Библиотека

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

         Баъди ҳазор соли таҳқиқ доир ба «Шоҳнома», муҳаққиқони муосир бар ин назаранд, ки эҷодиёти Фирдавсӣ ва ҳамаи паҳлуҳои асари ӯ «Шоҳнома» то ба ҳол ба таври дақиқ омӯхта нашудааст.[1]
       Он чи ба наҳзати шуубия марбут аст, метавон гуфт, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ он аз як ҷунбиши эътирозӣ ва муқовиматии сиёсӣ ва динӣ ба як фалсафаи воқеъбинонаи гуманистӣ мубаддал гардидидааст. Фирдавсӣ нажодпараст ва мазҳабпараст набуд. Ӯ шоир ва мутафаккири миллатдӯст, ватанпараст, инсондӯст ва ҳаводори сарсупурдаи адлу дод дар аҳди аввали ислом буд. Ҳарчанд, ки падару модари Фирдавсӣ ва аҳли хонаводаи завҷааш Фарангис низ, пайрави дини зардуштӣ буданд.

       Дар сарчашмаҳои исломӣ ҳамеша фаъолияти шоирии Фирдавсиро каму беш ба шуубия алоқаманд медонистанд. Дар асри ХIХ шарқшиносони урупоӣ, махсусан Теодор Нёлдеке[2] ва Ҳенри Массэ[3] бар ин маъно таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муосири форсизабон Забеҳулло Сафо бо навиштани китоби «Ҳамосасароӣ дар Эрон»[4] ва мақолаи алоҳида бо номи «Фирдавсӣ ва шуубия» ба ин масъала машруияти илмӣ бахшид ва минбаъд доир ба шуубия осори таҳқиқӣ ба забонҳои арабӣ [5] форсӣ[6] ва ғайра таълиф шуданд.

       Муҳаққиқони муосири форсизабон дар посдории шоир аз забони миллии худ ба андозае ба роҳи муболиға ва шояд ҳам ифрот рафтаанд, ки гӯё Фирдавсӣ дар навиштани «Шоҳнома»-аш қасдан аз калимаҳои арабӣ парҳез намуда, ба ҷои онҳо муродифҳои форсии қадим ва замони худашро истифода кардааст. Баъзе муҳаққиқон ҳатто кӯшиш кардаанд, ки калимоти форсӣ ва арабии «Шоҳнома»-ро аз тариқи оморӣ мавриди муқоиса қарор диҳанд. Масалан, шарқшиносони урупоӣ Пол Ҳорн ва Ҳенри Массэ адади калимаҳои арабӣ дар «Шоҳнома»-ро иборат аз 430 калима дониста, Пол Ҳамберт ин ададро ба 984 расонидааст. Забоншиноси эронӣ доктор Парвиз Нотили Хонларӣ дар мақолаи худ бо номи «Луғатҳои арабӣ дар Шоҳнома» ин шумораро зиёда аз 800 калима медонад. Бо ин таъкид, ки калимаҳои решагӣ (на муштақоти онҳо) дар «Шоҳнома» аз 400 калима зиёдтар нестанд. Ҳамаи ин муҳаққиқон масъалаи истеъмоли ин калимаҳои бегонаро дар достони миллии форсӣ ба ҳаракати шуубия алоқаманд надонистаанд.[7] Тахмини мо ин аст, ки шоир дар истифодаи калимоти забони форсӣ чунин қасде надоштааст. Ба ҳукми машғулияти тулонӣ бо сарчашмаҳои таърихи фарҳанги Эрони бостон ва 40 соли эҷоди «Шоҳнома» калимоти форсӣ дар андешаи шоир ба таври нохудогоҳ сайқал ёфтанд ва барои баёни мавзуъҳои миллӣ (достонҳои паҳлавонии даврони қадим) муносибтар ташхис дода шуданд. Истифодаи кам андар ками калимаҳои арабӣ натиҷаи адовати нажодӣ нисбат ба мардуми араб набуда, балки жанри достонсароӣ – ҳамосӣ, ки ба забони форсӣ бояд анҷом мегирифт, ба таври табиӣ тақозо мекард, ки «Шоҳнома» ба ин забон суруда шаванд.

        Аз ҷониби дигар, мо ба таври дақиқ гуфта наметавонем, ки Фирдавсӣ то чӣ андоза ба забони арабӣ ошноӣ дошт. Чаро ки ба ҷуз «Шоҳнома» аз ӯ асари дигаре боқӣ намондааст. Вақтҳои охир баъзе муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки Фирдавсӣ забони паҳлавиро медонист ва онро дар назди падар фаро гирифта буд.[8] Дар ин бора чунин омадааст: «Падари Фирдавсӣ, Мавлоно Аҳмади Фахриддин, писарашро бо дониш парвариш дод ва забони паҳлавӣ ба ӯ омӯхт, ки дар ин даврон дар сарзаминҳои ховарӣ камтар касе ба он ошноӣ дошт. Аз зиндагии шахсии ин бузургмарди шеъру адаби порсӣ, огоҳии равшане дар даст нест ва танҳо бо нигаристан ва диққат дар порае аз навиштаҳо ва ишороти ҳамрӯзгоронаш ва он чи худ дар миёни достонҳои “Шоҳнома” аз чигунагии гузарони зиндагониаш баён мекунад, метавон чеҳрае начандон дақиқ аз вай ба нақш овард».[9]

        Мо низ бо таваҷҷуҳ ба «Шоҳнома» далелҳое дар даст дорем ва онҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки Фирдавсӣ забони паҳлавиро ба хубӣ медонистааст. Масалан, дар поёни достони Аквони дев, Фирдавсӣ мегӯяд, ки «Аквон дар забони паҳлавӣ», «Гавон» будааст:

Гавон хону Аквони деваш махон,

Абар паҳлавонӣ, бигардон забон.[10]

         Албатта касе ки дар забону фарҳанг ва таърихи миллии худ то ин андоза ворид гашта бошад, ба забонҳои дигари ғайри миллӣ, камтар ниёз дорад.

          Ба ин маънӣ, агар мо Фирдавсиро ҳамчун намояндаи наҳзати шуубия арзёбӣ карданӣ бошем, ба ҳеҷ унвон фаъолият ва эҷодиёти шоирро як амри худогоҳона ба муқобили арабҳо ва тамаддуни сомӣ равонашуда намеҳисобем. Мақоми Фирдавсиро болотар аз чунин ҳаракату наҳзатҳо, дар ҷоддаи муқобилгузории фарҳангу тамаддунҳо дониста, фаъолияти пурсамари ӯ дар навиштани «Шоҳнома» ва зинда намудани тамаддуни волою пурғановати пешини ниёгони мо ба воситаи тасвири корномаҳои паҳлавонию набардҳои қаҳрамонӣ, ки мақоми онҳо ба дараҷаи қудсӣ бардошташудааст, натиҷаи табъи фитрӣ ва дониши андӯхтаи мутафаккир дар соҳаи маданияти маънавӣ медонем.

        Аз ин гузашта, шоир дар достони “Бежан ва Манижа” қиссаи ба таълифи «Шоҳнома» оғоз карданашро ҳикоят намуда, аз ҷумла гуфтааст, ки ҳамсараш Фарангис, як достони қадимаро ба забони паҳлавӣ оварда, бароям хонд ва хоҳиш намуд, ки онро ба забони форсӣ ба назм дарорам. Ва худи Фарангис, зардуштӣ ва забони хонаводагиаш паҳлавӣ буд. Дар замони Фирдавсӣ таносуби мусулмонон ва зардушиён қариб баробар буд. Яъне дар аксар шаҳру деҳаҳои Эрони асри Х ниме аз мардум зардуштӣ буданду ниме мусулмон.

          Ин таносуб дар қисматҳои шимоли Эрон, махсусан шаҳрҳое, ки дар наздикии Баҳри Хазар буданд, ҳатто дар асрҳои ХII-ХIII мелодӣ аз қисматҳои марказӣ фарқ мекард. Масалан, дар шаҳри Сӯҳравард – ватани орифи машҳур Шайх Шаҳобуддини Сӯҳравардии мақтул (асри ХII) ҳаштод дар сад паҳлавизабон ва зардуштӣ буданду бист дар сад мусулмон ва форсизабон.[11] Ҳамин робитаи самимӣ ва танготанги Фирдавсӣ ва Сӯҳравардӣ ба забони паҳлавӣ ва таърихи Эрони бостон буд, ки ин ду нафарро муаллифи китоби «Ҳикмати хусравонӣ», зиндакунанда ва эҳёгари воқеии шеър, ҳикмат, ирфон ва фарҳанги пеш аз исломии Эрон мешуморад.[12] Пас, метавон фикр кард, ки салосати забони форсии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» натиҷаи огоҳии амиқи ӯ аз забону фарҳанг ва таърихи бостонии қавми хеш будааст. Мо дар саҳифаҳои пеш дидем, ки қариб ҳамаи шоирони шуубӣ, забони арабиро хуб медонистанд, шеъри арабӣ менавиштанд, аммо забони паҳлавӣ ва форсиро ба мисли Фирдавсӣ хуб намедонистанд.

Худи шоир ин имтиёзро эҳсос мекард ва гоҳ гоҳе дар ашъори худ ба он ишора мекард. Барои намуна:

Пай афкандам аз назм, кохе баланд,

Ки аз боду борон, наёбад газанд.

       Муҳаққиқони муосири мо нишонаҳои асосии ин ё он миллатро аз ягонагӣ, ваҳдати забон ва таърих медонанд. Мардуми форс-тоҷик ин ду нишонаи асосиро доранд ва миллати комилиёр ба шумор меоянд. Забони мо аз забони авестоӣ сар шуда, баъди марҳалаи паҳлавӣ ба забони имрӯзаи форсӣ-тоҷикӣ омада расидааст. Бисёре аз калимоти авестоӣ ва паҳлавиро дар забони имрӯзаи форсӣ-тоҷикӣ ба осонӣ метавон шинохт. Ин аст ваҳдату муштаракоти таркиби луғавии забони имрӯзаи мо, ки дорои таърихи панҷҳазорсола мебошад. Забоне, ки бо он Ҷамшед, Зардушт, Монӣ, Маздак, Рӯдакӣ марҳала ба марҳала гуфтугӯ карда, то ба имрӯз ба мо ба мерос расидааст. Таърихи муштараки мо низ, бо Ҷамшед оғоз гардида, ҳоло ҳам ин ҳамбастагӣ давом дорад. Забон ва таърихи муштараки мо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар шакли санаднома ва ҳуҷҷати таърихӣ даромадааст.

        «Шоҳнома» акнун шиносномаи мустанади ҳамаи қавму миллатҳое гардидааст, ки оғози забонӣ ва таърихии худро аз Ҷамшеду Авесто, шуруъ кардаанд. Муаллифи «Шоҳнома» ҳаракати динӣ ва нажодии шуубияро дар фаъолияти худ то ба фалсафаи гуманистӣ ва умумиинсонӣ боло бардошт. Таассуботи миллатгароӣ ва мазҳабӣ, бо меъёри адолат ва хирад, мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Фирдавсӣ садҳои касногузари нажодӣ ва диниро шикаста, ба ҳамаи қавму миллатҳо паёми ҷаҳонандешӣ, башардӯстӣ ва озодандешӣ дод. Дар муқаддимаи достони Аквони дев мегӯяд:

Хирадманд к-ин достон бишнавад,

Ба дониш гироят, ба дин награвад.

        «Шоҳнома» як китоби инсонӣ ва башарӣ мебошад. Агар ба чанд хулосаи мухтасар, аз саргузашти қаҳрамонони «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем, ба осонӣ хоҳем дид, ки майдони мубориза ду ҷабҳа дорад: Ҷабҳаи некӣ ва ҷабҳаи бадӣ. Вале ин бадиҳо ва некиҳо дар «Шоҳнома» ба таври мутлақ нестанд. Онҳо нисбӣ ва тағйирёбанда ва ислоҳшавандаанд. Аммо дар Авесто муборизаи некӣ ва бадӣ дар олами моддӣ мутлақ аст, тағйирёбанда нест. Зеро ки фармони азалии Аҳуромаздо «нахустин пайкор миёни хайру шар ва муборизаи қувваҳои аҳриманӣ бо аввалин кадхудои ҷаҳони ориёӣ, Каюмарс шуруъ ва дар даврони Фаридуну Кайхусрав, идома пайдо кард ва аз даврони устура ба давраи таърих расида, дар таълимоти меҳрпарастию зардуштия дар шакли иртиқоёфтааш (тараққиёфтааш) инъикос ёфта буд».[13]

       Дар «Шоҳнома», Эрону Турон аз як тухмаанд. Эрон сарзамини Эраҷ асту Турон сарзамини Тур. Эраҷу Туру Салм – ҳар се бародаранд, фарзандони Фаридунанд. Аз як нажоданд – нажоди ориёӣ. Мубориза дар байни ҳамин як хонаводаи ориёӣ дар ҷараён аст. Ин турку Туркистон ҳодисаҳои баъдинаанд, ки ба муҳтавои устуравии «Шоҳнома» алоқамандие нахоҳанд дошт. Яъне, ҷанг дар «Шоҳнома» байни се бародари ориёӣ, фарзандони Фаридун давом мекунад: Салм, Тур ва Эраҷ… Чангест, ки таърихи панҷсадсола дорад. Ҷаҳонбинии “Шоҳнома” ҳимоят ва дифо аз хубӣ дар баробари бадӣ мебошад. Вале, бо вуҷуди ин дар «Шоҳнома» таассуб нест. Хубу бад ҳам дар туронӣ ва ҳам эронӣ вуҷуд дорад. Мардони хубу неки Турон инҳоянд: Пирон, Виса, Пиласм, Ағрирас – (бародари Афросиёб), Сурха – (писари Афросиёб); Мардони бади Турон танҳо ин ду нафаранд: Гарсиваз ва Гаравизиреҳ… Ҳумон Виса кинаварз аст, аммо инсони бад нест… Турониён аслан ва зотан бад нестанд. Зеро ки аз тухмаи Фаридунанд ва эҳсоси инсонӣ доранд. Масалан, аз марги Сиёвуш мардуми Турон мутаассир мешаванд ва ба хашм меоянд… Эрониён низ моҳи беайб нестанд: Масалан, Ковус ё Ковусшоҳ ё Кайковус айбҳои зиёде дорад. Туси паҳлавон низ беайб нест. Дар ин мубориза имтиёз ба Эрон додан, ба ин хотир буда, ки ҳамеша аз худ дифоъ мекард ва ба дигар миллатҳо ҳуҷум намекард. Ба сабаби ободӣ ва озодагиаш мавриди хашму газабу ҳасади қавму қабилаҳои дигар қарор мегирифт.

        Гузашта аз ин, паҳлавонони «Шоҳнома»-ро ба се даста тақсим намудан мумкин аст: (1) Паҳлавонони накӯкор ба мисли Фаридун, Сиёвуш, Кайхусрав; Баъзе аз ин паҳлавонони нек камбуду нуқсонҳо низ доранд: (2) Паҳлавонони бадкор ба мисли Заҳҳок, Салм, Тур, Гарсеваз, Гаравизиреҳ ва дар ҳадде камтар Афросиёб. Аз байни занон Судоба – ҳамсари Кайковус, ки ин зан аз кавми тозӣ аст; (3) Паҳлавонони омехта аз хубӣ ва бадӣ ё худ ба истилоҳи имрӯза ноустувор ва калаванда – Кайковус дар Эрон ва Пирон дар Турон.[14]

         Чизи ҷолиб аз нигоҳи имрӯз дар дуализми ахлоқии хубиву бадии Фирдавсӣ ин аст, ки ҳудуди гузар (аз хубӣ ба бадӣ ва аз бадӣ ба хубӣ) бисёр барҷаста ва равшан тасвир ёфтааст. Ва аз ин роҳ муаллифи «Шоҳнома» ҷанбаи дуализми динии зардуштӣ ва Авестоиро оқилона ва моҳирона ислоҳ намуданӣ мешавад.

       Назари «Шоҳнома» ба занон, хайрхоҳона ва қадршиносона аст, ба ҷуз Судоба – ҳамсари Кайковус, ки дар тамоми китоб ягон зани бероҳа ва баде вуҷуд надорад. Аксари занон намунаи боризи зани тамомиёранд… Ва саршор аз зебоиҳои зоҳирӣ ва ботинӣ мебошанд. Ҳамсарони писарони Фаридун, яманӣ ҳастанд. Синдухт ва Рудоба аз Кобуланд. Фарангис, Манижа, Ҷарира, Таҳмина ва модари Сиёвуш, туронӣ ҳастанд. Катоюн – зани Гаршосб, румӣ аст. Судоба – зани Кайковус, духтари шоҳи Ҳамоварон (араб) аст.

       Бо як назари гузаро метавон мушоҳида кард, ки фикри космополитии (ҷаҳонватании) ориёӣ ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро дар атрофи меҳвари фалсафаи хайр ба худ ҷазб намудааст. Инҳо устураанд. Орзуҳои холис ва ноби як қавм дар бораи худ ва дигарон. Баъзе аз ин қаҳрамонон 500 ва баъзеҳо 1000 сол умр дида, ҳамаи ширинию талхии рӯзгорро чашидаанд. Оқибат дар «Шоҳнома» ба натиҷае расидаанд, ки инсон бояд аз рӯи ақли солим ҳудуди зиндагии шахсӣ ва масъулиятҳои иҷтимоии хешро содиқона бишносад. Вагарна ба мисли Кайковусу Гуштоспу Афросиёб ба ифрот хоҳад рафт.

           Аз ин рӯ, мо метавонем Фирдавсиро на намояндаи бевоситаи наҳзати шуубия, балки болотар аз он – эҳёкунандаи фарҳанги асили ориёӣ, арзёбӣ намоем. Зеро ӯ муқобилгузории нажодӣ, динӣ, фарҳангӣ ва миллиро дар «Шоҳнома» анҷом надодааст. Мутафаккир кӯшиш намудааст, ки таърихи иҷтимоию фарҳангии ниёгони моро зинда кунад ва ба ин восита пуле байни гузаштаи дуру муосири мо барқарор созад, ки он ҳамбастагию ҳамоҳангии ҳаёти маънавию фарҳангӣ ва сайри ташаккулу инкишофи тамаддуни ориёиро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Бинобар он, намояндагони гуногуни наҳзати шуубия ва аксаран муҳаққиқон ба яке аз чиҳатҳои «Шоҳнома» аҳаммият дода, хайрхоҳони онро намояндаи наҳзати шуубия арзёбӣ намудаанд.

        Дигаре бар маъниҳои забонии «Шоҳнома» Фирдавсиро намояндаи наҳзати шуубия номидааст, дигаре ба ҷанбаҳои фарҳангии масъала таваҷҷуҳ намуда, ӯро ба наҳзати шуубия ҳамроҳ намудааст ва сеюми бар асоси бахши ҳикмат ва афкори ҷаҳоншиносии Фирдавсӣ, ӯро намояндаи наҳзати шуубия хондааст. Ба назари мо, ӯ, пеш аз ҳама, эҳёкунандаи тамаддуни ориёӣ, аз назари афкору оро, ҳакими хирадгарою гуманист ва аз ҷиҳати ахлоқ ташвиқгари хайру фазилатҳои неки инсонӣ мебошад. Вале муҳаққиқоне, ки ӯро ҳамчун намояндаи наҳзати шуубия ба қалам додаанд, баҳсест ҷудогона ва боиси андешаву таҳқиқи бештар мебошад. Зеро мутафаккиреро бо ин вусъати андеша, чи тавр метавон ба гурӯҳи шуубияи динӣ ва нажодӣ мансуб донист? То ба имрӯз касе аз муҳаққиқони гузашта ва ҳозираи Шарқу Ғарб мазҳаби динӣ ва равияи фалсафаи Фирдавсиро аз роҳи далелу бурҳони мушаххас ва муайян накардааст.

       Доир ба мазҳаби динии Фирдавсӣ, профессор Маҳмуди Шеронӣ Фирдавсиро зайдӣ гуфтааст, Аҳмад Маҳдавии Домғонӣ ӯро шиаи исноашарӣ медонад; Муҳаққиқ Зарёб исмоилӣ будани Фирдавсиро қайд кардааст; Муҳаммадалии Исломии Нудушан ӯро мӯътазилӣ мепиндорад, Муҳаммадамини Риёҳӣ, ҳакими Тӯсро яктопараст ва мусулмоне покэтиқоду дӯстдори хонадони поки Расули акрам (с)[15] ба қалам додааст. Аксари муҳаққиқони имрӯзаи Эрон, Фирдавсиро шиамазҳаб донистаанд. Фақеҳе аз Тобарони шаҳри Тӯс мегӯяд: «Ман раҳо накунам, то ҷанозаи ӯ дар гӯристони мусулмонон баранд, ки ӯ рофизӣ буд».[16] Ба андешаи Шайх Абулқосим Курраконӣ:

Чунин гуфт ӯ, ки: -Фирдавсӣ басе гуфт,

Ҳама дар мадҳи габре, нокасе гуфт.

Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,

Чу вақти мурдан омад, бехабар мурд.[17]

          “Габрак” дар ин шеър ба маънои зардуштӣ будан аст. Дар китоби муҳаққиқи муосири Эрон бо номи «Шаклшиносии «Шоҳнома», ки муҳтавои онро аз 628 мавзуъ иборат медонад, ягон мавзуъ доир ба дин бахшида нашудааст. Ҳангоми мутолиаи «Шоҳнома», ба шахс ин эҳсос даст медиҳад, ки гӯё қаҳрамонони «Шоҳнома» ба дин аслан таваҷҷуҳе надоштаанд. Агар ҷо-ҷое аз дини беҳӣ (зардуштӣ) ёде шуда, он ҳам мавзуи асосӣ набуда, баҳонае ва ё василае қарор гирифтааст. Масалан, Шоҳ Гуштосб, писараш Исфандиёрро барои тарғиби дини зардуштӣ ба берун аз пойтахти худ мефиристад… Баъдтар маълум мешавад, ки ин як ҳила ва найранги навбатии шоҳ аст, барои он ки писараш ӯро аз мансаби шоҳӣ маҳрум накунад… Ин ҷо масъалаи тарғиби дини зардуштӣ дар кишварҳои дигар, як баҳонаи навбатӣ будааст… Муғону мӯбадон ҳам барои ба мансабе расидан, тарғиби дини худро баҳона қарор медоданд. Зардушт дар «Готҳо»-и Авесто мегӯяд, ки шарти қабул намудани дини ман он аст, ки инсон бояд онро аз рӯи хирад қабул кунад ва аз рӯи виҷдони худ аз он қонеъ бошад. Яъне, дини зардуштӣ аз рӯи сарчашмаҳои ростинаш ба ақлу андешаи инсонӣ такя мекарда, на ба гурӯҳҳои муназзам ва мусаллаҳе, ки онро бар гардани мардум таҳмил мекунанд.

       Касе ки ба шахсияти маънавии Фирдавсӣ сару кор дорад, пеш аз ҳама бояд аз худ бипурсад, ки чаро ин шоири ҳаким 40 соли зиндагии хешро ба назм даровардани таърихи китобӣ ва шифоҳии Эрони қадим бахшид, барои як мусулмони зайдӣ, рофизӣ, шиӣ, муътазилӣ, исмоилӣ, исноашарӣ навиштани чунин мавзуи «ғайриисломие» чӣ зарурат дошт? Оё мавзуи Ҷамшеду Заҳҳок, Рустаму Суҳроб ва садҳо аз ин қабил мавзуъҳо дар саволномаи Мункару Накир ҷой доранд?

        Пас, ангезаи эҷоди «Шоҳнома» чист? Мо имрӯз бар ин назарем, ки хонаводаи Фирдавсӣ бо эҳтимоли қавӣ зардуштӣ буданд, падараш, ки зардуштӣ буд ва забони паҳлавӣ медонист, забони паҳлавиро ба Фирдавсӣ ёд дод. Ҳамсараш Фарангис низ, зардуштӣ буд. Дар достони Манижа ва Бежани «Шоҳнома» зикр шудааст, ки «дар яке аз шабҳои тобистон, Фарангис шавҳарашро мебинад, ки бо табъе хира нишастааст. Барои рафъи ин хастагӣ ба Фирдавсӣ машғулиятеро пешниҳод мекунад. Ва пешниҳод қабул мешавад. Ҳамзамон, Фарангис як баста коғазҳоеро меорад, ки дар онҳо таърихи Эрони қадим ба забони паҳлавӣ навишта шуда буданд.

          Ва аз шоир хоҳиш мекунад, ки ин достонҳои паҳлавиро ба забони форсӣ ба назм дарорад… Ва назми «Шоҳнома» оғоз мегардад…

       Сарчашмаҳо навиштаанд, ки ҷасади Фирдавсиро дар гӯристони умумии мусулмонон роҳ надоданд. Гуфтанд, ки рофизӣ аст. Дигар сарчашмаҳо гуфтаанд, ки габр асту оташпараст ва таърихи габракон (зардуштиён) менавишт.

      Иллати асосии ин ҳодиса маҳз «габру оташпараст» яъне зардуштӣ будани ӯ буд, на рофизӣ буданаш. Шоир дар «Шоҳнома» доир ба ислом, мазҳабҳо ва аҳкоми он аслан чизе нагуфтааст. Аз мазҳабҳои дигаре ҳашт бор аз зардуштиён, як бор аз маздиясно ва нӯҳ бор аз бединон ба сифати ишора, ном бурдаасту бас.

          Барои он ки ин тахминҳо ва фарзияҳои баёншуда дуруст фаҳмида шаванд, зикри чанд нукта доир ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» зарур аст:

А) Бештари муҳаққиқони муосири «Шоҳнома» бар ин назаранд, ки дар ин китоб таҳрифҳои зиёде роҳ ёфтааст:

Б) Худи шоир мегӯяд, ки «Шоҳнома»-и ман дорои 60.000 (шаст ҳазор) байт мебошад:

Бад-ӯ мондам ин номаро ёдгор,

Ба шаш бевар абёташ омад шумор.

Як бевар 10.000-ро ташкил медиҳад. Ва шаш бевар 60.000 байт аст.

В) Вале дастхатҳои форсие, ки муҳаққиқони имрӯза дар даст доранд, иборатанд аз: 50.000 байт; 62, 65, 70, 75 ҳазор байт! Чаро шаст ҳазор байт не?! Кадом байтҳо ихтисор шудаанд? (Дар нусхаҳои 50.000). Кадом байтҳо илова карда шудаанд? (Дар дастхатҳое, ки дорои 62, 65, 70, 75 ҳазор байт доранд!).

Бо эътирофи худи шоир нусхаи аслии «Шоҳнома» 60.000 байт доштааст… Пас, ин каму беши байтҳоро чи тавр ислоҳ намоем? Аз рӯи кадом меъёр?

Г) Муҳаққиқони муосир (Муҳаммад Карамӣ, Муртазо Соқибфар ва бисёре дигар) чунин мешуморанд, ки Фирдавсӣ аслан Султон Маҳмудро надидааст ва чизе (на мадҳ ва на ҳаҷв) дар бораи ӯ нанавиштааст. Вақте ки Султон Маҳмуд ба сари ҳукм омад, аз оғози навиштани «Шоҳнома» аллакай 20 сол гузашта буд! Ин ҳама таҳрирҳои якуми «Шоҳнома» (соли 994) ва таҳрири дуюми «Шоҳнома» (1010) ҳама сохта ва бофтаи шоирони дарбори Султон Маҳмуд будаанд! Барои мондагор кардани султони ғазнавӣ дар таърих! Худи Султон Маҳмуд мондагор нашуд, вале таҳрифҳои «Шоҳнома» то имрӯз боқӣ мондаанд!

Д) Мо дар ин фарзияҳои худ ба таври қатъӣ пофишорӣ надорем. Ҳар пешниҳоди созанда ва аз назари таҳқиқӣ муътамадро бо дилу дидаи боз, мепазирем.

Дар ин баҳси мухтасар мо ба ин натиҷа расидем, ки Фирдавсӣ дар маънои маъмулӣ ва истилоҳии калима шуубӣ набуд. Ҳарчанд ки дар ибтидо бо эҳсосоти шуубигарӣ ба таълифи «Шоҳнома» оғоз намуда буд. Ӯ мутафаккири ориёие буд, ки ҳамаи фазилатҳову разилатҳои эрониву арабу турониро бо тарозӯи ақлу хиради солими башарӣ месанҷад ва бо қолабҳои хурофотӣ ва фарсудаю ифротии динӣ ва нажодии шуубиёни замони худ, ҳеҷ ҳамдилӣ ва робитае надошт.

Аз он гузашта, агар ба таври куллӣ доир ба шахсият ва ақидаҳои ӯ қазоват кунем, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ -аз назари фалсафӣ дуалисти Ҷамшедӣ буд. Сарчашмаи ҳамаи хайру шарри олами инсониро дар Замин ва Инсон медид. Инсон қодир аст, ки бо қудрати ақлу хиради худ, ҳамаи мушкилоти хешро ҳаллу фасл намояд. Ин шакли дуализмро дуализми Инсон ва Ҷаҳон меноманд. Фирдавсӣ аз нигоҳи динӣ, пайрави ягон мазҳаб набуд, балки як мутафаккири озодандеш ва гуманист буд.

Шоир аз назари ихтисосӣ ба таърихи достонӣ ва паҳлавонии қадимаи миллати хеш сахт ошиқ ва дилбаста буд. Яъне, файласуфи таърих буд, на таърихнигори маъмулӣ. Ва аз нигоҳи ҳунарию адабӣ, ба истилоҳи имрӯза, адиби файласуф буд ва жанри адабии ӯро адабиёти фалсафӣ меноманд. Яъне, шоир фалсафаи таърихи худро бо истифода аз жанрҳои адабӣ (достони манзум), таълиф намудааст.

Фалсафаи таърихи Фирдавсӣ, ки бар асолати хайру адолат ва миллату ватан бунёд ёфтааст, метавонад барои бозсозии идеяи миллӣ дар Ҷумҳурии демократӣ ва дунявии Тоҷикистон хизмат намояд.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ медонист, ки миллатгароёни шуубии замони ӯ, аз ғоратгарони мазҳабии араб, афзалияту фазилате надоранд... Аз ин ҷиҳат, шоир идеали иҷтимоӣ ва сиёсии худро дар сохти одилона ва оқилонаи давлати дунявии оянда ҷустуҷӯ мекард.

МИЛЛАТ ВА МАЗҲАБ ДАР ҚАЛАМРАВИ “ШОҲНОМА”

Мақолаи мазкур ба масъалаи миллат ва мазҳаби Абулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Муаллиф Фирдавсиро эронӣ медонад. Аммо бо далелҳои муътамад аз сарчашмаҳои гузашта ва ҳозира ба ин натиҷа расидааст, ки шоир пайрави дини зардуштӣ будааст. Худи шоир дар достони “Манижа ва Бежан”-и “Шоҳнома” доир ба ин маънӣ ошкоро таъкид кардааст. Аз ин гузашта, падару модар ва хонадони Фирдавсӣ ҳама пайрави дини зардуштӣ буданд. Ҳамсари Фирдавсӣ, Фарангис ном дошт. Ҳамаи аҳли хонаводаи Фарангис ҳам зардуштӣ буданд. Вале худи Фирдавсӣ як шоири мутафаккир ва гуманист буд. Ақидаҳои диниро худи шоир тарафдорӣ намекард. Нисбат ба зардуштия ва ислом бетафовут буд. Нисбат ба ҷаҳон бо чашми ақли солим менигарист. Ба таври куллӣ як файласуфи реалист буд.

Вожаҳои калидӣ: Абулқосим Фирдавсӣ, миллат, мазҳаб, Фарангис, зардуштия, ислом, гуманизм, реализм, Шоҳнома.

НАЦИЯ И РЕЛИГИЯ В ПРЕДЕЛАХ "ШАХНАМЕ"

Данная статья посвящена вопросу национальности и вероисповедания Абулкасыма Фирдоуси. Автор считает А. Фирдоуси иранцем. Но на основании достоверных данных из прошлых и настоящих источников был сделан вывод, что поэт был последователем зороастризма. Сам поэт ясно подчеркивал этот смысл в рассказе «Манижа и Бежан» из «Шахнаме». С тех пор все родители и семья А. Фирдоуси были последователями зороастрийской религии. Жену А. Фирдоуси звали Фарангис. Все члены семьи Фарангис также были зороастрийцами. Однако сам А. Фирдоуси был мыслителем и поэтом-гуманистом. Сам поэт не поддерживал религиозных

Описание: C:\Users\ZVER PC\Desktop\Новая папка (2)\7.tif идей. Для Фирдоуси между зороастризмом и исламом не было разницы. Он смотрит на мир глазами здравого смысла. В основном он был философом-реалистом.

Ключевые слова: Абулькасым Фирдоуси, нация, религия, Фарангис, зороастризм, ислам, гуманизм, реализм, Шахнама.

NATION AND RELIGION IN "SHOHNOMA"

This article is devoted to the issue of nationality and religion of Abulqasim Firdawsi. The author considers A. Firdawsi to be iranian. However, with reliable evidence from past and present sources, it was concluded that the poet was a follower of zoroastrian religion. The poet himself clearly emphasized this meaning in the story "Manija and Bezhan" from "Shohnoma". Since then, A. Firdawsi's parents and family were all followers of zoroastrian religion. The wife of A. Firdawsi was called Farangis. All Farangis family members were also zoroastrian. However, A. Firdawsi himself was a thinker and humanist poet. The poet himself did not support religious ideas. There was no difference between zoroastrianism and islam. He looks at the world with the eyes of common sense. He was basically a realist philosopher.

Key words: Abulqasim Firdawsi, nation, religion, Farangis, zoroastrianism, islam, humanism, realism, Shohnoma.

 

 

[1] Ба осори зерин муроҷиат шавад: Карамӣ Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар гузоре нақдгуна пиромуни дебочаҳои он. Ҷ.1 ва 2. Теҳрон,1370-1991; Риёҳӣ, Муҳаммадамин. Фирдавсӣ (зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ). Душанбе, 2010; Нудушан, Муҳаммадалии Исломӣ. Зиндагӣ ва марги паҳлавонон дар «Шоҳнома». Чопи ҳафтум. Теҳрон, 1376-1997. Муртазо Соқибфар, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва фалсафаи таърихи Эрон. Теҳрон, 1377-1998; Толибӣ, Флора. Хирад ва дод дар ойини паҳлавонии эрониён дар достонҳои асотирии «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯс. Машҳад, 1386-2007; Қадамалӣ Сарромӣ. Аз ранги гул то ранҷи хор. Шаклшиносии достонҳои «Шоҳнома». Теҳрон, 1368-1989.

[2] Нёлдеке, Теодор. Ҳамосаи миллии Эрон. Теҳрон, 1327-1948.

[3] Массэ, Ҳенри. Фирдавсӣ ва ҳамосаи миллӣ. Табрез, 1350-1971.

[4] Сафо, Забеҳулло. Ҳамосасароӣ дар Эрон. Теҳрон, 1333-1954.

[5] Сомароӣ, Абдуллоҳ Саллум. Аш-Шуубияту ҳаракатун музодатун лил-исломӣ ва-л-уммат-ул-арабия. Дор-ул-ҳуррия. Бағдод, 1981 (ба забони арабӣ).

[6] Ҳумоӣ, Ҷалолиддин. Шуубия. Исфаҳон, 1363-1984.

[7] Парвиз Нотили Хонларӣ. Ҳафтод сухан. Ҷилди 2. Фарҳанг ва иҷтимоъ. Интишороти Тус, Теҳрон, чопи дуюм, 1377-1998. -с 375-382.

[8] Толибӣ, Флора. Достонҳои асотирии «Шоҳнома». Теҳрон, 1386-2007. -с. 29

[9] Ҳамон ҷо. -с. 29

[10] Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ (Бежан). Фарҳанги «Шоҳнома». Теҳрон, 1377-1998. -с. 69-70.

[11] Разӣ, Ҳошим. Ҳикмати хусравонӣ. Теҳрон, 1379-2000. -с. 442.

[12] Ҳамон ҷо. - с. 20.

[13] Таърихи фалсафаи тоҷик. Ҷ.1. Фалсафаи аҳди бостон. Душанбе, 2011. -с. 211.

[14] Нудушан. Зиндагӣ ва марги паҳлавонон дар «Шоҳнома». Теҳрон, 1376-1997. -с. 114-120.

[15] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ. Душанбе, 2010. -с. 207-217.

[16] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ. Душанбе, 2010. -с. 146.

[17] Ҳамон ҷо. -с. 147

Комил Бекзода,

доктори илмҳои фалсафа,

корманди Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё

ва Аврупои АМИТ

             Абулқосими Фирдавсӣ бо эҷоди «Шоҳнома»-и безаволаш сатҳи ҷаҳонӣ шӯҳрати оламшумул пайдо намуда, чун устоди бузурги назм будани худро собит намуд ва ба инкишофи минбаъдаи забони адабӣ, хусусан забони назм муайян намуда, чун санъаткори бузург рисолати таърихии хешро иҷро намудааст.

         Таҳқиқу баррасии паҳлӯҳои гуногуни забони «Шоҳнома» аҳамияти калони назариявиро касб намудааст. Баррасии илмии бахшҳои гуногуни луғати «Шоҳнома» дар ҷиҳати такмили таркиби луғавии забони адабии муосири тоҷик, такмилу коркарди истилоҳоти он ва муайян намудани роҳҳои ояндаи забони адабии имрӯза муфид арзёби мегардад.

       Солҳои охир омӯзиши лексикаи марбут ба динҳои гуногун таваҷҷӯҳи забоншиносонро ба худ ҷалб кардааст. Таҳаввули ин бахши луғат бо таърих, фарҳанг ва ҷаҳонбинии халқҳои гуногун иртибот дошта, аз нигоҳи этнолингвистӣ, психолингвистӣ ва фарҳангшиносӣ мавриди баррасии забоншиносон қарор гирифтааст.

              Қабати калонтарин истилоҳоти  «Шоҳнома»- ро лексикаи динии то исломӣ ва давраи исломӣ фаро гирифтааст.

           Дар «Шоҳнома» таърихи мардуми ориёинажод бо тамоми паҳлӯҳо тасвир ёфта, оид ба масъалаҳои гуногун маълумоти муфассал дода мешавад.

           Луғату ифодаҳое, ки дар ин асари безавол истифода шудаанд, аз назари мавзӯъ ва гурӯҳои маъноҳо хеле васеъ буда, мафҳумҳои гуногунро дар бар мегиранд.

            Қисмати зиёди «Шоҳнома»-ро истилоҳу вожаҳои адёну кешҳои кадимаи мардуми ориёӣ ташкил медиҳанд. Дар «Шоҳнома» оид ба оини зардуштӣ оташкадаҳо, мӯбадон маълумоти зиёд дода мешавад.

           Суннати зартуштиён ва навиштаи китобҳои паҳлавӣ монанди «Динкард», «Ардавирофнома», «Бундаҳишн» Искандар дар ҳамла ба Эрон Авесторо бисӯхт ва аз ин рӯ ба вай лақаби «Гуҷастак» доданд. Дар замони Ашкониён  бори дигар Авесто аз нав барқарор шуд, шоҳи ашконӣ фармон дод то Авесторо аз навиштаҳои пароканда ва ривоятҳо гирд оваранд.

           Ардашери Бобакон нахустин шоҳи Сосонӣ, ки бунёди фармонравоии хешро бар дини зардуштӣ ниҳода буд, таваҷҷӯҳи махсус ба Авесто дошт. Ба навиштаи «Динкард» Ардашер ба Тансар ҳирбади рӯзгори хеш фармон дод, то Авесторо гирд оварад ва сомон бахшад. Дар суннати зардуштиён низ Тансар дар гурӯҳи мӯбадон, ки дар гирдоварии Авесто саҳм гузоштанд, ҷой дорад.

           Пас аз Ардашер низ ҷонишинони вай дар такмили кори фароҳам овардани бахшҳои парокандаи Авесто кӯшиданд,то дар рӯзгори Шопури дуюм Озарбади Меҳроспандон мӯбадон мубади аср гузорише бар бахшҳои номафҳуми Авесто навишт ва китоби «Хурда-Авесто» ро аз саросари Авесто гирд овард.

           Авестои рӯзгори сосониён аз 345.700 вожа ва «Занд» яъне гузориши паҳлавии он аз 2094 200  вожа иборат будаанд. Аммо имрӯзҳо ба ғайр аз «Гоҳон» ва «Вандидод», ки ҳамаи он бар ҷо мондааст ва дигар бахшҳои Авесто дастрас нест ва Авестои кунунӣ бар рӯи ҳам 83 000 вожа дорад.

(Авесто,2001,19)

Дар китоби паҳлавии «Динкард» аз Наскҳои бистуякгонаи Авестои куҳан сухан ба миён омада ва гузидаи аз ҳамаи онҳо аз ҷумла наскҳои аз даст рафта, ба даст дода шудааст. Наскҳои биистуякгонаи Авесто ба се қисм ҷудо карда шудаанд.

  1. Наскҳои Госоник дар дониш ва кори менуӣ яъне кори менуӣ ба маънии ҷаҳони дигар ё ҷаҳонест, ки пеш аз ҷаҳони астуманд, яъне ҷаҳони моддӣ, гетӣ мебошад.
  2. Наскҳои Дотик дар донишу дод ва кори ҷаҳонӣ.
  3. Наскҳои Ҳот-монсарик - дар огоҳӣ аз ниёишҳо ва сурудҳои динӣ. (Авесто,2001,19)

         Дар омӯзишҳои Зартушт мақсуд аз офариниш ва натиҷаи зиндагӣ ин аст, ки одамӣ дар обод кардани ҷаҳон ва шодмонии худ ва дигарон бикӯшад ва бо «андешаи нек», «гуфтори нек» ва «кирдори нек» худро шоистаи расидан ба авҷи камолу пайвастан ба беҳрӯзии  ҷовидонӣ нишон диҳад.

           Омӯзишҳои Зартушт одамиро офаридаи поку беолоише Аҳура-Маздо ва ҳамкору ёвари офаридгор дар густаришу такомили офариниш ва пайкор бо нерӯҳои аҳриманӣ медонад на гунаҳкори азалӣ, ки бояд ҳамвора рӯй аз хушӣ  бигардонаду нафси хешро бикушад ва шиканҷаҳову ҳавлу ҳаросҳоро бартобад, то бахшудаву растагор шавад.

           Зардушт монанди Буддо намегӯяд: «Раҳоии ҳар кас дар нестии  ӯст». Яъне одамӣ бояд даст аз лаззатҳои ин ҷаҳонӣ  бишӯяд ва дар гӯшае ба риёзат, яъне ба ранҷу машаққат бипардозад, балки андешаи ӯ ин аст, ки  «Одамӣ барои комравоии фардӣ ва иҷтимоӣ офарида шуда ва зиндагӣ  муборизаи миёни некиву бадӣ ва бар мост, ки ҳамвора пуштибонӣ ростиву дурустӣ ва раҳрави роҳи некӣ бошем ва бо зиштиву табоҳӣ ва бадӣ набард кунем»(Авесто,2001,38).

           Бунёди омӯзиши фалсафаи Зартушт бо куҳантарин бовариҳои ориёиён, ки ба давраи зиндагии муштараки ҳиндувону эрониён мепайваст, тазоди имконнопазир дошт. Зартушт мутафаккири ҷасуру навоваре буд, ки андешаҳову боварҳои инқилобии хешро бо диққату тезбинии файласуфе равоншинос ва ҷомеашиносу андешаваре баландпарвозу оянданигар ва шоире пуршӯру ҳунарманд дар панҷ суруди ҷовидони худ ба ёдгор гузошт.

           Ҳ.К Эроншаҳр мегӯяд  «Қонуни тазоду ҷангу ситеза ва дафъу ҷазбу кашишу кӯшиш то ҷаҳон боқист, пойдор хоҳад буд. Муҳаррики чархҳои гардунаи хилқат ва меҳвари инқилобу такомули  табиат ҳамин қонун аст ва дар ҳеҷ як аз адёни маъруф ҳукмронии ин қонуни тазоду дугонагӣ ба қадри дини Зартушт таҳқиқу таҷлил нашудааст. Метавон гуфт, ки манбаи фалсафаи ахлоқӣ ва ҳаётӣ дар дини Зартушт ҳамин қонун ҳасту бас» ( Авесто 2001,42).

          П.Ж. Менаш Зартуштро дар андешаву гуфтору кирдор дӯстдор ва пайрави некиву душмани бадӣ медонад ва ӯро посдори бенавоёну ситамдидагон дар баробари ситами бедодгарону нигаҳбони гов – ҳайвони деҳнишинону шаҳрнишинон дар баробари ғоратгарии чодарнишинон мешуморад. Вай менависад: «Паёми Зартушт бисёр сода аст ва агар ҳолати хашину бадавии онро канор бигзорем бисёр душвор менамояд, ки битавонем ӯро дар замону фазои муайяне қарор диҳем»(Авесто,2001,42).

       Доналд Н.Вилбер дар китоби худ ба номи «Эрон» менависад:

   «Эрониён нисбат ба ҳадафу маънои зиндагӣ ҳам назаре доштаанд. Ба таври кули метавон гуфт, ки ғояти омоли эронӣ дар зиндагӣ андешаи неку гуфтори нек ва кирдори нек аст, ки аз омӯзишҳои дини Маздо ё Зардушт ба шумор меравад ва ин дин яке аз динҳои бузурги фалсафии ҷаҳон аст, ки усули ақоиди лоҳутӣ ва ахлокӣ амалиро бунёд намуд, ба мӯҷиби ин усул, ки баъдҳо маъмул шуд, ҳар як аз одамиён бояд ҳамвора дар роҳи ҳақ ва некӣ ва ба зиёни тирагиву дурӯғ пайкор кунад »(Авесто, 2001,43).

       Ҷексон дар китоби «Пажуҳишҳои зартуштӣ»-и хеш менависад:

«Дини Эрони қадим яке аз динҳои муҳими ҷаҳон аст, ки арзишу аҳамияти зотӣ дорад. Дар миёни китобҳои динии миллал камтар китобест, ки монанди китоби зартуштиён дар бораи некиву бадӣ ҳовии чунон назари равшане бошад ва чунон омӯзишҳои волои ахлоқии марбут ба вазифаи одамиро баён кунад. Камтар дине монанди дини эрониён дар лузуми покиза нигоҳ доштани тану равон то ин андоза таъкид кардааст»(Авесто,2001,42).

          Зардушт як шахсияти таърихӣ аст. Китоби «Готҳо», ки куҳантарин бахши Авасто ба шумор меравад, ӯро марде таъсиркунанда ва пуршӯр нишон медиҳад, ки ба омӯзишу раҳнамунии мардумон мепардозад ва ҳар кас ки ҳузури ӯро дарк мекунад, шефтаву маҷзуби ӯ мешавад.

Дини Зартушт, албатта ба таври ногаҳонӣ падид наёмадааст, балки натиҷаи такомули ақидаи динии пешин буд, ки дар Эрони куҳан вуҷуд дошт. Аз манобеи зартуштӣ монанди «Динкард» бармеояд, ки Зартушт бо хурофапарастӣ ва ҷодуӣ, ки ёдгори рӯзгорони дерина буд, мубориза бурд ва ба оини эрониён ҷанбаи менуӣ ва поку перостае дод ва мардумонро ба роҳи раҳоӣ аз ин дини ҷодуӣ раҳнамун гардид.

Омӯзишҳои Зартуштӣ, беҳтарин роҳ дар зиндагӣ, роҳи миёнаравист.Яъне бунёд ниҳодани хонавода ва парвариши фарзандони баруманд, пайравӣ аз ростӣ ва кору кӯшиш, пардохтан ба обёриву кишоварзӣ, парвариши ҷонварони судманд ва нобуд кардани ҷонварони зиёнманд, ҳама ва ҳама омӯзишҳои оини зардуштӣ аст. ( Авесто 2001,43)

Олмстед менависад: «Мубтакири омӯзишҳои динии зардуштӣ худи Зартушт ва мардуми ориёинажоданд. Ин омӯзишҳо, ки аз содатарин ақидаи ориёии куҳан моя гирифта, ба тадриҷ такомул ёфта ва марҳалае расида, ки ҳеҷ як аз афкори динии милали ориёӣ дар волоиву латофат ба пояи он нарасидааст» (Авесто,2001,43).

        Миллз дар бораи «Гоҳон» менависад: «Зартушт барои мо суханоне оварда, ки ҳар ҳиҷои он аз фикр анбошта аст. Фишурдагии фикр дар он ба андозаест, ки монанд надорад. Ин дастурҳои се ҳазор сол пеш имрӯз моро аз бандҳо раҳоӣ мебахшад. Ҳақношиносӣ аст, агар онҳоро нодида гирем ё пинҳон созем.

Ҳақ дорем ва метавонем ба озодӣ бигӯем, ки Авасто куҳантарин санади дини дарунист, ки ҷӯяндаву озмояндаи манӣ ва гуфтору рафтори нек аст.

Зартушт худоеро ба мо мешиносонад, ки сифатҳои некаш гирдогирди ӯро гирифта ва ӯро дар банд гузорида ва аз ин роҳ зоти худои бузургро аз гуноҳи равон сохтани бадӣ раҳоӣ додаст. Пас худои некии ӯ танҳо дар маниш аз ҳама бартар аст, на тавоноии бебанди моддӣ, ки ҳастиро дар ҳам резад ва оини ниҳодаи худро табоҳ созад.Ин кӯшиши бузург барои нигаҳдошти озарми худо буд.

Агар достони андешаи одамиро арзишест, Авесто пояи баланде дар ин достон дорад. Ҳаргиз касе ба ҳеҷ   забоне баландии шигарфи ин куҳантарин тиккаҳои Авесто(Готҳо)-ро рад накардааст.

Муаррихони Шӯравӣ дар китоби «Таърихи Эрон аз даврони бостон то поёни садаи ҳаждаҳум», ҳангоми баҳс дар бораи маъхазҳои таъриху фарҳанги Эрон менависанд: «Аз  маоҳизи кутубҳ бояд пеш аз ҳама Авесторо ном бурд. Ин китоб қадимтарин асар ва ёдгори ақвоми ориёӣ аст ва зиндагии эшон дар даврони бисёр қадим ва нахустин мадориҷи такомули иҷтимоӣ дар он акс ёфтааст» (Авесто,2001,45).

Аннотатсия:

         Ардашери Бобакон нахустин шоҳи Сосонӣ, ки бунёди фармонравоии хешро бар дини зардуштӣ ниҳода буд, таваҷҷӯҳи махсус ба Авесто дошт. Ба навиштаи «Динкард» Ардашер ба Тансар ҳирбади рӯзгори хеш фармон дод, то Авесторо гирд оварад ва сомон бахшад. Дар суннати зардуштиён низ Тансар дар гурӯҳи мӯбадон, ки дар гирдоварии Авесто саҳм гузоштанд, ҷой дорад.

       Пас аз Ардашер низ ҷонишинони вай дар такмили кори фароҳам овардани бахшҳои парокандаи Авесто кӯшиданд,то дар рӯзгори Шопури дуюм Озарбади Меҳроспандон мӯбадон мубади аср гузорише бар бахшҳои номафҳуми Авесто навишт ва китоби «Хурда-Авесто» ро аз саросари Авесто гирд овард.

        Калимаҳои калидӣ: Омӯзишҳои Зартуштӣ, Авесто(Готҳо), Таърихи Эрон, Зартушт, Муаррихони Шӯравӣ, Фишурдагии фикр, Эрони куҳан, Китоби «Готҳо», ориёинажод, Ардашери Бобакон нахустин шоҳи Сосонӣ.

         Аннотация:

          Ардашер Бабакан, первый Сасанидский падишах, который основал свое правление на основе зороастризма, особый интерес проявлял к «Авесте». Ардашер, сочинив «Динкард», приказал Тансару, своему биографу, чтобы тот собрал тексты Авесты и восстановил их. В традициях зороастрийцев Тансар также находится в числе тех жрецов, которые внесли свой вклад в дело восстановления Авесты.

       После Ардашера, его приемники старались собрать разбросанные тексты Авесты, до того периода, когда во время правления Шапура второго, Озарбад Мехроспандон-глава жрецов века - написал отчет о непонятных главах Авесты и собрал из всей Авесты, книгу «Хурда-Авеста».

      Ключевые слова:  Зороастризм, Авеста (готы), История Ирана, Заратустра, советские историки, Компрессия мысли, Старый Иран, Книга «Готов», Арьяинаджад, Ардашер Бабакон, первый сасанидский царь.

          Annotation:

              Ardasheri Bobakon, the first king of Sassanid, who built his rule on Zoroastrian religion, paid special attention to Avesta. According to "Dinkard", Ardasher ordered Tansar to spend his life in order to collect the Avesta and give it to him. In Zoroastrian tradition, Tansar is among the group of priests who contributed to the compilation of the Avesta.

After Ardasher, his successors also tried to improve the work of publishing scattered parts of Avesta, so that in the days of the second Shapur, Azarbadi Mehrospandan wrote a report on the incomprehensible parts of Avesta and compiled the book "Khurda-Avesta" from all parts of Avesta.

       Кey words: Zoroastrianism, Avesta (Goths), History of Iran, Zarathustra, Soviet historians, Compression of thought, Old Iran, The Book of Ready, Aryainajad, Ardasher Babakon, the first Sasanian king.
       Маълумот дар бораи муаллиф: Элназарова Хабиба Абдумамадовна–номзади илми  филология, докторанти анъанавии «Кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: amina-amina76@mail.ru; (+992) 934072499.

             Сведения об авторе:  Элназарова Хабиба Абдумамадовна–кандидат филологических наук, докторант кафедры иностранных языков при Правлении Национальной Академии наук Таджикистана E-mail: amina-amina76@mail.ru; (+992) 934072499).

               Information about author: Elnazarova Habiba Abdumamadovna – kandidat of philological sciences, doctoral student of the Department of Foreign Languages ​​at the Board of the National Academy of Sciences of Tajikistan

 E-mail: amina-amina76@mail.ru; (+992) 934072499.

Феҳристи манобеъ:

  1. Авесто куҳантарин сурудҳо ва матнҳои эронӣ. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ Душанбе,2001
  2. Айнӣ С. «Куллиёт», ҷилди 11, китоби якум, Душанбе 1969
  3. Ализода И. Чанд сухан оид ба луғати «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ - Известия отделения общественных наук №12,1957-с53-66
  4. Анварӣ С. Вожаҳои низомӣ дар «Шоҳнома», Душанбе «Маориф» 1994. 118 с
  5. Андреев М.С. Об этнографии таджиков: Некоторые сведения.- Таджикистан. Сборник статей, Ташкент,1925.с
  6.  Андреев М.С. Средне-Азиатская версия Золушки (Сандилони) Св. Параскева – Пятница Деви Сафед по Таджикистану Ташкент,1927 с
  7. Абулқосими Фирдавсӣ«Шоҳнома», ҷилди якум,  Душанбе, 1987
  8. Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди дуюм,  Душанбе, 1987
  9. Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди сеюм, Душанбе, 1988
  10. Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди чорум,  Душанбе, 1988
  11. Абулқосими Фирдавсӣ«Шоҳнома», ҷилди панҷум,  Душанбе, 1988
  12.  Абулқосими Фирдавсӣ«Шоҳнома», ҷилди шашум, Душанбе,  1989
  13. Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди ҳафтум, Душанбе, 1989
  14. Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди ҳаштум, Душанбе, 1990
  15. Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҷилди нӯҳум, Душанбе, 1991

   Боиси ифтихори бузург аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Ҳукумати мамлакат арзишҳои миллии мардуми тоҷик умри дубора пайдо карда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ, ки дар ганҷури таърих ба фаромӯшӣ афтода буданд, эҳё ва бо шаклу мазмуни нав ба ҳаёти мардуми мамлакат рангорангӣ бахшиданд. Ин нуктаро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик  Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» бахшида ба ҷашни Тиргон  ирсол гардидааст, баён намуд. Академик дар идома чунин изҳори назар намуд:

— Дар баробари Наврӯз, дар Тоҷикистон ҷашнҳои дигари миллӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон, Меҳргон ва амсоли он низ эҳё гардиданд. Аз миёни ҷашнҳои мазкур, ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор ба шумор меравад.

      Вобаста ба ин, бо такя ба маълумот дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайнулахбор»-и Абусаид Абулҳай бинни Маҳмуди Гардезӣ, таҳқиқоти мардумшиноси маъруфи рус М. С. Андреев, муҳаққиқони муосири тоҷик Ш. Юсуфбеков, А. Шоинбеков, Н. Шакармамадов, О. Шакармамадов, Т.С. Қаландаров ва дигарон чанд паҳлӯи моҳият ва тарзи таҷлили онро дар миёни мардуми ориёӣ, аз ҷумла миёни тоҷикони марзу буми Тоҷикистони имрӯза мухтасаран баён месозем.

      Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳор ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони ориёитабор буд, ки тақрибан мутобиқ ба 1 июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд. Яъне, дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, мардум онро ҷашн мегирифтанд.

         Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд, зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддасу нахустмабдаъ мепайванданд.

       Тир – номи эзади борон дар мифологияи Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ – Тиштар ва дар тоҷикӣ-форсии навин бо номҳои Тиштар ва Тир маънидод шудааст. Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ мебошад. Тиштра инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.

       Дар қиссаҳои ориёӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав як шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони ориёӣ бо номи Ораши шевотир ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми нерӯи худ камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сӯи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.

       Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни қавмҳои ориёӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон дар ориёнзамин ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон  борид.  Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.

         Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерӯфтанд, либоси  тоза мепӯшиданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи Бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони ориёӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои ориёинишин ин ойин бо каме тағйирот маъмул мебошад. Ин риштаи ҳафтранг тақлид ба рангинкамонест, ки ба Тир низ нисбат медиҳанд.

       Дар Мозандарон ҳоло ҳам расми «Сенздаҳшаби тирмоҳ» мушоҳида мешавад, ки идомаи ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз шустушӯи хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрданиҳо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ шуда дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд ва ба дари хонаҳо рафта, ин ҷашнро табрик мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо меваю шириниҳо медиҳанд.

       Дар марзу буми имрӯзаи тоҷикон низ дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму ойинҳои қадимӣ кам нестанд. Аз ҷумла, маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон то ба солҳои наздик бо мақсади борон иҷро мешуданд.

         Дар тасаввуроти мардуми баъзе минтақаҳои Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қамбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир, боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон — Тир мебошанд.

        Нишонаҳои ҷашни Тиргон дар Бадахшон низ маҳфуз мондаанд. Дар миёни тоҷикони ин минтақа, ки расму оинҳои қадимтарини ниёгонамонро бештар ҳифз намудаанд, гарчанде ки расман ҷашни Тиргон маъмул нест, вале ҳангоми таъмир ва бахусус ҳангоми сар додани об ба ҷӯй ҷашнеро барпо мекунанд, ки онро дар Шуғнону Роштқальа «хац сар дьед» «хац ай чид» («сар додани об» ё «об равон кардан» ба ҷӯй) меноманд.

        Нишонаи дигари ҷашни Тиргону Меҳргон, Наврўзу Сада худи «Свастика»-и рамзомез аст, ки рамзи гардиши офтоб мебошад. Чор тарафи он рамзи чор фасли сол, рамзи чор нахустасос, рамзи чор ид дар чор фасли сол (Наврӯз марбут ба хоку баҳор, Тиргон марбут ба обу тобистон, Меҳргон марбут ба боду тирамоҳ, Ялдою Сада марбут ба зимистону оташ) аст.

         Тиргон яке аз ҷашнҳои кишоварзон аст. Барои рӯидани зироат маҳз  «обу тоб» яъне об, равшанию гармии офтоб зарур аст. Аз ин хотир кишоварзони Бадахшон вобаста ба обу тоби зироат расму оинҳои анъанавиро иҷро намуда аз таҷрибаҳои ниёгон зиёд истифода мебаранд.

           Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумоти камтар  аст. Пас аз асрҳои XIV-XV бошад, роҷеъ ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест. Аммо дар ҳар сурат, бояд иброз дошт, ки расму ойинҳое, ки дар байни мардум ривоҷ ёфтаанд, ба куллӣ аз байн намераванд ва маъмулан бо тақозои макону замон, идеология ва сиёсати давлатӣ таҳаввул меёбанд ва унсурҳояшон каму зиёд мегарданд. Имрӯз бошад, анъанаҳои ниёгонамонро оид ба таҷлили Тиргон ба назар гирифта, мо бояд ба чунин ҷиҳатҳои он таваҷҷуҳ дошта бошем:

1) азбаски таърихи пайдоишу ташаккулёбии иди Тиргон бо «партофтани тир аз камони Ораш»,  «истифодаи ғӯраи гандуму мева», «сулҳ бастан миёни Турон ва Эрон», «ба касбу кор машғул шудани мардум», «касби нависандагӣ», «риояи тозагӣ», «обпошию оббозӣ» ва умуман, парастиши об робита дорад, метавон ҳангоми таҷлили он намоишҳои оммавӣ, фестивалҳо, озмунҳо, намоишҳои театрӣ ва саҳнавӣ, бозиҳои мардумию миллӣ (аз ҷумла бозии шӯхиомези обпошӣ), мусобиқаҳои варзишӣ (аз ҷумла камонварӣ, оббозӣ ва ғайра) ташкил кардан зарур аст;

2) ҷашни Тиргонро ҳар чи бештар мавриди омӯзиш қарор додан ва паҳлӯҳои норавшани онро равшан сохтану арзишҳои онро аз нав эҳё кардан талаботи замон мебошад;

3) Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосӣ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва дипломатияи об маҳсуб аст, аз ин рӯ, бо ҳам пайванд додани арзишҳои қадимии ниёгон дар таҷлили Тиргон, ки бо арҷгузорӣ бо об вобаста мебошанд ва арзишҳои муосири мардуми тоҷик дар ин самт яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

       Дар маҷмуъ, Тиргонро метавон чун ҷашни об маънидод намуд, ки бо муҳтавои фарогир ва тарзи таҷлили худ, метавонад нақши пайвандгари таърихи ниёгони моро бо ҳаёти имрӯзаи миллати тоҷик дар сатҳи баланд иҷро намояд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ аз он ва ба ҷашни ҳақиқии мардумӣ табдил додани Тиргон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як аъзои ҷомеаи муосири тоҷик ба шумор меравад.

Фарҳод РАҲИМӢ,

академик, президенти

Академияи миллии  

илмҳои Тоҷикистон

                                                         (Брознашр аз «Ховар»

Бо гузашти наздик ду сол аз замони ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, натанҳо вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар ин кишвар ба эътидол омад, балки мавҷи амалҳои террористӣ рӯ ба зиёдшавӣ буда, фақру нодории мардуми осоишта ба ҳадди ниҳоӣ расид, ки онро коршиносони байналмилалӣ ба фоҷиаи инсонӣ баробар баҳогузорӣ мекунанд. Ин гурӯҳ ба сари қудрат омада, уҳдадориҳои худро дар роҳи ташкили ҳукумати фаромиллии иборат аз намояндагони ғайрипашту, аз ҷумла тоҷикон, натанҳо фаромуш кард, балки бо роҳи фишорҳои ғариинсонӣ ба занону духтарони ин мамлакат, дар пайи роҳандозии тартиботи ба ном шариатии асримиёнагии исломӣ мебошад.

Дар зимн, навиштаи Умед НАЗАРОВ, пажӯҳишгари масоили Афғонистон бознашр мегардад, ки бори дигар ишора ба ҳақиқати таърихӣ ва кӯшиши инкори воқеият аст, ки дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон на ҳамаи сокинони он, новобаста ба мансубияти миллӣ ва қавмӣ ҳаққи иштирок дар идоракунии давлатро доранд. Дар акси ҳол, суботи саросарӣ дар Афғонистон танҳо орузу хоҳад монд.

Пас аз он ки бар тахти шоҳӣ нишаст,
Шукӯҳи Хуросон биёмад ба даст.

Наҷиби Борвар

Тавре муаллиф иброз медорад, тоҷикони Хуросон ҳамчун миллати фарҳангсолор, соҳибихтиёр ва тамаддунофар дар имтидоди таърих ҳамеша саҳми басазои худро дар рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, зербинои ҷомеа, иқтисод, тиҷорат, илм, фарҳанг, адабиёт, меъморӣ ва ҳунар гузоштаанд.

Онҳо хайри ҷамъӣ ва салоҳдиди умумимардумиро ба инобат гирифта, ҳама вақт барои ҳифзи тамомияти арзӣ, густариши адолат, нангу номуси мардум ва барқарории давлати марказӣ мубориза бурдаанд. Мурури кӯтоҳе ба таърихи Афғонистони муосир нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷик нуфузи «файзбор ва шарафосор»[1] дар ташаккули маданият ва зеҳнияти ҷомеаи кишвари ҳамсоя доштааст. Шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф, Кобул, Зобул, Самангон, Сиистон, Кандаҳор, Куҳандиж, Ҷавзгон, Ғур, Каписо, Парвон ва Ғазнӣ, водиҳои тамаддунофар, аз қабили дараи Каён, дараи Панҷшер, дараи Сӯф, дараи Шимолӣ, дараи Соланг, дараи Хинҷону Андароб, дараи Ғур, Чордара, дараи Толаву Барфак, Ҷувайдара, дараи Роғистон, дараи Асмор ва ғайрае, ки ҳамчун маркази тамаддуни мардуми бумӣ қадр афрохтаанд ва дар он ҷо ҳувият ва фарҳанги миллӣ шакл гирифтааст, ба таври дастаҷамъӣ то аввали асри 20-ум макони зисти тоҷикон будааст.

Як назари иҷмолӣ ба ин шаҳрҳо ҳақиқатеро бармало месозад, ки дар Афғонистон кӣ аксарият аст ва кӣ ақаллият? «Офтобро бо доман пӯшонидан намешавад», ки дар шаҳрҳо аксари мардум зиндагӣ мекунад ва таҷамуи муассисаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва муҳити созгори илмӣ-фарҳангӣ сокинони деҳотро дар ҳар кишвари дилхоҳ ба шаҳр ҷалб мекунад ва онҳо бо сарозер шудан ба ин марказҳо фарҳанги шаҳрнишиниро имтиҳон мекунанд.

Элфингстон, сайёҳ ва низомии англис, вақте ки дар аввали асри 19 ба вилояти Нангарҳор, ки ҳоло хилофи адолати таърихӣ паштуннишин ҳисобида мешавад, меояд, эътироф мекунад, ки аз 11 ноҳияи ин вилоят дар 9-тои он тоҷикон сукунат доранд.

Тамоми тадқиқоти таърихие, ки аз тарафи пажӯҳишгарони рус ва аврупоӣ то ҳол анҷом дода шудааст, бо такя ба далелҳои қавӣ, ковишҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, ки дар натиҷаи омӯзиши ҷиддии илмӣ ба даст омадаанд, бар онанд, ки фарҳанги тоҷикон на танҳо дар таъсирпазирии халқу мардуми Афғонистон, балки дар пайдоиши халқҳои нав, ки забон ва фарҳанги тоҷиконро эътироф ва пурра пазируфта, дар он марҳилаи тамаддуниро гузаштаанд, саҳмгузор аст. Чунончи, ба ин қишри мардум – ҳазораҳо, паштунҳои даризабон шомил мешаванд, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва фарҳанги мардуми таҳҷоиро ҷузъи ҳувияти худ мепиндоранд.

Тоҷикон давлатҳои мустақил ва империяи комилҳуқуқ дар ҳудуди Афғонистони имрӯза доштанд, ки империяи Кӯшониён аз ҷумлаи онҳо мебошад.

То соли 90-уми асри гузашта, чунин пиндошта мешуд, ки кӯшониён кӯчманчӣ будаанд, вале катибаи Работак, ки ба дасти Канишка – шоҳи кӯшонӣ навишта шудааст ва шарҳи ҳоли ӯро дарбар мегирад, як инқилоби илмӣ дар бораи пайдоиши ин сулола зам намуд. Шоҳ Канишка дар катибаи Работак, ки дар чанд километрии пойтахти вилояти Самангон – Айбек ва сарҳади вилояти Бағлон ёфта шудааст, аз шаҷараи авлодии худ сухан кушода, иқрор мешавад, ки аз ирқи ориёӣ мебошад.

Ин ҳақиқати бебаҳс ва дар тӯли таърих шаклёфта аз ҷониби ягон гурӯҳ ва ҳукумате то ҳоло сарфи назар нашудааст. Ҳарчанд ки ҳокимони сулолаҳои вақт меомаданду мерафтанд, бо мурури замон зери таъсири фарҳанги шахсиятсозии ориёӣ қарор мегирифтанд ва марҳилаи полоиши тамаддуниро тай менамуданд. Аз сӯи дигар, ин тағйироти ҳувиятӣ бистари таърихӣ ва омили айнӣ ҳам дар пай дошт, зеро қабилаҳои ҷанубӣ аз шимолу шарқи Ҳинд дар асри 14 ба Хуросон омаданро оғоз карданд ва ин раванди муҳоҷирати иҷборӣ, ки таҳлилу таҷзияи он аз мавзўъ берун аст, то ҳоло идома дорад.

Агар ба таърихи ин кишвар бингарем, аён мегардад, ки тасаллути пурраи забони тоҷикии дарӣ нишонаи доноиву ҳушёрӣ, бофарҳангиву пешравӣ дар пешбурди равандҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мегардид. Аз ин рӯ, нухбагон ва ашрофзодагони аҳли қабила аз ғановатмандии ин забони оламшумул, ки иқтидори сарбории маънавии ҳазорсоларо дошт ва аз Чин то сарҳади Аврупо тавсеа ёфта буд, дар муҳити хонавода ва долонҳои дарбор истифода мебурданд. Табиист, ки олудагиҳои зеҳнияти қабилавиро бо насими фарҳанги созанда ва дунявимадор аз вуҷудашон зудуда менамуданд. Ҳарчанд дар мақтаи замонӣ ҷангро худ баранда буданд (ҷанги дуюми афғону англис) ба худ саволҳое мармуз мегузоштанд, ба соҳибватанӣ будан ва рисолати раҳбарии худ шакку шубҳа мекарданд:

Мекунам девонагӣ то бар сарам ғавғо шавад,
Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад.[2]

Агар ба қазияҳои на он қадар дури солҳои 2000-ум таваҷҷуҳ намоем, ҳамин тарзи иштибоҳи таърихӣ бо каме тағйирот дар Кобул боз такрор гашт. Раиси ҷумҳури тамомъиёр ва комилҳуқуқи Афғонистонро «Ҷабҳаи муқовимат» соли 2001 напазируфт, бо муомилаи шубҳанок ҳукуматро ба нафаре ҳавола карданд, ки аслан дар байни мардум ва миёни саҳнаи сиёсии кишвар шинохте надошт. Натиҷаи ин муомилот бар зарари манофеи миллӣ буд.

Сайри такомули таърихӣ бар ковиши мақому мартабаи Ҳабибуллои Калаконӣ нишон медиҳад, ки ҳукумати қабиласолори амонӣ дар 16-уми январи соли 1929 (суқут 13 октябри 1929) аз дасти ӯ ва ёрони вафодораш ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Тилисми шикастнопазири истибдоди анқариб дусад соларо ба боди фано рӯ ба рӯ кард.

Таърихнигории афғонӣ, ки бар усули паштунмеҳварӣ то солҳои 90-уми асри гузашта побарҷо буд, аз шахсияти Ҳабибуллои Калаконӣ як шахси «иртиҷоӣ» ва «қафомонда» чеҳрасозӣ кардаанд (хусусан китоби тафриқаандоз ва шовинистии «Сақавии дуввум» Афғони Самсур). Чунончи муаллифи китоби «Афғонистон дар масири таърих» М.Ғубор бо як хашми рӯшод ва орӣ аз ҳақиқати таърихӣ овардааст: «Ҳабибуллои Калаконӣ машҳур ба «Бачаи Сақав» аз шоҳони муртаҷеъ ва бесавод буд, ки тибқи тавтиаи англисҳо алайҳи шоҳи мутараққӣ ва ватандӯст, ғозӣ Амонуллохон даст ба шӯриш зад ва дар 20 ҷиддии 1307 бо ҳамкории руҳониёни аҷир ва фурӯхташуда ба дурахшонтарин даврони таърихи мо поён дода, ба қудрат расид».[3]

Ин таърихшиносон, ки имтиёзхӯрони сулолаҳои дурронӣ будаанд, дар мавқеъгирии ғайрилмӣ ва дур аз ҳақиқати худ танҳо бар маҳкумияти бечунучарои Ҳабибулло Калаконӣ ва пешдовариҳои козибона такя кардаанд, ки ба ақидаи коршиносони муосир хилофи тарзу усулҳои мунсифона ва одилонаи таърихнигорӣ мебошад. Ҳатто падари шеъри дарӣ Халилуллои Халилӣ дар маҷмуъ асари хубе, ки тобиши достонӣ дорад бо номи «Айёре аз Хуросон» навиштааст, вале дар баъзе бахшҳо ишораҳои нораво ва пойбанди тасвири калишавии шахсияти Ҳабибуллои Калаконӣ (камбағали бараҳнопойи бесавод, кӯҳпаймои боғбони ангурфурӯш ва ғ.) будааст.

Ривояти дигаре дар зеҳни таърихшиносони ростин нисбат ба Ҳабибуллои Калаконӣ аст, ки аз мактаби олими тавоно Ҳақназар Назаров маншаъ мегирад. Ин тасвир бар пояи адолати таърихӣ ва бозгӯйи ҳақиқат аст. Бар асоси ин фарзия, Ҳабибуллои Калаконӣ сарвари шӯриши деҳқонӣ мебошад ва пӯшиши мазҳабӣ ба фаъолияти ӯ додан аз рӯйи методи муқоисавӣ, вазъи геополитикии он замон ва шароити конкретӣ – таърихӣ раво нест. Сараввал, ӯ пуштивона ва собиқаи динӣ надошт, мадрасаи динӣ хатм накарда буд, ба ҳеч ваҷҳ тафаккури динмеҳвар ва ба доираҳои руҳонияти расмӣ ва ғайрирасмӣ ворид набуд. Як низомии ҷасур, корманди миёнаомори давлатӣ ва давлатмадор буд, ки беадолатиҳои хонҳои борикзайӣ ӯро водор кард, ки силоҳ ба даст бигирад. Дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок меварзид, баръакс дар дастгир кардани дузду роҳзанҳо иштироки фаъол дошт. Аз ҳама муҳим манфиати миллии худро дар қиболи ҳуҷумҳои қабиласолорӣ дарк мекард ва дар ин росто аз ҳунари басиҷ ва муттаҳид кардани мардум бархӯрдор буд.

Муаррих Ҳ.Назаров бо такя ба рӯзномаву маводи ғании таърихии он вақт менигорад, ки вақте ки Ҳабибулло Калаконӣ бо деҳқонҳои худ вориди Кобул гашт, мисли қабилаҳои вазириву масъудӣ, ки бо амри Нодирхон дар моҳи октябри соли 1929 амал мекарданд, ҷиноят содир накард. Қабилаҳои ҷанубӣ на танҳо хонаву дар ва ҳатто ҳарами худи Нодирхон, балки сафоратхонаҳои хориҷиро талаву тороҷ карданд, сафири Туркияи он вақт ба ивази ришва ҷон ба саломат бурд.

Дар китоби «Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон» Ҳ.Назаров нусхаи яке аз фармонҳои амири Ҳабибуллои Калаконӣ дар бораи ривоҷи илму адаб ва забономӯзӣ омадааст, ки аз он далолат мекунад, ки ӯ ба рушди маориф бетараф набуд.[4]

Дигар далели росих ва муътамади шахсияти одил, бофарҳанг ва давлатмадор будани подшоҳ Ҳабибуллои Калаконӣ, муносибати ӯ ба масоили занон буд. Маводи мадракии таърихӣ далолат аз он мекунанд, ки дидгоҳи ӯ назари танги мафкураи ифротӣ нисбат ба зан набуд, ҳамсари ӯ Бибӣ Сарварии Сангарӣ, Малика Сангарӣ бинти Муҳаммад Ҳайдар, маликаи Афғонистон дар тамоми сангарҳои набард бо шавҳараш дасту панҷа нарм мекард ва аз ин лиҳоз, тахаллуси «Сангарӣ» гирифта буд.

Сониан, шоири даризабони умедбахш Наҷиби Борвар бар нуктаи дигар таъкид меварзад ва менигорад, ки «расму суннати он рӯзгор чунин буд, ки агар касе ба ростӣ ва дурустӣ сифоти айёрӣ надошт, ӯро айёр лақаб намонданд. Мегӯянд вақте ки қудратро ба даст овард, хоҳарони Амонуллохон дар Арк ба дасти ӯ афтоданд. Дар ҳоле ки Амонуллохон аз ҷониби Қандаҳор дубора дар талоши сарнагунии Калаконӣ буд, ӯ хоҳарон ва хонаводаи Амоннуллоро вориди масоили сиёсӣ накард. Яке аз наздикони Амонуллоро талбид ва навомиси душманашро бо иззат ба онон таслим кард, аз ин рӯ буд, ки айёр лақаб гирифт.

Ба гуфте:

Ба номуси душман нигоҳе накард,
Бо қомуси мардӣ гуноҳе накард.

Аммо бубинед Нодирхон (бо лақаби ғаддор) бо Бибӣ Сангарӣ ҳамсари Ҳабибуллои Калаконӣ чӣ кард? Ӯро бо ду духтараш ва писараш Асадулло ба 20 сол зиндони Деҳмазанг маҳкум кард, писарашро дар зиндон масмум намуд. Ба ин иктифо накарда, ӯро ба Балх таъбид намуд. Муаллифи ин сатрҳо соли 2004 дар Мазори Шариф таҳқиқот дар ин маврид бурд ва маълум гашт, ки баъд аз таъбид дар маҳаллаи арабнишини шаҳри Мазори Шариф паноҳ бурд ва бинобар меҳри мардумие ки ҳамсараш ва худаш дошт, то охири умр дар ин ҷо паноҳгоҳи амн ёфт. Худ қазоват кунед, кӣ бо ҷаҳлу таассуб ҳукуматронӣ мекард ва кӣ бо мутакко бар ақли солим ва оянданигарӣ?

Ба ақидаи афғонистоншиноси шинохтаи тоҷик Қосимшо Искандаров, қиёми Ҳабибуллои Калаконӣ муқаддима ва пешшарт дошт, ки зулму ситами зиёд ва қатли оми мардуми шимол, хусусан тоҷику ҳазора дар пай дошт ва ин як навъ вокуниши умумимиллӣ буд дар сатҳи Афғонистони вақт: “Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар ҳудуди 100 ҳазор хонаводаи паштун аз ҷануб ва шарқи Афғонистон ба шимол муҳоҷир карда шуданд. Бо ин роҳ амирон мехостанд дар шимол такягоҳи иҷтимоӣ дошта бошанд. Ин дар ҳоле буд, ки ба қавли муаррихин дар ин минтақаҳо заминҳои бесоҳиб набуданд ва ноқилин заминҳои мардуми маҳаллӣ, яъне тоҷикону узбекҳоро тасарруф менамуданд.

Дар давраи подшоҳии Амонуллохон (1919-1929) “Низомномаи ноқилин” қабул шуд, ки мувофиқи он ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимол уҳдадор шуданд ҳазорон нафар аз ноқилинро пазируфта, онҳоро бо заминҳои обӣ таъмин намоянд. Давлат ба ноқилин имтиёзҳои дигари зиёдро пешбинӣ намуд, аз ҷумла барои 12 сол аз пардохти андоз озод карда шуданд. Аз ҳамон давра дар минтақаи васеи шимол, аз Ҳирот то Бадахшон минтаќаҳои паштуннишин, ба истилоҳ “анклавҳо” ба вуҷуд омаданд, ки имрўз, мутаассифона ин “анклавҳои” паштуннишин хоса дар вилоятҳои шимолӣ: Форёб, Сари пул, Ҷузҷон, Бағлон ва Қундуз ба пойгоҳҳои аслии толибон ва террористон мубаддал шудаанд.

Ин шўриш ҳеҷ омили қавмӣ надошт ва тоҷикони дастаҳои Ҳабибулло бо кумаки қабилаҳои паштун тавонистанд Амонуллохонро сарнагун намоянд. Аммо баъзе аз раҳбарони паштун, ба хусус Муҳаммад Нодирхон паштунҳоро бо таблиғоти васеъ, ки гўё саркардаи онҳо як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш ва ҳукуматашро Сақавӣ номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили Ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намуданд.[5]

Зимни таҳқиқот як падидаи умумӣ ва маълум ки таҳти фишор такрор ба такрор дар китобҳои таърихнигорони Афғонистон омадааст, бармало гашт – ин маълумоти шарҳиҳолии Ҳабибуллои Калаконӣ аст, ки дар асарҳои “Афғонистон дар масири таърих”, “Афғонистон дар панҷи қарни ахир”, “Афғонистон дар аҳди амония” (Вокунишҳои мазҳабӣ ва таҳаввулоти иҷтимоии замони салтанати Амонуллохон (1919-1929)-и Сензил Навид” омадааст. Чунин тасаввур мешавад, ки ҳама ба умқи масъала ворид нагардида, як ибораву ҷумлаҳои монандро зери фишори таблиғоти густурда дар китобҳо коридаанд.

Омили дуввум, ки аз пажӯҳиш маълум мегардад, ҳукуматдорони вақти Афғонистон дар лаҳзаҳои буҳронӣ истифода аз иқтидори ҷангии қабилаҳои ҷанубиро аз Ҳинди Бритониявӣ маҳаки асосӣ ва нуқтаи такягоҳии муборизаи худ медонистанд. Дар китоби Сензил Навид 3 номаи Амонуллохон ва Нодирхон ба қавмҳои танай, ҷоҷӣ ва бошандагони вилоятҳои ҷанубӣ зикр шудааст, ки порае аз номаи Амонулло ба қабилаҳои ҷанубиро мехонам: “Ҳамоно мардуми Қандаҳор назди ман омаданд ва гуфтанд, эҳсоси ватандӯстӣ, ғайрат ва афғонияти онҳо абадан ба эшон иҷоза намедиҳад, ки ба идора касе монанди Бачаи Сақо ки умрашро ба таҷовуз ба мол ва дороии мардум ба сифати як қотил сипарӣ кардааст, ва ё касе ки ҳатто афғон (паштун) нест мувофиқат кунанд”.

Тақдири Спитамен, Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Синдбоди Муғ, Темурмалик, Восеъ бо Ҳабибуллои Калаконӣ ба таври аҷиб ба ҳам гиреҳ мехӯрад, аз саҳифаҳои дурахшони мубориза ва ҷонбозиҳои миллати мо мебошанд. Ҳар яке бар ҳар шаклу воситаи шинохти вазъият барои таъсиси як ҳукумати миллии тоҷикмеҳвар дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва вилоятҳои умумии тоҷикзабонон саъю талоши беандоза карданд. Хосатан аз нигоҳи замонӣ ва шарту шароит шӯриши Восеъ ва Ҳабибулло Калаконӣ решапайвандҳое пайдо кардан мумкин аст, ки таҳқиқоти густурдаро тақозо мекунад. Ба якчанд тои онҳо ишора мекунем: 1) Дарки манфиатҳои миллӣ ва дар зери парчами он муттаҳид кардани мардум; 2) Эҳёи шуури миллӣ ба кӯтоҳмуддат дар хиттаҳои Бохтари қадим; 3) Таъсис додани давлати мардумӣ бар пояи дарки иқтидори худӣ; 4) Деҳқонҳо ҳамчун қувваи пешоҳанги мубориза, агар вожаи «деҳқон», «деҳгон» мутародифи калимаи «тоҷик» будааст, пас ин бардошти таърихӣ дар рафтори ин ду қаҳрамон унсури ҳамагонӣ доштааст; 5) Ҳаммонанд будани баромади иҷтимоии қаҳрамонҳо; 6) Ҷасорати истисноии миллӣ; 7) Айёрӣ ва ҷавонмардӣ ва ғ. Яке аз омилҳои сар задани қиёми Ҳабибуллои Калаконӣ боло бурдани молиёт ва андози камаршикан буд, ки дар шӯриши Восеъ ҳам ин омил ба шиддат ба назар мерасад.

Подшоҳи Афғонистон Ҳабибулло Калаконӣ, айёре аз Хуросон, ҷавонмарде, ки футуватро парчами худ дониста ва шинохта буд. Ба гуфти нависандаи тоҷик М.Шукурзода ҷавонмардӣ ва таъбири дигаре аз ин вожа, айёр дорои се сифати аслист:

  1. Сахо, яъне саховат дар андешаи айёрон ва ҷавонмардон ба ин маънист, ки инсон аз молу маноли рӯзгор он чӣ ба даст оварад, бояд дар роҳи осоиши халқ сарф кунад.
  2. Сафо: ин сулук ҷавонмардро водор ба покизагии ботин менамояд: яъне инсони ворастаро зарур аст, қалби хешро аз ҳирс ва кина тоза ва тамиз нигоҳ дорад, ва дар ин ҷода базлу бахшоиш низ сафои ботин маҳсуб мешавад.
  3. Ва ниҳоят: Вафо: тибқи ин ойин айёр бояд барои дӯсти ҳақиқӣ ва ҳатто маҷозӣ ҳатто ҷонфидо бошад, аз худ бигзарад ва дар масири дӯстӣ аз марг наяндешад, ба фармуди орифе порсигӯй:

Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.

Тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд ва тамаддунофар ба қавли Ҳофизи бузург чун «булбул ба шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ, мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ» рисолати инсонсозӣ, равшанфикрӣ ва талқини ҷавҳари биниши илмандӯзиро ба дигарон манзур медоштанд, то ки ҷаҳли мураккаби афкорӣ ва таассуби камёфти рафторӣ дар ҷомеа бар ақлҳо мусалат нагардад.

Ба ғановатмандии нодири фарҳангӣ ва забонӣ ҳам иқрор буданд ва дар имтидоди таърих ба забони ҳол нухбагони паштутабор ҳам, ки дағдағаи давлатдорӣ доранд, бо ду дасти адаб эътироф кардаанд. Чунончи Маҳмуди Тарзӣ, андешапардози миллатгароии афғонӣ бар он аст, ки: «зотан мардуми афғон чун умуман ба кори аскарӣ ва футуҳоти билоду ҳарбу зарб гирифтор буданд, ба корҳои мирзоӣ ва таҳрироти ҳукуматӣ вақт ва фурсат надоштанд ва ҳатто ин корҳоро ор мешумориданд. Китобҳои таҳсили иму адабиёт ҳама ба забони форсӣ ва ё арабӣ буданд. Забони афғонӣ (хонда шавад пашту – Н.У.) ба дараҷаи кифоят аз ин чизҳо саросар маҳрум монда буд»[6]. Амирони шинохтаи пашту на танҳо донандаи забони дарӣ, балки ба ин забон васвасаи ҳунари шоирӣ доштанд ва девон ҳам таълиф кардаанд.

Муаллифи мақолаи «Зеҳнияти хатарзои толибонӣ ва муомилаи шубҳаноки абарқудратҳо» муътақид аст, ки «нигоҳи толибон ба зиндагӣ нигоҳи қафомондаи асримиёнагист, онҳо талош мекунанд, дар қолаби шариати ғуррои вопасгаро дар қарни иттилоотии 21 пешдоварӣ намоянд, ҳама масъалаҳои дар тӯли 1400 сол пеш ба вуҷудомадаро саҳлу осон пиндоранд. Ин як сароби фиребандаест, ки мардумро гӯлу гумроҳ мекунад. Дар барномаи толибон вуҷуди зан ҳамчун мавҷуди нолозим матраҳ гаштааст. Ба мудирияти ин ҷангандаҳои толиби ҳирсу молу ҷон менигаред, аслан мардум дар он ҷое надорад».

Шоир Муҳиби Бориш дар баҳси он ки сарзамини Афғонистонро набояд танҳо як қавм, яъне паштунҳо ҳукуматдорӣ кунанд, чунин хитоб карда:

Қабила чӣ бошад, ки шоҳӣ кунад,
Ба қудрат чу ояд, табоҳӣ кунад…[7]

Ҳабибуллои Калаконӣ ба шинохти комили худшиносии миллӣ расида буд, ки шоир Н.Борвар ба он ишора дорад:

Пас аз ҳафт қарну пас аз солҳо,
Шикастанд занҷиру ишғолҳо.

Тоҷикони Афғонистон фурсати барои ҳадафҳои дигарон мубориза бурданро надоранд. Роҳи асосӣ ва меҳварии онҳо дар ояндаи наздик басиҷ сохтани тамоми мардум бар зидди таҳдиду хатарҳои тамаддунӣ мебошад. Муттаҳид шудан дар атрофи раҳбарони асил, ки дар байни аҳолӣ обрӯву эътибор доранд, боло бурдани худшиносии миллӣ ва тарҳрезии барномаи дарозмуддат барои эҳёи нуфузу мақоми шоистаи тоҷикон метавонад роҳи ҳалли қазияи Афғонистон ва сарнавишти ояндаи минтақаро рақам бизанад.

Таърих амалан такрор намешавад, вале чи тавре ки олими рус Ключевский В.О. гуфтааст: «Таърих мураббӣ нест, маҳкумкунанда аст, он тарбия намекунад, ҷазо медиҳад» (История не учитель, а надзирательница, она не воспитывает, а только наказывает).[9]

Ҳамин тариқ, бо боварии комил гуфтан лозим аст, ки дурнамои давлатсозии тоҷикон ба оянда раҳнамун сохта шуда, бо такя ба асолати миллӣ ва қудрати худӣ рушду нумуъ хоҳад кард. Тамаддуни шуҳратёри тоҷик ва форсизабонон тавъам бо тафаккури миллӣ мавқеи хос дорад, яксубин ва таблиғгари масири созандаи ҷаҳонбинии илмӣ ва худшиносии миллӣ буда, барои созу барги давлати ояндаи пасотолибӣ ва тарбияи инсони ормонӣ дар Хуросони таърихӣ ва Афғонистон кунунӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар фарҷоми таҳлилномаи имрӯза ба натиҷае мерасем, ки фарҳанги тоҷик ҷузъи тафаккури мардуми Афғонистон гаштааст, ки нишонаҳои он дар аъмоли завқӣ, рафторӣ, санъат, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, наққошӣ, ҳунар, умури давлатдорӣ ва ҳувиятӣ дида мешавад. Касе ки китоби нависандаи турк Орхан Памук «Номи ман сурх»-ро мутолиа кардааст, медонад, ки он дар зери таъсири мактаби минатюраи рассомони Ҳирот, аз ҷумла Камолиддин Беҳзод эҷод шудааст, ки бори дигар гуфтаҳои моро дар ин робита тасдиқ менамояд.

Аз ин рӯ, бояд бознигарии илмии омӯзиши шахсият ва мақоми Ҳабибуллои Калаконӣ дар таърихи минтақа роҳандозӣ карда шавад;

Шароити шикасти асорати 180 солаи зеҳнияти қабилавӣ аз ҷониби ӯ олимона бар усули ҳакиқати таърихӣ пайгирӣ карда шавад;

Барчаспҳои норавои «бачаи Сақо» ва дигар лақабҳои дар матбуот ва пажӯҳишҳои илмӣ ба Ҳабибуллои Калаконӣ додаанд, ҳазф гардад;

Китобҳои «Сақавии дуввум» ва амсоли он ҳамчун хилофи асолати илмӣ ва тафриқаандозӣ маҳкум карда шаванд;

Китоби Латиф Каримӣ «Яғмои мангалии дуюм» ба хатти кириллӣ баргардон карда шавад;

Бар низоми мардумсолорӣ, айёрӣ ва ҷавонмардӣ дар пешбурди ҳукуматдорӣ ҳамчун унсури қудрати худии Ҳабибуллои Калаконӣ бо такя бар пойгоҳи қавии илмӣ-пажӯҳишии мактаби афғонистоншиносии тоҷик ва бар усули бетарафии муарриху таърихнигорӣ таъкид карда шавад.

Умед НАЗАРОВ,
пажӯҳишгари масоили Афғонистон

 

Страницы