Имрӯз (10.04.2026) соати 09:00 дар Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идомаи ҳамоиши илмӣ ба муносибати “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” дар мавзуи “Масъалаҳои муҳимми илми шарқшиносии тоҷик дар замони Истиқлоли миллӣ: натиҷа ва дурнамо” баргузор гардид. Дар идомаи чорабинӣ кормандон илмии Марказ дар мавзуъҳои “Шоҳнома”-и мондагор ва иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат (ба муносибати иқдоми тақдими “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба ҳар хонадони Тоҷикистон то баргузории озмуну истиқболи мардум)”; “Муруре ба фаъолиятҳои анҷомшуда барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва фарҳанги худшиносӣ дар замони Истиқлол”; “Равишҳои таҳқиқ ва омодасозии нусхаҳои хаттӣ барои нашри факсимилӣ”; “Назария ва амалияии неруи нарми давлатҳои арабии Халиҷи Форс ва таъсири он дар Осиёи Марказӣ”; “Робитаҳои илмӣ-фарҳангии Тоҷикистону Эрон”; “Нигоҳе ба муштаракоти фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон”; “Тарҷумаи арабии “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ (тарҷумаи Бундории Исфаҳонӣ)”; “Шоири шакаршикан – тоҷири шакарфурӯш”; “Фирдавсӣ ва шоирони ҳамасри Рӯдакӣ”; “Ҳаёт ва фаъолияти Носеҳуддини Арҷонӣ”; “Сатҳи омӯзиши классикони адабиёти тоҷик дар давраи баъди соли 1929”; “Назари педагогии Шоҳ Валлиуллоҳи Деҳлавӣ”; “Истиқлоли давлатӣ ва рушди шарқшиносии тоҷик”; “Таҳаввули муносибатҳои Ҳиндустон ва Афғонистон”; “Ҷилди нусхаҳои хаттӣ ва тарзи сохтани он” ва “Нақши илм дар рушди ҷомеа” маърузаҳои илмӣ ироа намуданд.
Ширкаткунандагони конфронс пас аз шунидани маърузаҳои илмӣ ва баррасиву муҳокимаи онҳо таъкид намуданд, ки ин маърузаҳо дар шакли мақолаҳои тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ва илмӣ-оммавӣ чоп карда шаванд.
Дар конфронс қарор карда шуд, ки барои чорабиниҳои илмӣ дар оянда теъдоди мақола боз ҳам афзоиш дода шаванд, зеро баргузории чунин конфронсу ҳамоишҳои илмӣ фурсати хубе барои пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ мебошанд, ки лозим аст аз ин фурсат ба сурати самаранок истифода гардад.
