1 июни соли 2026 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии Д 73.1.015.02 назди Институти илмҳои гумантарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи номзадии унвонҷӯи Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Расулов Савриддин Аҳмадович баргузор гардид.

         Рисола дар мавзуи “Таҳқиқи қиёсии матнҳои интишорёфтаи ашъори шоирони ҳамасри Рӯдакӣ” аз рӯйи ихтисоси 5.9.2. – Адабиёти халқҳои ҷаҳон (адабиёти форсии тоҷикӣ) барои дарёти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ пешниҳод шудааст, ки роҳбарии онро номзади илми филогогия Алӣ Муҳаммадиев (Алии Муҳаммадии Хуросонӣ) бар дӯш дошт.

        Мавзуи таҳқиқ дар он ифода меёбад, ки осори адабии шоирони он аҳд, бо вуҷуди ками андар кам боқӣ монданашон, аз аввали омӯзишу пажӯҳиш то ба имрӯз диққати муҳаққиқони соҳаро ҷалб карда меояд, ки диссертатсияи  унвонҷӯ С.А. Расулов дар мавзуи «Таҳқиқи қиёсии матнҳои интишоршудаи ашъори шоирони ҳамасри Рӯдакӣ» аз он ҷумла мебошад. Дуруст аст, ки дар бораи баъзе аз шоирони ҳамасри Рӯдакӣ таҳқиқотҳое ба сомон расидаанд, аммо дар бораи матншиносии осори боқимондаи онҳо қариб, ки ҳарфи гӯшрасе ба миён наомадааст. Намунаи боқимонадаи ашъори шоирони ҳамасри Рӯдакӣ то ҷойе ҷамъоварӣ шудаву чоп шуда бошанд ҳам, вале матнҳои онҳо дар муқобалаву муқояса баррасӣ нагардидаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳад, ки ин заҳмати захим барои омода намудани нашрҳои илмӣ-интиқодии ашъори шоирони даврони Сомониён аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ дорад.

         Дар рафти ҳимоя мубоҳисаҳои ҷиддии илмӣ ба миён омада, диссертант ба саволҳо ва мулоҳизаҳои аъзои Шурои диссертатсионӣ ҷавобҳои дақиқ ва асоснок пешниҳод намуд.

          Ҳимоя дар фазои баланди илмӣ баргузор гардид, ки ин фаъолияти босамари Шурои диссертатсиониро нишон медиҳад.

       Маъмурият ва ҳайати кормандони Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Савриддин Расуловро бо ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимони табрику таҳният намуда дар фаъолиятҳои илмиву таълимии минбаъдааш комёбиҳои нав ба навро таманно менамоянд.