
Ғиёсов Нурулло Исматович,
профессор, ходими калони илмии
Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои
ҷомеашиносии Муассисаи давлатии
таълимии “Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров”
Дар таърихи лексикографияи муосири тоҷик оғоз аз нимаи дуюми қарни XX то имрӯз силсилаи осори хурду бузург рӯйи чоп омадаанд, ки далели қотеъ аз рушди бесобиқаи ҳамаи навъҳои фарҳангҳо – доиратулмаорифӣ ва филологӣ дар Тоҷикистон мебошад. Барои тақвияти ин фикр метавон аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”, “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”, “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон”, “Донишномаи Сомониён”, “Донишномаи “Шашмақом”, “Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик”-и устод Айнӣ, “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ва ғайраҳо ёд кард, ки дар ин давра ба дасти хонандагон расидааст.
Лозим ба қайд аст, ки машҳуртарин донишномаҳои умумӣ дар таърихнигории форсӣ-тоҷикии қуруни вусто “Китоб-уш-шифо” ва “Донишнома”-и Абуалии Сино (с. тав. 980 - с. ваф. 1037), ки якумӣ ба забони арабӣ ва дуюмӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда буд ва “Мафотиҳ-ул-улум”-и Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Котибии Хоразмӣ (с.тав. 910 - с.ваф. 980) ва ғайраҳо мебошад. Вале ба маънои имрӯзаи ин истилоҳ ва падида чунин намуди фарҳанг дар фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ танҳо дар қарни XX пайдо шудааст (1, с.19).
Дар баробари ин, дар фарҳангнигории тоҷикии муосир зарурати дигаре ба миён омадааст, ки фарҳангҳои доиратулмаорифиро водор ба халли он мекунад. Бо сухани дигар гӯем, фарҳангҳои доиратулмаорифӣ вазифаи на танҳо додани иттилои комил дар бораи ҳар як моддаи луғавии ба фарҳанг дохилшударо бояд иҷро кунанд, балки дар ҳифзу манфиатҳои миллӣ, эҳёи асолати фарҳангӣ ва суннату анъанаҳои неки ниёгон хидмат намуда, дар тарғиби ғояҳои миллӣ, тақвияти ҳофизаи таърихии тоҷикон, алалхусус ҷавонон, дар боло бурдани сатҳи худогоҳиву ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Аз ҷониби дигар, вазифаи дигари таълиф ва чопи фарҳангҳои диоратулмаорифӣ ба мардум расонидани иттилои воқеии илмӣ, асоснок ва асил дар бораи ҳодиса, падидаҳои таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равандҳои гуногуни дар қаламрави Хуросони Бузург рухдода мебошад, зеро, мутаассифона, аз нигоҳи нодурусту ғайриилмӣ ва дар заминаи принсипҳои вайрону беасос шарҳу тафсир додани ин вожаҳову падидаҳо дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ зиёд шуда истодааст.
Аъзои шурои назорати илмӣ барҳақ таъкид мекунанд, ки “Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дар ростои баланд бардоштани сатҳи худогоҳию худшиносӣ, омӯзишу таҳқиқи мероси гаронмояи аҷдодӣ, тақвияти ҳофизаи таърихии миллӣ ва устувору пойдор сохтани пояҳои давлатдорӣ камари ҳиммат баста, дар ин самт ибтикороти ҷиддӣ рӯйи даст гирифтаанд” (2, с.5). Китобе, ки бо унвони “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург. Феҳристи бузургони тоҷик-форс” дар Душанбе дар соли 2024 дар як ҷилд ва ду китоб ба нашр расид, таҳти ҳидоят ва пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Лоиҳаи миллӣ рӯйи кор омад. Чунонки мураттибони асар қайд менамоянд, “ҳадафи Лоиҳаи миллии “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” бо такя ба сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва дидгоҳҳои мушаххаси илмӣ, инъикосу бозтоби ҳақиқати таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, динӣ, мазҳабӣ ва тамаддуни сокинони қаламрави Хуросони Бузург мебошад, ки сарзамини аҷдод ва марзу буми ниёгони бономусу боғурури тоҷикон аст” (3, с.6).
Дастандаркорони ин Лоиҳаи бузург тасмим гирифтаанд, ки мавзуъҳои доманадор ва гуногунпаҳлӯро, аз қабили таърих ва ҷуғрофиёи Хуросони Бузург, забон ва хат, устура, шеър ва адабиёти қадим, дин, мазҳаб, фалсафаи миллӣ, улуми табиӣ-риёзӣ, осори ҳунарӣ, иқтисод, мусиқӣ ва ҳунари мусиқӣ ва амсоли инро ба сифати масъалаҳои меҳварии тадқиқот дар китобҳои худ матраҳ созанд. Ин аст, ки гурӯҳи корӣ ҷилди нахустини силсилаи “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” дар се қисм таҳти унвони “Феҳристи бузургони тоҷик-форс” ба чоп тайёр карданд, ки ду китоб аз он соли гузашта ба дасти чоп расид. Китоби якум аз моддаи луғавии “Каюмарс” оғоз гардида, дар бораи зиндагӣ ва рӯзгори шахсиятҳои марбут ба силсилаи Пешдодиён ва замони эшон иттилоъ дода, бо Абулмузаффари Самъонӣ – муҳаддис, муфассир ва фақеҳи қарни ХI ба итмом мерасад. Китоби дуюми ҷилди нахустин роҷеъ ба 1200 шахсияти маъруфи таърихии қаламрави фарҳангии Хуросони асрҳои ХI-XVI иттилоъ медиҳад.
Яке аз вежагиҳои ин донишнома дар усули ҷобаҷогузории моддаҳои луғавии он аст. Тамоми донишномаҳо имрӯз дар кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, усули алифбоии ҷобаҷогузории маводро риоя мекунанд, ки барои дарёфти мавод барои истифодабарандаи он марғубтарин усул маҳсуб меёбад. Вале мураттибони ин донишнома усули дигар, яъне усули замонӣ ё хронологиро интихоб кардаанд. Аз ин ҷо, донишнома бо “Каюмарс” – нахустин инсон дар ҷаҳоншиносии аҷдоди мо, нахустин шоҳ дар таърихи тоҷику форсҳо оғоз гашта, сипас маълумот дар бораи ашхосе меравад, ки аз лиҳози замонӣ пештар аз якдигар зиндагӣ ва фаъолият кардаанд.
Шояд ин вежагии асар аз муҳассаноти дигари ин китоб сар зада бошад. Таҳиягарони асар аз технологияи муосири рақамӣ истифода бурдаанд, ки ба қавли эшон, “бо таваҷҷуҳ ба мушаххасоти ҳуввияти зеҳнӣ ва хислату характери насли наврасу ҷавони имрӯз таҳия шудааст” (3, с.7). Ин маънии онро дорад, ки дар китоб танҳо феҳристи ашхос оварда шудааст, аммо иттилооти илмӣ ва муфассалро роҷеъ ба ин шахсият аз тариқи телефони мобилӣ ё компютер хонанда метавонад ба тавассути рамзе - (QR), ки баъди номи ҳар як шахс ҷой дода шудааст, пайдо кунад.
Ҷилдҳои минбаъдаи Лоиҳа ҳам ба ҳамин шаклу мазмун ба дасти хонандагон мерасад. Зимнан, ин Лоиҳа аз ҷониби Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ сармоягузорӣ мешавад. Дар китоб мо маълумотро дар бораи ашхосе метавонем пайдо кунем, ки мероси гаронарзише ба мо ва умуман тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштаанд. Хидмати чунин ашхос на танҳо муассир дар раванди худшиносӣ, худогоҳӣ ва худсозии миллати тоҷик аст, балки бозгӯи нақш ва мақоми тоҷикон дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Профессор Ш.Солеҳов ба ин лоиҳа баҳои баланд дода, таъкид мекунад, ки мо дар шинохт ва маърифати мақому нақши Хуросони Бузург дар таърихи тамаддуни башарӣ хеле таъхир кардем ва менависад: “Ба ҳамин хотир, имрӯз аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон ва минтақа даъвоҳои ворисият ба фарҳангу тамаддуни ин хиттаи ҳамешасабзи тамаддуни мо баланд мешавад. Аз ин ҷиҳат ҳам, амалисозии давра ба давраи Лоиҳаи мазкур як навъ муҳри хомӯшӣ бар даҳони ин даъвогарон мезанад” (4, с.2).
Аз муҳассаноти дигар ва бисёр муҳимми ин асар таълифи он бо се забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва бо ҳуруфи ниёгон овардани матолиб мебошад. Чунин тарзи додани иттилоъ тақозои замон ва орзуи ҳамаи аҳли зиё буд ва аз ин рӯ месазад, ки бори дигар ва алоҳида ба дастандаркорони ин иқдом ташаккур гуфт, зеро доираи истифодабарандагони онро хеле ва хеле зиёд мекунад ва, аз ҳама муҳим, ҳақиқат ва асли воқеаро ба ҷаҳониён ба тавассути ин забонҳои маъмул дар тамоми кураи Замин ошкор мекунад.
Дар баробари табрики аҳли Лоиҳа бо ин муваффақияти беназирашон дар шиносонидани таърихи Хуросони Бузург, нақши он дар ташаккулу рушди тамаддуни башарӣ ва анҷоми чунин як кори хайр мехостам ду нуктаро таъкид кунам, ки шояд ҳалли он ба фоидаи кор бошад: 1. Усули ҷобаҷогузории мавзуи Лоиҳа, ки усули хронологӣ аст, дарёфти иттилоъро дар бораи шахси замони зиндагиаш номаълумро мушкил мекунад. Барои дарёфти номи ин шахс ва иттилоъ пайдо кардан аз тариқи рамзи муайяншуда хонандаро мебояд, ки бо тамоми китоб ошно шавад. Хуб мешуд, ки минбаъд дар охири китобҳои минбаъда ё дар китоби алоҳида номи ин ашхос ба тартиби алифбоӣ оварда шаванд.
2. “Феҳристи бузургони тоҷику форс” гузоштани китобҳои ҷилди якуми он каме бо шакл ва мазмуни он мувофиқат намекунад. “Ал-феҳрист”-и Ибни Надим, ки шояд ба ҳайати Шӯрои назорати илмии Лоиҳа ҳамчун намуна хидмат карда бошад, аз лиҳози иттилоъ ва ҳаҷми мавод, воқеан ҳам феҳристи бузурги шахсиятҳои то замон ва рӯзгори Ибни Надим зиндагӣ карда аст. Вале китобҳои Лоиҳаи миллӣ ба ҷуз номҳои ашхосро овардан иттилои комилро дар бораи ҳаёт, фаъолият ва осори илмии эшон медиҳад, ки онро метавон маълумоти доиратулмаорифӣ қаламдод кард. Аз ин хотир, асарро “Донишномаи бузургони тоҷик-форс” ном ниҳодан бо матлабу ҳадафҳои он бештар мувофиқат мекард.
Пайнавишт:
1. Ғиёсов Н.И., Нуруллозода Ф. Масъалаҳои назария ва амалияи фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ. - Хуҷанд: Хуросон, 2024. - 308 с.
2. Мероси фарҳангии Хуросони Бузург. Феҳристи бузургони тоҷик-форс. Ҷилди I., Китоби I. – Душанбе: Маркази мероси хаттӣ, 2024. - 640 с.
3. Мероси фарҳангии Хуросони Бузург. Феҳристи бузургони тоҷик -форс. Ҷилди I., Китоби II. – Душанбе: Маркази мероси хаттӣ, 2024. - 632 с.
4. Солеҳов Ш. “Мероси фарҳангии Хуросони Бузург” падидаи муҳим ва саривақтӣ дар улуми ҷомеашиносӣ. https://www.facebook.com/groups/ 596960863398767 (санаи муроҷиат 28.04.2025)