Библиотека

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Моҳи январи соли 1929  дар Афғонистон як инқилоби азим ба вуҷуд омад ва шоҳ Амонуллоҳхони ислоҳотгар аз тахт сарнагун ва роҳбари шӯришгарон Ҳабибуллоҳи Калаконӣ бо лақабаи “Ходими дини Расулуллоҳ” подшоҳи Афғонистон эълон шуд. Ин аввалин бор буд, ки дар таърихи беш аз 180 солаи давлати Афғонистон як шахси оддӣ, деҳқони ангурфурӯш, он ҳам тоҷик зимоми қудратро ба даст гирифт. Гарчанде худи қиёми деҳқонони тоҷик ва сарнагун гардидани Амонуллоҳхон ҳеҷ гуна омили қавмӣ надошт.

Сабаби норизоиятӣ ва қиёмҳои мардум дар ислоҳоти шитобзадаи Амонуллоҳхон ва фаъолияти англисҳо дар байни аҳолӣ буд, ки онҳоро ба норозигӣ ва қиём таҳрик менамуданд.

Баъди эълони  истиқлоли Афғонистон  Амонуллоҳхон ба силсилаи ислоҳот ва дигаргуниҳои муҳимми таърихӣ даст зад, ки соњаҳои  сиёсию идорӣ, иќтисодӣ, ҳуқуқӣ, маориф, низомӣ ва ѓайраро дар бар мегирифт. Ин ислоҳот ба  асосњои бунёдии давлати  суннатии Афѓонистон, расму анъанањои мардумї таъсири амиќ гузошт. 

Дар ин давра низоми нави маориф  асос гузошта шуд, мактабњои духтарона ташкил шуда, љавонон бо мусоидат ва ташвиќи давлат барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ - Туркия, Олмон, Фаронса, Иттиходи Шуравӣ фиристода шуданд.

 Дар соњаи низомї барои аввалин бор неруњои њавої ташкил шуд ва 65 нафар шогирдон барои тањсил  дар ин ришта ба Иттињоди Шуравї,Туркия, Фаронса  ва Италия фиристода шуданд. 

Имтиёзи қабилаҳои паштун дар супоридани андоз то ҷое коҳиш ёфт.     Мувофиқи дастур мебоист қабилаҳои паштуни ҷанубу шарқи кишвар низ мисли халқҳои ғайрипаштун андоз супоранд. Гарчанде барои ин қабилаҳо ҳаҷми пардохти андоз ба муддати 10 сол нисф ва ё 50% ҳаҷми муқаррариро ташкил медод (яъне онон ҳамчунон имтиёзи муҳим дар ин арса доштанд). Вале ҳамин низоми имтиёзии андоз низ боиси норозигии кабилаҳои паштуни ҷанубӣ ва ашрофи бонуфузи он (хонҳо, маликон) шуд.  

Дар чунин шароити ҳассос ва печида дар охири соли 1927 амир Амонуллоҳххон ба сафари тулонии хориҷӣ  баромад, ки дар ҷараёни он аз 12 кишвари Осиё ва Аврупо, аз ҷумла Ҳиндустон, Миср, Итолиё, Фаронса, Олмон, Бритониё, Белгия, Шветсария, Полша, Иттиҳоди Шуравӣ, Туркия, Эрон боздид намуд. 

Баъди бозгашт аз сафар амир Амонуллоҳхон бо ќишрњои гуногуни ањолї суњбат ороста, аз таассуроташ бо њаяљон наќл мекард. Ба ќавли афѓоншиноси машњури аврупої Вартан Григорян боре Амонуллоҳхон ин таассуроташро аз дидањояш дар Аврупо дар мурољиат ба миллат  чунин иброз дошта буд:” Мардуми хубам! Ба сахтї метавонам ба шумо иќдоми аз худгузаштагиамро ба кишвар ва шумо баён кунам. Ман аксари чизњои Аврупоро дидаам, хушњол хоњед шуд, ки бидонед. Њар љо ба гармї аз ман истиќбол шуд, аммо шахси худам набудам, ки дар ављи муфтахар мешудам, балки миллати афѓон буд, ки ѓарќ дар шодї мешуд. Њадафам аз ин мусофират он буд, ки рози тавсеъаи тааљубовари Аврупоро  ба сурати тамом ва камол биомўзам. Аќидаи ман он аст, ки васоили муносиб барои пешрафти худ тањия кунем, содиќона орзу дорам, ки шоњиди пешрафти кишварам дар њама заминањо бо хезиш ва љањиш бошем... мутмаинтарин роњ барои тавсеъа он аст, ки тамоми талоши худро ба кор бубарем то писарону духтарон тањсил карда, бар тибќи стандарти рўз тарбият кунем. Маљбурем бигўем, ки бузургтарин  рози тавсеъаи кишвари мо дур андохтани аќоид ва анъаноти кўњна ва фарсуда ва ба ќавли маъруф њаракат бо замон аст.. бояд ба дигар кишварњо нишон бидињем, ки дигар мардуми љоњиле нестем ва мусамам њастем, ки рўйи пойи худ, бидуни такя ба дигарон истода шавем”. Амонуллоҳхон дар августи соли 1928 дар Пағмон Луя Ҷирга даъват намуда, барномаи нави ислоҳот ва дигаргуниҳоро пешниҳод намуд, ки баъзе аз онҳо барои шароити онвақтаи Афғонистон он қадар муносиб набуданд ва муллоҳои иртиҷоӣ аз ин истифода намуда, мардумро бар муқобили шоҳи ислоҳотгар таҳрик намуданд. 

Аз ҷумла, таҳсили якҷояи писарону духтарон ба роҳ монда шуда, гурӯҳи аввалини духтарон барои таҳсил ба хориҷа фиристода шуданд. Ба замми ин,  ҳиҷоб ва ё чодарӣ манъ шуд. Шоҳ фармон дода буд, ки рӯзи истироҳат аз ҷумъа ба панҷшанбе иваз шавад. Ин дар ҳоле буд, ки рӯзи ҷумъа дар суннатҳои мардумӣ ва исломӣ як рӯзи муқаддас ҳисоб мешавад ва ҳеҷ давлати исломӣ дар ҳеҷ ҷойе ба унвони ислоҳот рӯзи ҷумъаро рӯзи корӣ эълон накардааст.

Шоҳ ҳамчунон фармон содир кард, то дар чорроњињои махсус дар Кобул таблуҳое (плакат) гузоштанд ва навиштанд, ки ҳеҷ зане бо барқаъ наметавонад аз  ин ҷо убур намояд. Политсия иҷрои ин фармонро назорат мекард ва касе онро вайрон менамуд ҷарима меандохт. 

Шоҳ инчунин тасмим гирифт либоси аврупоиро расмӣ ва маҷбурӣ созад, рафтор ва одоби муоширати аврупоӣ ҷорӣ гардад. Дар Пағмон ва дар Кобул ин тартиботро ҷорӣ мекарданд.

Бо фармони Амонуллоҳхон муллоҳои хатмкардаи мадрасаи Девбанд ба Афғонистон иҷозати омаданро надоштанд, имомхатибони масҷидҳо бояд имтиҳон месупориданд.Инҳо ҳама  мавҷи норозигиро ба вуҷуд оварданд, вале Амонуллоҳхон дар ибтидо ба ин эътибор намедод, зеро баъд аз сафари Аврупо тағйир ёфта, як шахси бисёр мағрур шуд буд. Гарчанде Амонуллоҳхон, бешубҳа як подшоҳи ватандӯст буд ва дар марҳилаи аввал ислоҳоти ӯ мавриди қабули мардум қарор доштанд. Ислоҳоти Амонуллоҳхон аксаран ислоҳоти муфид буданд ва барои ислоҳи ҷомеаи афғонистонӣ ва тараққиёти он равона шуда буданд, аммо ислоҳоте ҳам амалӣ мешуданд, ки ҷомеа дар он замон ба қабули онҳо омода набуд ва гузашта аз он бисёр зараровар буд.  Ба таври мисол шавқу ишқи Амонуллоҳхон ба тарзи зиндагии ғарбӣ ва кӯшиши ҷорӣ намудани ислоҳот дар соҳаҳои маишӣ ва зиндагии мардум: ҷорӣ кардани расми пӯшидани шиму костюм ва кулоҳи аврупоӣ, салом додан ба расми аврупоиҳо, манъ кардани чодарӣ, ба Аврупо барои таҳсил фиристодани духтарон ва ғайра дар бадном кардани ислоҳоти хуби Амонуллоҳхон нақши зиёд бозиданд. Аммо Амонуллоҳхон зоҳиран ба ин аҳамият намедод, тадриҷан дигар бо касе маслиҳат намекард. Ғурури шоҳӣ ба ӯ иҷозат намедод, то ба маслиҳатҳои  шахсиятҳои огоҳ ва солимфикр гӯш диҳад. Фикр мекард, ки  подшоҳӣ қудрати лоязол аст ва шоҳ ҳар чӣ бихоҳад амалӣ мешавад, ки ин як иштибоҳ буд.

Ба қавли муалифи китоби “Амир Ҳабибулоҳ-ходими динни Расуллулоҳ” Шоҳ Оғо Сиддиқ Муҷаддадӣ  дар яке аз рӯзҳо Амонуллоҳхон дар Пағмон қарор дошт ва мутаҳамин, ки дар исёни ба ном “Исёни Муҳаммад Содиқи Муҷаддадӣ” гирифтор шуда буданд, ба Пағмон оварда шуда, дар баробари Амонуллоҳхон қарор доштанд. Дар ҳамин вақт овози азон баланд шуд. Ӯ рӯ ба тарафи Абдулазизхон, вазири ҳарбия намуда гуфт: “Чӣ вақт бошад, ки овози ин харҳо хомуш шавад”(мурод аз овози харҳо садои азон буд).  Он гоҳ ба қозӣ Абдураҳмон нигариста гуфт: “Қозӣ соҳиб, дар ҳоле ки олитарин мансаби давлатиро, ки Қозиулқузотӣ аст бароят додам чаро боз ҳам болоям ҳукм куфр карди?( Қозиулқузот ҳам дар ҷумлаи мутаҳамин истода буд)”. Қозӣ дар ҷавоб гуфт: “Қаблан  дар мавриди куфрат шубҳа доштам ва фатвои уламоро мутолиа намуда будам, вале акнун, ки шахсан овози куфрро аз даҳанат мешунавам, мегӯям, ки кофир ҳасти, кофир ҳасти, кофир ҳасти”. Шоҳ, ки ба ғазаб омада буд бидуни таҳқиқ аз соири маҳкумин ҳукми эъдоми ӯро таъид намуд”.

Руњониёни мутаассиб таблиѓоти васеи зидди Амонуллоҳро дар њама љо ба роњ андохта ўро “кофар” хитоб мекарданд ва мегуфтанд ислом дар хатар аст. Англисњо бо тамоми ќувват таблиѓоти манфиро пахш мекарданд.

Ҷосусҳои англис  дар минтақаҳои қабоилӣ ва ҳатто шаҳрҳо овозаҳои дуруғро паҳн мекарданд, ки гӯиё Амонуллоҳхон дар Аврупо  аз дини ислом даст кашидааст ва ба калисо меравад.  Дар матбуоти аксҳои монтажшудаи малика Сурайё, ки сари у дар тани урёни зани аврупоӣ ба истилоҳ монтаж шуда буд, паҳн мегардид ва ба мардуми бесаводӣ қабоилӣ фаҳмонидани он ки ин аксҳои сохтагӣ мебошанд, бисёр мушкил буд.

 Ҳамаи ин норозигӣ ва ғазаби мардумро бармехезонд. Оғози возеҳи буҳрони сиёсӣ шӯриши қабилаи шинворӣ дар шарқи кишвар дар моҳи ноябри соли 1928 буд. Ҳамзамон дар шимоли Кобул маркази нави муборизаи зидди давлати Амонуллоҳхон, ба раҳбарии Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ба вуҷуд омад.

 Дар ин шароит Амонуллоҳхон маҷбур шуд як қадам  ақибнишинӣ кунад ва дар 20 декабри соли 1928 як эъломияи 18 моддаиро нашр кард, ки дар он аз ҷумла гуфта шуда буд:

-муллоҳои девбандӣ ба Афғонистон омада метавонанд;

- занону духтарон рӯй ва дастҳояшонро пӯшонида, мӯйҳояшонро кӯтоҳ намекунанд;

-занон либоси аврупоӣ напӯшида, чодарӣ ба сар мекунанд, духтарони донишҷӯ аз Туркия бозгардонида мешаванд;

- пеши роҳи ришват гирифта мешавад;

- дар тадриси муллоҳо аз онҳо шаҳодатнома пурсида намешавад;

- рӯзи рухсатӣ аз панҷшанбе ба ҷумъа оварда мешавад;

- касе агар шароб бинушад ҷазо мегирад ва ғайра.

Аммо ин ақибнишинии Амонуллоҳ дигар пеши роҳи ошӯбҳоро, гирифта натавонист. Яке аз шӯришҳои барои Амонуллоҳхон хатарнок ва сарнавиштзоз дар шимоли Кобул бо роҳбарии Ҳабибулоҳи Калаконӣ сар зад.

Ҳабибулоҳи Калаконӣ як деҳқони оддӣ, боғбон ва мевафуруши деҳотӣ буд ва аз батни мардум бархоста буд. Ҳабибулоҳ аммо як айёр, яъне ҷавонмард буд, далеру шуҷоъ, адолатпеша,  ки аз одамони маккор, авомфиреб, золим, ришватхур  нафрат дошт.

Ӯ соли 1890 дар деҳаи Калакон, ки дар 41 км шоҳроҳи Кобул Чорикор воқеъ аст, таваллуд шудааст. Мардуми Калакон бо ғуруру ҷасорати  худ дар  тамоми минтақа фарқ мекунанд. Далели ин иштироки калконихо дар хар се чанги Афгонистону Англия барои озодӣ ва истиклолияти мамлакати худ мебошад. Номи аслии падари Ҳабибулоҳ,   қаҳрамони ҷанги дувуми Афғонистону Англия Аҳмадуллоҳ  буд ва шӯҳрати ин ангурфурӯш замоне боло рафт, ки ӯ дар миёни борони тири душман аз санг ба санг ва аз хандақ ба хандақ ба ҷойи об худро мерасонид ва пас аз лаҳзае дар китфаш машки пур аз об гирифта, ба ташнагоне, ки аз тири душмани хунхор захмӣ шуда  буданд об медод. Ин аст, ки ба ӯ лақаби “Сақои Шаҳидон” лақаб дода буданд.

Ҳабибулоҳ дар замони салтанати Амонуллоҳхон ва дар ҷанги сеюми Афғонистону Бритониё, ки Истиқлолиятро ба даст овард, ба артиши Афғонистон ворид шуд ва дар қушунҳои генерал Нодирхон то Парачинор рафт.  Ҳабибулоҳ дар сафи артиш дар фуру нишондани шӯриш дар шарқи кишвар иштирок намуд. Ӯ пеш аз даъват шуданаш ба хидмати ҳарбӣ дар боғи муставфи ул-мамолик (падари Халилуллоҳи Халилӣ) дар  Ҳусайнкут боғбон буд ва дар он чо бо амири сарнагуншудаи Бухоро Сайид Олимхон шинос шуда буд. Баъдан чанд муддат дар Қитъаи намунаи артиш, ки афсарони турк ташкил намуда буданд, хизмат кард.

 Дар ҳамин  давра ҳангоми ба рухсатӣ ба зодгоҳаш рафтан як дастаи дуздонро бо саркардагии Афзал ё Фазлу, ки мардумро ба дод оварда буданд ва ҳатто ҳукумат дар аз байн бурдани онҳо оҷиз буд,  тавонист нест кунад, ки шуҳраташро дар байни мардум хеле зиёд кард. Аммо дуздони боқимонда аз гурӯҳи Фазлу аҳд карданд ва савганд  хурданд, ки  қасос мегиранд ва тамоми  хонаводаи Калакониро аз байн мебаранд, ҳатто тифли гаҳвораро зинда намемонанд. Ин хабар ба гӯши аскари Қитъаи намуна расид ва ӯ шитобон ба Ҳусайнкут рафта оилаашро бо иҷозати хусураш ба хонаи падариаш деҳаи Калакон бурд. 

Баъд аз ин ҳодиса Ҳабибулоҳ панҷ руз ба хизмат нарафт, зеро нахост аҳли оилаашро танҳо гузорад. Дар ин рӯзҳо буд, ки  сарбозе барои бурдани ӯ ба Қитъаи аскарӣ ба Калакон омад ва дар натиҷаи муноқишаи сарзада  тасодуфан  кушта шуд. Ҳабибулоҳ ҳамин тавр дар зери таъқиби пулис қарор гирифт. 

 Баъд аз ин боз маҷбур шуд падар, бародар ва ҳамсарашро ба вулусволии Сурубӣ ба хонаи як дӯсташ бубарад.

 Ба ҳар сурат зиндагӣ дар Калакон зери таъқиби пулис хатарнок буд ва чанд муддате пинҳонӣ бо ҷамъи дӯстонаш  берун аз деҳаҳо зиндагӣ мекард ва дар ҳамин давра ба корвонҳои давлатӣ ва сарвати бойҳо ва ришватхорҳо ҳамла мекарданд.  Аммо фарқи Ҳабибулоҳ аз гурӯҳҳои дуздон ин буд, ки ба моли мардум даст намезад, касеро озор намедод. Баръакс аз пули аз хазонаи давлат ва бойҳою золимон ситонидашуда ба мардум тақсим мекард. 

Афғонистншиноси машҳури амрикоӣ Л.Адамек, дар китоби худ бо номи “Равобити хориҷии Амрико дар нимаи аввали қарни XX” менависад: “Ҳабибулоҳи Калаконӣ тамоми пулҳоеро, ки дар замони ҳарҷу марҷ аз тоҷирон, судхурон ва хазонаҳои давлат ба даст меовард, қисмати зиёди онро ба нодорон кумак менамуд то он ки дар байни онҳо минҳайси қаҳрамон шинохта шуд. Ӯ монанди Робин Ҳуд буд, ки аз ғаниҳо (бойҳо) пул меситонд ва ба фуқаро тақсим мекард”. Мирғулом Муҳаммад Ғубор дар асараш “Афғонистон дар масири таърих” менависад: “Роҳзанӣ ва дуздии Ҳабибулоҳи Калаконӣ бар хилофи дигар гурӯҳҳо бо айёрӣ ва ҷавонмардӣ ҳамроҳ буд ва фақат дороии ашхоси пулдор ва табақаи судхурро ҳадаф қарор медод ва бахше аз ғаноими бадастоварда аз корвонҳои давлатӣ ва мусофирони сарватмандро миёни табақаи маҳруми ҷомеа тақсим мекард ва аз таарруз ба занон ҳам парҳез мекард”. Ба ҳамин шакл Мирмуҳаммад Сиддиқи Фарҳанг ҳам  дар асараш “Афғонистон дар панҷ қарни ахир” менависад, ки “ Ҳабибулоҳи Калаконӣ дар амалиёте, ки дар Кӯҳдоман ва атрофи он муртакиб мешуд танҳо ашхоси пулдор, хусусан табақаҳои ришватхур ва судхурро ҳадаф қарор медод ва аз даст бурдан ба дороиҳои мардумони камбизоат худдорӣ мекард ва аз ҳама муҳимтар ин ки ба занон эҳтиром мегузошт ва аз таарруз ба номуси ашхос парҳезгор буд”. Сайид Расули Лугарӣ, муаллифи китоби “Нигоҳе ба аҳди салтанати Амонӣ” менависад:” Ҳеҷ кас ин ҷуръатро надорад бигӯяд, ки Ҳабибулоҳ як дузди судхур буда, ки мехост аз роҳи дуздӣ пул ба даст оварад ва онро барои зиёд намудани молу манол ба кор барад. Ӯ душмани сарсахти маъмурини ришватхури давлат, сармоядорон ва туҷори судхур буд ва ҳамеша аз онҳо боҷ мегирифт, аммо ба фуқаро ва маҳрумин сахт меҳрубон ва раҳмдил буд ва аз моле, ки ба даст меовард ба фуқаро тақсим мекард”. Олими рус Соколов Страхов Ҳабибулоҳро “Пугачёви афғонӣ” номидааст ва гуфтаст, ки “Бачаи Сақо ба камбағалон коре надошт ва танхо ба маликон, тоҷирон ва маъмурон ҳамла мекард. Аъзоёни дастаи вай аз деҳқонони оддӣ иборат буданд ва тамоми рӯз ба кишту кор машғул мешуданд”. 

Ба қавли муаррихин Ҳабибулоҳ пулу моли ба дастовардаашро се тақсим мекард. Як қисмат барои харидори яроқу кортус ва лавозимоти гурӯҳаш сарф мешуд. Қисмати дувум барои хуроку пӯшокаи онҳо ва қисми сеюмашро ба муҳтоҷон тақсим мекард.  Хислати дигари аҷиби Ҳабибулоҳ ин буд, ки вақте корвонҳои давлатиро мусодира мекард, ба кирокашон, ки аз табақаи нодор буданд расид (квитансия)медод, ки дар ҳақиқат моли интиқолмешудаи онҳоро мусодира карданд ва бо ин расид  давлат пули кирояи ҳайвони боркаш ва ё аробаю дигар василаи онҳоро пардохт менамуд. Аз ин рӯ, Ҳабибулоҳ дар байни мардум бисёр обру ва нуфуз дошт. Дар бораи шуҷоат ва далерӣ, шаҳомат ва бузургии Ҳабибулоҳ ҳаргуна нақлу ривоятҳо дар байни мардум паҳн шуда буд. «Дар атрофи қаҳрамониҳои вай суханҳо тарошиданд ва хобҳо диданд, овоза дарандохтанд, ки аз туфанги вай овози ҳақ ва дин меояд, у мазҳари каромот аст. Домани худро аз нон пур меку¬над ва ҳар кадар ба мардум бахш мекунад, ҳамон як домани нон тамом намешавад. Як доман кортусро ба сад рафиқи худ медиҳад, аммо ҳанӯз доманаш пур мебошад. Дар масҷид барои пирӯзии вай дуо мекарданд ва ӯро ходими дин номиданд. Занҳои солхурда назрҳо ба хотири комёбиаш ба гардан мегирифтанд ва дар ҳар дарахти куҳан, ки бар фарози қабри шаҳидон буд, нах мебастанд. Албатта вай аз миёни мардум буд ва қаҳрамони мардум». 

 Волии Кобул Алиаҳмадхон бо ёрии мардум тавонист гурӯҳҳои зиёди дӯздон ва роҳзанонро дастгир ва ба панҷаи қонун супорад, аммо мардум дар дастгирии Ҳабибулоҳ ба ӯ кумак намекарданд. Аз ин сабаб давлат роҳи таъқибу фишор ва лату куби мардуми Калаконро пеш гирифт, то Ҳабибулоҳи Калакониро ба давлат супоранд. Аз ин сабаб Калаконӣ ва дӯстонаш ба хулоса омаданд, ки ӯ Калаконро тарк кунад. Ҳабибулоҳи Калаконӣ ба Парачинори он тарафи сарҳад назди дӯсташ, ки аз давраи ҷанг бо англисҳо ёфта буд, рафт. Аммо давлат аз паногоҳи ӯ хабар шуд ва бо англисҳо мувофиқа намуд, то ӯро ба давлати Афғонистон супоранд. Ҳабибулоҳ ба воситаи касе аз мансабдорони давлат пешакӣ аз ин тасмими давлат хабар шуд ва пинҳонӣ аз сарҳад гузашта, ба Калакон омад ва аз нав ҳамон кӯҳи “Декча”-ро паногоҳи худ қарор дода, ба машғулияти пештарааш идома дод.

Дар ин миён вазъият дар минтақаҳо гуногуни Афғонистон муташаниҷ мешуд ва махсусан қиёми қабилаҳои шинворӣ дар Шарқ Амонуллоҳхонро нигарон карда буд. Аз тарафи дигар вазъияти шимоли Кобул ҳам барои давлат хатарнок буд. Аз ин рӯ, ба Аҳмадалихон дастур дод то масъалаи  Шимолиро яктарфа кунад ва қувваҳои низомиро ба Кобул баргардонад. Аҳмадалихон ба ҷуз аз музокира бо Ҳабибулоҳ дигар чораи надошт. Ниҳоят ин мулоқот сурат гирифт ва аз тарафи давлат ба Ҳабибулоҳ пешниҳод шуд, ки ба давлат таслим шавад ва дар вазифаи "дуздбигир" бо рафиқонаш дар бадали маоши ҳармоҳа кор кунад. Ҳабибулоҳ зимни қабули ин пешниҳод шарт гузошт, ки азбаски баъд аз ин тамоми дуздони қавии минтақа душмани ӯ мешаванд 100 нафар рафиқонашро давлат мусаллаҳ намояд ва маликони Калаконро аз ҳабс озод намояд. Амонулохон ин пешниҳодро қабул кард. Ба Ҳабибулоҳ 82 мил силоҳ бо котрусҳо дода шуд ва ба ӯ ва Саидҳусейн ба ҳар кадом 100 кобулигӣ ва ба рафиқонаш 30 кобулигӣ маош таъин намуд. Бояд зикр намуд, ки то ин вақт рафиқони Ҳабибулоҳ ҳамагӣ 10 мил силоҳ доштанд.

 Аммо дере нагузашт, ки Амонуллоҳхон аз ин тасмимаш ва мусаллаҳ намудани дастаи Ҳабибулоҳ пушаймон шуд ва дастур дод то ӯ дастгир ва ба қатл расонида шавад. Ин аҳдшикании Амонуллоҳхон Ҳабибулоҳ ва тамоми бузургони минтақаро ошуфта сохт ва дар пайи андешидани чораҳо шуданд. Қувваҳои давлатӣ қалъаи Регии Қарабоғро, ки Ҳабибулоҳ ва рафиқонаш ҷамъ шуда буданд, муҳосира намуданд ва ҷанги сахте ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷа Ҳабибулоҳ ва рафиқонаш муҳосираро шикаста аз қалъа берун шуданд. Ин ҳамла ва аҳдшикании Амонуллоҳхон тасмими Ҳабибулоҳро барои мубориза бо давлат ва сарнагун кардани Амонуллоҳхон қатъӣ сохт ва аз тарафи дигар, ҷанг дар қалъа заифии давлатро нишон дод, ки дар як шабонарӯзи ҷанг натавонист аз Кобул қувваҳои кумакиро ба минтақа фиристонад.

Ҳамин тавр,  омодагиҳо ба қиёми мусаллаҳона дар Шимолӣ ҳамроҳ бо музокирот бо бузургони қавмӣ ва руҳониёни баландмартаба оғоз шуданд. Ҳабибулоҳ аввал бо шахсияти бисёр пурнуфуз Абдуллоҷон Соҳибзода Муҷаддадӣ мулоқот намуда, уро аз нияташ огоҳ намуд ва машвараҳои уро гирифт, баъдан бо машвараи ӯ бо рӯҳонии дигари пурнуфуз Бузургҷон Муҷаддадӣ мулоқот намуд, ки машвара ва доираи ашхоси бо ӯ наздик аз ҳар як қишри ҷомеа, аз ҷумла Шамсулҳақ Муҷаддадӣ машҳур ба Ҳазрати Кӯҳистон, Мавлавӣ Абдулғанӣ машҳур ба Мавлавӣ соҳиб Қалъаи Баланд, набераҳои Мирмасҷидихон, қаҳрамони ҷанги аввали англису афғон, ки дар минтақаҳои гуногуни шимол Кобул, Парвон, Тагоб ва ғайра нуфузи зиёд доштанд, мулоқот намуда, ҳадафашро, ки танҳо сарнагун намудани Амонуллоҳхони аз дин беруншуда мебошад, тавзеҳ медод ва ваъдаи ҳамагуна ҳамкориҳоро мегирифт. Ниҳоят бо кӯшиши Абдуллоҷон ва Бузургҷон навбати мулоқот бо муинусалтана Иноятуллохон расид ва дар хонаи хусури Абдуллоҷон Абдураҳмони Пупалзай бо муинусалтана Иноятуллохон, сардор Ҳайётуллохон, сардор Усмонхон ноибулҳукумаи собиқи Қандаҳор мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳар се сардор ба як қиёми умумӣ бар зидди Амонуллоҳхон мувофиқат намуданд ва қарор бар ин шуда буд, ки як ҳафта пеш аз оғози шӯриш боз мулоқот менамоянд. 

Аммо дар муҳлати муайншуда Иноятулло ба мулоқоти Ҳабибулоҳ дигар ҳозир нашуд ва ҳамин аҳдшикании ӯ боис шуд, ки шуришгарон дигар барои супоридани қудрат ба Иноятулло баъд аз сарнагунии Амонуллоҳ дигар розӣ нашуданд.  Ба қавли Шоҳоғо Сиддиқи Муҷаддадӣ мувофиқа ба ин буд, ки баъд аз пирӯзии қиём Иноятуллоро ба подшоҳӣ бардоранд, зеро ҳадаф сарнагунии Амонуллоҳ барои ислоҳотҳои зиддидиниаш буд. 

Ниҳоят баъд аз омодагиҳои ҳамаҷониба ва таблиғу тарвиҷи ҳадафҳои қиём дар байни мардум рӯзи ҷумъаи 18 қавс(9 декабри сози 1928). Соати 9 субҳ шӯришгарони мусаллаҳ бо 118 мил силоҳи оташфишон, дигарон бог досу белу каланд, сихи тануршурию дигар василаҳо ба самти Кобул ҳаракат карданд.

14 январи соли 1929 қувваҳои шӯришгар ба Кобул дохил шуданд. Амонуллоҳхон маҷбур шуд, ки аз тоҷу тахти подшоҳӣ ба фоидаи бародараш Иноятуллохон даст кашад. Иноятуллохон ба назди Ҳабибулоҳи Калакони ҳайат фиристод ва даъват кард, ки ба ӯ  байъат кунад, аммо бо назардошти ба ваъдааш вафо накардан шӯришгарон ин даъватро  ва радд намуданд ва ҳукумати ӯ  аз 3 рўз зиёд идома пайдо накард. 18 январ дастањои шўришї бо роњбарии Њабибуллоҳи Калаконї вориди ќасри подшоњї шуданд.  Ҳамин тавр, Ҳабибуллоҳи Калакони бо лақаби “Ходими дини Расулуллулоҳ”  подшоњи Афѓонистон эълон гардид. 

Рӯзи 20 январ подшоҳе, ки аз нодортарин табақаи ҷомеа баромада, қариб бо дасти холӣ лашкари муназзами давлатро шикаст дод ва ҳукумати қариб дусадсолаи ашрофиро сарнагун намуда буд, дар қасри подшоҳӣ бо мардум мулоқот кард ва ҳадафу самтҳои фаъолияти ҳукуматашро эълон намуд. Ин аввалин бор дар таърихи ин давлати дусадсола буд, ки мардуми оддӣ вориди қасри подшоҳӣ  мешуданд ва аз наздик бо подшоҳашон мулоқот мекарданд. Дар гузашта, ҳатто аз берун, аз наздикиҳои девори қаср гузаштан барои мардум мамнуъ буд.  Подшоҳ ба аскарони асиршуда хитоб намуда гуфт, ки касе бо ман мардонавор ҷанг кардааст, дӯсти ман аст” ва онҳоро озод намуд, то ба хонаҳояшон бираванд

Қобили зикр аст, ки бо омадани шӯришгарон ба шаҳр эълон шуд, ки амнияти мол ва номуси мардум тазмин аст, ҳеҷ касе ҳақ надорад ба дукон ва хонаҳои мардум ворид шавад, амнияти сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ пурра таъмин гардид.

Ҳамон вақтҳо ва ҳатто имрӯз расм аст, ки Ҳабибулоҳи Калакониро дузди бесавод ва дур аз  сиёсат мехонанд, ки ҳукумати дусадсолаи паштунҳоро сарнагун кард. Аммо саволи муҳим ин ҷост, ки  магар дар ҳамин таърихи дусадсолаи хонадони шоҳӣ оё зуран сарнагун кардан, қатл кардан, кур кардани шоҳон кам будааст?. Кадом бесавод ва дур аз сиёсат чунин шуришро бо тамоми санъаташ бо машвара ва маслиҳати бузургон, мусафедон ва руҳониёни пурнуфуз  ва сардорону ҳатто муинусалтана омода карда метавонад? Албатта Ҳабибулоҳ хатро хондан наметавонист, сиёсатмадори расмӣ набуд, дар давлат кадом мансабе надошт, аммо дар мактаби зиндагӣ дарсу таҷриба гирифта, обутоб ёфта буд. Аз ҳама муҳимаш ӯ  як айёр, як ҷавонмард буд, ойини ҷавонмардӣ раҳнамои ӯ буд: адолатпеша, бовиҷдон, душмани золимону мустабидин ва дар аҳдаш пойбанд.

 Ҳабибулоҳ амният ва иззати хоҳарони Амонуллоҳро  ҳифз кард ва ба хонаводаҳояшон супорид. Ҳатто хонаводаи Нодирхон дар Кобул буд, вале аз хонаводаи  ӯ истифодаи сиёсӣ нанамуд. Гузашта аз он, онҳоро ба ҷойи амни қаср интиқол доданд.

Дар ҳоле, ки бо баъди омаданаш Нодирхони генерали “босаводу сиёсатмадор” на танҳо савганди дар Қуръон навишатаашро шикаст, балки ба хонаводаи подшоҳ беэҳтиромӣ намуд. Зани дувуми Ҳабибулоҳ, Беназирро, ки аз хонаводаи муҳаммадзоиҳо буд, зуран ба шавҳар дод ва зани аввалаш, Бибисангариро, ки зери шиканҷа ҳам ба шавҳар баромаданро қабул накард, 15 сол дар зиндон нигоҳ дошт ва баъд бо ду духтараш  ба Мазор Шариф бадарға кард, ки то охири умр аз Мазори Шариф берун омада наметавонист.

 Ё ки сардор Муҳаммад Довудхон, писари амаки Зоҳиршоҳ вақте табадуллоти давлатӣ кард хонаводаи шоҳро гаравгон гирифт ва то вақте номаи истеъфои Зоҳиршоҳоро нагирифт, онҳоро иҷозати ба Рим рафтанро надод. Ин хел мисолҳо дар таърихи сулолаҳои бонасаби подшоҳӣ хеле бисёр аст.

Дар рӯзи ҷашни истиқлоли Афғонистон Ҳабибулоҳ ба Амонуллоҳхон, ки дар Рим буд, номаи табрикӣ ирсол намуд ва хизматҳои ӯро дар истирдоди истиқлол таъкид намуд. Аммо бо омадани Нодирхон номи Амонуллоҳхон аз ҳама ҷо гирифта шуд ва ёде аз ӯ намекарданд.

Ҳабибулоҳ  дар ҳамон ҷашни истиқлол вақте ба маҳалли ҷашн ворид шуд, дид ки байни  мардум ва ашрофони дар минбар буда симхор кашида шудаааст. Ӯ дастур дод ки симхор бардошта шавад, яъне нахост, ки байни подшоҳ ва мардумаш симхор бошад. 

Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, чопи Теҳрон дар шумораи 27 ҳамали соли 1392 (16 апрели соли 2013) дар мавриди баёнияи амир Ҳабибулоҳ дар маросими Ҷашни Истиқлол таҳти унвони “Амир Ҳабибулоҳи Калаконӣ ва шабеҳнависӣ” ҷунин шарҳ медиҳад: “ Барои он ки нишон бидиҳем Амир Ҳабибулоҳхон яке аз айёре буд, ки дуздӣ ва дағалкорӣ дар қомусаш вуҷуд надошт ва ҳатто дар гуфтор ва кирдор алайҳи он мубориза мекард ва аз ҳиммати олӣ бархурдор буд ба мавриде ишора мекунам, ки бисёр камтар мавриди мавриди таваҷуҳи фарҳехтагон қарор гирифтааст. Ин маврид масъалаи дағалкории фарҳангӣ мебошад. Дар дунёи нависандагӣ падидае вуҷуд дорад бо номи шабеҳнависӣ. Ба касе гуфта мешавад, ки дар муқобили дарёфти пул ба номи шахси дигаре  китоб ё мақола менависад. Ё он ки дар муқобили дарёфти пул  иҷоза медиҳад, ки мақола ё китобаш бо номи шахси дигаре чоп шавад...

Амир Ҳабибулоҳ аввалин давлатмарди дунё мебошад, ки на танҳо шабеҳнависиро истихдом накард, балки талош намуд, ки суханрониҳои худро ба дасти онҳо насупорад ва ҳарфҳои дили худро бидуни восита бо мардум дар миён бигзорад”.

Ба қавли Оғо Шоҳ Сиддиқи Муҷаддадӣ дар солрӯзи ҷашни истиқлол мутобиқи барнома бояд Ҳабибулоҳхон дар минбари хитоба меистод ва  вазири дарбор Атоулҳақ хитобаи табрикии амирро қироат мекард. Ҳамин ки вазир пеш омад Ҳабибулоҳ гуфт: “ Худоям ба ман забон бахшида, чаро бо забони худам бо мардумам сухан нагӯям. Ҳоҷат ба навишта нест. Он гоҳ лаб ба сухан кушод ва гуфт : “Мардуми шуҷои Афғонистон, ассалому алайкум. Ҷашни истиқлол ва озодии кишвар ба ҳаматон муборак боша! Имрӯз ҷашни истиқлоли Авғонистон аст. Истиқлол аз шумо мардум аст, на аз падари Амонуллоҳ ва на аз падари фақири ман. Шумо мардум будед, ки истиқлолро ба зӯри шамшертон гирифтен. Ҳеҷ почо дар ҷанг кушта нашуда, нишон бидиҳед як сардорро, ки дар ҳамин ҷанги истиқлол кушта шуда бошад, балки куштаҳо  ҳама аз мардуми бечора аст ва хушӣ ва ифтихори он аз  аз почо ва хонадони онҳо”. Дар ин суханронии сода мебинем, ки барои аввалин бор як подшоҳ хоксорона фидокориҳо ва ҷоннисориҳои мардумро дар ҳузурашон эътироф мекунад. Он чи ки аз ин суханронӣ бармеояд ин аст, ки барои ӯ ҳатто дағалкории фарҳангӣ қобили таҳаммул набуд, чӣ расад ба дуздӣ”. 

Қиёми деҳқонони тоҷики Шимолӣ ҳеҷ гунаи омили қавмӣ надошт ва ба муқобили қавме набуд, аммо раҳбарони паштун, ба хусус Муҳаммад Нодирхон тавонистанд тамоми паштунҳоро бо таблиғоти васеи зиддитоҷикӣ, ки гӯё саркардаи шӯриш як «тоҷики пойлуч» ва «бенасаб» бо номи Бачаи Сақав (онҳо Ҳабибуллоҳро таҳқиромез Бачаи Сақав, яъне бачаи обкаш номиданд), тахти подшоҳии афғонҳоро ба даст гирифтааст, ба муқобили ҳукумати Ҳабибуллоҳ таҳрик намоянд. 

Бародари Нодирхон- Шоҳмаҳмуд дар байни қабилаҳои ҷоҷӣ таблиғ мекард, бародари дигараш Шоҳвалӣ дар миёни қабилаҳои мангал, худи Нодирхон ба торҳои эҳсосоти қабилавии ҷадронҳо  нохун мезад. Ҳазорон нафарро аз қабилаҳои вазирӣ ва турии он тарафи сарҳад ҷалб карда буданд. Албатта, таваҷҷуҳи асосӣ ба қабилаҳои дурронӣ нигаронида шуда буд. Таблиғоти васеи зидди Ҳабибулоҳи тоҷик аз тариқи рӯзномаи Ислоҳ” ба роҳ монда шуда буд. Ишғоли тахти шоҳӣ аз тарафи тоҷик таҳдид ба шараф ва номуси паштунҳо хонда шуда буд, ки наметавонист қабоили гуногуни паштунҳоро  таҳрик накунад.

Дар ибтидо худи Амонуллоҳхон аз Қандаҳор аз англисҳо ёрӣ хост, аммо ҷавоби рад гирифт. Саъю талошњои Амонуллоҳхон дурронињоро ба нангу номус овард ва онњо байни худ маслињат ва машварат карданд, ки дар барќарор кардани салтанати дубораи дурронињо ва аз чанголи мардуми ба истилоњ «бе аслу насаби тољик» рањонидани он ба Амонуллоҳхон њамаљониба мусоидат намоянд. Бинобар ин, дурронињо аз байни худ то 4 њазор аскари довталаб љамъоварї намуда буданд. Дар маљмуъ Амонуллоҳхон аз 10 то 14 њазор неруи низомї ва ѓайринизомї ташкил дода, дар таърихи 27 марти соли 1929 аз Ќандањор ба љониби Кобул њаракат намуд. Аммо дар муњорибае, ки моњи май дар назди Калоти Ѓилљоӣ ба амал омада буд, Амонуллоҳхон шикаст хўрд ва Афѓонистонро тарк карда, ба Италия муњољират намуд.

Дар шикасти Ҳукумати Ҳабибулохони Калаконӣ омилҳои ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ таъсиргузор буданд. Омили таъсиргузори дохилӣ ин буд, ки дар замони њукмронии кўтоњмуддати Ҳабибулоҳи Калаконӣ мавќеи руњониён ва феодалњо аз нав мустањкам шуда, заминдорї ва соњиби њокимияти марказї ва мањаллии Афѓонистон ба дасти онњо гузашт. Харљу харољоте, ки барои сохтмони дастгоҳи нави њукуматї ва ташкили ќўшунњои њарбї сарф карда мешуданд, инчунин талаю торољгарињои руњониён ва феодалњо хазинаи хароби давлатиро тамоман ќасод карданд ва њукумати Њабибуллохон душворињои вазнини молиявиро аз сар мегузаронид. Бинобар ин, ҳаљми  андозњо на ин ки кам карда нашуданд, балки боќиёти солњои гузашта ва њамаи андозњо ба мисли замонњои пешина бе каму кост пурраву барзиёд рўёнида мешуданд. Ин њолат оммаи дењќононеро, ки ба Њабибуллохон умед ва боварии зиёд доштанд, маъюс, дилшикаста ва ноумед гардонд ва дар байни онњо норозигї ва шўру ошуб ба амал меомад.

            Аз њукумати Њабибуллоҳхон махсусан маликњо ва ашрофу аъёни ќабилањои љануби Афѓонистон норозигии зиёд доштанд, зеро онњо, ки пештар тамоми амалњои маъмурї ва њарбиро соњиб буданд, акнун розї шуда наметавонистанд, ки њама вазифањои муњимми давлатї дар дасти феодалњо ва рўњониёни минтақањои шимолї бошад.

            Омили хориҷии сарнагунии давлати Ҳабибулоҳ ҳам бисёр барҷаста буд. Њукуматдорони  Англия, ки њанўз аз давраи сар задании шўриш бо гурўњњои иртиљої алоќа доштанд ва љосуси англисӣ подполковник Лоуренс онњоро ба қиём ва исёнгарї даъват намуда буд, ният доштанд, ки Афѓонистонро ба маркази муборизаи зидди Иттиҳоди Шуравї табдил дињанд. Мањз дар њамин давра фаъолияти босмачиён љоннок гардида, аз хоки Афѓонистон чандин маротиба ба сарњади шуравї њамла оварданд. 

            Њељ як кишвари хориљї њукумати Калакониро ба расмият нашинохт. Иттињоди Шўравї ҳам аз Ҳабибулоҳи тоҷик пуштибонӣ накард, гарчанде аз табақаи поинтарини ҷомеа буд.

Дар мавриди тарҷеҳи ҳамкории Иттиҳоди Шуравӣ  ба гурӯҳҳо ва аҳзоби паштун воқеият ин аст, ки дар сиёсати Русия нисбат ба Афғонистон дар тӯли таърих ҳамеша ба қавми паштун, ба қавли онҳо «миллати давлатсоз», ки аксари аҳолии Афғонистонро гӯиё ташкил менамояд, асос ёфта аст. Баъд аз ба сари қудрат расидани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ дар соли 1929 дар натиҷаи шӯриши деҳқонони шимоли Кобул резиденти вақти шуравӣ дар Кобул ба раҳбарони шӯравӣ тавсия дод то аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки намояндаи деҳқонони камбағал буд, пуштибонӣ шавад. Аммо боз ҳам қавмияти Хабибуллоҳи Калаконӣ монеъ шуд то Шуравӣ аз ӯ пуштибонӣ намояд. Дар ин замина баҳсҳои зиёде байни ОГПУ ва НКИД (Комиссариати халқии корҳои хориҷӣ) сурат гирифт, ки намояндагони дувумӣ Хабибуллоҳи Калакониро дар робита доштан бо англисҳо мутаҳам мекарданд. Гарчанде ҳеҷ далеле барои ин иддаоҳо надоштанд ва то имрӯз ҳам чунин шаҳодате вуҷуд надорад.

Георгий Агабеков, корманди собиқи ОГПУ, ки дар Афғонистон кор карда буд ва баъдан ба Ғарб фирор намуд, менависад: «Намояндагони мо (ОГПУ), бо такя ба фактҳо исбот менамуданд, ки Бачаи Сақо (Ҳабибуллоҳи Калаконӣ) аз табақаҳои поёнӣ баромада аст ва ба деҳқонон такя мекунад, манфиати онҳоро ҳимоя менамояд ва бовар мекунондем, ки бо дастгирии ӯ метавонем ба тадриҷ Афғонистонро «советӣ» намоем. Чунин фактҳоро меовардем, ки ҳукумати Бачаи Сақо пурра аз деҳқонони бесаводу камсавод, аммо касоне, ки ниёзмандиҳои аҳолиро медонистанд, иборат буд. Бачаи Сақо баъд аз соҳиб шудан ба қудрат тамоми қарзҳо аз андози деҳқононро аз солҳои гузашта бекор кард, ба мусодираи заминҳои помешикони калон ва тақсим намудани он ба деҳқонон оғоз намуд, тамоми хизматчиёни баландрутбаи куҳнаро бо хизматчиёни баромадашон аз мардум иваз намуд. Барои ҳамин дар байни мардум обрӯи калон дошт». 

Георгий Агабеков, ба қавли худаш дар мулоқот бо ҷонишини НКИД Қараханов кӯшиши зиёд намуд то исбот намояд, ки Бачаи Сақо ҷосуси англисҳо нест, ин Нодирхон аст, ки англисҳо ӯро ба Ҳиндустон иҷозати рафтан додаанд то муборизаро барои сарнагун намудани Бачаи Сақо оғоз намояд. Аммо якбора Қараханов гуфт: медонед бо Нодирхон кор кардан, назар ба Бачаи Сақо беҳтар аст. Зеро Бачаи Сақо аз рӯйи миллат тоҷик аст ва табиатан дар Туркистон ҳамқабилаҳои худро дорад ва барои таҷовуз ба тарафи сарҳадҳои мо кӯшиш хоҳад кард. Дар ҳоле ки Нодирхон афғони тоза аст ва кӯшишҳои ӯ ба тарафи сарҳади Ҳиндустон равона хоҳанд шуд». 

Ҳамин тавр, ба қавли Г.Агабеков Бюрои Сиёсӣ далелҳои Комиссариати халқии корҳои хориҷиро дуруст ҳисоб кард ва тасмим гирифт амир Амонуллоҳ - намояндаи помешикон ва хонҳоро ба муқобили (бачаи обкаш», пролетар - Бачаи Сақо дастгирӣ намояд. 

Бешубҳа, дар тасмгириҳои шуравиҳо сиёсат ва амалкардҳои  Ҳабибулоҳ низ таъсиргузор буданд. Ӯ ҳанӯз аз солҳои боғбониаш бо Сайид Олимхон шинос шуда буд ва дар бораи тасарруфи Бухоро аз тарафи болшевикҳо қиссаҳо шунида буд. Ба замми ин баъди ба қудрат расидан бо роҳбари дастаи босмачиёни Тоҷикистон  Иброҳимбек дар Кобул мулоқот намуда буд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки чанд бор дар бораи озод намудани Бухорои Шариф аз чанги болшевикҳо изҳорот дода буд.

Ин буд, ки 15 апрели соли 1929 дастаи 2 ҳазорнафараи сарбозони сурх, зери фармондеҳии собиқ атташеи низомии Шуравӣ дар Кобул В. Примаков ( бо номи мустаори афсари туркӣ Роғиббой) ва афғонҳои фирорӣ бо саркардагии сафири Афғонистон дар Маскав Ғулом Набихони Чархӣ ва дастгирии 6 ҳавопаймо аз ноҳияи Тирмиз дарёро тавассути қаиқҳо гузашта,  ба муқобили Афғонистон, бо мақсади  сарнагун намудани ҳукумати Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ҳуҷум намуданд. Дастаи В. Примаков шаҳри Мазори Шариф ва Тошқурғонро зери назорати худ дароварда, ба тарафи Самангон ҳаракат намуд. Дар ҷангҳо бо муҷоҳиддини афғон ҳазорон нафар афғон кушта шуд. Ба қавли Халилуллоҳи Халилӣ ки худаш шоҳиди ин воқеаҳо будааст, «таҷовузгарон дар масири роҳи тангии Тошқурғон то Айбаку Работаки Самангон ҳар киро ки дар роҳ медиданд ҳадафи гулула қарор медоданд, ҳар ҷо ҷамъеро медиданд бо бордумони тайёра ва оташи туп маҳв мекарданд. Аз тангии Тошқурғон то Айбак ва Работак бештар аз 4 ҳазор шаҳид ба хоку хун ғалтида ва садҳо маҷруҳ зинда–зинда аз ташнагӣ ҷон дода буданд». Эҳтимол ин рақамҳо иғроқомез бошанд.  Ба ҳар сурат, баъд аз хабари ҳуҷуми русҳо «Амонуллоҳ нахост  бо ин амали нангин ва шармовар тоҷу тахти рафтаашро боз гардонад ва оворагиро дар диёри бегона бар подшоҳӣ тарҷеҳ дод».

Ба қавли мутахассисон дар тасмимгирии Амонуллохон мактуби Маҳмуди Тарзӣ, ки дар он, аз ҷумла ду мисраъ аз абёти Саъдии Шерозӣ оварда шуда буд, бисёр асаргузор будааст:

 

Ҳаққо, ки бо уқубати дузах баробар аст,

Рафтан ба поймардии ҳамсоя дар биҳишт.

 

Баъд аз Афғонистонро тарк намудани Амонуллоҳхон роҳбарияти Шӯравӣ таҷовузи худро бефоида хонда, сарбозонашро аз Афғонистон хориҷ намуд.

  Дар моҳи сентябри соли 1929 ҳангоме ки  ҳукумати Калаконӣ ба буҳрони амиқ дучор шуда буд, ҳуҷуми қушунҳои даҳҳазорнафарии Нодирхон оғоз шуд. 15 октябр ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ», иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хати Дюранд» ҳукумати Ҳабибулоҳхонро сарнагун  намуданд. Калаконӣ ба тарафи Чорикор ва Ҷабалуссироҷ ақибнишинӣ кард. Нодирхон подшоҳи Афғонистон эълон шуд. Баъд аз ин Нодирхон аз тарси ҳуҷуми дубораи Ҳабибулоҳ бо миёнҷигарии рӯҳонии соҳибнуфуз Ҳазрати Шӯр Бозор дар  7 варақи “Қуръон” худаш ва бародаронаш, Ҳошимхон, Шоҳмаҳмуд, Шоҳвалӣ  савганди худро навиштанд, ки Калаконӣ ва тарафдоронашро мавриди авф қарор медиҳад ва аз онҳо даъват кард, ки ба Кобул биёянд.

Калаконии зудбовар бо дидани савганди Нодирхон дар китоби муқаддаси “Қуръон” бовар кард ва Қуръонро бӯсид, онро ба рӯйю чашм молида    ва силоҳро аз камарбандаш кушоду ба замин гузошта, якҷо бо ёрони наздикаш ба  дарбори Нодирхон омад. Бо муҷарради расидан ба ҳузури Нодирхон муҳри подшоҳиро аз гардан гирифта назди Нодирхон гузошт ва гуфт: “Худоё ту гувоҳ бош, бо ҳама хатароте, ки аз чор тараф Афғонистонро таҳдид мекард, мани боғбонзодаи бесавод онро саломат ва бидуни каму кост ба ин Нодирхон таслим мекунам. Албатта иродаи Ту чунин рафта буд. Умедворам рӯзе салтанатро аз хонаводаи ӯ мегиранд онҳо низ ин амонатро бо ҳудуди комилаш, саломат ба фарзандони ватан месупоранд”. Виқор ва матонати Ҳабибулоҳ курсинишинони дарборро  ба даҳшат андохта буд ва касе ҷуръати онро надошт, ки ба ӯ нигоҳ кунад. Ҳабибулоҳ сипас рӯ ба тарафи Нодир кард ва гуфт: “Зинҳор аз ин вазироне, ки даври ту ҳалқа бастаанд, бале -бале мегӯянд иҳтироз кун. Амонуллоҳхонро фиреб доданд, маро фирефтанд, туро низ фиреб хоҳанд дод”. Баъд рӯяшро ба сӯйи яке аз вазирони собиқ гардонд ва гуфт:”Магар чунин нест?”.

Суханони вай чунон таъсир карда буданд, ки он вазир беихтиёр ба по хоста, дастҳоро ба сина ниҳода, сарашро ба расми таъзим фуруд оварда, тасдиқ кард: “Бале қурбон , чунин аст”. 

Њабибуллоҳхон ба Нодирхон хитоб карда гуфт: «Дар боби худам хоњише надорам, аммо дар боби рафиќњоям ќассоб нахоњї буд, ки бикўшї, бозаргон нестї, ки бифурушї! Шояд ба монанди љавонмардон ба паймони худ вафо кунї?» Аммо Нодирхон на љавонмардї дошт ва на ба паймонаш вафо кард.

Баъд аз як ҳафтаи дар маҳбас будан Ҳабибулоҳхон бо тамоми ёронаш тирборон шуданд ва ҷасадҳои онҳо дар майдон ба дор овехта шуда, чанд рӯз барои тарсонидани мардум онҷо боқӣ монданд. 

Ҳамин тавр, ба қавли Мирғулом Муҳаммади Ғубор, «лашкари ҳашарӣ», иборат аз паштунҳои қавми вазирии он тарафи «хатти Дюранд» ҳукумати Ҳабибуллоҳро сарнагун ва минтақаҳои тоҷикнишини шимоли Кобул ғорат ва мардуми он қатли ом шуданд. “Муҳаммад Гулхони Муманд, ки дар ихтиёраш қувваҳои 25 ҳазорнафарии  ҳашарӣ ва як фирқаи (дивизия)-и аскарии муназзам дошт,-менависад Муҳаммад Ғубор - дар Кописо ва Парвон даст ба чунон амалиёте зад, ки  дар як кишвари фатҳшудаи хориҷӣ ҳам  маҷоз нест”.  Ба қавли профессори донишгоҳи Кобул Расул Раҳин, мумандиҳо ҳазорон асири  тоҷики Кописо ва Парвонро, ки аз хонаҳояшон ҷамъ карда буданд ба номи «қавми шоҳ Ҳабибулоҳи Калаконӣ»  ба зиндонҳои Кобул фиристода, дороиҳои онҳоро барои лашкариён мубоҳ эълон карданд. Гузашта аз ин, давлат барои ҳар сари буридаи тоҷик  як ҳазор афғонӣ инъом эълон кард. Табиист, ки лашкариёни қавмӣ тоҷикро дигар асир намекарданд, зеро сари буридаи ӯ  фоидаи зиёд меовард”. 

Бешубҳа, Ҳабибулоҳхони Калаконӣ ҷавонмарди далеру шуҷоъ, ватандӯсти воқеӣ, адолатпеша, ки аз умқи тӯдаҳо зуҳур карда буд, барои аввалин бор як инқилоби мардумиро роҳбарӣ кард ва низоми истибдодии қабиласолориро сарнагун сохт. Аммо, аз як тараф, хушбоварии тоҷикӣ, аз тарафи дигар, таассуби қавмии паштунӣ, мудохилаи рӯйирости хориҷиён нагузоштанд, то аз самараи ин инқилоб ба нафъи мардуми ранҷдидаи ин кишвар истифода шавад.

Қосимшоҳ Искандаров, доктори 

илмҳои таърих

      Тавре аз расонаҳо иттилоъ дорем, сар аз 1-уми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид, ки он бо тантана ҷараён дорад. Дар умум, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

    Хидмат ба Модар – Ватан ҳам шурӯъ шуд. Ҷавонони бо ғайрату шуҷоъ бидуни ягон мушкилоте ба сафи артиш мепайванданд. Мо ҳам аз шуҷоъату мардонагии ҷавонони ватанӣ умеди бисёр ҳам дорем. Чун сарҳад ором аст, мудом мо ҳам ором мехобем, меравем, сайру гашт мекунем. Нимашабӣ ҳар самте хоҳем равуо менамоем. Чун амнияту субот дар кишвари мо вуҷуд дорад ва мо ҳам мебинем, мутмаин ҳастем, ки ҷавонони бо нангу номуси мо қудрати ҷавонии худро истифода карда, Ватани азизамонро бо ҷону дил ҳимоят мекунанд.

     Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар - Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ қайд карда буданд, “Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд”.

      Тавре мушоҳида мекунем, иддае аз ҷавонон ба хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва бо тавсияи бузургон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд. Вале як нукта мавриди нигаронӣ қарор дорад, ки бархе аз ҷавонон мутаассифона ба ҳар баҳонаҳо аз хизмат даст мекашанд...

     Дар ҳоле ки хизмат ба Ватан на танҳо қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бо нангу тоҷик аст, балки он нангу номус аст...

       Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ шоири ширинбаёни мо ҳам дар ин бора ишораи хубе кардааст:

            Пушти по зан тахти Кайковусро,

            Сар бидеҳ, аз даст мадеҳ номусро

“Ба доно як ишора” гуфтаанд ва бояд ба наврасон дуруст фаҳмонид, ки хизмат ба артиш аслан тарбия аст. Омӯзиши сабр аст. Чун инсон аз замони наврасӣ эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Аз ҷумлаи беҳтарин маконҳо барои тарбияи наврасон ин пайвастан ё хидмат кардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвари азиз мо аст. Чун дар артиш ба инсон, аниқтар ба наврасон замми сабру таҳаммул, ҷавонмардию вафодорӣ ва хирадмадӣ меомӯзанд. Қавиирода будану дӯстдори ёру диёр будан меомӯзанд. Касбу ҳанару дигару дигар.

      Оё наврасон медонанд, ки масалан вафодорӣ чист? Вафодор будан ба чӣ маъност? Бояд фаҳмид, ки  вафодор будан, яъне фидокорӣ, субот, садоқат аст. Вафодорӣ ба ормонҳои миллӣ, вафодорӣ ба азизону гузаштагон. Садоқат ба худу дигарон. Ҷойгоҳи вижае дар зиндагии як фард тавассути фидокорӣ ба Ватан дошта бошад, ки ба таври ҷудонопазирӣ бо ишқу муҳаббат ва тавоноиву муҳофизат аз Ӯ, ҳатто ҷон фидо кардан дар роҳи Мейҳан пайвандӣ дорад.

     Дар сафи артиш барои наврасони мо муқаддас будани Ватанро меомӯзанд. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд, зеро агар модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда бошад, Ватан моро парваридааст. Ватан ба сари мо дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳову беҳамтост. Гузашта аз ин, дӯстдории Ватан аз имон аст!

     Бояд гуфт, ки моҳияти мавзӯи ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзӯи калидии ватандорон буду ҳаст, чун бидуни Ватан башарият оромиш надорад. Бе Ватан тоифае сарсону саргардонанд. Масалан  курдҳоро гирем, ки имрӯз  шумораи онҳо  беш  аз 80 миллионро ташкил  медиҳанд. Бо вуҷуди ин, онҳо соҳиби давлати  мустақил нестанд. Аз ин лиҳоз, бо миқдори ками аҳолӣ соҳиби давлати алоҳида будани тоҷикон, як саодати бузург аст. Дар бораи нооромиҳои мардуми афғону дигар кишварҳои Шарқ ҷойи ёдоварӣ ҳам нест, чаро ки ҳамарӯза аз тариқи расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ наворҳои даҳшатафкану харобиовар паҳн мешаванд.

        Як андешаи ғалат дар зеҳни мардум ҷой гирифтааст, ки шароити хуб аз қабили хӯрокаву пӯшока ва дигар шароити маишӣ надоранд. Дар ҳоле ки ин андешаҳо чанд сол боз аз мадди назар дур рафтааст. На танҳо мушкилоти хӯрду хӯрок ва пӯшока аз байн рафтааст, балки рӯ ба таҷҳизоти комилан нави замонавӣ овардаанд.

      Танҳо ақидаи дуруст метавонад андешаи ҷавононро дуруст кунад. Аз овони мактабхонӣ наврас бояд нисбати Қувваҳои мусаллаҳ маълумоти дақиқ дошта бошад. Дар дарсҳои фаҳмондадиҳӣ нуктаҳои ҳифзи марзу бум, ватандӯстдорӣ ба наврасон гуфта шавад. Ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан бояд омода кард. Ҷавонони моро мебояд бо як эҳсоси баланди ватандорӣ ба хизмати Ватан омода бошанд.

       Тавре мебинем ва масъулин ҳам арз медоранд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ ба хусус, ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ ба он мусоидат намудааст. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулин ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонад, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, монеаву мушкилот кам ба назар мерасад. Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароитҳои хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар фазои сулҳу суботи кишвар ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.

            Умед Пудинаев, ходими илмии

Шуъбаи иттилоот, робитаҳои илмӣ ва

омӯзиши тамаддуни Шарқи

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ

ФАЙЗУ ФАЗИЛАТҲОИ НАВРӮЗ

   «Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».

 

Эмомалӣ Раҳмон

     Наврӯз ҷашни мардумии ориётаборон буда, ин иди хуҷаста аз даврони Одам то ин дам ба мо мерос мондаасту банӣ-Башар онро ҳамасола пешвоз мегиранд, арҷ мегузоранд ва тантана мекунанд. Бале, Наврӯз ҷашни миллию ҳамбастагии қавму қабоили ҳавзаи тамаддуни ориёист, ки вижагиҳое дораду он пушти ба пушт омада файзу фазилатҳои ба худ хосро дорост ва  бо гузашти солҳову асрҳо сайқал ёфтаю ба шарофати одамон пурфайзтар гардидааст. Ин ба он маъност, ки сараввал Наврӯз оғози бедории табиату навбаҳори файзбахш аст, зеро ба таъбири марди деҳқон як рӯзи баҳорро самаранок истифода намудани он борҳои тирамоҳу дайро пур намудан аст. Дигар ин ки Наврӯз идомаи пайвастаи ҳаёт, ҳам дар табиат ва ҳам дар ҷамъият, аст. Зиёда аз ин, Наврӯз барои ориётаборон ва зистмандони манотиқи Ориёӣ ба ҳайси як ҷашни мардумӣ ва миллӣ шуҳрати оламгир дорад, ки ҳоҷат ба шарҳу тафсир нест.

      Роҷеъ ба пайдоиш, ба ҳукми анъана даромадани ҷашни Наврӯз чи дар ривоятҳои мардумӣ, чи рисолаҳои ба ин ҷашн нигошта ва чи дар бозёфтҳои бостоншиносӣ андешаҳои гуногуне ҷой дода шуда бошанд ҳам, асосан бунёди таҷлили Наврӯзро ба замони подшоҳии Ҷамшед – шоҳи пешдодӣ нисбат додаанд ва Ҷамшед худ аз машҳуртарин шахсиятҳои ривоятии эронитаборон маҳсуб мешаваду он тайи солҳою  қарнҳо  аз дил ба дил роҳи тӯлонӣ паймуда, аз насл ба насл мерос монда, бо мурури замон ҳарчи беш ғанитару рангинтар гардидааст. Тибқи баъзе маълумотҳои дигар, ки дар маъхазу сарчашмаҳо маҳфуз мондаанд, пайдоиши Наврӯз  ҳамчунон ба давраи ҳукмронии Каюмарс, Куруши Кабир, Ардашери Бобакон  ва ғ. нисбат дода шудааст.  Ба ҳар ҳол, ин ҳама ба он маъност, ки Наврӯз аз ҷашнҳои хеле қадимаи мардумонамон аст ва он дар ҳақиқат мардумисту ба ягон дину ойини алоҳида иртиботе надорад. Зиёда аз ин, Наврӯз эҷоди ниҳоят дурбинонаи мардумони Шарқ буда, хушбахтона имрӯз маснади ҷаҳонӣ гирифтааст.  Ин ҷашни пурфайзу бафазилат тавониста, ки дар тӯли дарозои таърихи башарият мардумро, новобаста ба қавму нажоду миллат ва эътиқодҳои динӣ, ба ҳам ҷамъ оварад, ҳамовозиашонро бо табиати бедоршудаистода таъмин намояд ва дар ҳастии худ, дар ниҳоди худ ваҳдатпарвар бошад. Халқияту миллатҳои бостонию даврони асотирӣ ҳар қадар сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ бо боварҳои худ доштанд, то маъруфияти Наврӯз боз ҳам ҳамагӣ бо мавҳумҳои «рӯзи нав», «навшуда», «наврӯз», «шукуфоӣ», «бедорӣ» ва монанди инҳо ошноӣ доштанд.  Эшон муътақид бар он буданд, ки ҷаҳон дар як даврае ё замоне нав мешавад, мешукуфад, борвар мешавад ва боз бо ҳамин минвол доиравор такрор мегардад ва, албатта, ин оғоз ҳамоно Наврӯз аст.

       Боз дар бораи пайдоиши Наврӯз гуфтаҳою боварҳои дигаре низ ҳастанд, ки ишора намуданашро ин ҷо бамаврид медонем. Куҳантарин нишонаҳои  Наврӯз, ки бостоншиносони ҳавзаи Наврӯз дарёфтаю паҳн намудаанд, ин ҷашни сари соли нави шумериён ва бобилиён будаасту дар навиштаҳои дарёфта ба ҳазораи севуми пеш аз мелод рост меояд. Боз гумонҳои тозатаре низ ҳастанд, ки онҳоро дар заминаи маъхазҳои мавҷуда бояд пайгирӣ намуд.

     Бо омадани Наврӯз ва оғози ҳар сол куҳулати замон аз ёдҳо зудуда мегардид, офаридаҳои табиати офаранда ҷони тоза меёфт. Ҳамин буду ҳаст, ки рустану шукуфтани гиёҳон, «…рӯйиши донаҳои ба рӯйи хок кишта ва ҷорӣ шудани шираҳои ҳаётбахш дар тану ҷони рустаниҳо дамидани ҷони тозаеро ба ҷону тани одамон илқо менамуд» ва ҳамчун биҳишти гумшудае аз нав зеҳни одамонро такон медод.  Оғози ҳар солро инсонҳо бо ҳазору як орзую умед интизорӣ мекашиданд, ҷашну сур, ки рамзи бедории табиати дар хоббуда ва асари хуҷастаи он бар одамон аст, меоростанд. Тасхири замон, эҳсос накардани гузаштани вақти астрономӣ барои онон нишотовару шодибахш буд ва инро ҳамроҳи ҳамешагии зиндагӣ эҳсос мекарданду имрӯз ҳам дар ҳамин боваранд.

     Ҷашни Наврӯз аз қадим аз рӯзи аввал то ба дувоздаҳ рӯз идома дошт, ки мушаххасоту сифатҳои  он осори даврони баъдазисломии мардуми эронитабор хеле равшан баён ёфтааст. Дар ин бора метавон пеш аз ҳама  андешаҳои Абуалӣ ибни Сино, «Осор-ул-боқия»-и  Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и нуҷумии Умари Хайём, ки аз ашрофони ақлияи даврони худ буданд, ном бурд. Ва, хушбахтона,  ба забони форсии тоҷикӣ «Наврӯзнома»-ҳои зиёде навиштаю  то ба мо  омада расидаанд, ки аз ҳар кадом метавон бамаврид истифода кард. Ба ишораи умумии эшон гӯё таваллуди Офтобу пайдоиши Одам – ҳар ду ба Наврӯз иртибот дорад, ки кайҳоншиносӣ инро собит намудааст. Ва Наврӯз он будаю ҳаст, ки, тибқи наврӯзи бобилиён, сарнавишти офаридаҳо ва одамиёнро дар ҷаҳон ба сӯйи дувоздаҳ моҳи дигар, то Наврӯзи наву баҳори нозпарвар,  мекушояд. Аз ин рӯ, Наврӯз аз куҳантарин боварҳои ақвоми ориёист, ки  он ба бисёре аз зистмандони гуногунқабилаи дуру наздик барвақт нуфуз карда будааст. Тибқи маълумоти мавҷуда «шавоҳиде дар даст аст, ки ҳаммонанди Наврӯзи бобилӣ дар назди мисриён, ҳаитиҳо ва ақвоми бостонии дигар  маълум будааст» ва худ ба худ ошкор мегардад, ки Ҷаҳонишавии Наврӯз заминаи боэътимод дошту аз қадим ҷаҳониён онро бо рангу равишҳои гуногуни ба худ хос пешвоз ва ҷашн мегирифтанд, тантана мекарданд ва оғози муваффақонаи тамоми заҳматҳои худ дониста, бо муҳаббат дона мепошиданду натиҷаи борварии заҳматро интизор мешуданд. Дар ин ишора тамоми фаъолияти одамӣ алоқамандие бо табиат дорад ва, албатта, хеле  мушаххас.

     Расму ойини Наврӯз бо гузашти вақту такрори бардавом, новобаста ба дину ойинҳои фаъоли ҷаҳонӣ, сайқал ёфта ва чун табиати Наврӯз покию тозагӣ ва назофату сафост, тозатар гардида, ҷашне барои  ҳамешагии инсонҳост, ки гуфта шуд. Мо – тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёитаборҳо омад-омади Наврӯзро интизорӣ мекашем, дар арафаи Наврӯз бори дигар  хонаю дар, атрофу акнофи зист, ҷӯю наҳрҳоро поку сафо месозем, дарахту гулу гулбуттаҳо мешинонем, донаи умед бар замин мепошем. «Хонабаророн» ва «хонатаконӣ»-и пеш аз Наврӯз низ дар байни мардуми ҳавзаи Наврӯз ба ҳукми анъана даромадаст, ки дар бисёр навиштаҳои фолклоршиносон сифат шудааст. Дар рӯзҳои Наврӯз мардум мувофиқи завқи худ хонҳои наврӯзӣ мекушоянд, рӯйи он  неъматҳои тайёркардаи «ҳафт шин»-у «ҳафт син»-у «ҳафт мим» мегузоранд, рамзи покию рӯшноӣ косаи об мегузоранд, шамъ меафрӯзанд, базми сурур барпо  месозанд ва… сарҷамъона  тавлиди соли навро  таҷлил менамоянд. Шоирон бо замзама шеъри наврӯзӣ эҷод мекунанду машшоқон менавозанд ва мутрибон чи ширин месароянд:

                        Ба дилам аз ҷунбиши фарвардин ҳаваси он турфа

 нигор омад,

                        Бизан, ай мутриб, бизан, ай мутриб, ки зимистон рафту

                                                                                                                        баҳор омад!

    Бале, Наврӯз аз поринатарин офаридаи тамаддуни Ориёист, ки аз ҷониби мардум қабул гардида, новобаста ба ҳодисаҳои хушу нохуши таърих ва муқобилиятҳои беҳуда ҳамсола меояд. Муҳимтар он аст, ки  чанд сол пеш бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО ба сифати ҷашни байналмилалӣ пазирафта шуд. Акнун Наврӯз дар ҳақиқат оламафрӯз гардиду бо омадани худ дар тамоми сайёраи Замин тантана мекунад ва мо қудуми пурфайзашро муборакбод мегӯем. 

Хуш омадӣ, Наврӯзи хуҷастапай!

  Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ,

Мудири шуъбаи матншиносӣ,

 таҳқиқ ва нашри мероси хаттии

Маркази мероси хаттӣ

АЛИМАРДОНОВ АМРИЯЗДОН

  Амрияздон Алимардонов дуюми ноябри соли 1938 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози ВМКБ ҶТ дар хонаводаи деҳқони хушсаводу аз анвои дониш огоҳ ба дунё омадааст. Ӯ таҳ­си­ли ҳафтсоларо дар зодгоҳаш ба поён расонида, минбаъд таҳсили синфҳои 8-10-ро дар шаҳри Қӯрғон­теппа (ҳоло маркази вилояти Хатлон) идома додаст. Баъди бомуваффақият хатм намудани мактаби миёна дар соли 1956 ӯ бо хоҳиши худ ба факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳуҷ­ҷат супорида, пас аз бо сар­баландӣ супурдани имти­ҳонҳои қабул соҳиби унвони боифтихори донишҷӯ гардид. Соли 1961 пас аз анҷом додани Донишгоҳ бо дипломи аъло А.Алимардонов бо даъвати роҳбарияти Шӯъ­­баи шарқшиносӣ ва осори адабии (аз соли 1970 Институти шарқшиносӣ) АИ ҶШС Тоҷикистон ба ин маркази илмӣ ба кор омада, аввал ба сифати сарлаборант ва баъди муддате ба сифати ходими хурди илмӣ адои вазифа менамояд.

   Дар солҳои 1963-1966 А. Алимардонов дар аспирантураи АИ Тоҷикистон таҳсил карда, баъди анҷоми он дар пажӯҳишгоҳи мазкур корро ба сифати корманди илмӣ идома медиҳад. Ӯ соли 1970 таҳти роҳбарии академик А. Мирзоев рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дифоъ карда, каме дертар соҳи­би вазифаи ходими калони илмӣ мегардад. Соли 1972 А.Алимардонов ба вазифаи масъул – мудири шӯъ­баи му­­ҳим­ми Институти шарқшиносӣ – шӯъбаи дастна­вис­ҳои шарқӣ ва таҳияи феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ таъйин гардида, онро то соли 1987 иҷро менамояд. То давраи ба ин шӯъба гузаштан А. Али­мардо­нов, асосан, ба масоили таҳқиқоти адабиётши­но­сӣ шуғл меварзид.

   Аз соли 1987 то 1993 А. Алимардонов дар вазифаи корманди пешбари илмӣ ва сарвари гурӯҳи тавсифкунандагони  нусахи хаттӣ кор мекунад.

   Соли 1993 ӯ дар Институти дастхатҳо (баъдтар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) ба вазифаи мудири шӯъбаи нигоҳдорию танзими нусахи хаттӣ ва таҳияи феҳристҳо таъин гардида, адои онро то соли 2007 идома медиҳад. Соли 2007 А.Алимардонов бо мат­лаби ташкил намудану ба роҳ мондани масоили таҳқи­қи таъриху тамаддуни Ҳинду Покистон ба вазифаи мудири Шӯъбаи Ҳинду Покистон гузаронида шудааст.

   Доираи таваҷҷӯҳи илмии А. Алимардонов васеъ буда, масоили таҳқиқи таърихи адабиёту фарҳанги даврони пешини форс-тоҷик, таърихи адабиёти форсизабони Ҳинду Покистон, матншиносӣ, нусхашиносӣ, ада­биётшиносӣ, тасаввуф, робитаҳои илмиву адабии мардуми тоҷик бо халқҳои Ҳинду Покистон ва муносибати дини ислом ба риштаҳои гуногуни ҳунару фарҳангро фаро мегирад. Ӯ доир ба ҷанбаҳои мухталифи масоили зикрёфта бештар аз 350 таҳқиқоту мақола дар Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба табъ расонида, матни як силсила асарҳо, аз қабили «Ҳашт биҳишт»-и Амир Хусрав, «Тӯтинома»-и Муҳаммади Қодирӣ, аш­ъору осори Носири Хусрав, Шавқати Бухороӣ, «Достони Искандару Бурондухт»-и Абӯтоҳири Тарсусӣ, «Дур­донаҳои наср» (асрҳои X-XY), матни илмию интиқодии «Иёри дониш» (бо таҳқиқоти муфассал), «Мунтахаби осор»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо муқаддимаву тавзеҳот, «Таърихи исмоилия», таҳияи матну тавзеҳот ва таълифи муқаддима (бо ҳамроҳии С.Шохуморов), «Мухтасаре дар таърихи исмоилия» аз Ф. Дафтарӣ, та­ҳияи матн, таҳрир ва шарҳу тавзеҳоти заруриро мунташир сохтааст.

   А.Алимардонов яке аз тартибдиҳандагон ва ба чоп тайёркунандагони ҷилдҳои 5-6-и «Феҳристи дастна­висҳои шарқии АИ Тоҷикистон» ба забони русӣ ва инчунин ҷилдҳои 1-4-и «Феҳристи нусахи хаттии форси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷи­кистон» мебошад, ки онҳо дар солҳои 1376, 1379, 1383 дар Теҳрон бо хат ва забоин форсӣ нашр гардидаанд.

   Таҳқиқоту мақолаҳои А. Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон ва нусхаҳои нодиру пурарзиши он дар маҷаллаю маҷмӯа­ҳои  мақолаҳои гуногуни Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Руссия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ито­лияву Фаронса чоп шудаанд.

   Асарҳои таҳқиқотии А. Алимардонов аз «Зиёуддини Нахшабӣ ва «Тӯтинома»-и ӯ, «Сурат ва сирати Ибни Сино», «Абулфазли Алломӣ ва «Иёри дониш»-и ӯ, «Таърихчаи насри форсу тоҷик», «Муносибати дини мубини ислом ба мусиқӣ, рақсу суруд ва санъати тасвирию хаттотӣ», «Таъсири ақоиду осори Абдурраҳмони Ҷомӣ дар афкори ҷамъиятии Ҳинд», «Нуфузи Ибни Сино дар доираҳои илмию фарҳангии нимҷазираи Ҳин­дустон», «Замина ва омилҳои равнақу тавсияи илму ада­би форсу тоҷик  дар асри Х ва нимаи аввали асри XI» ва ғайраҳо иборат мебошанд. Ӯ инчунин роҷеъ ба маъ­хаз­ҳои муҳимму нодири таърихию адабӣ ва аҳамияти онҳо барои таҳқиқи робитаҳои адабии Мовароуннаҳру Ҳин­дустон ва ҳамчунин омӯзиши равияҳои асосии ҷа­раёни ин робитаҳои маданию адабӣ дар давраҳои мухталиф як силсила таҳқиқоту мақолот ба табъ расонидааст.

   Бояд хотирнишон сохт, ки тамоми маъхазҳо ва осори маънавии бештар аз 1100 солаи мардуми тоҷик, ки барои омӯхтани таърих ва тамаддуни даврони пешини мардуми мо ва дигар халқҳои Шарқи Наздику Миёна чун сарчашмаи боэътомод хидмат менамоянд, то рӯзгори мо дар шакли дастнавис боқӣ мондаанд. Бинобар ин омӯзишу муаррифии осори хаттӣ аз ҷумлаи вазифаҳои авалиндараҷаи муҳим ва зарурии аҳли илм мебошад. Ин ҳолатро ҳам набояд аз мадди назар дур гузошт, ки дар асрҳои миёна китоб на танҳо манбаи донишу предмети эътиқод, балки инчунин ёдгории ҳу­нару зебоӣ ва предмети завқи эстетикию зебописандӣ ҳисоб меёфт. Ба ибораи дигар дар радифи сарчашмаи муҳимми анвои риштаҳои донишу маърифати асрҳои миёнаи Машриқзамин будан нусхаҳои хаттӣ ҳамчунин манбаи пурарзиши анвои ҳунарҳои даврони пешин буда, илова ба вазоифи аслии донишгустариашон чун ёдгори барҷастаи пешаю ҳунар низ барои дарки дараҷаи рушди соҳаҳои мухталифи касбу ҳунар ва завқу салиқаи зебописандии даврони пешин аҳамияти ниҳоят бузург хоҳанд дошт.

              Бо назардошти чунин арзишу аҳамияти ниҳоят калони осори хаттӣ корманди илмии Институти шарқ­шиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо Амрияздон Алимардонов дар баробари ба омӯзишу таҳқиқи дигар масоили таърихи адабиёту фарҳанги форс-тоҷик машғул гадидан бештар аз 35 соли ҳаёти худро вақфи омӯзишу таҳқиқи нусхаҳои хаттию масоили марбут ба онҳо ва тавсифи дастнависҳою таҳияи феҳристҳои Ган­ҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А. Мир­зоеви АИ Тоҷикистон гардонидааст (ӯ ба истиснои якчанд сол аз соли 1972 то соли 2006 мудири шӯъбаи нигоҳ­дорию тавсифи дастнависҳои шар­қӣ ва таҳияи феҳрист­ҳои Институти мазкурро ба ӯҳда доштааст).

             Таҳия ва мураттаб сохтани ҷилди VI Феҳристи дастнависҳои шарқии АИ Тоҷикистон (бо забони русӣ, Душанбе, 1989), ки тавсифи нусхаҳои хаттии осори илмии гузаштаро дар бар мегирад, аз ҷониби А.Алимар­донов бо иштироки Г.Д. Лузянина анҷом дода шудааст. А. Алимардонов дар таҳияи ҷилди V феҳрист «Душанбе, 1974) ва таҳрири феҳристи нусхаҳои музайяну мусаввари Ганҷина ҳам (Душанбе, 1986, бо М. Оси­мов) ширкат варзидааст.

             Бояд зикр намуд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани имконоти зиёди молию пулӣ ва иқтидору қувваҳои илмӣ дар тамоми давраи мавҷудияти сохти советӣ 6 ҷилди феҳристи дастнависҳои шарқӣ мунташир гардидааст, ки онҳо ҳамагӣ тавсифи 2372 нусхаи хаттиро фаро гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯ ба беҳбудӣ ниҳо­дани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат боз масъалаи тавсифи дастхатҳо ва таҳияву табъи феҳ­ристҳо ба миён омад. Баъди таҳаммулу андеша ва ба эътибор гирифтани вазъу талаботи замон ва гуфтугӯю мувофиқа бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбарияти институт ба хулосае омад, ки тамоми тав­сифҳои  дастнависҳо бо забони тоҷикӣ ва хатти фор­сӣ таҳия карда шуда, табъи феҳристҳо дар Эрон ба роҳ монда шавад. Соли 1995 роҳбарияти Институт як гу­рӯҳи тавсифгарони нусахи хаттиро ташкил намуда,  роҳ­ба­рию назорати фаъолияти он гурӯҳ, усулу тарзи тавсифи дастхатҳо, таҳрири онҳо ва таҳияю мураттаб сохтани феҳристҳоро ба ӯҳдаи А.Алимардонов гузошт. А. Али­мар­донов дар заминаи омӯхтани феҳристҳои гуногун ва таҷрибаи феҳристсозии муосири Шарқу Ғарб усули тавсиферо пешниҳод намуд, ки дар он ба 15 суоли марбут ба нусха ҷавоб додан лозим меомад. Ин усули нисбатан мухтасару пурмӯҳтавои нишонрас имконият медод, ки аҳли таҳқиқ аз чигунагии хусусиятҳои мавзӯъ ва моҳияту маънои нусхаҳои хаттии ганҷинаи мо воқиф гарданд. Истилоҳоти махсуси нусхашиносӣ ҳам ба аъзои гурӯҳи тавсифгар аз ҷониби А. Алимардонов омӯ­зонда шудааст.Бо саъю кӯшиш ва заҳмати пайвастаи А.Алимардонов ва кӯмаки роҳбарияти Институти шарқ­шиносӣ ва мероси хаттӣ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ чаҳор ҷилди феҳристи дастхатҳои Ганҷинаи мо дар Ҷум­ҳурии Исломии Эрон аз чоп баромад (1997-2004), ки онҳо тавсифи тамоми дастнависҳои форсӣ (тоҷикӣ), туркӣ ва қисман арабии ганҷинаи моро дар бар мегиранд.Ҷамъан ин чаҳор ҷилд шомили тавсиф­ҳои 9 ҳазор дастнавис мебошанд.Ин корест ниҳоят бузург ва анҷоми он заҳмати фаровон, кӯшишу садоқат ва ҳис­сиёти баланди ватандӯстию муҳаббат ба илму фар­ҳанги халқи худро тақозо менамуд, ки ба андешаи мо аксари ин хислатҳои наҷиб дар шахсияти А. Алимардонов ҷой доранд. Ногуфта намонад, ки бар замми дигар фаъолиятҳои дар анҷом ва таҳияву таҳриру табъи феҳристҳои хаттии мазкур анҷом дода, сеяки тамоми тавсифҳои ин ҷилдҳо ҳам ба қалами А. Алимардонов тааллуқ дорад.Доир ба ин феҳристҳои мо дар матбуоти ҶИЭ мақолаҳои тавси­фӣ ба табъ расидаанд, ки ин боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии муассисаи мо ва кормандони меҳнат­дӯсти он гардид.

              Соли 2006 аввалин дафъа дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти роҳбарӣ ва бо ҳидояти А. Алимардонов ва иштироки фаъоли ӯ феҳристи электронии 500 нусхаи дастнависи нодиру қадимӣ ва музайяну мусаввари ган­ҷинаи дастхатҳои шарқии АИ (380 нусха) ва китобхонаи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсӣ (120 нусха) ба забонҳои форсӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ омода сохта шуд. Тавсифи нусхаҳо аз тарафи А.Али­мардонов, С. Шаҳобуддинов ва А. Юнусов анҷом дода шудааст. Нақша, усул ва интихобу тарзи тавсифи нусха­ҳо, таҳрири тавсифҳо ва тартиб додани китобу тариқи ҷо ба ҷо гузории тавсифҳо, таълифи муқаддимаи илмӣ ва таҳияи номномаҳои ҷилд ба қалами А. Алимардонов тааллуқ дорад. Дар феҳрист акси ҷойҳои ҷолиби диққа­ти нусхаҳо ҳам оварда мешаванд. Ҳадаф аз таҳияи ин феҳрист, аз як ҷониб дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ сохтани дастовардҳои илмиву адабии даврони пешини мардуми тоҷик  тавассути дастовардҳои техники муосир ва аз ҷониби дигар, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳли таҳқиқи кишварҳои гуногун ба ганҷинаҳои мероси хаттии Тоҷикистон мебошад. Ин феҳрист бояд аз тарафи Институти ҷомеаи кушод пахш гардад. Дар ҳаҷми бисёр кӯтоҳ ғунҷонидани тамоми масоили муҳимми барои дарки як нусхаи хаттӣ зарур аз таҷрибаи пухтаи илмии нусхашиносӣ ва феҳристнигории А.Алимардонов шаҳо­дат медиҳад.

            Илова бар ин А. Алимардонов доир ба ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоеви АИ ҶТ, нусхаҳои аслӣ, қадимӣ, нодир ва музайяну мунаққаши он дар маҷаллаҳою нашрияҳои мухталифи кишварҳои гуногуни ҷаҳон (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Руссия, Озар­бойҷон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Фаронса, Ита­лия ва ғайраҳо) як силсила мақолаҳою таҳқиқот ба табъ расонидааст.Ӯ инчунин дар як идда ҷамъомадҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар бораи Ганҷинаи дастнависҳои мазкур, нусхаҳои хаттии он ва аҳамияту арзиши онҳо суханронӣ кардааст.

            Ба андешаи мо, А.Алимардонов ҳамчун муҳаққи­қи заҳматкашу нусхашиноси серкору пухтакор доир ба омӯзишу таҳқиқу муаррифии нусхаҳои хаттии Ганҷи­наи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ ва феҳристкунонии он осо­ри қаламӣ хидмати калони шоистаи ситоишро анҷом додааст ва ҳамчунин дар тарбияи маънавии силсилаи калони донишҷӯён, унвонҷӯён фаъол иштирок варзида, шогирдон ва пайравони зиёде дорад, ки дар бахшҳои гуногуни  илмиву фарҳангии ҷумҳурии мо кору фаъолият мекунанд.

Осори чопшудаи ӯ дар ҳудуди 350 рисола ва мақо­лоти илмиву оммавӣ мебошад.

Алимардонов Амрияздон ҳоло дар айни ҷӯшу ху­рӯ­ши эҷодӣ мебошад. Мо ба ин дӯсти донишманд, ба ин олими забардасти шӯҳратёри тоҷик саломатии бар­да­вом ва комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ таманно мекунем.

 НАҚШИ АМРИЯЗДОН АЛИМАРДОНОВ ДАР ТАДҚИҚИ НУСАХИ ХАТТӢ

   Амрияздон Алимардонов мактаби бузурги нусхашиносиро аз устодони варзидаи ин соҳа омӯхта дар тули ҳаёти пурбаракату сермаҳсули худ дар ривоҷ ва равнақи ин соҳаи илми шарқшиносии тоҷик хизматҳои зиёду шоёне ба анҷом расонидааст. Таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба осори хаттӣ ва омӯзиши онҳо ҳанӯз аз айёми ҷавониаш, аз мактаби бузурги бобову падараш сар шуда буд. Нахустин устодаш падараш буда, сипас дар донишгоҳ ва баъдан дар Институти шарқшиносӣ дониши худро такмил додааст. Ӯ тамоми давраи фаъолияти илмиашро ба омӯзиши нусхаҳои хаттӣ бахшидааст. А. Алимардонов ҳангоми тавсифи ин ё он дастнавис хусусиятҳои нозуки ҳар як сарчашмаро мушикофона санҷида баррасӣ намудааст. Амрияздон Алимарднов даавомдиҳандаи мактаби бузурги нусхашиносии замони шуравист.

   Агар осори тавсифнамудаи А. Алимардоновро мавриди омӯзиш қарор диҳем, баръало маълум аст, ки муҳақиқ аз он қолаби муқарарие, ки дар тамоми феҳристҳои таҳияшудаи дигар марокизи илмии хориҷи кишвар баромада, тавсифҳоро мукаммалтар намудааст.

А. Алимардонов дар солҳои мудири шуъбаи  тасифи нусхаҳои хаттӣ буданаш, қимати воқеии нусхаҳои аслӣ, нодир, нусхаҳое, ки аз ҷониби худи муаллифон китобат шудаанд (яъне автограф) ва  нусхаҳои миқдорашон дар марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ камшумор бударо  муайян намудааст. Хушбахтона маҳз бо ибтикор ва дархости ӯ ҳангоми нусхабардории нусхаҳои хаттӣ аз ҷониби хазинаи «Ал Муҷид» -и Аморати муттаҳидаи Араб бештар аз 400 нусхаи арзишманд, ки боигарии миллӣ маҳсуб мебошанд, ҷилавгирӣ карда шуд.

50 соли фаъолияти илмии худро А. Алимардонов  ба омӯзиш ва тадқиқи дастнвисҳои шарқӣ бахшида буд. Ӯ дар  мақолаи ба унвони «Мақоми Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Акдемияи илмҳои ҶТ дар таҳияи китобшиносии нусахи хаттӣ» қайд мекунад, ки дар ганҷнаи дастнависҳои шарқии ба номи Абдулғанӣ Мирзоев, бештар аз 5760 ҷилд ну­сахи хаттӣ ва 6400 ҷилд китобҳои чопи сангӣ (ки онҳо ҳам ҳукми дастнавис доранд) мавҷуд мебошад. Албатта, ин ададҳо ҳадди охир нестанд ва умед аст, ки бо фароҳам омадани имконияти зарурӣ дар вақтҳои наздик тағйир хоҳанд ёфт. Амрияздон Алимардонов дар мақолаи номбурдааш таъкид кардааст, ки омӯзиш ва таҳқиқи нусхаҳои хаттии ганҷинаҳои мазкур нишон медиҳад, ки дар миёни ёдгориҳои хаттии ин марказ нусхаҳои пурқиммат ва аз ҷиҳати санаи китобат қадимӣ, аслӣ, нодир, мукаммал ва боэътимоди риштаҳои гуногуни илму адаб кам нестанд.

   А. Алимардонов қадимтарин нусхаи дастнависи ганҷина, дастнависи «Бустон-ул-орифин»-и Фақеҳӣ, машҳур ба Абулайси Самарқандӣ, ки ба забони арабӣ навишта шуда, соли 489/1095 китобат гардида (таҳти рақами 2322), баъдан дар асри XIX тармим шудааст, меҳисобад.

   Ҳамчунон муҳақиқ Нусхаҳои хаттии «Таърихи Табарӣ» дар тарҷума ва такмили форсии Абӯалӣ ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ соли 363/974) таҳти рақами 2000, асари ба забони форсӣ  таълиф намудаи Абурайҳони Берунӣ (вафоташ 430/1038) - «Ат-тафҳим ли авоил саноат ит-танҷим»,  таҳти рақами 385, «Кимиёи саодат»-и Абуҳомид ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (вафоташ 506/1111), таҳти раками 1007, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ (вафоташ 609/1291), таҳти раками 503, «Шарҳ-ул-қофия фи наҳв»-и Разиддин Муҳаммад Ал-Астарободӣ (карни 7х. (13м.)), таҳти раками 4331 ва амсоли онҳо, ки китобаташон ба асри XIII  тааллуқ дорад, аз ҷумлаи қадимтарин ва боэътимодтарин даст­нависҳои то рӯзгори мо маҳфузмондаи асарҳои мазкурро маҳсуб мешуморад.

    Дар бораи ин таъкид мекунад, ки як силсила нусхаҳои хаттии ганҷинаи дастнависҳои АИ-ро нусхаҳои хаттии худи муаллифони асар ва ё нусхаҳои ягонаю мунҳасир ба фарди ин ё он китоб ташкил медиҳанд, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд. Ба монанди «Луғати Алии Сафӣ» таълифи Фахруддин Алии Сафӣ (вафо­таш 939х.(1532-1533м.)), таҳти рақами 727, «Зафарнома»-и Бадруддини Кашмирӣ (карни XVI м.), таҳти рақами 779, «Ҷангномаи Байрамалихон»-и Муҳаммад Иброҳим, «Умдит-ут-таворих»-и Мир Робеъ ибни Мир Ниёз (таълиф дар асри XVIII), таҳти рақамҳои 2004, 2030/1, «Таърихи манзум»-и Имомалии Қундузии Комӣ, «Тазкирот-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Девони ашъор» ва «Ганҷи шойгон»-и Тамкини Бухороӣ (карни XIX м.), таҳти рақамҳои 204, 394, 11, 114, «Тӯфаи шоҳӣ»-и Мирзо Азими Сони (вафоташ 1325 х.(1907м.), «Таърихи Ҳумоюн»-и Муҳаммади Гулшанӣ, «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё (китобат авоили асри XX), таҳти рақамҳои 927/3, 1329, 2968, 983 ва боз иддае аз нусахи хаттии осори адибони тоҷики карнҳои XVIII-XIX ва ибтидои асри XX аз ҳамин қабиланд[1]. Амрияздон Алимардонов «Дафтари дилкушо»-и Соҳиб ном шахси номаълум (таълифоташ дар соли 720х. (1320м.) дар пайравии «Шоҳномаи Фирдавсӣ), таҳти рақами 781 (китобаташ асри XVI)[2], «Таърихи Фарғона»-и Исхохон ва «Давраи охирини таърихи Бухоро»-и Мирзо Ҳомид (китобата­шон дар ибтидои асри XX)[3] (4), таҳти рақами 1512, 1243/9 аз ҷумлаи дастнависҳое мешуморад, ки то кунун нусхаҳои хат­тии дигари онҳо ба даст наомадааст ва барои муҳақиқинит ин соҳа дар кишварҳои хориҷ дастрас нагардидаанд.

   Тарафи ҷолиби дигари тадқиқоти А. Алимардонов дар атрофи нусхаҳои мансур ва нодири ганҷинаи дастнависҳо мебошад, ки арзиши баланди илмӣ ва нодиру қадимӣ будани онҳоро ташхис намудааст. Муҳақиқ менависад, ки   дар ганҷинаи осори хаттӣ нусхаҳои бисёр нодири асарҳои мансуру манзуми дар карнҳои гуногун дар мавзуоти мухталиф таълиф ёфта нигоҳ дошта мешаванд, ки дар хусуси мавҷуд будани ягон нусхаи дигари онҳо дар феҳристҳои китобхонаҳои ҷаҳон ишорате ҳам ба назар намерасад. Ба монанди Рисолаи «Мақомоти Шайх Абусаиди Абулхайр» (китобаташ соли 1403м.), «Маҷмаъ-ул-қасоид» (китобаташ асри XVI м.), «Рисолаи Кофия»-и Нуриддин Аҳмад, «Девони ашъор», «Соқинома» ва «Искандарнома»-и Хоҷа Ҳусайн ибни Инояти Баззози Са­ноӣ, «Девони ашъор»-и Абдулатифи Танҳо, «Девони ашъор»-и Муҳаммад Ризо Чалабии Унвон, маснавии «Хусрав ва Ширин»-и Оқо Шопури Розӣ (китобаташ қарни XVIIм.), девонҳои ашъори Муҳаммад Ҷамил Ҳориси  Бадахшӣ, Мирзо Абдурразоқ Нашъӣ (китобаташон қарни XVIII м.), «Анис-уш-шуаро»-и Абдулкарим ибни Роҷии Базнавӣ, «Уммон-ул- маонӣ»-и Иброҳим Амираки Балхӣ, «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Маҷмаъу-л-ҳикоёт», «Девони ашъор»-и Мухлиси Бадахшонӣ, «Умм-ул-хитоб», «Гуҳаррез» (китобаташон қарни XIX м.), «Девони ашъор»-и Ҳайрати Бухороӣ, «Усул-ул-одоб» (китобаташон ибтидои карни XX м.) ва гайраҳо аз чумлаи ҳамин навъ дастнависҳои ганҷинаи мазкур мебошанд. Онҳо дар ин махзани китоб таҳти рақамҳои 555/8, 1946, 2378/1, 867/6, 867/2, 867/1, 977, 1181, 474, 2729, 1415/5, 2257/1, 1607, 416/1, 227/4, 1283/1, 1300/2, 66, 1960/8, 1961/12, 1247, 1959/2 нигоҳдорӣ мешаванд.

   Амрияздон Алимардонов дар мақолаи дигараш бо унвони «Нусхаҳои  дастнависи  «Хамса»-и  Низомии  Ганҷавӣ  дар Ганҷинаи  дастнависҳои   шарқии  АФ РСС Тоҷикистон  ва хусусиятҳои  онҳо», аввалан мухтасар дар бораи Низомии Ганҷавӣ ва мавқеи ӯ дар адабиёти форсу тоҷик маълумот дода, чунин навиштааст, ки Хамса»-и  ӯ ҳанӯз   ҳангоми  дар қайди  ҳаёт  буданаш  мавриди  таваҷҷуҳи   аҳли адаб қарор  гирифта,  шуҳрати босазо  касб менамояд  ва равиши  минбаъдаи  маснависароиро  дар адабиёти  форсу  тоҷик  ва  як  қатор  халқҳои  дигари Шарқи  наздик  муайян мекунад.  Аз ин  ҷост, ки  аз  асри ХIII  сар карда  то асри ХХ  дар  тамоми  давраҳо  дар  пайравӣ,  татаббуъ ва  ҷавоби  «Хамса»-и  Низомию  достонҳои  ҷудогонаи  он ба  баъзе  забонҳои  дигари  Шарқ  маснавиҳои  саршуморе  офарида  шудаанд.

   А. Алимардонов муайян намуданд, ки аз нусхаҳои  дастнависи  сершумор дар  китобхонаҳои  мамлакати мо  фароҳам  овардашудаи  «Хамса»-и  Низомии Ганҷавӣ ва  маснавиҳои  ҷудогонаи он 32 тоашон ба  Ганҷинаи  дастнависҳои шарқи  АФ РСС Тоҷикистон  ба номи  А.М. Мирзоев  тааллуқ  дорад.

   Дастнависҳои  осори  Низомии  захираи  мазкур, ки  дар асрҳои  ХVI -ибтидои  асри ХХ  дар мавзеъҳои  мухталиф  китобат  шудаанд, дорои  хусусиятҳои  гуногун  буда, асосан ба се  қисм:  нусхаҳои хаттии  пурраи «Хамса», нусхаҳои хатти  достонҳои  ҷудогонаи  он  ва нусхаҳои хаттии  «хулосаи  «Хамса»  тақсим  мешавад. Аз 32  нусхаи  дастнависи  осори  Низомии ганҷинаи мо  9-тоашонро  дастнависҳои  пурраи  «Хамса»  19-тоашонро дастнависҳои  маснавиҳои  алоҳидаи он ва  4-тоашонро  дастнависҳои  «хулоса»-и  «Хамса»  ташкил  медиҳанд.      Нусхаҳои  дастнависи пурраи  «Хамса»,  ки  матни ҳамаи  маснавиҳои  он « Махзан-ул-асрор»,  « Хусрав ва  Ширин», «Лайли ва Маҷнун», « Ҳафт пайкар» ва  «Искандарнома»-ро  дар  бар мегиранд, дар  таҳти  рақамҳои 549, 756, 1103, 1414, 1974 ва 2645 нигоҳ дошта  мешаванд. Аз  миёни  ин  дастнависҳои  пурраи «Хамса» китобати  дутоашон  (ин 6.№756, 1414)  ба асри ХVI,  чортоашон  (ин6.№549,1103,1974,2645) ба асри ХVI   таалуқ дорад. Дастнависҳои  таҳти рақамҳои  1776, 489,918, ки  онҳо  чаҳор  маснавии  «Хамса»-ро бидуни «Лайлӣ ва Маҷнун» дар нусхаи  аввал,  «Искандарнома» ва «Махзан-ул-асрор»  дар ду  нусхаи  минбаъдаи  дар бар  мегиранд,  дар асрҳои  ХVI ва ХVIII китобат  карда шудаанд. 

    Муҳақиқ дар  байни  дастнависҳои  пурраи  «Хамса»-и  захираи  зикршуда  мукаммалтарин,   саҳеҳтарин  ва  зеботаринашон  нусхаи  таҳти  рақами 756-ро  интихоб намудааст. Муқоисаи  сатҳии  матни  ин   нусхаи  бо  матнҳои  илмӣ- интиқодӣ  ва  тасҳеҳшудаи  дар  Теҳрон  (бо  саъйи  Ваҳид  Дастгардӣ)  ва  Боку  мунташиргардидаи   маснавиҳои  «Хамса»-и Низоми Ганҷавӣ, ки  онҳо асосан  дар заминаи   нусхаҳои дастнависи нисбатан  боэътимоду қадимтар   тайёр  карда   шудаанд,  ба  таври   возеҳ  аҳамият  ва  қимати  ин  нусхаро ошкор месозад.  Зеро  матни нусхаи   дастнависи   мазкур  аз  бисьёр ҷиҳат  бо  матни  нусхаҳои  қадимии  мавриди  таҳияи  матнҳои  илмӣ-интиқодӣ  ва  санҷидашуда  қарор  дода  шуда мувофиқат  менамояд  ва  баъзан  вариантҳои  беҳтару  саҳеҳтар  боэътимодтар  ва ба  нусхаи  аслӣ   наздиктари  калимаҳо, ибораҳо  ё  байтҳои  ҷудогонаро  дар  бар  гирифта,  ҳатто дар  мавридҳои  ҷудогона  барои  барқарор   намудани  байтҳои   алоҳидаи  дар  ин  нашрҳо   сабтнагардида имконият   медиҳад.

   Муаллифи мақола барои исботи фикри худ чанд байти дастхати «Хамса»-ро бо нусхаҳои дар мамолики дигар батабъорасида муқоиса намуда, бартарияти нусхаи рақами 756-ро исбот намудааст.

Албатта, менависад А. Алимардонов, – нусхаи  дастнависи   зикршудаи  захираи  мо аз  камбудии нуқсонҳо  холӣ  нест.  Вале  худи  ҳамин чанд далели оддии  дар  боло  оварда шуда   ба он    шаҳодат медиҳанд, ки  нусхаи  мазкур  нусхаи пурарзиш маҳсуб аст. А. Алимардонов дар мақолаи зикргардида таъкид намуданд, ки аҳамият  ва  қимати  ин  нусхаи  дастнависи  «Хамса»-ро  ба  эътибор гирифта, як  гурӯҳ  кормандони  Институти  шарқшиносии  Тоҷикистон  дар  асоси  истифодаи  он ва  матнҳои  илмӣ-интиқодию  тасҳеҳшудаи дар Эрон  Боку  мунташтршудаи  маснавиҳои  Низомӣ  ва  муқобилаи онҳо  матни  илмӣ-омавии  «Хамса» -ро  бо  ҳуруфоти  кунунии  тоҷикӣ ба  чоп  ҳозир  сохтанд.  Ин кор ба  қарибӣ  нашр  хоҳад  шуд  ва  умедворем, ки ба  оммаи  васеи хонандагон ва  аҳли  таҳқиқ  писанд ояд.

   Муҳақиқ дар бораи ду нусхаи қалмаии дигари «Хамса» таҳти рақамҳои  1414 ва  1776 мавҷудбуда маълумот дода, қайд мекунад ки ин ду нусха дар асри  ХVI  китобат шудаанд, аммо мутаасифона номукаммал ва ноқис мебошанд. Аз ҷумла   дар  нусхаи  таҳти  рақами 1414  (китобаташ соли   1000ҳ/1521-22м.)  ба ғайр аз  «Махзан-ул-асрор»  Дар нусхаи   таҳти   рақами  1776  (китобатии  994х./1586м.) бошад , 4  маснавии  «Хамса» мавҷуд  буда  тартиби  ҷойгир  кардани  маснавиҳо   ҳангоми  ҷузбанди  вайрон   карда шудааст. Бар  замми  ин  оғози  маснавии  «Ҳафт пайкар»  ва  «Махзан-ул-асрор»   сабт  нагардидаанд.   Қатъи назар  аз  ин  навъ  норасоиҳо  ин дастнависҳо    матни   пурраи  аксари  маснавиҳои «Хамса»-ро  фаро  гирифтаанд, муҳақиқин кӯшидаанд, ки матни нисбатан мукаммалтари «Хамса»-ро таҳия ва пешкаши хонандагони тоҷик гардонанд. Боиси таасуф аст, ки ҳамин матни таҳияшуда дар солҳои баъдӣ аз ҷониби муҳақиқини дигар бидуни такмилу тадвини нав бо номи худ бознашр намудаанд ва хизмати бузурги олимони барҷастаи пешинро нодида гирифта моли онҳоро тасарруф кардаанд.

   Баъдан  муҳаққиқ дар мақолааш зикр  крдааст, ки   дар  Ганҷинаи  дастнависҳои  шарқии  АФ РСС  Тоҷикистон ба  ғайр аз  нусхаҳои дастнависи  «Хамса»-и  Низомӣ  боз як   қатор   нусхаҳои  қаламии  дастнависҳои   ҷудогонаи  он, аз  ҷумла  4  нусхаи «Махзан-ул-асрор»  (.№13,/I, 1525/I, 2224/ХХN), 5  нусхаи  «Хусрав  ва  Ширин» (№349,753, 805, 908, 2224/ ХVII), 4 нусхаи  «Лайлӣ ва Маҷнун» (№111, 1065/II, 1975/I, 2224/ХХIХ),  3нусхаи «Ҳафт пайкар»  №573 /IV,1158/I, 1975)  ва 3 нусхаи  «Искандарнома» (№6, 640,  2224/ХV) нигоҳ дошта  мешаванд.  Қадимтарин  нусхаи хаттии  ин  маснавиҳо   дастнависҳои «Ҳафт пайкар», зери рақамҳои  573/IV, 1158/I ва  «Искандарнома» зери рақами  1975/I  маҳфуз буда дар  асри ХVII китобат   карда шудаанд. Аммо  аз  ин  нусхаҳои  нисбатан  қадима  танҳо дастнависи  таҳти  рақами  1158/I  «Ҳафти  пайкар»  пурра ва  бенуқсон  буда,  нусхаҳои   таҳти  рақамҳои  573/IV  ва 640-и  «Ҳафт  пайкар»  ва  «Искандарнома»  номукамал ва  ноқис   мебошанд.

   Китобати  дигар   нусхаҳои  дастнависи   дар  боло  зикршудаи  достонҳои  «Хамса»  бошад, қайд намудааст А. Алимардонов,  дар  асрҳои ХVIII, ХIХ  ва  ибтидои  асри ХIХ  анҷом  ёфтааст.  Сарфи  назар  аз таърихи  китобат  ва  ҷой  доштани  баъзе норасоиҳои  ҷузъӣ  аз  миёни  нусхаҳо  дастнависҳои   таҳти  рақамҳои  13, 805/I, 1525/I; 349, 805/II,  753,908; 1065/II  ва 6  пурра буда,  матни  нисбатан мукаммалу   саҳеҳи маснавиҳои  «Махзан-ул-асрор»,  «Хусрав  ва Ширин»,  «Лайлӣ ва Маҷнун»  ва «Искандарнома»-ро  дар бар  мегиранд.  Нусхаҳои дастнависи   боқимондаи маснавиҳои «Хамса»  (таҳти рақамҳои 111,  1975/I,  573/IV, 1975/ II,640)  ноқис,   номукамал  ва нуқсондор  мебошад.  Дар  нусхаи  таҳти  рақами  2224  бошад  аз   достонҳои  «Хамса»  ба ғайр  аз «Ҳафт   пайкар»    порчаҳои  ҷудогона  ба  тариқи    мунтахаб   оварда   мешаванд.

   А. Алимардонов қисми  сеюми  нусхаҳои   қаламии  дар  Ганҷинаи  дастнависҳои   шарқӣ  мавҷудбудаи  «Хамса»-и Низомиро, «Хулосат-ул-Хамса»-и  ӯ  ҳисоб мекунад. Дар мақолааш қайд мекунад, ки шумораи  онҳо   дар ганҷинаи   мо  чаҳорто  мебошад  (таҳти  рақамҳои  128,  384 /II,  1791/ I, 2664).  Китобати  сетои онҳо   ба  асри  ХVI  ва  яктоашон (№384/II)  ба асри  XIX  тааллуқ  дорад.  Ҳеҷ  кадоми ин   нусхаҳо аз   норасоиҳо  ва   нусхаҳо   озод  нест. Дастнависи   таҳти рақами 2664, ки   бо настаълики   хеле зебо   навишта  шуда, дорои  ҷадвали ранга   унвони хеле нозук   мебошад, аз    китобхонаи  шахсии  шоири   соҳибзавқи   советии  тоҷик  Ҳ. Юсуфӣ   будааст.

   Албатта,  чунон  ки аз   унвони он  «Хулосат-ул-Хамса»  ҳам маълум  мегардад,  ин  асар  на  ҳамаи   достонҳои  «Хамса»-и  Низомиро  ба  таври  пурра,  балки  танҳо  порчаҳои  ахлоқии  маснавиҳои  ӯро  дар бар  мегирад,  ки   шахси номаълуме  порчаҳои  ҷудогонаи   маснавиҳои  «Хамса»-ро  гирифта,  ба сифати як маҷмӯаи  мустақил   мураттаб  сохтааст.  Аз  баски  се  дастнависи  маҷмӯаи  мазкури захираи  мо дар асри XVI    бешубҳа аз рӯйи   нусхаҳои   қадимтар   китобат карда   шудаанд,  бинобар  ин  аз  эҳтимол  дур  нест  дар онҳо   вариантҳои  нисбатан   қадимтару   саҳеҳтари   ин  порчаҳои   маснавиҳои  «Хамса»  нигоҳ дошта шуда бошанд.

   А. Алимарднов дар ибтидои мақолаи илмияш дар мавзӯи «Нусхаҳои хаттии осори Муҳаммади Ғаззолӣ дар ганҷинаи       дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва хусусиятҳои онҳо»  дар бораи Имом Зайнуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад Ғаззолии Тӯсӣ (450-505ҳ/1058-1111м) аз ҷумлаи тавонотарину бузургтарин донишмандону мутафаккирони шӯҳратманди асрҳои миёнаи форсу тоҷик маълумот дода навиштааст, ки Муҳаммад Ғаззолӣ  бо  осори сершумору пурмӯҳтавои илмии худ доир ба баён ва ҳаллу фасли масоили ҳассосу муҳимми эътиқоду усули дин, фиқҳу калом, шариату мунозира, мантиқу фалсафа, ҳадису тафсир ва ирфони назариву амалӣ дар таърихи тамаддуниу фарҳанги исломӣ мақоми ниҳоят баланду ба худ шоистаро ишғол намуда буд.

   Аз рӯйи маълумоти А. Алимардонов дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. М. Мирзоеви Академияи илмҳои Тоҷикистон 20 нусхаи дастнависи осори Имом Ғаззолӣ нигоҳдорӣ мешавад. Аз инҳо 10-тояшон нусхаҳои хаттии “Кимиёи саодат”, сетояшон нусхаҳои хаттии “Эҳёу улум-уд-дин”, панҷтояшон нусхаҳои хаттии “Анвори ҳикмат” ва дутояшон нусхаҳои хаттии “Дақоиқ-ул-ахбор” ва “Анвори Ғиёсӣ” ном асарҳои Имом Ғаззолӣ ва асарҳои бо номи ӯ сохташуда мавҷуд мебошад. Назар ба тадқикоти А. Алимардонов аз ҳама бештар (10нусха) дастнависҳои “Кимёи саодат” ҷой дорад. Сабаби асосии таваҷҷӯҳи зиёд ба  “Кимёи саодат” пеш аз ҳама ба забони роиҷу мафҳуми мардуми Осиёи Марказӣ-форсӣ таълиф ёфтан ва ба шакли хеле мухтасару мафҳум таҷассум намудани масоили гуногуни динӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ илмӣ ва ҳакимӣ мебошад. Бесабаб нест, ки донишмандон онро чун доират-ул-маорифи исломию ирфонӣ шумурдаанд. Муҳақиқ аз миёни дастнависҳои “Кимёи саодат”-и ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ аз ҳама қадимтаринаш нусхаи таҳти рақами 1007 бударо меҳисобад, ки он мутобиқи маълумоти дар хотимаи нусхаи дарҷгардида, дар соли 615ҳ/ 1218м  дар Лоҳури Покистон аз ҷониби Муҳаммад ибни Абулқосими Ат-тусӣ китобат шудааст. Нусха дар коғази ҳиндӣ бо хатти насх истинсох гардида,  дар тарзи навишти иддае аз ҳуруфу калимот дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Дар нусха баъзе норасоиҳо аз қабили таъсири рутубату  хароб гардидани матни баъзе сатрҳо, барқарор кардани матни баъзе варақаҳои аввалу охири нусха ба назар мерасад. Ҳаҷми нусха 19х 25 см. буда, 383 варақаро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ҷой доштани баъзе нуқсонҳо ин нусха қадимтарин нусхае то кунун маълуми “Кимёи саодат” буда, хеле хуб маҳфуз мондааст.

   Сипас А. Алимардонов дар бораи  нусхаҳои таҳти рақамҳои 515, 1931 ва 4238 “Кимёи саодат” маълумот дода навиштааст, ки  бо  вуҷуди бар асари сипарӣ гардидани солиёни зиёд, дар онҳо роҳ ёфтани баъзе нуқсонҳо аз қабили таъсири рутубату пахш гардидани сиёҳӣ, пайдо шудани доғҳо ва инчунин хӯрдани мӯриёна аз ҷумла дар  дастнависҳои нисбатан қадима (китобаташон солҳои 895ҳ/ 1490м., 895-897ҳ/ 1490-1492м., 845ҳ/1491-1492м) ин осори пурқимат ҳисоб меёбанд. Бар замми ин ҳар яки онҳо бо хати зебо (насху настаълиқ) китобат гардида, бо анвои тазйинот монанди ҷадвалкашӣ, бо ҷӯша навиштани сарлавҳаҳои бобҳо, дар оғози нусха овардани тамом тасвири олӣ (нусхаи 1931) ва дар ибтидои рукнҳои асар овардани унвонҳои рангину музаҳҳаби моҳирона кашидашуда (нусхаҳои 1931 ва 4238) ороиш дода шудаанд. Нусхаи таҳти рақами 1931 дар Ҳинд китобат ва музайян сохта шудааст. Матнҳои ҳарсеи ин дастнависҳо, асосан, мукаммал мебошад ва ҳангоми таҳияи матни саҳеҳи танқидии “Кимёи саодат”барои тасҳеҳи матн истифода бурдани онҳо мувофиқи матлаб хоҳад буд.

   Китобати нусхаҳои хаттии таҳти рақами 2660, 4329, 386 “Кимёи саода”-и ганҷинаи дастхатҳои шарқии АИ ба қарни XVII (китобаташон  солҳои 1080ҳ/1669-1670м., 1092ҳ/ 1681м., 1100ҳ/ 1689м) ва истинсохи нусхаи таҳти рақами 2680 ба қарни XVIII тааллуқ дошта, мавзеи китобаташон Мовароуннаҳу Ҳиндустон будааст. Нусхаи таҳти рақами 2660 ҳаҷман хеле хурд(8х 11, 5см) буда тамоми матни китобро дар бар мегирад. Нусха музайян буда, дар оози китобҳои асар чаҳор унвони рангину 

музаҳҳаб ҷой дорад. Дигар қисматҳои нусха ҳам ороиш дода шудаанд. Се нусхаи дигари зикрёфта ҳам матни  мукаммали “Кимёи саодат”-ро дар бар мегирад ва ҳар кадомашон ба услубу тарзи ба худ хос ороиш ёфтаанд.  Аз миёни онҳо дастнависи таҳти рақами  368 беҳтару бештар  зинат дода шудааст. Дар оғози худи асар ва ҳамаи бахшҳои дохили он унвонҳо зебои муноққошу музаҳаб бо сабки кашмирӣ кашида шудаанд. Ҳошияҳои варақҳои 1-2 нусха ҳам ба нақши растаниҳо зинат дода мешаванд.

   Хамчунон муҳақиқ қайд мекунад, ки дар ганҷинаи дастнависҳо  таҳти рақами 1001 тарҷумаи узбекии “Кимиёи саодат”-и Имом Ғаззолӣ мавҷуд аст, ки он бо супориши ҳокими Хутан-Азизшоҳбек аз ҷониби Муҳаммад Исо ном шахс анҷом дода шудааст. Нусха бо вуҷуди баъзе норасоиҳо аз қабили 

хароб гардидани сатрҳои ҷудогонаи матни он, асосан, мукаммал дорои 440 варақи 210х31 с.м. мебошад. Китобати нусха дар қарни XIX дар Мовароуннаҳр сурат гирифтааст. Нусха бо хатҳи  рангину тиллоӣ ҷадвалкашӣ шуда, унвонҳои бобҳо ва аломатҳо гуногун бо ҷӯша сабт гардидаанд.

   Нусхаи хаттии асари дигари Имом  Ғаззолӣ ба забони форсӣ ин дастнависи “Насоиҳу-л-мулук”-и  ӯ  мебошад, ки он таҳти рақами 1305 маҳфуз буда, масъалаи ҳакимати амалӣ-яъне усули давлатдорӣ ва идоракунии давлатро инъикос менамояд. Дар ин асар, ки ба ҳукумрони Салчуқ Муҳаммад бинни Маликшоҳ (498-511х /1105-1118м) бахшида  шудааст, 10 боб,10 мисоли мувофиқ, 81 ҳикоят, 67 сухани ҳикматнок ва 15 порчаи  назм ҷой дорад. Китобати нусхаи соли 1101ҳ/1689-90м. ва 1010х./1601-1602м зикр  ёфтааст. Адади авроқи дастнавис 133 вар. (12 х 21 см.) мебошад.

   Муаллифи мақола дар бораи  се нусхаи хаттии муҳимтарину мукаммалтарини шоҳасари Ғазолӣ “Эҳёу улум-уд-дин”, ки  таҳти рақамҳои 2144, 3912 ва  770  нигоҳдорӣ карда мешавад, маълумот дода, қайд мекунад, ки  комилтарину қадимтарини ин нусхаҳо дастнависи таҳти рақами 2144 буда он шомили тамоми матни аслӣ-арабӣ (910 вар.) буда, дар  қарнҳои IX-XV-и ҳиҷрӣ  китобат гардидааст. Нусхаи таҳти рақами 3912 фақат бахши сеюми китоби бузурги мазкури Ғаззолӣ, яъне  бахши 

“Муҳлиқот”-и онро фаро мегирад, ки дорои даҳ китоб буда, соли 1076ҳ/1665-1666м дар 182  варақ бо хати насх китобат гардидааст.

  Дастнависи таҳти рақами 770 бошад, шомили тарҷумаи форсии бахши “Рубъи мунҷиёт”-и “Эҳёу улум-уд-дин” бонувони “Анвори ғиёсӣ ва асрори Илоҳӣ” (дар  337 варақи 21х35см.) мебошад, ки онро Абдулмаҳмуд ибни Алкофӣ машҳур ба Носири Ҳиравӣ дар солҳои 625-627ҳ/ 1227-1230м анҷом додааст. Ин қисмати асари Ғаззолӣ аз даҳ китоб (ёдафтар) иборат буда, тасвири  масоили ирфонии ба 

соликони роҳи ҳақиқат марбутро фаро мегирад. Китоби ин нусха Сайид Муҳаммад Носир бинни Убайдуллоҳҳоҷа буда, истинсохи онро дар соли 1255ҳ/-1840 дар  ҳаҷми 337 21х35см. Ба поён расонидааст. Тибқи маълумоти котиби нусха  ӯ ин дастнависро дар заминаи нусхаи аслӣ барои бародараш Сайид Абдураҳмонхоҷа бо камоли масъулият 

истинсох намудааст.

 Илова бар дастнависҳои дар фавқ муаррифӣ шуда, (қайд мекунад А. Алимардонов дар мақолааш) ки онҳо нусхаҳои бевоситаи асарҳои Имом Ғаззолӣ мебошанд, дар ганҷинаи дастнависҳои мо боз якчанд асарҳои мухтасаре (ҳамагӣ якчанд варақӣ) зери рақамҳои 2603/3,2875/8, 1022/4, 4207/7, 4854/4 бо унвони “Анвори ҳикмат” нигоҳ дошта мешавад. Онҳо дар асрҳои  XVI-XIX китобат гардида, мавзӯъҳои панду ахлоқиро дар бар мегиранд. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо порчаҳо ё қисматҳои ҷудогонаи аз 

китобҳои Имом Ғаззолӣ интихоб кардашуда бошанд.

 Ба ғайр аз ҳамаи дастнависҳои дар боло зикргардида, муҳақиқ дар бораи  дастнависи рақами 5266 бо номи “Дақоиқ-ул-ахбор”  маълумот медиҳад, ки унвони он дар миёни номгӯи асарҳои  Имом Ғаззолӣ ба назар  намерасад. Ин нусха арабӣ буда, 

тарҷумаи таҳтулафзии он дар байни сатрҳо оварда мешавад. Китобати нусха дар  соли 1302/1884-1885м аз ҷониби Ғулом Мулло Муҳаммаднур ибни Муҳаммад Шакур дар заминаи чопи китоб дар ҳаҷми 110 варақ анҷом дода шудааст.

   Дар охирсухан ҳаминро бояд зикр намуд, ки А. Алимардонов ба дастхат мисли як тифл муносибат дошт ва ҳатто вақте, ки дастнависҳои ин ганҷина иштибоҳатан бо айби чанд нафаре нусхабардорӣ шуда аз ганҷина берун бурда шуданд, оби дидааш рехта буд. То охири умраш дар ҳамин ганҷина кору фаъолият намуд. Муҳаббати устод ба нусахи хаттӣ беинтиҳо буд. Рӯҳи устоди зиндаёд гиромӣ бод.

Сайидхоҷа Ализода

[1] Ниг.: Каталог Восточныъх рукописей АН Таджик­ской ССР,- Душанбе, 1970.-Т.4; Алимардонов А. Нусхаи каламии «Таърихи Њумоюни Гулшанї» // Мероси ниёгон.- Душанбе,1995.- №2,- С. 16-20.

[2] Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР.- Сталинабад-1960,- Т.1.-С. 132-133, 137-139.

 15 Каталог восточных рукописей АН Таджикской ССР.- Сталинабад-1960,- Т.1.-С. 132-133, 137-139

Страницы