(Андешаҳо  пас аз мутолиаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

   Хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, туҳмат ва ғ. аз амалкардҳои манфии инсонӣ буда, агар он аз ҷониби шахсе сар занад, бегумон ӯро хоин, хиёнаткор, бадгумон, аҳдшикан, туҳматгар ва… гӯянду аз афроди манфури ҷамъияташ шуморанд. Дар ин ниҳод, пеш аз ҳама, характерҳои баду зишт алайҳи некию некӯкорӣ дида мешавад. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳои ҳадафмандонаро сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан,  ба сафедӣ хати бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнат рӯ менамояд.

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, ба пешвози 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи 24.06.2024, соати 10:00, ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.

Дар ҳамоиш узви Комиссияи оштии миллӣ, академик Кароматулло Олимов ва дигар кормандони соҳибтаҷрибаи Марказ суханронӣ менамоянд.

Иштироки ҳамаи кормандон, магистрону докторантони PhD ва унвонҷӯёни Маркази мероси хаттӣ ҳатмист!

 

Маъмурият,

21.06.2024.

 

 

Undefined

Ба таври дақиқ маншаъ  ва таърихи пайдоиши тасниф ё ба тоҷикӣ тарона то ба имрӯз таҳқиқ нашудааст. Мунтаҳо дар қиёс бо соири адабиёти халқҳои ҷаҳон, ба қавли мусташриқи маъруфи англис Эдвард Браун: “Тасниф ё сурудҳои оммиёна аз замони бисёр қадим, ҳатто қабл аз Ислом низ дар Эрон вуҷуд доштааст. Гӯё Борбад ва Накисо ҳам дар ҳазору сесад сол қабл ҳамин қисм таснифот барои Хусрави Парвизи Сосонӣ месурудаанд ва муҳаққақан Рӯдакӣ низ чаҳорсад сол баъд дар ҳузури подшоҳи Сомонӣ, мамдӯҳи худ ҳамин қисм ашъор хондааст” (Браун Э. Таърихи адабиёти Эрон. - Ҷ. 4.

(Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар)

Ҳар таҳаввули сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие, ки дар марҳалаҳои гуногуни тарихи ҳар кишвару қавму миллатҳо, ки ба ҳукми замон мегузарад, дар адабиёт нақши муассире гузошта мавриди қазовати мхсусе қарор меёбад.

          Дар тули асрҳо баробари дигар мавзуоти ҳали зиндагии ҷомеа, масъалаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳамрайъиву ҳамзабонии халқҳо ва мавзуъҳои ҳассос ва ҳаётан муҳими осори пешвоёни илму адаби гузашта ва муосир мебошад.

 

Имрӯз (30.05.2024) дар “Кохи Вадат” мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф доир гардид. Дар ин мулоқот олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодони макотиби олӣ, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ ширкат варзиданд.

 

(Чанд андеша дар ҳошияи мақолаи узви вобастаи АМИТ, профессор  Саймумин Ятимов ”Муаллими ман”.Фейсбук.05.05.2024)

 

Наҷмиддин Шоҳинбодов,

ходими илмии Маркази мероси хаттӣ

 

УДК 32 (5 7б3) (092)

С –

Бо қарори Шурои олимони Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 30 майи соли 2023, №5 ба чоп тавсия шудааст.

 

Зери назари Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

 

Муҳаррири масъул: Раҳматкарими  Давлат

Муқарризон: доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёев И.Ғ.,

доктори илмҳои филология, профессор Хоҷамуродов О.Ҳ.

TJ

Хуҷова Мавҷуда,

 ходими пешбари илмии Шуъбаи

матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ

 

Падидаҳои илму амал

Падидаҳои илму амал

Падидаҳои илму амал

Шанбегии дастаҷамъона

Падидаҳои илму амал

Падидаҳои илму амал

Падидаҳои илму амал

китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

То мадрасаву манора вайрон нашавад,

Ин кори қаландарӣ ба сомон нашавад.

То имон куфру куфр имон нашавад,

Як банда ҳақиқатан мусулмон нашавад.

 

        Абусаид Фазлуллоҳ ибни Абулхайр соли 966 дар мавзеи Меҳанаи ноҳияи Ховарони Хуросон (наздикии Ашқободи ҳозира) таваллуд шуда, дар соли 1049 дар он ҷо даргузаштааст. Абусаид аз хурдӣ фаҳму ҳуши ҳайратовар дошт. Дар шаҳрҳои Марв, Нишопур ва Сарахс дониш омӯхтааст. Ӯ баъди омӯхтани илм ба Меҳана баргашт. Гоҳ-гоҳе ба Нишопур мерафт. Аз лаҳзаҳои зиндагии Абусаид яке он аст, ки бо Ибни Сино вохӯрда буд. Абуалӣ Сино устоди мантиқ ва ҳикмат буд ва аз тариқи таълимоти машшоъ ё фалсафае, ки қабл аз ислом ва таълимоти Арасту илҳом мегирифт ва пояаш далели ақлӣ аст, бо Абусаид баҳс орост. Вижагиҳои мулоқоти Абусаид бо Ибни Сино дар китоби «Асрор-ут-тавҳид» ин гуна тасвир шудааст: «Хоҷа Буалӣ бо шайх дар хона шуд ва се шабонарӯз бо якдигар буданд ва ба хилват сухан мегуфтанд, ки кас надонист ва низ ба наздики эшон дарнаёмад. Баъд аз се шабонарӯз Хоҷа Буалӣ бирафт. Шогирдон аз Хоҷа Буалӣ пурсиданд, ки Шайхро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ ман медонам, ӯ мебинад. Ва мутасаввифа ва муридони шайх чун ба наздики Шайх даромаданд, аз Шайх [Абусаиди Абулхайр] суол карданд, ки эй Шайх, Буалиро чун ёфтӣ? Гуфт: Ҳар чӣ мо мебинем, ӯ медонад».

      Қолаби фикрии ин ду донишманд аз ҳам фарқ мекард: яке (Ибни Сино) ба ақлу мантиқу далел ва дигаре (Абусаид) ба ваҷду ҳол (қалбу эҳсос) такя менамуданд.

      Миёни Абусаид ва Ибни Сино мукотибаҳо низ сурат гирифтааст, ки номанигории онҳо ба табъ расидааст. Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ҷолиби ҳаёти Абусаид ин буда, ки фақеҳони Нишопур боре ба Султон Маҳмуд нома навишта, шикоят кардаанд, ки ин ҷо марде пайдо шуда, бо шеъру тарона сухан мегӯяд, на бо ояту ҳадис. Ҳалли муамморо ба зиммаи халифаи Бағдод вогузор карданд ва ӯ билохира иҷозат дод, ки Абусаид кори худро идома диҳад.

     Дар бораи аҳволи Абусаид дар асри ХII наберагонаш ду китоб навиштанд: китоби аввал «Ҳолот ва суханони шайх Абусаиди Абулхайр» буда, ҳаҷман хурд аст; китоби дуюм «Асрор-ут-тавҳид фӣ мақомоти шайх Абусаид» ном дошта, бузургтар аст. Аз он чӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, муҳаққиқи варзида Саид Нафисӣ як маҷмуае мураттаб намудааст, ки фарогири ҳафтсаду бист рубоӣ ва ҳафтоду ҳашт қитъа мебошад.

       Абусаид марди хушзабон, ширинбаён, шикастанафс ва меҳрубон буд. Нақлу ривоятҳое дар заминаи зиндагиномаи Абусаид ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, ривоят мекунанд, ки шайх рӯзе бо муридонаш дар калисои насрониҳо ҳузур ёфт ва ин кори ӯ дар он рӯзгор боиси иттиҳоду улфат гардид. Дар панду роҳнамоӣ ҳам тариқи лутфу муҳаббатро пеш мегирифт, чунонки ҳикояти зайл далели ин гуфтаҳост: «Ҳам дар он вақт, ки Шайхи мо ба Нишобур буд, рӯз ба гӯристон хира мешуд, бар турбати машоих расид, ҷамъеро дид, ки дар он мавзеъ хамр мехӯрданд ва даф мезаданд. Суфиён дар изтироб омаданд ва хостанд, ки эҳтисоб кунанд [онҳоро ҷазо бидиҳанд] ва эшонро биранҷонанду бизананд. Шайх иҷозат надод».

     Абусаид аз шикастанафсӣ ва хоксории вижа бархурдор буд ва такаббурро написандида, худро аз касе боло намегирифт. Ин қисса низ маъруф аст, ки ҳангоми беморӣ аз Абусаид пурсиданд, ки дар пеши тобутат аз «Қуръон» чӣ бихонанд? Гуфт: Ҳеҷ, байт кофӣ хоҳад буд:

 

Хубтар андар ҷаҳон аз ин чӣ бувад кор,

                   Дӯст бари дӯст рафту ёр бари ёр.

                   Он ҳама андуҳ буду ин ҳама шодӣ,

                   Он ҳама гуфтор буду ин ҳама кирдор.

 

      Абусаид таассубро дар ҳеҷ шакле қабул надошт ва як умр бо ҷаҳолату бехабарӣ мубориза бурд. Ӯ дар рубоии машҳураш («То мадрасаву манора вайрон нашавад»), ки дар оғози матлаб оварда шуд, кори қаландариро дар ба ҳам омезиш додани куфру имон, ки сабаби таҳаммулпазирӣ, гуногунандешӣ ва баҳамоии инсонҳо мегардад, зарур шумурдааст.

Ба таври шоиста зиндагӣ кардан, аз худ номи наку  гузоштан ва баъди даргузашт боиси ангушт газидани мардум гардиданро Абусаид муҳтаво ва мазмуни зиндагии инсонӣ донистааст:

                  

Ин умр ба абри навбаҳорон монад,

                   Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.

                   Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,

                   Ангушт газидане ба ёрон монад.

 

     Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз он барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазмунҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ ва фалсафӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи донишмандони суханвар рубоӣ василаи изҳори завқу маром будааст.

       Рубоиёти Абусаиди Абулхайрро, аз рӯйи мазмун ва муҳтаво метавон ба рубоиёти иҷтимоӣ, ишқӣ ва дунявӣ тақсим кард. Албатта, вақте ки масоили иҷтимоӣ дар шеър инъикос меёбад, мазмунҳои ишқӣ ва дунявию маданӣ ба дунболи он мавқеъ ва ҷойгоҳ касб менамоянд. Муҳим аз ҳама ин аст, Абусаиди Абулхайр ҳаргиз аз масири зиндагии индунёӣ канор нарафт ва то охири умр барои бозгӯ кардани мушкилот ва масъалаҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ ҳиммат гумошт. Аз тарафи дигар, ӯ инсони заминӣ буд ва бо мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ ҳамарӯза дасту панҷа нарм мекард. Табиист, ки зиндагӣ ва умри инсониро муқаддас ва гиромӣ медонист ва ба манзараҳои рӯзгор воқеъбинона менигарист. Дар ҳоле ки суфиён ва орифон ба зиндагии инҷаҳонӣ чандон аҳамият қоил набуданд ва гӯшанишиниро ба унвони меъёри зиндагии суфиёна пазируфта, ин тарзи зиндагиро шараф медонистанд, Абусаид лаҳазоти умр ва зиндагиро қадр мекард ва инсонвор зистанро асоси умрфарсоӣ медонист.

      Чун ҳадафи мо баррасии дидгоҳи дунявии Абусаиди Абулхайр аст, ба силсилаи рубоиёте, ки мазмунҳои иҷтимоӣ ва дунявӣ доранд, таваҷҷуҳ мекунем.

     Абусаиди Абулхайр дар рубоиёти худ ҳамчун як озодандеш, зиндагипараст ва дунёмадор ҷилва мекунад. Гоҳ аз фалак гилаву озор мекунад, гаҳ ишқу муҳаббати безавол ва маъшуқро меситояд, гоҳ воқеияти зиндагиро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, гаҳ дуди фарёдаш ба осмон мепечад, гоҳ ҷуръату ҷасорат ба зиндагиаш маъно мебахшад.

      Абусаид дар ҳар ҳолат ва вазъи зиндагӣ аз ҳасту буди хеш дарак медиҳад ва дар муқобили руҳафтодагӣ ва яъсу ноумедӣ бурдборона меистад. Муҳимтар аз ҳама, афкори Абусаид бо озодандешӣ ва инсонсолорӣ ҳамроҳ аст ва шоир тавассути рубоиёт эътирозоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ,  сиёсӣ ва мадании худро изҳор медорад. Ӯ аз ҷумлаи шоирони аввалине буд, ки дар шароити зулму истибдоди гӯшношуниди динӣ тавассути шеъру тарона, махсусан, рубоӣ ба масири озодандешӣ роҳ ёфт ва аз ин тариқ бо ҷаҳлу таассуб ва хурофот мубориза кард.

    Абусаид мисли Хайём [мисраъҳои Хайём «Сад каъбаи обу гил ба як дил нарасад, Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб» дар назар аст] шод кардани хотиреро асли зиндагӣ ва муваффақият дониста мегӯяд:

 

Хоҳӣ чу Халил каъба бунёд кунӣ

В-онро ба намозу тоат обод кунӣ;

Рӯзе ду ҳазор банда озод кунӣ,

Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.

 

     Ишқу муҳаббати поки инсонӣ марзҳои куфру имонро мешиканад ва ҷуръату ҷасоратро ба инсон эҳдо мекунад. Зимнан, ишқ ва муҳаббат поя ва асли низоми дунявӣ ва шеваи дунёмадорист. Абусаид ҳам аз ин мавқеъ ба ишқ назар меафканад ва бидуни маъшуқ оби ҳаётро ҳам ҳеҷ мешуморад:

                   Бе чашми ту ёди наргиси тар накунам,

         Бе лаъли ту орзуи кавсар накунам.

                  Гар Хизр ба ман бе ту диҳад оби ҳаёт,

                  Кофар бошам, ки бе ту лаб тар накунам.

 

           Абусаид дил ва ишқро, ки аслу асоси такопӯ ва талошу ҷустуҷӯҳои инсонист, яксон ва ҳамрадиф дониста, мегӯяд:

                  

Гар бо ғами ишқ созгор ояд дил,

                   Бар маркаби орзу савор ояд дил.

                    Гар дил набувад, куҷо ватан созад ишқ

                   В-ар ишқ набошад, ба чӣ кор ояд дил.

 

       Шоир огоҳона зистан ва ҳадафмандона гузаронидани умрро чунин месарояд:

                  

Огоҳ бизӣ, эй дилу огоҳ бимир,

                   Чун толиби манзилӣ, ту дар роҳ бимир.

                   Ишқ аст ба сони зиндагонӣ, варна

                   З-ин сон ки туӣ, хоҳ бизӣ, хоҳ бимир.

 

         Гоҳо Абусаид хайёмвор ба олам менигарад ва «маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд»-и Ҳакими Нишопурро такрор мекунад:

Ҳам дар раҳи маърифат басе тохтаам,

                   Ҳам дар сафи олимон сар андохтаам.

                   Чун парда зи пеши хеш бардоштаам,

                   Бишнохтаам, ки ҳеҷ нашнохтаам.

 

        Ӯ мавзуи маъмулии баробар будани илм бо амалро гӯшзад карда, ғуруру такаббурро мавриди интиқод қарор медиҳад:

                  

Бо илм агар амал баробар гардад,

                   Коми ду ҷаҳон туро муяссар гардад.

                   Мағрур машав ба худ, ки хондӣ варақе,

                   З-он рӯз ҳазар кун, ки варақ баргардад.

 

         Абусаид ба дараҷае шефтаи ишқ ва муҳаббати инсонӣ аст, ки барои ӯ дину мазҳаб фарқе намекунанд ва ҳар дину мазҳабе, ки пеши роҳи ишқ ва меҳрро мегирад, канораш мезанад. Ин аст, ки ба тарсову муслим ва муъмину насоро ҳушдор медиҳад:

                  

Ноқуснавоз агар зи ман дорад ор,

                   Саҷҷоданишин агар зи ман кард канор,

                 

Ман низ бар рағми ҳар ду андохтаам,

                   Тасбеҳ дар оташ, оташ андар зуннор.

 

       Абусаид кеши ишқро аз соири дину мазҳабҳо ҷудо медонад ва иддао мекунад, ки паёмбари ишқ на аҷамӣ ва на араб аст. Чун ишқ вориди зиндагии инсонҳо мегардад, ба сони оташи сӯзанда имону кешу мазҳабро месӯзад ва ҳамаро зеру забар мекунад:

                  

Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,

                   Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст.

Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст,

                   Пайғамбари ишқ на аҷам, не араб аст.

 

        Рубоиёти Абусаид бо эҷодиёти мардумӣ хеле наздикӣ доранд ва дар ниҳояти самимият суруда шудаанд. Абусаид мавзуи дӯст ва дӯстдориро, ки меҳвари мавзуоти фолклорӣ ва умуман, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикӣ-форсист, пайгирӣ карда, рубоие сурудааст, ки то имрӯз вирди забони мардумист:

                  

Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,

                   Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯйи ту накуст.

                   Мардум гӯянд, биҳишт хоҳӣ ё дӯст?

                   Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накуст.

 

        Абусаид ба сифати як инсони заминӣ, хоксору ботавозуъ ва вораста аз қайду бандҳо, аз ҷаҳлу нодонӣ раҳо шудан, аз ғафлату ниёзмандӣ ва ҳавою ҳаваспарастӣ дур будани инсонҳоро тақозо мекунад:

 

Эй дил, зи шароби ҷаҳл мастӣ то кай?

                   В-эй нестшаванда, лофи ҳастӣ то кай?

                   Гар ғарқаи баҳри ғафлату оз наӣ,

                   Тардоманию ҳаваспарастӣ то кай?

 

        Бояд таъкид кард, ки Абусаид тарона ва рубоиро василаи таваҷҷуҳ ва тарғиботи фикрӣ қарор дода, дар ин самт муваффақ шудааст. Пас аз даргузашти Абусаид, шоирони баъдӣ истифодаи ашъорро ҳамчун абзори тарғиботу ташвиқоти иҷтимоию маънавӣ зарур донистанд.  Саноӣ, Аттор ва Мавлоно чунин шеваи шеърсароиро дар ҳамоҳангӣ бо озодандешӣ ва мардумсолорӣ расмият бахшиданд.

        Зиндагии шахсию иҷтимоии Абусаид, ки моломоли меҳру муҳаббат ва самимияту меҳрубонӣ буд, далели он аст, ки ӯ рубоиро ба унвони василаи муассири тағйир додани зеҳни насли замон, ки аксаран дар қайду банди хушкандешии мазҳабӣ гирифтор буд, корбаст кардааст. Мавзуъ ва мазмунҳое, ки Абусаид дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст, ҳамагӣ аз зиндагӣ реша мегиранд ва арзиши умумиинсонию башарӣ доранд.

 

Нурзода Н.

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Чу бисёр аз ин достон бигзарад,

Касе сӯйи озодагон нангарад!

 

     Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи Бож (Пож)-и ноҳияи Табарони вилояти Тӯси Хуросон дар оилаи деҳқон, яъне озодагони тоҷики заминдор таваллуд шудааст. Ӯ аз ҷавонӣ ба андӯхтани илму дониш мепардозад. Шоир дар баробари забони модариаш – тоҷикии форсӣ, ба забони арабӣ, ки забони хилофат маҳсуб мешуд, забони паҳлавиро, ки забони расмии Сосониён буд, низ аз бар менамояд. Байти зер шоҳиди огоҳии шоир аз забони паҳлавист:

Басе ранҷ бурдам, басе нома хондам

Зи гуфтори тозиву аз паҳлавонӣ.

 

       Дар воқеъ, Фирдавсӣ на фақат ба осори адибони пеш аз худ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқӣ ва дигарон ошноӣ дошт, балки аз шеъри араб ҳам бохабар буд. Аммо маъхази асосӣ барои ӯ «Шоҳнома»-и Абумансурӣ маҳсуб мешуд. Албатта, «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ҳавохоҳони зиёд пайдо карда, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда буд. Бинобар ин, Дақиқӣ ба назми он оғоз кард, аммо пас аз навиштани ҳазор байт, ки ба подшоҳии Гуштосп иртибот мегирад, ба дасти ғуломе кушта гардид ва осораш нотамом монд. Фирдавсӣ ҳангоми таҳрири дувуми «Шоҳнома» на фақат аз Дақиқӣ ёд мекунад, балки ҳазор байти ӯро низ дар он ҷой медиҳад.

     Мутаассифона, дере нагузашт, ки давлати Сомониён (соли 999) аз байн рафт. Дар Ғазна Султон Маҳмуд ва дар Мовароуннаҳр туркони Қарахонӣ ба сари ҳокимият омаданд. Бинобар ин, ҷангу хунрезӣ, ки дар он замон давом дошт, бештар авҷ гирифт. Ба қавли шоир:

 

Замона саросар пур аз ҷанг буд,

Ба ҷӯяндагон-бар ҷаҳон танг буд.

Бар ин гуна якчанд бигзоштам,

Суханро нуҳуфта ҳамедоштам.

 

        Мусаллам аст, ки арабҳо ба Эронзамин ҳуҷум карда, онро ғасб намуданд. Баъд аз он ки дар Қодисия фармондеҳи лашкари Эрон Фаррухи Ҳурмуз шикаст хӯрд ва кушта гардид, Яздгирд бори охирин дар Наҳованд неру гирд овард, аммо бо шикаст хӯрдани ӯ дар муқобили арабҳо, сипоҳи Сосониён торумор ва Яздгирд ба Марв ақибнишинӣ кард. Ва бо марги ӯ муборизаи эрониён ҳам анҷом ёфт. Сомониён, ки баъд аз Саффориён бархостанд ва ба саҳнаи сиёсат омаданд, табори худро ба Баҳроми Чӯбина, сардори бузурги Сосониён мерасонданд. Онҳо зиёда аз сад сол ҳукмронӣ карданд ва соли 999 ҳукуматашон аз ҷониби туркони қарохонӣ барандохта шуд ва шоироне чун Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва дигарон ба арсаи эҷод омаданд ва ба гуфтани ашъори гуногун пардохтанд, ки намунаи олӣ ва муҳимми он «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. Агарчи дар «Шоҳнома» мо ба се неруи зиддиэронӣ – арабҳо, румиён ва туркон дучор мешавем, аммо душмани асосии эрониён ҳамоно арабҳоянд, ки бо ғалабаи Заҳҳок, ҷангу набарди Ковус бо шоҳи Ҳамоварон, ҳуҷуми Шуайби Қутайб дар замони Доро, ҳуҷуми Тоири араб дар замони Шопури нахуст ва шикасти ниҳоии Эрон дар замони Яздгирд сурат мегирад. Аз ин хотир, манфуртарин душмани эрониён арабҳоянд, ки Фирдавсӣ бо нафрат аз онҳо ёд мекунад, аз рафтори истилогаронаашон интиқод менамояд. Чунончи:

Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳрёр,

Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор.

Ниҳон гашт оини фарзонагон,

Пароканда шуд номи девонагон.

Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд,

Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд…

 

       Фирдавсии ватанпараст аз шикасти императории Эрон ба дасти арабҳо сахт нороҳату ғамгин шудааст. Ӯ Эронзаминро маркази тамаддун ва ҳунари ҷаҳон медонист, ки акнун аъроб бар он ҳукумат меронданд. Дидгоҳи шоири ватансароро метавон аз мактуби Рустам ба бародараш ба равшанӣ пай бурд. Фирдавсӣ шикасти эрониёнро бо сӯзу гудоз чунин ба тасвир мекашад:

 

Яке нома сӯйи бародар ба дард,

Набишту суханҳо ҳама ёд кард…

К-аз ин пас шикаст ояд аз тозиён,

Ситора нагардад магар бо зиён.

Табаҳ гардад ин ранҷҳои дароз,

Шавад носазо шоҳи гарданфароз.

На тахту на дайҳим бинӣ, на шаҳр,

Зи ахтар ҳама тозиёнрост баҳр.

Бипӯшанд аз эшон гурӯҳе сиёҳ,

Зи дебо ниҳанд аз бари сар кулоҳ.

Шавад бандаи беҳунар шаҳрёр,

Нажоду бузургӣ наёяд ба кор.

Чу бо тахт минбар баробар шавад,

Ҳама ном Бубакру Умар шавад.

 

Мо ин гуна кину нафратро дар мактуби Яздгирд, ки ба марзбонони Тӯс навиштааст, низ мушоҳида менамоем:

 

Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон,

Зи доноию шарм бебаҳрагон,

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

 

Албатта, нафрати Фирдавсӣ ба қавмҳои истилогар бесабаб нест, зеро эшон, аз як сӯ, ватани шоирро истило ва ба хоку хун кашидаанд, аз сӯи дигар, ба таҳқири ҳамватанони шоир ва зулму ситаму бартариҷӯӣ пардохтанд. Ниҳоят, фишор ба забону тамаддун, аз байн бурдан ва латма задан ба ғурури миллии эрониён Фирдавсиро ба пешгӯӣ дар номаи Рустам ба бародараш водоштааст, ки воқеан ҳам як навъ сӯгномаи миллат аст ва онро бидуни оби чашм наметавон хонд. Дар ҳақиқат, ин нома як номаи муқаррарӣ нест, балки қиссаи бисёр дардолудест, ки аз фоҷеаи ба сари як қавми бузурги таърихӣ овардаи арабҳо ба баҳонаи паҳн кардани дин, хабар медиҳад:

 

Зи деҳқону аз турку аз тозиён,

Нажоде падид ояд андар миён.

На деҳқон, на турку на тозӣ бувад,

Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.

Зиёни касон аз пайи суди хеш

Биҷӯянду дин андароранд пеш.

 

        Мутаассифона, судҷӯйӣ аз номи дин имрӯз ҳам мисли он ки арабҳо бо баҳонаи паҳн кардани ислом кишварҳоро забту ғорат ва мардумро қатл менамуданд, идома дорад. Дида мешавад, ки гурӯҳҳои мухталифи мутаассиби динӣ дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ бо даъвои татбиқи шариат, амалан дар пайи баровардани манфиатҳои сиёсӣ ва қавмиву нажодии худу хоҷагони беруниашон буда, ба ин мақсад мардуми бегуноҳро ба хоку хун мекашанд. Яъне ба номи дин куштори инсонҳо ҳамчунон идома дорад. 

       Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бо эҳтиром ба оини зардуштӣ назар намуда, ба истилогарони араб нафрату беэътиноӣ зоҳир намудааст. Ба ҳарфи дигар, Фирдавсӣ аз пирӯзиҳои эрониён ҳамеша меболад, аммо шикасти эшонро хуш надорад ва аксар вақт чашм мепӯшад ва ё бо дили нохоҳам сухан мегӯяд ва изҳори нороҳатӣ, ғаму андуҳ менамояд. Поёни ғамангези қиссаи Яздгирд, ки бо шикасти Эрон иртибот мегирад, бузургтарин фоҷиа барои на танҳо кишвару миллат, балки худи Фирдавсӣ ҳам мебошад. Аз ин рӯ, бо ғаму ҳасрат ин фоҷиаи мудҳишро ба қалам медиҳад ва мегӯяд:

Дареғ ин сари тоҷу ин меҳру дод,

Ки хоҳад шудан тухми шоҳӣ ба бод.

 

Дар ҳақиқат, баъди истилои Эрон аз ҷониби арабҳо осори бостонӣ қариб тамоман аз байн бурда шуд ва ё ба тороҷ рафт, забони арабӣ ба масобаи забони расмӣ пазируфта шуд, таълиму тадрис рангу бори арабӣ гирифт, сарфу наҳви арабӣ дар фазои забономӯзӣ ҳокими мутлақ гардид ва то асри асри ХХ идома ёфт:

 

Кунун з-ин пас даври Уммар бувад,

Чу дин оварад, тахт минбар бувад.

 

        Дар навиштани таърих ангезадиҳандаи Фирдавсӣ руҳи ватанпарастӣ ва миллатдӯстии ӯ мебошад. Дар охири рӯзгори Фирдавсӣ вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, низомӣ, иқтисодиву маънавию фарҳангӣ ба куллӣ тағйир карда, дар ҷомеа унсурҳои ғайритоҷикӣ ҳоким гашта буд. Руҳи мазҳабӣ кишварро фаро гирифта, ҳамаи ҷомеа арабзадаву мазҳабзада шуда, фақеҳон ё муллоҳо дар ҳамаи умури зиндагӣ нақши калидӣ мебозиданд. Афкори ғайримиллӣ дар ҷомеа боло гирифта буд, зеро ҳукумату сулолаҳои миллӣ, аз ҷумла Дайламиён, Сомониён, Фариғуниён, Маъмуниён, ки тоза ба истиқлол расида буданд, дар вартаи ҳалокат қарор доштанд. Агар эшон аз дасти арабҳо ва сиёсати хилофат худро то андозае раҳо карданд, аммо аз сӯи дигар, дар либоси муҳоҷирону ғуломон дар ҷомеа ҳузур пайдо карданд ва калидитарин вазифаҳои сиёсиву иҷтимоиро дар дасти худ қарор доданд.

      Дар замони Фирдавсӣ, аз як сӯ, тоҷикон дар шароити истиқлол зиндагӣ мекунанд, аммо, аз сӯи дигар, хатари аз даст додани истиқлол онҳоро таҳдид менамояд ва сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Қарахониён рӯи кор меоянд. Дар чунин шароит, гурӯҳи андаки мардум, яъне ақаллияти кӯчаке аз мардуми тоҷик мекӯшанд, ки суннату расму оини аҷдодонро на фақат ҳифз намоянд, балки барои эҳёи он ҳиммат бигуморанд, аммо бебаҳрагӣ аз қудрати сиёсиву иҷтимоӣ имкон намедиҳад, ки ба мубориза бархезанд, зеро шамшерро, ки таъминкунандаю танзимгари қудрати сиёсӣ аст, дар каф надоранд.

Мо руҳия ва оҳанги ватанпарастиро дар мактуби Рустам, ки ба лашкаркаши арабҳо Саъди Ваққос навиштааст ва Фирдавсӣ баъд аз сесад соли ин воқеа онро ба риштаи назм даровардааст, равшан дида метавонем:

 

Ба ман боз гӯй ин ки шоҳи ту кист,

Чӣ мардию оину роҳи ту чист?

Ба назди кӣ ҷӯӣ ҳаме дастгоҳ,

Бараҳна сипаҳбад, бараҳна сипоҳ?

Ба ноне ту серию ҳам гурсуна,

На пилу на тахту на бору буна.

Ба Эрон туро зиндагонӣ бас аст,

Ки тоҷу нигин баҳри дигар кас аст.

Шуморо ба чашм андарун шарм нест,

Зи роҳи хирад меҳру озарм нест.

Бад-он чеҳру он зоду он меҳру хӯй,

Чунин тоҷу тахт омадат орзуй?..

Зи шири шутур хӯрдану сусмор,

Арабро ба ҷое расидаст кор,

Ки тахти Каёнро кунад орзу,

Тфу бод бар чархи гардон, тфу!

     «Шоҳнома» муҳимтарин ва ҷовидонатарин осори миллӣ ва ватандӯстона аст, ки ба миллату мардумони эронинажод дарси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ додааст ва барои зинда нигаҳ доштани ҳувияти миллии тоҷику форс хидмати бедареғ намудааст.

    «Шоҳнома» як ҳамосаи миллӣ аст, ки дар баробари эҷоди ифтихору худшиносӣ, парвариши руҳи ватандӯстӣ ва худогоҳӣ, ба ҳамватанон дӯст доштани ҳаёт, дурӣ гузидан аз бадиҳо ва ахлоқи разила, аз ҷумла коҳилӣ, ғайбат, бадбинӣ, хашму ғазаб, қаноату бекорӣ, ғафлату ғуломию бандагӣ, пархошу шитоб, дурӯғгӯию бехирадӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ ва ғайраро таълим медиҳад.

Воқеан, Фирдавсӣ ҳангоми баёни воқеаву ҳодисаҳои мухталиф дастурҳои ҷовидонӣ ба хонанда медиҳад, то хонанда Ватанро, ки мисли модар моро дар оғӯши пурмеҳри худ тарбия кардаву ба воя расондааст, на фақат аз дилу ҷон дӯст дорад, балки барои ҳимояи он ҷони худро дареғ надорад:

 

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

      «Шоҳнома» аз ҳамаи асарҳои адабиётамон бартарӣ дорад, зеро паёми озодӣ, пойдорӣ, истиқлолият ва муборизаю ҷонбозӣ ба ҳамватанон медиҳад. Шоир барои ҳифзи ватан сарбаландона ҷон доданро аз зиндагӣ дар зери асорат авлотар дониста, ба номи нек мурданро беҳтар аз ғуломӣ ҳисобида, ба такрор ин мавзуъро ба миён мегузорад:

Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,

Ки солор бошам, кунам бандагӣ.

Ба ном ар бирезӣ маро гуфт хун,

Беҳ аз зиндагонӣ ба нанг андарун.

 

        Аз ин рӯ, бисёре аз масъалаҳое, ки дар «Шоҳнома» дарҷ шудаанд, имрӯз низ ҳамчун масъалаи муҳим ва доғи рӯз қобили мулоҳизаанд. Масъалаи ҷанг ва сулҳ, ки дар «Шоҳнома» бозтоби густурда дорад, имрӯз ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Неруҳои мухталифи пархошгару ҷангҷӯю вайронгар бо истифода аз номи дину мазҳаб дар гӯшаву канори олам даст ба қатлу куштор мезананд, биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба оташ мекашанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, занону духтаронро мекушанд, сангсор менамоянд, даҳшатафканӣ мекунанд, ёдгориҳои таърихиро аз байн мебаранд, давлатҳои миллиро вожгун месозанд.

       Ҳамагон мехоҳанд, ки дар Фаластин, Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайра сулҳ пойдор гардад, парчами адолат партавфишон шавад. Дар ин роҳ судҷӯӣ аз «Шоҳнома», аз андешаҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ, ки дар боби сулҳу оштӣ гуфтааст ва ҳароина ҷангро маҳкум намудааст, барои башар хеле ва хеле муҳимму муфид мебошад:

 

Ҳама меҳр ҷӯеду афсун кунед,

Зи тан олати ҷанг берун кунед...

Ба ҷои ҷаҳон ҷустану корзор,

Мабодам ба ҷуз оштӣ ҳеч кор.

 

       Зимнан, бояд гуфт, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пеш аз ҳама хирад ва хирадмандиро ситоиш менамояд. Маҳз бо ситоиши хирад шуруъ шудани «Шоҳнома» далел бар он аст, ки муаллифи он ба хирад, ки бартарии инсонро аз тамоми мавҷудот таъмин менамояд, арҷи фаровон мениҳад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

 

      Ба фикри ӯ, беҳтарин чизе, ки инсон дорад, хирад мебошад:

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

       Фирдавсӣ аз аҳамияти илму дониш дар зиндагӣ, ки башарро сарфарозу сарбаланд месозад, сухан гуфта, омӯхтани онро барои ҳар кас ҳам қарзу ҳам фарз донистааст, зеро инсони бедониш ба чизе намеарзад. Баръакс, одамоне, ки бо зевари дониш оростаанд, мавриди эҳтироми ҳамагон қарор мегиранд, зеро маҳз онҳо кашфиёт мекунанд, ихтироъ менамоянд, то зиндагии худ ва аҳли башарро сару сомон бахшанд:

 

Замоне маёсой аз омӯхтан,

              Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан.

 

        Адлу дод тору пуди «Шоҳнома»-ро фаро мегирад. Бесабаб нест, ки «Шоҳнома»-ро муҳаққиқон ҳамосаи дод хондаанд, зеро шоир дар ҳама ҷо аз адлу дод сухан мегӯяд. Ӯ ҷангро пазиро нест. Ҷанг дар «Шоҳнома» ба хотири муҳофизати Ватан ва таъмини оромишу осоиши мардум ва тантанаи адлу адолат омадааст. Аз ин рӯ, ӯ дар ҷангҳое, ки дар «Шоҳнома» тасвир кардааст, ҳамеша аз дод тарафдорӣ кардааст. Ӯ бедодиро, аз кадом ҷонибе набошад, маҳкум менамояд:

Агар доддеҳ бошӣ, эй номҷӯй,

Шавӣ бар ҳама орзу комҷӯй.

Зи худ дод додан ба ҳар неку бад,

Беҳ аз ҳар чи гӯӣ ба назди хирад.

 

       Фирдавсӣ адлу додро аз равзанаҳои мухталиф баррасӣ менамояд ва ба тасвир мегирад. Чунончи, шоир барои исбот ва таъсири ин фикри худ рӯ ба подшоҳони пешин меорад ва аз Ардашеру Фаридуну дигар шоҳони афсонавию таърихӣ суд меҷӯяд, зеро онҳо, пеш аз ҳама, бо адлу доди хеш дар байни мардум шуҳрат ёфта буданд:

 

Фаридуни фаррух фаришта набуд,

Зи мушку зи анбар сиришта набуд.

Ба доду диҳиш ёфт он некуӣ,

Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ.

       Хулоса, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ на танҳо ҳамосаи бузурги миллӣ, достонҳои бузурги паҳлавонию қаҳрамонӣ, таҷассумгари таърих ва ифтихори ниёкони мо, балки сарчашмаи хирад, афкори дунявию пешқадамонаву ҷовидона низ маҳсуб мешавад. Фирдавсӣ тавассути хомаи таърихофарин ва паёмрасони хеш расму оин, ривоёту афсона ё асотир, номи шоҳону паҳлавонони қадим, руҳ ва хотираи миллиро эҳё кард ва маводи муътамад ва ифтихорофарин барои худшиносию худогоҳии миллиро дар ихтиёри мо қарор дод.

       Метавон гуфт, ки Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ ҳамеша барои миллати мо сармашқ ва намунаи хирадгароӣ, миллатдӯстию ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва мубориза бо таассуб ва афкори бегона буд ва мебошад:

 

       Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

Саидзода Ҷ.

 

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

               Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

 

     Абуалӣ ибни Сино (980-1037) табиб, риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофиядон, шоир ва яке аз машҳуртарин файласуфону донишмандони тоҷик мебошад.

      Ибни Сино 450 китоб дар мавзуъҳои гуногун навиштааст, ки бештари онҳо дар соҳаи илми тиб ва фалсафа аст. Аз ҷумла, китобҳои «Шифо» – донишномаи илмию фалсафии мукаммал ва «Ал-қонун фӣ тиб»-и ӯ аз маъруфтарин асарҳо дар таърихи илми тибби ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

      Абуалӣ ибни Сино дар рустои Афшанаи наздики Бухоро ба дунё омад ва падараш яке аз соҳибмансабони дарбори Сомониён буд. Абдуллоҳ падари ибни Сино аз мардуми Балх буд ва дар рӯзгори Нӯҳ писари Мансури Сомонӣ ба Бухоро омад.

     Ибни Сино осори худро ба ду забон – тоҷикӣ ва арабӣ эҷод кардааст. Аз муҳимтарин асарҳои Сино ба забони тоҷикӣ «Донишнома» ва рисолаи «Рагшиносӣ» мебошанд, ки ҳаким барои баёни мафҳумҳои нав, даст ба вожасозӣ зада, захираи луғавии забони тоҷикиро ғанӣ намудааст. Аз ҷумла, бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, Сино танҳо дар ин ду китоби хеш 1039 истилоҳи тоза сохтааст.

    Ин рубоӣ тавоноии Абуалӣ ибни Синоро дар илм ва аз ҷониби ӯ фаро гирифта шудани тамоми донишҳои роиҷи замонашро инъикос мекунад:

 

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд гушуда шуд, магар банди аҷал.

 

          Ибни Сино ба хотири баён кардани афкори пешқадамонаи хеш аз тарафи фақеҳон ё донандагони қонунҳои шариат ба куфргӯйӣ муттаҳам гардид ва таҳти таъқиб қарор гирифт. Маҳз фишору таъқиби руҳониёни иртиҷоъгаро сабаб шуд, ки ин донишманди маъруф сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, ба тарафи Эрони имрӯза муҳоҷират намояд. Абуалӣ ибни Сино рубоии маъруфи худ «Куфри чу мане газофу осон набувад»-ро, ки дар аввали матлаб оварда шуд, дар посух ба арбобони мутаассиби динӣ ва барои дифоъ аз хеш сурудааст

     Ибни Сино намояндаи бузурги фалсафаи машшоъ буд. Дар осори фалсафии ӯ масъалаҳои табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабаб ва дарки олами моддӣ ҳамаҷониба таҳқиқ шудааст.

          Дар фалсафаи Ибни Сино ба таҳлили масъалаи моҳияти ҳаракат, замон ва макон диққати зиёд дода шудааст. Ҳаракат аз назари ӯ ҷой иваз кардани ҷисм, тағйироти миқдорӣ ва табдили ҳолати он аст. Ибни Сино ҳаракатро аз рӯи манбаи пайдоишаш ба табиӣ, қасрӣ ва аразӣ тақсим кардааст. Манбаи ҳаракати табиӣ дар дохили худи ҷисм ва манбаи ҳаракати қасрию аразӣ дар берун аз ҷисм пайдо мешавад. Ибни Сино дар заминаи ҳаракат ду фикри аз ҷиҳати илмӣ муҳимро баён кардааст. Яке аз онҳо тасаввуроти ӯ дар бораи «майл» аст. «Майл қувваест,  ки аз ҷисми мутаҳаррик ба муҳаррик мегузарад ва ҷисм то тамом шудани он ҳаракат мекунад», – навишта буд ӯ. Дар ин ақида ғояи инерсия ифода ёфтааст, ки онро Галилей дар асри ХVII кашф намуд. Дувум, ӯ назарияи баъзе мутафаккирони қадимро, ки мегуфтанд: «ҳар чи хурдтар будӣ, тезтар ҷунбидӣ ва ҳар чи калонтар будӣ, дертар ҷунбидӣ» рад карда, хилофи онро исбот кардааст. Ин гумони ӯ бо хулосаҳои илми ҳозира комилан мутобиқ аст.

       Ибни Сино замонро шумораи ҳаракат дониста, алоқаи онро бо ҳаракат ва модда эътироф мекард. Ӯ ақидаи касонеро, ки замонро хаёлӣ медонистанд, рад кардааст.

        Ибни Сино бар ягонагии моддаву сурат таъкид карда, муътақид буд, ки шаклҳои гуногуни ҳаёт монанди зоиш, ҳаракати ихтиёрӣ, дарёфтҳои ҳиссӣ ва ақлӣ на якбора, балки ба таври тадриҷӣ сурат гирифтаанд. Ӯ нафси наботию ҳайвониро ба тан зич алоқаманд дониста, ақли нотиқаро гавҳари мустақилу абадии ба тан берабт медонист.

       Ибни Сино назарияи динии растохез ё рӯзи қиёматро рад карда, назарияи таносухро ботил шуморидааст. Ӯ дар китоби «Шифо» ва дар баҳси маод навиштааст, ки наметавонад маоди ҷисмониро аз назари ақлонӣ собит кунад. Ӯ дар рисолаи «Азҳавия» маоди ҳақиқиро маоди руҳонӣ дониста, масъалаи мазкурро чунин шарҳ додааст: «... Маоди руҳониро ба ваҷҳе баён кардӣ, ки авом фаҳм кунанду бидонанд ва рағбат намоянду битарсанд... аз барои он ки саодати ҳақиқӣ ва лаззоти руҳонӣ эшонро мафҳум нест ва дар ваҳми эшон наояд...».

        Лозим ба зикр аст, ки баъзе аз назарияҳои Ибни Сино дар хусуси пайдоиши олам, табиат ва масъалаи маод бо аҳкоми динӣ зид буд, бинобар ин баъдтар Муҳаммад Ғаззолӣ ва Фахруддини Розӣ ба муқобили ӯ баромада, Сино ва пайравонашро ба куфру илҳод (сарпечӣ аз қонуни дин) муттаҳам намудаанд.

        Масъалаи ихтилофи Ибни Сино бо руҳониён ва дигар арбобони дин перомуни ақлу хираду имон, на танҳо дар рисолаҳои илмӣ, балки дар ашъори ӯ низ ба равшанӣ инъикос ёфтааст. Сино фаҳми зоҳирӣ ва сатҳӣ аз мафҳуми таваккал ва ба умеди тақдир хомӯшу бекор нишастани инсонро сарзаниш карда, мардумро ба амалгароӣ ва кӯшишу талош ташвиқ мекард:

 

З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,

Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард.

Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.

 

     Ба назари Ибни Сино, маърифати нодуруст аз тақдир, таваккал ва сабру қаноат дар тинати инсон хислатҳои коҳилиро парвариш хоҳад дод. Ин бардоштҳои ғалат дар адабиёти классикӣ таърифу тавсифи меҳнат ва мазаммати бекорию беҳунариро ба вуҷуд овардааст:

 

Ҳар он кас, ки бигрезад аз коргард,

Аз ӯ дур шуд ному нангу набард.

Ҳамон коҳилии мардум аз баддилист,

Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.

Таносоию коҳилӣ дур кун,

Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.

Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,

Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.

Чу коҳил бувад марди барно ба кор,

Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.         

 

        Маълум мешавад, ки шоирони классик ба муқобили фаҳми нодурусти таваккал ва фарқи он аз танбалӣ, коҳилӣ ва муфтхӯрӣ кӯшиш намуда, инсонро ба меҳнатдӯстӣ даъват кардаанд.

Ибни Сино илмро аз ҷон беҳтар ва сабаби пешрафти ҳаёт дониста, онро ба чароғ ва ҳикматашро ба равғани он ташбеҳ кардааст:

 

Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,

Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.

Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,

Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.

Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,

Гар шавад торик он лаҳза, ҳаёташ дар фаност.

 

            Дар адабиёти классикӣ дар аксар маврид май мавзуи мунозираи шоирону руҳониён қарор гирифта, дар бораи ҳарому ҳалол будани он баҳс рафтааст. Шоирон бо такя ба зарбулмасали «Сухани ҳақ талх аст» аз санъати суханбозӣ ва мантиқи калом (ҳақ талх, май талх, – пас май ҳақ аст) истифода карда, дар муқобили мардумозорию риё майро ҳалол донистаанд. Ба гуфтаи Ибни Сино, май барои ҷоҳилон (афроде, ки аз ҳад берун менӯшанд ва даст ба авбошию бадкирдорӣ мезананд) ҳаром аст, вале бо иҷозати ақл барои одамони доно ҳалол мебошад:

 

Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,

Ба назди мубтил[1] ботил, ба назди доно ҳақ.

Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,

Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ.

Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,

Ки май маҳак бувад, хайру шарр аз ӯ муштақ.

Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаҳр ҳаром,

Чу маҳ, ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ.

 

          Май нӯшидану ишқи некувон варзидан ба фиребгарӣ ва дурӯягии руҳониён зид гузошта шудааст. Шоирони озодихоҳ бо ин восита фиребу найрангбозии руҳониёнро фош мекарданд. Май дар адабиёти риндӣ дар баробари мардумозорӣ, ришвахорӣ ва зулми ҳокимону арбобони дин муқобил гузошта шудааст.

       Дар адабиёти классикӣ ба ғайр аз май, ки моҳият ва маънии хосе дорад, «ишқ» ҳам мақоми муҳимме ишғол кардааст. Ин категория низ бар зидди бардоштҳои нодуруст аз маъно ва мафҳуми ишқи ҳақиқӣ ба кор бурда шудааст. Ин даста аз шоирон воизони даврро ба хотири шарҳу тафсири нодурусти мафҳуми ишқ ва ё ишқи илоҳӣ, ки мардумро ба дунёбезорӣ ва тарки неъматҳои дунявӣ даъват менамуданд, мавриди танқиду мазаммат қарор медоданд.

      Мавзуи дигари доғ дар ҷомеаи асримиёнагӣ бархурди ношоистаи руҳониёни ҷаҳолатпараст бо аҳли илму дониш буд. Онҳо дар ҳаққи донишмандони ҳақиқӣ туҳмату буҳтон баста, ба фоидаи идораҳои динӣ ҷосусӣ мекарданд ва беҳтарин фарзандони халқу ватанро қурбон менамуданд. Ибни Сино дар яке аз қитъаҳои арабиаш аз ҳасадхӯрӣ, таҳқир, сарзанишҳои ноҳақ, айби худро ба каси дигар ҳавола кардан ва дигар хулқу атвори нопоки баъзе арбобони дин шикоят карда, дар айни ҳол мегӯяд, ки агар роҳи кас дуруст бошад, ӯ бояд аз ин туҳматҳо натарсад:

 

Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,

Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.

Камолу фану ҳикматам сарзаниш,

Намоянд аз нақси худ ҳар куҷо.

Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд

Зада шох, ҷӯянд таҳқири мо.

Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,

Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.

 

     Дар шеъри дигараш Ибни Сино руҳониёни туҳматбофро ба саг ва худро ба шери нотарс монанд кардааст:

 

Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтанд

Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.

Зи тарси шери ғуррон чоҳ кованду зананд ав-ав,

Гирифт овози он сагҳо, валекин ман ҳамон шерам.

Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо каҷ назар созанд сӯйи ман,

Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.

Агар чашми адолат будӣ дар ҷойи адоват, пас,

Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзтаъсирам.

 

       Масъалаи инкори ақлу дониш аз сӯйи намояндагони динӣ дар асрҳои миёна дар меҳвари эҷодиёти шоирону донишмандони озодипарасти давр қарор дошт. Руҳониёни манфиатҷӯ ба баҳонаи ҷудо кардани дин аз илм ба донишмандон ҳамла мекарданд. Муборизаи шоирони озодихоҳу донишманд алайҳи намояндагони табақаи ҳоким ва арбобони диние буд, ки бо зулму заҷр ҳамаи неъматҳои моддии ҷамъиятро барои худ ҷамъ намуда, аксарияти халқро аз он маҳрум мекарданд.

       Донишмандону озодихоҳон аз чунин вазъият ба сутуҳ омада, ҳақиқатро ошкор мекарданд, то мардуми омиро аз вартаи ғуломӣ наҷот диҳанд. Табиатан, ин ҳаракати мардуми оқил хашми арбобони диниро бармеангехт ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои хеш онҳоро бо туҳматҳои нораво, бахусус ба баддинӣ туҳмат зада, аз майдон берун мекарданд.

     Ибни Сино натанҳо шоир, балки донишманду табиби тавоно, ҳакими ҳама гуна дарду даво ва дар фалсафа, мантиқ, илми мусиқиву забони арабӣ низ нодираи даврони хеш буд. Сино тавоноии ақлонии худро дар як рубоӣ чунин тавсиф кардааст:

 

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.

Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,

Охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

 

       «Андар дили ман ҳазор хуршед битофт», – ишораи Сино ба доноию тавоноии хеш дар улуми гуногун аст. Бинобар ин, Ҷорҷ Сартр дар китоби «Таърихи илм»-и хеш аз Сино ба унвони яке аз бузургтарин андешамандон ва донишмандони соҳаи тиб ном бурдааст. Ӯ ҳамчунин Синоро машҳуртарин донишманди ҳамаи замонҳову маконҳо ва нажодҳо меномад.

     Аз Ибни Сино ҳамчун бузургтарин мантиқдони асрҳои миёна ва яке аз чеҳраҳои давронсози таърихи илми мантиқ ном мебаранд. Ӯ дар бораи илми мантиқ беш аз 20 китобу рисолаи мустақил эҷод кардааст. Аз ҷумла, панҷ ҷилд аз даҳ ҷилди донишномаи «Шифо»-и ӯ ба мантиқ ихтисос ёфтааст. Мантиқдонони маъруфи ҷаҳонӣ сабаби ҳассосияти Синоро ба мантиқ бархоста аз алоқаи шадиди ӯ ба забон дарёфтаанд. Ишқи ӯ ба забон ва кӯшишҳояш барои равнақ бахшидани он дар байни мардум афсонаҳое паҳн кардааст.

      Унсури дигари фалсафаи табиии Ибни Сино хидмати ӯ ба мантиқ ва истифодаи мантиқ дар илми риёзӣ будааст. Сино пас аз таҳлили равиши қиёсии Арасту бори нахуст имконпазир донист, ки сабабҳои табиӣ ҳам дар қиёс мавриди истифода қарор гиранд. Яке аз бузургтарин хидматҳои Ибни Сино исботи ин идея буд, ки барои кашфи ҳақиқат на аз як равиш, балки аз равишҳои гуногун, монанди озмоишҳо, қиёсу далел ва шаҳодати айнӣ барои дарёфти дониш бояд истифода шавад. Акнун дар илми муосир, ки аз методҳои гуногун барои исботи назарияҳои илмӣ истифода мекунад, ин идеяи Сино аз аҳамияти калоне бархурдор аст. Аз тарафи дигар, фалсафаи Ибни Сино бар асоси ҷаҳонбинии табиӣ шакл гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Сино мисли Насириддини Тусӣ як риёзидони ҳирфаӣ набуд, вале ба фалсафаи риёзиёт хидмати калоне кардааст. Ӯ бо таҳқиқи робитаи байни мантиқи сурӣ[2] ва мантиқи риёзӣ дар заминаи пайдоиши фалсафаи риёзиёт ҳамчун шохае аз фалсафаи илм нақши муҳим бозид. Ҷанбаҳои гуногуни фалсафаи табиӣ ва риёзии Ибни Сино дар китоби машҳури ӯ «Шифо» ба чашм мехӯрад.

     Ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда кардааст. Хидмати ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо зиёд аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намудааст. Вай барои дармони беморӣ аз ҳеч равиши муфид худдорӣ намекард. Ибни Сино аз аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст. Ӯ дар замони хеш таблиғгари густариши огоҳию ақлоният дар миёни оммаи мардум буд. Аз суханони гуҳарбори Сино аст, ки гуфтааст: «Агар барои як хато ҳазор далел биёваред, дар ҳақиқат ҳазору як хато аз шумо сар задааст». Ин фарзия худ далели гароиши ӯ ба ақлоният ва мантиқ мебошад.

         Ибни Сино ташкили ҷомеаи солимро ба вуҷуди ҷисми солим вобаста медонист. Алоқаи ӯ ба илми тиб ҳам аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Ибни Сино фармудааст, ки «ҳеч чиз бар саломатии инсон бештар аз он садама намезанад, ки хӯрок бар рӯи хӯрок тановул намояд». Бинобар ин, ӯ мардумро ба варзиш ва анҷоми ҳаракатҳои ҷисмонӣ ташвиқ мекард. Ибни Сино ҳаракатро беҳтарин равиши дармон медонист. Ба ин гуфтаҳои ҳакимонаи ӯ диққат кунед, ки фармуда: «Касе ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад, ба ҳеч доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст». Тибби муосир ҳам имрӯз ба ҳамин натиҷа расида ва ташвиқи варзиш ба яке аз усулҳои табобатӣ табдил шудааст. Мисолҳои боло возеҳу равшан менамоянд, ки Ибни Сино як донишманди дунявӣ буда, дар фаъолияти рӯзмарраи хеш ҳамеша аз ақлу мантиқ ва фалсафа истифода мекардааст. Агар ҷомеаи суннатии асримиёнагӣ мантиқи Ибни Синоро хуб дарк мекард, шояд аз вазъияти хеш асрҳо пеш мерафт. Мутаассифона, таассуб, ифрот ва хурофоти ҳоким дар он давра иҷозат намедод, ки андешаҳои пешқадами фарзандони фарзонаи миллат ба гӯши ҳамагон бирасад ва дар ҷомеа татбиқ гардад.

        Ба иловаи илмҳои номбурда, хидмати Ибни Сино дар рушди илми кимиё, коншиносӣ ва маъданшиносӣ ҳам чашмрас мебошад. Ибни Сино якравиро нишонаи таассуб ва хомии одам медонист. Аз ин рӯ, фармудааст: «Таассуб дар донишу фалсафа монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад».

      Ин донишманди тавоно бо таҳлили сохтори як шаҳобсанг, ба ташкили харсангҳои русубӣ[3] ва нақши заминларза дар пайдоиши кӯҳҳо андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Имрӯза кишварҳои шарқӣ башиддат ниёзманди рушди фалсафаи табиии худ ҳастанд ва дар ин замина метавонанд ба назарияҳои фалсафаи илми Ибни Сино такя намоянд.

       Аз назари Ибни Сино, арбобони дин дар он замон на барои омӯзиши илму дониш талош мекарданд ва на ба он чи мегуфтанд, амал менамуданд. Дурӯғу беамалии руҳониёни иртиҷоӣ дар ҳар давру замон монеи пешрафту тараққии ҷомеа ва ҳатто хиёнат ба давлату миллат шудааст.

Аз "Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷику форс".-Душанбе, 2023.

 

 

 

 

 

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

 

       Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шоири машҳури тоҷик ва сардафтари адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ дар дењаи Панҷрӯди Панҷакенти наздики Самарқанд ба дунё омадааст. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён хидмат кард ва ба авҷи шуҳрат расид. Сабки шеъри Рӯдакӣ сабки маъруфи хуросонӣ буда, забони шеъраш содаву равон ва ширину рангин аст. Сурудаҳои вай ғолибан лирикӣ ва таълимӣ буда, мавзуъҳои ҳамосӣ низ дар осораш ба хубӣ инъикос ёфтааст. Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон дар таърихи адабиёти тоҷику форс буда, осори вай як миллиону сесад ҳазор байт гуфта шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор байт аз Рӯдакӣ ба ёдгор монда, ки маҷмуае аз қасида, маснавӣ, қитъа ва рубоиро дар бар мегирад. Мавзуи ашъори Рӯдакиро ситоиши ватану ватандӯстӣ, илму донишандӯзӣ, хираду хирадварзӣ, тараннуми арзишҳои миллию фарҳангӣ, гиромидошти мақому манзалати инсон, башарпарастӣ, ғанимат шумурдани умр ва тарғиби шодию шодзистӣ дар бар мегирад.

«Калила ва Димна» аз осори дигари машҳури Рӯдакӣ аст, ки Муҳаммад Балъамӣ онро аз арабӣ ба тоҷикӣ-форсӣ баргардонид ва Рӯдакӣ онро ба риштаи назм даровард. Тамоми ашъори боқимондаи Рӯдакӣ зебову равон ва саршор аз ҳикмату андеша буда, муҳаққиқон дар интихоби намунаи беҳтарини ашъори ӯ ба мушкил гирифтор мешаванд:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

 

         Андеша ва ашъори Рӯдакӣ бисёр нобу равон ва орӣ аз ҳар гуна сохтакорӣ мебошад. Ӯ на танҳо асосгузори шеъри тоҷикӣ, балки мубаллиғи бузурги миллӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ ва арзишҳои дунявӣ дар адабиёти классикӣ ба шумор меравад.

     Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва ситоишгари фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ дар замони Сомониён буд ва аз ин ки дар дарбори давлати миллӣ хидмат менамуд, ифтихори фаровон дошт:

 

Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд,

Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ?

Маро бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд!

 

       Яке аз хусусиятҳое, ки шахсият ва шеъри Рӯдакиро шукӯҳу зинат бахшида, барҷаста месозад, озодфикрӣ, ситоиши давлати миллии Сомониён, эҳёи суннатҳои ниёгон, пойбанд набудан ба андешаҳои динӣ ва вуҷуди руҳияи баланди миллию дунявӣ дар шеъри ӯ мебошад. Рӯдакиро метавон аз саромадони ҷараёни озодихоҳии мардуми Хуросону Варорӯдон аз султаи афкори арабӣ донист. Ин ҷараёни фикрӣ як ҳаракати фарҳангии алайҳи бартариталабии арабҳо буд, ки барои дифоъ аз забон, фарҳанг ва одобу русуми тоҷикон дар даврони хилофати арабҳо зуҳур кард. Таваҷҷуҳи бештари Рӯдакӣ бар андешаҳои баробарии нажодӣ, ифтихор ба пешинаи ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, паҳлавонони ҳамосӣ, миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои пешазисломӣ аст, ки арабҳо табиатан аз он орӣ буданд.

Рӯдакӣ озодагиро ҷузъи ҳувияти мардуми ориёӣ дониста, хислати вижаи озодагон меномад. Ӯ таъкид мекунад, ки ин мардум ҳаргиз ғулом будан ва нанги бардагии арабро намепазиранд.

 

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.

Ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

 

    Хирад ва май ду истилоҳе ҳастанд, ки дар ашъори Рӯдакӣ борҳо истифода шуда, нишонаи фарқкунандаи мардуми озодаи ориёӣ аз арабҳои бодиянишин ҳастанд:

 

Май озода падид орад аз бадасл,

Фаровон ҳунар аст андар ин набид.

 

     Яке аз равишҳои мубориза ба истилои арабҳо дар он замон эҳёи суннатҳои гузашта ва ифтихор ба собиқаи таърихӣ, динӣ ва фарҳангии ориёиҳо буд. Аз ин рӯ, Рӯдакӣ аз оини Зардушт ва некиҳои сегонаи он то хусравони Сосонӣ ифтихор мекард.

Ба ҳамин ҷиҳат, шоирони ин давра хайру некиро дар «Авасто»-ву «Занд»-у «Позанд» ҷуста, бартарии тамаддуни хешро ба арабҳо гӯшзад менамуданд:

 

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд!

 

    Бо мурури замон, пас аз суқути сулолаи Уммавиён дар дарбори Аббосиён ҷашнҳои ориёӣ, монанди Наврӯз ва Меҳргон бо шукӯҳи бештаре таҷлил мегардиданд:

 

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Бод бар ту мубораку хинишон,

Ҷашни Наврӯзу гӯсфандкушон.

 

      Мавзуи дигаре, ки дар ашъори Рӯдакӣ ба чашм мерасад, ифтихор аз паҳлавонон ва қаҳрамонони миллӣ аст. Ҳамоса яке аз мустаҳкамтарин омилҳои миллатсоз байни қавму миллатҳо ба шумор меравад. Бинобар ин, адибон ва донишмандони тоҷик дар ин марҳалаи таърихӣ ба ҳамосаҳои миллӣ рӯ оварда, бо тарғиби шахсиятҳои достонӣ, миллӣ ва ҳамосии худ зидди бартариталабии арабҳо баромаданд. Рӯдакӣ ба паҳлавононе ҳамчу Рустам, Сом ва Исфандиёр ишора карда, зимни ёдоварии қаҳрамонони миллӣ гоҳ онҳоро ба ҳам муқоиса намуда, қаҳрамони мавриди назари худро бартарӣ медиҳад:

 

Вараш бидидӣ Сифандиёр гаҳи разм,

Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон.

Сом саворист, ки то ситора битобад,

Асп набинад чун ӯ савор ба майдон.

 

Ё худ:

 

Рустамро ном гарчи сахт бузург аст,

Зинда ба вай аст номи Рустами Дастон.

 

      Яке аз хислатҳое, ки арабҳо хеле худро ба он мумтоз медонистанд, саховату бахшандагӣ буд. Бинобар ин, Рӯдакӣ шуҷоат ва ҷанговарии қаҳрамонашро дар вуҷуди амсоли Сому Рустам ҷустуҷӯ мекунад ва родию бахшандагии онҳоро бар Ҳотами Тойӣ масал мезанад:

 

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

 

     Рӯдакӣ на танҳо падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ, балки бунёдгузори андешаи миллӣ дар адабиёти классикӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, эҳтимолан, назми «Шоҳнома»-и безаволашро аз Рӯдакӣ илҳом гирифтааст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз Рӯдакӣ ба хубӣ ёд карда, ӯро «дурри оганда» ё пуртароват мехонад:

 

Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,

Бар ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.

Ба тозӣ ҳамебуд то гоҳи Наср,

Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.

Бифармуд то порсию дарӣ,

Набиштанду кӯтоҳ шуд доварӣ.

Гузорандаро пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

Бипайваст гӯё парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

 

     Ба ибораи дигар, Рӯдакӣ поягузори шеъри ҳамосӣ ва ватансарои асил дар миёни шоирони асри хеш буд. Бешак, маъруфтарин сурудаи Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷику форс қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» аст, ки дар бозгардондани амир Насри Сомонӣ ба Бухоро нақши асосӣ бозидааст. Ҳисси ватанпарастӣ дар ин шеър он қадар барҷаста аст, ки аксари шоирони баъдӣ дар тақлид аз он шеър суруда, аз Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд. Аз ҷумла, Ҷалолиддини Балхӣ дар пайравӣ аз он навиштааст:

 

Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,

Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Аз нисори гавҳари ёрам маро,

Оби дарё то миён ояд ҳаме.

Бо хаёли гулситонаш хорзор,

Нармтар аз парниён ояд ҳаме...

 

Мавзуи муҳимме, ки Рӯдакӣ дар ашъори худ ба он такя карда, даъвои бартарихоҳии арабҳоро ботил менамуд, масъалаи донишу хирадварзӣ буд. Зеро арабҳо пеш аз ислом тақрибан дар ҳеҷ соҳаи дониш шахсияти илмӣ надоштанд, дар ҳоле ки тоҷикону эрониён дар мусиқӣ, тиб, ҳандаса ва риёзӣ пешрафтҳои бисёре касб карда буданд. Таъсиру нақши тоҷикон дар сарфу наҳв, хат ва китобати арабӣ бисёр барҷаста ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ситоиши ақлу хирад дар меҳвари мавзуъҳои ашъори Рӯдакӣ қарор дорад:

 

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Рози донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

 

Рӯдакӣ ба хубӣ аз арзишу ҷойгоҳи фалсафа (ҳикмат) ошноӣ дошта, онро дар радифи илму хирад ситоиш кардааст. Барои ӯ фалсафа баёнгари донишу хирад аст:

 

Он ки бад-ӯ бингарӣ, ба ҳикмат гӯӣ,

Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон.

Гар бикушояд забон ба илму ба ҳикмат,

Марди хирадро адаб физояду имон!

 

Рӯдакӣ парваридаи ҷомеаи илммадори аҳди Сомонӣ аст, ки озодии андеша ва ақлгароӣ он ҷо ҳоким буд. Шоир таъкид мекунад, ки молу матои дунё ва симу зар ӯро қонеъ наменамояд, зеро қаноатпешагию осоиши инсон ба хираду дониш бастагӣ дорад:

 

Биғнуд[1] танам бар дираму обу замин,

Дил бар хираду ба илму дониш биғнуд.

 

Ё худ:

 

Зеҳ доноро гӯянд, ки донад гуфт,

Ҳеч нодонро донанда нагӯяд зеҳ!

 

Рӯдакӣ ошиқи Бухоро буд ва ин шаҳрро қиблаи меҳанпарастон медонист. Ӯ дил ба Бухоро баста буд ва «намози ишқ»-и худро ба сӯйи ҳамин қибла мехонад:

 

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?

Дил ба Бухорову бутони Тироз!

Эзиди мо васвасаи ошиқӣ

Аз ту пазирад, напазирад намоз.

 

Дар канори ҳаётдӯстӣ ва ватанпарварӣ Рӯдакӣ масъалаи ақлгароӣ ва андешаҳои фалсафӣ бар пояи хирадро таблиғ мекард. Ӯ дар ин порчаи шеърӣ дар бораи ҳаракат ва тағйироти дохилии ашё, табдили шаклҳо ва тағйироти сифатию миқдории моддаҳо дар табиат, чархидани Замин дар атрофи меҳвари худ Хуршед, алорағми тасаввури хурофотпарастон таъкиди дақиқ кардааст:

 

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

 

Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад,

Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон[2] буд.

Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд

Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд...

 

Ашъори Рӯдакӣ дар замони муосир ҳам арзиши илмии худро гум накардаанд. Ҳушдори донишмандон аз пайомади тағйироти иқлимӣ, таъсири он дар раванди биёбоншавии заминҳои сарсабз, об шудани пиряхҳо ва буҳрони камобӣ дар ҷаҳон бо андешаҳои шоир беиртибот нестанд.

 Аз тарафи дигар, шодзистӣ фалсафаи миллии мардумони ориётабор буда, Рӯдакӣ онро болотар аз фалсафаи тақдирпарастӣ васф кардааст:

 

Шод зӣ, бо сияҳчашмон шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

З-омада шодмон бибояд буд,

В-аз гузашта накард бояд ёд.

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!

 

Май дар ситоиши шоирони озодандеш воситаи ҳаётдӯстӣ ва зиндагисоз ба шумор меравад. Аммо майи онҳо ҳаргиз зоеъкунандаи ақл набуда, балки сабаби тақвияти хиради одамӣ мешавад. Рӯдакӣ чунин майро ёқути ноб, теғи дурахшон ва гулоби тоза тасвир кардааст:

 

 Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ

 Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.

 Ба покӣ, гӯӣ андар ҷом монанди гулоб астӣ,

 Ба хушӣ, гӯӣ андар дидаи бехоб хоб астӣ.

 

Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,

Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ!

 

Рӯдакӣ подшоҳро ҳам ба хотири хирадмандӣ ва ақлгароӣ меситояд, дар ҳоле ки дар давраҳои баъдӣ, пас аз ба қудрат расидани сулолаҳои турку муғул дар қаламрави Ориёно, ҳокимони онҳо бар қудрати шамшери худ менозиданд. Аммо Рӯдакӣ подшоҳони Сомониро ин гуна меситояд:

 

Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне,

Роду сухандону шермарду хирадманд!

 

Рӯдакӣ на танҳо ба сарнавишти аз пеш таъйиншуда эътиқоде надорад, балки густохона дам аз тағйири қазову қадар мезанад:

    

Қазо гар доди ман настонд аз ту,

Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.

 

Ин байти Рӯдакӣ посухи кӯбандае буд ба пайравони мактаби ҷабргаро[3], ки аз ҷониби халифаҳои Аббосӣ ҳимоят мешуданд ва тамоми кирдору феъли инсонро ба хосту иродаи Худованд марбут медонистанд. Аммо Рӯдакӣ муътақид буд, ки савобу гуноҳу хатои инсон ба худи ӯ марбут мешавад:

 

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ ӯро бикушад он, ки туро кушт?»

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

 

Таҳти афкори ватанпарастонаи Рӯдакӣ ва шоирони ҳамасри ӯ ҳаракат ва ҷунбишҳои раҳоӣ аз юғи хилофати арабҳо бештар авҷ гирифт. Дар саргаҳи ин муборизоти равшангароёна Рӯдакӣ меистод, ки андешаҳои дурахшони ӯ асрҳои дароз дар зеҳни дигар шоирони тоҷику форс асарбахш аст. Ӯ бо як эҳсоси баланд амирони Сомониро тавсиф ва мардуми Хуросонро даъват мекунад, ки аз  бандагиву тобеияти бегонагон ҳазар дошта бошанд:

 

Ҳар киро роҳбар заған бошад,

Гузари ӯ ба марғазан4] бошад.

 

     Ба ҳамин тартиб, озодиву истиқлоли тоҷикон, бароба- рии нажодӣ, қоил будан ба ақлу заковати инсон, адолат- меҳварӣ, хирадгароӣ, ситоиши илму дониш, эҳёи одобу русуми куҳан, бузургдошти қаҳрамонони миллӣ дар сархати мавзуъҳои ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дошта, дар ташаккули афкору андешаи миллӣ дар замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нақши шоиста гузоштааст.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                     

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                          Давлатов Р., Беҳрӯзи З.

 

                БАДНОМ  НАБОЯД  БУД

 

Ҳанӯз Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ бо овози баланд ба инсонҳо муроҷиат намуда гуфта буд:

                        Ту тухми бадӣ то тавонӣ макор,

Чу корӣ, барат бад диҳад рӯзгор!

Дар ҳақиқат, дар  ниҳоди  инсонҳо, баробари «пиндори неку гуфтори неку рафтори нек», ки маншаъ аз фарҳангу адаби дури дурамон, аз китоби «Авасто» мегиранд, боз дар тамоми раванди таърих хислатҳои разилонаю амалкардҳои манфию манфуре ҳам лона доштанду доранд, ки иборат аз хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, сияҳдилӣ,  туҳмат ва ғ., умуман тухми бадномӣ коштан дар ҷомеа дар шахсияти амалкунанда мебошанду алайҳи некию некӯкорӣ  пайваста дар сангари муборизаи шадид  қарор доранд. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳоро ба хотири манфиатҳои ботилу ночизе сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан,  ба сафедӣ хатти бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнату бадкирдорӣ дар ҷомеа, ба ҳар навъе, ки набошад,  оқибат рӯ менамояд.

Вақте дар вуҷуди инсон бадномӣ қомат меафрозад, бадкор қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба бадкориҳои фаҷеътаре панҷа дароз кунад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, байни ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромии он такони манфӣ ворид созад, барои манфиати фардӣ даст ба кору рафторҳои ношоиста занаду ба мурод норасида, мағлубияташ фош гардад.

Ҳамин тавр, бадном онест, ки ба ойила, ба наздикону дӯстон, ба раванди рости корҳо, ба моли мардуму ҷамъият, баъзан аз нодонӣ ба волидайн ва, бадтару бадтар аз ҳама, ба Ватан ва сиёсати осудаи давлатдорӣ ва ғ. амалкардҳои манфии инсонӣ содир менамояд, ки дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохушу номатлубе дораду ҳар шахсро ба сӯйи бадномӣ  мебарад, обрӯяшро дар ойила, дар коргоҳ, дар байни ҷомеа ва дар ҳама ҷо ба хоки сиёҳ яксон менамояд.  Барои сиёҳ кардани зодбуму кишвари худ ва ба ин васила ақлҳоро дуздидану ба сӯйи нокуҷоҳо бурдани мардуми авом ва ҷавонони бетаҷриба  тухми бадномӣ коштан аз ҷониби саркардаҳои дохилию хориҷӣ  мебошад, ки ба ҳеч ваҷҳ нопазируфтанист.

Ба ин маънӣ, дар ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ,   аз таърихи 26 декабри соли 2019, бамаврид омадааст, ки «…сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои таблиғотиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Бешак, дар замири ин гуфта амалкардҳои номатлубу ношоистаи ашхосе  ишора ва  таъкид карда шудааст, байни ҷомеа нифоқ меан­гезанду бо фош гардидани  амали бадашон бо бадномӣ маҳкум карда шудаанду мешаванд.

Вақте мо ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги дури дурамон назар меандозем, дар онҳо навиштаву ишораҳое  дармеёбем, ки дар ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо чунин амалу падидаҳои номатлуб реша дошта, аёну ноаён амал мекардаву маҳкум карда шуда, мағлуб ҷамъбаст гардидааст, то инсонҳоро ҳушдор диҳад ва дастандаркорон огоҳона аз ин роҳи бад канораҷӯйӣ намоянд.

Агар ба саҳифаҳои ин адабиёти ғанӣ ҷиддан мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар кӯлвори ҳар суханвари тавоно доир ба бадномӣ ва паҳлуҳои дурушти он ишорае, андешае, мулоҳизае ва, дар ин замина, хулосаҳои ибратбахше мавҷуданд, ки то ба имрӯз қимати тарбиявии худро гум  накардаанду то ҳол  омӯзандаанд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ беҳуда нафармудааст:

                        Аз насиҳат ноқисон комил шаванд

                        В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.

                        В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле

                        В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле!

            Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза на ҳар ақли «солим» гӯши наситҳатшунав  ва на ҳар амалкард ҷанбаи мусбат дорад. Лаҷоми ақлҳои  «солим» имрӯз баъзан дар дасти хоҷагони авомфиребу зиштандешашон барои дарёфти  манфиати ночизи шахсб иебошаду халос, фардои худ ва фардои ҷомеа барои онҳо чизе нест.

Ҳанӯз Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вобастаи хиёнату бадномӣ дар порчаҳои боқимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба марде  хиёнат мекунаду номи бадномиро ба номи худ мепайвандад, ин тавр  овардааст:

                               Он гурунҷу он шакар бардошт пок

                            В-андар он дастор он зан баст хок.

                            Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,

                            Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.

                            Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,

                            Кард занро бонгу гуфташ: – Ай палид!...

         Оғоз ва анҷому хулосаи   ҳикоят ба  мо нарасидааст, то бидонем, ки ин зани бо амали норостини худ бадномшуда чӣ зане буда ва чаро ин бадномиро бар худ раво дида! Кию киҳое барангезандаву ба гумроҳӣ равонакардаи ӯ буданд!

        Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест,  дар майдони давлатдорӣ тухми нифоқ накоштану хиёнат накардани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста аз он, ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом мебошад. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳодисаву зиддиятҳоне дучор меоем, ки аз хиёнату бадкорӣ, ки оқибаташ бадномист, сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнатеро, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво дидаанду оқибати он бо фоҷеае мудҳиш анҷомидааст. Яъне, бадхоҳону баттолон, кӯшишидаанд, ки писарро бо падар шинос нанамоянду  яке аз байн равад, то ду қувва якҷо шуда ҷаҳонгир нагарданду зиддияту нифоқро аз байн набаранд. Ин гуна кашмакашҳо аз ҳамон рӯзгорони гузаштаи дур  ба инсонҳо боқӣ монда будааст. 

      Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоҳ Судоба – духтари шоҳи Ҳомоварон  Сиёвуш - писари Ковусшоҳ ба рӯзҳои сахте рӯ ба рӯ шуда, ниҳоят бо ҳилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш, ба фоҷеа  дучор  ва  бераҳмона  кушта мешавад.

     Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоҳ Ковус ва ҳамватанонаш ҷоннисор аст, боз ҳам  шоҳ ба ҷаҳонпаҳлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасӣ, бераҳмию бемурувватӣ ва носипосии Ковусшоҳ нисбат ба Рустам дар пайғоми «Нӯшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипаҳдор Гударзи Кашвод ҷолибу мушаххас ва ҳақиқӣ ҷамъбаст шудааст. Чунин рафтор оё мисоли равшани ба ҷаҳонпаҳлавони кишвар хиёнат кардану худро бадном кардан нест?! Албатта, Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоҳ меранҷад, вале ватандор, ки ҳаст, бо Ватан мемонад ва бештар аз пештар дар ҳимояи марзу буми Ватан мекӯшад. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шағод бо фармони хоҷагонаш яке аз мудҳиштарин хиёнатҳои бародар ба бародар дар саҳифаҳои таърихномаамон ба шумор меравад. Дар ин саҳна магар Шағод ба муроди дили худ расид?! Ҳаргиз!

       Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ оид ба чунин амалиёти номатлуб  андешаҳои падари Гаршосп омӯзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Заҳҳокшоҳи золим гусел намояд, ба писари паҳлавонаш чанд панди судманд медиҳад, ки асоситарини онҳо чун зердаст хиёнат накардан ба шоҳи замону ба бадномӣ шуҳра нагардидан мебошад. Агар зердаст  ба шоҳ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба  костагии ахлоқи ҷомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад. 

Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат номуросо будани   баъзе ҷоҳхоҳони кӯтаҳдасту пайравони аъмои онҳо ба давлату дину ойин,  ба халқу Ватану миллат мебошад. Имрӯз номи басо касонро  авроқи таърихи ҷаҳон дар худ рӯсиёҳу бадном  забту сабт намудааст, ки аъмоли бадашон  ба минбаъд  аз он саҳфаҳо  носутурданист.

Кошки чунин амалу рафторҳои гурӯҳҳои манфури  ношоиста, ки  имрӯзҳо дар кишвари мо «тасодуфан» аз ҷониби бадхоҳони халқу миллату Ватан сар мезананду оқибат барои саркардаҳои беандешаашон  бадномӣ  меоранд,  такрор нагарданд.

Барҳақ, гирудору кашмакашиҳои шаҳрвандӣ дар давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва гузариш ба даврони соҳибистиқлолӣ бояд барои мо – шаҳрвандони имрӯзаи Тоҷикистон дарси ибрати ҳамешагӣ бошад.

Зиёда аз ин, баъзе ҳодисаҳои нохуш дар кишварҳои Шарқи  Миёнаву  наздик, монанди Фаластин, Сурия, Лубнон, Ироқ, Яман ва Афғонистони ба ҳар фарди замон маълум  бояд дарси ибрат бошанд.     Душманони ватану миллат, новобастаба аз мансубияти халқию ирсию нажодиашон, новобаста аз маншаи баромадашон, новобаста аз дину ойинашон ва ғ. мехоҳанд олн рӯзҳои сахти давраи гузаришро дигарбора ба сари мо бор кунанд. Оромию осудагӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ, сулҳу суботи бо душвориҳо бадастовардаи моро аз байн  бибаранд, лекин куҷо ба муродашон хоҳанд расид ?!

            Ҳар кӣ бадкорӣ кунад, ногаҳ ниҳад бар хок сар,

            Ҳар кӣ бадаҳдӣ кунад, ногаҳ диҳад бар бод ҷон!

        Дар ин маврид аз офаридаҳои  Низомии Ганҷавӣ, ки хеле зиёду судманданд. Танҳо ҳикояти «Хайру Шар»-ро мисол меорем, ки хиёнати  Шарри дар аввал дӯст ба Хайр чӣ рӯзҳои мудҳишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноҳи азими Шар гузашта бошад ҳам, вале шоҳиди воқеа - марди курд бо теғ сари Шарро аз тан ҷудо менамояд, то чунин­ҳоро дарси  ибрат шавад.          

 Вақте ба достонҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯй меорем, мебинем, ки шоири ҳаким дар ин бора бетараф нест. Вай борҳо хиёнату бадкирдориро салоҳи ахлоқи ҳамидаи  одамӣ надониста, фарҷоми бад доштани онро таъкид менамояд ва мегӯяд:                   

    Аз хиёнатгарист  бадномӣ

                             В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.

Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту беш аз сӣ сол боз  бо созандагиҳо Ватани озоду обод  дорем, мебояд ба  қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу Ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем. Дар ин  беш аз сӣ соли Истиқлолияти давлатии кишвар ва Ваҳдати миллии халқамон баробари дастовардҳои бесобиқа дидаем, ки   дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯ­ташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагону чоплусони хоҷагони мунофиқ   ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисороте овардаанд. Ин падидаи номатлуб баъзан имрӯз ҳам чеҳра менамояд.  Боистӣ пайваста  ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол  ба сулҳу салоҳ ва ягонагию ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем,  гумраҳон ва манфиатҷӯёнро  маҳкум намоем ва ғ.  Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта,  ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хориҷ аз кишвар истода ҷониби Ватани худ, халқи худ, миллати худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак, ин гуна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи «барномаҳо ва супоришҳо»-и хоҷагони хориҷии худанд, бештарашон фош шудаанду  будаҳо албатта фош хоҳанд шуд.  Ба ин маънӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ гӯяд:

                                   Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

                                   Бо кас макун, ай бародари ман.

                                   Гар модари хеш дӯст дорӣ,

                                   Дишном мадеҳ модари ман!

       Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонони моро зарур ва лозим аст,  ки ҳушёронаву даррокона  ҳуввияти миллии худро бештар аз пештар дарк намуда, баҳри осудагию ободии кишвар талош варзида,  ҳамеша бо чашму дили  бедор дар ҳифзи Ватану халқу миллат бошанд, зеро меваҳои ширини  баъди турктозиҳои қарнҳо, бо душвориҳою кӯшишҳои зиёд, ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расонидаамонро  содиқона муҳофизат карда тавонанд.  Дар хотима андешаи баланди  Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро ҳусни мақтаъ меорем, ки фармудаанд:

                        Гар ислоҳи халқи ҷаҳон боядат,

                        Дил аз ҳар бадӣ баркарон боядат!   

Аз ин рӯ, на бадкору бадном, балки ҳамеша нексиришт ва созанда бошем, азизони Ватан!

Муҳаммадиев Алӣ,

н.и.ф., мудири шуъбаи матншиносӣ,

таҳқиқ ва нашри мероси хаттии

Маркази мероси хаттии АМИТ

 

                                                                                               

 

 

          Тоҷикон дар тули сарнавишти худ пастиву баландиҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Дар гузашта имперяҳои абарқудрати бузург доштанд. Ҳама вақт аҷнабиён ҳасуд мехӯрданд ва мехостанд, ки ин сарзамин ва мардумони ҷасуру ватанпарварро шикаст диҳанд, аммо ҳама вақт пурра муваффақ намешуданд. Аз таърихи гузаштаи дур сарфи назар мекунем ва танҳо дар бораи чанд даҳсолаи ахир ибрози назар мекунем. Тоҷикистон кишваре буд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ барояш меросе намонд. Ҷангҳои шаҳрвандӣ боиси он шуданд, ки тамоми корхонаҳо, колхозу совхозҳо ва дигар муассисаҳое, ки марбути давлат буданд, ба тороҷ рафтанд. Бештари боигариҳои марбути миллати тоҷик ба яғмо рафт ё несту нобуд шуданд. Ҳатто як дона аслиҳа барои Ҳукумати Тоҷикистон мерос нагузоштанд.

          Баъд аз таъсиси ҳукумати қонунӣ дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳум, душманони хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуда, тасмим доштанд, ки давлати миллии тоҷиконро барҳам зананд. Аммо раҳбари ҷавону меҳандӯст Пешвои муаззами миллат, ки он замон Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд, аз рӯзи аввали корияш барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар кишвар ва сулҳу ваҳдати ягонагӣ дар байни миллати тоҷикро ҳадафи асосии худ қарор дод. Ин буд, ки то Ваҳдати миллӣ даҳҳо мулоқотҳои расмӣ бо намояндагони оппозитсиони тоҷик доир намуд. Ӯ ба хотири сулҳ овардан ба кишвараш барои мулоқот ба кишвари ҳамсоя Афғонистон рафта бо раҳбарияти оппазитсияи тоҷик аз наздик мулоқот кард. Сиёсати хирадмандона ва дурбинонааш буд, ки тавонист тарафи муқобилро ба сулҳу субот даъват намояд. Ояндаи ободу зебои кишварро танҳо дар оромӣ ва ваҳдати ягона медонист. Ин буд, ки талошҳои зиёди раҳбари ҷавони кишвар сулҳу оромиро дар кишвар овард. Пеш аз ҳама ба ватан баргардонидани мардуми муҳоҷир буд. Шабу рӯз дар дафтари корӣ фикри ҳарчи зудтар баргардонидани ҳамватанонаш аз кишвари Афғонистон буд. То ба даст омадани Ваҳдати ягонаи миллат аксарияти гурезаҳо ба маконҳои аслияшон баргардонида шуда, аз рӯи аввал тамоми кумакҳоро барояшон карданд. Хонаҳои сӯхтаву валангоршударо аз нав сохтанд.

          Танҳо Ваҳдати ягона метавонист, ба ҷангҳои шаҳрвандӣ дар дохили кишвар дар баъзе нуқоти кишвар идома дошт, хотима бахшад.

Он рӯзи деринтизор ҳам расид. Мардуми Тоҷикистон дар симои эмомалӣ Раҳмон раҳбари ояндасоз ва ободкунандаи кишварро эҳсос намуда. дар зери сиёсати хирадмандонаи ӯ ба ҳамдигар муттаҳид шуда, ба эъмори Тоҷикистон навин даст заданд. Албатта ободии ин ё он кишвар танҳо ба сиёсати пешгирифтаи раҳбари он рабт мегирад. Президенти муҳтарами кишвар, Пешвои муаззами миллат дар тайи солҳои мутамодӣ тавонист, ки Тоҷикистони навинро бунед созад. Кишваре, ки имрӯз дорои артиши муҷаҳҳаз аст, кишварест, ки тамоми сарҳадоти худро дифоъ карда метавонад, кишварест, ки дар сатҳи умҷаҳонӣ ӯро мешиносанд, кишварест, ки забонаш забони расмӣ дар миллали муттаҳид садо медиҳад, кишварест, ки забонаш пеш аз бисёр забонҳои давлатҳои собиқи шӯравӣ дар шаӣбакаи интернетӣ қабул шуд, кишварест , ки тамоми пешниҳодоти вай дар сатҳи умумиҷаҳонӣ  мавриди қабули ҳама гон қарор гирифт. Кишварест, ки бузуртарин сохтумони аср – сохтмони НОБ-и Роғунро рӯйи даст гирифт ва бар хилофи нотавонбинон онро бунёд карда ду агрегати аввалини онро ба кор андохт

            Дар тули 70 сол мардуми тоҷик дар парокандагӣ умр ба сар мебурданд. Роҳҳо баста буд. Ҳар минтақа бо роҳи худаш буд. Шояд чунин тарзи муносибат ба ин кишвари хурди собиқи Шуравӣ ба манфиати онҳо буд, ки ҳатто як нақб ҳам барои Тоҷикистон наканданд. Мардуми тоҷик ҳама вақт аз ҳам ҷудо буданд. Иртиботи кам доштанд. Шукронаи даврони Истиқлолият, ки имрӯз ҳамаи саддҳо бардошта шуд, Тамоми манотиқи Тоҷикистон бо роҳҳои замонавии дар сатҳи байналмилаллӣ қарордошта пайваст гардиданд.

          Тоҷикистон бо кишвари афсонавӣ ва дӯстдоштании мардуми кишвар ва хориҷи он мубаддал гашт. Ҳар рӯз ҳазорон нафар сайёҳон барои тамошои он меояд ва кишварест амну осуда. Ҳамаи ин дастовардҳо аз он хотир ба даст омад, ки сулҳу Ваҳдат шиори ягонаи раҳбари кишвар ва мардуми шарифи он буд.         

Мо ифтихор дорем, ки чунин  кишвари биҳиштӣ, зери сарпарастии Пешвои ғамхору дилсӯз кор мекунем. Ман суханамро бо як дубайтӣ анҷом мепазирам:

Шукрона аз он кунам, ки давлат дорем.

Бо давлату халқи худ муҳаббат дорем,

Шукрона аз он кунем, ки имрӯз ҳама.

Мо сарвари Пешвои миллат дорем.

Ходими илмии

Маркази мероси

хаттии АМИТ,

Наҷмиддин Шоҳинбод

 

 

 

 

Страницы