کتاب های تازه منتشر شده

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Сиришт ва сарнавишт

(“Хуршедсавор”. Нашриёти “Ношир”. Хуҷанд 2023. 473 саҳ.)

 

Ходимони илмии Маркази

мероси хаттии АМИТ

Меҳриддин Ғиёсӣ,

Шодиҷони Рамазон

 

Во кардани тадқиқоти пурмояи муҳаққиқини маъруф, тавзеҳи иҷмолӣ, барчидани ғояҳои меҳварии таълифоташон  ҷиҳати фаҳми масоили мубраму баҳсбарангези  илмӣ  василати  муҳим  маҳсуб  мешавад, дар ҳар  соҳа,  то ки  номи  муборакашон  ҳар  чи  бештар  дар  хотирҳо  монаду  аз  ёдҳо  зудуда нашавад  ва гузашта аз ин, далелҳои  муътамаде, ки эшон  бо заҳмату  ранҷи  зиёд рӯйи  саҳфа  овардаанд асноди  муҷаддаду  сареҳанд баҳри  мустафид  гаштани  аҳли назар  ва  аз қавли Ҳазрати  Ҷомӣ дар замини дили мустамеон тухми иродат мекоранд, ин зумра шахсиятҳои муътабар.

Осори донишманди нексиришт, доктори илмҳои филологӣ, профессор,  устоди  зиндаёд  Абдулманнони Насриддин,  аз  шумори  ҳамин  гуна таълифоти  пурмаъною  жарф, саршор аз маънавиётанд, ки бо хонанда иртиботи пурвусъати қонеъкунандаро барқарор  менамоянд ва аз гуфтори ҳакиме, ин маънавиёт мабдаи сурати  вуҷуди навъияти эшонро муҷалло кардааст.

   Китоби “Хуршедсавор”   бо саъю  эҳтимоми фарзанди фарзонаи устоди равоншод  Абдулманнони Насриддин доктори илмҳои филологӣ, профессор Фахриддин Насриддинов  интишор ёфта, чаҳор бахшро фарогир аст:  бахши аввал – Нақду баррасии осору ҷусторҳо; бахши  дуюм – Арҷномаҳо, ёдкардҳо  ва хотирот;  бахши сеюм – Феҳристи осори мондагор  ва  бахши  чаҳорум – Оинаи осор. Ва китоб  ҳади ақсо  шасту чор нақду ҷусторҳои  пурмуҳтаво, сипосномаҳою хотироти рангину шеърҳои салису хушоҳангро роҷеъ ба  фаъолияти густурдаи устоди фақид дар бар мегирад, ки воқеан бозтоби дунёи маънавии эшонанд.

Мероси арҷманди донишманди шаҳир Абдулманони Насриддин, ки барои доираи  васеи хонандагон маъхази пурбаҳост аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода  васф шуда, саҳмашон  дар рушди илму маорифи кишвар ба вижа зикр шудааст, дар муқаддимаи китоби “Хуршедсавор”.

Вуруд ба ҷойгоҳи олими  маъруф  Абдулманнони Насриддин,  мақому манзалаташон  дар кашфи асрори ниҳонии маънавии  мутафаккирони классикии форсии тоҷикӣ бо  гуфтору суханҳои  дилангезу  гуҳарбор, маърифатангезу  пурхиради шоири  шуҳратёфта  ва  донишманди фарҳехта  Фарзонаи Хуҷандӣ бо  унвони  “Қанди  баста”  ифтитоҳ  меёбад,  ки  бо шарҳу  тафсири шеъри оламгири орифи  бузург  Шайх Камоли  Хуҷандӣ муҳаббату эътимоди  хешро ба  устоди арҷмандашон  бо самимият  изҳор  менамоянд.

Устод  Фарзона  муаллимии  равоншодро  бо  табъи  гуҳарбори  сухангустари хеш, ки  мунҳасир  ба фард аст, васф карда,  бо камоли эҳтиром менигоранд:

“....... Устод  Абдулманнони Насриддин  аз  ҷумлаи кимиёсозоне  буданд,  ки мисҳоро бо кимиёи омоли  солеҳ  зари ноб карданд ва муқаддамтарину  муқаддастарини  некӯиҳову  хубиҳову  нағзиҳо  боз ҳам  интишори анвори донишу илму ирфон дар  ҷонҳои  ҷӯяндагону  пӯяндагон  аст....” (саҳ. 21).

Воқеан,  шоири  маъруф  Фарзона  бо як ҷаҳон  муҳаббату ихлоси  шогирдона шарофати халлоқии устодро  баён  карда,  ба  ин  васила  мабдаи достони  муҳаббати  муршиду  шогирдро кашф кардаанд, ки  ба хазинаи маънавии  “Хуршедсавор”  ворид шуданро ҳамвор менамояд.

Бахши  нахустини китоби мавриди  таваҷҷуҳ бо мақолаи устоди  равоншод,  профессор  Худои  Шарифзода  -  “Калиди ганҷи маънӣ деҳ ба дастам”  оғоз меёбад  ва нигоранда баъди  таъкиди  оригиналӣ будани мавзуъ,  сатҳи гузориши  масъала  ва  амсоли ин ба  навгонии тадқиқот  ва  хидмати  арзандаи муаллиф – Абдулманнони Насриддин дар  пажуҳиши масъалаи  маърифати  адабиёт  ва  заминаҳои пайдоиши шарҳнависӣ аз  дидгоҳи аҳамияти  маърифатии адабиёти  бадеӣ ва  решаҳои таърихию адабии пайдоиши шарҳнависӣ пардохта, дар ин роҳ  азму иродати муаллифро таъриф, ба умқи назар  ва  арсаи таҳлилу  баррасиҳои масоили мубрами адабиётшиносии эшон арҷ мегузоранд. Ва  мавриди зикр аст, ки  мақолаи  мазбур  тақризест, ки Худои Шарифзода ба  китоби Абдулманнони  Насриддин  -  “Шарҳнависӣ  дар  таърихи адаби форс-тоҷик” (-Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба  номи Раҳим  Ҷалил,  2001,  иборат аз ду ҷилд)   чанд сол муқаддам  таълиф кардааст.

Асари мавриди нақд қароргирифта аз сӯйи  мунаққиди маъруф  Худоӣ Шарифзода  ба  таври  сазовор ва  рафъати  андеша таҳлил  гардида, ҷузъиёти  аслии таҳқиқ – “ҷараёни  маърифати асари адабӣ ва  тамоюлоти  он,  мушкилии  ин протсесс аз  назари шуаро, донишмандони арабу  аҷам  ва адибони дигар  халқҳо, сарчашмаҳою талаботи воқеии  пайдоиши илми герменавтика дар Аврупо ва шарҳнависӣ  дар Шарқ, вуҷуду пайдоиши шарҳҳо  дар  Эрони аҳди Сосонӣ, пайдоиши илми тафсир  дар араб ва дар ин замина  шарҳнависии адабӣ, оғози шарҳнависии  форсии  тоҷикӣ  аз асри  11 ва инкишофи минбаъдаи он, одоби шуруҳи  шифоҳӣ,  шореҳони  машҳури ашъор, монанди  Муҳаммад  ибни Довуди Алавии Шодиободӣ, Абдулваҳҳоби  Маъмурии  Ғакоӣ,  Афзалии  Оллоҳободӣ,  Муҳаммад Ғиёсиддини Ромпурӣ,   фаъолияти  онҳо ва ғайра” (саҳ.23) таъкид мешаванд.

Муаллифи тақриз ба василаи  изҳори  андешаи худ  роҷеъ ба таърихи  шарҳнависӣ,  иртифои  фикр, таҷрибаи ковишҳои илмӣ, тафаҳҳус дар осори  таърихӣ, фидокорӣ  дар кори таҳқиқии Абдулманони Насриддинро бар асоси мазмуни куллии китоби  “Шарҳнависӣ дар таърихи адаби форс-тоҷик” ситоиш карда, даст ёфтани муҳаққиқи равшанзамирро ба натиҷаҳои комилу муътабар дар ин масир комёбӣ дар илми адабиётшиносӣ  арзёбӣ кардааст. Гузашта аз ин, дар тақризи мазкур ба вузуҳ нигошта мешавад, ки шаклу мазмуни шарҳҳо  ҳамаҷониба омӯхта  шуда, шарҳи матни пурра  ва мушкилоте аз  асарҳо, навъе аз анвои шеърҳо, таҳлили байтҳои шеъри шоирон бо ишора ба маъхазҳои гаронмоя таҳлилу баррасӣ гардида, самараи пажуҳиш – мушаххас намудани усулҳои аслии шарҳнависӣ, аз қабили шарҳ бо  далели осори муаллиф, шарҳ  бо ишораи маънои шоири  дигар, шарҳ ба василаи  ақидаҳои маъмули замон, истифодаи мадорики фаровони халқӣ, илмӣ ва амсоли ин дар тадқиқот  тафсир  шудааст ва ҳамзамон таъкид мегардад, ки чунин тарҳи тадқиқот дар масоили ироашуда дар адабиётшиносии тоҷик  аввалин маротиба ҷараён  гирифтааст ва Абдулманнони Насриддин дар иқдоми мазбур пешоҳанганд.

Нуктаи дигари муҳим аз назари мо дар мақолаи устод Худои Шарифзода ин аст, ки ҷанбаҳои аслии китоби “Шарҳнависӣ  дар таърихи адаби форс-тоҷик”  тавзеҳи мукаммал ёфтаанд, аз ҷумла: коргоҳи маънавию ҳунари шореҳон бо тамоми тафсилоту далелҳои амиқ ва таърихи ин соҳаву мактабҳои он, мактабу ҷараёнҳои шарҳнависӣ ва густариши он  дар Мовароуннаҳру Хуросон, 20 шарҳи “Гулистон” ва 15 шарҳи “Бӯстон”, ки  дар Ҳиндустон таълиф шудаанд, масъалаҳои асосии мувофиқати шарҳ ба воқеияти адабӣ,  масъалаҳои тафовути шарҳҳои осори манзум аз наср, шарҳнависӣ ва масоили матншиносӣ.

Бо як сухан арзиши китоби ёдшуда дар тақризи муҳаққиқ бо тозакориҳои илмӣ баррасӣ шудааст,  ки он баҳои арзандаест ба пажуҳиши гаронарзиши Абдулманнони Насриддин.

Донишманди машҳур, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мақолаи хеш зери  унвони  “Профессор Абдулманнони Насриддин – бунёдгузори матншиносии назарӣ” ҷойгоҳи устоди фақид Абдулманнони  Насриддинро дар матншиносии назарӣ  ба таври иҷмолӣ  ва хело ҳам пурмаънову барҷаста таъкид кардаанд. Ва  шоистагию бартарии дидгоҳи устод Абдунабӣ Сатторзодаро  дар мақолаи  мавриди назар аз унвони он  дарёфтем,  ки бо камоли майлу эътимод  профессор Абдулманнони Насриддинро  бунёдгузори матншиносии назарӣ эътироф кардаанд.

Муҳаққиқ дар муқаддимаи мақола аз ибтидои матншиносии муосири тоҷик дар нахусткитоби адабиётшиносӣ ва нақди адабии устод  Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ёдовар шуда, афзудаанд, ки кори  бунёдии матншиносии муосири тоҷикро  баъдан  донишмандоне, мисли А. Мирзоев,  Р. Ҳодизода... ва  дигарон  муваффақона  идома дода,  матни интиқодии боарзиши як силсила асарҳои саромадони адабиёти форсии тоҷикиро ба табъ расонданд ва аз ин силсила чанд номгӯй  пешкаш мегардад. Устод бо сароҳат таъкид менамоянд, ки  “... то рисолаи доктории зиндаёд Абдулманнони Насриддин  “Масъалаи  маърифати бадеӣ ва шарҳи адабиёти форсии тоҷикӣ” дар соли 1990 ва чопи ду китоби ӯ “Нависанда ва шореҳи осори адабӣ” (1990) ва “Маърифат ва шарҳи адабиёт” (1991)  матншиносии муосири тоҷикӣ  дар маҷмуъ  бештар ҷанбаи амалӣ дошт” (саҳ. 30).

Ҳамзамон муаллифи мақола ин нуктаро зикр мекунанд, ки  тадқиқотҳои илмии дар самти матншиносӣ анҷомёфта, то замони таълифи асарҳои Абдулманнони Насриддин дар самти матншиносӣ камтар ба масоили назариву усулии матншиносӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ин дидгоҳ, ба донишманди зиндаёд  А.Насриддин муяссар гардид, ки на танҳо  дар бахши матншиносӣ -  матншиносии назариро бунёд гузорад, балки дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мактаби илмиро ба вуҷуд орад.

Дар мақолаи Абдунабӣ Сатторзода матолиби дигаре, ки ҷойгоҳи олими шуҳратмандро муҷалло менамояд ин аст, ки истифода аз шарҳномаҳои форсии тоҷикӣ ва дастовардҳои шореҳон назариёти матншиносии ӯро миллӣ гардонидааст ва фароҳам овардани   унсурҳои илмии суннатӣ ва муосири форсии тоҷикӣ бо равияҳои илмии ғарбӣ дар матншиносӣ аз хусусиятҳои муҳими назариёти  Абдулманнони Насриддин мужда медиҳад.

Дар мақолаҳои дуюми китоби “Хуршедсавор” – “Рӯдакишиносӣ дар чашмандози илмии Абдулманнони Насриддин” – профессор  Мирзо Муллоаҳмад, “Вусъати назар ва пайвандҳои маънавии профессор Абдулманнони Насриддин бо ховаршиносони хориҷӣ” – профессор Матлубаи Мирзоюнус,  “... Ки аз донишу дод будаш сиришт“ – профессор  Абдуҷамол Ҳасанзода  паҳлуҳои пурвусъати андешаҳои  илмии олими нексиришт, шодравон Абдулманнони Насриддин мавриди таҷзия қарор ёфта, ҷузъиёти илмии осори эшон, хосатан – ҷусторҳо дар матншиносии осори Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ, тағйиру тасҳифи матнҳо, се самти  тадқиқоти гаронарзиш, ба низом овардани фарҳангҳо ва луғатҳои соҳавӣ, тадқиқи   масоили лексикологию лексикографияи тоҷик, таҳқиқи масъалаҳои забони осори адибон ва маданияти сухан, паҳнои андеша, ошноӣ ба тадқиқоти  донишмандони бузурги шуравӣ – Е. Э. Бертелс,  Н. И. Болдирев, И. С. Брагинский, А. Кримский, М. Н. Османов,  Н. И. Пригарина ва дигарон, дидаи тадқиқ дӯхтани устоди шодравон  Абдулманнони Насриддин ба муҳаққиқини Аврупою Амрико – Аннамери Шиммел, Ҳелмут Риттер, унси бештар доштан ба донишмандони Шарқ-Эрон, Ҳиндустон, Афғонистону Покистон, муҳаббати беандоза ба Эрон ба хотири донишмандони беназираш  ва ниҳоят ба масобаи офтоб тасвир шудани ин чеҳраи мондагор дар гуфтори саршор аз меҳри донишманди нексигол Матлубаи  Мирзоюнус дарҷ шудааст...

Профессор Абдуҷамол Ҳасанзода фаъолияти илмии Абдулманнони Насриддинро дар бахши забоншиносӣ  дар мақолаи худ баррасӣ намуда, нигоштаанд, ки эшон дар ҳама самтҳои забоншиносӣ – вожашиносӣ, решашиносӣ, фарҳангнигорӣ, маънишиносӣ, калимасозӣ, сарфу наҳв, ҳусни сухан, забону услуби  адибони даврони асримиёнагиву гузаштаи  наздик ва муосир, усули таълим  ва амсоли ин осори зиёд боқӣ гузошта, тавассути чунин заҳмат қазияҳои  мураккаби забоншиносии тоҷикро шарҳу тавзеҳ додаанд...

“Ҷойгоҳи профессор Абдулманнони Насриддин дар камолшиносӣ”  унвони  мақолаи  пурмазмуни профессор  Бадриддин Мақсудзода маҳсуб мешавад.

Донишманди муҳтарам Бадриддин Мақсудзода, ки эшон аз зумраи олимони муваффақи камолшиносӣ  дар ҳавзаи форсизабонон қарор доранд, саҳми арзандаи равоншод  Абдулманнони Насриддинро махсус ёдовар мешаванд, дар мақолаи хеш.

Ба ин маънӣ фармудаанд:

“Тавре ки маълум аст, дар мавриди шахсияти эҷодии Камоли Хуҷандӣ ва ашъори ӯ иддаи касири адабпажуҳони хориҷӣ  аз Эдвард Браун сар карда, то Сируси Шамисову  Алиасғари Шеърдӯст ва ҳамчунин аз муҳаққиқони дохилӣ шуруъ аз устод Садриддин Айнӣ  то Аълохон Афсаҳзод ва дигарон қаламфарсоӣ кардаанд. Ҳамаи тадқиқоти эшон, албатта, дар мақолаи худ ҳоизи аҳаммиятанд, аммо дар миёни онҳо осори дар воқеъ таҳқиқии профессори зиндаёд, суханшиноси мумтоз  Абдулманнони Насриддин (1953 – 2011) аз ҷойгоҳи муҳиму вижае бархурдор аст” (саҳ. 64).

Китоби “Сеҳри мубин”-и Абдулманнони Насриддин дар мақолаи профессор Бадриддин Мақсудзода бо диди тозаи тадқиқ ба таври мухтасар баррасӣ шудааст, ки воқеан бартарии гуфтори устоди шодравонро  ба исбот расондааст ва гумони ғолиб ин нукта аст, ки мақолаи мазбурро бояд мутолиа кард...

Шоир ва донишманди фарҳехта, шодравон Асрори Раҳмонфар дар мақолаи “Осори мондагори донишманди шуҳратёр”, аз қавли худашон устод Абдулманнони Насриддин бидуни муҳобо бо осори пурарзиши худ дар таърихи адабпажуҳони олами Шарқ чеҳраи мондагоранд. Ва эшон ҳам китоби  “Сеҳри мубин”-ро ганҷи бебаҳои маънавӣ эътироф карда , аз каломи пурмуҳтаво  ва сеҳри килки шоири бузург  Фарзона  ингуна мисол задаанд: “барои ишқварзону камолхоҳону висолҷӯён вурудгоҳи зебоест ба нигорхонаи шеъри Камол, ба он қаламрави  афифи саодатпартаве, ки Шоҳаншоҳе ба номи “Муҳаббат” салтанати  бебадал дорад” (Фарзона) (саҳ.77).

“Шарҳнигории адабӣ дар таҳқиқи профессор Абдулманнони Насриддин”  чунин ном гирифтааст мақолаи профессор Мирзо Солеҳов.

Устод Мирзо Солеҳов бо эътимоду ихлос  ба тадқиқоти густурдаи олими шаҳири зиндаёд бар ин ақидаанд, ки  то А. Насриддин роҷеъ ба омӯзиши таърихи пайдоишу ташаккул, таҳаввул, макотибу марказҳо, доираҳо, анвои шуруҳоту мухтассоти онҳо, ҷанбаҳои назариявии шарҳнигорӣ ва амсоли ин дар хиттаи форсизабонон нафаре чунин кӯшиши босабот накардааст...

Бо мақолаҳои  “Нақши профессор Абдулманнони Насриддин дар рушди ҳавзаи илмии Хуҷанд”  (Нурулло Ғиёсов),  “Нақши мунири Абдулманнони Насриддин дар ҷодаи илм” (Ҷӯрабек Исомиддинов),  “Чеҳранигории илмии профессор Абдулманнони Насриддин”  (Ҳамза Боқиев),  “Профессор Абдулманнони Насриддин – матншиноси камназир” (Мубашшир Акбарзод), “Фаротар аз саводи ҳафт иқлим” (Мухлиса Нуруллоева),  “Гузаре ба “Тазкираи шуарои Хуҷанд”  (Садриддин Мирзоев),  “Руҷуе ба саҳми профессор Абдулманнони Насриддин дар забоншиносии тоҷик” (Мусо Олимҷонов), “Муҳаққиқи мактаби шарҳнигории форсу тоҷик” (Мавҷуда Урунова),  “Шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таҳқиқоти Абдулманнони Насриддин” (Азизов Сорбон), “Сарчашмаи зулоли маърифат” (Нумонҷон Нигматов),  “Саҳми Абдулманнони Насриддин дар муаррифии шуарои Хуҷанди нимаи дуюми асри 18 ва ибтидои асри 20”  (Шамсия Ҳомидова) ва “Бо пайроҳаи устоди муътабар” (Тоҷинисо Ашрапова) бахши аввали китоби  “Хуршедсавор” хатм мешавад, ки дар гуфторҳои фавқи донишмандони арҷманди кишвар саҳми сутурги олими шуҳратёр Абдулманнони Насриддин дар фарҳангпажуҳӣ, масоили назариявии адабиётшиносӣ, тадқиқи чеҳраҳои илмии нухбагони илму адаб, ҳадаф ва вазоифи матншиносӣ, шинохти нусхаҳои хаттӣ, ҷойгоҳи коғаз ва  имлову хат, саҳву иштибоҳот дар нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои ба хатти кириллӣ ба табърасида, бозшиносӣ ва таҳқиқи илму адаби Хуҷанд, зиндагинома ва осори суханварони Хуҷандӣ дар “Тазкираи шуарои Хуҷанд”, забоншиносӣ, шарҳнависӣ, нақди адабӣ, сию чор шарҳи ҷомеи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, қуръонпажуҳӣ ва ғайра ба таври ғавру шоиста талқин мешавад, ки хуш ба ҳоли чунин муҳаққиқони арҷгузор ба заҳмати мондагори шахсияти маъруфи илми тоҷик шодравон Абдулманнони Насриддин.

Бахши дуюми китоби “Хуршедсавор” низ аз мақолаҳои нодиру ҷолиби шоирону олимони шуҳратманди кишвар шуруъ шуда, аз қавли устодони сухан Фарзона ва Абдунабӣ Сатторзода шамси саодатпартаву фарзонаи якдона Абдулманнони Насриддинро тӯшаи фароҳамомадаи бисоташон зодаи фазли  Аллоҳиву бардошти фитрату хирадашон ладунист (Фарзона) ва бо як сухани воло, бо вуҷуди он ки устоди зиндаёд аз баъзе  ҳаммаслакони хеш дар син хеле хурд буданд, аммо бо дарназардошти шахсияти истисноияшон эшонро  бо арзи эҳтиром Устод мегуфтанд (Абдунабӣ Сатторзода).

   Сароҳатан иброз медорем, ки мутаассифона нигоштаҳои саршор аз ақидаҳои нобу бикри олимони маъруф Аҳмадҷони Раҳматзод, Матлуба Мирзоюнус, Умедахон Ғаффорова, Замира Ғаффорова ва дигарон роҷеъ ба осори мондагори Абдулманнони Насриддин аз имконоти мухтасари мо хориҷанд, ки тафсири онҳоро ба вақту замони мувофиқ вомегузорем.

   Хатми китоби “Хуршедсавор”-ро “Гуфтори дилу дида”, “Феҳристи осори мондагор” ва “ Оинаи осор” ҳусни анҷом мебахшанд ва бо ин рубоии мазкур, ки ба ҳасби ҳоли устоди равоншод Абдулманнони Насриддин мувофиқ  ба гуфтор хотима мебахшем.

 

Доғи дили лола дар чаман мемонад,

Бас гиряи шамъ дар лаган мемонад.

Устоди азизи азҷаҳонрафтаи мо,

Аз ҳастии ту ганҷи сухан мемонад.

Ёду номашон гиромӣ бод!

Бознашр аз Рӯзномаи "Адабиёт ва санъат",

20.06.2024, №24 (2254)

 

 

 

 

Мавзуъҳои кору пайкори нек, ҳифз намудани тамоми арзишҳои милли, рӯ овардан ба фарҳанг, забон ва таъриху тамаддуни миллат, яке аз идеалҳои волоест, василаест, ки хушбахтию саодати мардум аз он маншаъ мегирад ва зиндагии башарро маънӣ мебахшад, гӯшаҳои торику сарди мардумро гарму мунаввар сохта ба мардум шеваи зистан ва инсонвор зиндагӣ карданро меомӯзад, дар ашъори ноёби мардони суханвар ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Вақте ки мо ба саҳифаҳои адабиёт назар меафканем, кам шоир ё мутафаккиреро пайдо мекунем, ки дар бораи донишу хирад ва таълиму тарбия чизе нагуфта бошад ё асаре наофарида бошад. Чунки тарбия  намудани насли ҷавон яке аз муҳимтарин   вазифаи ҷонии донишмандон ва омӯзгорон мебошад, ки насли ҷавони миллатро барои нек андешидан роҳнамун бошанд.

Агар насли солор дар пешрафти  илм ва тарбия намудани насли ҷавон оҷиз бошанд, шояд аз илму зиё ва фазилати инсонии худ низ рӯ битобанд. Чунки тарбия намудани шогирдони хубу донишманд барои ҳар насли солортар аз воҷибот аст.

Таълиму тарбия дар адабиёти тоҷику форс дорои суннати хеле ғанӣ ва қадимӣ буда, ба хусус  аз давраи пайдоиши одам ривоҷи зиёд доштааст. Идома ва ҷамъбасти он суннатро дар ашъори ноёби шоирони адаби форсӣ метавон мушоҳида кард. Ин аст, ки Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтаҳои абармардони суханро сармашқи кори худ намуда, имрӯз ин суннати бостонии фарҳангиро  идома дода, ба  ҳадди камол расондааст.

Ашъори нобиғаҳои адаби тоҷикӣ хеле рангин буда, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти инсонро фаро мегиранд. Чизи дигаре, ки дар ашъори суханварон бо маҳорати баланд ва завқи бадеӣ гуфта шудааст, ин  истифода шудани андешаҳои ҳикматомез дар ҷомаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.

Ин аст, ки Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҳолат ба насли ҷавон такя намуда, насли ҷавонро чун нерӯи бузурги созанда меҳисобад ва онҳоро ба донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, забондонӣ   ва арҷ гузоштан ба осори бою гаронбаҳои ниёгонамон даъват мекунад.

Мисол, Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин бора чунин овардааст:

 

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳи амал,

Мева бе нуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.

 

Пешвои миллат хеле хуб дарк кардаанд, ки ҷавони имрӯза агар аз китоб дур бошад, ӯ метавонад ба ҳар гуна роҳи хато равад ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои вайронгар ҳамроҳ шавад.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавони имруза дигар ҷавони даҳ сол пеш аз худ нест. Дигар ӯ побанди насли куҳансол нахоҳад буд. Ӯ ҳама куҳнагариҳоро аз худ дур карда, тадриҷан барои забондонию донишандӯзӣ ва ҷаҳондонӣ барои худ коре карда тавонистааст, ки нахли шинондаи ӯ дар оянда барои миллату давлат борвар хоҳад буд.

Нобиғаҳои адаби форсӣ борҳо ба воситаи асарҳояшон ба баъдинагон таъкид карданд, ки агар роҳбари давлат хулқу хӯи пешвоёна дошта бошад, ӯ метавонад миллату кишварашро аз харобӣ ба ободӣ, аз парешонӣ ба сарҷамъӣ, аз ҷанг ба сулҳ ва хушбахтию нишот оварда расонад, дар тамоми ҳолат барои халқ аз ҷумла насли ҷавон ҳамроҳ, ҳамдард ва ҳамроз буда метавонад ва халқаш ҳаргиз танҳо нест, чунки ӯ сарваре дорад, ки бо дили пуру хотири ҷамъ дар тамоми ҷой ба ӯ такъя карда метавонад.

Адабиёт борҳо исбот кардааст, ки дар ҷомеа барои баъзе ашхос сарвату боигарӣ аз ҳама чиз болотар меистад. Дар рӯзгори адибони мо далелҳои зиёдеро меёбем, ки шоҳзодагон барои тоҷу тахт, молу сарват шуда ба амали ношоиста даст задаанд. Масалан, писари Улуғбек Абдулатиф, барои тоҷу тахти шоҳи падарашро ба қатл расонд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар қолаби зебои назм бо як ҷаҳон маҳорати баланди шоири чунин баён кардааст:

 

Фарзанд нахоҳад зи пайи мол падарро,

Хоҳад, ки намонад падару мол бимонад.

Хуш нест ба марги падару бурдани мерос,

Хоҳад, ки кушандаш, ки дият ҳам биситонад.

Инчунин, дар ин мавзуъ қитъасарои машҳури адабиёт Ибни Ямини Фарюмадӣ низ қитъаҳои зиёде дорад, ки сар то по таълимдиҳанда ва тарбиякунанда мебошанд ва барои баъдинагон ҳамчун як мактаби тарбия хизмат мекунанд:

Падар карда насиҳат мар писарро,

Ки зинҳор аз касе чизе нахоҳӣ.

 

В-агар рӯзе чунон афтад, ки хоҳӣ,

Зи марде хоҳ, агар чизе бихоҳӣ.

 

Ё дар ҷои дигар: 

 

Эй писар, ҳамнишин агар хоҳӣ,

Ҳамнишине талаб зи худ беҳтар.

З-он ки дар нафси ҳамдам аз ҳамдам,

Нафс пайдо шавад ба хайру ба шар.

 

Имрӯз, ки мо дар замони ҷаҳонишавӣ қарор идорем, табиист, ки ҷавононро дар руҳияи рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ тарбия кунем, то ки ҷавони имруза фарҳанги миллии хешро аз фарҳанги бегона фарқ карда тавонад, аз таъриху тамаддуни миллаташ воқиф бошад.

Мардони тавонои сухан ба баъдинагон таълим додаанд, ки ягон илми дигар шарифтар аз илми худшиносӣ нест. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ҳар қадами хешро дар такя бар аслу асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳо ва суннату анъанаҳои муқаддаси миллат бардорем ва бо ин кори худ намунаи олӣ барои насли нав гардем.

Суханварони асили адабиёт ба баъдинагон ба воситаи ашъори ноёби хеш таълим медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи адабу ахлоқ бошанд, зеро, авҷу камоли саодати ҳар як ҷомеа бар пояи донишу ахлоқ устувор мегардад. Ҷавҳари ҳастии инсон ақли солими ӯст. Инсони донишманд ҳеҷ гоҳ роҳи суханчинию тафриқаандозӣ байни инсонҳоро интихоб намекунад. Дар ҷойе, ки дониш фармонраво аст, он ҷо ҳамеша пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, ҳақиқат бар ҳамоқат ва адолат бар разолат таъмин аст. Агар ахлоқи устод дар банди ҷаҳолат бошад, фаъолият кардан барои шогирдон дар паҳлуи ӯ хеле душвор аст. Чунки, дар муҳите, ки ҷаҳолат пойдор аст, зиндагию фаъолият кардан дар он ҷо бадтар аз зиндон мешавад.

Имрӯз таҷрибаҳо борҳою борҳо нишон доданд, ки ҳамингуна устодони шуҳратталабу муфтхӯр ба ҷойи дастгирӣ кардани шогирдон, баръакс, онҳора ба чуқурии фурӯрафта тела медиҳанд. Онҳо худро устод мешуморанду дарси адаб ба шогирдон мегӯянд, вале  худ аз он ибрат намегиранд, ки посух метавонад ин бошад, ё ба мардум эҳтиром намегузоранд ё ба худ!

Оё онҳо аз ин аъмоли ношоистаи худ боре ҳам фикр кардаанд, ки баъдинагон чи гуна сар миёни ворисон боло хоҳанд кард ва онҳоро ба хубӣ ёд кард? Онҳо фаромӯш кардаанд, ки баъд аз онҳо ҳамаи пӯшидаҳо фош шуда, ногуфтаҳо гуфта хоҳанд шуд ва ҳамин насли ҷавон шоҳиди аъмоли онҳо хоҳанд буд, ки ин мавзуъ, яъне хиёнат ба насли ҷавони миллат, ки ояндаи миллат дар дасти онҳост, дидаю дониста ба сангарҳои нафсу ҳирс, хиёнат, тамаъ ва хории иззати нафси худ даъват мекунанд.

Мисол, шоири тавонои адабиёт Ғиёсии Бадахшонӣ дар ин бора чунин мефармояд:

Пире  на, ки аз хушки ба соҳил диҳадат сайр,

Он пир, ки мустағрақи амвоҷи таҷаллист.

Пире на, ки торик бувад ҷону дили ӯ,

Пире, ки дилаш машъали даммоҷи таҷаллист.

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Нафси Султон роҳи динам мезанад,

Аз шари ӯ деҳ паноҳам, ал- Ғиёс,

Варна бо ин феълу ин атвори ӯ,

Лоиқи зиндону чаҳам, ал- Ғиёс.

 

Албатта, тафаккур сиришти беназир аст, аммо як иштибоҳ метавонад тафаккури инсонҳоро бадном созад, ки дар саҳифаҳои адаби тоҷикӣ кам нафареро пайдо кардан мумкин аст, ки дар ин мавзуъ чизе нагуфта бошад ё асаре наофарида.

Набояд фаромӯш кард, ки тарбия кардани шогирдон барои ҳар устод аз воҷибот аст ва инчунин вазифаи аслии устоди асил тафсири ақлонӣ аст, ки ин гуна тафсир муҳимтарин ҳастии илми одамгарист, ки метавонад насли миллатро дар руҳияи ҳувияти миллӣ тарбия карда, онҳоро ба худшиносию хештаншиносӣ даъват кунад. Чунки ҳувияти миллӣ ва ҷомеаи солим бар пояҳои ақлу заковат, фазлу дониш, илму маърифат, некию накӯкорӣ, ахлоқ ва дину имон пойдор мемонад.

Дар ин бора Ибни Ямини Фарюмадӣ мефармояд:

 

Суҳбати некон бувад монанди мушк,

К-аз насимаш мағзи ҷон ёбад асар.

Ҳар ки аз нокас тамаъ дорад вафо,

Аз дарахти хушк меҷӯяд самар.

Аз хирадмандон талаб кун дӯстӣ,

З-он ки ёриро нашояд беҳунар.

Дар замини дил нишон бехи адаб,

То дарахти иззатат ояд ба бар.

 

Ё дар ҷойи дигар: 

 

Бар ту хонам зи дафтари ахлоқ,

Ояте дар вафову дар бахшаш.

Бо ту гӯям, ки чист ғояти ҳилм,

Ҳар ки заҳрат диҳад, шакар бахшаш.

 

Оре, адаб бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзандатарин пояи зиндагист. Адаб аст, ки чун нуре ҷаҳонро равшанӣ мебахшад, ҷомеаро солим ва инсонро намунаи ибрат мегадонад. Касе, ки маҳрум аз эҳсоси ақлонист, ба шумори инсон дохил кардан аз имкон берун аст.

Чуноне, ки бузургони мо фармудаанд:

 

Биё эй дӯст, то огаҳ зи ахлоқу адаб бошем,

Чу нуре равшанорои муҳит дар ҳар нафас бошем.

Ба тифлону бузургон дарси ибратро биомӯзем,

Ки фардо зиннати ҳар анҷуман, имдодрас бошем.

 

Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки шогирдон ва фарзандони худро дар руҳияи бузурги маърифатнокӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпараст ба камол бирасанд, то ояндаи ҷомеаи солим гарданд.

Ҳамаи гуфторҳои боло далели бузург будани мартабаи шахсӣ боадабанд. Вобаста ба ин мо инсонҳо бояд аз ин гавҳари дурахшону тобон, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад, бархурдор бошем, зеро тавре бузургон гуфтаанд:

 

Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,

В-аз камоли тарбият одам шавад.

 

Хулоса, адаб нишонаи бузурги одаму одамгарист, ки касро шуҳратёр мегардонад. Адаб дури гаронест, ки дорандаи он сарватмандтарин каси олам аст, ки ин мавзуъ дар ашъори ниёгонамон бо як ҷаҳон обу ранги бадеӣ ва маҳорати баланди шоирӣ суруда шудааст. Ҳамин тариқ дар ашъори бузургони адабиёти тоҷику форс  мавзуи хирад бо тамоми паҳлуҳояш суруда шуда, ба ин восита мардумро ба шунидани пандномаҳояшон даъват кардаанд.

Мисол, Абдураҳмони Ҷомӣ ин мавзуъро хеле шоирона ба қалам додааст:

Хирадро асар аз дили оқилон,

Фузун бошад аз теғ бар ҷоҳилон.

Бимонад мудом он асар дар замир,

Шавад ин ба якчанд дармонпазир.

 

Шоирон ҳамчун шахсиятҳои пешқадами замони худ беҳтарин падидаҳои ахлоқи ҳамидаву  солими инсонӣ; покиву номи нек, ҷасорату бурдборӣ, иффату ҳаё, ҳилму шикебоӣ, хоксориву қавипаймонӣ ва ғайраро дар симои қаҳрамонҳояшон амалкунанда бо шуру шавқ ва ҳаяҷони бардавом гаштаву баргашта тарғиб намуда, ҳамчун маҳкумкунандаи ахлоқи баду носолим ва накӯҳишгари бадиҳо ба муқобили пастиву сифлагӣ, ҳирсу тамаъ, шаҳвату айёшӣ, ҷаҳлу нодонӣ, риёву дуруягӣ, хештанбиниву худписандӣ ва қабоҳатҳои дигари ҷамъиятӣ баромад намуда, бо роҳи панду насиҳат додан мехоҳанд дар тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида ва аз байн бурдани ахлоқи ношоистаи одамон ҳиссаи худро гузоранд. Бузургони аҳли адаб ба  воситаи ашъори худ панд медиҳанд, ки хирад некӣ ва накӯкорист ва ҳамеша бо бадӣ мухолиф аст ва дар ягон ҳолат шахси хирадманд ба ҳавою ҳавас дода намешавад, бадахлоқу бадкор нест ва ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки худро аз бадахлоқию бадкорӣ канор бигирад, ки ғазали зеринро метавон барои боварибахшии андешаҳои боло намунаи беҳтарин донист:

 

Ҳаркиро аз хирад мадад бошад,

Кай дар ин тан диҳад, ки бад бошад?!

 

Нек ба ҷомеа нигаристан маърифати инсониест, ки насли ҷавонро аз душвориҳо  ба рӯзгори кунунии маънавӣ даъват мекунад.

Дар ашъори ниёгон аз Рӯдакӣ сар карда ҳикмат ва панд мақоми хосса дорад. Ин шоирони адабпарвар ҳар чизеро, ки мебинанд, ҳикмат меҷӯянд ва ба хонанда ҳамчун ибрат баён мекунанд. Онҳо хислатҳои бади инсонӣ, аз қабили ҳирс ва тамаъро мазаммат намуда, шахсеро, ки аз хислатҳои бади инсонӣ орист, султони вақт мешуморанд ва султони ҷаҳонро гадои ӯ медонанд:

Мисол, Ибни Ямини Фарюмадӣ ба воситаи қитъаҳои ахлоқӣ ва инчунин ба воситаи баъзе  қасидаҳои мадҳиявиаш, ки дар ситоиши Тағотемурхон гуфтааст, на танҳо диққати ӯро ба тарбия намудани худ, балки ба тарбия намудани садҳо нафар намояндаи илму ҳунар ҷалб менамояд:

 

Тамаъ мадор, ки роҳи салоҳ гирад пеш,

Ҳар он ки одати бад бо гилаш сиришта шавад.

Маро зи нокасу бадасл нест чашми вафо,

Чи гуна деви лаин пок чун фаришта шавад?

 

Бузургони адаби тоҷик  дар масъалаи тарбия ва таъсири он ба инсонҳо боварии комил доранд. Дар шароити кунунӣ бошад, ҳама чиз ба тарбия вобастагӣ дорад. Дар ин бобат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунанд, ки мутобиқи онҳо чи дар мактаб, чи дар хона ва чи дар ҷамъият, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медиҳанд, ки мавзуи таълиму тарбияи фарзанд аз тарафи падару модарон дар ашъори ниёгон ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Суханварони адаби тоҷик ҳамчун муллимони беҳтарини банни башар ба ҳисоб мераванд, ки борҳо дар ашъорашон, ки ба тарбияи фарзанд бахшида шудаанд, таъкид менамоянд, ки агар фарзанд аз овони хурдсолӣ дар фазои ором ва солими оила ба воя расада, аз тамоми моҳиятҳои тарбия бархурдор шавад, вай метавонад дар оянда дар ҷомеа мавқеъ пайдо карда, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ба ягон сангар барнамехӯрад... Агар фарзанд аз овони хурдсолӣ дар фазои ноорому носолими оила ба воя расад ва аз моҳиятҳои тарбия хуб бархӯрдор нашавад, ӯ ҳар лаҳза дар зиндагӣ ба як сангар бар мехӯрад, ки шояд ин сангарҳои нафсу ҳирси сарсаригардию оворагардӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ бошад.

Ниёгонамон гаштаю баргашта ба воситаи ашъорашон ба баъдинагон таъкид менамоянд, ки падару модарон бояд фарзандонашонро аз хурдӣ ба меҳнат ва меҳнатдӯстӣ даъват намоянд, ҳунар омӯзанд, ки Ҷомӣ дар қолаби зебоӣ назм, ки ҳикматомӯзанд, чунин баён кардааст:

 

 

Эй ниҳоли чамани ҷону дилам,

Ғунчаи боғчаи обу гилам.

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

 

Ё дар ҷойи дигар:

                            Биё, эй ҷигаргӯша фарзанди ман,

Бинеҳ гӯш бар гавҳари панди ман.

Садафвор биншин даме лаб хамӯш,

Чу гавҳар фишонам, ба ман дор гӯш.

Шунав панду дониш ба он ёр кун,

Чу донистӣ, он гоҳ ба он кор кун.

Абармардони адаби тоҷик махсусан, ба омӯзиши пешаи илму ҳунар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд, ки бесабаб нест. Аввалан, онҳо касбу ҳунарро василаи зиндагӣ ва маишати рӯзгор медонанд. Чунки худи онҳо тавассути меҳнати пурмашаққат на танҳо рӯзгори худро сомон мебахшиданд, балки роҳатрасони дигарон ва ободгари мулк низ буданд. Илму дониши андӯхтаи инсон вақте арзиш пайдо мекунад, ки дар амал татбиқ шавад, мушкилеро дар зиндагӣ ҳал созад ва барои пешрафти ҷомеа хидмат намояд.

Дар ин бора Ибни Ямини Фарюмадӣ мефармояд:

 

Шарафи мард ба илм асту каромат ба суҷуд,

Нест бе илму амал ҳеч касеро миқдор.

Ҳар киро ҳаст ҳасаб, гар насабе нест, чи бок!

Беҳунарро чи шараф аз насаби хешу табор?

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Мард бояд, ки ҳар куҷо бошад,

Иззати хештан нигаҳ дорад.

Худписандиву аблаҳи накунад,

Ҳар чи кибру манист, бигзорад.

 

Дар ашъори ниёгон нахустин афкори ахлоқӣ дар бораи эҳтироми инсон аз тарафи инсони дигар ба мушоҳида мерасад,  ки дар “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” буда, инсонро ба он раҳнамо месозад, ки ӯ на танҳо фикру андешаи нек дошта бошад, балки сухани хуб гӯяд, аз алфози печдарпечи дилбазан, ки инсонҳоро дилшикаста мегардонад, парҳез кунад, ҳамеша сухани бикр гӯяд, рафтораш таълимдиҳандаю тарбиякунанда бошад ва муҳимтар аз ҳама, дар ҳама ҳолатҳо бояд рафтори шоиста намояд, ки ғазалсарои машҳури адабиёт Нахлии Бухороӣ фармудааст:

 

Сӯхтам з-ин нохирадмандони белаззаткалом,

К-аз нафасшон доғҳо дорад дили донои ман.

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Нахлӣ, имрӯз харидори сухан ноёб аст,

Ёсамини сари бозор макун гавҳари хеш.

 

Мавзуи нармсуханӣ, латофати сухангӯи дар ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ низ мавқеи намоёнро ишғол мекунад, ки ғазали зерини ӯро метавон барои боварибахшии андешаҳои болоӣ намунаи беҳтарин донист:

 

                        Мард бояд, ки ба лутфи сухану ҳусни хитоб,

                        Табъи арбоби ситамро зи ситам боз орад.

Ҳар лаиме, ки зи эҳсону карам бас дурр аст,

Ба фусуни сухан ӯро ба карам боз орад.

 

Адолат дар ҳаёти инсон вазифаҳои муайянро иҷро карда, инчунин як қисмати муҳими илми ахлоқ мебошад. Агар адолат дар маҷмуъ аз як тараф ҳама шаклҳои одобу ахлоқро ифода кунад, аз тарафи дигар шакли нишон додан ё тарзу равиши тарбияи одоби инсонро дар бар мегирад. Адолат на танҳо масъалаи илм дар бораи ахлоқи ҳамида, балки ҷузъи муҳими рафтори инсон аст. Адолат дар маънои эҳтироми инсон ба инсони дигар асос ёфтааст. Бинобар ин, адолат байни инсонҳо бурду бохти давлат, пешравии ҷомеа  ва ба ҳам омадани одамон ба ҳисоб меравад, зеро адолат ва ахлоқи инсонӣ на модарзодӣ, балки касбӣ мебошад. Яъне, ақл ва рафтору атвори одам дар раванди ҳаёти  ӯ рушду такомул меёбад, зеро адолат, муошират ва рафтор, маданият ва ҳадафҳои ахлоқии хоси худро дорад. Яъне, инсондӯстӣ, накӯкорӣ, устуворӣ ва серталабӣ. Ба қавли бузургони адаби тоҷик ҳар инсонро зарур аст, ки ҳамеша адолатхоҳ бошад ва дар муносибат бо атрофиён хушмуомила бошаду баҳри пайдо намудани ҷойгоҳи худ дар ҷомеа талош намояд ва ҳаёти шоистаи инсониро барояш муҳайё созад. Инсон дар зиндагӣ дар тамоми ҳолат бояд ба якдигар ҳамраҳ, ҳамдард ва ҳамроз бошад, на ин ки беадолату бераҳм.

Абдураҳмони Ҷомӣ аз ин гуна инсонҳои беадолату ҷоҳил шиква намуда, дар шеърҳояш онҳоро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст:

 

Ҷаҳонподшоҳо, дар инсоф кӯш,

Зи ҷоми адолат маи соф нӯш!

 

Ё дар ҷойи дигар:

 

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.

Адли бедин низоми оламро,

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

 

Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саноиву Аттор, Балхию Сайидо, Саъдиву Ҳофиз, Нахлию Сӯзанӣ ва дигар суханварони маъруф бузургии инсонро ситоиш карда, орзуву омол, андешаву эҳсос,  мақсаду маром ва ормонҳои ӯро ба  қалам додаанд. Онҳо ҳадафи асосии инсонро дар зиндагӣ  аз ростиву ростқавлӣ, поктинатӣ, адлу инсоф, анҷоми кори нек, гузоштани осори хуб медонанд.  Ростиву росткориро шоирони адаби тоҷик аз беҳтарин рафтору амалҳои инсон мешуморанд ва ҳамеша онро талқин менамоянд, ки  Ибни Ямини Фарюмадӣ ин мавзуъро дар қолаби зебои назм чунин ба қалам додааст:

 

Бо ҳарифон бар бисоти даҳр, эй некӯхисол,

Ростӣ кун пеша ҳамчун сарв, агар озодаӣ.

Гар бикӯшӣ, дар шарафро бозиёдат мешавад,

Аз маволиди сето чун беҳтарин афтодаӣ.

Даҳ ҳазорат хасм агар бошад чу андар ҳусни сабр,

Хона гирӣ, хуш нишин, к-он ҷумларо истодаӣ.

 

Такя камтар кун бар омоли тавил Ибни Ямин,

Ҷуз бар ин умри қасират, чун бино нанҳодаӣ.

Дар мазиқи шаш дари меҳр ар бияфти муҳравор,

Банди ҳар мансубаро, к-орад фалак, бикшодаӣ.

 

Хулоса, имрӯз миллати тоҷик ҳамчун миллати ҳикматниюш ва тамаддунофар ҳамеша ба қудрати сухан ниёз дорад, ки таҳкурсии он ақл, илм, маърифат, хирад, ҳикмат ва ҳидоят ба роҳи растагорӣ аст. Ҳамин хислат аст, ки аз жарфои таърих мардуми адабпарвару маърифатгустари тоҷик дар мазҳару меҳвари сухан ҳастӣ, асолат ва ҳувияти хешро нигаҳ доштаву имрӯз низ ба қудрати безаволи он такя мекунанд. Мусаллам аст, ки имрӯз риштаи сухани ҳақ ва суханварӣ дар дасти мо – аҳли зиё, адибону олимон ва кулли равшанфикрони ҷомеа қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба ин арзиши ҳаётӣ дар ҷаҳони тағйиру таҳаввул рисолати имониву виҷдонии мост.

Мо бояд имрӯз хуб дарк кунем, ки арзишмандтарин ҷанбаи ҳастии башар сухани ҳақ аст, зеро он воситаи асосии тарбияи инсони комил буда, дар ташаккули афкори ҷомеа ва диди нави иҷтимоӣ таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Коре, ки бо қудрати сухани ҳақ ба субут мерасад, тариқи роҳи дигаре онро анҷом додан нашояд. Як чизро бояд фаромӯш накунем, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст.

Дар баробари ин ҳама чолишҳо ва ҳаводиси тақдиршикан виҷдони мо бояд исён кунад ва мо дар ҳамовозӣ бо Паёмҳои роҳнамосози Пешвои миллат ҷиҳати поксозии тафаккуру шуури насли имрӯзу фардо аз хурофоту таассуб, терроризму ифротгароӣ ва бегонапарастӣ бо неруи муассир ва пурқудрати сухан талошҳои бедареғ варзем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқ ва тарбияи идеологии насли ҷавон, ба вижа идеологияи миллӣ, ки аз маҷмуи мулоҳизот, ғоя, эътиқод, назарияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва эстетикиву фалсафӣ, арзиш ва ҳадафҳои муштарак сарчашма гирифта, мардумро дар меҳвари ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва аркони давлату давлатдорӣ муттаҳид месозад, беш аз пеш таваҷҷуҳ кунем. Зеро як дақиқа сукути идеологияи миллӣ ин пирӯзии абадии ҷаҳолат бар хирад аст.

Барои иҷрои муассири ин вазифаи муҳим, мо  аҳли зиё, адибону олимон ва кулли равшанфикрони ҷомеаро зарур аст, ки аввалан дар ниҳоди хеш эҳсосу дарки ҳувият, садоқат ба Пешвои миллат, сидқан имон овардан ба рукнҳои давлатдориро тарбия ва тақвият бахшем, бо донишу ахлоқи миллӣ, фаҳми фарҳанги сиёсӣ, маърифатӣ, дунёдаркӣ ва суханшиносиву суханварӣ дар тарбияи ҷомеа бикӯшем. Зеро фақат сухани асил, андешаи солиму бикр аст, ки тафаккури аҳли ҷомеаро такон медиҳад.

Мо шукргузорӣ аз Эзад менамоем, ки шахсияти баландахтаре бо фарри каёнӣ ва инояте хусравонӣ, идомадиҳандаи анъанаҳои бостонии давлатдорӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба миллати тоҷик ато намуд, ки ҳар кору пайкори ин абармарди миллат дар худшиносию хештаншиносӣ ва дар худ парваридани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба тамоми муқаддасоти миллат ва рисолати муҳими давлатдориро, ки сарвари муаззами мо ба маънои комил ба иҷро расонид, барои насли ҷавон ҳамчун як мактаби бузурги тарбия, нақши омӯзанда дорад ва хоҳад дошт.

 

Хуҷова Мавҷуда,

ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии АМИТ

 

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

Эмомалӣ РАҲМОН

 

Оре, ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате,  ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ  рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ дараҷа ба дараҷа меафзояд, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ пеш меравад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию  иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Баъди имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум ба шаҳри Душанбе омад. Ин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсозро шоири ширинкалому равоншод Лоиқ Шералӣ дар ғазали тараббунёдаш бо номи «Сулҳи деринтизор» хеле табиӣ ба қалам додааст:

 

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

 

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд,

Ҳотифи зиндадори мо омад…

Чор сӯ буд тирборонҳо,

Яке тири барори мо омад.

…Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

           

Имсол аз имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бисту ҳафт сол   сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи  такдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

Ҳаммаънои вожаи «ваҳдат» «сулҳ» аст. Сулҳу ваҳдат инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва қашоқию дилшикастагиро аз байн мебарад. Инсонҳо хушбахту хушрӯз мегарданд. Ояндаи ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ, ки дар дасти мо ҷавонон аст инро мо бояд хуб дарк кунем. Таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гувоҳи он аст, ки мо бо сабабҳои субъективию объективӣ дар фосилаи муайни вақт аз ягонагӣ даст кашидем ва ба гурӯҳҳо ҷудо гардидем. Ҷудо гардидани мо ба гурӯҳҳо бадбахтии гаронеро ба сарамон овард, ки ба хуну руҳ, тану ҷисм, хотираю таърих, сарвату боигарӣ, забону фарҳанг ва ба тамоми сириштамон неши ҷонкоҳ зад. Ҷудоии мо моро заиф сохт, муҳтоҷи кумаки дигарон кард, модаронамонро аз фарзандони ҷавони худ маҳрум сохт, хонаамонро хароб, дӯстону наздикон ва ҳамватанонамонро гуреза сохт ва наздик буд, ки бо тамоми ҳастиямон моро маҳв созад. Аммо вақте ба ҳам омадем, ба ваҳдат расидем, сулҳ бастем пуриқтидор ва бузург шудем. Чигунае, ки шоири маъруфу машхур Неъмати Оташ дар шеъри «Ваҳдати дилҳо»-и худ меҳрубону ҷонбаҷон шудани халқи шарифи тоҷикро тараннум кардааст:

 

                         Биё, ки то абад меҳрубони ҳам бошем,

       Ба сад фараҳ ба ҳам оему ҷони ҳам бошем.

                         Биё, зи ваҳдати дилҳост ин ҷаҳон обод,

                         Расули сулҳу сафо дар ҷаҳони ҳам бошем.

 

Шоири хушзавқу хушсалиқа ва худогоҳ Аҳлиддини Ҳисорӣ низ ин ҳама ҷӯшу хурӯши андешаро дар қаламрави шеър аз баракати сулҳ, оромӣ ва ваҳдат медонад. Ҳамон тавр ки арз шуд, дар китоби тозаи шоир муҳаббат ва дилбастагии самимона ба сарзамини ниёкон, мардони бузурги он, сулҳу ваҳдат ва ормонҳои миллӣ зебову шево ба тасвир гирифта шудааст. Масалан:

 

                            Ҳамдилии мардумон аз ваҳдат аст,

                            Ҳамммаромӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст...

                                      Дар ҳама ақсои дунёи бузург,

                                      Дӯстии ҷовидон аз ваҳдат аст.

 

 Мо ҷавонон бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тули тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.

Чигунае ки мо мебинем, дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо як хатоии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархурди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама бояд таҳлилгари сиёсию идеологӣ бошем ва ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дурусту ҳақонӣ дода тавонем. Мо бояд ҳеҷ гоҳ дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ба хатоӣ роҳ надиҳем, ки як хатои хурдакаки мо метавонад боиси аз байн рафтани сулҳ, ваҳдат ва оромии кишварамон гардад. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате  мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад. Бе пойдории сулҳу ваҳдат мо ҳатто як пора нон ёфта наметавонем. Мо наметавонем аз ҷони худ ва шарафу номуси худ ҳифз кунем. «Ҷомеа ё миллате, ки ғояи ваҳдати миллӣ надорад, ҳамеша эҳтимолияти ба буҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мавҷуд аст».

Хулоса, мо ҷавонон бояд дар сатри аввали хотираи худ ҷой диҳем, ки ҳанӯз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорем ва ҳадафи асосии мо бунёди давлати тараққикардаи миллӣ мебошад. Миллати куҳанбунёди мо дар тули ҳазорсолаи парокандагӣ орзуҳои зиёдеро дар дил парвариш намудааст, ки имрӯз вақти амалӣ намудани онҳо фаро расидааст. Амалӣ намудани ин ҳама орзуҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ ба дӯши мо ҷавонон вогузор мебошад, ки ин кори бениҳоят пурифтихор ва пуршараф аст. Аммо ҳамаи орзуҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш ва танини ваҳдати миллӣ амалӣ карда мешаванд. Мо бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва руҳи гузаштагони худро шод гардонему заҳмати кашидаи онҳоро қадр намоем. Дар ин ҷода ғояи ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати пешрафтаи миллӣ ду сарчашмаи асосии идомаи ташаббусҳои ватансозию ватандории мо мебошанд.

 

Хайрулло Раҷабалиев,

ходими илмии Маркази

мероси хаттии АМИТ

                            

  

 

 

(Андешаҳо  пас аз мутолиаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

 

«Бовар дорам, ки шумо – олимону

донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам

бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва

мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти

давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд

низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба

Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди

он иҷро менамоед»

(Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)

 

    Дар ибтидои андешаронӣ роҷеъ ба суханронии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суоли “Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод” бояд ҷавоб гуфт: Дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар шароити басо мушкили танги моддии аҳли илм бо дастгирии Пешвои  миллат “аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал” пажуҳишҳои сатҳи ҷаҳониро анҷом доданд. Дар байни ҳар сатри ин суханон ҳар як фарди солимақл ҳам ифтихор, ҳам роҳи тайшудаи пур аз дастоврадҳо ва ҳам ташвиши пешравиро эҳсос мекунад. Ин суол бояд дар сисолаҳои баъдӣ гузориши ҳар моҳа, ҳарсолаи ҳар як зиёӣ ва аҳли илм маҳсуб ёфта, ҷавоби дақиқ дошта бошад. Дар асл ҳам замоне,  ки мардум барои нон ҷон медоданд, дар муассисаҳои илмӣ, пажуҳиш ва кӯшоиши гиреҳҳои илмӣ идома меёфт. Аҳли илм ба қавли аллома  Сино аз ҳар макру ҳияли  буҳронҳо ҷаста шуҳрати илми тоҷикро паст намезаданд. Ва бояд иқрор кард, ки Ҳукумат дар назди илм қарздор намонд. Дар сӣ соли охир пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва имконоти пажуҳиши таҳдобӣ даҳчанд афзуд. “Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем”. Дар баробари сармояи илм ба мақоми “миллӣ” яъне мафҳуми муқаддас соҳиб шуд. Мақом ва нуфузи илм то ҳадде маъруф ва маҳбубият пайдо кард, ки мансабдорону булҳавасон низ барои шуҳрат сохтан барои унвонҳои илмӣ молу амволро дареғ намедоштанд. Бо забони танз шуҳратталабон аз унвонҳои номзади илм, доктори илм фахр мекарданд.

     Аз пажуҳиш ва кашфиёти соҳаи илми  филологӣ, улуми башарӣ фахр мекунем, бо вуҷуди он ки  дар ин самт  фоидаи иқтисодӣ камтар аст. Аммо олимони соҳаи кишоварзӣ, ки картошка, пиёзро аз Чин, Эрону Покистон мекашонанд, сазовори маломат мебошанд. Воқеан, омор дарак медиҳад, ки ҳукумат дар бахши кишоварзӣ бештар саҳмгузорӣ кардааст. Ҳамзамон, олимони соҳаи хоҷагии кишлоқ бояд пажуҳишҳои илмии хешро ба муомилоти тиҷоратӣ ворид кунанд. Олимони Ҷопон ва Сингапур танҳо аз ҳисоби фурӯши патентҳои илмӣ дар як сол то 2, 4 миллиард доллари ИМА  фоида мегиранд. Барои самараи пажуҳишҳои илмӣ ва татбиқи он дар истеҳсолот назорати доимӣ ва ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Агар пажуҳиши илмии кишоварзӣ ё иқтисодӣ дар 5 соли оянда самараи иқтисодӣ надиҳад, бояд муассиса, олим аз  унвони илмӣ маҳрум гардад. Дар ин самт низ Хадамоти назорат ва татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис додан лозим аст. Алҳол қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ», ки соли 2022 қабул гардид, - камсамар аст.

    Акнун вақту муҳит, шароиту қудрати зеҳнӣ имкон медиҳад, ки марказҳои илмӣ, озмоишгоҳҳо дар ҳар вазорату идораҳо, донишгоҳҳо таъсис дода шаванд. Қариб 88 фоиз пажуҳишҳои илмии Аврупо берун аз Академияи илмҳо ва марказҳои илмии мухтор анҷом дода мешаванд. Институту марказҳои илмии ҳозираи вазорату идораҳо мустақиман ба Академияи илмҳо тобеъ гардида, таъмини татбиқи илму амалро равнақ диҳанд.

     Илмро фидои омор мегуянд. Аз омор шираи илмро бояд кашид. Чаро олимони ҷомеашиноси мо аз чунин омор пажуҳиши  нишонрасро анҷом намедиҳанд. “Яъне, дар маҷмуъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд. Дар 70 соли то замони истиқлол барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд”. Аз 10 миллион аҳолӣ ба 88 фоиз таъмин кардани беҳбуди шароити манзил сазовори ҷоизаи Нобелӣ аст.

    Дар бахши улуми башарӣ аҳли  илм сазовори сарзаниш ҳастанд. Илмҳои башарии Тоҷикистон бахусус дар самти омӯзиш ва пажуҳиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон, такмил ва танзими русуми нави пешсаф дар ҷомеа, қафо монданд. Имрӯз аз таҷриба, танзими русуму оинҳо ва масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд дар кишварҳои Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон васеъ омӯхта татбиқ мешванд.

       Рушди сайёҳии мазҳабӣ ва тансиҳатӣ дар ду даҳсолаи охир ба мақоми аввал баромад. Вале сайёҳии илмӣ, экспедитсияҳои илмии байналмилалӣ, тақвимӣ қариб аз байн рафтаанд. Саёҳат ва экспедитсияҳои илмии ба Матоташ, Чирокташи ноҳия Мурғоб, Ранкул, кулҳои Сарез , Ҳафткул, Каракул, пиряхҳои Танимас, Хирсон, Федченко, буҷаи илмро даҳчанд ғанӣ мегардонанд. Набояд фаромӯш кард, ки императорон Юлий Сезар, Марк Аврели, Франко, Наполеон  ҳатто Чингизхон пеш аз забти ин ё он кишвар, минтақа “десант”-и илмиро равон мекарданд. Минтақаи Помир, Тиёншон,  Ҳимолойро олимони Рус кашф карда, ба низомиён тавсияи забт  доданд. Се сол пеш узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов дар ин бора дар мақолаҳои таҳлилии “Илм ва амният” пажуҳиши нодир пешкаш карданд. Илм бояд ба сипари амниятии бэътимод табдил ёбад.

       Пешвои миллат бо таассуф зикр карданд, ки “сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд”. Барои пайдо кардани далелҳо дар ин бахш тайи як ҳафта танҳо ду соҳибкорро пайдо кардам, ки ба илм сармоягузорӣ намудаанд.  Мо аз соҳибкороне, ки марказҳои тиҷоратӣ месозанду ҷойи корӣ ташкил мекунад, сипосгузорем. Аммо тарбия ва парвариши як олим шояд ҷойи даҳ маркази тиҷоратиро гирад. Агар мисли соҳибкорон  Шамсулло Соҳибов ва   Ҳасан Асадуллозода сарпарастии илм равнақ пайдо кунад, шуҳрати ҷаҳонии илми тоҷик меафзояд. Ривояте аст, ки Иосиф Сталин сарвари Иттиҳоли Шравӣ коргардони маъруфи Рус Немирович Данченкоро барои  таҳияи як шоҳасар даъват мекунад. Коргардон ба Сталин мегӯяд:

-Рафиқ Иосиф Висарионович! Қалъаро бо зурӣ ва ҷасорат забт кардан мумкин аст. Аммо илмро бо зар фатҳ мекунанд. Бо ҳашар шоҳасарро офаридан номумкин аст.

Оре, илм соҳаи сармояталабу серхарҷ аст. Агар сармояи ҳадафманд гузошта шавад, фоида ҷовидон мечакад.  Аллома Ибни Сино дар асри 10 сармоя гузошта, мо наслҳои асри 21 фоида мегирем.

        Боз ба як делели таърихӣ бармегардем. Замоне Иосиф Сталин  ба  Бонч Буревич супориш доданд, ки рӯйихати физикҳои маъруфи Россияро пешниҳод кунад. Бонч Буривеч рӯйихатро пеши Сталин гузошт. Иосиф Сталин бо хашм гуфт:

-Ман рӯйихати хоинонро талаб накардам! Хоин барои хиёнат илмро истифода мекунад. Ин иқтибос ҳушдори Пешвои миллат дар бораи хиёнату дуруягии намоянадгони илм тақвият медиҳад. Дар асл  ҳам ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст. ”Бахусус, мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони мо бисёр нигаронкунанда мебошад”. Ҳоло тибқи омори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 37 нафар олимони тоҷик илмро ба заррари миллати тоҷик ба фурӯш баровардаанд.

Дастрасӣ ва суистифода аз  сиёсати илм ва илми сиёсӣ дубора пас аз даргириҳои Украина ва Россия дар дунё сангари “ҷанги сард”-ро кушод. Шадидтарин чунин ҷанг дар аҳди юришҳои салибдорони Аврупо  ба Арабу Аҷам, (Сухтор, куштор дар шаҳрҳои бузурги Мисру Яман, Туркия) рақобати дунёи сотсиализм ва капитолизм қариб 2 миллирад аҳолии сайёраро аз рушди иҷтимоӣ боздошта 12 миллион дар ҷанг бо баҳонаи инқилобҳои демократӣ, озодихоҳӣ ҳалок гардиданд. Инак боз илм ба ҷабҳаи инсонкӯшӣ ҷалб гардид. Ва ин дафъа илм  бо бесарнишин, роботу ақли сунъии бераҳму шафқат зери таҳлука, ваҳм, бим қарор медиҳад. Аз ин рӯ, иҷрои бечуну чарои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин мулоқот гарави амнияти қавии мост. Набояд фаромӯш кард, ки  неруи тавонои илм ба раги миллат хуни рушдро рахна мекунад. Дар ин бора андешаҳои ҷолиб ва мушоҳидаҳои дақиқи олими муаррих Раҳматкарим Давлатов дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”ибратомӯз аст.

       Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар бораи дар дохили истеҳсолот ташкил кардани озмоишгоҳҳои илмӣ таъкид карда буданд . Миллионҳо сармояро заҳмати илмии доктори илмҳои химия, собиқ директори  Институти “Металлургия” КВД “Талко” шодравон Ҳайдар Сафиев  ба «Ширкати алюминийи Тоҷик», «Ноқил ТАЛКО», “Талко голд” оварда буд. Аз заҳмати олими иқтисоддони соҳаи металлургия  Шералӣ  Кабир, ки  низ самараи муфиди ба даст омада буд, чашм пушидан раво нест. Борҳо ин олимонро дар назди дегдону хумдонҳои баландҳарорати “Ширкати Алюминии Тоҷик” аз наздик дида будам. То масофаи байни илм ва истеҳсолот коҳиш наёбад, самараи дилхоҳ ба каф нахоҳад омад.

        Боз он чиз ҷолиб аст, ки “Насли тиллоии шабакавию интернетӣ”-и ҷавонон низ ба илм ҷалб гардиданд.

Ҷаҳиши муъҷизавии илми тоҷикро умедвор шудан мумкин аст. Зеро имрӯз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро олими серғайрату ташаббускор, навовару навҷӯ Қобилҷон Хушвахтзода  сарварӣ менамояд. Қобилҷон Хушвахтзода мактаби менеҷменти илмро дар пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо паси сар намудааст. Ба нордбони илм аз зинаи аввал қадами устувор гузоштааст. Алҳол самти ислоҳоти ӯ ба соҳили мақсад наздик меояд. Он чиз ҷолиб аст, ки профессор Хушвахтзода Қ. бо таҳияи  шароити мусоиди пажуҳиш “фирори мағзҳо”- ро коҳиш дода, фирори танбалию кашолкориро дар илм вусъат хоҳад бахшид.

 

 

Наҷмиддин Шоҳинбод,

унвонҷӯи ММХ АМИТ

 

 

   Хиёнат, фиребу макр, норостӣ, бевафоӣ, бедиёнатӣ, ноустуворӣ, дағалӣ, туҳмат ва ғ. аз амалкардҳои манфии инсонӣ буда, агар он аз ҷониби шахсе сар занад, бегумон ӯро хоин, хиёнаткор, бадгумон, аҳдшикан, туҳматгар ва… гӯянду аз афроди манфури ҷамъияташ шуморанд. Дар ин ниҳод, пеш аз ҳама, характерҳои баду зишт алайҳи некию некӯкорӣ дида мешавад. Ба таъбири дигар, осудагию оромии фарде ё ҷомеаеро халалдор сохтан, сохтаҳои ҳадафмандонаро сӯхтан, будаҳоро нобуд кардан, ба ҳақ ноҳақиро раво дидан,  ба сафедӣ хати бутлони сиёҳӣ кашидан андар хиёнат рӯ менамояд. Вақте дар вуҷуди инсон хиёнат қомат меафрозад, хиёнатгар қудрату тавон мегирад, кӯшиш менамояд, ки аз амали хурди разилона ба корҳои бузургтар панҷа занад, то ба ҳадде, ки баҳри ҷоҳу молу манол ба қудрати сиёсати вақт ҳамлаи нодурбинона кунад, байни ҷомеа иғво ангезад, ба осудагию оромӣ такони манфӣ диҳад, барои манфиати фардӣ даст ба корҳои ношоиста занад.

       Дар баробари паҳлуҳои пасту баланди зиндагии одамӣ хиёнат низ паҳлуҳои мутааддиде дорад. Дар ин росто хиёнат ба ойила, хиёнат ба наздикону дӯстон, хиёнат ба раванди рости корҳо, хиёнат ба моли мардум ва ҷамъият, хиёнат ба ватан, баъзан аз нодонӣ хиёнат ба волидайн ва… аз  хиёнатҳое мебошанд, ки дар навбати аввал хеле кӯчак ба назар расанд ҳам, дар ниҳоди худ басо ангезаҳои нохуше доранд.

       Вақте ба ба саҳифаҳои адабиёту фарҳанги дури дурамон назар меандозем, мебинем, ки дар ҷомеаи ҳамаи давру замонҳо ин амалу падидаи номатлуб реша доштаву маҳкум карда шуда, мағлуб ҷамъбаст гардидааст, то инсонҳоро ҳушдор диҳад ва эшон аз ин роҳи бад канораҷӯйӣ намоянд. Агар ҷиддан ба саҳфаҳои ин адабиёти ғанӣ мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки дар кӯлбори ҳар суханвари тавонои он доир ба хиёнату хиёнаткорӣ ва паҳлуҳои дурушти он ишорае, андешае, мулоҳизае ва дар ин замина хулосаҳои ибратбахше мавҷуданд, ки то ба имрӯз қимати тарбиявии худро гум  накардаанду  омӯзандаанд.

      Ҳанӯз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба хиёнату хиёнаткорӣ дар порчаҳои боқимондаи достони «Синдбоднома»-и худ манзараеро, ки зане ба мард хиёнат мекунад, ин тавр  тасвир кардааст:

 

                                   Он гурунҷу он шакар бардошт пок

                                   В-андар он дастор он зан баст хок.

                                   Он зан аз дуккон фуруд омад чу бод,

                                   Пас фаларзангаш ба даст-андар ниҳод.

                                   Мард бикшод он фаларзаш, хок дид,

                                   Кард занро бонгу гуфташ: -Ай палид!...

 

     Маатаассуф оғоз ва фароварди  ҳикоят то замони мо нарасидааст, то донем, ки ин зани хиёнатгар чӣ зане буда ва чаро ин хиёнатро бар он мард раво дида!

       Аз нигоҳи суханварони адабиёти форсии тоҷикӣ хиёнату хиёнаткрорӣ, ки дар байни афроди ҷомеа рух медиҳад, аксар бо дастдарозӣ намудан ба дороии мардум ва ҷомеа амалӣ мешавад. Фирдавсии бузург ба ин маънӣ мегӯяд:

                                  

                                   Ба чизи касон даст ёзад касе,

                                   Ки баҳра надорад зи дониш басе.

 

       Ҳамин маънӣ дар як ҳикояти «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ чунин омадааст:

       «Корвонеро дар замини Юнон бизаданд (яъне, дуздон) ва неъмати беқиёс бибурданд. Бозаргон гиряву зорӣ карданд ва ба Худову Пайғамбар(с)  шафеъ оварданд, фоида набуд…

       Луқмони ҳаким андар он корвон буд, яке гуфташ аз корвониён: -Магар инонро насиҳат кунӣ, то тарафе аз моли мо даст бидоранд, ки дареғ бошад, ки чандин неъмат, ки зоеъ шавад?

       Гуфт: -Дареғи калимаи ҳикмат бошад бо эшон гуфтан:

 

                                   Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд,

                                   Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг.

                                   Бо сияҳдил чӣ суд гуфтан вазъ,

                                   Наравад мехи оҳанин дар санг!»

 

       Бале, ҷавоби Луқмони ҳаким ба суолкунанда бамаврид аст, зеро оне, ки хиёнат дар тору пудаш танидааст,  тарбият кардану ба роҳи рости инсонӣ даровардан ғайриимкон мебошад.  Магар чунин хиёнаткорон имрӯз каманд!

        Саъдии Шерозӣ ин бардошти худ аз зиндагиро тақвият дода, гуфтааст:

 

                                   Аз раъият касе, ки мол рабуд,

                                   Гил зи пай баргирифту бом андуд!

    

      Яъне, хиёнатгару ғоратгари моли мардум ба мақсад нахоҳад расид.

       Боз аз Саъдии бузургвор аст, ки гӯяд:

            Ҳар кӣ хиёнат варзад, дасташ аз ҳисоб диларзад!

 

       Ва ё дар ҳикмати халқ омадааст, ки:

                                    «Хиёнатгар саломат намемонад».

 

          Вақте ба достонҳои «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ рӯй меорем, мебинем, ки шоири ҳаким дар ин бора бетараф нест. Вай борҳо хиёнату хиёнаткориро салоҳи ахлоқи ҳамидаи  одамӣ надониста, фарҷоми бад доштани онро таъкид меенамояд ва мегӯяд:

 

                                   Аз хиёнатгарист  бадномӣ

                                   В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.

 

        Дар ин маврид аз офаридаҳои  Низомии Ганҷавӣ танҳо ҳикояти «Хайр ва Шар»-ро ба ёд меорем, ки хиёнати  Шарри дар аввал дӯст ба Хайр чӣ рӯзҳои мудҳишеро бор овард. Дар охир Хайр аз гуноҳи азими Шар гузашта бошад ҳам, вале шоҳиди воқеа - марди курд бо теғ сари Шарро аз тан ҷудо менамояд, то чунинҳоро дарси  ибрат шавад. Аз ин рӯ,  суханвари дигари тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба хоин ҳамнишин буданро салоҳ надонистааст:

 

                                   Зи хоин дур бош, ай дӯст, ҳамвор,

                                   Ки хоинро набошад дил ба як бор!

 

        Яке аз масъалаҳои муҳимми ҳамаи давру замонҳо, ки рӯзгори мо низ аз он истисно нест, ин дар давлатдорӣ хиёнат накардани зердастон ба шоҳу ҳокимони худ аст, новобаста ба он ки ҳукмраво дар чӣ появу дар кадом мақом аст. Ба ин маънӣ, дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ба зиддиятҳоне дучор меоем, ки аз хиёнат сар задаанд. Ба ёд меорем хиёнате, ки солорони лашкари Суҳроб ба Суҳроб раво диданду оқибати он бо фоҷеаи мудҳиш анҷомид. Бале, кӯшиш рафт, ки писарро бо падар шинос нанамоянду бояд яке аз байн равад, то ду қувва якҷо шуда ҷаҳонгир нагарданд. 

      Бо макру хиёнати зани навбатии Ковусшоҳ Судоба- духтари шоҳи Ҳомоварон  Сиёвуш - писари Ковусшоҳ ба рӯзҳои сахт рӯ ба рӯ шуда, ниҳоят бо ҳилаву найранги Афросиёб ва атрофиёнаш ба фоҷеа  дучор  ва  бераҳмона  кушта мешавад.

     Дар баробари он ки Рустами Дастон ба шоҳ Ковус ва ҳамватанонаш ҷоннисор аст, боз ҳам  шоҳ ба ҷаҳонпаҳлавон хиёнат мекунад. Сифати пастию нокасӣ, бераҳмию бемурувватӣ ва носипосии Ковусшоҳ нисбат ба Рустам дар пайғоми «Нӯшдору хостани Рустам аз Ковус» аз забони сипаҳдор Гударзи Кашвод ҷолибу мушаххас ва ҳақиқӣ ҷамъбаст шудааст.  Магар чунин рафтор ба ҷаҳонпаҳлавони кишвар хиёнат нест. Албатта Рустами Дастон аз ин рафтори ношоистаи шоҳ меранҷад, вале ватандор, ки ҳаст, бо ватан мемонад ва бештар аз пештар дар ҳимояи марзу буми ватан аст. Кушта шудани Рустами Дастон аз дасти Шағод яке аз мудҳиштарин хиёнатҳои бародар ба дародар дар саҳифаҳои «Шоҳнома» ба шумор меравад. Дар ин саҳна магар Шағод ба муроди дили худ расид. Ҳаргиз!

       Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ ба ин амали номатлуб  андешаҳои падари Гаршосп омӯзандаанд. Вай пеш аз он ки Гаршоспро ба хидмати Заҳҳокшоҳи золим гусел намояд, ба писари паҳлавонаш чанд панди судманд медиҳад, ки асоситарини он ҳамоно чун зердаст хиёнат накардан ба шоҳи замон аст. Агар зердаст  ба шоҳ ва хазинаи мамлакат хиёнат намояд, он ба  костагии ахлоқи ҷомеа ва шикасти кишвар оварда мерасонад.  Хӯшаро ҳам агар шоҳ хонанд, ба он бояд итоат кард, -мегӯяд падари Гаршосп.

      Баъди Фирдавсиву Асадии Тӯсӣ ва Низомию Саъдӣ ҳам дар адабиёти ғановатманди мо, вобаста ба муҳтавои ин ё он асар,  бо ин мавзӯъ метавон хеле зиёд дучор омад, монанди осори Саноии Ғазнавӣ, достонҳои  Амир Хусрави Деҳлавӣ, офаридаҳои манзуми Шайх Аттори Нишопурӣ, «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, асарҳои пурмуҳтавои  Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Зайниддини Восифӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳои дигар. Ин маънои онро дорад, ки дар ҳамаи давру замонҳо ин амали номатлуб ва разилона  боиси бисёр бадбахтиҳо ва фоҷеаҳо мешудааст.

        Вазнинтарин ва нобахшидатарин хиёнат ин хиёнат кардан ба халқу ватан ва миллат мебошад, ки чунинҳоро Ҳаким Фирдавсӣ ҷасурона носазо гуфтааст. Доир ба амали хиёнату хиёнаткорони малъун дур намеравем ва ба қарни ХХ нигоҳ мекунем, зеро назираш дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои  1941-1945 хеле равшан мушоҳида шудаасту бо мисолҳои мушаххас дар кутуби таърих ба адабиёти бадеии суханварони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  мунъакис ёфтааст. Он вақт ватани шӯравӣ ватани мо ҳам буд ва  таърих инро аз саҳифаи худ  ҳеч вақт сутурда наметавонад.  Акнун, ки кишвари мо бо талошҳои чандинасра ва заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони асил ва мардуми сарбаландаш ба соҳибистиқлолӣ расидаасту  ватани озод дорем, мебояд ба  қадри ин озодӣ бирасем ва ҷавонмардона аз халқу ватану миллатамон пуштбонӣ намоем, парчами кишварамонро болои сарҳо ҳамеша парафшон бинем. Дар ин сӣ соли охир баробари достовардҳои бесобиқа дидаем, ки дастаҳои муноқишакор, афроди ба аҷнабиён фурӯхташуда, ашхоси ҷоҳталаб, баъзан роҳгумзадагон  ва ғ. ба сари мардумамон чӣ сахтиҳо ва ба ватанамон чӣ хисоротҳое овардаанд. Ба онҳое, ки барои мансабу ҷоҳ ва молу манол  ба сулҳу салоҳ ва ягонагиву ваҳдати ватанамон хиёнатро раво медоранд, оштинопазир бошем,  гумраҳон ва манфиатҷӯёнро пайваста маҳкум намоем ва ғ. Дар ин ҷода ҷавонон бояд зиракии фарҳангӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсии худро ҳамеша нигоҳ дошта,  ба иғво ва таблиғоти афрод ва гурӯҳҳое, ки дар хоирҷ аз кишвар истода ҷониби ватани худ санг мезананд, дода нашаванд. Бешак ин гунна афрод фурӯхташуда ва иҷрокунандаи барномаҳо ва супоришҳои хоҷагони хориҷии худанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд пайваста дар ҳифзи ватану халқу миллат бошанд, зеро меваи баъди турктозиҳои қарнҳо  бо душвориҳои зиёд ба соҳибистиқлолӣ ва озодӣ расиданамонро  барои ҳамешагии ватану миллату халқ бурдборона  ва содиқона муҳофизат намоянд.

        Ниҳоят гуфтаниям, ки:

                                   Шунидастам зи мардони диловар,

                                   Хиёнатгар набошад фарди бовар!

Алии Муҳаммади Хуросонӣ,

адабиётшинос, мудири шуъбаи матншиносии

Маркази мероси хаттии АМИТ

Ба таври дақиқ маншаъ  ва таърихи пайдоиши тасниф ё ба тоҷикӣ тарона то ба имрӯз таҳқиқ нашудааст. Мунтаҳо дар қиёс бо соири адабиёти халқҳои ҷаҳон, ба қавли мусташриқи маъруфи англис Эдвард Браун: “Тасниф ё сурудҳои оммиёна аз замони бисёр қадим, ҳатто қабл аз Ислом низ дар Эрон вуҷуд доштааст. Гӯё Борбад ва Накисо ҳам дар ҳазору сесад сол қабл ҳамин қисм таснифот барои Хусрави Парвизи Сосонӣ месурудаанд ва муҳаққақан Рӯдакӣ низ чаҳорсад сол баъд дар ҳузури подшоҳи Сомонӣ, мамдӯҳи худ ҳамин қисм ашъор хондааст” (Браун Э. Таърихи адабиёти Эрон. - Ҷ. 4. Тарҷумаи Рашид Ёсимӣ. Теҳрон. 1364 ҳ.ш. с. 168)

Аз он ҷо ки жанри тасниф хориҷ аз авзони арӯзаст, дар шеъри классикии форсии тоҷикӣ мақому манзалате надоштааст. Зеро дар як тасниф метавон аз чанд вазн истифода намуд, аз ин рӯ аз нигоҳи арӯзи классикӣ муғойири авзони арӯзист. Ба ҳар тарзе, ки ҳаст ба тайиди нахустин гирдоварандаи таснифҳои халқии Эрон, шарқшиноси маъруфи рус В.А.Жуковский, таснифи форсӣ қолабест, мисли “насри соддаи зарбӣ” (Жуковский В.А. Образцы персидского народного творчества. С. Петербург. 1902. с. 4)  зеро дар он шарт нест, мисли шеъри арӯзӣ дастури забон ва қофия муроот шавад. Бархилофи шеъри адабӣ-китобӣ, ки барои гурӯҳи хоси ҷомеа аст, тасниф барои ом гуфта мешавад ва пеш аз ҳама, тобеи оҳангу зарб аст, на побанди дастури забону қофия.

Муҳаққиқини эроние, ки ба масъалаи шеъри пешазисломӣ ва таронаҳои халқии форсӣ тафаҳҳус кардаанд, аз ҷумлаи Содиқ Ҳидоят, Маликушшуаро Баҳор, доктор Абулҳусайни Зарринкӯб ва амсоли эшон байни истилоҳҳои “тасниф”, “ҳарора”, “қавл”, “тарона” ва “суруд” қариб, ки тафовуте нагузошта, ҳамчун жанри халқӣ муродифи ҳамдигар донистаанд. Доктор Зарринкӯб дар ташаккулу таҳаввули шеъри форсии баъд аз Ислом нақши ашъори оммиёнаи шифоҳиро таъкид карда гуфтааст: “...вуҷуди таснифҳо ва сурудҳое, ки билофосила баъд аз зуҳури Ислом дар сарзамини Эрон падид омадааст, ҳокист аз вуҷуди ин гуна ашъори оммиёнаи қабл аз Ислом. Ҷое, ки аз нашъат ва таҳаввули шеъри форсӣ сухан меравад, шеъри қадими оммиёна саҳми умда дорад” (А. Зарринкӯб. Шеъри бедурӯғ, шеъри бениқоб, Теҳрон, 1363 ҳ.ш. с. 175).  Нависандаи барҷастаи Эрон, муҳаққиқ ва мутарҷими осори паҳлавӣ Содиқ Ҳидоят, ки аз нахустин муҳаққиқ ва ҷамъоварандаи фолклори мардуми кишвараш маҳсуб мешавад, зимни баррасии таронаҳои оммиёна ёдовар мешавад: “Мутобиқи асноде, ки дар даст аст... бештари тиккаҳои “Авасто” бидуни қофия ва монанди ҳамин таронаҳои оммиёна аст” (Содиқ Ҳидоят. Навиштаҳои пароканда, Теҳрон 1384 ҳ.ш. с. 294-95)

Аз назари Содиқ Ҳидоят мушкили муҳаққиқони “Авасто” “сари ин аст, ки ағлаби ашъори “Авасто” дорои як вазну оҳанги муайян нест, яъне оҳанги ҳар байте мумкин аст, бо дигарӣ фарқ дошта бошад” (Ҳамон ҷо 295). Сипас муҳаққиқ барои бурҳони гуфтаи хеш як порча аз Готҳо оварда, онро аз нигоҳи оҳангу вазн баррасӣ намуда, силобҳои (ҳиҷоҳои) ҳар як мисраъ аз дигараш фарқ доштану озод аз қофия будани онҳоро нишон медиҳад. Инчунин барои қиёс таронаи халқии “Суруди мардуми Балх”- ро, ки Табарӣ дар китобаш ҳамчун шоҳиди айнӣ зимни ҳаводиси соли 108 ҳ (727м), яъне шикасти Асад б. Абдуллоҳ Ал-Қасорӣ дар Хатлон, бачаҳои Балх дар ҳаҷви ӯ гуфтаанд, мисол оварда, чунин натиҷагирӣ мекунад: “...дар шабоҳати ин абёт бо таронаҳои миллӣ (манзураш халқӣ - О. Х.) ҷои тардид нест ва ҳамин нишон медиҳад, ки тӯдаи мардум шева ва қоидаи шеърии Эрони пеш аз Исломро аз даст надодааст ва “омазия”, ки дар охири ин байтҳо такрор шуда, ҳукми радифро дорад ва набояд бо қофия иштибоҳ шавад” (Ҳамон ҷо, с. 297)

Тавре ки мулоҳиза шуд, дар пояи намунаҳои боқимондаи шеъри бостонии форсии тоҷикӣ ва “Готҳо” - и “Авасто” муҳаққиқин собит карданд, ки шеъри пешазисломии мо шеъри ҳиҷоӣ буда, ба тасниф ё таронаҳои мардумии имрӯз шабоҳат ва робитаи зич доштааст. Аммо як нукта бебаҳс аст, ки дар тӯли таърих жанри тасниф ё тарона ҳамвора раванди шифоҳӣ дошта, бо фарҳанги мардум тавъам будааст. Маҳз ҳамин ҷанбаи оммавӣ ва халқӣ доштани он дар гузашта аз тарфи аҳли илму адаб мавриди беэътиноӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Шамс Қайси Розӣ дар “Ал-муъҷам...” таснифро дар зумраи “ҳарора” меҳисобад. Веросторони китоби мазкур дар поварақ манзури муаллифро дар мавриди истилоҳи “ҳарора” чунин тафсир кардаанд: “Аз қарори маълум... мақсуд аз ин калима ашъори сахифест, ки муханнасону масхарагон ва аввомуннос дар кӯчаву маҷолиси лаҳву лааб хонанд ва акнун “тасниф” гӯянд. Ва мӯҳтамил (эҳтимол-О. Х.) аст “харора” бо “хо”-и муъҷама бошад, он овозест, ки бо сабаби гиря ва ё ғайри он аз гулӯ берун ояд, чи масхарагону суфаҳо ашъори сахифи худро бад-ин овоз хонанд” (Қайси Розӣ. Ал-муъҷам... Теҳрон. 1387 ҳ.ш. с. 34).  Аммо ба ақидаи Маликушшуаро Баҳор ин калима на “харора”, балки “ҳарора” буда, дар забони арабӣ ҳамон маънии “тасниф”-ро дорад (Баҳор ва адаби форсӣ. ҷ.1. Теҳрон. 1371 ҳ.ш. с. 33).

Маликушшуаро Баҳор решаи ин камтаваҷҷуҳии аҳли илму адаби гузаштагонро ба тасниф ё таронаҳои оммиёна дар сабку навъи шеъри пешазисломӣ таҳқиқ карда, ба чунин хулосаи мантиқӣ омадааст: “Дар Эрони Сосонӣ зоҳиран се қисм шеър ривоҷ дошта аст: аввал-суруд; дувум-достон; сеюм-тарона” (Ҳамон ҷо. с. 70).  Ҳар як аз ин жанрҳоро тавсиф намуда, барои жанри суруд “суруди Хусравонӣ”-ро намунаи боризи он медонад ва тазаккур медиҳад, ки ин навъ ашъор ҳиҷоист ва дорои қофия буда, танҳо дар ҳузури подшоҳону муъбадон ва оташкадаҳо хондаву навохта мешуданд. Дар мавриди жанри “достон” таъкид медорад, ки “иборат аз ҳамосаҳо ва зикри маноқибу фазоили паҳлавонон ва руасову салотин ё манзараҳо ё афсонаҳо будааст, ки дар ҳузури риҷолу маҷомеи умумӣ ва ҷашнҳои милливу майдонҳои бозӣ бо созу овоз хонда мешудааст” (ҳамон ҷо). Сипас дар бораи “таронаҳо” чунин тавзеҳ медиҳад: “...махсуси ибороти ошиқонаву ғазалу “тасниф” буда ва ба табақоти омма ихтисос дошта ва дар ҳузури бузургон ба нудрат аз ин ҷинс шеър хонда мешудааст” (ҳамон ҷо). Сабаби дар ҳузури бузургону аъён ба нудрат хондани ин навъ шеърҳоро устод Баҳор дар он медонад, ки яке аз шарт ё зарурати лоянфакии “ин ҷинси шеър дастафшонӣ ва пойкӯбиву рақс ва ба истилоҳи имрӯз “ҳол кардан” буда ва маҳофили бузургону маҷолиси расмии Эрон аз роҳи виқору азамат бо ин вазъ ошно набудаанд” (ҳамон ҷо).

Ҳаминро низ бояд мутазаккир шуд, ки бо вуҷуди аз тарафи аъёну ашроф ва аҳли саводи гузаштагонамон ҳамчун жанри авомуннос мавриди қабул қарор нагирифтани “тасниф”, ин жанр аз равнақу ривоҷ намонд ва ҳатто дар ибтидои Ислом тарафи таваҷҷӯҳи араби бидавӣ қарор гирифта, дар ташаккули шеъри давраи исломии араб муассир будааст. Ақидаи устод Маликушшуаро Баҳор ин аст, ки “араб назар ба соддагӣ ва хиффати рӯҳ ва ошно набудан ба забони форсӣ ва мусиқии сангини он, вақте ки ба Эрон омад, танҳо аз тамоми аҷноси мусиқӣ ва шеър фақат аз ин ҷинс хушаш омад ва онро дунбол кард ва шеъри араб аз он берун омад... Ибтидо, мусиқӣ ва шеърро усарои (асирони-О.Х.) эронӣ дар Маккаву Мадина бурданд ва хонданду ба араб ёд доданд. Ва баъд аъроб онро такмил карданд. Аз мусиқии румиву шомӣ ҳам бар он мазид карданд ва истилоҳоте аз қабили рамалу раҷазу вофиру хафифу ғайра бар он бияфзуданд. Ва шеъри араб, ки бо мусиқӣ ҳама ҷо тавъам буд, ба вуҷуд омад” (Баҳор. 70-71)

Гузашта аз ин, аз ишораҳое, ки дар тазкираҳо ва рисолаҳои роҷеъ ба нақди шеъру арӯз таълифшуда бар меояд, дар асрҳои 1Х-Х жанри тасниф натанҳо дар миёни аввом, балки байни аҳли саводу аъён низ маъруф будааст. Ин назарро ишораи Давлатшоҳи Самарқандӣ перомуни интиқодаш аз “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и устод Рӯдакӣ тақвият медиҳад. Давлатшоҳ дар тазкирааш баъд аз зикри ин шеъри устод Рӯдакӣ ва ривояти таъсири беандозаи он ба амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дар шеърияти ин тарона тардид мекунад ва таъсири фавқулоддаи онро ба нуктаи зер мансуб медонад:

“Мешояд, ки чун устодро дар автору мусиқӣ вуқуфе тамом буда, қавлеву таснифе сохта бошад ва бо оҳанги ағониву соз ин шеърро арз кардаву маҳалли қабул уфтода бошад” (Давлатшоҳи Самарқанд. Тазкират-уш-шуаро. Теҳрон. 1366 ҳ.ш. с. 28). Бад-ин мазмун Шамс Қайси Розӣ дар рисолаи нақди шеъраш менигорад: “... чунон ки ҳарораҳои муханнасон, ки бо риккати лафз ва хиссати маънӣ дар баъзе маҷолис чандон тараб дар мардум падид орад, ки бисёр қавлҳои бадеъ ва таронаҳои латиф падид наёрад...” (Қайси Розӣ. с. 460).

Бино ба қавли Яҳё Оринпур дар адабиёти форсии мактуб истилоҳи “тасниф” ба ҳайси жанри шеърӣ дар асрҳои XVI-XVII ба ҷои истилоҳи “қавл” ворид шуда, ба мафҳуми навъе аз шеъри оҳангине, ки дорои вазни арӯзу оҳанг буда, бо дигар анвои шеърӣ тафовут надошта, мунтаҳо дорои вазну таркиби лафзист, ки бо мақомоту мусиқӣ ва овоз ҳамоҳангӣ мекунад, шинохта мешавад. Аммо, ин таснифҳои дар даврони сафавиҳо роиҷ будаву дар қолаби арӯзӣ гуфта шударо касе ҷузви адабиёти китобатӣ намеҳисобида аст. Аз ин рӯ, дар девонҳову тазкираҳо сабт нашудаанд ва муаллифашон номаълум мондаанд. Бо вуҷуди ин боз ҳам намунаҳое аз таснифҳое, ки дар замонашон дар миёни мардум маъруфияти бештаре доштанд, дар бархе аз тазкираҳои он давр ҷо-ҷо сабт гардидаанд. Бад-ин робита Яҳё Оринпур дар ҷилди дуввуми асари пурарзишаш “Аз Сабо то Нимо” аз “Нишопурак” ном таснифи Ҳодии Дайламӣ ба нақл аз “Гулистони ҳунар”-и Қозӣ Аҳмади Муншӣ порчаи зерро меорад:

            “Маро гуфтӣ чу ман ёре надорӣ,

            Ту ҳам чун ман гирифторе надорӣ.

            Чӣ донӣ ҳоли зори бедилонро,

            Ки бар дил доғи дилдоре надорӣ!

            Набошад ғайри озори манат кор,

            Ки ҷуз озори ман коре надорӣ”.

(Яҳё Оринпур. Аз Сабо то Нимо ҷ. 2. Теҳрон. 1350 ҳ.ш. С. 152)

Ҳамчунин Насрободӣ (асри ХVII) дар тазкираи хеш аз таснифсозони аҳди Шоҳаббоси Кабир аз ҷумла Шоҳмуроди Хонсорӣ (соли ваф. 1038 ҳ.қ./1628-1629м) ёд карда, баъд аз зикри мухтасари тарҷумаи ҳолаш, таъкид медорад, ки “аксари тасонифаш шеър аст” (Тазкираи Насрободӣ. с. 319).  Насрободӣ дар бораи Хонсорӣ маълумот дода, ёдрас мешавад, ки Хонсорӣ таснифи зерро дар оҳанги “Дугоҳ” ва “Навруз”-у “Сабо” эҷод карда мавриди ташвиқу инъоми Шоҳ Аббос қарор гирифтааст:

            “Сад доғ ба дил дорам з-он дилбари шайдойӣ,

            Озурда диле дорам, ман донаму расвойӣ.

Мунтаҳо, дар охири қарни Х1Х ва ибтидои қарни ХХ ағлаби таснифҳое, ки сохта мешуданд, то ҳадде аз авзони арӯзӣ озод буда, тавре ки нахустин гирдоваранда ва муҳаққиқи таснифҳои халқии форсӣ В.А.Жуковский исбот кардааст, бар пояи вазни ҳиҷоӣ, чун асли тоисломии хеш бунёд шудаанд (Жуковский. с. 5).

Яке аз муҳаққиқони таснифҳои форсӣ, донишманди покистонӣ Мунибурраҳмон таснифҳои халқиро ба се гурӯҳи зайл ҷудо кардааст:

а) таснифҳои рӯзмарра; б) таснифҳои ошиқона; в) таснифҳое, ки дар муносибатҳои гуногун: ҷашнҳову арӯсиҳо, лолоиҳо (аллаи кӯдак-О.Х.), сӯгвориҳо, муаммоҳо ва амсоли он хонда мешаванд (Мунибурраҳмон.  Шеъри даврони Машрута. Теҳрон. 1378 ҳ.ш. с. 115).

Дар қадим расм будааст, ки таснифҳоро хунёгарон, ба истилоҳи имрӯз овозхонони касбӣ иҷро мекарданд. Мубаллиғи асосии ин навъ сурудҳо онҳо буданд, аммо эҷодгарони ин таснифҳо худи хунёгарон ё онҳо танҳо иҷрокунанда буданд, маълум нест.

Аз нигоҳи Мунибурраҳмон, дар гузаштаи дур дар байни мардум бештар таснифҳои рӯзмарра ҷалби таваҷҷӯҳ будааст, зеро онҳо воқеоти мухталифи таърихӣ ва муҳимеро бо оҳанги ҳаҷву тамасхур инъикос менамудаанд, ки аз даҳон ба даҳон гузашта, бархе аз онҳо дар таърихномаҳо ва тазкираҳо сабт гардида, то замони мо расидаанд.

Мутаассифона аз таснифҳои баъд аз Ислом, ки ба вазни ҳиҷоӣ гуфта шуда бошанду марбути таснифи рӯзмарраӣ бошанд, то ҳамлаи муғул, зоҳиран, танҳо як намуна боқӣ мондааст. Ин тасниф ба асри Х1 мансуб аст. Ибни Ровандӣ дар “Роҳат-ус-судур” онро зимни шарҳи ҳоли Аҳмад ибни Аттош (ваф.1056 м), яке аз роҳбарони барҷастаи мазҳаби исмоилия, ки Султон Муҳаммади Салчуқӣ (ваф. 1118 м) ӯро ба асорат гирифта, савори уштур дар кӯчаҳои Исфаҳон мегардонд ва ҳазорҳо марду зан дар кӯчаву бозор ба тамошо баромада буданд ва муханнисон пеш-пеши ӯ “бо таблу дуҳулу даф” ҳарораи зерро мехонданд:

            Аттош олӣ, ҷони ман Аттоши олӣ!

            Миёни сар ҳилоле туро ба Дез чӣ кору.

иқтибос кардааст.

Устод Маликушшуаро Баҳор дар мавриди ин тасниф шарҳи ҷолиберо ирода дошта, дар ибтидо таъкид медорад, ки “ин ҳарора... ба вазни сездаҳиҷоӣ” буда, мисраи сонӣ шояд ғалат сабт шуда “ва саҳеҳи он чунин аст: Миёни сари ҳолии (холии) туро ба Дез чӣ кору” Сипас ин байтро чунин шарҳ медиҳад: “Эй Аттоши олимартаба, ҷони ман, эй Аттоши олимартаба! Миёни сарат холӣ аз мағз аст. Туро ба Дез кӯҳ чӣ кор” Агар “ҳилоле” хонда шавад, таъкид медорад М. Баҳор, як ҳиҷо зиёд мешавад ва мисраъ маънӣ намедиҳад. Устод бо ин ақидааст, ки ин тасниф бо гӯиши мардуми Исфаҳон сохта шуда, “луғати “ҳолӣ” агар дуруст бошад, ҳамон “ҳолӣ” аст, ки ҳарфи “х” ба ҳарфи “ҳ” бадал шуда, чун ки лурҳо “холу (тағо-О.Х.)-ро “ҳолу” гӯянд” (Баҳор ва адаби форсӣ. с. 116).

Маҳз ҳамин табиати танзу нешханди таснифи рӯзмарра боиси он гардид, ки дар авохири асри Х1Х ва ибтидои қарни ХХ ба иртиботи ҷунбишҳои таҷаддудхоҳиву Машрута ин навъи тасниф муравваҷ гардида, силоҳи таблиғотии машрутахоҳон гардад.

Барои мисол, яке аз таснифи маъруфи рӯзмарраи охири асри Х1Х таснифест, ки мардум дар бораи Султон Масъудмирзо Зилсултон, бародари калонии Музаффариддиншоҳ – ҳукмрони тамоми вилоёти ҷанубии Эрон, ки аз хӯйи баду бадахлоқиву зулмаш мардум, махсусан, исфаҳониҳо ба дод омада буданд, маҳсуб мешавад. Падараш Носириддиншоҳ аз ӯ бимнок шуда соли 1886 м. ҳама ихтиёротро, ба ҷуз вилояти Исфаҳон аз ӯ мегирад. Аз ин мардум бисёр хушнуд шуда, таснифҳои зиёде сохта дар кучаву бозор бо созу овоз мехонданд, ки яке аз он ин аст:

            Гории (аспаробаи-О.Х.) амирзода ку?

            Ҷоми пур аз бода ку?

            Он бачаи содда ку?

            Шоздаҷон (Шоҳзодаҷон-О.Х.) хуб кардӣ рафтӣ.

            Қочи зин бигир наяфтӣ!

 

            Ку Исфаҳон пойтахти ман?

            Ку тӯпчиву ку тахти ман?

            Ку ҳукми сахти ман?

            Эй Худо бубин ин бахти ман!

                        Шоҳ бобо, гуноҳи ман чӣ буд?

                        Ин рӯзи сиёҳи ман чӣ буд?

            Ку Исфаҳон, ку Шерозе?

            Ку Соримуддавлаи пурнозе?

            Ку тӯпчиву ку сарбозе?

                        Шоҳ бобо, гуноҳи ман чӣ буд?

                        Ин рӯзи сиёҳи ман чӣ буд? (Оринпур. ҷ. 2. с. 157)

Аз ин қабил таснифҳои рӯзмарра метавон мисолҳои фаровон овард, аммо аз маҷоли ин мухтасар хориҷ аст. Дар асоси таснифҳои дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ аз манотиқи гуногуни Эрон ҷамъовардаи шарқшиносони маъруф В.А.Жуковский ва Эдвард Браун метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки дар ин давра тасниф ба таври густурда мунъакискунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва мадании Эрони ин давра будааст. Мутаассифона, то ба имрӯз ин таснифҳо мавриди таҳқиқу омӯзиши густурдаи ҷомеашиносону фолклоршиносони эрониву эроншиносон қарор нагирифтаанд.

Дигар навъи тасниф, таснифи ошиқона буда, он аз лиҳози мазмуну корбурди саноеи бадеъ ба ғазал наздик аст. Гузашта аз ин, аз нигоҳи шевоию нафосат ҳам бо ғазали зебову дилангез ҳамхонӣ дорад. Аз ин ҷост, ки яке аз сайёҳони аврупоӣ ба номи Эвард Эскот Воринг дар ёддоштҳои сафараш зери унвони “Сафаре ба Шероз” тарзи иҷрои таснифро дар Шерози асри Х1Х хело моҳирона тасвир кардааст. Порчаеро аз навиштаи ӯ аз китоби Мунибурраҳмон иқтибос мекунем:

“Баъзе аз риҷол писаракони гурҷиро ба хидмати худ дароварда ва ба онҳо овозу хунёгарӣ ёд медиҳанд, то дар маросиму ҷашнҳо ба ҳунарнамоӣ бипардозанд. Таронаҳои форсӣ ширину шево ва дилангез аст. Вақте ки бо мусиқӣ ҳамроҳ мешавад, ҳаловати он дучандон мегардад. Таронаҳои онҳо дар бораи маю зебоист, ки бо шикваву шикоят аз сангдилии маъшуқ омехта шудааст” (Мунибурраҳмон. Шеъри даврони Машрута. с. 120). Сипас Мунибурраҳмон ду порча таснифи зери ошиқонаи зеборо овардааст:

            Биё соқӣ, ки ман мурдам,

            Кафан аз барги токам кун.

            Зи оби май бидеҳ ғуслам,

            Дари майхона хокам кун.

                        Имон дорам, ман вафодорам,

                        Ту ноз макун, ман ниёз дорам.

Ва:

            Ишқ панҷае дорад оҳанин

                                               Эй Худо.

            Чун бароварад сар зи остин,

                                               Эй Худо.

            Сад ҳазор шаҳ банда мешавад,

                                               Эй Худо.

            Бар дари Аёз чун Сабуктегин

                                               Эй Худо.

            Эй қашанг, машанги малусам,

            Изн бидеҳ, то лабатро бибӯсам.

                                                                       [ҳамон ҷо].

Тавре ки қаблан ёдрас шудем, сабки тасниф муҳовираист (гуфтугӯист), ки барои ҳамаи анвои он қоидаи ҳатмист. Аз ин ҷост, ки мусташриқи маъруфи франсавӣ Анри Массэ забони таснифро забони “бозорӣ” номида, ҳазфи овози ҳиҷоҳо ва табдили иттифоқии қофия ба ҳамсадоро аз вижагии умумии ин жанр номидааст (иқтибос аз Мунибурраҳмон. С.121). Бад-ин робита, вижагии дигари тасниф, ки бахши муҳиму зарурии он буда, ба мазмуни аслии тасниф рабте надорад, радиф аст. Ва мавҷудияти радиф дар тасниф боиси он гардидааст, ки дар гузашта ва ҳоло ба ашъори шоирони маъруф тасниф баста шавад. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкирааш менигорад, ки Ибни Ҳисоми Ҳиравӣ (ваф.737 ҳ.қ./1336-37м.) мустазоде эҷод карда ва ба он “Хоҷа Абдулқодири Удӣ таснифеву қавле ба он сохт ва он мустазод ин аст:

            Он кист, ки тақрир кунад ҳоли гадоро,

                                                           Дар ҳазрати шоҳе.

            Аз ғулғули булбул чӣ хабар боди саборо,

                                                           Ҷуз нолаву оҳе.

            Розеву зару зӯр бувад мояи ошиқ,

                                                           Ё раҳм зи маъшуқ.

            Моро зарузӯр на, худ раҳм шуморо,

                                                           Бас ҳоли табоҳе”

                                                                       (Тазкират-уш-шуаро. с. 169-170)

Мирзо Тоҳири Насрободӣ низ дар тазкираи хеш зимни ёдоварӣ аз таснифсозии Шоҳмуроди Хонсорӣ, ки зикраш дар боло гузашт, ҳамчунин аз Оқо Қавомиддин ном шоиру аъёни Мозандарон ёд мекунад, ки “дар ҷанги Гурҷистон... ба қатл расид... ва таснифи машҳуре, ки дар нағмаи баёту усули равонӣ ҷиҳати ӯ бастаанд ин аст:

            Маро Қавомуддини солор гуме. Ҷонам шарбате”

                                                                                  (Тазкираи Насрободӣ. с. 52)

Ин қабил таснифҳо, ки баъдан муравваҷ гардид, аз адабиёти китобӣ, ба вижа аз осори Хайёму Саъдиву Ҳофиз ба таври фаровон таъсирпазир ва иқтибос низ кардаанд. Гузашта аз ин, ин навъ таснифҳо ба тадриҷ ба адабиёти китобӣ роҳ ёфта, аз нигоҳи забону сабк ба забони меъёри адабӣ наздиктар мешаванд ва муҳаққиқин ин қабил таснифҳоро “таснифи адабӣ” номгузорӣ кардаанд.

Бад-ин робита, агар мо таснифҳои мардумиро бо таснифҳои адабӣ ба муқоиса гирем тафовутҳоеро мушоҳида мекунем. Ин тафовутҳоро доктор Мунибурраҳмон хеле дақиқ аз қарори зайл мушаххас кардааст: “Аз муқоисаи байни ин навъ тасниф ва ҳамтои мардумии он, ишороти мутафовити зер ҳосил мешавад: аввалан, таснифи адабӣ мазомини иҷтимоиро дар меҳвари таваҷҷӯҳи худ дошт ва сониян, ба лиҳози корбасти забон ва ташбеҳоту истиъорот ба суннати адабии мушобеҳе вобаста” (Мунибурраҳмон. С.123) аст.

Инҷо бояд ба як нукта ишорат кунем, ки таснифҳои адабӣ, тавре ки аз намунаи андакаш мушоҳида шуд, дар баробари мазмунҳои иҷтимоӣ, ҷанбаи лирикию ошиқона низ бештар доранд. Зеро бештар ба ашъори лирикии классикон тасниф баста шудааст. Аммо дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ Эрон тасниф бо таъсирпазирӣ аз осори назми китобӣ махсусан, аз мавзӯъ ва мазмунҳое, ки дар адабиёти наву таҷаддудхоҳи замон, доираи мавзӯи иҷтимоӣ ва сиёсии хешро гусдариш дод.

Ба таъбири дигар, аз оғози ҷунбиши Машрута, (1905-1911) шеъру адаби форсӣ бештар ба сӯи мавзӯъҳои милливу ватанпарастӣ гароид. Чун ин ашъор ҷанбаи таблиғотиву рӯшангароӣ дошту ба хидмати тӯдаҳои мардуму аҳдофи инқилоб буд, аз ин рӯ, он бояд бо забони содда ва дар вазну қолабҳои дархури завқу салиқаи мардум бошад. Аз ин ҷост, ки суханварону мубаллиғини инқилоб ин жанрро мувофиқ ба аҳдофи худ дида, аз қолаби он истифода бурданд. Таснифҳои инқилобию ватанӣ ба табъи мардум созгор омад, аз ин рӯ, ба маҳзи интишор дар миёни мардуми кӯчаву бозор ба даҳонҳо меафтоду эҳсоси худогоҳии онҳоро бедор ва мардумро ба ҷунбишу мубориза бо режими истибдодӣ бармеангехт. (Олим Хоҷамуродов. Адабиёти аҳди Машрутаи Эрон. 2004. С.15)

Матбуоти даврии аҳди Машрута саршор аз ин навъ таснифотҳост, ки муаллифонашон ашхоси касбу кори гуногун буда, бештари онҳо бо исми мустаор ба чоп расида, ба зудӣ вирди забонҳо гаштаанд. Эдвард Браун дар китоби хеш “Таърихи матбуот ва адабиёти Эрон дар давраи Машрутият” намунаҳои машҳуртарин таснифҳои дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаро ҷой додааст.

Аксари шоирони инқилобии аҳди Машрута, мисли Ашрафиддини Гелонӣ, М.Баҳор, Абдулқосим Лоҳутӣ ва Орифи Қазвинӣ таснифҳои ватанӣ гуфтанд. Э. Браун дар китобаш таснифи Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар қолаби “Лолоӣ (аллаи модар-О.Х.)” суруда шудаву саршор аз эҳсоси ватанпарастист ва таснифи М.Баҳорро, ки ба ҳоли Ватан нола мекунад, ҷой додааст (Браун. Асари номбурда. с. 228, 278).

Дар ин миён барҷастатарин таснифсарои ин давра Орифи Қазвинӣ (1880-1933) маҳсуб мешавад. Зеро дар эҷодиёти Ориф жанри тасниф, ба вижа таснифи ватанӣ мавқеӣ асосӣ пайдо кардааст.

Ба қавли Яҳёи Оринпур: “Ориф ба тасниф сурати шоирона дод ва хидмати бузурге ба мусиқии Эрон, минҳайси вазну тасниф намуд, яъне таснифро аз ҳоли фалокате ки дошт, берун овард. Барои тарбияти ахлоқӣ ва эҷоди ҳисси Ватан ва ишоъаи забон ва тарвиҷи як ақида дар ҳар ҷомеае, ки фарз намоед, тасниф аҳамияти фавқулодда дорад ва Ориф қабл аз ҳама мултафити ин маънӣ гардид” (Оринпур. ҷ.2. С. 160).

Имтиёзи бузурги таснифҳои Орифи Қавинӣ дар он аст, ки ӯ худаш ҳам шоир ва ҳам оҳангсозу овозхон буд ва дар миёни тӯдаҳои мардум бо маҳорату устодии фавқулоддае таснифҳои миллиашро иҷро мекард.

Ба шоҳидии доктор Ризозода Шафақ: “ Дар акнофи Эрон метавон гуфт, камтар касест, ки номи Ориф ба гӯши ӯ нарасидаву ҳоли ӯро ба ҳам назада бошад. Ва дар воқеъ, вақте ки шоир мегӯяд: “Садои нолаи Ориф ба гӯши ҳар ки расид. Чу даф ба сар заду чун чанг дар хурӯш омад”. Тамоми баёни ҳақиқат менамояд. Чӣ ки дар тамоми давраи инқилоб ҳеҷ қалам ва ҳеҷ нутқе натавонист дили мардуми Эронро монанди суханони Ориф ба ларза дарорад” (Орифи Қазвини. Девон. Теҳрон-Берлин. 1924 с. 55).

Таснифҳои Ориф бисёр содда ва ҳатто аз ғазалҳои ӯ ҳам соддатаранд. Таснифҳои шоир монанди ғазалҳо ва дигар ашъори Ориф ба муносибате ва таърихи муайян, дар дастгоҳу (оҳангу) ҷои муайяне суруда шудаанд ва гузашта аз ин, дар ду вазн эҷод шудаанд. Яъне, ҳам дар авзони арӯзӣ ва ҳам бар пояи вазни ҳиҷо, ки асос ва шолудаи вазни таснифи мардумист. Хушбахтона, Ориф таърихи эҷоди ҳар як таснифи худро баён дошта, ба кадом манзур ва ё ҳадаф эҷод шудани онҳоро зикр кардааст, ки барои муҳаққиқони эҷодиёташ арзиши зиёде дорад. Девони шоир соли 1924 дар Берлин бо муқаддимаи муфассали доктор Ризозода Шафақ ва шарҳи ҳолаш ба қалами худаш ба чоп расида буд, ки муштамил аз 97 ғазал, 89 тасниф ва 12 ашъори ҳаҷвӣ мебошад. Девони мазкур баъд аз вафоти шоир, соли 1321 ҳ.ш (1942) аз тарафи Ҳодии Ҳойирӣ бо иловаи ашъори чопнашудаи Ориф дубора чоп шуда, баъдан чаҳор маротиба таҷдиди чоп гардидааст.

Воқеан, муҳаққиқини адабиёти муосири Эрон ҳама бар он ақидаанд, ки таснифҳои ватаниву инқилобӣ маҳз дар эҷодиёти Орифи Қазвинӣ нумӯъ ёфт. Ба қавли худи шоир, ки дар тарҷумаи ҳолаш гуфтааст: “...агар ман хидмате дигар ба мусиқӣ ва адабиёти Эрон накарда бошам, вақте таснифҳои ватанӣ сохтам, ки эронӣ аз ҳар даҳ ҳазор нафар як нафараш намедонист, Ватан яъне чӣ?” (Ҳамон ҷо. с. 4).

Чуноне ки зикр шуд, бартарии таснифҳои Орифи Қазвинӣ аз дигарон он буд, ки ӯ худаш ба онҳо оҳанг мебасту месуруд. Аз ин рӯ, таснифҳояш дар аҳди Машрута ва баъд аз он низ вирди забони омма буда, овозхонҳои зиёде онҳоро месуруданд. Мунтаҳо ба сабаби ба нота нагирифтани онҳо (худи Ориф нотаро намедонист) то ба имрӯз он оҳанге, ки ӯ ба ҳар як таснифаш баста буд, ба таври аввалааш боқӣ намондааст. Худи Ориф дар ин бора ба таассуф навиштааст: “Набудани ишороти “нут” бузургтарин бадбахтии мусиқии Эрон аст ва илло оҳанги дар дили шаб пайдо кардаи Шайдо (Алӣ Акбари Шайдо оҳангсозу ғазалсарои маъруфи Эрон-О.Х.) аз миён намерафт. ....Аз дилтангиҳои ман яке, ин ки дар ҳамин давраи зиндагонии худам, ман он чиро ки ба номи ман мехонанд, ағлаб ғалат аст...” [ҳамон ҷо].

Тавре ки ёд шуд, таснифҳои Ориф ҳар яке ба муносибате ва ё воқеае гуфта ва суруда шудааст. Яке аз таснифҳои машҳури аҳди Машрутаи ӯ “Ҳангоми маю фасли гулу гашти чаман шуд” ном дошта, соли 1327 ҳ.қ./1909 м. ба муносибати фатҳи Теҳрон ва ба ёди аввалин қурбониёни роҳи озодӣ эҷод ва аз тарафи худи шоир дар оҳанги “Даштӣ” суруда шудааст. Ин тасниф дар он рӯзҳо шӯру валвалае ба по карда, муддатҳо вирди забонҳо будааст.

Инак чанд пораи онро меорем:

Ҳангоми маю фасли гулу гашти (ҷонам гашт, Худо гашт) чаман шуд,

Дарбори баҳорӣ тиҳӣ аз зоғу (ҷонам зоғу, Худо зоғу) заған шуд.

Аз абри карам хиттаи Рай рашки Хутан шуд,

Дилтанг чу ман мурғи қафас баҳри Ватан шуд.

Чӣ каҷрафторӣ эй чарх, чӣ бадкирдорӣ эй чарх, сари кин дорӣ эй чарх,

На дин дорӣ, на ойин дорӣ, эй чарх!

 

Аз хуни ҷавонони Ватан лола дамида,

Аз мотами сарви қадашон сарв хамида.

Дар сояи гул булбул аз ин ғусса хазида,

Гул низ чу ман дар ғамашон ҷома дарида.

Чӣ каҷрафторӣ эй чарх, чӣ бадкирдорӣ эй чарх, сари кин дорӣ эй чарх,

На дин дорӣ, на ойин дорӣ, эй чарх! (Девон. с. 343).

 

Ҳар як таснифҳои Ориф дар ҷомеаи он вақти Эрон зуд мавриди истиқболи васее қарор гирифта, аз забон ба забонҳо паҳн мешуданд.

Як нуктаро ҳам бояд ёдовар шуд, ки Орифи Қазвинӣ дар паҳлӯи таснифҳои ватаниву иҷтимоӣ таснифҳои ошиқонаи зебое ҳам сурудааст, ки то ба имрӯз вирди забонҳост ва дар ҷашну сур ва маҷлисҳои хоса мардуми Эрон онҳоро месароянд.

Барои намуна, таснифи бисту якуми ӯро, ки соли 1921 м. дар “дастгоҳи Афшор” суруда шудааст, иқтибос мекунем:

            Имрӯз, эй фариштаи раҳмат, бало шудӣ,

            Хушгил шудӣ, қашанг шудӣ, дилрабо шудӣ.

            По то ба сар карашмаву сар то ба пой ноз,

            Зебо шудӣ, лаванд шудӣ, хушадо шудӣ.

            Худ соате дар ойина атвори худ бубин,

            Ман оҷизам аз ин ки бигӯям чиҳо шудӣ.

            Баҳ-баҳ чи хуб шуд, ки гирифторӣ чун худӣ,

            Гаштиву хубтар, ки ту ҳам мисли мо шудӣ.

            Номат шифои ҳар марази ошиқон шудаст,

            Эй мояи ҳаёт ҳадиси касо шудӣ.

            Ҳар кас ба дил зиёрати кӯят кунад ҳавас,

            Машҳад, Мадина, Макка шудӣ, Карбало шудӣ. (Девон. с. 265).

Баррасии як-яки таснифоти Орифи Қазвинӣ аз маҷоли як мақола хориҷ буда, рисолаи ҷудогонаеро тақозо мекунад. Аз ин намунаи андак, метавон ба хулосае омад, ки жанри тасниф дар эҷодиёти Орифи Қазвинӣ дорои шаклу вазни воҳиде набуда, вобаста ба мазмуну оҳанг мисраъҳо дарозу кӯтоҳ ва ритму зарби хосеро ба худ мегирад, мунтаҳо дар тамоми таснифоти шоир забони гуфторӣ ва рӯҳи мардумии он ҳифз шудааст.

Дар нимаи аввали қарни ХХ жанри тасниф басту такомули хешро ҳамчун як жанри адабӣ маҳз дар эҷодиёти Орифи Казвинӣ пайдо карда вориди адабиёти мактуби форсӣ гардидааст. Имрӯз дар адабиёти муосири Эрон, ин жанр хело муравваҷ буда, шоироне ҳастанд, ки як ҷо бо оҳангсозон таснифсозӣ мекунанд.

Акнун вақти он расидааст, ки дар асоси маводи ҷамъкардаи шӯъбаи фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ АМИТ ба таври типологӣ омӯхтани таронаҳои халқии кишварҳои қаламрави забони форсӣ оғоз ва раванди басту такомули ваҳдати фарҳангиву адабии Хуросони бузург мушаххас гардад.

Сарходими илмии Маркази мероси хаттӣ,

д.и.ф. профессор Олимҷон Хоҷамуродов

 

صفحه‌ها