(ШАҲРИ ПАРИЖ, ФАРОНСА)
Рӯзҳои 11–14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, Ҷумҳурии Фаронса, дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз», намоиши ҷашнӣ бахшида ба бузургдошти шахсияти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ баргузор гардид.
Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ бо як гӯшаи вижа, ки ба муаррифии дастхатҳои нафису нодири марбут ба осори Хоҷа Ҳофиз ихтисос дода шуда буд, фаъолона ширкат варзид. Мирзоев Иззатулло, мудири Шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ ва Назаров Маҳмуд корманди Марказ, ҳамчун намояндагон ва шахсони масъули омодасозии гӯшаи намоишии Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ иштирок намуданд.
Дар доираи намоиш аз Ганҷинаи нусхаҳои хаттии Марказ 15 нусхаи арзишманди дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки аз лиҳози илми нусхашиносӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти хос доранд, пешниҳоди тамошобинони байналмилалӣ гардонида шуд. Аз ҷумла:
Нусхаи №426 – яке аз қадимтарин ва пурарзиштарин нусхаҳои мусаввари «Девон»-и Ҳофиз, ки дар миёни ганҷинаҳои дастхатҳои шарқи исломӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Ин нусха бо нақшу нигори нодири минеатурӣ ва ороишоти рангоранг фарқ мекунад ва намунаи барҷастаи ҳамгироии шеър ва рассомии китобӣ ба шумор меравад.
Нусхаи №704 – нусхаи муътабари «Девон»-и Ҳофиз бо муқаддимаи Муҳаммад Гуландом, яке аз маъруфтарин мураттибон ва шарҳнависони асрҳои миёна, ки дар шаклгирии матни классикии девон нақши муҳим доштааст. Ин муқаддима дар баррасии интиқодии осори Ҳофиз ва сабки ғазалсароиаш аҳамияти вижа дорад.
Нусхаи №1299 – «Девон»-и Ҳофиз, ки нусхаи музаҳҳабу мунаққаш бо хатти шевои хаттоти маъруф Муҳаммад Ҷаъфар ибни Алӣ мебошад, ин нусха намунаи барҷастаи санъати китобсозии суннатии тоҷикон аст.
Нусхаи №2586 – «Девон»-и Ҳофиз дастнависи нодир бо хатти Мирзо Довудхоҷа, ки бо устодии хоси худ ба таври равон, дақиқ ва зебо ғазалиёти Ҳофизро ба шакли хаттии муътамад ба рӯи коғаз овардааст.
Нусхаи №560 – нусхаи беназири асари «Ҳалли луғот», ки фарҳанги шарҳи калимаҳои душворфаҳми Девони Ҳофиз мебошад. Ин матн барои таҳқиқоти адабӣ ва фаҳми дақиқи лафзи шеъри Ҳофиз манбаи беназир ва арзишманд аст.
Як китоби чопи сангии Девони Ҳофиз (таърихи интишор: қарни XIX) – намунаи нодири чопи сангӣ бо услуби анъанавии хаттӣ ва ҳунари чопи шарқӣ. Ва 10 қитъаи хушнависии мустақил аз шоҳбайтҳои маъруфи Хоҷа Ҳофиз, ки дар қарнҳои XV–XIX бо хатҳои настаълиқ, шикаста ва сулс навишта шудаанд. Ин қитъаҳо, ки ба таври мустақил ҳифз гардидаанд, на танҳо намунаҳои олии санъати хушнависӣ, балки гувоҳи эҳтироми ҳазорсола ба шеъри Ҳофиз мебошанд.
Мавод ва нусхаҳои ба намоиш гузошташуда, ки бо интихоб ва баррасии дақиқ ва дар асоси арзишҳои илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ баргузида шуда буданд, тавонистанд фазои эстетикӣ, маънавӣ ва ҳунарии осори Хоҷа Ҳофизро дар муҳити байналмилалӣ ба таври муассир инъикос намоянд. Ин нусхаҳо на танҳо аз нигоҳи илмии нусхашиносӣ ва санъати китобсозӣ, балки бо зебоии визуалӣ ва ҳунари олии хаттотӣ таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб намуданд. Намояндагони Маркази мероси хаттӣ бо риояи меъёрҳои муосири муаррифии мероси хаттӣ ва талаботи қароргоҳи ЮНЕСКО талош варзиданд, ки шеъри Ҳофизро ҳамчун як падидаи ҷаҳонии фарҳанг ва маънавият ба меҳмонони хориҷӣ бо шефтагӣ ва масъулияти баланд муаррифӣ намоянд.
Дар бахши ифтитоҳии намоиш хонум Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонум Лидия Брито, муовини Дабири кулли ЮНЕСКО, доир ба мақому манзалат ва саҳми ҷовидонаи Хоҷа Ҳофиз дар рушди адабиёти ҷаҳонии форсӣ-тоҷикӣ суханронӣ намуданд.
Мо, Мирзоев Иззатулло ва Назаров Маҳмуд, аз номи Маркази мероси хаттӣ бо ифтихор изҳор медорем, ки иштироки Тоҷикистон дар чунин як ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти Хоҷа Ҳофиз, балки муаррифии шоистаи фарҳанги хаттии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буд. Ин таҷриба ба мо руҳияи тоза ва илҳоми бештар дар роҳи ҳифз ва рушди мероси хаттӣ бахшид.