«Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва иқтисодии давлат мегардад». (Аз Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  23. 12. 2022 )

Илму маърифат ва маънавиёти баланди инсонӣ яке аз шаклҳои асосии шуури ҷамъиятӣ буда, аз соҳаҳои махсуси фаъолияти одамон ба шумор меравад. Бояд ёдрас шуд, ки илму дониш дар асос ва заминаи амалияи ҷамъиятию таърихии инсоният пайдо шуда, зина ба зина ташаккул ёфта, бо мурури замон меваҳои шаҳдбор баҳри пешравии ҷомеа ва некуаҳволии мардум нисор сохтааст. Инсоният ба туфайли илму дониш пешрафт мекунад ва ривоҷ меёбад. Дар ин росто мисол овардани суханҳои пешвои миллат- муҳтарам Эмомалии Раҳмон хеле бамаврид хоҳад буд: «Мо тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён этироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон фарзандони фарзонаи баору баномус ва соҳибхирад дар корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳои миллат буданд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ мардона талошу мубориза карданд.»

Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест, ки ҳаёти инсон бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон одам буд, фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вуҷуд дорад, аммо аз нахлу умеде варо самар набувад. Афзудани дониш инсонро пурдону пурмаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад.

Рушди инкишофи ҳар ҷомеа аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ дар ҳамаи давраҳои таърих аз маҳсули андешаву хирад, саҳми эҷодии зиёиён ва истеъдоду саводу маҳорати аҳли ҷомеа вобастагии калон дорад. Дар ҳар замон ҷомеа ба чеҳраҳои донишманду бомаърифат ниёз дорад ва таърих ҳаргиз нобиғаҳои илмро фаромӯш намесозад.

Оила як воҳиди ҷамъият буда, асоси онро ташкил медиҳад, рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаби тарбия ба шумор меравад.   Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли зиё  қайд карда буд: «Дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳое, ки ба назари ман моҳияти умумимиллӣ касб намудааст ба нақшагирии оила мебошад. Агар фарзандони мо дар оила тарбияи солим ва одобу ахлоқи хуб гиранд, ба қадри калонсолон падару модар, Ватан ва ба қадри меҳнати ҳалол расиданро омӯзанд, ҷамъият низ аз ин бурд мекунад ва миллат ҳам соҳиби як фарди соҳибдилу ватандӯст мегардад, давлат дар симои чунин фарзандони мо аъзои фаъоли ҷомеъаро муттаҳид намуда, ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро амалӣ месозад. Аз ин лиҳоз  танзими оила масъалаи муҳимми рӯз аст.

Бояд қайд кард, ки бунёди оилаи солим ба зан- модар вобастагии калон дорад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд. Сарвари давлат ҳамеша дар суханрониҳои худ қайд менамояд, ки “Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату адолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”. Ҳар қадар, ки фарзандони мо аз хурдсолӣ дар фазои ороми оила тарбия ёбанд ва аз тамоми моҳиятҳои тарбия бархурдор гарданд, ҳамон қадар онҳо соҳибақлу соҳибмаърифат шуда дар ҷомеа саҳми хешро пайдо мегузоранд ва ба ягон гурӯҳҳое, ки ҷомеаро ба ақиб мебаранд, шомил намегарданд. Агар  фарзанди ноболиғ дар фазои ноороми оила ба воя расад ва аз моҳиятҳои тарбия бархурдор нагардад, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҷамъият мавқеъ пайдо карда наметавонад ва ӯ роҳҳои оворагардӣ, нашъамандӣ, нашъаҷалобӣ, дуздӣ ва қатлу кушторро барои худ интихоб мекунад ва ба як зудии даҳшатовар онҳо метавонанд ба гурӯҳҳои экстримистӣ, террористӣ, хурофот шомил гарданд. Яке аз сарчашмаҳои гаравидан ба равияҳои тундгаро  ин коста будани сатҳи таълиму тарбия ва худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон аст, ки аз зинаи мактабӣ, муҳити атроф  ва бемасъулиятии волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон оғоз мегардад. Гурӯҳҳои тафриқаандоз ҷавонони сатҳи дониш ва тарбияашон паст бударо ҳадафи мақсадҳои манфуронаи хеш намуда, миёни онҳо ихтилофҳои мазҳабӣ паҳн менамоянд, ки ин боиси нооромиҳои ҷомеа мегардад. Имруз мо тавассути васоити ахбори омма ё шабакаҳоим интернетӣ воқеаҳоеро шоҳид мешавем, ки агар ақли солим, зиракии сиёсӣ ва ҳисси ватандориву ватандӯстии комил надошта бошем, метавонем хатое дар ин роҳ содир намоем. Маҳз ҷавонон бояд донанд, ки равия ва ҷараёнҳои тундгаро, экстримистӣ, террористӣ омилҳои на танҳо рӯ ба харобӣ овардани миллат, балки доғдор намудани  дини мубини ислом мебошад. Афроди соҳибдонишу ботарбият ҳеҷ гоҳ ба миллату ватан хиёнат накарда, баръакс бо унсурҳое, ки авзои дохилии кишварро ноором месозанд, роҳ намедиҳанд. Моро зарур аст, ки ҷомеаи худ, хосса ҷавононро аз равандҳои муосири гурӯҳҳои ифродгаро огоҳ намоем ва аз вартаи гумроҳӣ наҷот диҳем, зеро ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҷуз тоҷикистонӣ дигаре обод нахоҳад сохт. Имрӯз ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки барои пешгирии падидаҳои номатлуб ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии аҳли ҷомеаро баланд бардорем. Насли ҷавонро чунон тарбия кунем, ки ғурур ва нангу номуси миллӣ дошта бошанд, пеши роҳи   ва барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омода буда, ҳаргиз Ватанро ба хатар рӯ ба рӯ нагузоранд, зеро хушбахтии ҳар як фард дар Ватан будан ва барои Ватан хизмат намудан аст.

Бояд қайд кард, ки соҳаи илм ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории мо ба шумор меравад ва маҳз мо олимон ва омӯзгорон муваззаф ҳастем, ки ба кӯдакон ва наврасон аз зинаи аввал сар карда, таълиму тарбияро хуб ба роҳ монем, то тавониста бошем насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб ҷилавгирӣ карда, онҳоро ба худшиносию хуштаншиносӣ, меҳанпарастию аҷдодхоҳӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ даъват намоем.

Мо ҳанӯз ҷанги бародаркуши дохилиро фаромӯш накардаем ва набояд аз ёд  барорем, зеро ин як саҳифаи хунину ғамбори таърихи мост. Гурӯҳҳои тундрави ифродгарои Тоҷикистон чун нерӯи қавии қудратталаб шакл гирифтанд, ки дар натиҷа низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ мардуми аз сиёсат бехабарро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, ҷангу бесарусомониҳоро дар байни мардум ба роҳ монданд ва худашон дар канор истода тамошо карданд. Онҳо зеҳни мардумро фалаҷ гардонида, хазинаҳои давлатро ба яғмо бурда, бо ин роҳ мехостанд тамоми рукнҳои давлатдориро аз байн баранд. Надоштани ифтихори миллӣ, ки ҳамаро ба сӯи як ормон ҳидоят кунад аз авомили асосии кашондани ҷавонон ба сӯи гурӯҳҳои тундгаро ва моҷароҷӯ гардид.

Агар сиёсати онрӯза ва қонуни давлатро бо ҳам қиёс намоем, мебинем, ки фарқ  миёни замину осмон меистад. Ҳам сиёсати ваҳдатофаринии Ҳукумати Тоҷикистон  ва ҳам ҷаҳонбинии ҷавонони мо ба сӯи ягонагию иттиҳод нигаронида шудааст. Имрӯз Тоҷикистон бо ин фарзандони фарзонааш ифтихор мекунад, ки камбудиҳои фоҷеъафарҷомро ба зудӣ дарк карданд ва дафъатан аз паси ислоҳаш шуданд. Имрӯз заҳмат ва талоши фарзандони фарзонаи миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои абарқудрати форсизабон ягона кишварест, ки роҳи дунявиятро интихоб намудааст. Агар аз он ҷанги бемаънии кӯтоҳмуддат солҳои тӯлонӣ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз неруҳои иртиҷоӣ аз бетаҷрибагии баъзе аз ҷавонон сӯистифода намуда, мехоҳанд дар кишвари биҳиштосои мо гурӯҳҳои террористӣ ташкил диҳанд ва бо мақсади амалӣ сохтани манфиатҳои идеологӣ ва сиёсии худ вазъи ҷомеаро ноором созанд. Аз ҷумла, дар замони муосир дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баъзе аз равишҳо ва калавишҳое сар мезананд, ки аз соддагӣ ва инсондӯстии мардум, аз эътиқоди самимӣ нисбат ба арзишҳои динӣ сарзада ба худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорию ҳифзи истиқлолият латма ворид мегардад. Масалан, омилҳои бегонапарастӣ дар пӯшиши либос аз тарафи базе занон, гирифтори ба таассуби динӣ, худхоҳии бемавқеи ғайриахлоқӣ, таърихпарастӣ ва ғ..., ки дар заминаи озодии демократӣ сар зада, барои бисёриҳо масъалаи ночизи иҷтимоӣ намояд ҳам, дар асл боиси осебпазирии ҷомеа мегарданд. Вале ҷои таассуф аст, ки аксарият аз занҳои тоҷик ба ҷои шукргузорӣ кардан аз Ваҳдату Истиқлолияти кишвар ва пешрафти ҷомеъа ба мушкилиҳои зиёде роҳ дода истодаанд. Як зумра занон ақидаҳои хурофотпарастиро дар мадҳи аввал гузошта, ба ҷои рӯ овардан ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, рӯ ба фарҳани бегона оварда, фарҳанги бегонаро дар кишварамон зинда гардонида истодаанд, ки ин хело ҳам боиси таассуф аст. Пешвои миллат пеш аз ҳама муттаваҷеҳи  масъалаи ифродгароӣ ва хурофотпарастӣ шуда, пеши роҳи ин бадбахтиҳоро, ки аз асари хусумати як гурӯҳ, ки онҳо на миллат доранду на ватан болои занон қарор мегирад, ҷилавгирӣ менамояд. Пешвои миллат хеле хуб медонад, ки имрӯз аҳли ҷомеаи кишварро саволе ташвиш медиҳад, ки «Омилҳои шомилшавии занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд?» Чаро омилҳои динӣ дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд. Ҳамзамон таҷрибаи касбии кормандони мақомоти қудратӣ ва судӣ чандин ҳолатҳо ва сабабҳои ба гурӯҳҳои террористӣ гаравидани занонро муайян кардааст. Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар навбати аввал бо чунин шахсиятҳои гумроҳ сарукор гирифта, бо роҳи фиребу найранг, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ эътиқоди онҳоро, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардонанд. Омилҳои сар задании тундгароӣ дар кишвар ҷанбаи гуногуни динию дунявӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷавону рӯ ба тараққӣ буда, барои густариш додани фазои демократии ҷомеа, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Қисме аз шаҳрвандон такя ба хурофот ва сатҳи пасти маърифати худ намуда, баъзе амалҳои озодеро, ки марбут ба худи шахс аст, маҳкум месозанд. Қисмати дигар бошад, такя ба маданияти ғарб намуда, расму русум ва анъанаҳои миллии моро нодида мегиранд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани оқибати фалокатбори чунин падидаҳо ва воқеоти сиёсие, ки ба рушди ҷомеа халали ҷиддӣ ворид менамоянд, лозим аст, ки оммаи мардум ва ҷавонону наврасон бояд соҳибилм бошанд, аз равандҳои гуногуни номатлуб канорагирӣ намуда, бар зидди онҳо ақидаҳои устувори худро муқобил гузошта тавонанд.

Ниҳоят, силоҳи равшани ягона ва муассир дар асри нав, яъне асри ХХ1, ба мисли асрҳои гузашта танҳо ва танҳо илму дониш аст. Бо мусаллаҳ шудани илму дониш метавонем алайҳи мушкилоти ҷаҳонишавӣ, фикри фарҳангӣ, ҳуҷумҳои хурофотӣ ва экстремизму терроризм мубориза барем, ки дар ин ҷода саводнокӣ, фарҳангу маънавиёти баланд ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар нигоҳ назаррас аст.

                                                                                              

Мавҷуда  Хучова,

ходими пешбари илмии

Маркази мероси хатии АМИТ