(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23.12.2022с.)

 

      Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар мабнои далелҳои муътамад ва раднопазир ҳолати воқеии замони муосирро баррасӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки:

     “Чунон ки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад”.

     Воқеан, ин таъкиди Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ ҳар як сокини мамлакатро водор месозад, ки дар замони зуҳури ихтилофоти тазодҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, масъулияти азимро ба дӯш гирифта, барои ҳифозати асолати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ рисолати азалии худ-хидмат ба халқу Ватанро содиқона иҷро намояд. Дар ростои ин, Пешвои миллат ба масъалаи тарбияти солими насли оянда таваҷҷуҳи вижа зоҳир намада, рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду созгорро барои тарбияю таълими насли наврасу ҷавон ёдрас шуда, раванди мазкурро яке аз самтҳои афзалиятнок, бори дигар дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат таъкид карданд. Аз ин дидгоҳ, дар Паём омадааст, ки: “Мо мактабро бо ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси маърифатсозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем...

        Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободии Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа  ва касодии давлат мегардад.!

        Мавриди тазаккур аст, ки дастуру ҳидоятҳои фавқи Пешвои муаззами миллат аз вазъияти воқеии ҳаёту фаъолияти аҳли ҷомеа бармеояд ва татбиқи бомарому ҳадафмандонаи онҳо моро ба сарманзили бахту саодат, шукуфоии Ватан ва дар маҷмуъ комёбиву дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ноил мегардонад. Ва роҳи наҷот аз ифротгароиву хурофот, тассубу ҷаҳолат рушди бемайлони сатҳи саводнокиву маърифатомӯзии мардум, муттасил беҳтар намудани сатҳу сифати таълим буда, поягузорони таҳдоби маънавӣ-омӯзгорон бояд дар вуҷуди насли оянда муҳаббатро ба илму дониш афзун намуда, чароғи маърифатро дар қалби беғаши онҳо афрӯзанд. Бинобар ин, ҷиҳати ба ин мақсадҳои руҳафзо ноил шудан, пеш аз ҳама омӯзгорро зарур аст, ки хештанро бо нури маърифат биорояд, то ки аз ҷилои он шогирдон пайваста баҳра бардоранд. Ва яқин ин нукта аст, ки партави нури маърифатро муаллими вораста ва донишпажӯҳиш соҳиб мегардад. Дар ин масир, омӯзгорон барои дар ҳаёт татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд фидокоронаву садоқатмандона заҳмат ба харҷ диҳанд.

     Дар замоне, ки таассубу ифротгароӣ ва ҳуруфот, мутаассифона, гоҳ-гоҳе ба мушоҳида мерасанд, аҳли зиё, хоса омӯзгоронро зарурат пеш меояд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин омилҳои хатарзову нифоқангез дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон чораҳои таъхирнопазир андешанд, зеро вақте ки таассубу ифротгарӣ ва хурофот ҳоким мегардад, қобилияту истеъдоди зояндагии фикрии фард маҳв мегардад ва дар ин ҳолат нодониву ҷаҳолат ҷомеаро фаро мегирад, ки саранҷоми он даҳшатангез аст. Аз ин нуктаи назар, мафкураи насли наврас бояд поку беғаш ва орӣ аз ҳама гуна андешаю афкори нигилистона, пессимистона (маъюсию ноумедӣ), оҳангҳои норизоятию эътирозгароёна, майлу хостаҳои ошӯбгаронаю низоъангезӣ, руҳияи бадбинона нисбат ба инсон, нажодпарастӣ, маҳаллгароии ошкорою ниҳон ва иғвоангезию моҷароҷӯйӣ, ки рӯиҳамрафта хатари амиқ ба ваҳдату миллат якпорчагии сарзамини тоҷикон дораду теша ба решаи сулҳу суботи Тоҷикистони азизу шукуфон мезанад. Баҳри тарбия ва такомулу ташаккули ҷаҳонбинии насли нав омӯзгор бояд афзалият ва олӣ будану мақоми воло доштани ақидаҳои саромардони мактаби маорифпарварии тоҷик Аҳмади Дониш, Тошхӯҷа Асирӣ, Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Шамсиддин Шоҳин ва устод Садриддин Айнию Абдулвоҳиди Мунзим ва дигаронро бо мисолҳои ороста бо далелу арқом нишон дода тавонад. Хусусан, миллати қадимӣ ва дорои адабиёту фарҳанги ғанӣ ва таърихи пуршараф будани тоҷиконро дар заминаи асарҳои мондагори таърихию илмии устод Садриддин Айнӣ-“Намунаи адабиёти тоҷик”, Бобоҷон Ғафуров-“Тоҷикон” (ҷ.-1-2) ва осори илмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ғайра ба хонандагон омӯзондан, ташреҳу тавзеҳ бахшидан барои омӯзгори даврони соҳибистиқлолӣ шарт ва зарур мебошад. Натиҷаю хулосагирӣ аз ин ҳама омӯхтанҳо ва дар зеҳни насли наврас ҷой кардани арзишҳои пурқимати башарӣ, ғояҳои худогоҳию ватандӯстӣ танҳо ба хотири ободию рушди кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

         Бояд ёдовар шуд, ки гурӯҳҳои экстремисту террорист маҳз аз тоифаи таассубгарову хурофотпараст ва ифротгаро ташкил мешаванд. Хавфу хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз ҳам аз амалҳои даҳшатфикани ин девсиратон эмин нест. Ва ҳамин вазъи номусоидро барои ҷомеаи башарӣ ба инобат гирифта Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба нудрат гуфтаанд:

         “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳаи худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Ва дар зимн, дар Паём зикр мегардад, ки бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифтан, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудан вазифаи муҳимми масъулони соҳа аст.

         Маҳз тарбияи заифи насли солҳои 80 ва 90 асри мозӣ буд, ки халқи мо ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Воқеаю ҳодисаҳои солҳои 90-92-юм бори дигар ба мо ҳушдор медиҳад, ки муттасил дар фикри тарбия ва ба камол расонидани инсони комил-нерӯи асосии созандаи ояндаи Ватан бошем, на қувваи ҷангҷӯй ва сӯзандаю барбоддиҳандаи ормонҳои миллии халқи куҳанбунёдамон.

         Хушбахтона, бо мақсади ба умқи афкори педагогии мутафаккирони адабиёти классикии тоҷику форс расидани насли наврасу ҷавонони имрӯза, соли 2022 бо ибтикори ходимони илмии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воситаи таълимӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ бо номи Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс дар ҳаҷми 16 ҷузъи чопӣ бо қарори мушовирони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба табъ расид, ки ба андешаи масъулини соҳа, дар бедории фикрии насли ҷадиди давронсоз нақши меҳварӣ дорад. Ба таъбири дигар, аввалин маротиба бо дарназардошти унсурҳои тарбияву таълим дар замони муосир, илова ба барномаҳои таълимӣ аз фанни таърихи адабиёт дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, китоби таълимии “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” замима гардид ва умед аст, ки минбаъд бо дастрасии фарогир ба хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар дар андешаву афкори насли наврасу ҷавон таҳаввулоти ҷиддии умедбахш ба вуҷуд меояд.

         Таърих гувоҳ аст, ки илму дониш зербинои шаъну шуҳрат ва манзалати ҳар як миллат аз шумор меояд. Маҳз дар заминаи маърифат мутахассисони лоиқи давр ба камол расида, дар ҷомеаи мутамаддин ҷойгоҳи худро пайдо мекунанд. Миллати босавод дунёро ба чашми хирад менигарад ва ҷиҳати рушди ҷомеа саҳми бедареғи хешро мегузорад. Ва мусаллам аст, ки насли соҳибмаърифату донишманд пешбарандаю ҳифозаткунандаи давлату миллат аз ҳар гуна омилҳои ғайри қобили қабул буда, ояндаи дурахшони ин сарзамини биҳиштосои Тоҷикистони маҳбубанд.

Таъкидҳои пурмуҳтаво ва гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, перомуни тарбияи насли оянда дар роҳи садоқат ба халқу Ватан ва арзишҳои умумиинсонӣ роҳи ягонаи наҷот аз хатарҳои осебпазири ҷомеаи ҷаҳонист.

 

                                                        Меҳриддин Ғиёсӣ,

                                                        мудири шуъбаи иттилоот,

                                                        робитаҳои илмӣ ва омӯзиши тамаддуни

                                                        Шарқи ММХ АМИТ

 

TJ