Шанбегии дастаҷамъона

китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

 

Олимҷон Хоҷамуродов

 

  1. Забон ва истиқлолияти миллӣ

Яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол забони миллии он аст. Забон дар пойдории давлати миллӣ нақши  боризеро ифо мекунад. Аз ин рӯ, ҳар давлате, ки мехоҳад қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро таҳким бахшад, қабл аз ҳама, бояд нуфузи забони миллиашро густариш диҳад.

Барои исботи ин андеша ба таърихи гузаштаи кишварамон назари иҷмолӣ меандозем ва баъзе лаҳзаҳоро бо шароити имрӯз муқоиса мекунем. Тибқи ахбори сарчашмаҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр забони арабӣ ба таври расмӣ танҳо соли 742 мелодӣ дар умури коргузорӣ ва мукотибот ҷорӣ шуд. Ҳол он ки забони арабӣ соли 81 ҳ.қ.  (700-701 м) ба ҳайси забони давлатӣ дар тамоми қаламрави Хилофат эълом шуда буд.

Ба муқтазои таҳкими қудрати Хилофати араб ва интишори бештари ислом забони арабӣ на танҳо дар умури давлатдорӣ, балки дар соири соҳаҳои мухталифи ҳаёти ичтимоӣ, маданӣ ва фарҳангии мардумони Хуросону Мовароуннаҳр нуфуз кард. Ашрофияти маҳаллӣ ба хотири ҳифзи имтиёзи хеш ва барои наздик шудан ба истилогарон ба омӯзиши амиқи забони арабӣ ва хатти он пардохтанд. (Бояд ёдовар шуд, ки гузаштани форсизабонон аз алифбои паҳлавӣ ба алифбои арабӣ дар ҳамон давра сурат гирифтааст). Ба-дин сабаб дере нагузашта забони арабӣ забони илму адаби қишри рӯҳониву ашрофият ва ҳукуматдорони Эрони Ғарбӣ ва Хуросону Мовроуннаҳр гардид. Ҷои тазаккур аст, ки чунин вазъ ба нисбати забони русӣ дар Осиёи Миёна (ҳоло Осиёи Марказӣ) аз солҳои 20-30-и асри XX шурӯъ карда, то ибтидои солҳои 90-ум такрор шудааст.

Дар асрҳои VIII- IX намояндагони ин сарзамин осори зиёди илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва адабиро ба забони арабӣ таълиф намуда, он забонро аз ҳар лиҳоз ѓаниву машҳур сохтанд. Номи донишмандони машҳури чаҳон, чун Ал- Хоразмии риёзидон (780-847), Ал- Форобӣ (асри X), Ат-Табарӣ (ваф.923), Ал-Истахрӣ (асри X) ва алломаҳое чун Ал-Берунӣ (973-1048), Ибни Сино (980-1037) ва амсоли онҳо осори   гаронбаҳояшонро ба забони арабӣ таълиф намуданд.

Ҳамчунин бисёре аз эронинажодон ба забони арабӣ шеърҳои баландпоя гуфта, дар миёни арабҳо маъруф гардиданд. Масалан, муаррих Ас-Саолабӣ дар «Ятимут-уд-даҳр» (Маровриди ҷаҳон) аз 119 шоири арабизабони дар аҳди Сомониён зиндагӣ ва эчодкарда ёдовар шудааст. Аммо баъд аз 2,5 аср, вақте ки Хилофат заиф шуд ва кӯшишҳои истиқлолталабии кишварҳои зери султаи он оѓоз гардид, забони миллӣ ё маҳаллӣ дурусташ, омили аслии истиқлолталабӣ қарор гирифт. Акнун ашрофияти маҳаллӣ ва табақаи ҳокими Хуросону Мовароуннаҳр барои касби истиқлол ва эҷоди давлатӣ мустақил, ба ҳайси аслиҳаи идеологӣ фарҳангу забон ва оину русуми то исломии халқҳои таҳҷоиро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин замина, ҳатто ҳаракати идеологие ба номи Шуубия ба миён омад, ки ҳадафаш эҳёи фарҳангу суннатҳои мардумони маҳаллӣ ва таблиѓу тарвиҷи он ва дар айни замон нишон додани бартарияти нажодиву фарҳангии эронтаборон буд.

Табиист, ки дар чунин шароит таваҷҷӯҳ ба забони миллӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ғоявию мафкуравӣ бештар мегардад. Агар дар ибтидои ҳукмронии Хилофати араб табақаи ҳокиму ашрофияти маҳаллӣ барои таҳкими мавқеи сиёсии хеш ва ба хотири касби ҷоҳу мансаб бо як талошу шавқ ба фарогирии забони арабӣ  мепардохтанд, акнун дар нимаи дуюми асри IX тамоюли баръакси он мушоҳида  мегардид.

Ба пуштибонӣ аз забони миллӣ ва иртиқои он ба ҳайси забони адабӣ- давлатӣ сулолаҳои ҳокимони маҳаллӣ ва ашрофияти тарафдорони онҳо истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангии хешро дар муқобили Хилофати араб нишон доданӣ мешуданд. Чунин вазъиятро мо дар нимаи дуюми солҳоӣ 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни XX низ дар кишварамон мушоҳида кардем. Халқи тоҷик муборизаи хешро барои истиқлоли чумҳурӣ маҳз аз талош ба хотири эъломи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон оѓоз карда буд. Дар зимн, бояд ёдовар шуд, ки қонуни забоне, ки дар он давра дар Тоҷикистон қабул шуд, дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин қонуни забон ба шумор мерафт. Дар он замон ин амал як иқдоми бузург дар роҳи касби истиқлол, ба вижа истиқлоли фарҳангӣ дар чорчӯбаи давлатӣ абарқудрат маҳсуб мешуд. Аҳамияти ин қонун дар роҳи худогоҳӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ  хело бузург аст ва перомуни он метавон зиёд андешаронӣ намуд, аммо чун сухан ба дарозо мекашад, бо овардани иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Қонуни забон иктифо мекунем:

«Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиклолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оѓоз ёфт». [1,35.]

   Дар нимаи дуюми асри IX низ шарти асосии истиклолияти сулолаҳои маҳаллии Хуросону Мовароуннаҳр (Тоҳириён солҳои 821-873 дар Хуросон, Саффориён солҳои  873-903 дар Сиистон ва Сомониён солҳои 875-999 дар Мовароуннаҳр) инкишофи забони дарӣ дар сатҳи забони давлатӣ буд.

I

v. I

 

гашт,

 

Яке аз сабабҳои густаришу рушди забони дарии форсии тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр бо вуҷуди истилои дувунимасраи забони арабӣ, дар он аст, ки забони арабӣ бо он ҳама тавоноиаш дар ин сарзамин танҳо забони расмии давлатӣ, адабӣ ва муоширати иддаи маҳдуди аҳолии маҳаллӣ ва арабҳои муқими Мовароуннаҳру Хуросон буду халос. Ин забон, чуноне ки забони русӣ дар асри XX, дар байни мардуми авом, махсусан рустоҳо паҳн нагашт, аз ин рӯ, асолати мустаҳками ичтимоӣ пайдо накард. Тавре ки забони арабӣ дар Мисру Сурияву Ироқ забони умумии гуфтугуӣ гашта, забонҳои бумиро танг ва ба гӯшаи фаромушӣ расонид, ин амал дар Хуросону Мовароуннаҳр татбиқ нашуд. Бо вуҷуди фишори зиёд, забони форсии тоҷикӣ бо таъсирпазирии фаровон асолати хешро ҳифз кард, зеро забони арабӣ дар миёни авом натавонист ҷойгузини он бошад. Аз ин рӯ, ҳокимони тозаистиқлоли Хуросон, аз чумла Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ, ки аз авом буд, забони арабиро намедонист (тибқи ахбори «Таърихи Сиистон»), барои тарвиҷи забони форсии дарӣ талош мекарданд.                  

Касби истиқлолияти сиёсиву иктисодӣ зарурати таҷдиди хотираи таърихӣ ва ҷамъоварии  ҳамосаи аҷдодии эронинажодро ба миён овард. Зеро барои тақвияти истиқлолияти сиёсиву миллӣ  талқини ифтихороти таърихии ин марзу бум хело муҳим буд. Аз ин ҷост, ки билофосила баъд аз касби истиқлол ва ба миён омадани давлати муқтадири тоҷикон- Сомонииён, ҷамъоварии ривоёти таърихиву асотирӣ оѓоз мегардад. Дар натиҷа чандин «Шоҳнома»-ҳои мансур таълиф мегардад, ки қадим- тарини он «Шоҳнома»-и Абумуайяди Балхист (ибтидои асри X). Ва сипас «Шоҳнома»-ҳои Муҳаммади Балхӣ ва Абӯмансурӣ  мебошанд, ки ҳама маводи асосие барои ба миён омадани «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб мешаванд. 

Гиромидошти хотираи ниёгон ва ифтихороти таърихиву миллии тоҷикон, махсусан, ифтихору таҷлил аз аввалин давлатӣ муқта­дири тоҷикон-Сомониён дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол ва истиқрори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба як идеологияи ваҳдати миллӣ табдил гашт, ки тамоми мардуми Точикистон ва тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам муттаҳид сохт. Ва ин ваҳдати миллӣ танҳо тавассути забони миллӣ, ки пояи истиқлоли миллист, имконпазир гардид. Аз ин рӯ, барои истиклолияти комил забони миллӣ бояд ба сифати забони муоширати байни тамоми миллатҳои сокини чумҳурӣ хидмат намуда, аз чорчӯби танги милливу маҳаллии хеш берун ва дар тамоми соҳоти ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ, иктисодӣ ва фарҳангии чомеаи Точикистон тасаллут пайдо кунад.

 

II. Тафаккури миллӣ бар пояи забони миллӣ

 

Барои онки мо дар ин даврони ҷаҳонишавӣ муқовимати солим карда тавонему дорои истиқлолияти комил гардем, бояд тафаккури нави созандае бар пояи забони миллӣ ба миён ояд. Зеро тафаккур бо забон робитаи бевосита дорад ва тафаккури ҳар халқу миллат тавоноии забони онро муаян мекунад. Зеро ба андешаи поягузори илми забоншиносии умумӣ Вилҳелм Ҳумболд: “Забон рукни созандаи тафаккур аст ва забони халқ рӯҳи он маҳсуб мешавад” [3, 84]. Аз ин рӯ, агар имрӯз забони мо аз баргардони мафҳумҳои улуми ҷадид, то ҳадде нотавон аст, яке аз сабабҳояш робитаи забону тафаккурамон маҳсуб мешавад. Аз як тараф, агар амонати забоние, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст наметавонад ин мафҳумҳои илмию техникиро ба таври дақиқ ба мо бирасонад, аз тарафи дигар, нобасомониҳои фарҳанги кунунӣ ва асрҳои зери султа буданамон, забонамонро тарҷумазадаву гуфторамонро қолабӣ кардааст.

Табиист, ки дар ин буриши кӯтоҳи таърихӣ ( баъди касби истиқлол) ба вуҷуд овардани тафаккури нави ҷавобгӯӣ инқилоби илмӣ-технологӣ ғайри имкон аст, аммо расидан ба ин ҳадаф яке аз рисолатҳои аввалиндараҷаи давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Чунки ҳар давру замон вобаста ба тафаккури халқ ё миллат забони он рисолати таърихии хешро дорад. Агар риослати забони форсии тоҷикӣ дар гузашта ба мо расонидани “ойини ҳамосӣ –паҳлавонӣ, ваъдаи дидори маъбуди азалӣ ва ҳолати ваҷду самоъ” аз забони Фирдавсӣ, Ҳофизу Мавлоно бошад, пас ин забон рисолати хешро ба ваҷҳи аҳсан анҷом додааст. Зеро ба ин мақсад тамоми қолабҳои лозими забонӣ ва мазмунҳои заруриро фароҳам овардааст. Аммо, ба қавли шодравон доктор Дорюши Шойгон, фарҳангшиноси маъруфи эронӣ, имрӯз агар аз забони форсии тоҷикӣ “бихоҳем, ки гирифториҳои Кант ва дарди дили Ҳегелро бозгӯяд ва ба вижа, мӯҳтавои парешони ҳамаи улуми ҷадидро, ки аз батни фарҳанги ошуфтаи Ғарб ба сурати ҳазорон ҷарақаҳои  фурӯзон пароканда шуда, баргардонад, онгоҳ аз он чизеро мехоҳем, ки дар тавонаш нест. Забони форсӣ забони иҷмол асту шиора, на забони тафсилу таҷзия” [2,105]

   Ин ҷо манзури доктор Шойгон нотавонии забони форсии тоҷикӣ нест, балки оҷизии тафаккури мост. Зеро маълум аст, ки байни калимаҳои тарҷуманашавандаи як забон ва рӯҳи халқ ё миллате, ки ба он забон сухан мегӯяд, робитаи ниҳоние вуҷуд дорад, чунки ба таъбири Ҳумболд “забони халқ рӯҳи онаст”. Ва забони форсии тоҷикии мо аз ин лиҳоз хело ғанист. Мафҳумҳои тарҷуманашавандаи забонамон (ашъори шуарои классикиамон гувоҳи он аст) ба қавли Жак Маритен, файласуфи маъруфи қарни XX Фаронса ба ҳайси “унвонҳои ашрофияти метафизикӣ”-и [4,215] худи миллат хидмат мекунад. Агар ин мафҳумҳо дар баробари тарҷума муқовимат мекунанд, сабабаш дар он аст, ки бо рӯҳияву назари мо самимона тавъаманд. Вақте ки ба қолаби забони дигар баргардон мешаванд, сеҳри каломашон аз байн меравад.

Аз ин рӯ, ин ҷо масъала ду паҳлӯи як сикка аст, зеро забонҳои аврупоӣ низ дар тарҷумаи шеъри ҷаҳоншумули мо ду чандон нотавонанд. Барои мисол,  агар бихоҳем чанд ғазале аз Хоҷа Ҳофиз ё  аз ҳазрати Бедилро ба яке аз забонҳои аврупоӣ баргардон кунем ба ҳамин нотавонии ин забони аврупоӣ бармехурем. Зеро сохти таҳлилии забонҳои аврупоӣ барои ироаи дақиқи иҳҳоми вожаҳо, таркибу мафҳумҳои печидаву тафсирпазири забони форсии тоҷикӣ, ки бо тамсилу шиора як дунё маънӣ доранд, оҷизанд. Бешак имконоти шеърии забонамон дар навъи худ беназир аст, ки он аз рисолати худи забонамон бархостааст. Аз ин рӯ, то ба имрӯз тафаккурамон шоирона ва забонамон истиорист.

Забони мо он гоҳ ба дарди улуми муосир мехурад, ки мо ҳам тағйир кунем ва аз тафаккури суннатӣ, ки анбори захираҳои андӯхтаи ниёгонамон аст, ба тафаккури таҳлилӣ гузарем. Ба қавли доктор Дорюши Шойгон: “Ҳар гоҳ тавонистем қолабҳои фикрии худро иваз кунем ва аз бақоёи биниши асотирӣ ва ҷодуие, ки ҳанӯз ҳам дар кунҳи зеҳнамон побарҷост раҳо шавем. Ва диққату мӯшикофӣ ва таваҷҷӯҳи хос ба ҷузъиёту бардошти таҷрубӣ аз воқеиётро ҷойгузини иҳҳоми зеҳнӣ ва диди орифона ба умур гардонему аз фалаҷи фикрии кунунӣ озод шавем. Ва худ ба тафаккуру ғавр дар умур бипардозем... ва аз шаҳомати фикрӣ бархӯрдор бошему аз ҷаҳишу суқути андеша боке надошта бошем, он гоҳ забони мо худ ба худ чизи дигаре хоҳад шуд” [2.107].

Ба таъбири дигар, ин тафаккур аст, ки забонро месозад ва мондагориву рушд ва ё аз рамақ мондани забон низ аз будан ё набудани тафаккур вобаста аст.

Як амри табиист, ки имрӯз бисёре аз мафҳумҳо ё истилоҳоти илмӣ, сиёсӣ ва фаннӣ, ки эҷоди забонҳои аврупоианд, дар забонамон муодили дақиқ надоранд. Зеро онҳо таровиши тафаккури ғарбианд, ки марҳилаи инқилобҳои илмӣ – техникӣ ва фановриро сипарӣ кардаанд.

Ҷомеаҳои шарқӣ, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар марҳилаи таърихи гузариш қарор дорад, ки беш аз ҳафтод дар сади мардуми кишвар бо биниши асотирӣ ҳурофотӣ зиндагӣ мекунанд. Чунки руҳонияти мо бо милокҳои асримиёнагӣ умр ба сар мебаранд ва дар муқобилашон қишри маъдуди зиёӣ ё ба қавле “рӯшанфикр”-и  мо то ҳадде талош мекунанд, ки бо тафаккури муосир ҳамқадам бошанд.

Мутаассифона, ин ду қишри ҷомеа якдигарро наметавонанд бифаҳманд. Зеро заминаи тафаккури рӯҳонияти мо забони арабист, бар пояи тафаккури мазҳабӣ-асотирӣ. Заминаи тафаккури рӯшанфикрони мо бештар забони русӣ ва ҳоло аҳёнан англисист, бар пояи андешаи то ҳадде таҳлилӣ. Ҳар ду қишр тафаккурашон бар пояи забони миллӣ нест ва  мушкили аслӣ низ дар ин ҷост.

Албатта, ба вуҷуд омадани тафаккури наву пӯё дар заминаи забони миллӣ як раванди буғранҷу тӯлонист, аммо ба шарофати истиқлоли кишвар ва раҳнамоию талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шолудаи он гузошта шудааст, ки самараи дилхоҳе ба бор хоҳад дод. Чунки забони тоҷикии мо тавону зарфияти онро дорад, ки рисолати хешро дар заминаи тафаккури ҷавобгӯи  даврони шадиди ҷаҳонишавӣ ба таври аҳсан анҷом дода, тафаккури миллиро ба миён овард.

Аз ин рӯ, то замоне, ки  тафаккури миллӣ ба воситаи забони миллӣ ба вуҷуд наояд ва онро ҳар як фарди ҷомеа дарк накунад, дар бораи истиқлолияти комил сухан гуфтан зуд аст.

 

Пайнавишт

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат. Душанбе: “Матбуот” 2001.
  2. Дорюши Шойгон. Осиё дар баробари Ғарб. Чопи чаҳорум. Интишороти Амири Кабир. Теҳрон. 1362 ҳ.ш./ 1984 м.
  3. Гумбольд В. фон. Избранные труды по языказнанию (перевод с немедского). М.: Прогрес. 1984
  4. Жак Маритен. Творческая интуиция в искусстве и поэзии. М.:РОССПЭН, 2004.

«Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва иқтисодии давлат мегардад». (Аз Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  23. 12. 2022 )

Илму маърифат ва маънавиёти баланди инсонӣ яке аз шаклҳои асосии шуури ҷамъиятӣ буда, аз соҳаҳои махсуси фаъолияти одамон ба шумор меравад. Бояд ёдрас шуд, ки илму дониш дар асос ва заминаи амалияи ҷамъиятию таърихии инсоният пайдо шуда, зина ба зина ташаккул ёфта, бо мурури замон меваҳои шаҳдбор баҳри пешравии ҷомеа ва некуаҳволии мардум нисор сохтааст. Инсоният ба туфайли илму дониш пешрафт мекунад ва ривоҷ меёбад. Дар ин росто мисол овардани суханҳои пешвои миллат- муҳтарам Эмомалии Раҳмон хеле бамаврид хоҳад буд: «Мо тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён этироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон фарзандони фарзонаи баору баномус ва соҳибхирад дар корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳои миллат буданд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ мардона талошу мубориза карданд.»

Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест, ки ҳаёти инсон бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон одам буд, фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вуҷуд дорад, аммо аз нахлу умеде варо самар набувад. Афзудани дониш инсонро пурдону пурмаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад.

Рушди инкишофи ҳар ҷомеа аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ дар ҳамаи давраҳои таърих аз маҳсули андешаву хирад, саҳми эҷодии зиёиён ва истеъдоду саводу маҳорати аҳли ҷомеа вобастагии калон дорад. Дар ҳар замон ҷомеа ба чеҳраҳои донишманду бомаърифат ниёз дорад ва таърих ҳаргиз нобиғаҳои илмро фаромӯш намесозад.

Оила як воҳиди ҷамъият буда, асоси онро ташкил медиҳад, рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаби тарбия ба шумор меравад.   Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли зиё  қайд карда буд: «Дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳое, ки ба назари ман моҳияти умумимиллӣ касб намудааст ба нақшагирии оила мебошад. Агар фарзандони мо дар оила тарбияи солим ва одобу ахлоқи хуб гиранд, ба қадри калонсолон падару модар, Ватан ва ба қадри меҳнати ҳалол расиданро омӯзанд, ҷамъият низ аз ин бурд мекунад ва миллат ҳам соҳиби як фарди соҳибдилу ватандӯст мегардад, давлат дар симои чунин фарзандони мо аъзои фаъоли ҷомеъаро муттаҳид намуда, ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро амалӣ месозад. Аз ин лиҳоз  танзими оила масъалаи муҳимми рӯз аст.

Бояд қайд кард, ки бунёди оилаи солим ба зан- модар вобастагии калон дорад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд. Сарвари давлат ҳамеша дар суханрониҳои худ қайд менамояд, ки “Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату адолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”. Ҳар қадар, ки фарзандони мо аз хурдсолӣ дар фазои ороми оила тарбия ёбанд ва аз тамоми моҳиятҳои тарбия бархурдор гарданд, ҳамон қадар онҳо соҳибақлу соҳибмаърифат шуда дар ҷомеа саҳми хешро пайдо мегузоранд ва ба ягон гурӯҳҳое, ки ҷомеаро ба ақиб мебаранд, шомил намегарданд. Агар  фарзанди ноболиғ дар фазои ноороми оила ба воя расад ва аз моҳиятҳои тарбия бархурдор нагардад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҷамъият мавқеъ пайдо карда наметавонад ва ӯ роҳҳои оворагардӣ, нашъамандӣ, нашъаҷалобӣ, дуздӣ ва қатлу кушторро барои худ интихоб мекунад ва ба як зудии даҳшатовар онҳо метавонанд ба гурӯҳҳои экстримистӣ, террористӣ, хурофот шомил гарданд. Яке аз сарчашмаҳои гаравидан ба равияҳои тундгаро  ин коста будани сатҳи таълиму тарбия ва худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон аст, ки аз зинаи мактабӣ, муҳити атроф  ва бемасъулиятии волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон оғоз мегардад. Гурӯҳҳои тафриқаандоз ҷавонони сатҳи дониш ва тарбияашон паст бударо ҳадафи мақсадҳои манфуронаи хеш намуда, миёни онҳо ихтилофҳои мазҳабӣ паҳн менамоянд, ки ин боиси нооромиҳои ҷомеа мегардад. Имруз мо тавассути васоити ахбори омма ё шабакаҳоим интернетӣ воқеаҳоеро шоҳид мешавем, ки агар ақли солим, зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватандориву ватандӯстии комил надошта бошем, метавонем хатое дар ин роҳ содир намоем. Маҳз ҷавонон бояд донанд, ки равия ва ҷараёнҳои тундгаро, экстримистӣ, террористӣ омилҳои на танҳо рӯ ба харобӣ овардани миллат, балки доғдор намудани  дини мубини ислом мебошад. Афроди соҳибдонишу ботарбият ҳеҷ гоҳ ба миллату ватан хиёнат накарда, баръакс бо унсурҳое, ки авзои дохилии кишварро ноором месозанд, роҳ намедиҳанд. Моро зарур аст, ки ҷомеаи худ, хосса ҷавононро аз равандҳои муосири гурӯҳҳои ифродгаро огоҳ намоем ва аз вартаи гумроҳӣ наҷот диҳем, зеро ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҷуз тоҷикистонӣ дигаре обод нахоҳад сохт. Имрӯз ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки барои пешгирии падидаҳои номатлуб ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии аҳли ҷомеаро баланд бардорем. Насли ҷавонро чунон тарбия кунем, ки ғурур ва нангу номуси миллӣ дошта бошанд, пеши роҳи   ва барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омода буда, ҳаргиз Ватанро ба хатар рӯ ба рӯ нагузоранд, зеро хушбахтии ҳар як фард дар Ватан будан ва барои Ватан хизмат намудан аст.

Бояд қайд кард, ки соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории мо ба шумор меравад ва маҳз мо олимон ва омӯзгорон муваззаф ҳастем, ки ба кӯдакон ва наврасон аз зинаи аввал сар карда, таълиму тарбияро хуб ба роҳ монем, то тавониста бошем насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба худшиносию хуштаншиносӣ, меҳанпарастию аҷдодхоҳӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ даъват намоем.

Мо ҳанӯз ҷанги бародаркуши дохилиро фаромӯш накардаем ва набояд аз ёд  барорем, зеро ин як саҳифаи хунину ғамбори таърихи мост. Гурӯҳҳои тундрави ифродгарои Тоҷикистон чун нерӯи қавии қудратталаб шакл гирифтанд, ки дар натиҷа низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ мардуми аз сиёсат бехабарро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, ҷангу бесарусомониҳоро дар байни мардум ба роҳ монданд ва худашон дар канор истода тамошо карданд. Онҳо зеҳни мардумро фалаҷ гардонида, хазинаҳои давлатро ба яғмо бурда, бо ин роҳ мехостанд тамоми рукнҳои давлатдориро аз байн баранд. Надоштани ифтихори миллӣ, ки ҳамаро ба сӯи як ормон ҳидоят кунад аз авомили асосии кашондани ҷавонон ба сӯи гурӯҳҳои тундгаро ва моҷароҷӯ гардид.

Агар сиёсати онрӯза ва қонуни давлатро бо ҳам қиёс намоем, мебинем, ки фарқ  миёни замину осмон меистад. Ҳам сиёсати ваҳдатофаринии Ҳукумати Тоҷикистон  ва ҳам ҷаҳонбинии ҷавонони мо ба сӯи ягонагию иттиҳод нигаронида шудааст. Имрӯз Тоҷикистон бо ин фарзандони фарзонааш ифтихор мекунад, ки камбудиҳои фоҷеъафарҷомро ба зудӣ дарк карданд ва дафъатан аз паси ислоҳаш шуданд. Имрӯз заҳмат ва талоши фарзандони фарзонаи миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои абарқудрати форсизабон ягона кишварест, ки роҳи дунявиятро интихоб намудааст. Агар аз он ҷанги бемаънии кӯтоҳмуддат солҳои тӯлонӣ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз неруҳои иртиҷоӣ аз бетаҷрибагии баъзе аз ҷавонон сӯистифода намуда, мехоҳанд дар кишвари биҳиштосои мо гурӯҳҳои террористӣ ташкил диҳанд ва бо мақсади амалӣ сохтани манфиатҳои идеологӣ ва сиёсии худ вазъи ҷомеаро ноором созанд. Аз ҷумла, дар замони муосир дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баъзе аз равишҳо ва калавишҳое сар мезананд, ки аз соддагӣ ва инсондӯстии мардум, аз эътиқоди самимӣ нисбат ба арзишҳои динӣ сарзада ба худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорию ҳифзи истиқлолият латма ворид мегардад. Масалан, омилҳои бегонапарастӣ дар пӯшиши либос аз тарафи базе занон, гирифтори ба таассуби динӣ, худхоҳии бемавқеи ғайриахлоқӣ, таърихпарастӣ ва ғ..., ки дар заминаи озодии демократӣ сар зада, барои бисёриҳо масъалаи ночизи иҷтимоӣ намояд ҳам, дар асл боиси осебпазирии ҷомеа мегарданд. Вале ҷои таассуф аст, ки аксарият аз занҳои тоҷик ба ҷои шукргузорӣ кардан аз Ваҳдату Истиқлолияти кишвар ва пешрафти ҷомеъа ба мушкилиҳои зиёде роҳ дода истодаанд. Як зумра занон ақидаҳои хурофотпарастиро дар мадҳи аввал гузошта, ба ҷои рӯ овардан ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, рӯ ба фарҳани бегона оварда, фарҳанги бегонаро дар кишварамон зинда гардонида истодаанд, ки ин хело ҳам боиси таассуф аст. Пешвои миллат пеш аз ҳама муттаваҷеҳи  масъалаи ифродгароӣ ва хурофотпарастӣ шуда, пеши роҳи ин бадбахтиҳоро, ки аз асари хусумати як гурӯҳ, ки онҳо на миллат доранду на ватан болои занон қарор мегирад, ҷилавгирӣ менамояд. Пешвои миллат хеле хуб медонад, ки имрӯз аҳли ҷомеаи кишварро саволе ташвиш медиҳад, ки «Омилҳои шомилшавии занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд?» Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд. Ҳамзамон таҷрибаи касбии кормандони мақомоти қудратӣ ва судӣ чандин ҳолатҳо ва сабабҳои ба гурӯҳҳои террористӣ гаравидани занонро муайян кардааст. Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар навбати аввал бо чунин шахсиятҳои гумроҳ сарукор гирифта, бо роҳи фиребу найранг, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ эътиқоди онҳоро, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардонанд. Омилҳои сар задании тундгароӣ дар кишвар ҷанбаи гуногуни динию дунявӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷавону рӯ ба тараққӣ буда, барои густариш додани фазои демократии ҷомеа, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Қисме аз шаҳрвандон такя ба хурофот ва сатҳи пасти маърифати худ намуда, баъзе амалҳои озодеро, ки марбут ба худи шахс аст, маҳкум месозанд. Қисмати дигар бошад, такя ба маданияти ғарб намуда, расму русум ва анъанаҳои миллии моро нодида мегиранд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибати фалокатбори чунин падидаҳо ва воқеоти сиёсие, ки ба рушди ҷомеа халали ҷиддӣ ворид менамоянд, лозим аст, ки оммаи мардум ва ҷавонону наврасон бояд соҳибилм бошанд, аз равандҳои гуногуни номатлуб канорагирӣ намуда, бар зидди онҳо ақидаҳои устувори худро муқобил гузошта тавонанд.

Ниҳоят, силоҳи равшани ягона ва муассир дар асри нав, яъне асри ХХ1, ба мисли асрҳои гузашта танҳо ва танҳо илму дониш аст. Бо мусаллаҳ шудани илму дониш метавонем алайҳи мушкилоти ҷаҳонишавӣ, фикри фарҳангӣ, ҳуҷумҳои хурофотӣ ва экстремизму терроризм мубориза барем, ки дар ин ҷода саводнокӣ, фарҳангу маънавиёти баланд ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар нигоҳ назаррас аст.

                                                                                              

Мавҷуда  Хучова,

ходими пешбари илмии

Маркази мероси хатии АМИТ

 

 

 

 

(Андешаҳо оид ба Суханронии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон )

     

        Рӯзи 9-уми марти соли 2024, дар Кохи Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё ва ходимони дин мулоқот намуданд.

       Сарвари давлат аз ҷумла дар бораи масъулияти  падару модар дар тарбияи фарзанд, шомил, нашудани ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои экстеремист, террористу  ифротӣ, инчунин риоя намудуни қонуни танзим, яъне  сарфакорӣ ва зиёдаравӣ суханронӣ намудунд.

        Президенти муҳтарам аз ҷумла қайд карданд, ки -падару модарони муҳтарам, шумо бояд  дар донишандӯзии фарзандон садди роҳи онҳо нашавед, онҳо бояд илми замони муосирро биомӯзанд,  то ки дар оянда фарзандони  солими худро ба воя расонанд ва ба халқи азизи Тоҷикистон хизмат кунанд. Шумо бояд махсусан фарзандоне,  ки берун аз Тоҷикистон истода обрӯи  миллат ва Ватани худро дар пеши дигарон паст мезананд, эътибори  ҷиддӣ диҳед. Онҳо бояд ба доми фиребу найранги  зархаридони  хориҷӣ  наафтанд ва  бо пули ифлоси онҳо  Тоҷикистони  азизро доғдор насозанд.

        Ифротгароӣ яке аз амалҳои зишти замон  мебошад, ки ба пешравӣ ва рушди ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.  Агар шумо ифротӣ бошед,  дар пешравии ҷомеаи солим ба ягон муваффақият  ноил намегардед. Яъне кирдорҳои манфии ҷомеа ба амал мепайванданд. Барои ҳамин ҳам,  мо зиёиён ва аҳли ҷомеи тоҷик, бояд  ба ин кирдорҳои номатлуби замон муборизаи беҳамто  бибарем.

        Инчунин, баъзе духтарону занони тоҷики мо либосҳои бегонаи арабию эрониро ба бар мекунанд. Бибиҳою модарони мову Шумо  либосҳои сиёҳро  намепӯшиданд  ку! Чаро бегонапарастӣ мекунед?  Падару модари Шумоён тоҷик аст ку! Миллати Шумо тоҷик аст ку! Шумо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунед ку! Мо бояд ба ин рафторҳое, ки ба тоҷикон хос нест,  мубориза барем.

         Президенти муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худашон таъкид мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллат ва ҷомеа ҳастанд, онҳо бояд  забондон бошанд, на кам аз ду забонро, забони русӣ ва забони ангилисиро хуб аз худ намоянд, озодона ба ин забонҳо суҳбат кунанд, то ки пешбарандаи ҷомеаи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бошанд.        

                                         

       Мо бояд чунин  фарзандони солимро тарбия ва ба воя расонем, ки ватану миллат бо  онҳо бовар кунаду  фахр намояд  ва ба халқу ватани азизи Тоҷикистон содиқ бошанд.  Онҳо бояд мутахассисони беҳтарин дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бошанд.  Онҳо бояд  забондон бошанд, на  кам аз ду забонро донанд, яъне забонҳои русию  англисиро ҳатман аз худ намоянд  ва дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб  шаванд.   

       Дар Тоҷикистон Қонун дар бораи “Танзим ва анъанаю ҷашну маросимҳо” соли 2007 қабул  шуда  бошад  ҳам, вале на ҳамаи сокинони мамлакат ин қонунро риоя мекунанд .  Баъзе шахсоне  дар ҷомеа ҳастанд, ки онҳо дар тӯю маракаҳои хешро ғайриқонунӣ мегузаронанд, яъне ба  зиёдаравӣ роҳ медиҳанд, маракаҳои пурдабдаба, сарфакории зиёд  ва  худнамоӣ мекунанд, гӯё онҳо аз дигарон бо ин корашон фарқ мекунанд.    Дар ҷомеа шахсоне пайдо мешавнд, ки ин қонунро риоя намекунанд, қонуншиканӣ мекунанд, ин гуна шахсон бояд  дар назди қонун ҷавобгӯ бошад, қонун барои ҳама як аст.

        Дар кишвари мо шахсоне ҳастанд, ки ба кумак ниёз доранд. Агар шумо маблағи зиёдатӣ дошта бошед, ин маблағро ба  “Хонаи бачаҳои ятим”,                                  “Хонаи пиронсолон” ва  ”Маъюбон” харҷ мекардед  хеле хуб мешуд, агар ин кори хайрро ба анҷом мерасондед, ман   боварӣ дорам, ки онҳо  аз шумо   як умр миннатпазир мегардиданд.    

     Ҳар сол аз номи Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ашхоси ниёзмандони ин қишри ҷомаа, доимо   дар рӯзҳои ҷашну маросимҳо  кумакҳо расонида  мешаванд.            

       Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки  соҳибкорон  ва шахсони саховатпеша  кӯшиш кунед, ки шахсони ниёзмандро доимо дастгирӣ намоед, ба ин гурӯҳ  ашхос бояд кумак намуд.

        Президенти муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон инчунин қайд намуданд, ки  дар арафаи идҳои “Рамазон” ва “Қурбон” бисёре аз сокинони кишвар ба исрофкорӣ ва зиёдарвӣ роҳ медиҳанд. Сарфакории зиёд, пухтупази зиёд, зиёдаравӣ чӣ лозим аст. Агар падару модарони муҳтарам шумо ин маблағро барои беҳтар намудани дониши фарзандон, ки онҳо дарсҳои иловагӣ аз омӯзишӣ забонҳи русию  англисӣ  ва ба омӯзиши дарсҳои иловагии фанҳои дақиқ (риёзӣ, кимиё ва физика)  сарф мекардед, хеле хуб мешуд. Ин дар ояндаи наздик  фарзандони шумо мутахассиси хуб мешаванд ва дар зиндагонӣ мавқеи худро  хоҳанд ёфт. Онҳо метавонанд  дар худи кишвар ва берун аз он кору фаъолият хоҳанд кард.    

       Хушбахтона, дар Ҷумҳурии  Тоҷикисони мо мутахассисони забондон -   омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ,   инчунин омӯзгорони фанҳои дақиқ (риёзӣ, кимиё ва физика) ба пурагӣ мерасанд .     Ин  марказҳои “ Забономӯзӣ” дар шаҳрҳои  Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Ҳисор, Турсунзода, Хуҷанд, Конибодом , Исфара ва Хоруғ   амал мекунанд .          

       Хоҳишмандон метавонанд  ба ин марказҳо омада, савияи дониши худро такмил дода, ба мактабҳои олии кишвар бе ягон мушкилот дохил шаванд.       

      Падару модароне, ки фарзандонашон дар ин марказҳо  таҳсил карданд ва ҳоло таҳсил карда истодаанд, аз  омӯзгорони пуртаҷрибаи ин марказҳо сабақ гирифта,  хеле сипосгузоранд.  Онҳо бе ягон мушкилот ба донишгоҳҳои ватанию  хориҷӣ дохил шудаанд.

       Дар шаҳри Душанбе Гимназияи Президентӣ амал мекунад,  дар ин боргоҳи илм омӯзгорони дараҷаи олӣ кору фаъолият мекунанд ва шогирдони хубу доноро тайёр менамоянд.   

       Инчунин, дар шаҳри Душанбе чандин гимназияҳою  литсейҳо дар назди донишгоҳҳо ва  донишкадаҳо  амал  мекунанд  ва шогирдони хеле хубро  тарбия мекунанд, инчунин дар дигар вилоятҳо ва ноҳияҳои мамлакат чунин гимназияҳо ва литсейҳо  амал мекунанд.

       Мо падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа масъул ҳастем, ки бояд фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва донишандӯзӣ  тарбия намоем, то ки онҳо доною зирак бошанд ва дар зиндагии ҳаррӯзаи худ,  ҳар як мушкилотро осон паси сар  намоянд.  

 

Толибзиё Сафдаршоев,

ходими илмии шуъбаи

матншиносӣ таҳқиқ ва

нашри мероси хаттии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ

 

 

 

 

 

 

(Дар ҳошияи китоби  “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ”. муаллиф Олимҷон Хоҷамуродов. Душанбе – 2003. 233саҳ.)

            Тадқиқи насри бадеӣ фарогири масъалаҳои мубрамест, ки дидгоҳи вижа, афкори саҳеҳу сареҳ, дониши қавӣ, таҳлили амиқу доманадорро бар мабнои бурҳони қотеъ тақозо менамояд ва хулосаю натиҷагириҳо дархури суханҳои сарбастаи илми адабиётшиносӣ мегарданд. Гузашта аз ин афкори рангине, ки дар раванди таҳқиқ дастрас мегардад, солиёни зиёд ва ҳатто қарнҳо дар хидмати пажӯҳишгарони соҳа қарор мегиранд, ҳамчун сарчашмаи муҳимми илмӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ аз таҳқиқоти мамлу аз гавҳари маонӣ.

            Дар ростои арзи матлаби фавқ, ба гунаи намуна метавон тадқиқоти гаронарзиши доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов бо унвони “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” – ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

            Дастгоҳи маърифати донишманди мутҳарам мазмунеро перомуни масоили насри зеҳнгароии форсӣ дар ихтиёри аҳли завқ вомегузорад, ки саршор аз ақоиди нобу фикри тару тозаанд.

            Воқеан, бояд тазаккур дод, ки китоби мавриди назар ҳанӯз соли 2003  интишор шудааст ва то имрӯз наздик ба муҳтавои арзишманди он маводи дигаре рӯйи чоп наомадааст. Бо дарназардошти сарчашмаи муҳим будани тадқиқоти мазкур оид ба насри зеҳнгарои форсии Эрон ва дар мабнои ҳикмати бузургони санъати сухангустарӣ, ки таъбир кардаанд: нола зи дил, доғ аз сина бархеставу сиришт аз дида мечакад, яъне дар таҳқиқ низ шарти меҳварӣ дидгоҳи тоза ва дақиқ бояд аз афкор бархезад, то ки хонанда ба истиқлоли андешаи муҳаққиқ эътимод пайдо кунад. Ба истилоҳ тадқиқот бояд паём дошта бошад, мисли дигар осори баргузида. Ва тадқиқоти устоди арҷманд Олимҷон Хоҷамуродов “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ”, ки аз қаламашон ранги маонӣ мечакад аз шумори ҳамин гуна пажӯҳишҳои гаронмояанд.

            Дар муқаддимаи рисола муаллиф зарурат ва мубрам будани тадқиқотро возеҳу равшан баён менамояд. Пайдоиш ва интишори новеллаҳои равонӣ – зеҳнгарои форсӣ, новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят – нахустин падидаҳои насри зеҳнгаро дар адабиёти муосири Эрон, новеллаҳои Бузурги  Алавӣ – марҳилаи такомули насри равонии форсӣ, “Буфи кӯр” – и  Содиқ Ҳидоят ва масъалаҳои рушди насри зеҳгарои форсӣ, “Буфи кӯр” – нахустин қиссаи зеҳнгарои форсӣ, гурез аз воқеият  дар насри зеҳнгаро, устурапардозӣ – як шакли гурез аз воқеият, Тақии Мударрисӣ ва қиссааш “Якулиё ва танҳоии ӯ”, Баҳром Содиқӣ ва қиссаи  “Малакут” – аш, “Ҷараёни Сайёли зеҳн”-  шакли такомули насри зеҳгаро, Ҳушанги Гулшерӣ  ва “Шоздаи Эҳтиҷоб” – и у (Шозда – мухаффафи шоҳзода) фарогири қисми 1 – боби аввал, боби дувум; қисми 2 – боби сеюм, боби чорум буда, хулоса, шарҳи истилоҳоту вожаҳо ва китобнома рисоларо ҳусни ифодату маънӣ бахшидаанд.

            Муқаддимаи рисола ба раванди омӯзиш ва таҳқиқи гароиши ҷомеаи Эронӣ, ба вижа ҷавонон ба насри бадеӣ, ниёз ба асари нақдӣ, ки шарҳи жанрҳои адабии типи аврупоиро дар миён гузорад, нахустин тадқиқоти монографӣ роҷеъ ба насри муосири форсӣ дар Эрон ва дар маҷмуъ таномули насри зеҳнгарои форсӣ дар зарфи чиҳил сол (аз солҳои сиюм то аввали солҳои ҳафтодуми қарни ХХ) ва хусусиятҳои умдаи он бахшида шуда, дидгоҳи ҷадиду илмии муаллиф перомуни масоили фавқ арзёбӣ мешавад.

            Суоли матраҳ ин аст, ки чаро мо акнун баъд бисту се соли интишори рисолаи мавриди назар, бо вуҷуди он ки дар бораи он донишмандони муҳтарами кишвар  назари мусбати худро ироа кардаанд, даст задем.

            Баррасӣ ва ё омӯзиши новеллаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои олам, хосса Федератсияи Россия, ки тайи солҳои охир дар технологияи таълиму тарбия, ба истилоҳ технологияи педагогӣ муваффақиятҳои назаррасро ноил шудаанд, ба ҳукми қатъӣ даромада, дар асоси далелҳои шоеи илмӣ муҳққиқин ба натиҷа расидаанд, ки новелла ҳамчун жанри хурди адабӣ, дар мусовӣ ба аҳамияти муҳим  доштанаш дар адабиёт, дуруст таълим додани он дар муассисаи таълимии миёна аз нуктаи назари таҳсилот рушди тафаккури интиқодӣ низ хело муфид буда, ҳамчун як унсури дарки асосҳои тарбияву таълими комил маҳсуб мешавад. Ба таъбири дигар кутоҳии сужаи новелла, ки аз дидгоҳи мазмун олист (панду андарз) дар симо ва шахсияти нависанда таҷаллӣ мегардад. Тибқи тақозои замони муосир (ҳар давру замон бо дарназардошти зуҳури ҳавосид  - воқеаву таҳавуллот дар ҷомеа наслеро бо дигоҳи вижа тавлид мекунад) тавсия додаанд, ки таълими новеллаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар зинаҳои гуногун васеъ ба роҳ монда шавад. Шарҳи бештари матлаб аз доираи баҳси инҷониб хориҷ аст.

            Аз ин лиҳоз, таҳлили дигарбораи рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” ба суоли дар миёнгузошта посухи аниқ дода метавонад, зеро ҷанбаҳои муҳими насри зеҳнгаро дар он аз ҷониби муаллиф бо хулосаҳои саҳеҳу қобили дарк таҳқиқ шудаанд ва ҷойи тардид нест, ки андешаҳои қобили қабули муҳаққиқи дақиқназар паҳлуҳои норавшани масъалаи мазбурро мувофиқи табъи соҳибназарон рушан намуда, мавриди баҳрабардории масъулини соҳаи таҳсилот қарор мегиранд.

            Қисми аввали китоб бо унвони “Пайдоиш ва инкишофи новеллаҳои равонӣ – зеҳнгарои форсӣ” ду боб -  “Новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят – нахустин падидаҳои насри зеҳнгаро дар адабиёти муосири Эрон” (масъалаҳои жанр ва сохтор) ва  “Новеллаҳои Бузурги Алавӣ – марҳилаи такомули насри равонии форсӣ”  (поэтикаи сохтор) – ро бо таҳлилҳои пурсареҳ фаро мегирад.

            Фалсафаи нигориши муаллиф дар бахши аввали рисола дар баёни матлаби зер нуҳуфтааст, ки фармудаанд.

            “Насли нависандагони солҳои 30-юм, қабл аз ҳама Содиқи Ҳидоят ва пайравони ӯ, бо диди нав ва таҷрибаву иҳотаи кофӣ аз ғановати адабиёти ватанӣ ва ҷаҳонӣ по ба арсаи достонависӣ гузоштаанд.... Дар паҳлӯи насри воқеъгарою танзомез ва интиқодие, ки аз даврони адабиёти равшангароӣ ва машрутахоҳӣ сарчашма гирифта буд, ҳамчунин насри равонию зеҳнии романтикиву ғайривоқеие, ки зодаи гурез аз воқеият ва ковиш дар ҷаҳони ботинии инсон ва хештаншиносист, ба вуҷуд меояд” (саҳ.15-16).

            Муҳаққиқ поёни тадқиқи асрори зуҳури насри равонию зеҳнӣ дар адабиёти Эрони солҳои 30 – 40 – уми асри мозӣ ба тавзеҳи мукаммали матлаби болозикр пардохта, боби аввали қисми якуми рисоларо бо унвони “Новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят – нахустин  падидаҳои  насри зеҳнгаро  дар адабиёти муосири Эрон (масъалаҳои жанр ва сохтор)” оғоз бахшид, таъйид менамоянд, ки Содиқи Ҳидоят  бо дидгоҳи хосу сабку равиши эҷодии нав дар насри форсии адабиёти муосири Эрон ворид шуда, чунин тозакориҳо ҳам дар шакл ва низ тарҳи мавзуъ падидаи навин дар насри бадеии форсӣ аз шумор меоянд.

            Таҳлили насри зеҳнгароӣ, ки дар адабиёти ҷаҳон падидаи тоза арзёбӣ шудааст, таҳқиқи зеҳнияти қаҳрамони бадеӣ кори заҳматталаб буда, мавриди таъкид  ин нукта ҳам ҳаст, ки насри зеҳнгароӣ як усули дигари баёни воқеии ҳаёти инсонҳост, дар ростои ҳақиқати зиндагӣ. Аз ҳамин нигоҳ, муҳаққиқ фармудаанд. “Дар маркази диди нависанда инсон бо тамоми дардҳову ранҷҳо ва орзуву омолаш қарор мегирад, ки дар тасвири чунин инсон Содиқи Ҳидоят бо дарназардошти муҳити иҷтимоии қаҳрамонон ба бозофаринии ҷаҳони ботину характер мепардозад” (саҳ. 17).

            Муҷиби муваффақ  шудани нависандаро муаллифи рисолаи мавриди  таваҷҷуҳ пеш аз ҳама дар он ба мушоҳида гирифтаанд, ки ӯ дар раванди эҷоди қиссаву новеллаҳои иҷтимоӣ, ҳаҷвӣ, тамсилӣ, лирикӣ ҳамзамон як баст новеллаҳои психологӣ  - “Зинда ба гӯр”,  “Се қатра хун”,  “Арусаки пушти парда” ва амсоли инро интишор намуд ва ин новеллаҳо шакли комили новеллаи равонии форсиро ташкил медоданд. Ва ба ин ақида муътақиданд, новеллаи психологии форсӣ дар солҳои 30 – 40 – уми асри ХХ ташкил ёфтааст. Дар ин замина афкори эроншиноси гурҷӣ хонум  М.Ш. Буржандазеро муаллифи рисола роҷеъ ба ташаккули новеллаи равонии форсӣ дар нимаи дуюми асри ХХ рад карда, инкишофу анҷоми рушди ин навъи жанрро мансуб ба солҳои 30 – 40 – уми қарни ХХ медонанд, бар асоси новеллаҳои Содиқи Ҳидоят ва Бузурги Алавӣ.

            Дар қисми мазбур новеллаҳои равонии Содиқи Ҳидоят аз дидгоҳи сабки нигориш, аз қавли донишманди нуктадон, таҳлил гардида, дар заминаи баррасиҳои пурмуҳтавою шигарфи  “Буфи кӯр”,  “Зинда ба гӯр”,  “Се қатра хун” ва ғайра ба хулосаҳои илмии дақиқу саҳеҳ мерасанд, ки поёнтар танзим хоҳанд шуд.

            Боби дуюми китоби  “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” – “Новеллаҳои Бузурги Алавӣ – марҳилаи такомули насри равонии форсӣ (поэтикаи сохтор)” номгузорӣ шуда, саҳми нависандаи маъруф Бузурги Алавӣ дар рушду такомули достоннависии навини форсӣ мусовӣ бо Содиқи Ҳидоят, хосса дар новеллаҳои равонӣ таъкид гардида, назари иҷмолии эроншиносони ҷаҳонию адабиётшиносони эронӣ – Т. О. Мовсесян, Н. А. Ализода,  Абдулалии Дастғайб, А. А. Шоётов, Д. С. Комиссаров ва  Ҳ. Обидинӣ  оид ба шарҳи ҳолу осори ин нависандаи шаҳир манзур шудааст.

            Ва ниҳоят баъд аз баррасии гуфтаҳои муҳаққиқин муаллифи рисолаи мавриди таваҷҷуҳ, роҷеъ ба арзишҳои адабии новеллаҳои “Чамадон”, “Сарбози сурбӣ”,  “Қурбонӣ”, “Марде, ки полтуи ишқ танаш буд”, “Таърихчаи утоқи ман”,  маҷмуаи  “Номмаҳо” ва “Гиламард”  афкори дақиқназаронаи хешро баъди таҷзия  аз мазмуни ин нигоштаҳо бадар оварда, пешкаши хонанда мегардонад.

            Зикри ин нукта дархури матлаб аст, ки муҳаққиқи тавоно бо баҳрагирӣ аз мафоҳими осори Бузурги Алавӣ хулосаи зайлро пешкаш менамояд.

            “Тавре ки аз ин баррасии мухтасари новеллаҳои Бузурги Алавӣ бармеояд, агар Содиқ Ҳидоят шеваи таҳлили равонӣ ва насри зеҳниро поягузорӣ  намуда таваҷҷуҳашро  дар офариниши достонҳо бо матраҳ сохтани  мавзуъҳои умумибашарӣ, пеш аз ҳама ба ботину авотифи зеҳнии қаҳрамононаш мабзул дошта бошад,  Бузурги Алавӣ  ин шеваи таҳлилу тарсимро  дар эҷоди асарҳои реализми иҷтимоӣ ва баёни мавзуъҳои доғи рӯзи ҷомеаи кишвараш корбаст кардааст. Аз ин ҷост, ки ба нисбати Содиқи Ҳидоят, гуфтан мумкин аст, сад  дар сад зеҳнгаро, ки ҳама чизро аз даричаи зеҳният мебинад, ба иртиботи тарҳи масоили иҷтимоӣ дар сабки  Бузурги Алавӣ падидаҳои айнӣ ё ба истилоҳ бузургароиро  мебинем, ки баъдан ин шеваи баён дар эҷодиёти Ҷалоли Оли Аҳмад ба авҷи камоли хеш расида, сабки эҷодии ӯро ташкил хоҳад дод. Бад-ин малҳуз Бузурги Алавӣ дар паҳлӯи Содиқи Ҳидоят дар ташаккули равнақи насри форсӣ, ба вижа таҳлили равонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Барҳақ  “Алавиро пас аз Ҳидоят бояд аз намояндагони забардасти мактаби ҷадид (дар достоннавии Эрон) донист” (саҳ. 49).

            Бо ин ҳама гуфтаҳои  болозикр ҳанӯз ҳам ғаномандии муҳтавои аввалияи рисола ошкор нагардид. Аз ин лиҳоз андешаҳои боқиро андар ташреҳи қисми мазбур ба вақти мувофиқ вомегузорем.

            Чунон ки дар ибтидо ишора кардем, қисми дувуми рисолаи “Насри зеҳнгарои Эрон дар қарни ХХ” масоилеро фаро мегирад, ки ба василаи афкори пурвусъат, муаллиф дар хулоса натиҷаҳои муътамадро баён менамояд. Гузашта аз ин, тафсилоти хурдтарин ҷузъёт  перомуни вижагиҳои насри зеҳнгарои форсии Эрон дар асри ХХ аз назари муҳаққиқ дур намонда, ҷиҳати тадқиқоти минбаъда  роҷеъ ба вазъи насри зеҳнгарои форсии Эрон ва минтақаи форсизабон дар давраҳои баъдӣ заминаи густурдаи илмӣ, бо ин ибтикор гузоштаанд.

            Муаллифи нуктадон повести “Буфи кӯр”-ро яке аз шоҳкориҳои насри бадеии форсии муосир эътироф карда,  таъкиди хеле ҳам ҷолиб кардаанд, ки ин асар маҳсули мутолиоти амиқи Содиқи Ҳидоят аз фарҳангу ҳунари Шарқу Ғарб аст. Ва ҳамзамон ҷиҳати баррасии амиқи афкори хеш муҳаққиқ  таъсирпазирии муаллифи  “Буфи кӯр”-ро файласуфони навгарои аврупоӣ  Франс Кафка  (1883 – 1924), Райнер Мария Рилке (1875 – 1926) бо ифодаҳои пурмуҳтаво арзёбӣ карда, ҷойгоҳи бардошт аз мутафаккири машриқзамин – Умари Хайёмро дар осори Содиқи Ҳидоят махсус таъкид менамояд.

            Дар боби сеюм оид ба жанри  “Буфи кӯр”, композитсияю сужети асар, андешапардозӣ, рамзиёту образҳо, персонажҳои марказии қисса бо тааммуқ ва диди тозаи таҳқиқ афкори навин тарҳрезӣ мешавад, аз ҷумла, дар мавриди тааллуқияти жанри  “Буфи кӯр” ақоиди мухталифи донишмандони эронию шуравии собиқ  Ҷамоли Мирсодиқ, Ризо Бароҳанӣ, Эҳсони Табарӣ, Ҷалоли Оли Аҳмад, Тақии Мударрисӣ, Абдулалӣ Дастғайб, А. З. Розенфельд, Д.С Комиссаров,  Т. Кешелава ва М. Ш. Буржанадзе таҳлил ёфта, хулосаи возеҳу саҳеҳи илмии муаллифи рисолаи  “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” бо дарназардошти фикрҳои муҳаққиқин бо эътинои қавӣ ҷолиби дархури мазҳари ақидаи  ноб аст: “.... ба таври қотеъ ва мушаххас ба жанре мансуб доштани ин шоҳкор (“ Буфи кӯр” дар назар аст – М. Ғ.) аз имкон берун аст, мунтаҳо ба ҳайси асари эпикӣ онро шартан қисса (повест) ё достони   баланд номидан мумкин аст”  (саҳ. 62).

            Асари зеҳнӣ будани  “Буфи кӯр” бо далелҳо исбот шуда, мулоҳизаҳои донишмандон – Озар Нафисӣ, Муҷтабо Минавӣ роҷеъ ба композитсияи асар баррасӣ гардида, комилтарин қисса дар насри форсии муосир эътироф шуданашро муаллифи рисола таъйид мекунад. Ҳамзамон сохтори қиссаи  “Буфи кӯр” – ро муаллиф баъд аз вуруд ба мазмуни меҳварии асар хулоса кардаанд, ки он комилтарин асар дар насри форсии муосир аст, аз қавли воқифи асрори илми О. Хоҷамуродов.

            Пайвандҳои маънавии асарро муҳаққиқ дар риштаи тасаввур барчида, асрори ниҳони мазмунро дар нақду тафсирҳои таваҷҷуҳбаррангез манзур менамояд. Чунин шоҳкориҳо дар шарҳи зермавзуъҳои Андешапардозӣ, Рамзиёт ва образҳо ба чашм мехуранд, ки хонанда ба умқи маҳорату салиқаи ҳунари нависандагии Содиқ Ҳидоят ба василаи нуктаҳои тавзеҳоти муҳаққиқ ворид мешавад.

            Баъд аз ташреҳи муҳаққиқини “Буфи кӯр”- Абдулалӣ Дастғайб, Муҳаммадюсуфи Қутбӣ, Сируси Шамисо, Дорюши Шойгон донишманди комёб – муаллифи  рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” ҷойгоҳи “Буфи кӯр” – ро дар насри форсии муосир бори дигар таъкид намуда, ба ақидаи Дорюши Шойгон ҳамдаст мешавад: “...дар “Буфи кӯр” андешаи нестигароии ғарбӣ дар фазои сеҳромези олами мисоли эронӣ мустаҳил мешавад ва як таълифи муҳол сурати мумкин  пайдо мекунад” (саҳ. 90).

            Рамзиёт ва образҳо ҷавҳари мазмуни кулли асарро дар ҳамбастагӣ бо психикаи инсон муҷалло менамоянд. Муҳаққиқ дар пояи тафсилоти донишмандон перомуни рамзҳою образҳо муҳтавои асарро бо баёни авҷи андешаҳои хеш тафсир намуда, муваффақона шахсияти нависандаро бо истеъдоди бузургаш дар назари хонанда бозтоб менамояд ва тафсири сухани ровии достон, хатти сюжети қиссаро барои хонанда ҳамвор мекунад. Ва муҳимтар аз ҳама дидгоҳи психологии нависандаи маъруф Содиқи Ҳидоят бо овардани сухани ӯ, ки  ҳикматест маъруф,  тасреҳи мукаммал аст, дар кушодани мазмуни “Буфи кӯр”:

            “Дар ин асар, шояд кӯрӣ ба маънои тавоноии дар худ нигаристан, тааммуқ ба ҷаҳони ботинии хеш бошад ва лузуме барои шинохти ғайри рӯзона, талаққӣ шавад, зеро дар саросари асар як фикр борҳо такрор мешаванд:

            “Чашмамро, ки мебастам, дунёи ҳақиқии худам ба ман зоҳир мешуд”. (саҳ. 61).

            “Чашмҳоямро бастам ва дунболаи хаёлоти худамро гирифтам” (с. 18),  “пилкҳо чашмам, ки  поин меомад, як дунёи маҳв ҷӯллӯам нақш мебаст, як дунёе, ки ҳамаашро худам эҷод карда будам” (с. 94) (саҳ. 122).

            Муҳаққиқи заҳматписанд дар зермавзӯи “Персонажҳои асосии қисса” персонажҳоро ба ду гурӯҳ тақсим карда, ба чеҳраҳои қолабӣ, занона, “ман” – и ровӣ ва амсоли ин ақоиди бикри хешро дар анҷоми ин бахш бо далели возеҳ ва бурро матраҳ менамоянд, ки як навъ шарҳи психологии рисолаи “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” дар фуроварди  боби сеюм буда, таҷзияи мазмунест, ки дар муқаддимаи пажуҳиши мазбур ишора шудааст (саҳ. 14).

            Муҳтавои фавқ фармудаи донишманди муҳтарам – муаллифи рисола аст, ки ғояи меҳварии асар (“Буфи кӯр”) дар образи ровӣ таҷассум ёфта, қаҳрамони марказӣ образи синтетикист ва хатти сужети қисса ҷиҳати таҳлили равонии як фард  (индивидуум) сурат мегирад (саҳ. 143).

            Боби чаҳоруми тадқиқоти саршор аз андешаҳои ҷадиди муҳаққиқ баррасии илмии гурез аз воқеият дар насри зеҳнгаро бо дарназардошти авзои сиёсии замон, ривоҷгирии асотир ҳини эҷоди асар, устурапардозӣ ҳамчун шакли гурез аз ҳастии воқеиро бо ҷанбаҳои муҳиму мушаххас фаро гирифт, дар мавриди Баҳроми Содиқу қиссаи “Малакут”- и ӯ, Ҳушанги Гулшерӣ ва асари эшон  “Шоздаи Эҳтиҷоб” ахбору иттилои дақиқназаронаро ба риштаи баҳс кашидааст, ки воқеан ҷиҳати ошноии ҳарчи бештару беҳтар ба насри зеҳнгарои форсии тоҷикӣ паёму муждаи муҳим дар илми адабиётшиносии муосир маҳсуб мешаванд...

            Воқеан, рисолаи  “Насри зеҳнгарои форсии Эрон дар қарни ХХ” – и олими маъруф Олимҷон Хоҷамуродов натанҳо мунҳасир аз шумори тадқиқот дар самти мазкур аст, балки дар шароити феъли, ки хонандаи хушзавқи муосир, тибқи тақозои замон ба эҷоди ингуна новеллаҳои пурмаънои зеҳнгаро ниёзманд аст. Аз ин нуктаи назар, бисёр хуб ва қобили қабул аст, ки рисолаи ёдшуда аз ҷониби масъулини соҳаи маориф ва мактабҳои олии ҷумҳури бознашр шавад.

Меҳриддин Ғиёсӣ

адабиётшинос

Страницы