Дар таърихи 03.07.2025, бо ибтикори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва қатаоти хушнависӣ аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор карда шуд. Ин намоиш дар партави ҷашни 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ сурат гирифт, ки чанд рӯз пеш 11–14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз», намоиши ҷашнӣ бахшида ба бузургдошти шахсияти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ баргузор гардид.

     Дар намоишгоҳи Маркази мероси хаттӣ китобҳои дастнавис, чопи сангӣ ва қатаоти хушнависии ашъори Ҳофизи Шерозӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

       Чорабиниро директори Маркази мероси хаттӣ н.и.т. Раҳматкарими Давлат оғоз бахшида, маълумоти лозимаро аз китобҳои дастнавис, чопи сангӣ ва қатаоти хушнависи ашъори Ҳофизи Шерозӣ, ки дар ганҷинаи ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев нигаҳдорӣ мешаванд, ба самъи ҳозирин расонида, аз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахзода хоҳиш намуд, ки намоишгоҳро расман кушода эълон намояд.

       Сипас, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қ.Хушвахтзода аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, дар ин замина баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди илмиву фарҳангиро ба муносибати бузургони тоҷику форс дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бузургдошти шоиру мутафаккири барҷастаи мо Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозиро дар ЮНЕСКО фоли нек арзёбӣ намуд. Ӯ зикр намуд, ки давоми сол чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ба муносибати ин шахсияти машҳури ҷаҳонӣ – Ҳофизи Шерозӣ идома хоҳад кард.

      Мудири шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ Иззатулло Мирзоев, ки дар намоиши нусхаҳои хатти осори Ҳофиз дар шаҳри Париж иштирок дошт, дар мавриди истиқболи гарму самимии муҳаққиқону иштирокдорони намоиши ЮНЕСКО ёдоварӣ карда, дар идома ба меҳмонону  ҳозирин аҳамияту арзиши илмии дастнависҳову қатаоти хушнависии ашъори Ҳофизи Шерозиро  тавсиф намуд.

       Бояд зикр намуд, ки дар Ганҷинаи ба номи академик А.Мирзоеви ММХ 200 девони дастнавис, 50 китоби чопи сангӣ ва 30 қитъаи хушнавис нигаҳдорӣ мешавад, ки аксарияти он ба намоиш гузошта шуд.

        Дар доираи намоиши ЮНЕСКО дар шаҳри Париж аз Ганҷинаи нусхаҳои хаттии Марказ 15 нусхаи арзишманди дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки аз лиҳози илми нусхашиносӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти хос доранд, пешниҳоди тамошобинони байналмилалӣ гардонида шуд. Аз ҷумла:

      Нусхаи №426 – яке аз қадимтарин ва пурарзиштарин нусхаҳои мусаввари «Девон»-и Ҳофиз, ки дар миёни ганҷинаҳои дастхатҳои шарқи исломӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Ин нусха бо нақшу нигори нодири минеатурӣ ва ороишоти рангоранг фарқ мекунад ва намунаи барҷастаи ҳамгироии шеър ва рассомии китобӣ ба шумор меравад.

        Нусхаи №704 – нусхаи муътабари «Девон»-и Ҳофиз бо муқаддимаи Муҳаммад Гуландом, яке аз маъруфтарин мураттибон ва шарҳнависони асрҳои миёна, ки дар шаклгирии матни классикии девон нақши муҳим доштааст. Ин муқаддима дар баррасии интиқодии осори Ҳофиз ва сабки ғазалсароиаш аҳамияти вижа дорад.

       Нусхаи №1299 – «Девон»-и Ҳофиз, ки нусхаи музаҳҳабу мунаққаш бо хатти шевои хаттоти маъруф Муҳаммад Ҷаъфар ибни Алӣ мебошад, ин нусха намунаи барҷастаи санъати китобсозии суннатии тоҷикон аст.

      Нусхаи №2586 – «Девон»-и Ҳофиз дастнависи нодир бо хатти Мирзо Довудхоҷа, ки бо устодии хоси худ ба таври равон, дақиқ ва зебо ғазалиёти Ҳофизро ба шакли хаттии муътамад ба рӯи коғаз овардааст.

         Нусхаи №560 – нусхаи беназири асари «Ҳалли луғот», ки фарҳанги шарҳи калимаҳои душворфаҳми Девони Ҳофиз мебошад. Ин матн барои таҳқиқоти адабӣ ва фаҳми дақиқи лафзи шеъри Ҳофиз манбаи беназир ва арзишманд аст.

         Як китоби чопи сангии Девони Ҳофиз (таърихи интишор: қарни XIX) – намунаи нодири чопи сангӣ бо услуби анъанавии хаттӣ ва ҳунари чопи шарқӣ. Ва 10 қитъаи хушнависии мустақил аз шоҳбайтҳои маъруфи Хоҷа Ҳофиз, ки дар қарнҳои XV–XIX бо хатҳои настаълиқ, шикаста ва сулс навишта шудаанд. Ин қитъаҳо, ки ба таври мустақил ҳифз гардидаанд, на танҳо намунаҳои олии санъати хушнависӣ, балки гувоҳи эҳтироми ҳазорсола ба шеъри Ҳофиз мебошанд.

        Мавод ва нусхаҳои ба намоиш гузошташуда, ки бо интихоб ва баррасии дақиқ ва дар асоси арзишҳои илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ баргузида шуда буданд, тавонистанд фазои эстетикӣ, маънавӣ ва ҳунарии осори Хоҷа Ҳофизро дар муҳити байналмилалӣ ба таври муассир инъикос намоянд. Ин нусхаҳо на танҳо аз нигоҳи илмии нусхашиносӣ ва санъати китобсозӣ, балки бо зебоии визуалӣ ва ҳунари олии хаттотӣ таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб намуданд. Намояндагони Маркази мероси хаттӣ бо риояи меъёрҳои муосири муаррифии мероси хаттӣ ва талаботи қароргоҳи ЮНЕСКО талош варзиданд, ки шеъри Ҳофизро ҳамчун як падидаи ҷаҳонии фарҳанг ва маънавият ба меҳмонони хориҷӣ бо шефтагӣ ва масъулияти баланд муаррифӣ намоянд.