Имрӯз, 04 июн бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба интихоби узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 04.06.2025 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

        Ба президенти АМИТ ин унвони сатҳи баланди илмиро таҳният гуфта, дар ин ҷода барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоем. Бигзор дар роҳи пешрафту муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро рӯи кор оварда, бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати илмии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногуни илмӣ, пайи амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги миллӣ талош намоянд.