоиши оламу одам медонад:
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Агар Ҳофиз хайрхоҳи башар намебуд, ҳаргиз чунин тарҳе ба назар сода, вале дар амал ҳакимона дар зеҳнаш намегузашт. Агар шоир ба сарнавишти ҳамзамонону ҳамтаборонаш беэътино мебуд, ҳаргиз афкори созанда дар ашъораш мушоҳида намешуд. Таҳаммулгароӣ ва қабули афкори рақибон, ки имрӯза дар низомҳои демократӣ ба он арзиши болое қоил ҳастанд, дар даврони Ҳофиз низ ҳамчун як асли зарурӣ аз ҷониби шоири огоҳ муаррифӣ шудааст. Ҳофиз дар ҳамон замон медонистааст, ки ҷомеаи башарӣ ба воситаи қолабҳо сохта намешавад, балки бо кумаки арзишҳо пойдор мемонад:
Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.
Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
Бар хилофи баъзе таҳлилгарони якҷонибанигар, ки навиштаҳои Ҳофизро ашъоре сирф орифона тафсир мекунанд, осори ӯ лабрез аз андешаҳои иҷтимоӣ аст. Диққати шоир ба сарнавишти инсонҳо дар ҳамин дунё буд, чунки дар ҳамин ҷо тақдири одамӣ муайяну мушаххас мешавад. Бинобар ин, дар ашъори Ҳофиз инсон ва ҷойгоҳи он дар дунё дар дараҷаи аввал қарор мегирад:
Мабош дар пайи озору ҳар чӣ хоҳӣ, кун,
Ки дар шариати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.
Ҳофиз ба равшанӣ ҳушдор медиҳад, ки охират подоши аъмолу рафтори одамӣ дар паҳнои дунёст, вагарна бидуни дунё охират маъние надорад. Пас зиндагии шоиста дар дунё муқаддимаи ҳаёти ҷовидонист.
Як савол ин аст, ки чаро шоир ба масъалаи мардумозорӣ ин қадар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд? Дар ҷаҳонбинии Ҳофиз ҳеч гуноҳе бузургтар аз мардумозорӣ, риёкорӣ, худписандӣ нест. Ӯ барои мафҳум шудани ин гуна масоил аз қиёсу муқобала ҳунармандона истифода мекунад. Дар осори Хоҷа шайху муфтию муҳтасиб ҳамчун намояндагони дину шариат сахт мавриди мазаммат қарор гирифтаанд. Шоир ин табақаро ба хотири риёкорӣ дар амри дин ва мардумозорӣ танқид менамояд. Ҳофиз муътақид буд, ки руҳониён ва намояндагони дину шариат дар замони ӯ ба ҷойи хидматгузорӣ ба халқи Худо аз дин суистифода карда, динро тибқи майлу хоҳиш ва манфиати шахсию гурӯҳии хеш таъбиру тафсир мекунанд. Шоир ин нуктаро риндона фош менамояд:
Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.
Дар фалсафаи динӣ хӯрдани май ва нофармонӣ аз дастуроти шаръӣ гуноҳ маҳсуб мешавад. Акнун шоир бо овардани ин мисол бо тазоду муқобала ба мардуми замони худ дарс медиҳад ва мегӯяд, агар содир кардани чунин аъмол аз нигоҳи динӣ гуноҳ аст, пас риёкорӣ гуноҳи аз он ҳам азимтар аст. Бинобар ин, бар асоси ин назария ҳама одамон гуноҳ мекунанд, аммо бузургтарин гуноҳ риёкорӣ аст, ки ходимони расмии дин мудом онро содир мекунанд, вале бар он қоил нестанд.
Май хӯр, ки сад гуноҳ зи ағёр дар ҳиҷоб,
Беҳтар зи тоате, ки ба рӯю риё кунанд.
Дар абёти мазкур Ҳофиз ба таври возеҳ ҳушдор медиҳад, ки зараре, ки аз амали зоҳидони зоҳирнамо ва шайхони риёкор ба дин ворид мешавад, ба маротиб бештар аз амали майхорон аст. Дар идомаи ин баҳс шоири ҳаким дари баҳси тавбаро мекушояд. Ӯ дар мавриди фалсафаи тавба мефармояд, ки мастони шароб бар гуноҳи худ, ки возеҳ аст, иқрор доранд, аммо мастони зуҳду риё мағрури аъмоли зоҳиргароии хеш буда, аз савобу фоидаи тавба маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, шоири дақиқназар фалсафаи тавбаро дар байтҳои зерин ҷасурона ба тасвир кашидааст:
Тарсам, ки баҳрае набарад рӯзи бозхост,
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Ё ин ки:
Тарсам, ки рӯзи ҳашр инон ба инон равад,
Тасбеҳи шайху хирқаи ринди шаробхор.
Ин гуна байтҳо дар ғазалиёти Ҳофиз зиёд ба чашм мехӯранд, ки шоир бо таъбирҳо ва равишҳои гуногун ҳамин мазмунро мехоҳад ба гӯши мардум бирасонад, то онҳо хубу бадро бишносанд. Аз назари Ҳофиз «нони ҳалоли шайх»-у «оби ҳароми бодагусорон» ва «тасбеҳи шайх»-у «хирқаи риндон» дар рӯзи бозхост (қиёмат) ҳар ду аз назари гуноҳ ҳамвазн ва баробар ҳастанд. Танҳо фарқият ин ҷост, ки бодагусорон, ки бар гуноҳи худ иқрор буда, тавба кардаанд, мавриди бахшиш қарор мегиранд ва шайхони мағрур аз бахшиш маҳрум мемонанд, зеро аз сари такаббуру худписандӣ тавба накардаанд.
Шоири ҳаким гуноҳро ба категорияҳо ҷудо мекунад: яке гуноҳоне, ки хусусияти иҷтимоӣ доранд ва дар чашми мардум ошкор ҳастанд ва дувум гуноҳоне, ки нишонаи зоҳирӣ надоранд, аммо зарарашон бештар аз гуноҳонест, ки дар чашми мардум ошкор аст:
Боданӯше, ки дар ӯ рӯю риёе набувад,
Беҳтар аз зуҳдфурӯше, ки дар ӯ рӯю риёст.
Мушкили дигар ин аст, ки афроди риёкору зуҳдпеша ҳаргиз гуноҳи хешро ба гардан намегиранд, бинобар ин роҳи тавба барои ин гурӯҳ баста хоҳад буд. Ин аст, ки шоир аз дасти ин гурӯҳ ба сутӯҳ омада, чунин месарояд:
Риё ҳалол шуморанду ҷоми бода ҳаром,
Зиҳӣ тариқату миллат, зиҳӣ шариату кеш!
Ҳофиз дар мисраи дувуми байти боло ин навъи тафаккурро бо киноя сахт мазаммат кардааст. Яъне, вой бар ҳоли он тариқату миллату шариату дине, ки маърифаташ дар ин ҳад бошад ва милоки санҷиши андешааш бар ин поя. Аз назари Ҳофиз бо ин тарзи тафаккуру андеша ҳеч миллате ояндаи худро сохта наметавонад, чун оқибати ин роҳ бунбаст аст. Дар ҷомеае, ки ин гуна афрод ҳукумат мекунанд, ҳаргиз рушду шукуфоӣ ба чашм намехӯрад. Бинобар ин, шоир аз ин тоифа изҳори безорӣ мекунад ва зуҳдфурӯшону риёкоронро бадтарин табақаи инсонӣ медонад:
Башорат бар ба кӯи майфурӯшон,
Ки Ҳофиз тавба аз зуҳду риё кард.
Ҳофиз як шоири иҷтимогаро ва мубориз будааст. Ӯ ҳаргиз бар мушкилоти иҷтимое, ки дар он зиндагӣ мекард, чашмпӯшӣ накард ва айбу нуқсонҳои ҷомеаи худро бо забони фаҳмо фош кардааст. Аз назари шоир касе, ки ба нӯшидани шаробу майхорагӣ бипардозад, беҳтар аз касе аст, ки бо зоҳирнамоӣ ба шариат динро доми тазвире барои авом қарор медиҳад:
Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад,
То риё варзаду солус мусулмон нашавад.
Рисолати Ҳофиз танҳо айбҷӯйӣ ва мазаммати ҳокимони золим, шайхони риёкор ва воизони солус набуд, балки шоир роҳу равиши дурусти диндорию ҳукуматсолориро низ ба ҳамзамонони хеш нишон медод. Ӯ ташвиқгари арзишҳои асили инсонӣ буд. Муҳимтарин арзиши як ҳоким садоқати ӯ ба халқи худ аст. Агар ҳоким содиқ бошад, фазилатҳои дигари инсонӣ дар вуҷуди ӯ ҷамъ хоҳад шуд ва истеъдоди ҳукумат кардан ба мардумро пайдо хоҳад кард.
Шоир адлу дод ва садоқати ҳокимонро асли истеҳкоми давлат арзёбӣ карда, дар муқобил зулму ситамро сабаби харобии мулку мамлакат медонад:
Вафову аҳд накӯ бошад, ар биёмӯзӣ,
Вагарна ҳар ки ту бинӣ, ситамгарӣ донад.
Ба қадду чеҳра ҳар он кас ки шоҳи хубон шуд,
Ҷаҳон бигирад, агар додгустарӣ донад.
Мазмуни ғазали мазкур комилан иҷтимоӣ буда, шоир аз ҳамин тариқ мавқеи худро дар бораи ҷомеаи хеш ба таври равшан баён кардааст. Меҳвари ғазалиёти Ҳофизро, бар хилофи ақидаи бархе муҳаққиқон, ки осори шоирро «ирфонӣ» гуфтаанд, мавзуъҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти замони шоир ташкил додааст. Дар ашъори Ҳофиз авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа бисёр зарифу ҳунармандона нақд шудааст. Имрӯз муҳаққиқон метавонанд бо ёрии ашъори ноби ӯ масъалаву мушкилоти даврони шоирро кашфу ошкор намоянд.
Мавзуи дигаре, ки Ҳофиз нисбат ба он ҳассосият нишон додааст, вуҷуди таассуби динӣ мебошад. Дар андешаи Ҳофиз маншаи таассуб ҷаҳлу нодонӣ аст ва ин шоири бедордилу озодманиш бо ҷаҳолатпешагон низ муборизаи оштинопазир бурдааст. Ситоиши хираду хирадварзӣ ва ҳамзамон накӯҳиши ҷаҳлу нодонӣ дар маркази таваҷҷуҳи шоир қарор доштааст:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Ҳофиз найрангҳои тафриқаву ҷудоӣ ва ҷидолҳои муддаиёни дурӯғин ва муҳитҳои ҷаҳлпарварро мешинохт ва парда аз чеҳраи шайху муфтию муҳтасиб бебокона медарид. Нодонии онҳоро мазаммат мекард ва ҷанги ҳафтоду ду миллатро бархоста аз гумроҳӣ медонист. Шоир тараннумгари озодии андеша буда, ҷаҳлу нодониро маҳкум мекард:
Нишони аҳли Худо ошиқист, бо худ дор,
Ки дар машоихи шаҳр ин нишон намебинам.
Ҳамон гуна, ки дар ибтидо гуфтем, кори Ҳофиз бо мазаммату накӯҳиш ва таҳқиру маҳкумияти сифоти разилаи инсонӣ хатм намешавад, балки шоир дар ҳар масъалае роҳи ҳалли онро низ ба мардум гӯшзад мекунад. Дар масъалаи ҷаҳлу таассуб ҳам Ҳофиз пас аз накӯҳиши он андешаҳои созандаи хешро матраҳ менамояд. Дар ҷаҳонбинии Ҳофиз дунё «хонаи ишқ» аст ва мушкилтарин буҳронҳоро аз роҳи муруввату мадоро метавон ҳал кард. Шоир роҳи нобудии ҷаҳлу таассубро дар касби маърифат ва муҳаббат варзидан ба дигарон медонад.
Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.
Мушкилоти ҷаҳон ва ихтилофоти аҳли башар танҳо аз роҳи дӯстию муҳаббат ва таҳаммулгароиву мадоро қобили ҳал аст. Бо хушунату таассуб варзидан ва ҷангу низоъ вазъияти оламу одам бадтар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, Ҳофиз ҳамаро ба меҳрварзӣ даъват менамояд:
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.
Дар ғазали мазкур Ҳофиз маърифати динии ҳамзамононашро ба нақду баррасӣ мегирад. Ин ғазал ба таври мукаммал намунаи ошкори нақди андешаҳои динӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад. Муҳтавои асосии ин ду байт бар озодии андешаи башарӣ ва озодии инсон барои ҳаққи таъйини сарнавишти хеш таъкид доранд. Шоир муътақид буд, ки яке аз омилҳои густариши таассубу хурофот намояндагони расмии дин мебошанд, ки ба хотири манфиатҳои шахсии хеш динро воруна тафсир менамоянд. Дар идомаи ҳамин ғазал шоири озодипараст мефармояд:
Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушёр, чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.
Дар байти мазкур шоир дунёро чун «хонаи ишқ» таъбир намуда, пайравони мазҳаб ва динҳои гуногунро ба таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии мусолиматомез даъват кардааст. Аз ин манзар, дар фалсафаи Ҳофиз ибодатгоҳҳои дину мазҳабҳои мухталиф аз назари мақом яке ҳастанд, агар пайравони он аз сари сидқ ва таслиму ризо ба ин маконҳо муроҷиат кунанд:
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ, сару хишт.
Дар мактаби Ҳофиз «майкада» маконест, ки афрод аз сари сидқу сафо ҷамъ мешаванд. Шоир истилоҳи майкадаро дар муқобили масҷиду дайру куништ – ибодатгоҳҳои расмии динҳои гуногун қарор дода, ба мардум тарзи дурусти таълимоти башариро меомӯзад. Ҳофиз бо ишора ба зоҳидони зоҳирпараст ва шайхони риёкор мефармояд:
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
Ҳофиз равиши шайхони манфиатҷӯро, ки бо ҳар васила мардумро аз рӯзи қиёмат метарсонанд, маҳкум мекунад. Шоир озодии инсонро ҳамчун як асли асосӣ эътироф намуда, боварманд аст, ки танҳо дар сояи вуҷуди озодӣ инсон метавонад ба камол бирасад. Дар ҷаҳонбинии Ҳофиз инсони тарсу қобилияти эҷод ва бунёди дунёи навро надорад, бинобар ин, ӯ мудом аз ҳаққи озодии инсон ҳимоят кардааст.
Аз таҳлилу баррасии мухтасари ҷаҳонбинӣ ва ғазалиёти Ҳофиз метавон ба ин натиҷа расид, ки шоир аз муборизони ростини роҳи озодии инсон буда, дар осораш пайваста оини ҷавонмардӣ, садоқату ростӣ ва дӯстию муҳаббатро тарғиб намуда, башариятро аз офати ҷаҳлу таассуб ва дурӯғу риёкорӣ парҳез додааст.
Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.
Намонад касе зери чархи куҳан,
Зи арбоби дониш бимонад сухан.
Абулато ибни Алии Кирмонӣ, ки бо тахаллуси Хоҷу машҳур аст, яке аз шоирони маъруфи тоҷику форс буда, соли 1290 дар шаҳри Кирмон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Айёми хурдӣ ва ҷавонии шоир дар зодгоҳаш Кирмон гузаштааст. Пас аз касби камол ва ошноӣ бо рамзу румузи шеър ва шуҳрат ёфтан дар олами шоирӣ Хоҷу ба фикри сафар ва сайёҳат меафтад. Мехоҳад, ки аз маҳдудаи Кирмон худро берун бикашад ва бахташро дар сарзаминҳои дигар бисанҷад.
Чанде дар Шероз мемонад ва аз бузургони ин шаҳр низ касби илму дониш мекунад. Аммо дили орзупарвар ва сайёҳатхоҳи шоир лаҳзае ӯро ором намегузорад. Бинобар ин, вай боз ба роҳи худ идома медиҳад. Ба Табрезу Шому Байтулмуқаддасу Ҳиҷозу Ироқу Исфаҳону Ҳамадон ва ҷойҳои дигар мерасад ва дар ин шаҳру мамлакатҳо умр ба сар мебарад. Дар ин бора ӯ дар маснавии «Равзат-ул-анвор» чунин менигорад:
Чун фалак аз роҳи Ҳиҷозам биронд,
Даври мухолиф ба Ироқам расонд.
Буд маро ҳамчу насими баҳор,
Ҳарзаравӣ дар шабу шабгир кор.
Гаҳ зи Араб сӯи Аҷам тохтан,
Гаҳ зи Аҷам сози Араб сохтан.
Хулоса, Хоҷу нуздаҳ соли умрашро дар сайру сафар мегузаронад. Ӯ тахминан дар солҳои 1338-1339 ба зодгоҳаш бармегардад ва хотимаи умрашро дар Кирмону Шероз сипарӣ мекунад. Ниҳоят, вай соли 1354 дар Шероз падруди ҳаёт мегӯяд.
Хоҷу яке аз шоирони пуркору пуросори адабиётамон маҳсуб мешавад. Ӯ илова бар девони ашъораш, ки аз қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайра иборат аст, соҳиби маснавиҳои «Ҳумой ва Ҳумоюн», «Гулу Наврӯз», «Камолнома», «Равзат-ул-анвор», «Гавҳарнома», ки бо номи «Хамса»-и Хоҷу машҳуранд, низ мебошад.
Хоҷу, ки дар ғазалсароӣ ном баровардааст, сабки вижа дорад. Агарчи ғазалҳои ӯ якнавохт нестанд, аммо аксар софу беғашу равон ва дорои вожагону таркиботу истилоҳоти тозаанд. Ғазалҳои ӯ бештар ба тарзи Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ ва алалхусус Саъдӣ суруда шудаанд. Ҳофиз низ дар ғазале ишора менамояд:
Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо
Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.
Рубоиёти Хоҷу асосан ба васфи ишқу ошиқӣ, шаробу май, сухану суханварӣ, муфохара ва масъалаҳои дигари ҳаёти инсонӣ бахшида шудаанд. Онҳо низ мисли соири осораш содаву равон мебошанд.
Хоҷу шоири инсондӯст, ситамситез ва марди ахлоқу орифу вораста мебошад. Ҳамнавъонро дӯст медорад. Тарафдори сулҳу ваҳдату дӯстию одамият аст. Бархе аз гуфтори ӯ дар ин заминаҳо ба сурати абёти ҳикматомез аз қаламаш таровидаанд ва хусусияти мондагорӣ касб кардаанд.
Хоҷу дар осораш беш аз сурат ба сират сару кор дорад, яъне шоире ботингарой аст, на зоҳиргарой. Бинобар ин, мефармояд:
Пой мабин, пояи товус бин,
Ҷифа мабин, каркаси ковус бин.
Хоҷу дар осори худ аз шаробу майу маъшуқа, бевафоии рӯзгор, одамони ҷоҳилу нодон, зоҳидони риёӣ, хурофотпарастону мутаассибон, рӯзгори ноҳамвор, фитнаи намояндагони мазҳабҳо, аҳли сарвату зулму ситам, сайру сафар, ғурбат, дурӣ аз ёру диёр ва ғайра сухан мегӯяд. Ӯ дар бисёре аз ашъораш ба ҷоҳилони хурофотпараст, мазҳабгароёни мутаассибу бесавод метозад, сурату сирати эшонро фош менамояд:
Пире дидем ҷумла вирдаш «ё Ҳу»,
Гуфтем: «Бигӯ, ки кистӣ?» Гуфто: «Ҳу».
Гуфтем, ки «Ло илоҳ»-ро маъно чист?»,
Гуфто: «Нашунидам зи кас, илло Ҳу».
***
То кай чу Масеҳ дам зи тоот занед,
Ё ҳамчу Калим лофи миқот занед.
Хезеду ба май хоки маро гил созед
В-он гаҳ зи гилам хоки харобот занед.
Хоҷу чун дигар адибони озодандеш байни куфру дин тафовут намебинад. Ӯ дар осораш ваҳдати инсонҳоро тараннум намуда, бад-ин тартиб ҷаҳонбинии дунявии хешро ба намоиш мегузорад:
Эй дил, талаби дард куну дармон бин,
Дар олами ҷон неҳ қадаму ҷонон бин.
Бигзар зи ҳиҷобу куфру имон, он гоҳ
Дар сурати куфр маънии имон бин.
Хоҷу дар осораш танзҳои газанда ва интиқодоти сахт аз зоҳиргароён, аҳли ришу саллаву суф ва амсоли ин менамояд:
Риши худ бигрифту бартезиду бихрӯшиду гуфт,
К-ин замон чун навкаре бо ман намебинӣ, чӣ буд?
Гуфтамаш: даст аз чӣ рӯ ҳар лаҳза бар риш оварӣ?
Дунби хар чандон ки паймоӣ, ҳамон бошад, ки буд.
Мо дар бисёре аз ашъори Хоҷу оҳангҳои ҳаётдӯстона, аз зиндагӣ лаззат гирифтан, ба қадри неъматҳои ҷаҳон даррасидан ва хушгузаронии рӯзгорро мушоҳида менамоем:
Замоне биё, то даме хуш барорем,
Ки бе мо замона замоне наярзад.
Хоҷу мисли бисёре аз шоирони мунавварфикр дар пардаи рамзу киноя ва истилоҳоту мафҳумҳои пардапӯшона орову афкори мутараққии сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафӣ ва гоҳе миллии худро нишон медиҳад. Масалан, ӯ дар муқобили таълимоти тасаввуфию ирфонӣ ва хаёлгариҳои суфиёну орифон ба мақоми волои ақлу хирад, илму дониш дар ташаккули шахсияти инсон ва такомули ҷомеа арҷ мениҳад ва дар осораш аз ин ду неруи раҳнамову созанда ситоиш менамояд.
Хоҷу ба нақши ақлу хирад ва илму дониш таъкид намуда, мегӯяд, ки инсон бидуни доштани ақл ва фаро гирифтани дониш наметавонад худ, зиндагӣ, коинотро бишиносад ва ба такомулу тараққӣ даст ёбад. Мо ин маъниро аз дастовардҳои баланд дар замони муосир бармало дида метавонем. Аз ин рӯ, ашъори дар ин замина офаридаи Хоҷу барои мо имрӯз низ муфиданд, зеро мо ба воситаи ин шеърҳо аз мақоми илму дониш дар низоми зиндагӣ ва ҳаёти башар огоҳ мешавем. Ин намунаҳо, ки дар гиромидошти ақлу хирад, илму дониш гуфта шудаанд, ҳанӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва гум нахоҳанд кард, зеро маҳз бо доштани ақлу хирад ва илму дониш инсон аз ҳайвон фарқ мекунад ва ба сӯи бунёдкорӣ, пешрафт ҳидоят мешавад. Чунончи, ӯ дар мақолаи дувоздаҳуми «Равзат-ул-анвор», ки «Дар ақлу ҳаё ва пайдоишоти он» ном дорад, аз ақлу ҳаё чунин ситоиш мекунад:
Ақлу ҳаё ҷону дили оламанд,
Машъалафрӯзи раҳи одаманд.
Ҳоҷиби човуши сипоҳи туанд,
Чашму сару пушту паноҳи туанд.
Хоҷу барои тасдиқи мақоми хирад ва ақлу ҳаё дар «Ҳикояти Арасту ва сифати ақлу ҳаё» чунин мегӯяд:
Кард бузурге зи Арасту суол,
К-«Эй хирад аз шарҳи камоли ту лол.
Даври расул чун ба ниҳоят расад,
Даъвии даъват ба ҳикоят расад.
Маҳв шавад шарҳ зи лавҳи баён
Омиру ноҳӣ кӣ бувад дар ҷаҳон?»
Дод ҳаким аз сари ҳикмат ҷавоб,
К-эй зи суоли ту равон гашта об.
Мубдеи ашё, ки ҷон офарид,
Ақлу ҳаё кард дар инсон падид…
Муршиду ҳодӣ ба ҷуз аз ақл кист?!
Монеу дофеъ ба ҷуз аз шарм чист?!
Ҳаст хирад раҳбари роҳи савоб,
Ҳаст ҳаё деви хаторо шиҳоб.
Хоҷу баръакси назарияи суфиёну зоҳидон, ки ба ин дунё арҷ намениҳанд ва ба он ба чашми ҳақорату камбинӣ менигаранд, ба ҷаҳон эҳтиром мегузорад. Бинобар ин, ба онҳо чунин ҳушдори омӯзанда медиҳад:
Чашми ҳақорат зи ҷаҳон боз гир,
То нашавӣ пеши ҷаҳоне ҳақир.
Хоҷу ҳамеша ба мутаассибони мазҳабӣ, бартариҷӯёни арабӣ дастбагиребон будааст, зеро ӯ, агарчи мусулмон аст, аммо фарзанди озодагон будани хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва аз аҳли Аҷам, ки худ аз онҳо намояндагӣ менамояд, ҳароина ҳимоят мекунад. Ӯ бад-ин тартиб, аз як сӯй, заковату хирад ва дили поки аҷамиёро ситоиш карда, аз сӯйи дигар бузургманишии аъробро маҳкум мекунад. Ӯ ин қазияро дар «Ҳикояти Ҳасани Басрӣ ва Ҳабиби Аҷамӣ» чунин баён менамояд:
Буд Ҳабиби Аҷамӣ дар намоз,
Шуд Ҳасани Басри-ш аз дар фароз.
Дид, ки «ал-ҳамд» ба «ал-ҳамд» хонд,
Рахши қироат ба иборат наронд.
Гуфт: «Намоз аз паси ин чун тавон,
К-ин аҷамӣ ҳаст шикастазабон”.
Дур шуду кард ба танҳо намоз,
З-он ки кунад хос зи ом эҳтироз.
Дид ҳамон шаб чу фурӯ шуд ба хоб,
К-омадӣ аз ҳазрати Иззат хитоб,
К-«Эй Ҳасан, ар ҳусни иборат турост,
Сиҳҳати ният зи иборат ҷудост.
Тири фазилат шудат акнун зи шаст,
Ёфта будиву бидодӣ зи даст.
Ғарра чӣ бошӣ ба ибороти хеш,
Ношуда кашшофи ишороти хеш.
Гар ту ҷудогона накардӣ намоз,
Пардаи тооти ту будӣ ба соз.
Дил чу дуруст аст, забонро биҳил,
Номи забон аз чӣ барӣ пеши дил?
Ростии дил зи равиш хостаст,
Гар ту ба дил каҷ наравӣ, рост аст...
Тӯтии хушхон, ки забон номи ӯст,
Шаккари ширини баён коми ӯст.
Айб макун, гар шиканад дар сухан,
Бад набувад тӯтии шаккаршикан.
Ганҷи равон шуд дилу афъӣ забон,
Фарқ басе бошад аз ин то ба он».
Агарчи дар замони Хоҷу, ки аз барандохта шудани давлати миллии тоҷикон – Сомониён чорсад сол мегузашт, зимоми давлатдорӣ дар дасти бегонагон буд, дигар аз шоҳону паҳлавонони Аҷам ному нишоне набуд, руҳи миллӣ ба заъф гароида буд, подшоҳону ҳокимони мулки Аҷам бегонагон буданд, аммо адибони миллӣ, афроди банангу номус ва ватандӯст аз ифтихороти миллии худ даст намекашиданд. Эшон гузаштаи боифтихори қавми худро фаромӯш намекарданд, бо ҳар васила руҳияи миллии худро нишон медоданд ва аз ақвоми истилогар, ки Аҷамро дар қабзаи худ қарор дода буданд ва ба тоҷикон зулму ситам мекарданд, интиқод мекарданд ва бад-ин тартиб руҳи миллии худро нишон медоданд. Яке аз роҳҳои ҳифзи руҳи миллӣ ин насиҳат маҳсуб мешуд. Мо инро дар мақолоти сездаҳуми «Равзат-ул-анвор», ки «Дар насоеҳу мавоизи мулук ва таҳйиҷ дар адолату мулкпарварӣ ва таҳриз бар насафату додгустарӣ» унвон дорад, мушоҳида менамоем, ки шоир дар зимни панд ин подшоҳони ситамгорро, ки худро бартар аз шоҳони Аҷам тасаввур мекарданд, ба онҳо таъна мезаданд, шоҳону паҳлавонони Эрони бостонро ночиз медонистанд ва аз ҷоҳу ҷалоли муфт гирифтаи худ ғурур меварзиданд, мавриди мазаммат қарор медиҳад ва ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки даст аз зулму ситам кӯтоҳ намоянд, роҳи адлу инсофро, ки шоҳону паҳлавонони пешин доштанд, пеш гиранд, вагарна ҷазои аъмоли худро хоҳанд дид:
Эй шуда мағрур ба иқболу ҷоҳ,
Чанд кунӣ такя бар айвону гоҳ.
Карда дар ин панҷараи шашдарӣ,
Нисбати Гуштосб ба оҳангарӣ.
Аз сари нахват ба гаҳи интиқом,
Зол ниҳӣ куния Дастони Сом…
Гоҳ занӣ лоф, ки Бежан кӣ буд?
В-он ҳама номуси Таҳамтан чӣ буд?..
Гоҳ занӣ таъна, ки Баҳром кист?
Пури Наримон киву Руҳҳом кист?..
Мулки ту гар милкати ҷамшедӣ аст,
Охири кораш ҳама навмедӣ аст…
Хотири меҳнатзадагон шод кун
В-аз шаби меҳнатзадагӣ ёд кун…
Адл бувад оинаи рӯзгор,
К-оина ҷуз адл наёяд ба кор.
Сӯхтагонро ба карам даст гир,
Бӯ, ки дар он сар шавадат дастгир.
Ва шоир дар идомаи суханаш мегӯяд:
Тоҷи Каён бин, ки киён мениҳанд,
Ҷои Каёнро ба киён медиҳанд.
Аз ин чанд намуна маълум мешавад, ки адибони мо дар замони ҳокимияти сиёсӣ, динӣ ва қавмии бегонагон ҳам бо роҳҳои мухталиф (дар ҷомаи насиҳат, ҳикмат, тарғиби хирад, илму дониш) тавонистанд андеша ва хотираи миллиро ҳифз намоянд, ба намоиш бигузоранд.
Хоҷу шоири озодандеш аст, аз ин хотир, ӯ каъбаро бутхона муаррифӣ мекунад, зоҳирро ҷуз суратпарастӣ чизи дигаре намедонад, балки ботинро асос медонад. Чунончи, ӯ мегӯяд:
Каъба, ки шуд хонаи суратгарӣ,
Буткада бошад, чу наку бингарӣ…
Маст мадон ринди қадаҳнӯшро,
Тифл махон пири қабопӯшро…
Ҷома бар оташ неҳу пеш ор ҷом,
Дар даҳани шер шав аз баҳри ком.
Хоҷу аз азрақпӯшон, яъне суфиёни зоҳиргаро, маккор, солус, риёӣ гурезон мебошад. Бинобар ин, ӯ дар ашъораш ба эшон метозад ва сурату сирати нопокашонро фош мекунад. Хусусан, онҳоеро, ки худро дар сурат ва либоси суфиёна пинҳон карда, аммо дар муқобили покиву амали неку парҳез аз бадӣ қарор мегиранд, зуҳду тақворо шиори хеш қарор дода, мардумфиребӣ менамоянд, ба боди интиқод мегирад:
Эй ту ниёзиву ниёзи ту ҳеҷ,
Ҷома намозиву намози ту ҳеҷ.
Дурдкаши базми ҳавову амал,
Ҷуръакаши ҷоми дағову дағал.
Устуракирдор тарошида сар
В-аз ту тарошида ҳама хушку тар…
Дар таярон ҳамчу кабӯтар ба риш
В-омада сармаст чу кабк аз ҳашиш.
Риш маёрову маҳосин нигар,
Риш дигар дону маҳосин дигар…
Чанд занӣ лофи тасаввуф ба суф,
Вақф чӣ гирӣ, чу надорӣ вуқуф?
Ранги тасаввуф на ба суф асту бас,
Суфӣ аз ин ранг надидаст кас.
Соф барой, ин ҳама суф аз куҷост?
Кор нагардад ба сафу суф рост.
Такя бар ин зуҳди музаввар макун,
Чашми тасаввур ба вараъ бар макун.
Хоҷу дар ҷойи дигар дурӣ аз суфиёни риёкор, фиребгарон, маккорон, худситоён, лофзанонро талаб мекунад:
Ҳазар аз сафдарони суфином,
Бо сафу суфашон сафой тамом…
Нотарошидагони мӯйтарош,
Пурхурӯшандагони синахарош…
Шаҳриёрони кишвари талбис,
Шаҳсаворони лашкари иблис…
Карда таҳсилу ҳеҷ ҳосил не,
Ҷуста тафзилу ҳеҷ фозил не…
Хирқашон тар зи чашми гавҳарбор,
Лек дар зери хирқашон зуннор…
Охир, эй каркаси нишеманоз,
То кай оӣ ба риш дар парвоз?..
Бостонгароӣ ва бостонситоӣ, ки аз вуҷуди руҳи миллӣ дарак медиҳад, дар осори адибони мо ба ин ё он навъ, ба ин ё он ҳаҷм (дар яке зиёд, дигаре кам) ба чашм мерасад. Бавижа, ёдоварӣ аз паҳлавонону подшоҳони Аҷам, шахсиятҳои бузурги афсонавию таърихӣ қариб дар тамоми осори адибони мо мушоҳида мешавад. Хоҷу низ дар осораш ҳамвора аз гузаштагон ёд мекунад ва бад-ин роҳ хонандаро ба худогоҳӣ, бедорӣ, масъулият, ибрат гирифтан, андеша кардан аз ҳоли ҷаҳон фаро мехонад. Ба ин пурсишу руҷӯи ӯ бингаред:
Аз Фаридуну Ҷам чӣ дорӣ ёд,
К-он яке шуд ба хоку ин барбод?!
Дори Доро нигар, барӣ аз тахт,
Қасри Қайсар бубин, тиҳӣ аз рахт.
Бигзар аз оташу Сиёваш ҷӯй,
Тир биндозу ҳоли Ораш гӯй.
Сару сомони Оли Сомон бин,
Тоҷу тахти мулки Эрон бин…
Агар ашъори Хоҷуро аз лиҳози дар бар гирифтани ашъори дунявӣ мавриди пажӯҳиш қарор бидиҳем, як рисолаи бузург хоҳад шуд. Аз ин рӯ, зикри як ғазали Хоҷу, ки дар маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн» овардааст, муҳим аст:
Маро гар марҳами озор ҷӯед,
Аз он пурзӯр бас бозор ҷӯед...
Нишонам аз дари масҷид чӣ пурсед?!
Маро аз хонаи хаммор ҷӯед.
Майи гулранг чун дар ҷом резед,
Канори чашмаву гулзор ҷӯед.
Баёни мантиқи ширини Хоҷу,
Зи тӯтии шакаргуфтор ҷӯед.
Албатта, афкори мутараққӣ, инсондӯстона, интиқодӣ, иҷтимоӣ дар осори Хоҷу бисёранд. Шоир дар бисёре аз мавридҳо ба аҳли ҷаҳлу зоҳир метозад, қонуниятҳои иртиҷоии динро маҳкум мекунад, аз онҳо фосила мегирад, гоҳе дар муқобили фармоишоти диниву мазҳабӣ ҳаракат менамояд. Суханони ӯ дар ин заминаҳо, ки танқидиву омӯзандаву инсондӯстона мебошанд, барои тамоми замонҳо ва миллату қавмҳо баробар хидмат мекунанд.
Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.
Убайди Зоконӣ соли 1270 дар деҳаи Зокон, дар наздикии шаҳри Қазвин таваллуд шудааст. Номи ифтихории ӯ Низомиддин буд, ба ин далел дар бисёри сарчашмаҳо мо ба Низомиддин Убайди Зоконӣ вомехӯрем.
Қисми зиёди зиндагӣ ва фаъолияти адабии худро Убайди Зоконӣ дар Шероз гузаронидааст. Убайд баъд аз таҳсили илм дар Шероз ба Қазвин баргашта, ба вазифаи қозӣ таъйин мешавад ва ҳамчунон ба тарбияи фарзандони шахсиятҳои машҳури давраш мепардозад. Баъд аз вафоти Шайх Абуисҳоқ Убайд ба Бағдод рафта, бо Салмони Соваҷӣ, ки шоири маъруфи дарбор буд, вомехӯрад ва ба дарбори Султон Увайси Ҷалоир ба хидмат мепардозад. Дар ибтидо Убайд дар ҳаққи шоҳ мадҳия сароида бошад ҳам, ҷасорату забони тезу буррояш ва ба ҷоҳу мол бетаваҷҷуҳ будани шоир имкони зиёди дар дарбор будани ӯро намедиҳад.
Назар ба маълумоти сарчашмаҳо Убайди Зоконӣ умри дароз дида, осори зиёди назмиву насрӣ мерос гузоштааст. Аммо на ҳамаи осори ӯ то замони мо омада расидаанд. Новобаста аз он ки қисми ками осори шоири ҳаҷвнигор боқӣ мондааст, он аз шоири забардасту нависандаи чирадаст будани ӯ шаҳодат медиҳад ва дар онҳо вазъи даврони пур аз шӯри замони ҳукмронии муғулҳо дар Эрон ва Осиёи Марказӣ инъикос ёфтааст.
Ростгӯиву ростқавлӣ ва ҳаҷвияҳои тунду тези Убайди Зокониро аҳли дарбор, ҳокимони шариатпаноҳ, руҳониён ва шайху зоҳидони худпараст таҳаммули шунидан надоштанд. Аммо офаридаҳои Убайди Зоконӣ ба дили мардуми шаҳру деҳот роҳ ёфта, худи ӯ ба яке аз адибони маҳбуб ва дӯстдоштатарини мардум табдил ёфта буд. Навиштаҳои Убайди Зоконӣ ба забони мардум ва бо шеваи баёни одӣ аз рӯзгори сахту зиндагии вазнини халқи заҳматкаш дар замони ҳукмронии Элхонӣ қисса мекунанд.
Убайди Зоконӣ бо таваҷҷуҳ ба нафрате, ки мардум ба шахсияти шайхони риёкор доштанд, менависад, агар дар «он дунё» ҷойи шайх дар ҷаннат бошад, мардум аз нафрат ва азоби суҳбати ӯ дӯзахро беҳтар медонанд:
Гар туро дар биҳишт бошад ҷой,
Дигарон дӯзах ихтиёр кунанд.
Убайди Зоконӣ арбобони дин, хусусан воизонро, ки ақидаҳои динӣ ва шариати исломро тарғиб кардаву амалашон хилофи гуфторашон аст, мавриди танқид қарор дода, дар рисолаи «Даҳ фасл» мегӯяд: Ал-воиз, он ки гӯяду накунад.
Дар ҳикояти дигар, шоир нодонӣ ва шаклу шамоили хунуку қавли бетаъсири воизонро низ масхара кардааст:
«Воизе бар минбар сухан мегуфт. Шахсе аз маҷлисиён сахт гиря мекард. Воиз гуфт:
– Эй маҷлисиён, сидқ аз ин мард биёмӯзед, ки ин ҳама гиря ба сӯз мекунад!
Мард бархост ва гуфт:
Убайди Зоконӣ мисли дигар шоирони ҳамзамонаш муаззинҳои кундзеҳну ҷоҳилро, ки овози нофораму нохуш доштанд, бо истеҳзо чунин сарзаниш кардааст:
«Муаззине бонг мегуфту медавид. Пурсиданд, ки чаро медавӣ? Гуфт: Мегӯянд, ки овози ту аз дур хуш аст. Медавам, то овози худро аз дур шунавам». Бинобар он, шоир аз овози бади муаззин дур истоданро тавсия кардааст: «Дар кӯчае, ки манора бошад, висоқ магиред, то аз дарди сари муаззинони бадовоз эмин бошед».
Убайди Зоконӣ дар рисолаи «Ахлоқ-ул-ашроф» дар бораи он ки ин гурӯҳ дар ҷамъият зиёдатианд, қиссаи аҷиберо аз замони истилои муғул овардааст: «Дар таворихи муғул ворид аст, ки Ҳалокухон чун Бағдод мусаххар шуд, ҷамъеро, ки аз шамшер бозмонда буданд, бифармуд то ҳозир карданд. Ҳоли ҳар қавме боз пурсид. Чун ба аҳволи маҷмуъ воқиф гашт, гуфт: Аз муҳтарифа ногузир аст. Эшонро рухсат дод, то ба сари кори худ рафтанд. Туҷҷорро моя фармуданд, то аз баҳри ӯ бозаргонӣ кунанд..., қузот ва машоих ва суфиён ва ҳоҷиён ва воизон ва муаррифон ва гадоён ва қаландарон... ва қиссахононро ҷудо кард ва фармуд, ки инон дар офариниш зиёдатианд ва неъмати Худо ба зиён мебаранд. Ҳукм фармуд, то ҳамаро дар шат ғарқ карданд ва рӯйи заминро аз хубси ишон пок кард...»
Убайди Зоконӣ дар рисолаи «Сад панд» ба таври танзомез шарҳи истилоҳот ва тавзеҳи унвонҳои мазҳабӣ ва ҳокимони замонро овардааст: «ал-қозӣ – он ки имон надорад; ал-вакил – он ки ҳақ ботил гардонад; ал-хатиб – хар; ал-воиз – он ки бигӯяду накунад; ал-рӯбоҳ – мавлоношакле аз мулозими умаро ва хонин бошад; ас-суфӣ – муфтхор; ал-ҳоҷӣ – он ки дурӯғ ба каъба хӯрад; ал-имом – намозфурӯш» ва ғайра.
Тавре дидем, руҳониёну муллоҳои риёкор ва бадкеш дар асарҳои шоир ҳамчун симоҳои манфӣ тасвир ёфтаанд. Убайди Зоконӣ ба онҳо хислатҳои ҳайвонӣ, беимонӣ, ноинсофӣ ва бедиёнатӣ, ҳайвонтабиатӣ, ваъдахилофӣ, хушомадгӯйӣ, муфтхӯрӣ, дурӯғгӯӣ ва ғайраро нисбат додааст. Аз ҷумла, агар дар рисолаи «Даҳ фасл» хатибро бетамизу ҷоҳил ва хар номида бошад, дар рисолаи «Дилкушо» нодониву беилмии ӯро фош кардааст:
«Шахсе аз хатибе савол кард, ки вас-самои зот-ил-ҳубук чӣ маънӣ дорад? Гуфт: ҳама кас донанд, ки само замин бошад ва зот ҳам он чизаке бошад. Ҳубук на ман донам ва на ту ва на он ки ин гуфтааст».
Зоконӣ дар як ҳикояи дигараш менависад: «Хоҷа шайхеро ба меҳмонӣ бурд ва ба сари ниҳолӣ шинонд. Диноре чанд дар зери ниҳолӣ буд. Хоҷа зар талаб мекард, наёфт. Шайх гуфт: аз ҳозирон ба ҳар касе, ки гумон мебарӣ бигӯ, то аз ӯ талаб дорем. Хоҷа гуфт: эй шайх, ман ба ҳозирон гумон мебарам ва ба шумо яқин».
Дар латифаи зерин Убайди Зоконӣ суфии дуздеро тасвир кардааст, ки дар боғоҳои деҳқонон мисли ҳайвонҳои мевахӯр дуздӣ мекард:
«Шахсе дар боғи худ рафт, суфӣ ва хирсеро дар боғ дид. Суфиро мезад ва хирсро ҳеҷ нагуфт. Суфӣ гуфт: эй мусулмон, ман охир аз хирс камтар нестам, ки маро мезанӣ ва хирсро намезанӣ. Гуфт: хирси мискин мехӯрад ва ҳамин ҷо пас меафканад, ту мехӯрӣ ва мебарӣ».
Ӯ дар ин латифа дар муқоисаи суфӣ ва хирс суфиро дар мартаба аз ҳайвон пасттар шуморидааст.
Зоконӣ дар китоби «Ахлоқ-ул-ашроф» дар боби садоқат хислатҳои ношоиста – дурӯягӣ хушомадгӯӣ, манфиатпарас- тӣ, ба ҷараёни об нигоҳ карда, ҳамчун замонасоз амал кардани намояндагони синфи ҳоким, алалхусус руҳониёнро фош карда, сурати хандаовари онҳоро эҷод кардааст:
«Бузургони мо мефармоянд, ки (сидқ) ... моддаи хусумат ва зиёнзадагӣ аст. Ҳар кас, ки ваҷҳи наҷҳи сидқ варзад, пеши ҳеч кас иззате наёбад. Мард бояд, ки то тавонад пеши махдумон ва дӯстон хушомад ва дурӯғ ва сухан ба риё гӯяд... Ҳар чи ба муроди мизоҷи мардум рост ояд, он дар лафз орад. Масалан, агар бузурге дар ними шаб гӯяд, ки инак намози пешин аст, дарҳол пеш ҷаҳад ва гӯяд, ки рост фармудӣ, имрӯз бағоят офтоб гарм аст ва дар таъкиди он савганд ба Мусҳаф ва се талоқи зан ёд кунад. Агар дар суҳбат муханнас пири мумсики зиштсурат бошад, чун дар сухан дарояд, ӯро паҳлавони замону дурусти ҷаҳон ва навхостаи Ширину Юсуфи Мисрӣ ва Ҳотами Тоӣ хитоб кунад, то аз ӯ зар ва неъмат ва хилъат ва мартабат ёбад ва дӯстии он кас дар дили ӯ мутамаккин[] шавад... Ва агар бедиёнате гувоҳӣ ба дурӯғ диҳад, сад навъ бад-ӯ ришват диҳанд ва анвоъ риоят кунанд, то он гувоҳӣ бидиҳад. Чунончи имрӯз дар билоди ислом чандин ҳазор одамӣ аз машоих ва фуқаҳо ва адул ва атбои эшон сармояи маош аз ин ваҷҳ аст ва мегӯянд:
Дурӯғе, ки ҳоли дилат х(в)аш кунад,
Беҳ аз росте, к-ат мушавваш кунад».
Убайди Зоконӣ ҷойи дигар рафтори авомфиребонаи зоҳидонро маҳкум карда, таъкид менамояд, ки ба шайхҳо бовар накунед: Сухани шайхон бовар макунед, то гумроҳ нашавед ва ба дӯзах наравед:
Марав ба ишваи зоҳид зи раҳ, ки ӯ доим
Фиреби мардуми нодон бад-ин фасона кунад.
Шоир дар зери «каромот»-и «намозхонӣ»-и гурба пинҳон будани макру фиреби руҳониёнро дар достони «Мушу гурба»-и худ чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
Гурба он мушро бикушту бихӯрд,
Сӯйи масҷид бишуд хиромоно.
Дасту рӯйро бишусту масҳ кашид,
Вирд мехонд ҳамчу муллоно:
«Бор илоҳо, ки тавба кардам ман,
Надарам мушро ба дандоно.
Баҳри ин хуни ноҳақ, эй Халлоқ,
Ман тасаддуқ диҳам ду ман ноно».
Он қадар лоба карду зорӣ кард,
То ба ҳадде, ки гашт гирёно...
Мушаке буд дар паси минбар,
Зуд бурд ин хабар ба мушоно:
Муждагонӣ, ки гурба тоиб шуд,
Зоҳиду обиду мусулмоно.
Буд дар масҷид он сутудахисол,
Дар намозу ниёзу афғоно...
Хурофоти динӣ дар ҳар давру замон мардумро гумроҳ месохт. Шоир ба муқобили ҳама гуна хурофот рӯирост баромада, мардумро ба он даъват мекунад, ки ба афсунгариву фолбинӣ ва соҳирӣ бовар накунанд. Зеро ҳеҷ як бемор ба ин васила табобат намешавад. Ӯ дар як ҳикояи лутфомезаш менависад:
«Ҳоҷие дар қаҳтсолӣ гурусна ба деҳе расид. Шунид, ки раиси деҳ ранҷур аст. Он ҷо рафт. Гуфт: ман марди табибам. Ӯро пеши раиси деҳ бурданд. Иттифоқан, дар хонаи эшон нон мепухтанд. Гуфт: илоҷи ӯ он аст, ки як ман равған ва як ман асал биёред. Биёварданд. Дар коса кард ва ноне чанд гарм дар он ҷо шикаст, як луқма бармедошт ва гирди сари бемор мегардонид ва бар даҳони худ мениҳод, то тамом бихӯрд. Гуфт: имрӯз ин қадар муолиҷат тамом бошад то фардо.
Чун аз хона берун омад, раис дарҳол бимурд. Ӯро гуфтанд: и чӣ муолиҷа буд, ки ту кардӣ? Гуфт: ҳеч магӯ, шаб агар ман нон намехӯрдам, пеш аз ӯ аз гуруснагӣ мемурдам».
Мутаассифона, имрӯз ҳам мардум ба доми фиреби соҳирону фолбинҳо ва ҷодугарон меафтанд. Бадтар аз ҳама, гоҳо ашхоси босавод низ ба афсунгарии онҳо дода шуда, маблағи зиёдеро низ сарф мекунанд.
Шоир ин тоифаи хирқапӯшу фиребгарро мазаммат намуда, мардумро ба озодагию озодандешӣ даъват кардааст:
Мангар ба ҳадиси хирқапӯшон,
Он сахтдилону сусткӯшон.
Овехта сабҳашон ба гардан,
Ҳамчу ҷарас аз дарозгӯшон.
Аз банди риёву зарқ бархез,
Бо соданишину боданӯшон.
Мафрӯш ба мулки ҳар ду олам,
Хоки сари кӯйи майфурӯшон.
Дар боғ чи хуш бувад саҳаргоҳ,
Мо сархушу булбулон хурӯшон.
Мутриб ғазали Убайд бархон,
Дил бурда зи дасти тезҳушон.
Ба ҳамин тартиб, Убайди Зоконӣ, ки дар даврони ҳукуматдории Ҷалоириён, Музаффариён ва Темуриҳо зиндагӣ кардааст, муҳити номусоиди он рӯзгор ва фасоди сиёсӣ, алхоқӣ ва иқтисодиеро, ки боиси ривоҷи табоҳӣ дар ҷомеа гардида буд, танқиду мазаммат намудааст. Аз тарафи дигар, авҷ гирифтани ихтилофоти мазҳабӣ байни шиаву суннӣ, ҷангу ҷидоли ақидатӣ, равнақ гирифтани бозори хурофоту ривоёти дурӯғин, зоҳирбинӣ ва сатҳинигарии намояндагони дин вазъияти иҷтимоии мардумро ба сарҳади нобудӣ расонида буд. Ин ҳама дар рисолаву ашъори Убайди Зоконӣ бо ҷуръат ва бо баёни танзомез инъикос ёфтааст.
Намунаҳо аз эҷодиёти Убайди Зоконӣ
Ҳикоят
Ҳоҷӣ бар деҳе расид ва гурусна буд. Аз хона овози таъзияте шунид. Он ҷо рафт. Гуфт: шукрона бидиҳед, то ман ин мурдаро зинда созам. Касони мурда ӯро хидмат ба ҷой оварданд. Чун сер шуд, гуфт: маро бар сари ин мурда баред. Он ҷо бирафт, мурда бидид. Гуфт: ин чикора буд? Гуфтанд: Ҷулоҳа[2]. Ангушт дар даҳон кард ва гуфт: оҳ, дареғ, агар ҳар каси дигаре, ки будӣ, дарҳол зинда боистӣ кард, аммо мискин ҷулоҳа чун мурд, мурд.
Ҳикоят
Зани бадшакл чашмҳои ниҳоят хуш дошт. Рӯзе аз шавҳар шикоят ба қозӣ бурд. Қозӣ шоҳидбоз буд, чашмони ӯ хуш омад, тамаъ дар ӯ баст. Чун шавҳарро ҳозир карданд, қозӣ тарафи зан гирифт. Шавҳар дарёфт, чодар аз сари зан даркашид. Қозӣ чун рӯяш бидид, сахт мутанаффир шуд. Гуфт: Бархез, эй занак, ки чашмҳои мазлумон дориву рӯйи золимон, ҳақ бар тарафи шавҳар аст.
Ҳикоят
Шахсе ба мазоре расид. Гӯре сахт дароз дид. Пурсид: ин гӯри кист?
Гуфтанд:
Гуфт:
Ҳикоят
Мавлоно Шарафуддини Домғонӣ бар дари масҷиде мегузашт. Ходими масҷид сагеро дар масҷид печида буд ва мезад. Саг фарёд мекард. Мавлоно дари масҷид бикушод, саг ба дар ҷаст. Ходим бо Мавлоно дар моҷаро омад, ки чаро дари масҷид кушодӣ. Ман мехостам, ки сагро бисёр бизанам, то дигар ин ҷо наояд.
Мавлоно гуфт:
Ҳикоят
Шахсеро дар понздаҳи рамазон бигрифтанд, ки ту рӯза хӯрдаӣ.
Гуфт:
– Аз рамазон чанд рӯз гузаштааст?
Гуфтанд:
–Понздаҳ рӯз.
Гуфт:
– Чанд рӯз мондааст?
Гуфтанд:
Гуфт:
Ҳикоят
Шахсе хона ба кироя гирифта буд. Чӯбҳои сақфаш бисёр садо мекард. Ба худованди хона аз баҳри мараммати он сухан бикушод.
Посух дод, ки чӯбҳои сақф зикри Худованд мекунанд.
Гуфт:
Ҳикоят
Бузургеро аз акобир, ки дар сарват Қоруни замони худ буд, аҷал даррасид. Умед аз зиндагонӣ қатъ кард. Ҷигаргӯшагони худро, ки тифлони хонадони «карам» буданд, ҳозир кард.
Гуфт:
Зар азиз офаридааст Худой,
Ҳар кӣ хораш накард, хор нашуд.
Агар касе ба шумо сухан гӯяд, ки падари шуморо дар хоб дидам, биринҷ ва ҳалво мехоҳад, зинҳор ба макри ӯ фирефта машавед, ки он ман нагуфта бошам ва мурда чизе нахӯрад.
Агар ман худ низ дар хоб ба шумо намоям ва ҳамин илтимос кунам, бад-он илтифот набояд кард, ки онро изғосу аҳлом хонанд. Бошад он дев намояд. Ман он чӣ дар зиндагӣ нахӯрда бошам, дар мурдагӣ таманно накунам.
Ин бигуфт ва ҷон ба хизонаи молики дӯзах супурд.
Аз рисолаи «Даҳ фасл»:
Ал-қозӣ – он ки ҳама ӯро нафрин кунанд.
Ноиб-ул-қозӣ – он ки имон надорад.
Ал-вакил – он ки ҳақро ботил гардонад.
Чашми қозӣ – зарфе, ки ба ҳеҷ чиз пур нашавад.
Ал-хатиб – хар.
Ал-воиз – он ки бигӯяд ва накунад.
Аш- шайх – иблис.
Ан-надим – хушомадгӯй.
Ал-ҷаҳиш – шайхзода.
Ат-талбис – калимоте, ки дар боби дунё гӯянд.
Ал-васваса – он чи ки дар боби охират гӯянд.
Ал-ҳоҷӣ – он ки савганди дурӯғ дар каъба хӯрад.
Ал-аттор – он ки ҳамаро бемор хоҳад.
Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.
Калиди дари дузах аст он намоз,
Ки дар чашми мардум гузорӣ дароз.
Агар ҷуз ба Ҳақ меравад ҷодаат,
Дар оташ фишонанд саҷҷодаат.
Саъдии Шерозӣ шоир ва нависандаи барҷастаи асри ХIII-и тоҷику форс аст. Ӯ таъсири инкорнопазире ба забони тоҷикӣ-форсӣ гузошта ва осори ӯ асрҳо дар мадрасаву мактабҳо ҳамчун дастури омӯзиши забону адабиёт тадрис мешуд ва бисёре аз зарбулмасалҳои роиҷ дар забони тоҷикӣ аз осори вай иқтибос шудааст.
Муҳимтарин осори Саъдӣ «Гулистон» ва «Бӯстон» дар қолаби насру назм ва ғазалиёти шӯрангези шоир маҳсуб мешаванд. Бештари ғазалиёти Саъдӣ ошиқона ва васфкунандаи ишқи заминӣ аст. «Гулистон»-у «Бӯстон» ҳамчун китобҳои ахлоқӣ шинохта мешаванд ва илова бар тоҷикзабонони ҷаҳон, бар донишмандони ғарбӣ, аз ҷумла Волтер ва Гёте ҳам таъсир гузоштаанд. Саъдӣ ҳангоми ривояти достонҳои «Бӯстон»-у «Гулистон» ва баёни матолиби ҳакимона аз шаҳру мамолике ном мебарад, ки худ дар он ҷо ҳузур дошта, дар ҳикоёте кӯтоҳ тасвире беназир ва ё панде дилпазир аз хотироту мушоҳидоти хеш дар бораи қавму миллиятҳои мухталиф ва расму оинҳои онҳо барои мо ривоят кардааст. Вижагии хоси ҳикмату пандҳои Саъдӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо ҳосили мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва дидаву шунидаҳои айнии худи шоиранд, ки дар тули сафари беш аз сисолаи хеш ба даст овардааст. Саъдӣ ҳудуди 700 ғазал дорад. Бисёре аз донишмандон бар ин бовар ҳастанд, ки ғазал дар ашъори Саъдӣ ба авҷи камоли худ расидааст. Аз ин рӯ, аҳли адаб ба Саъдӣ лақаби «Устоди сухан», «Подшоҳи сухан» ва «Шайхи аҷал» додаанд.
Саъдӣ солҳои 1196-1226 дар мадрасаи Низомияи Бағдод таҳсили илм намудааст. Ӯ баъди хатми мадраса дар Осиёи Сағир, Барбария, Ҳабашистон, Миср, Шом (Сурия), Фаластин, Арабистон, Ҳиҷоз ва Ҳиндустону Кошғар сафарҳои дуру дарозе намуда, баъд аз ғурбату сарсониҳои зиёд ба Шероз баргаштааст:
Дар ақсои олам бигаштам басе,
Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.
Таматтуъ зи ҳар гӯшае ёфтам,
Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.
Чу покони Шероз хокиниҳод,
Надидам, ки раҳмат бар ин хок бод!
Шоир то баргаштан ба зодгоҳаш асарҳои гуногун ба шакли пароканда навишта, пас аз бозгашт ба Шероз ба ҷамъоварии навиштаҳои худ машғул шуда, дар давоми ду сол аввал «Бӯстон» ва баъд «Гулистон»-ро таълиф кард.
Ӯ дар баробари васфи зебоиҳои табиат, ишқу муҳаббати воқеии инсонӣ, аҳли зуҳду тақвои иртиҷоиро мавриди интиқод қарор додааст.
Саъдиро манфиатҷӯйӣ ва худро дар хизмати халқ ба қалам додани зоҳидон, обидон ва шайхон водор намудааст, ки симои ҳақиқии онҳоро, ки ба рӯяшон ниқоби динро кашидаанд, мавриди интиқод қарор диҳад. Ин маъниро, ки муллоҳои иртиҷоӣ мардумро ба тарки дунё даъват карда, худашон молу мулк ҷамъ мекунанд, Саъдии Шерозӣ дар ҳикояте равшан баён кардааст.
«Фақеҳе падарро гуфт:
– Ҳеҷ ин суханони диловези мутакаллимон дар ман асаре накунад, ба иллати он ки намебинам эшонро кирдоре мувофиқи гуфтор.
Маснавӣ:
Тарки дунё ба мардум омӯзанд,
Хештан симу ғалла андӯзанд.
Олимеро, ки гуфт бошаду бас,
Ҳар чи гӯяд, нагирад андар кас.
Олим он кас бувад, ки бад накунад,
На бигӯяд ба халқу худ накунад».
Саъдии Шерозӣ, ки худ марди поксиришт буд, макр ва сохтакории шайхҳоро ифшо карда, ҷаҳолати ин тоифаро ба намоиш гузоштааст:
«Обидеро подшоҳе талаб кард. Обид андешид, ки доруе бихӯрам, то заиф шавам, магар эътиқод дар ҳаққи ман зиёдат кунад. Овардаанд, ки дору қотил буд, бихӯрд ва бимурд.
Қитъа:
Он ки чун писта дидамаш ҳама мағз,
Пӯст бар пӯст буд ҳамчу пиёз.
Порсоёни рӯй дар махлуқ,
Пушт ба қибла мекунанд намоз».
Дар ҳикояҳои Саъдӣ обидоне тасвир ёфтаанд, ки баробари расидани имконияти аввалин зуҳду тақворо фаромӯш карда, айшу ишратро пеша мекунанд.
Саъдӣ кӯшиши ба даст даровардани ризқро зарур дониста, дастрасӣ ба рӯзиро натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва ақлу тадбири инсонӣ медонад:
Ризқ агарчанд бегумон бирасад,
Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо.
Гарчи кас бе аҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо.
Рӯзгори Саъдӣ дар замоне сипарӣ мешуд, ки пас аз фитнаи муғул дар Мовароуннаҳру Хуросон бозори мазҳабу таассуб ба шиддат гарм буда, баҳсҳои фирқаӣ байни ҳанафиҳо, шофеиҳо, ашоара ва муътазила бисёр доғ буд.
Насиҳати дигари Шайхи бузург барои ояндагон хештандорӣ ва таҳаммулпазирӣ дар баробари дину ақоиди бегона аст. Пири ҷаҳонгарди мо дар боби ҳаштуми «Бӯстон» дар ин маврид чунин қисса мекунад:
Буте дидам аз оҷ дар Суманот,
Мурассаъ чу дар ҷоҳилият манот.
Ва бутпарастон мураттаб ба зиёрати он бут меомаданд ва аз ӯ барои рафъи мушкилоти хеш мадад меҷустанд. Саъдӣ ба бараҳмане аз он дайр, ки муддате ҳамҳуҷра будаанд, назари худро дар бораи ботил будани ин амал баён кардааст:
Муғеро, ки бо ман сару кор буд,
Накугӯю ҳамҳуҷраву ёр буд.
Бараҳмани ҳамҳуҷраи Саъдӣ аз ин гуфтори вай хашмгину нороҳат шуда, дигар бараҳманонро алайҳи ӯ мешӯронад ва ҷони Саъдӣ дар хатар қарор мегирад. Саъдӣ барои раҳоӣ аз ин вазъият чорае намебинад, магар ин ки аз роҳи мадоро бо онҳо дар гуфтугӯ шавад ва ҳатто бути мавриди парастиши ононро ситоиш кунад:
Фурӯ мондам аз чора ҳамчун ғариқ,
Бурун аз мудоро надидам тариқ.
Ба ҳамин тартиб, Саъдии ҷаҳонгашта ва гарму сарди рӯзгорро чашида, аз роҳи мадоро ва таҳаммулпазирӣ ҷони худро аз шарри бараҳманон наҷот медиҳад.
Дар рӯзгори Саъдӣ таассуб дар афкори мардуми Мовароуннаҳру Эрону Арабистон ҳукмфармо буда, уфуқи илму дониш ва адабиётро торикии хурофот пӯшида буд. Шоир дар чунин як давраи сиёҳе мардумро бо суханони ҳикматбораш ба мубориза барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ даъват мекунад, ки ин кор «шарти ақл» аст. Ба иборати дигар, Саъдӣ касеро, ки гуфтаҳои заҳролуди руҳониёни иртиҷоиро шунида, сарнавишти худро ба дасти қазо супурда, ба шиорҳои хонахаробкунандаи «ҷаҳони фонӣ гузарон аст» ва ё «дунё зиндони муъминон ва ҷаннати кофирон аст» амал намояд, инсони дур аз ақли салим медонад.
Муаллими ахлоқ ҷасурона замонаи худро дар ашъораш мавриди интиқод қарор дода, дар бадали он чизе тамаъ надорад. Рӯзгор ва замонае, ки зоҳидону порсоёни риёӣ, дарвешони авомфиреб, ҳокимони ҷаббор, қозиёни ришватхор, олимони беамал, мардумони найрангбозу муздур бо зоҳири инсонӣ ба мардум ситам раво дошта, аз дастранҷи онҳо танпарварӣ менамуданд, ба воситаи танзу ҳаҷви газандаи Саъдӣ ошкору фош мешуданд:
Далер омадӣ, Саъдиё, дар сухун,
Чу теғат ба даст аст, коре бикун.
Бигӯ он чи донӣ, ки ҳақ гуфта беҳ,
На ришваситонию на ришвадеҳ!
Тамаъ банду дафтар зи ҳикмат бишӯй,
Тамаъ бигсалу ҳар чӣ донӣ, бигӯй!
Аз ин нуқтаи назар, ӯ золимони худсар, руҳониёни мутаассиб ва фиребгарро нишони тири танқиди хеш қарор медиҳад.
Чунончи мефармояд: «Ҳама касро дандон ба туршӣ кунд гардад, магар қозиёнро, ки ба ширинӣ».
Саъдӣ дар як ҳикояти кӯтоҳу пурмазмуни «Гулистон», воқеияту ҳақиқати шайхону суфиёни пашминапӯши рӯзгори хешро тасвир кардааст:
«Якеро аз машоих пурсиданд, ки ҳақиқати тасаввуф чист? Гуфт: Аз ин пеш тоифае дар ҷаҳон пароканда буданд ба сурат ва ба маънӣ ҷамъ, акнун қавме ҳастанд, ба сурат ҷамъу ба маънӣ пароканда...»
Дар адабиёти классикии тоҷик аз шаҳнаву муҳтасибу қозӣ ва нақши онҳо дар қаламрави ҳукуматҳои динӣ, ҷиҳати иҷрои аҳкоми шаръӣ ҳикояту ривоятҳои бисёре нақл шудааст. Саъдӣ низ монанди дигар шоирон дар адабиёти классикӣ аз кору кирдор, зулму ситами ноҳақ, ришватхорӣ ва фисқи пинҳону ошкори онҳо сухан рондааст:
«Шоҳ аз баҳри дафъи ситамгорон аст ва шаҳна барои хунхорону қозӣ маслиҳатҷӯи тарророн. Ҳаргиз ду хасми ба ҳақ розӣ пеши қозӣ нараванд.
Қозӣ, ки ба ришват бихӯрад панҷ хиёр,
Собит кунад аз баҳри ту даҳ харбузазор».
Дар ашъори Саъдӣ динфурӯшоне, ки бар аъмоли худ номи аҳкоми шаръӣ ниҳода, усули динро ба суди худ ва тибқи тақозои ҳавову ҳавасҳои дунявии хеш таъбиру тафсир мекарданд, аз ҷониби шоир танқид шудаанд:
Калиди дари дузах аст он намоз,
Ки дар чашми мардум гузорӣ дароз.
Саъдӣ дар ҳикояти панҷуми боби дувуми «Гулистон» риёкории ин тоифаро чунин тасвир кардааст: «Тане чанд аз равандагон муттафиқи сайёҳат буданд, то ин ки дузди бетавфиқ ибриқи рафиқ бардошт, ки ба таҳорат меравам ва худ ба ғорат мерафт:
Порсо бин, ки хирқа дар бар кард,
Ҷомаи каъбаро ҷули хар кард».
Ҳаромхорӣ, шикампарастӣ, дурӯғгӯйӣ ва дигар сифатҳо, ки барои ҳамаи инсонҳо баду зишт ҳастанд, агар дар табақаи руҳонӣ, ки худро парчамдори дин медонанд, мушоҳида шавад, нафратовартар аст.
Саъдӣ дар ҳикояти «Гулистон» намунае аз ин гуна зоҳидонро нишон медиҳад: «Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таъом бихӯрдӣ ва то саҳар хатме бикардӣ. Соҳибдиле бишниду гуфт: Агар ним ноне бихӯрдӣ ва бихуфтӣ, бисёр аз ин фозилтар будӣ.
Андарун аз таъом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ.
Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он,
Ки пурӣ аз таъом то бинӣ».
Шоир дар осори худ зиракона зоҳидони тамаъкор ва воизони беҳудагӯро ҳаҷву мазаммат кардааст:
Зоҳид, ки дирам гирифту динор,
Зоҳидтар аз ӯ касе ба даст ор.
Саъдӣ ҷойи дигар аз зоҳидоне, ки ба василаи дастору риш эҳсоси худписандӣ мекунанд, чунин ёд мекунад:
Кас аз сарбузургӣ набошад ба чиз,
Каду сарбузург асту бемағз низ.
Маяфзой гардан ба дастору риш,
Ки дастор пунбасту сиблат ҳашиш.
Дар андешаи Саъдӣ дар назди Худованд мақоми авоми парҳезгор аз донишмандони риёкор бартар мебошад, зеро агар аз авом хатое содир шавад аз сари нофаҳмӣ аст, аммо донои риёкор дониста хатову гуноҳ мекунад:
Омми нодони парешонрӯзгор,
Беҳ зи донишманди нопарҳезгор.
К-он ба нобиноӣ аз роҳ уфтод
В-ин ду чашмаш буду дар чоҳ уфтод.
Саъдии хирадманд дар идома тинату сират ва чеҳраи воқеии намояндагони риёкори динро бештар фош намуда, онҳоро барои динфурӯшӣ ба хотири ба даст овардани як луқмаи нон сахт накӯҳиш кардааст:
Ки зинҳор аз ин каждумони хамӯш,
Палангони даррандаи суфпӯш.
Ки чун гурба зону ба дил барниҳанд
В-агар сайде афтад, чу саг дарҷаҳанд.
Сӯйи масҷид оварда дукони шайд,,
Ки дар хона камтар тавон ёфт сайд.
Раҳи корвон шермардон зананд,
Вале ҷомаи мардум инон кананд.
Зиҳӣ ҷавфурӯшони гандумнамой,
Ҷаҳонгарди шабкуки хирмангадой.
Мабин дар ибодат, ки пиранду суст,
Ки дар рақсу ҳолат ҷавонанду чуст.
Чаро кард бояд намоз аз нишаст,
Чу дар рақс барметавонанд ҷаст?
На парҳезгору на донишваранд,
Ҳамин бас, ки дунё ба дин мехаранд.
Саъдӣ дар баробари зоҳидони риёкор аз ҳоҷиёни бемаърифат низ ғофил намемонад ва дар боби ҳафтуми «Гулистон» сафари онҳоро ба Макка шарҳ дода, бо истифода аз истилоҳоти шатранҷ ва ташбеҳ ба ҳайвонот ба истеҳзо ва накӯҳиши онҳо мепардозад:
Аз ман бигӯй ҳоҷии мардумгазойро,
К-ӯ пӯстини халқ ба озор медарад.
Ҳоҷӣ ту нестӣ, шутур аст, аз барои он-к,
Бечора хор мехӯраду бор мебарад.
Ӯ узлату канорагирӣ аз ҷомеаро рад карда, муносибату муоширатро барои пок кардани ақлҳо амре зарурӣ дониста, ибодати мутлақу таассуби хушкро кори ғайриақлонӣ донистааст:
Тариқат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.
Ба ҳамин тартиб, ҳамнишинии шайх Саъдӣ бо ашхоси гуногун ва тааммул дар рафтору хулқу атвори онҳо сабаб шуда, ки вай чун ҷомеашиноси резбину дақиқкор дар осори худ тасвири интиқодӣ дар пардаи ҳаҷву танз аз ҷомеаи хеш пешниҳод намуда, ҳамчун пири хирадманд барои ислоҳи рӯзгори худ кӯшиши фаровон ба харҷ додааст.
Саъдӣ ба ҳамаи халқи ҷаҳон яксон меҳр меварзид. Ӯ мунодии сулҳу башардӯстӣ буд. Дар андешаи шоир «банӣ одам аъзои як пайкар» ва «дар офариниш аз як гавҳаранд», аз ин рӯ каромату озодии инсон барояш аҳаммияти фаровон дорад. Ниҳояти орзуи Саъдӣ, чунонки аз осораш бармеояд, тафоҳум миёни миллатҳо ва аз байн рафтани хусуматҳову кудуратҳо буда, дар ин арса бо эҳсоси масъулият ва ғамхорӣ амал намуда, ба давлатмардону муслеҳони даврони хеш панду насиҳатҳои судманд додааст. Ҳамин муҳаббати беандозаи Саъдӣ ба инсоният буд, ки номаш дар зумраи дурахшонтарин чеҳраҳои адабии ҷаҳон қарор гирифтааст.
Аз “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс”.-Душанбе, 2023.