Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо мақсади омода намудани муҳаққиқони ҷавони соҳибтаҷриба, ҳар моҳ семинарҳои илмӣ, назариявӣ ва методологиро дар мавзуъҳои гуногуни филологиву шарқшиносӣ, бо суханрониҳои олимони соҳибмактаб ва иштироку мунозираҳои олимони ҷавон, магистрантону докторантони PhD ва унвонҷӯёну кормандони Марказ баргузор менамояд.

         Бо ин мақсад ва иҷрои барномаи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони АМИТ, 12 апрели соли 2024 (ҷумъа), соати 10:00, Семинари илмӣ-назариявӣ, бахшида ба “Ҳафтаи илм” баргузор  мешавад.

Undefined

Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, бо мақсади дастгириву тайёрнамоии кадрҳо силсилаи семинарҳои илмиву омӯзиширо барои муҳаққиқони ҷавон  ба роҳ мондааст.

Ҳамин тавр,  15 феврали соли 2024 (панҷшанбе), соати 10:00, Семинари илмӣ-методологӣ  дар мавзуи “Методи тадқиқи илмии адабиётшиносӣ” баргузор карда мешавад.

Гузоришдиҳанда - доктори илми филология, профессор О. Хоҷамуродов.

Иштироки магистрону докторантон ва  унвонҷӯёни ММХ ҳатмист!

 

 

 

Маъмурият,

Undefined

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ  таъсис дода шудааст.

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

      Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки рӯзи 3 ноябри  соли 2023  Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назарӣ дар мавзуи «Собиқаи ҷамъоварӣ ва масъалҳои нигаҳдории мероси хаттӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба 115 солагии бузургдошти академик Абдулғанӣ Мирзоев баргузор мегардад.

Undefined

Эълон!

    Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни 2 лоиҳаи аз ҷониби Юнеско дар доираи барномаҳои иштирок (Participation Programmes) барои давраи 2022-2023, тасдиқшударо ҷиҳати тендер (музояда) пешниҳод менамояд:

Undefined

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

       Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи Қарори Раёсати АМИТ аз 27.03.2023, №69 рӯзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад.

    Ҳадаф аз баргузории Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ (973−1048) ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.

Undefined
Undefined
Undefined
Undefined

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Хуҷова Мавҷуда,

 ходими пешбари илмии Шуъбаи

матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттӣ

 

          Сӯзании Самарқандӣ шоири тавонои асри XII буда, дар миёни ҳамасронаш аз ҷумлаи шоирони пурмаҳсул ва машҳур маҳсуб меёбад. Ин шоири тавоно ҳам дар адаби порсӣ ва ҳам адаби тозӣ соҳиби қареҳаи баланди эҷодӣ буда, бо истифодаи вожаҳои зебо аз ҳар ду забон аз худ мероси адабӣ ба ёдгор гузоштааст. Аз Сӯзании Самарқандӣ то замони мо «Девон»-е боқӣ мондааст, ки бо саъй ва эҳтимоми Забеҳуллоҳи Сафо дар Теҳрон ба чоп расидааст. Девони шоир шомили қасоиди комилу муқтазаб, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, марсия ва қитъа мебошад, ки ин ҳама аз маҳорати шоирии Сӯзании Самарқандӣ шаҳодат медиҳад.

Манзаранигорӣ дар ашъори Сӯзанӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзуъҳоест, ки гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад. Сӯзании Самарқандӣ чун дигар абармардони сухан фасли баҳор, ки табиат аз нав зинда гардида  ба худ ранги дигар мегирад ва сабзаю гулҳо аз пайванди ҷасади ҳеҷи замин мерӯянд, бо маҳорати баланди суханофаринӣ дар ашъораш тасвир кардааст. Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибони гуногун васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки манзараи зебоеро боз зеботар баён кунанд, агар гӯшаи торикеро равшан тасвир карданӣ бошанд, пас талош мекунанд, он ҷо нуре ёбанду онро хотирмон ба қалам диҳанд. Вобаста ба табъ, завқ ва истеъдоди асарофарии шоир инчунин андозаи меҳре, ки ӯ ба табиати зинда дорад, ҳар як гӯшаи ҷое, обу дарахту сабзаи маҳале, шукуфтани гулҳои чамане, навои паррандаҳои зебопару хушхони боғе, тобиши муъҷизамонанди фаслҳои сол ва мисли онҳо сурати тоза, ҷолиб ва мафтункунандаро мегиранд:

Фасли баҳор бо ман нозук чу барги гул,

Лашкар бурун задам чу гули сурх дар баҳор,

То комгор гардам бо душманони мулк.

Як сӯ шудам зи барги гули сурх комгор.

Ҳангоми гул зи луъбати гулрух ҷудо шудам,

Дар дида висол халидам зи ҳиҷри ёр.

 

Фасли баҳор, канори сарв, мурғи пор, хуррам биҳишт, санами майгусор, садои чаҳ-чаҳи булбул ва бӯйи гул барин ибораҳои шоиронаро истифода бурда, Сӯзанӣ ашъорашро хело зебою хонданӣ ба ҷилва додааст: 

                                               

Ду булбуланд модаву нар бар канори сарв,

Бар сарв мода лаҳн занад бар чанор бар.

Гӯяд яке, ки соли нав омад зи пор беҳ,

Май порсол нав кунад аз мурғи пор бар.

Гӯяд, ки бори дигар хуррам биҳишт шуд,

Эй боғбон, ба кас ду баста мадор дар.

Эй ошиқ, андар ою гул афшон ба рӯи даст,

В-андар ҳам ор бо санами майгусор сар.

Май хур ба гирди боғу гул комгор гир,

Бе мӯру мор нест гули комгор гар.

 

На танҳо шоирон, балки  ҳамаи одамон, алалхусус онҳое, ки эҳсоси воқеии зебопарастӣ доранд бо гул  барин мӯъҷизаи табиат рӯ ба рӯ шуданро чун лаҳзаи дарёфти роҳату хушҳолӣ эҳсос менамоянд. Зебоӣ,  нозукиву нафисӣ ва рангорангиву хушбӯии ин муъҷизаи ҳайратовари табиат табъи инсонро ҳатман шод мегардонад. Баробари руйи гулро дидан  олами дигари андешаҳо инсонро фаро мегирад. Як лаҳза аз ташвишҳои зиндагӣ  инсонро дур месозад ва ба дунёи зебоиҳо ворид месозад.

Навбаҳори тоза пайдо кард рангу бӯи хеш,

Бигрифт аз боди мушкин гул ниқоб аз рӯи хеш.

Бӯстон чун ҷилва зад гулро ба тарафи ҷӯи хеш,

Кард гул ошиқ ҷаҳонро ба рухи некӯи хеш.

Мурғи дастонзан ба лаҳни халқ дастонгӯи хеш,

Хонд аз гулбун ба гулбун ёри худро сӯи хеш.

 

Инчунин  ҷашни бостонии Наврӯзро, ки рамзи зиндадилӣ, шавқу муҳаббат, файзу баракат, дӯстиву рафоқат, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ки дар фасли зебои сол баҳор бо як ҷаҳон шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун вориси беҳтарини фарҳанги миллӣ бо як маҳорати баланди суханофарӣ дар ашъораш  васф кардааст:

    

Эй чун гули Наврӯз ба рухсору ба боло,

Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирӯз.

Гар сарви гулат хонам, монӣ ба гулу сарв,

Мафроз сар аз кибру рух аз кина маяфрӯз.

Фасли баҳор айёме, ки одамон ба ҳамдигар бояд зебоӣ бахшанд, бо сухани ширин, бо муҳаббат, бо ғамхории худ. Баҳор фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, ишқу муҳаббат, шодиву нишот ва интизориҳои тоза аст.
Бесабаб баҳорро арӯси сол ва  рӯҳбахшу рӯшангари қалбҳо наномида анд.Тамошои боридани борони найсон аз паси оинаи хона    таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад. Ё берун меоиву қатраҳои борон ба рӯят дона-дона мерезад. Аҷаб эҳсоси хушест. Дасти одамӣ чунин зебоиро эҷод накардаву нахоҳад тавонист. Он субҳ хуш аст, ки аз хоб бар мехезӣ ва хонаро рӯшантар аз ҳар вақти дигари сол дармеёбӣ. Кӯчаи пур аз гилу лой ва баргҳои зарди дарахтон, ки дар чанд моҳи тирамаҳ бо осори худ манзараи начандон фараҳбахше сохта буд, дар ин субҳ қабои сабзу сафеду ҷилодоре ба бар кардааст, ки ба дилҳо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ато мекунад.

Фасли баҳор бо тамоми зебогиҳояш, бо нуру ҷилояш  аз ҷониби Сӯзании Самарқандӣ тараннум карда шудааст:
         Дар шеъри дигар шоир ибораҳои шоиронае чун «наргиси хушбӯй», «дари дидор», «бӯю ранги сунбулу дебо», абри найсон», «шанбалиду бунафша»-ро сохтааст, ки тасвири ҳунармандонаи фасли шукуфоии сол баҳори нозанин аст ва шоир ин манзараҳоро бо маҳорати баланди суханофарӣ тасвир кардааст:

 

Наргиси хушбӯй боз аз хоби хуш бедор шуд,

Чашми бедидори ӯ боз аз дари дидор шуд.

Дар чаман бо шанбалиду бо бунафша ёр шуд,

Сабза чун дебову гул чун нофаи тотор шуд.

Бӯю ранги сунбулу дебо-ш бӯстонхор шуд.

Бӯстонорой ҳам баззозу ҳам аттор шуд.

Абри найсон ройгон ғаввоси лӯъ лӯбор,

               То ба каффи роди мамдӯҳам зананд ӯро масал.

         Сӯзании Самарқандӣ аз тасвирҳои зебои фасли баҳор дар  ғазали худ аҷаб баҷо истифода кардааст, ки ин аз маҳорати баланди суханофарии ӯ дар адабиёт дарак медиҳад. Вай дар ин шеъраш аз тамоми манзараҳои зебою дилфиреби фасли баҳор, ки диққати бинандаро ба худ мекашад, истифода бурда, ашъорашро хеле хонданӣ ба ҷилва додааст.

Аз ин ҷо хонандаи ашъори Сӯзанӣ ба як зуддӣ дар тасвирҳои шоирона ва тараннуми зебоиҳои нотакрори табиати зебои фасли баҳор моҳиру ҳунарманд будани шоир баҳои арзандаи хешро мегузорад. Яке аз мавзуъҳои ашъори шоир тараннуми зебогиҳои табиат ва фаслҳои табиӣ мебошад, ки бо эҳсосот ва дарки баланди шоирона сароида шудааст. Дар тасвири масъалаҳои табиат шоир на танҳо ба тарафҳои мусбат ва зебогиҳои табиат диққат додааст, балки он масъалаҳои риққатовари табиӣ, ки дар порчаи зер зимистони қахратунро, ки фасли аз байн рафтани тамоми зебогиҳои табиат, аз ҷумла гулу себаргаю гиёҳҳо мегардад ва фасли баҳорро, ки табиат аз нав зинда мегардад муқобил гузошта, як навъ мавриди тасвир ва таваҷҷуҳи худ карор додааст, ки  порчаҳои зер ин фикрро тасдиқ мекунанд:

 

Зинда шуд хоки зимистонкушта аз боди баҳор,

Соқиё, з-он оби ҳамчун нор афрӯзон биёр.

Хоки бӯстонро бидеҳ з-он оби оташгун насиб,

То кунад ҳар шохсореро чу масте бодсор.

З-обгин бахти равон Кайхусрави оташҳашам,

“Ганҷи бодовард” кард аз ботини хок ошкор.

Хок аз об, абр аз боди сабо фарзанд ёфт,

Лолаи минотани қатрондили оташгузор.

        Дар воқеъ, аз ашъори  Сӯзании Самарқандӣ пай бурдан мумкин аст, ки шеър аз зиндагӣ ба вуҷуд меояд. Ҳар чизи зебо, ки метавонад рушд кунад ва ба дилҳо роҳ ёбад  натиҷаи зиндагист. Исботи ин гуфтаҳоро дар ҳар як мисра шеъри шоир метавон дарёфт:

 

Бар ихтиёри халқ сафар кардам ихтиёр.

Ҷустанд халқ ранҷи ман аз меҳрубони хеш,

Ман ранҷашон кашидаму бар худ кашида бор.

Ранҷест ин ки чун ба ҳақиқат нигаҳ кунам,

Ноз асту роҳат аз паси ин ранҷи бешумор.

Эй гулбуни нишоти  ман зи роҳи меҳр,

Бе ман мабош тозиву бар гул макун канор.

То ман чу аз сафар бирасам аз рухони ту,

Пур гул кунам канори худ, эй чун гули баҳор.

         Сӯзании Самарқандӣ бо корбурди ибораю таркибҳои зебое, ки ба деияти куллии шеърро таъмин кардаанд, ба шеър навию тозагӣ мебах шад. Ҷое ӯ вожаи зоҳиран зебои «мушкбор»-ро тобиши зебои шоирона додааст:

 

Эй сарви руста, аз тарафи ҷӯйбор бар,

Бар сарву маҳ силсилаи мушкбор бар.

Эй луъбати бадеу нигори бадеи чин,

Бар сурати ту фитна ба Чин дар нигор бар.

 

Дар ин порчаи шеърӣ Сӯзанӣ аз ибораҳои «сарви руста, лӯъбату нигор, сурати Чан» бо маҳорати баланди суханофаринӣ истифода бурда , ашъорашро пурмазмуну зебо ва хонданӣ ба қалам додааст.

Ишқу муҳаббат як неъмати бузурги илоҳист. Сӯзании Самарқандӣ дар пайравӣ ба шоирони забардасти адабиёти форс-тоҷик махсусиятҳои баҳори нозанинро, ки арӯси сол ба ҳисоб меравад, дар ғазалҳои ошиқонааш аҷаб зебою бамаврид сурудааст. Вай дар ғазалаш бо хитоб ба маъшуқи маҷозияш мегӯяд, ки фасли баҳор шудааст ва маъшуқаи хешро ба сӯи боғ, ки пур аз гулу ёсуманҳост, даъват мекунад, ки бо вай рози дил гӯяд. Сӯзанӣ дар идома мегӯяд:

 

Фасли баҳор гашт берун ой сӯи боғ,

В-аз боғ боз хонаи дил беғубор бар.

Бингар, ки фарри боғ гул аст, эй нигор, бас,

Кафро тиҳӣ мадору ба тангу каф ор бар.

Ду булбуланд модаву нар бар канори сарв,

Бар сарв мода лаҳн занад бар чанор бар.

 

Ё дар ҷои дигар мефармояд:

 

Ёри маро хати бунафшазор баромад,

Бӯи бунафша зи ҳадди ёр баромад.

Ёр сар аз шарм чун бунафша фурӯ бурд,

Гирди гулаш то бунафшазор баромад.

Ба дилам зи зулфи беқарораш якчанд,

Ишқ фуруд омаду қарор баромад.

Ба сари зулфаш нагашта кор ба як сӯ,

Хат чи бало буду бар чӣ кор баромад.

Сабза ба олам зи навбаҳор барояд,

Ба лаби ӯ сабза бе баҳор баромад.

        Фасли баҳор дар тасвири Сӯзании Самарқандӣ гоҳе бо эҳтиром дар муносибат, фикру андеша, заволи ишқ ё муҳаббат ба инсонҳо ва зиндагӣ ва мисли ин образҳои мусбӣ низ ҳамроҳ аст. Аммо тавре дар мисолҳои боло дидем, Сӯзанӣ баҳор, гул, сабза, ёсуман, оби ҷӯйбор, булбул, чашмасорро ҳамчун рамзи покию нафосат, умеду интизориҳои нав, айёми муъҷизаҳо ва зиндашавии табиат ва солимию бардамии инсон маънидод кардааст:

 

Эй чун гули наврӯз ба рухсору ба боло,

Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирӯз.

Гар сарви гулат хонам, монӣ ба гулу сарв,

Мафроз сар аз кибру рух аз кина маяфрӯз.

 

    Дар бисёр маврид шоир доир ба гул ҳамчун растание, ки дар мавсими баҳор мешукуфад ва тез хазон мешавад, маълумоти кофие доштааст. Дар заминаи ин маъно Сӯзанӣ инсонро низ чун гул медонад ва таъкид бар он менамояд, ки зиндагию умри инсон бояд мисли гул тару тоза ва зебо бошад. Бо ин гуфтаҳояш ба баъдинагон ҳушёр медиҳад, ки дар зиндагӣ инсонҳо бояд ба қадри якдигар бирасанд ва сӯҳбати якдигарро ғанимат донанд, мисли гул тару тоза, зебо, хурсандиовару хушбӯй, боназокату бо латофат… бошанд. Яъне шоир тавонистааст, ки бо овардани маънои аслии вожаи гул, ки дар фасли баҳор мерӯяд, онро бо умри инсон нисбат диҳад. Ба маънои маҷозӣ омадани вожаҳои ифодагари гул ва навъҳои он дар ғазалиёти Сӯзанӣ бештар ба назар мерасад. Чуноне ки ба мо маълум аст, дар адабиёт гул ҳамчун як образи машҳур ифода меёбад, ки шоир зебоӣ, хушбӯйӣ, латофат ва назокатро ба назар гирифта, маъниҳои тозае гуфтааст:

Хонандаи ашъори Сӯзанӣ  метавонад аз накҳати гулҳое, ки шоир дар шеъраш тасвир кардааст, лаззат бубарад.

Беҳтарин мисраҳои шоир низ дар бораи гули хушбӯй ва навъҳои он ва зебогиҳои ин гули худрӯй, ки дар фасли баҳор мерӯяд, гуфта шудааст:

 

Фасли баҳор бо ман нозук чу барги гул,

Лашкар бурун задам чу гули сурх дар баҳор,

То комгор гардам бо душманони мулк.

Як сӯ шудам зи барги гули сурх комгор.

Ҳангоми гул зи луъбати гулрух ҷудо шудам,

Дар дида висол халидам зи ҳиҷри ёр.

Бар ихтиёри халқ сафар кардам ихтиёр.

Ҷустанд халқ ранҷи ман аз меҳрубони хеш,

Ман ранҷашон кашидаму бар худ кашида бор.

Ранҷест ин ки чун ба ҳақиқат нигаҳ кунам,

Ноз асту роҳат аз паси ин ранҷи бешумор.

 

Ё дар ҷои дигар:

 

Оби равшан тира гашт аз жолаи абри баҳор,

Хоки тира гашт равшан аз фурӯғи лолазор.

Абри найсонро ба бор овар дурри шоҳвор,

Ғунча аз шӯхӣ ба бар бигрифт он дурро бабор.

Лолаи сероб дар найсон пур аз рангу нигор,

Дурҷи дурри шоҳвор аст аз ақиқи обдор.

Гуфтаи лола-ст ё Раб бо лабу дандони ёр,

Гар набадӣ тирадил чун хасми деҳқони аҷал.

 

         

Сӯзании Самарқандӣ дар эҷодиёташ ҷабру ҷафои золимон, худписандӣ, беғамӣ барин хислатҳои ношоистаи баъзе ашхосро танқид намуда, рафторҳои онҳоро ба чор фасли сол монанд кардааст. Инсонҳои суханчину иғвогарро ба фасли тирамоҳ, инсонҳои бадқаҳру бадтинатро ба фасли зимистон, инсонҳои ростқавлу поквиҷдон, зебою ошиқро, ки зиндагиро бо тамоми паҳлӯҳояш дӯст медоранд, ба фасли баҳори нозанин ва қутоҳии умри дурӯғро ба хазони тирамоҳ ташбеҳ дода, таълим медиҳад, ки инсон ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯяд ва суханчинӣ накунад, ҷавонмарду, одамдӯст, боинсофу адолатхох, хайрхоҳу саховатманд, бомаърифат, ғамхори халқ бошад.

Сӯзании Самарқандӣ ҳамеша сарбаландона зистанро ситоиш мекунад. Дар баъзе шеърҳояш гуфтааст, ки ҳангоми талхию ногувориҳо бояд навмед нашуд ва ба оянда назари нек дошт.

Хулоса, орзу мекунем, ки дар ин фасли зебои сол, ки фасли зинда шавии табиат, фасли шукуфоӣ аст, ҳамеша бо меҳру муҳаббат ва самимият умр ба сар барем ва рӯзгорамон ба мисли тасвирҳои шоиронаи Сӯзании Самарқандӣ зебою афсонаосо бошад.

 

                                                                                         

 

Олимҷон Хоҷамуродов

 

  1. Забон ва истиқлолияти миллӣ

Яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол забони миллии он аст. Забон дар пойдории давлати миллӣ нақши  боризеро ифо мекунад. Аз ин рӯ, ҳар давлате, ки мехоҳад қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро таҳким бахшад, қабл аз ҳама, бояд нуфузи забони миллиашро густариш диҳад.

Барои исботи ин андеша ба таърихи гузаштаи кишварамон назари иҷмолӣ меандозем ва баъзе лаҳзаҳоро бо шароити имрӯз муқоиса мекунем. Тибқи ахбори сарчашмаҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр забони арабӣ ба таври расмӣ танҳо соли 742 мелодӣ дар умури коргузорӣ ва мукотибот ҷорӣ шуд. Ҳол он ки забони арабӣ соли 81 ҳ.қ.  (700-701 м) ба ҳайси забони давлатӣ дар тамоми қаламрави Хилофат эълом шуда буд.

Ба муқтазои таҳкими қудрати Хилофати араб ва интишори бештари ислом забони арабӣ на танҳо дар умури давлатдорӣ, балки дар соири соҳаҳои мухталифи ҳаёти ичтимоӣ, маданӣ ва фарҳангии мардумони Хуросону Мовароуннаҳр нуфуз кард. Ашрофияти маҳаллӣ ба хотири ҳифзи имтиёзи хеш ва барои наздик шудан ба истилогарон ба омӯзиши амиқи забони арабӣ ва хатти он пардохтанд. (Бояд ёдовар шуд, ки гузаштани форсизабонон аз алифбои паҳлавӣ ба алифбои арабӣ дар ҳамон давра сурат гирифтааст). Ба-дин сабаб дере нагузашта забони арабӣ забони илму адаби қишри рӯҳониву ашрофият ва ҳукуматдорони Эрони Ғарбӣ ва Хуросону Мовроуннаҳр гардид. Ҷои тазаккур аст, ки чунин вазъ ба нисбати забони русӣ дар Осиёи Миёна (ҳоло Осиёи Марказӣ) аз солҳои 20-30-и асри XX шурӯъ карда, то ибтидои солҳои 90-ум такрор шудааст.

Дар асрҳои VIII- IX намояндагони ин сарзамин осори зиёди илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва адабиро ба забони арабӣ таълиф намуда, он забонро аз ҳар лиҳоз ѓаниву машҳур сохтанд. Номи донишмандони машҳури чаҳон, чун Ал- Хоразмии риёзидон (780-847), Ал- Форобӣ (асри X), Ат-Табарӣ (ваф.923), Ал-Истахрӣ (асри X) ва алломаҳое чун Ал-Берунӣ (973-1048), Ибни Сино (980-1037) ва амсоли онҳо осори   гаронбаҳояшонро ба забони арабӣ таълиф намуданд.

Ҳамчунин бисёре аз эронинажодон ба забони арабӣ шеърҳои баландпоя гуфта, дар миёни арабҳо маъруф гардиданд. Масалан, муаррих Ас-Саолабӣ дар «Ятимут-уд-даҳр» (Маровриди ҷаҳон) аз 119 шоири арабизабони дар аҳди Сомониён зиндагӣ ва эчодкарда ёдовар шудааст. Аммо баъд аз 2,5 аср, вақте ки Хилофат заиф шуд ва кӯшишҳои истиқлолталабии кишварҳои зери султаи он оѓоз гардид, забони миллӣ ё маҳаллӣ дурусташ, омили аслии истиқлолталабӣ қарор гирифт. Акнун ашрофияти маҳаллӣ ва табақаи ҳокими Хуросону Мовароуннаҳр барои касби истиқлол ва эҷоди давлатӣ мустақил, ба ҳайси аслиҳаи идеологӣ фарҳангу забон ва оину русуми то исломии халқҳои таҳҷоиро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин замина, ҳатто ҳаракати идеологие ба номи Шуубия ба миён омад, ки ҳадафаш эҳёи фарҳангу суннатҳои мардумони маҳаллӣ ва таблиѓу тарвиҷи он ва дар айни замон нишон додани бартарияти нажодиву фарҳангии эронтаборон буд.

Табиист, ки дар чунин шароит таваҷҷӯҳ ба забони миллӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ғоявию мафкуравӣ бештар мегардад. Агар дар ибтидои ҳукмронии Хилофати араб табақаи ҳокиму ашрофияти маҳаллӣ барои таҳкими мавқеи сиёсии хеш ва ба хотири касби ҷоҳу мансаб бо як талошу шавқ ба фарогирии забони арабӣ  мепардохтанд, акнун дар нимаи дуюми асри IX тамоюли баръакси он мушоҳида  мегардид.

Ба пуштибонӣ аз забони миллӣ ва иртиқои он ба ҳайси забони адабӣ- давлатӣ сулолаҳои ҳокимони маҳаллӣ ва ашрофияти тарафдорони онҳо истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангии хешро дар муқобили Хилофати араб нишон доданӣ мешуданд. Чунин вазъиятро мо дар нимаи дуюми солҳоӣ 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми қарни XX низ дар кишварамон мушоҳида кардем. Халқи тоҷик муборизаи хешро барои истиқлоли чумҳурӣ маҳз аз талош ба хотири эъломи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон оѓоз карда буд. Дар зимн, бояд ёдовар шуд, ки қонуни забоне, ки дар он давра дар Тоҷикистон қабул шуд, дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин қонуни забон ба шумор мерафт. Дар он замон ин амал як иқдоми бузург дар роҳи касби истиқлол, ба вижа истиқлоли фарҳангӣ дар чорчӯбаи давлатӣ абарқудрат маҳсуб мешуд. Аҳамияти ин қонун дар роҳи худогоҳӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ  хело бузург аст ва перомуни он метавон зиёд андешаронӣ намуд, аммо чун сухан ба дарозо мекашад, бо овардани иқтибос аз суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Қонуни забон иктифо мекунем:

«Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаи ахир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиклолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оѓоз ёфт». [1,35.]

   Дар нимаи дуюми асри IX низ шарти асосии истиклолияти сулолаҳои маҳаллии Хуросону Мовароуннаҳр (Тоҳириён солҳои 821-873 дар Хуросон, Саффориён солҳои  873-903 дар Сиистон ва Сомониён солҳои 875-999 дар Мовароуннаҳр) инкишофи забони дарӣ дар сатҳи забони давлатӣ буд.

I

v. I

 

гашт,

 

Яке аз сабабҳои густаришу рушди забони дарии форсии тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр бо вуҷуди истилои дувунимасраи забони арабӣ, дар он аст, ки забони арабӣ бо он ҳама тавоноиаш дар ин сарзамин танҳо забони расмии давлатӣ, адабӣ ва муоширати иддаи маҳдуди аҳолии маҳаллӣ ва арабҳои муқими Мовароуннаҳру Хуросон буду халос. Ин забон, чуноне ки забони русӣ дар асри XX, дар байни мардуми авом, махсусан рустоҳо паҳн нагашт, аз ин рӯ, асолати мустаҳками ичтимоӣ пайдо накард. Тавре ки забони арабӣ дар Мисру Сурияву Ироқ забони умумии гуфтугуӣ гашта, забонҳои бумиро танг ва ба гӯшаи фаромушӣ расонид, ин амал дар Хуросону Мовароуннаҳр татбиқ нашуд. Бо вуҷуди фишори зиёд, забони форсии тоҷикӣ бо таъсирпазирии фаровон асолати хешро ҳифз кард, зеро забони арабӣ дар миёни авом натавонист ҷойгузини он бошад. Аз ин рӯ, ҳокимони тозаистиқлоли Хуросон, аз чумла Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ, ки аз авом буд, забони арабиро намедонист (тибқи ахбори «Таърихи Сиистон»), барои тарвиҷи забони форсии дарӣ талош мекарданд.                  

Касби истиқлолияти сиёсиву иктисодӣ зарурати таҷдиди хотираи таърихӣ ва ҷамъоварии  ҳамосаи аҷдодии эронинажодро ба миён овард. Зеро барои тақвияти истиқлолияти сиёсиву миллӣ  талқини ифтихороти таърихии ин марзу бум хело муҳим буд. Аз ин ҷост, ки билофосила баъд аз касби истиқлол ва ба миён омадани давлати муқтадири тоҷикон- Сомонииён, ҷамъоварии ривоёти таърихиву асотирӣ оѓоз мегардад. Дар натиҷа чандин «Шоҳнома»-ҳои мансур таълиф мегардад, ки қадим- тарини он «Шоҳнома»-и Абумуайяди Балхист (ибтидои асри X). Ва сипас «Шоҳнома»-ҳои Муҳаммади Балхӣ ва Абӯмансурӣ  мебошанд, ки ҳама маводи асосие барои ба миён омадани «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб мешаванд. 

Гиромидошти хотираи ниёгон ва ифтихороти таърихиву миллии тоҷикон, махсусан, ифтихору таҷлил аз аввалин давлатӣ муқта­дири тоҷикон-Сомониён дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол ва истиқрори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба як идеологияи ваҳдати миллӣ табдил гашт, ки тамоми мардуми Точикистон ва тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам муттаҳид сохт. Ва ин ваҳдати миллӣ танҳо тавассути забони миллӣ, ки пояи истиқлоли миллист, имконпазир гардид. Аз ин рӯ, барои истиклолияти комил забони миллӣ бояд ба сифати забони муоширати байни тамоми миллатҳои сокини чумҳурӣ хидмат намуда, аз чорчӯби танги милливу маҳаллии хеш берун ва дар тамоми соҳоти ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ, иктисодӣ ва фарҳангии чомеаи Точикистон тасаллут пайдо кунад.

 

II. Тафаккури миллӣ бар пояи забони миллӣ

 

Барои онки мо дар ин даврони ҷаҳонишавӣ муқовимати солим карда тавонему дорои истиқлолияти комил гардем, бояд тафаккури нави созандае бар пояи забони миллӣ ба миён ояд. Зеро тафаккур бо забон робитаи бевосита дорад ва тафаккури ҳар халқу миллат тавоноии забони онро муаян мекунад. Зеро ба андешаи поягузори илми забоншиносии умумӣ Вилҳелм Ҳумболд: “Забон рукни созандаи тафаккур аст ва забони халқ рӯҳи он маҳсуб мешавад” [3, 84]. Аз ин рӯ, агар имрӯз забони мо аз баргардони мафҳумҳои улуми ҷадид, то ҳадде нотавон аст, яке аз сабабҳояш робитаи забону тафаккурамон маҳсуб мешавад. Аз як тараф, агар амонати забоние, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст наметавонад ин мафҳумҳои илмию техникиро ба таври дақиқ ба мо бирасонад, аз тарафи дигар, нобасомониҳои фарҳанги кунунӣ ва асрҳои зери султа буданамон, забонамонро тарҷумазадаву гуфторамонро қолабӣ кардааст.

Табиист, ки дар ин буриши кӯтоҳи таърихӣ ( баъди касби истиқлол) ба вуҷуд овардани тафаккури нави ҷавобгӯӣ инқилоби илмӣ-технологӣ ғайри имкон аст, аммо расидан ба ин ҳадаф яке аз рисолатҳои аввалиндараҷаи давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Чунки ҳар давру замон вобаста ба тафаккури халқ ё миллат забони он рисолати таърихии хешро дорад. Агар риослати забони форсии тоҷикӣ дар гузашта ба мо расонидани “ойини ҳамосӣ –паҳлавонӣ, ваъдаи дидори маъбуди азалӣ ва ҳолати ваҷду самоъ” аз забони Фирдавсӣ, Ҳофизу Мавлоно бошад, пас ин забон рисолати хешро ба ваҷҳи аҳсан анҷом додааст. Зеро ба ин мақсад тамоми қолабҳои лозими забонӣ ва мазмунҳои заруриро фароҳам овардааст. Аммо, ба қавли шодравон доктор Дорюши Шойгон, фарҳангшиноси маъруфи эронӣ, имрӯз агар аз забони форсии тоҷикӣ “бихоҳем, ки гирифториҳои Кант ва дарди дили Ҳегелро бозгӯяд ва ба вижа, мӯҳтавои парешони ҳамаи улуми ҷадидро, ки аз батни фарҳанги ошуфтаи Ғарб ба сурати ҳазорон ҷарақаҳои  фурӯзон пароканда шуда, баргардонад, онгоҳ аз он чизеро мехоҳем, ки дар тавонаш нест. Забони форсӣ забони иҷмол асту шиора, на забони тафсилу таҷзия” [2,105]

   Ин ҷо манзури доктор Шойгон нотавонии забони форсии тоҷикӣ нест, балки оҷизии тафаккури мост. Зеро маълум аст, ки байни калимаҳои тарҷуманашавандаи як забон ва рӯҳи халқ ё миллате, ки ба он забон сухан мегӯяд, робитаи ниҳоние вуҷуд дорад, чунки ба таъбири Ҳумболд “забони халқ рӯҳи онаст”. Ва забони форсии тоҷикии мо аз ин лиҳоз хело ғанист. Мафҳумҳои тарҷуманашавандаи забонамон (ашъори шуарои классикиамон гувоҳи он аст) ба қавли Жак Маритен, файласуфи маъруфи қарни XX Фаронса ба ҳайси “унвонҳои ашрофияти метафизикӣ”-и [4,215] худи миллат хидмат мекунад. Агар ин мафҳумҳо дар баробари тарҷума муқовимат мекунанд, сабабаш дар он аст, ки бо рӯҳияву назари мо самимона тавъаманд. Вақте ки ба қолаби забони дигар баргардон мешаванд, сеҳри каломашон аз байн меравад.

Аз ин рӯ, ин ҷо масъала ду паҳлӯи як сикка аст, зеро забонҳои аврупоӣ низ дар тарҷумаи шеъри ҷаҳоншумули мо ду чандон нотавонанд. Барои мисол,  агар бихоҳем чанд ғазале аз Хоҷа Ҳофиз ё  аз ҳазрати Бедилро ба яке аз забонҳои аврупоӣ баргардон кунем ба ҳамин нотавонии ин забони аврупоӣ бармехурем. Зеро сохти таҳлилии забонҳои аврупоӣ барои ироаи дақиқи иҳҳоми вожаҳо, таркибу мафҳумҳои печидаву тафсирпазири забони форсии тоҷикӣ, ки бо тамсилу шиора як дунё маънӣ доранд, оҷизанд. Бешак имконоти шеърии забонамон дар навъи худ беназир аст, ки он аз рисолати худи забонамон бархостааст. Аз ин рӯ, то ба имрӯз тафаккурамон шоирона ва забонамон истиорист.

Забони мо он гоҳ ба дарди улуми муосир мехурад, ки мо ҳам тағйир кунем ва аз тафаккури суннатӣ, ки анбори захираҳои андӯхтаи ниёгонамон аст, ба тафаккури таҳлилӣ гузарем. Ба қавли доктор Дорюши Шойгон: “Ҳар гоҳ тавонистем қолабҳои фикрии худро иваз кунем ва аз бақоёи биниши асотирӣ ва ҷодуие, ки ҳанӯз ҳам дар кунҳи зеҳнамон побарҷост раҳо шавем. Ва диққату мӯшикофӣ ва таваҷҷӯҳи хос ба ҷузъиёту бардошти таҷрубӣ аз воқеиётро ҷойгузини иҳҳоми зеҳнӣ ва диди орифона ба умур гардонему аз фалаҷи фикрии кунунӣ озод шавем. Ва худ ба тафаккуру ғавр дар умур бипардозем... ва аз шаҳомати фикрӣ бархӯрдор бошему аз ҷаҳишу суқути андеша боке надошта бошем, он гоҳ забони мо худ ба худ чизи дигаре хоҳад шуд” [2.107].

Ба таъбири дигар, ин тафаккур аст, ки забонро месозад ва мондагориву рушд ва ё аз рамақ мондани забон низ аз будан ё набудани тафаккур вобаста аст.

Як амри табиист, ки имрӯз бисёре аз мафҳумҳо ё истилоҳоти илмӣ, сиёсӣ ва фаннӣ, ки эҷоди забонҳои аврупоианд, дар забонамон муодили дақиқ надоранд. Зеро онҳо таровиши тафаккури ғарбианд, ки марҳилаи инқилобҳои илмӣ – техникӣ ва фановриро сипарӣ кардаанд.

Ҷомеаҳои шарқӣ, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар марҳилаи таърихи гузариш қарор дорад, ки беш аз ҳафтод дар сади мардуми кишвар бо биниши асотирӣ ҳурофотӣ зиндагӣ мекунанд. Чунки руҳонияти мо бо милокҳои асримиёнагӣ умр ба сар мебаранд ва дар муқобилашон қишри маъдуди зиёӣ ё ба қавле “рӯшанфикр”-и  мо то ҳадде талош мекунанд, ки бо тафаккури муосир ҳамқадам бошанд.

Мутаассифона, ин ду қишри ҷомеа якдигарро наметавонанд бифаҳманд. Зеро заминаи тафаккури рӯҳонияти мо забони арабист, бар пояи тафаккури мазҳабӣ-асотирӣ. Заминаи тафаккури рӯшанфикрони мо бештар забони русӣ ва ҳоло аҳёнан англисист, бар пояи андешаи то ҳадде таҳлилӣ. Ҳар ду қишр тафаккурашон бар пояи забони миллӣ нест ва  мушкили аслӣ низ дар ин ҷост.

Албатта, ба вуҷуд омадани тафаккури наву пӯё дар заминаи забони миллӣ як раванди буғранҷу тӯлонист, аммо ба шарофати истиқлоли кишвар ва раҳнамоию талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шолудаи он гузошта шудааст, ки самараи дилхоҳе ба бор хоҳад дод. Чунки забони тоҷикии мо тавону зарфияти онро дорад, ки рисолати хешро дар заминаи тафаккури ҷавобгӯи  даврони шадиди ҷаҳонишавӣ ба таври аҳсан анҷом дода, тафаккури миллиро ба миён овард.

Аз ин рӯ, то замоне, ки  тафаккури миллӣ ба воситаи забони миллӣ ба вуҷуд наояд ва онро ҳар як фарди ҷомеа дарк накунад, дар бораи истиқлолияти комил сухан гуфтан зуд аст.

 

Пайнавишт

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат. Душанбе: “Матбуот” 2001.
  2. Дорюши Шойгон. Осиё дар баробари Ғарб. Чопи чаҳорум. Интишороти Амири Кабир. Теҳрон. 1362 ҳ.ш./ 1984 м.
  3. Гумбольд В. фон. Избранные труды по языказнанию (перевод с немедского). М.: Прогрес. 1984
  4. Жак Маритен. Творческая интуиция в искусстве и поэзии. М.:РОССПЭН, 2004.

«Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва иқтисодии давлат мегардад». (Аз Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  23. 12. 2022 )

Илму маърифат ва маънавиёти баланди инсонӣ яке аз шаклҳои асосии шуури ҷамъиятӣ буда, аз соҳаҳои махсуси фаъолияти одамон ба шумор меравад. Бояд ёдрас шуд, ки илму дониш дар асос ва заминаи амалияи ҷамъиятию таърихии инсоният пайдо шуда, зина ба зина ташаккул ёфта, бо мурури замон меваҳои шаҳдбор баҳри пешравии ҷомеа ва некуаҳволии мардум нисор сохтааст. Инсоният ба туфайли илму дониш пешрафт мекунад ва ривоҷ меёбад. Дар ин росто мисол овардани суханҳои пешвои миллат- муҳтарам Эмомалии Раҳмон хеле бамаврид хоҳад буд: «Мо тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён этироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон фарзандони фарзонаи баору баномус ва соҳибхирад дар корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳои миллат буданд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ мардона талошу мубориза карданд.»

Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест, ки ҳаёти инсон бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон одам буд, фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вуҷуд дорад, аммо аз нахлу умеде варо самар набувад. Афзудани дониш инсонро пурдону пурмаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад.

Рушди инкишофи ҳар ҷомеа аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ дар ҳамаи давраҳои таърих аз маҳсули андешаву хирад, саҳми эҷодии зиёиён ва истеъдоду саводу маҳорати аҳли ҷомеа вобастагии калон дорад. Дар ҳар замон ҷомеа ба чеҳраҳои донишманду бомаърифат ниёз дорад ва таърих ҳаргиз нобиғаҳои илмро фаромӯш намесозад.

Оила як воҳиди ҷамъият буда, асоси онро ташкил медиҳад, рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаби тарбия ба шумор меравад.   Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли зиё  қайд карда буд: «Дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳое, ки ба назари ман моҳияти умумимиллӣ касб намудааст ба нақшагирии оила мебошад. Агар фарзандони мо дар оила тарбияи солим ва одобу ахлоқи хуб гиранд, ба қадри калонсолон падару модар, Ватан ва ба қадри меҳнати ҳалол расиданро омӯзанд, ҷамъият низ аз ин бурд мекунад ва миллат ҳам соҳиби як фарди соҳибдилу ватандӯст мегардад, давлат дар симои чунин фарзандони мо аъзои фаъоли ҷомеъаро муттаҳид намуда, ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро амалӣ месозад. Аз ин лиҳоз  танзими оила масъалаи муҳимми рӯз аст.

Бояд қайд кард, ки бунёди оилаи солим ба зан- модар вобастагии калон дорад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд. Сарвари давлат ҳамеша дар суханрониҳои худ қайд менамояд, ки “Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату адолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”. Ҳар қадар, ки фарзандони мо аз хурдсолӣ дар фазои ороми оила тарбия ёбанд ва аз тамоми моҳиятҳои тарбия бархурдор гарданд, ҳамон қадар онҳо соҳибақлу соҳибмаърифат шуда дар ҷомеа саҳми хешро пайдо мегузоранд ва ба ягон гурӯҳҳое, ки ҷомеаро ба ақиб мебаранд, шомил намегарданд. Агар  фарзанди ноболиғ дар фазои ноороми оила ба воя расад ва аз моҳиятҳои тарбия бархурдор нагардад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҷамъият мавқеъ пайдо карда наметавонад ва ӯ роҳҳои оворагардӣ, нашъамандӣ, нашъаҷалобӣ, дуздӣ ва қатлу кушторро барои худ интихоб мекунад ва ба як зудии даҳшатовар онҳо метавонанд ба гурӯҳҳои экстримистӣ, террористӣ, хурофот шомил гарданд. Яке аз сарчашмаҳои гаравидан ба равияҳои тундгаро  ин коста будани сатҳи таълиму тарбия ва худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон аст, ки аз зинаи мактабӣ, муҳити атроф  ва бемасъулиятии волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон оғоз мегардад. Гурӯҳҳои тафриқаандоз ҷавонони сатҳи дониш ва тарбияашон паст бударо ҳадафи мақсадҳои манфуронаи хеш намуда, миёни онҳо ихтилофҳои мазҳабӣ паҳн менамоянд, ки ин боиси нооромиҳои ҷомеа мегардад. Имруз мо тавассути васоити ахбори омма ё шабакаҳоим интернетӣ воқеаҳоеро шоҳид мешавем, ки агар ақли солим, зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватандориву ватандӯстии комил надошта бошем, метавонем хатое дар ин роҳ содир намоем. Маҳз ҷавонон бояд донанд, ки равия ва ҷараёнҳои тундгаро, экстримистӣ, террористӣ омилҳои на танҳо рӯ ба харобӣ овардани миллат, балки доғдор намудани  дини мубини ислом мебошад. Афроди соҳибдонишу ботарбият ҳеҷ гоҳ ба миллату ватан хиёнат накарда, баръакс бо унсурҳое, ки авзои дохилии кишварро ноором месозанд, роҳ намедиҳанд. Моро зарур аст, ки ҷомеаи худ, хосса ҷавононро аз равандҳои муосири гурӯҳҳои ифродгаро огоҳ намоем ва аз вартаи гумроҳӣ наҷот диҳем, зеро ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҷуз тоҷикистонӣ дигаре обод нахоҳад сохт. Имрӯз ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки барои пешгирии падидаҳои номатлуб ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии аҳли ҷомеаро баланд бардорем. Насли ҷавонро чунон тарбия кунем, ки ғурур ва нангу номуси миллӣ дошта бошанд, пеши роҳи   ва барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омода буда, ҳаргиз Ватанро ба хатар рӯ ба рӯ нагузоранд, зеро хушбахтии ҳар як фард дар Ватан будан ва барои Ватан хизмат намудан аст.

Бояд қайд кард, ки соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории мо ба шумор меравад ва маҳз мо олимон ва омӯзгорон муваззаф ҳастем, ки ба кӯдакон ва наврасон аз зинаи аввал сар карда, таълиму тарбияро хуб ба роҳ монем, то тавониста бошем насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба худшиносию хуштаншиносӣ, меҳанпарастию аҷдодхоҳӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ даъват намоем.

Мо ҳанӯз ҷанги бародаркуши дохилиро фаромӯш накардаем ва набояд аз ёд  барорем, зеро ин як саҳифаи хунину ғамбори таърихи мост. Гурӯҳҳои тундрави ифродгарои Тоҷикистон чун нерӯи қавии қудратталаб шакл гирифтанд, ки дар натиҷа низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ мардуми аз сиёсат бехабарро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, ҷангу бесарусомониҳоро дар байни мардум ба роҳ монданд ва худашон дар канор истода тамошо карданд. Онҳо зеҳни мардумро фалаҷ гардонида, хазинаҳои давлатро ба яғмо бурда, бо ин роҳ мехостанд тамоми рукнҳои давлатдориро аз байн баранд. Надоштани ифтихори миллӣ, ки ҳамаро ба сӯи як ормон ҳидоят кунад аз авомили асосии кашондани ҷавонон ба сӯи гурӯҳҳои тундгаро ва моҷароҷӯ гардид.

Агар сиёсати онрӯза ва қонуни давлатро бо ҳам қиёс намоем, мебинем, ки фарқ  миёни замину осмон меистад. Ҳам сиёсати ваҳдатофаринии Ҳукумати Тоҷикистон  ва ҳам ҷаҳонбинии ҷавонони мо ба сӯи ягонагию иттиҳод нигаронида шудааст. Имрӯз Тоҷикистон бо ин фарзандони фарзонааш ифтихор мекунад, ки камбудиҳои фоҷеъафарҷомро ба зудӣ дарк карданд ва дафъатан аз паси ислоҳаш шуданд. Имрӯз заҳмат ва талоши фарзандони фарзонаи миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои абарқудрати форсизабон ягона кишварест, ки роҳи дунявиятро интихоб намудааст. Агар аз он ҷанги бемаънии кӯтоҳмуддат солҳои тӯлонӣ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз неруҳои иртиҷоӣ аз бетаҷрибагии баъзе аз ҷавонон сӯистифода намуда, мехоҳанд дар кишвари биҳиштосои мо гурӯҳҳои террористӣ ташкил диҳанд ва бо мақсади амалӣ сохтани манфиатҳои идеологӣ ва сиёсии худ вазъи ҷомеаро ноором созанд. Аз ҷумла, дар замони муосир дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баъзе аз равишҳо ва калавишҳое сар мезананд, ки аз соддагӣ ва инсондӯстии мардум, аз эътиқоди самимӣ нисбат ба арзишҳои динӣ сарзада ба худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорию ҳифзи истиқлолият латма ворид мегардад. Масалан, омилҳои бегонапарастӣ дар пӯшиши либос аз тарафи базе занон, гирифтори ба таассуби динӣ, худхоҳии бемавқеи ғайриахлоқӣ, таърихпарастӣ ва ғ..., ки дар заминаи озодии демократӣ сар зада, барои бисёриҳо масъалаи ночизи иҷтимоӣ намояд ҳам, дар асл боиси осебпазирии ҷомеа мегарданд. Вале ҷои таассуф аст, ки аксарият аз занҳои тоҷик ба ҷои шукргузорӣ кардан аз Ваҳдату Истиқлолияти кишвар ва пешрафти ҷомеъа ба мушкилиҳои зиёде роҳ дода истодаанд. Як зумра занон ақидаҳои хурофотпарастиро дар мадҳи аввал гузошта, ба ҷои рӯ овардан ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, рӯ ба фарҳани бегона оварда, фарҳанги бегонаро дар кишварамон зинда гардонида истодаанд, ки ин хело ҳам боиси таассуф аст. Пешвои миллат пеш аз ҳама муттаваҷеҳи  масъалаи ифродгароӣ ва хурофотпарастӣ шуда, пеши роҳи ин бадбахтиҳоро, ки аз асари хусумати як гурӯҳ, ки онҳо на миллат доранду на ватан болои занон қарор мегирад, ҷилавгирӣ менамояд. Пешвои миллат хеле хуб медонад, ки имрӯз аҳли ҷомеаи кишварро саволе ташвиш медиҳад, ки «Омилҳои шомилшавии занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд?» Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд. Ҳамзамон таҷрибаи касбии кормандони мақомоти қудратӣ ва судӣ чандин ҳолатҳо ва сабабҳои ба гурӯҳҳои террористӣ гаравидани занонро муайян кардааст. Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар навбати аввал бо чунин шахсиятҳои гумроҳ сарукор гирифта, бо роҳи фиребу найранг, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ эътиқоди онҳоро, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардонанд. Омилҳои сар задании тундгароӣ дар кишвар ҷанбаи гуногуни динию дунявӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷавону рӯ ба тараққӣ буда, барои густариш додани фазои демократии ҷомеа, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Қисме аз шаҳрвандон такя ба хурофот ва сатҳи пасти маърифати худ намуда, баъзе амалҳои озодеро, ки марбут ба худи шахс аст, маҳкум месозанд. Қисмати дигар бошад, такя ба маданияти ғарб намуда, расму русум ва анъанаҳои миллии моро нодида мегиранд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибати фалокатбори чунин падидаҳо ва воқеоти сиёсие, ки ба рушди ҷомеа халали ҷиддӣ ворид менамоянд, лозим аст, ки оммаи мардум ва ҷавонону наврасон бояд соҳибилм бошанд, аз равандҳои гуногуни номатлуб канорагирӣ намуда, бар зидди онҳо ақидаҳои устувори худро муқобил гузошта тавонанд.

Ниҳоят, силоҳи равшани ягона ва муассир дар асри нав, яъне асри ХХ1, ба мисли асрҳои гузашта танҳо ва танҳо илму дониш аст. Бо мусаллаҳ шудани илму дониш метавонем алайҳи мушкилоти ҷаҳонишавӣ, фикри фарҳангӣ, ҳуҷумҳои хурофотӣ ва экстремизму терроризм мубориза барем, ки дар ин ҷода саводнокӣ, фарҳангу маънавиёти баланд ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар нигоҳ назаррас аст.

                                                                                              

Мавҷуда  Хучова,

ходими пешбари илмии

Маркази мероси хатии АМИТ

 

 

 

 

(Андешаҳо оид ба Суханронии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон )

     

        Рӯзи 9-уми марти соли 2024, дар Кохи Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё ва ходимони дин мулоқот намуданд.

       Сарвари давлат аз ҷумла дар бораи масъулияти  падару модар дар тарбияи фарзанд, шомил, нашудани ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои экстеремист, террористу  ифротӣ, инчунин риоя намудуни қонуни танзим, яъне  сарфакорӣ ва зиёдаравӣ суханронӣ намудунд.

        Президенти муҳтарам аз ҷумла қайд карданд, ки -падару модарони муҳтарам, шумо бояд  дар донишандӯзии фарзандон садди роҳи онҳо нашавед, онҳо бояд илми замони муосирро биомӯзанд,  то ки дар оянда фарзандони  солими худро ба воя расонанд ва ба халқи азизи Тоҷикистон хизмат кунанд. Шумо бояд махсусан фарзандоне,  ки берун аз Тоҷикистон истода обрӯи  миллат ва Ватани худро дар пеши дигарон паст мезананд, эътибори  ҷиддӣ диҳед. Онҳо бояд ба доми фиребу найранги  зархаридони  хориҷӣ  наафтанд ва  бо пули ифлоси онҳо  Тоҷикистони  азизро доғдор насозанд.

        Ифротгароӣ яке аз амалҳои зишти замон  мебошад, ки ба пешравӣ ва рушди ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.  Агар шумо ифротӣ бошед,  дар пешравии ҷомеаи солим ба ягон муваффақият  ноил намегардед. Яъне кирдорҳои манфии ҷомеа ба амал мепайванданд. Барои ҳамин ҳам,  мо зиёиён ва аҳли ҷомеи тоҷик, бояд  ба ин кирдорҳои номатлуби замон муборизаи беҳамто  бибарем.

        Инчунин, баъзе духтарону занони тоҷики мо либосҳои бегонаи арабию эрониро ба бар мекунанд. Бибиҳою модарони мову Шумо  либосҳои сиёҳро  намепӯшиданд  ку! Чаро бегонапарастӣ мекунед?  Падару модари Шумоён тоҷик аст ку! Миллати Шумо тоҷик аст ку! Шумо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунед ку! Мо бояд ба ин рафторҳое, ки ба тоҷикон хос нест,  мубориза барем.

         Президенти муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худашон таъкид мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллат ва ҷомеа ҳастанд, онҳо бояд  забондон бошанд, на кам аз ду забонро, забони русӣ ва забони ангилисиро хуб аз худ намоянд, озодона ба ин забонҳо суҳбат кунанд, то ки пешбарандаи ҷомеаи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бошанд.        

                                         

       Мо бояд чунин  фарзандони солимро тарбия ва ба воя расонем, ки ватану миллат бо  онҳо бовар кунаду  фахр намояд  ва ба халқу ватани азизи Тоҷикистон содиқ бошанд.  Онҳо бояд мутахассисони беҳтарин дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бошанд.  Онҳо бояд  забондон бошанд, на  кам аз ду забонро донанд, яъне забонҳои русию  англисиро ҳатман аз худ намоянд  ва дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб  шаванд.   

       Дар Тоҷикистон Қонун дар бораи “Танзим ва анъанаю ҷашну маросимҳо” соли 2007 қабул  шуда  бошад  ҳам, вале на ҳамаи сокинони мамлакат ин қонунро риоя мекунанд .  Баъзе шахсоне  дар ҷомеа ҳастанд, ки онҳо дар тӯю маракаҳои хешро ғайриқонунӣ мегузаронанд, яъне ба  зиёдаравӣ роҳ медиҳанд, маракаҳои пурдабдаба, сарфакории зиёд  ва  худнамоӣ мекунанд, гӯё онҳо аз дигарон бо ин корашон фарқ мекунанд.    Дар ҷомеа шахсоне пайдо мешавнд, ки ин қонунро риоя намекунанд, қонуншиканӣ мекунанд, ин гуна шахсон бояд  дар назди қонун ҷавобгӯ бошад, қонун барои ҳама як аст.

        Дар кишвари мо шахсоне ҳастанд, ки ба кумак ниёз доранд. Агар шумо маблағи зиёдатӣ дошта бошед, ин маблағро ба  “Хонаи бачаҳои ятим”,                                  “Хонаи пиронсолон” ва  ”Маъюбон” харҷ мекардед  хеле хуб мешуд, агар ин кори хайрро ба анҷом мерасондед, ман   боварӣ дорам, ки онҳо  аз шумо   як умр миннатпазир мегардиданд.    

     Ҳар сол аз номи Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ашхоси ниёзмандони ин қишри ҷомаа, доимо   дар рӯзҳои ҷашну маросимҳо  кумакҳо расонида  мешаванд.            

       Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки  соҳибкорон  ва шахсони саховатпеша  кӯшиш кунед, ки шахсони ниёзмандро доимо дастгирӣ намоед, ба ин гурӯҳ  ашхос бояд кумак намуд.

        Президенти муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон инчунин қайд намуданд, ки  дар арафаи идҳои “Рамазон” ва “Қурбон” бисёре аз сокинони кишвар ба исрофкорӣ ва зиёдарвӣ роҳ медиҳанд. Сарфакории зиёд, пухтупази зиёд, зиёдаравӣ чӣ лозим аст. Агар падару модарони муҳтарам шумо ин маблағро барои беҳтар намудани дониши фарзандон, ки онҳо дарсҳои иловагӣ аз омӯзишӣ забонҳи русию  англисӣ  ва ба омӯзиши дарсҳои иловагии фанҳои дақиқ (риёзӣ, кимиё ва физика)  сарф мекардед, хеле хуб мешуд. Ин дар ояндаи наздик  фарзандони шумо мутахассиси хуб мешаванд ва дар зиндагонӣ мавқеи худро  хоҳанд ёфт. Онҳо метавонанд  дар худи кишвар ва берун аз он кору фаъолият хоҳанд кард.    

       Хушбахтона, дар Ҷумҳурии  Тоҷикисони мо мутахассисони забондон -   омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ,   инчунин омӯзгорони фанҳои дақиқ (риёзӣ, кимиё ва физика) ба пурагӣ мерасанд .     Ин  марказҳои “ Забономӯзӣ” дар шаҳрҳои  Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Ҳисор, Турсунзода, Хуҷанд, Конибодом , Исфара ва Хоруғ   амал мекунанд .          

       Хоҳишмандон метавонанд  ба ин марказҳо омада, савияи дониши худро такмил дода, ба мактабҳои олии кишвар бе ягон мушкилот дохил шаванд.       

      Падару модароне, ки фарзандонашон дар ин марказҳо  таҳсил карданд ва ҳоло таҳсил карда истодаанд, аз  омӯзгорони пуртаҷрибаи ин марказҳо сабақ гирифта,  хеле сипосгузоранд.  Онҳо бе ягон мушкилот ба донишгоҳҳои ватанию  хориҷӣ дохил шудаанд.

       Дар шаҳри Душанбе Гимназияи Президентӣ амал мекунад,  дар ин боргоҳи илм омӯзгорони дараҷаи олӣ кору фаъолият мекунанд ва шогирдони хубу доноро тайёр менамоянд.   

       Инчунин, дар шаҳри Душанбе чандин гимназияҳою  литсейҳо дар назди донишгоҳҳо ва  донишкадаҳо  амал  мекунанд  ва шогирдони хеле хубро  тарбия мекунанд, инчунин дар дигар вилоятҳо ва ноҳияҳои мамлакат чунин гимназияҳо ва литсейҳо  амал мекунанд.

       Мо падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа масъул ҳастем, ки бояд фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва донишандӯзӣ  тарбия намоем, то ки онҳо доною зирак бошанд ва дар зиндагии ҳаррӯзаи худ,  ҳар як мушкилотро осон паси сар  намоянд.  

 

Толибзиё Сафдаршоев,

ходими илмии шуъбаи

матншиносӣ таҳқиқ ва

нашри мероси хаттии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ

 

 

 

 

 

 

Страницы