Дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Семинар бо сухани муқаддимавии саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т. Қосимшо Искандаров ифтитоҳ гардид. Мавсуф дар бораи аҳамияти идомаи  сислсасеминарҳо бо номи “Тоҷикони номдори Афғонистони муосир” сухан ронда, таъкид намуд, ки  дар шароити имрӯзаи бисёр печида ва мураккаби байналмилалӣ, ки сухан дар бораи ташаккули низоми нави байналмилалӣ меравад ва қудратҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақавӣ даъвои тавсеаи ҳудудҳои худ ва дар меҳварияти қавмӣ муттаҳид сохтани ҳамқавмону ҳамзабонону ҳамнажодонашон, ҳатто аз ҳисоби кишварҳои дигарро доранд, рақобатҳои геополитикӣ шиддат гирифтаанд омӯзиш ва нигоҳдории арзишҳои миллӣ, забону анъанаҳои миллии тоҷикон, тақвияти хотираи таърихиамон аз аҳамияти хос бархурдор аст ва ин яке аз авлавиятҳои сиёсати давлат ва шахсан Пешвои миллат аст.

Афғонистон яке аз кишварҳоест, ки аз ҳама бештар тоҷикон ва ҳамзабонони мо зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона донишу иттилои мо дар Тоҷикистон дар бораи ин кишвар бо ҳама муштаракоте, ки дорем бисёр сатҳӣ ва ноқис аст.

Дар идома суханронии д.и.ф. Олимҷон Хоҷамуродов, муҳаққиқону коршиносон Баҳриддин Мирзоев, Наҷмиддин Шоинбодов ва дигарон шунида ва мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуданд.

Маркази мероси хаттӣ баргузории 6 семинарро дар Нақшаи умумии баргузории чорабиниҳои илмии Академияи миллии илмҳо  дар соли 2024 ҷо кардааст, ки аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳо тасдиқ шудаанд. Ин семинарҳо бо ҳамкории Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа ва инчунин Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон баргузор хоҳанд шуд. Ин семинари аввалини ин сол аст ва ба шоири бисёр машҳури форсизабони ин кишвар  Халилуллоҳ Халилӣ бахшида шудааст.

Албатта Халилуллоҳи Халилӣ аз нигоҳи этникӣ зоҳиран тоҷик нест, аммо тоҷикзабон аст ва бо шеъри худ, бо сухани бисёр болои худ дар рушду такомул ва тарғиби забони модарии мо саҳми бисёр зиёд дорад.

Дар семинар баҳси озод сурат гирифт ва аз ҷумла масъалаи сатҳи таъсир ва таҳдид ба забону фарҳанг ва ҳувияти мо дар оянда вобаста ба сиёсати паштугароии толибон дар Афғонистон сухан рафт.

Гардонандаи ҷаласа Қ. Искандаров ба ин саволи матраҳшуда ҷавоб доданд, ки мутаассифона ҳамин ҳоло таъсири сиёсати зери шиори зоҳирии “исломи ноб” ба ҳошия кашонидани тоҷикон, забону фарҳанг  ва ҳувияти онҳо эҳсос мешавад ва касе аз таърихи Афғонистон ва сиёсати бартариҷӯии афғонҳо каме иттилоъ дорад, паёмади инро хуб дарк мекунад. Бунёди мактабҳои ҷиҳодӣ дар сартосари Афғонистон бо фармони Мулло Ҳайбатулло ба хотири мағзшуии ҷавонон аст ва дар оянда миллионҳо ҷавонони беҳувият бо фаро гирифтани идеологияи ҷиҳод, террор ва интиҳор ба таҳдиди бузург барои минтақа ва пеш аз ҳама Тоҷикистон табдил меёбанд.

   Таъсири ин дар маҷмуъ ба забону фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ҳувияти тоҷикии форсӣ ногувор хоҳад буд ва масъалаи забону фарҳанг, ҳувият ва арзишҳои миллӣ масъалаи ҳастии миллат, буду набуд як давлати мустақили тоҷикӣ ва имрӯз масъалаи амнияти миллӣ аст.

Амният як мафҳуми бисёр васеъ аст ва танҳо маънои ҳифзи низомии сарҳадот ва дар маҷмуъ кишварро надорад, балки инчунин ҳифзи ҳамин масъалаҳои ҳувиятию забонӣ ва арзиширо низ дорост.