Дар Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотираи муҳаққиқ, омӯзгор, дипломат ва шарқшиноси маъруф, собиқ директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, д.и.т., профессор Шарофиддин Имом конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор карда шуд.
Конфронси мазкур дар доираи Маҳфили “Хирад”-и назди Раёсати АМИТ анҷом дода шуда, бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти АМИТ, д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз гардид. Мавсуф аз саҳми Ш.Имом дар илму адаби тоҷик-форс ёдоварӣ намуда, фаъолиятҳои илмиву сиёсии эшонро сермаҳсулу манфиатбор барои миллату давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Сипасӣ, маърузаҳои илмии д.и.т., профессор, саркотиби илмии АМИТ, Қосимшо Искандаров зери унвони “Ҷойгоҳи Шарофиддин Имом дар афғонистоншиносии тоҷик” шунида шуд. Профессор Қ.Искандаров ҳини суханронӣ аз кору пайкори Ш.Имом ӯро ҳамчун афғонистоншиноси ботаҷриба ва муҳаққиқи дақиқназар донист.
Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Саид Ҳомид аз “Нақши Шарофиддин Имом дар таҳкими равобити Тоҷикистону Афғонистон” суханронии пурмуҳтаво ироа кард.
Мудири шуъбаи матншиносӣ ва таҳияи осори хаттӣ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ “Диди Шарофиддин Имом ба адабу фарҳанги тоҷикон”-ро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расонида, шеъри хуби эҷоднамудаашро дар васфу ёди шодравон Шарофидддин Имом қироат намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ ёду хотираҳои устодону дӯстони шодравон Ш.Имом аз қабили академик Юсуфшо Ёқуб, Хаёл Бобоев, Шоинбоди Наҷмиддин ва дигарон истиқбол гардид.
