Рӯзи 24 декабри 2025, директори Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҳматкарим Давлат бо доктор Сабзалӣ Мусо Хон профессори Донишгоҳи Малайзия, доктор Аванг Азмон Авон Пови мушовири сиёсии муовини нахуствазири Малайзия ва доктор Маҳдӣ Султонзода устоди калони Донишгоҳи Малайзия, мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои шиносоӣ бо вазъият ва зарфияти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар кишварҳои Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардида, дурнамои ҳамкорӣ ва табодули муҳаққиқон дар самти таҳқиқ ва пажуҳиши дастхатҳо баррасӣ гардид.
Ҷониби Малайзия ба таври хос зикр намуд, ки дастхатҳои нодир бо хат ва забони форсӣ дар маркази дастхатҳои Малайзия нигаҳдорӣ мешаванд, ки муаллифони он, донишмандони минтақаи Осиёи Марказӣ алалхусус олимони тоҷик мебошанд, ки дар сурати таҳқиқ ва пажуҳиш дар ғанигардонии адабиёти илмӣ, фарҳангӣ ва динии ду кишвар, метавонанд саҳми калон гузоранд.
Инчунин, изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи ғанӣ ва тулонии мутахассисони тоҷик дар ҳифз ва таҳқиқи дастхатҳо ва зарфиятҳои калони фанноварии мутахассисони молезӣ, тарҳҳои муштарак бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар оянда амалӣ гардад.
