
АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ
Диёри мо диёри нуру гавҳар аст,
Зи қулла то ба қулла тахту минбар аст,
Зи чашма то ба чашма оби Кавсар аст,
Назарнамудаи Ҳақу паямбар аст;
Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!
Шавад, зи чашмаҳо ба наҳрҳо расем,
Зи наҳрҳо ба рӯду баҳрҳо расем,
Ба майли қалби пок ҳар куҷо расем,
Марому мақсад ин ки мо ба мо расем;
Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!
Замонаро ба ранги дигар офарем,
Самои мулкро пурахтар офарем,
Сарои мулк аз дур, аз зар офарем,
Зи буда беҳ, зи буда беҳтар офарем;
Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!
Зи хоки пок суди мо зи ваҳдат аст,
Биё, шукӯҳу буди мо зи ваҳдат аст,
Нишоти мо, вуҷуди мо зи ваҳдат аст,
Таронаву суруди мо зи ваҳдат аст;
Бародарон, бародарони меҳрубон, ба ҳам шавем,
Барои шуҳрати диёри нозанин алам шавем!