Имрӯз (07.04.2026) соати 09:00 дар Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” шуруъ шуд. Қабл аз муаррифии кори конфронс бо чанд далел дастовардҳои яксолаи илмии олимони Марказро зикр менамоем. Бо туфайли саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон ба арсаи бузурги пажуҳишгоҳи илмӣ, коргоҳи илмӣ-амалӣ ва макони озмоишу санҷишҳои илмӣ-истеҳсолӣ табдил ёфта, "аз қаъри гили сиёҳ то авҷи кайҳон", мушкилоту муаммоҳои илм кушода мешаванд. Ва боз он чиз ҷолиб аст, ки аз таъриху адабиёт то таҳқиқи пиряху наботот фосилаи байни илм ва истеҳсолот то рафт кам мегардад. Аҳли илми Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ соли илмиро аз моҳи апрели соли гузашта то имрӯз бо чор дастоварди шоёни таҳсин ҷамъбаст намуданд. Инак пас аз 33 сол орзу ва ормони шарқшиносони маъруф Муҳаммад Осимӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадвафо Бақоев, Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Амрияздон Алимардонов ва диг. дар мавриди барқарор кардани мақоми шарқшиносӣ амалӣ гардид. Бо қарори Раёсати АМИТ бахусус ҷидду ҷаҳди академик Қобилҷон Хушвахтзода, ки дар муддати кӯтоҳи сарварӣ эътибор ва мақому обрӯи ҷаҳонии илми тоҷикро боло бурдаст, Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ барқарор гардид. Дуюмин дастовард пас аз 31 сол Феҳристи дастхатҳои нодири Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба забони тоҷикӣ аз нашр баромад. Бояд ёдрас кунем, ки феҳристнигорӣ то ин дам бо забони русӣ ба роҳ монда шуда буд. Дар ин ҷода олимон Раҳматкарим Давлатов, Шодиҷон Ёраҳматзода, Маҳмадёр Шарифов, Саидхоҷа Ализода (ёдашон ба хайр) саҳми назаррас гузоштанд. Комёбии навбатӣ, ки ба рушду манфиати илмӣ мусоидат мекунад, ислоҳоти ҷиддии самти интишоротӣ ва таҷдиди маҷаллаи илмии “Мероси Шарқ” маҳсуб мешавад. Инак маҷалла мақоми тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА)-ро соҳиб гардид. Дар ин самт сармуҳаррири маҷалла Раҳматкарим Давлатов, муовини директор Шодиҷон Ёраҳматзода, муҳаррири масъул Алӣ Муҳаммадиев саъю талоши шоёни таҳсин намоиш доданд.
Конфронсро директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ Раҳматкарим Давлатов бо мавзуи “Масъалаҳои муҳимми илми шарқшиносии тоҷик дар замони Истиқлоли миллӣ: натиҷа ва дурнамо” кушода қайд кард, ки дар шароити буҳронҳои шадиди сиёсӣ, ҳарбӣ, авзои хатарноки Шарқи Наздик, таҳдиду хавфҳои ҷаҳонишавии “самти чап”, хушунати миллӣ, бедоршавии аносири зишти тундгаро, илм моҳият, эътибор ва қурби бештареро пайдо мекунад. Ҷаҳони имрӯза дар мисоли таҷовузи абарқудратҳо ва ҳамлаҳои онҳо собит сохт, ки дастгоҳ ва мошинаи ҳарбӣ бе илму амалия санҷишу пажуҳиш, мушоҳидот дар набард оҷиз аст. Муҳимтараш он аст, ки илм бояд паҳлуҳо ва самтҳои башарӣ, инсонмеҳварӣ ва манфитабахшии хеш, орӣ аз дину сиёсат ҳифз намояд.
Баъдан Маҳмадёр Шарифов – ходими пешбари илмии шуъбаи феҳристнигории МШМХ АМИТ, оид ба “Нақши мардуми тоҷик дар мубориза бар зидди истилогарони англис солҳои 1838-1842 ва 1878-1880 дар китоби устод Ҳақназар Назаров “Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон” маъруза намуд. Дар гузориши Муҳаммадиев Алӣ, – ходими пешбари илмии шуъбаи матншиносӣ ва нашри мероси хаттии МШМХ АМИТ, оид ба дастхатҳои омӯхтанашудаи Ганҷинаи дастхатҳои ба номи А.Мирзоев дар мисоли нусхаҳои Бебок баррасӣ гардид. Ходими пешбари илмии шуъбаи омӯзиши кишварҳои Шарқи МШМХ АМИТ, Амриддин Шарифов аз пажуҳишу ҳамкории халқҳои тоҷику қазоқ дар охири асри 19 ибтидои асри 20 возеҳ гузориш дод. Профессор Ҳабибулло Раҷабов - сарходими илмии шуъбаи омӯзиши кишварҳои Шарқи МШМХ АМИТ, дар мавриди романи “Ғаддор” баёнгари фоҷиаҳои тақсимшавии Ҳиндустон дар соли 1947 маъруза кард.
Бахши аавал конфронс бо баҳсу таҳлили ҷолиб ҷамъбаст гардид. Пагоҳ 8 апрел ҳамоиши илмӣ корашро идома дода, боз 12 маърузаи ҷолиби илмиро баррасӣ мекунад.
Н.Шоҳинбод
