Наҷмиддин Шоҳинбод,
ходими илмии Маркази шарқшиносӣ
ва мероси хаттии АМИТ
Дар зодгоҳи абармардони илм Ҳақназар Назаров ва Мӯсо Диноршоев даҳаи илм бо ҷашни Поси хотири шарқшиноси маъруфи дунё профессор Ҳақназар Назаров доир гардид.
Сараввал дар оғози ҳамоиши илмӣ-оммавӣ ва маҳфили ёдбуди Ҳақназар Назаров Паёми табрикоти раиси ноҳияи Сангвор муҳтарам Давлатзода Маҳмадшо Ғайрат ирсол гардид. Раиси ноҳия зикр кард, ки шуҳрат, ташаккул ва тақвияти маърифат, илму ирфон, маориф, фарҳанг танҳо дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ибтикор ва талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Дар сад соли охир танҳо Пешвои миллат аз сарони кишвар бори аввал ин диёри куҳдомани бостониро дидан намуда, бо мардум гарму ҷӯшон суҳбат кард.
Суханони Пешвои миллат “Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар зарфи беш аз сӣ сол барои пешрафту ободии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Сангвор корҳои назарраси бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шудаанд” аз коғазу забон ба дили мардум ва дар кӯҳу хоросангҳо нақш бастаанд.
Маҳфили ёдбудро муовини раиси ноҳия Олимзода Абдулло Назрӣ ифтитоҳ намуда, аз саҳми зиёиёни ноҳияи Сангвор дар рушди илму маорифи кишвар далелҳои ҷолиб овард. Аз ҷумла, ӯ зикр кард, ки дар чанд деҳаи кӯчаки Сангвор ду олими маъруфи дунё – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳақназар Назаров, академик Мусо Диноршоев, олим ва Шоири Халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ва 21 нафар зиёии маъруфи соҳаҳои мухталиф ба воя расиданд.
****
Устод Ҳақназар Назаров – муаррих, доктори илмҳои таърих (1977), профессор (1979), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1987), Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1968) 20 апрели соли 1931 дар деҳаи хурди Сангвори ноҳияи Тавилдара (ҳоло ноҳияи Сангвор) ба дунё омадаст.
Дар синни наврасӣ ба парваришгоҳи давлатии Шулмаки ноҳияи Ғарм фиристода шуд.
Баъдан омузишгоҳи омузгории Ғармро хатм карда, нахустин донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардид.
Ӯ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо, ихтисоси таърих хатм карда, солҳои 1953-1954 муаллими Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлати Кӯлоб) таъин шуд.
Пас аз хатми аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикстон ходими калони илмӣ, мудири сектор, сарвари шуъба ва баъдан директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъин шуд.
Тадқиқоти Назаров ба ҳалли масъалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик ва халқҳои Афғонистон, аз ҷумла равобити халқҳои аморати Бухоро ва Афғонистон, муборизаи онҳо дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ташаккули ақоиди озодихоҳӣ ва маърифатпарварии мардуми ин кишвар дар oxири асри XIX аввали асри XX бахшида шудааст.
Назаров муаллифи беш аз 50 асару мақолаҳои илмист. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии “Таърихи наву навтарини мамлакатҳои Шарқи Миёна” буда, дар қатори даҳ афғонистоншиноси дунё қарор гирифтааст.
Асарҳои илмии Ҳақназар Назаров “Равобити Бухоро ва Афғонистон аз барпо шудани давлати Дуррониҳо то ғалтидани аморати Бухоро” (Душанбе, 1963), “Из истории движений народных масс Афганистана в начало XX в” (Душанбе, 1969), “Таърихи наву навтарини мамлакатҳои Шарқи Миёна” (Душанбе, 1973), “Народные и просветителско-антифеодалные движения в Афганистане (конец XIX - нач. XX веков” (Душанбе, 1976) ба ганҷинаи илмии шарқшиносии дунё шомил шудаанд.
Асарҳои илмии Ҳақназар Назаров дар 18 кишвари дунё нашр ва истифода шуда, ӯ ба ҳайси афғонистоншинос дар таҳкими равобити илмӣ, иқтисодии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст.
Ба ҳайси коршинос ва муаррихи ояндабин бо президентҳои собиқи Афғонистон Бабрак Кармал, Муҳаммад Наҷибулло, Бурҳониддини Раббонӣ, сарварони сиёсӣ ва тоҷикони баруманди Афғонистон Дастгири Панҷшерӣ, Асадулло Ҳабиб, Аҳмадшоҳи Масъуд, Халилулоҳи Халилӣ, Латиф Пидром суҳбат намудааст.
Доктори илмҳои таърих, профессор Ниёз Назаров хирадмандона зикр кардааст: “Дар ҳар давру замон олимону донишмандон номбардори миллат буда, дар рушду пешрафти илм ва ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Кор ва пайкори онҳо сазовори ситоиш ва арҷгузорист. Миллат бо онҳо камол меёбад ва онҳо ифтихори миллатанд. Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Назаров Ҳақназар Назарович аз зумраи чунин фарзонафарзандони миллат мебошад, ки дар қаламрави илми кишвар ва берун аз он машҳуру маъруф буда, дар рушди шарқшиносии тоҷик нақши боризу барҷаста доранд. Профессор Назаров Ҳ.Н. доктори илмҳои таърих, олими забардаст, шарқшиноси маъруф, муҳаққиқи камназир, устоди мумтоз, инсони нексиришту фозил буданд. Профессор Ҳ. Назаров тамоми умри бобаракати худро дар роҳи илм ва тарбияи кадрҳо сарф намуда аз худ мероси ғании илмӣ боқӣ гузоштанд. Профессор Ҳ. Назаров барҳақ поягузори мактаби афғонистоншиноси тоҷик буда, дар таҳқиқи таърих ва фарҳанги ҳамсоякишвару ҳамзабон Афғонистон саҳми бузург гузоштаанд”.
Таҳқиқотҳои устод Ҳ. Назаров фарогири муҳимтарин масъалаҳои таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон буда, сухани тоза ва назари ҷадиде буданд дар таҳқиқу баҳогузорӣ ба ҳаводиси даврони нав ва навини таърихи Афғонистон.
Баъдан ходими илмии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ Наҷмиддин Шоҳинбодов табрикоти президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода, туҳфаҳои илмии директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ Раҳматкарим Давлатов, туҳфаҳои фарзандони олим Меҳрӣ ва Заррина Назароваҳо, 716 нусха осори илмии Ҳақназар Назаров ва олимони Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, китобҳо бо соядасти адибон Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Назри Яздонӣ, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Кароматулло Олимов, Акбари Абдуллоҳ, Қосимшоҳ Искандаров, Раҳматулло Абдуллоевро ба директори мактаб Аҳмадшоҳ Олимзода тақдим намуд.
Дар идома, омӯзгорон ва шогирдони мактаб дар васфи Пешвои миллат ва олимони маъруфи диёр шеърҳо қироат карданд.
Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ сарпарастии маънавии мактабро ба уҳда гирифта, қарор дода шуд, ки ҳар сол ба мактаб китобҳои нашршудаи Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ ва асарҳои бадеии адибони тоҷикро дастрас менамояд.
Пас аз тамошои Намоишгоҳи наврӯзии деҳа таассуроти чанд нафарро сабт намудем:
Аҳмадшоҳ Олимзода, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ҳақназар Назаров:
- Ман ҳар субҳ баробари ба мактаб ворид шудан ин суханони руҳпарвару нерубахши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро такрор мекунам: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам зиёд карда шуд.
Бо истифода аз маблағҳои ҷудогардида бунёди муассисаҳои таълимии ба талаботи замона ҷавобгӯй, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисос амалӣ карда шудааст.
Дар ин давра, дар ноҳияи Сангвор 68 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 3 муассисаи томактабӣ, 21 маркази инкишофи кӯдак, 44 бинои нави мактаб ва биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷа шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 52 фоиз зиёд гардид. Ҳоло дар ноҳия бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои иловагӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 бомаром идома дорад.
Ҳамаи ин дастовард дар се даҳсолаи охир ба даст омаданд. Мо барои татбиқи ин ҳидоятҳои Пешвои миллат шабу рӯз меҳнат мекунем. Ва имрӯз сараввал ба Пешвои муаззами миллат барои ғамхории навбатӣ ва қадрдонии поси хотири гузаштагон арзи сипос намуда, ба раиси ноҳия муҳтарам Давлатзода Маҳмадшо Ғайрат барои дастрас кардани китобҳои нодир миннатдорӣ арз мекунем.
Мо ифтихор дорем, ки мактаби мо номи шарқшинос ва олими маъруф Ҳақназар Назаровро дорад. Тайи даҳ соли охир мо ҳар сол моҳи апрел ёдбуди устод Назаровро доир мекунем ва чорабиниҳои оммавӣ доир менамоем.
Мо эроду тақозои Пешвои миллатро, ки соли 2024 дар мулоқот бо сокинони ноҳия гуфта буданд, пурра амалӣ намудем. Пешвои миллат зикр карданд, ки “дар ноҳияи Сангвор норасоии омӯзгорони ихтисосманди фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, камбуди китобҳои дарсӣ, нокифоя будани кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таъмирталаб будани як қатор муассисаҳои таълимӣ мушоҳида мегардад, ки барои бартараф кардани онҳо бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”.
Ҳоло ноҳия пурра бо омӯзгорон таъмин буда, тамоми муассисаҳои таълимӣ аз таъмир баромаданд. Танҳо мактаби мо дар ду сол 2 ҳазор адад китоб ва маводи таълимӣ гирифт.
Бахтиҷамол Зарифзода, муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ҳақназар Назаров.
- Ман зодаи даврони Истиқлол ҳастам. Баъди се рӯзи Истиқлол ба дунё омадам. Чун ба синфи аввал қадам ниҳодам, хушбахтӣ ва толеи баландамро ҳис намудам. Ва имрӯз дар синни камолот ман аз мутолиа ва донишандузӣ фаҳмидам, ки дар ватани аҷдодии мо чӣ гуна барои тарбияи насли солим ва пешрафти ҷомеа чӣ қадар саъю талош менамоянд. Дар саргаҳи ҳамаи ин дастоварду пешрафтҳо маҳз Пешвои миллат меистанд, ки боиси ифтихори бузург аст.
Ду сол пеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона таъкид карданд: “Барои рушди минбаъдаи ноҳия ва баланд бардоштани некуаҳволии ҳар як оила дар самти боз ҳам афзоиш додани картошкапарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза имкониятҳои зиёд мавҷуданд, ки сарчашмаи хуби ташкили ҷойҳои нави кор мебошанд”.
Инак, танҳо аз як ҷамоати мо бист намуд маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигар ворид шуда, асали Сангвор ва картошкаи Сангвор чун “Бренди миллӣ” шинохта шудаанд.
Мо фахр мекунем, ки дар замин кор мекунем ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро амалӣ менамоем.
Зикириё Маликов, хонандаи синфи 11-и МТМУ ба номи Ҳақназар Назаров:
- Имрӯз ифтихор дорем, ки аз ин деҳаи кӯҳдомани Сангвор бузургони миллат, профессор Ҳақназар Назаров, олими маъруф Мӯсо Диноршоев, Шоири Халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ миллати бофарҳангу баору номуси моро муаррифӣ мекунанд.
Бар пояи асарҳои журналист ва адиб Султони Ҳамад чун дастури ҳаёт доим иқтибос меорам, ки дар мавриди шоир Назри Яздонӣ гуфта буд:
“Баҳори соли 1993 хуношом буд. Назри Яздонӣ хуб медонист, ки дар ин шабу рӯз на танҳо дар ҳимояи гурезаҳо чизе гуфтан баробари ҳукми марги худро баровардан буд, балки дар бораи Тоҷикистон ва ваҳдати мардуми он шеър гуфтан дар пай хатари ҷиддӣ дошт. Зеро душманони миллат дар либоси “дӯст”-у душман корҳоеро мекарданд, ки бо мардуми ин сарзамин дар тули таърих на Чингиз карда буду на Гитлер.
Шоирони ин сӯйи марзро он замон аз гуруснагиву аз марг навиштани мадҳияҳо дар васфи қумандонҳо наҷот медод. Ӯ ҳарчанд бо ин ду хатар, яъне ҳам бо гуруснагӣ ва ҳам бо одамхӯрони одамсират, борҳо даст ба гиребон шуда бошад ҳам, вале пешашон сар хам накард, партофтани донаи гавҳари суханро пеши пойи калоғон барои худ лоиқ надид. Ӯ дар фикри бо силоҳи хеш – кафшери сухан, пайванд кардани ду бародари ба иллати иштибоҳи ҷонибайн ба ҷони ҳамдигар қасдкарда ва инак аз ҳам дуруфтода буд”.
Барои мо шеъри Назри Яздонӣ чун оҳанги ватанпарварӣ руҳ мебахшад:
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Тоҷикистон, ҷону ҷонон,
Тоҷикистон беҳтар аз ҷон,
Беҳтар аз ҷонону ҷонон.
Ҳамзамон, мо асарҳои илмии олими маъруф Ҳақназар Назаровро оид ба тоҷикони бурунмарзӣ, бахусус тоҷикони Афғонистон чун дастури худшиносии миллӣ мутолиа намуда, насли наврасро ба ватандӯстӣ ташвиқ менамоем.
