Сӯзании Самарқандӣ. Мунтахаби девон. Таҳияи матн бо муқаддима ва шарҳи луғоту тавзеҳоти Мавҷуда Хуҷова. -Душанбе: Дониш, 2023. 251 саҳ.

       «Девони ашъор»-и шоири тавоно, ҳаҷвнигори беҳамтои адабиёти асри Х11 Сузании Самарқандӣ дар Тоҷикистон бори нахуст мунтахабан, бо умеди баҳраҳои судманд бардоштан аз он, ба суханшиносон ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.

Нигоҳе ба ашъори Сӯзании Самарқандӣ

       Сӯзании Самарқандӣ шоири тавонои асри XII буда, дар миёни ҳамасронаш аз ҷумлаи шоирони сермаҳсул ва машҳур маҳсуб меёбад. Ин шоири тавоно дар адаби форсӣ соҳиби қареҳаи баланди эҷодӣ буда, аз худ мероси адабии гаронбаҳое ба ёдгор гузоштааст. Сӯзании Самарқандӣ аз худ барои бадинагон девони ашъори хешро ба мерос гузоштааст, ки нусхаи комили он дар китобхонаи Калкутта (Ҳиндустон) маҳфуз буда, қариб 12 ҳазор байтро дар бар мегирад. Якчанд нусхаи нисбатан хурдтари девони шоир дар китобхонаҳои Россия ва Эрон маҳфузанд. Девони комили Сӯзании Самарқандӣ дар Эрон солҳои 1960 ва 1966 ба табъ расидааст. Девони ҳазлиёти Сӯзании Самарқандӣ низ бо саъй ва эҳтимоми Носириддини Шоҳҳусайнӣ дар Теҳрон ба чоп расидааст. Инчунин якчанд нусхаи дастнависҳои шоир дар ганҷинаи мароси хаттии Маркази мероси хаттии АМИТ зери рақамҳои №440 ва №506/5 (мунтахаби девон) маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Девони комиле, ки бо эҳтимоми Носириддин Шоҳҳусайнӣ дар Теҳрон аз чоп баромадааст, пурра ба он такъя карда шудааст. Девони шоир шомили қасоиди комилу муқтазаб, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, марсия ва қитъа мебошад. Баъзе вижагиҳои эҷодиёти шоир дар муқаддимаи арзишманде аз тарафи Носириддини Шоҳҳусайнӣ дар девони мазкур тавзеҳ дода шудааст. Дар хориҷи кишвар корҳои бузурге атрофи ашъори Сӯзании Самарқандӣ аз тарафи олимон ба монанди Шпренгер А., В. Иванов,Х. Эте, В. Бартольд, К. Чайкин,Э Бертельс, А.Н. Болдырев, Насориддини Шоҳҳусайнӣ, Ян Рипка, Забеҳулло Сафо, Нафисӣ, Б. А. Литвинский ва дигарон ба анҷом расидаанд.

        Дар Тоҷикистон то ҳол атрофи ашъори ин шоири адабиёти асри X11 корҳои хеле зиёди илмӣ аз тарафи олимони тоҷик ба анҷом расидаанд: Китоб дар ҳаҷми 154 саҳ, ки ба қалами ада биётшинос Садри Саъдиев таалуқ дорад, «Мунтахаби девони Сӯзании Самарқандӣ» дар ҳаҷми 163 саҳ. аз тарафи адабиётшинос Абдушукур Абдусатторов таҳия гардидааст ва якчанд мақолаҳои илмӣ, ки аз тарафи доктори илмҳои филология Ҳокимшоҳ Қаландаров бо номи «Имам и его статус с точки зрения Сузани», «Сузани и его религиозная принадлежност»… ва мақолаи адабиётшиноси тоҷик Абдуманон Насриддинов бо номи «Ҳаким Сӯзании Самарқандӣ»… навишта шудааст. Ба хонандаи тоҷик бори нахуст ашъори Сӯзании Самарқандӣ дар заминаи муқоясаи нусхаҳои хаттӣ ва чопи форсии он бо таҳияи матн ва луғату тавзеҳот бо умеди баҳраҳои судманд бардоштан аз он, ба хонанда тақдим мегардад.

        Сӯзанӣ дар адабиёт ҳамчун шоири ҳаҷвнигор машҳур гардидааст, ки ҳаҷвияҳои ӯ мавзӯъҳои гуногуни зиндагии инсонро дар бар мегирад. Шоир тавонистааст, ки ба воситаи ашъори ҳаҷвиаш табақаҳои болои ҷамъиятро ба зери тозиёнаи танқид гирифта, аз ҳуқуқҳои табақаи оддии ҷамъият аз ҷумла ҳунармандону косибон дифоъ намояд. Имтидоди замоние, ки Сӯзании Самарқандӣ умр ба сар бурдааст, нимаи дуюми асри XII-ро дар бар мегирад. Ин давра, агарчи аз нигоҳи авзои сиёсию иҷтимоӣ давраи бисёр ҳассоси таърихӣ, даргириҳои байни қудратҳо, вазъи ноороми сиёсӣ ва хеле мураккаби иҷтимоӣ ба шумор меравад, аз назари теъдоди адибон, ташкили доираҳо ва мактабҳои бонуфузи адабӣ, тараққиёти адабиёт, густариши қаламрави адабиёт, инкишофи жанрҳои адабӣ, таҳаввули мӯҳтавои адабиёт яке аз давраҳои муҳимми таърихии адабиёти форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Дигаргуниҳое, ки дар ин давра дар адабиёт ба миён омаданд, аз бисёр ҷиҳат ба авзои сиёсию иҷтимоии замон вобастагӣ доштанд. Нооромӣ дар авзои сиёсӣ ва дигаргуниҳои мафкуравии замони Сӯзании Самарқандӣ пеш аз ҳама, ба ихтилофу низоъҳо, ҷангҳои пай дар пай ва бардавоми сулолаҳои Ғазнавиёну Салҷуқиён ва бурду бохти онҳо вобастагии зиёд дошт.

     Паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкур ба таври умумӣ дар осори бархе аз муҳаққиқони кишварҳои Шарқу Ғарб инъикос гардидааст. Аз ин миён, метавон аз муҳаққиқони хориҷӣ Носириддини Шоҳҳусайнӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Бадеуззамони Фурӯзонфар Мир Ғуломҳусайни Ғубор,Е. Босворт,М. А. Коймен, А. Шпренгер, В. Перч, Ҳ. Эте ва аз пажӯҳишгарони давраи шӯравӣ Е.Бертельс, Б. Н., А. Ю. Якубовский, К. Чайкин, Б. Ғафуров, С. Г. Агаджанов   ва олимони тоҷик Садри Саъдиев, Абдушукури Абдусаттор, Ҳокимшоҳ Қаландаров, Абдуманон Насриддинов ва дигаронро ном бурд, ки дар омӯзиши авзои сиёсию иҷтимоии замони шоир ва ашъори ӯ саҳми шоиста гузоштаанд.Мақсад аз интихоби ин мавзуъ дар он аст, ки то ҳол ашъори ин нобиғаи адабиети асри Х11 ба забони тоҷикӣ баргардон ва аз чиҳати илми таҳқиқи аниқ наёфтааст. Инчунин дар  таҳқиқи адабии осори ин нобигаи адаби форсӣ, ки сар то по ахлоку одамият аст, зиёдтар таваҷҷуҳ кунем. Чунки аҳамияти девони Сузанӣ чун манбаи мухими адабӣ-таърихӣ баробари қимати бадеии он аст. Мо дар кори нақшавии худ бештар ба мазмуни мавзуъҳои девони Сузанӣ диққат додем, то ки як андоза мавзуъхое, ки девони Сузанӣ дар бар мегиранд, ба хонанда пешниҳод кунем. Дар нақша дорем, ки корҳои бузурге, ки олимон ба монанди Шпренгер А., В. Иванов,Х. Эте, В. Бартольд, К. Чайкин,Э Бертельс, А.Н. Болдырев, Носириддини Шоҳҳусайнӣ, Ян Рипка, Саид Нафисӣ, Б. А. Литвинский ва дигарон, ки   оид ба ашъори Сузанӣ кардаанд, сармашқи кори худ намоем, то тавониста бошем бо кори тадқиқотии худ руҳи ин шоири тавонои адаби форсиро зинда гардонем ва дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози фарханги милли хастанд ва дар худшиносию хештаншиносии онхо саҳми босазо гузорем. Бо таваҷҷӯҳ ба ахбори сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва корҳои тадқиқотии муаллифони муосир аз ҷумла Садрӣ Саъдиев масъалаҳои муҳимми марбут ба вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва омилҳои таъсиррасони он ба адабиёти даврро ба таври хеле муъҷаз баррасӣ менамояд. Шароити сиёсӣ-иҷтимоӣ на танҳо ба шакл, балки ба мундариҷаи адабиёт, алалхусус ба адабиёти расмии дарбор, таъсири мустақим дошт. Дар дарборҳо ҷамъ овардани шоирон аз ҷумлаи суннатҳои пешине буд, ки подшоҳони даврон онро идома медоданд. Ҳузури шоирон дар дарборҳо як рукни муҳимми сиёсат ва давлатдорӣ ҳам ба шумор мерафт. Бинобар ин, барои дарбори салотини Салҷуқӣ ба монанди Сӯзанӣ шоири маддоҳи тавоное лозим буд, то ки сиёсати эшонро ба воситаи каломи мавзун ташвиқу тарғиб намояд. Аз ин ҷост, ки бузургтарин қасидасароён дар ин аҳд зуҳур намудаанд, ки ҳар яке тарзу шеваи гуфтори хешро доро буданд. Аз ин миён метавон Амир Муиззӣ, Азрақии Ҳиравӣ, Анварии Абевардӣ, Ҳасани Ғазнавӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Сӯзании Самарқандӣ ва чандин тани дигарро ном бурд, ки бо вуҷуди душвор будан ва шартҳои гароне, ки пеши рӯйи шоирони дарборӣ меистод, бо эҷоди бадеҳа ва қасида ба дарборҳо роҳ меёфтанд ва шоҳон низ муваззаф буданд, то ки подошеро барои онон бипардозанд. Ҳамин тавр, рақобати сахти шоирон барои роҳ ёфтан ба дарборҳо боис гардид, ки жанри қасида таҳаввул намояд.

      Сӯзании Самарқандӣ низ дар дарбори шоҳони он давр ба ҳайси шоири касбии дарборӣ дар чунин шароити сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ ва эҷод мекард. Мавриди зикр аст, ки дар дохили давлате ва ё халқе ваҳдату ҳамоҳангӣ, итминон вуҷуд надошта бошад, ба он давлату халқ метавон ба осонӣ ғалаба ва онро нобуд кард, ки ин ба вазъи шоҳоне, ки Сӯзании Самарқандӣ дар давраи ҳукумронии онҳо зиндагӣ ва фаъолият кардааст, мувофиқ аст, чунки дар ҳокимияти онҳо ҳамоҳангӣ ва итминон вуҷуд надошт ва бар замми ин, маъмурони давлатиаш аз оммаи заҳматкаши кишоварзон, касабакорон ва тоҷирон хироҷу андозҳои гарон меситони данд. Сӯзанӣ онҳоро ба воситаи шеъраш ба адлу инсоф ва раиятпарварӣ даъват карда, чакомаи зебое дар мадҳи  Тамғоҷ хон Масъуд сурудааст, ки матлаи он чу нин аст:

Аз адли дерпой бувад мулк бар мулук,

 Адли ту бар дорад мулки ту дерпой.

Инсоф шукри неъмати мулк аст, хусраво,

То мулк мефизояд, инсоф мефизой.

Боздой занги хуни ситамкораро зи теғ,

Худ теғи туст сайқали занги ситамзудой.

Шояд матарс хуни ситамкора рехтан,

Мерез бемучҳобо, хуҳ шою хуҳ машой.

Боист адли ту, малико, хосу омро,

Пайвастногусист на гоҳи ҳою гаҳи махой.

     Гарчанде, Сӯзании Самарқандӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҳамчун шоири ҳаҷвнигор шинохта шуда бошад ҳам, вале ашъори ӯро тамоми навъҳои маъмули назм, аз ҷумла: қасида, қитъа, ғазал, рубоӣ ва ғайраҳо дар бар мегиранд, вале онҳо бо мундариҷа ва мазмуни худ аз ашъори шоирони дигар фарқ мекунанд. Дар эҷодиёти Сӯзании Самарқандӣ дар хаҷву мутоибот тамоюли ҳаҷвию мутоибавии адабиёти шаҳр дар се навъ: шеърҳои ҳаҷвӣ, шахсӣ, ғазалӣ, мутоибавӣ ва нақиза инкишоф ёфтааст. Ӯ дар ашъори худ ҳукуматдоронро пайваста ба адлу инсоф ва тараҳҳум нисбат ба омма ташвиқ намуда, ба муқобили баъзе золимони халқ қиём кардани ӯ аз мафкураи гуманистӣ ва зиддиистибдодии табақаи ҳунармандон сар задааст, чунки дар давлати Карохониҳо илму фан ва адабиёт хеле ақиб рафта буд. Чи навъе, ки Мухаммади Авфӣ дар тазкираи асри ХIII менависад, аз хонҳои қарохонӣ фақат як Қилич Тамғоҷхон ба тараққиёти илм ва адабиёт андаке аҳамият додааст. Бо вуҷуди ин, якчанд асарҳоеро, ки дар асри ХI- ХII дар Мовароуннаҳр ба майдон омадаанд, ном бурдан мумкин аст. Чунончи, «Таърихи мулки Туркистон»-и Маҷдуддин Муҳаммад ибни Аднон ва гайра, ки аз онҳо ба ҷуз баъзе порчаҳои ҷудогона то давраи мо чизе омада нарасидааст. Ба ҳар ҳол, дар ин давра адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ҳам баъзе шоирони боистеъдод, монанди Амъаки Бухороӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Рашидии Самарқандӣ ва гайраро ба камол расонид. Вале ин шоирон аз ҷиҳати аҳамияти эҷодиёти худ бо гузаштагонашон баробар шуда наметавонис-танд.Чуноне ки муҳаққиқони ашъори Сӯзании Самарқандӣ нишон додаанд, Амъак ва Сӯзанӣ дар сабк ва тафаккури бадеӣ аз якдигар хеле тафовут доранд. Эҷодиёти Амъак, ки шоири дарбор аст, пур аз зарофат буда, ин шакли шеъриро ба авҷи такомул расонидааст. Бесабаб нест, ки донишмандони адаб ашъори ӯро дар дастурнома ҳои илми баён, ҳамчун намунаи тақлид ва пайравӣ зикр кардаанд. Сӯзанӣ, баръакс, шоири берун аз дарбор, намояндаи назми доираи ҳунармандони шаҳр аст. Албатта, гоҳо ба ӯ ҳам лозим меомад, ки барои дарёфти маош қасидаҳои мадҳия гӯяд, вале ӯ беш аз ҳама бо ҳаҷвияҳои худ, ки бо забони соддаи ба сабки гуфтугӯ наздик навишта шудаанд, машҳур аст:

Кирмаки пилла

Ашрафи абрешимӣ чу кирмаки пила,

Умр ба тазвир мегузораду ҳила.

Аз паи донге чаҳору се занад аз сар,

Ба тани пинагон зи каъбатайни ҳалила.

 

Имомзода собунӣ

Фарзанди ман набераи Маймунӣ,

Иблиси дигар аст на малъуне.

Асроре карда бо падар озорӣ,

Ҳамчун имомзадаи собунӣ.

 

***

Ҳамхона хар асту Сӯзанӣ харбанда,

Ҳаст аз хару харханда ҷаҳон пурханда.

Имшаб якто кардаму фардо ману хар,

Коҳу ҷавӣ ҳаҷву охури оганда.

Дар ҳаҷви ман, эй Қавомии фарзона,

Гар моз шудӣ то ба сари хумхона.

Ман Сӯзаниям гангу нару девона,

Бандаму тир ҳар ду аз як хона.

Дар ҷои дигар дар мадҳи шоир Румасӯз, ки танҳо дар ҳаққи мурдаҳои одамони оддию муқаррарӣ марсияҳо мехондааст, ба тариққи ҳазл чунин гуфтааст:

Румасӯзак  мижа меканӣ аз нодонӣ,

Эй ба ҳар кандаву ҳар сӯхтане арзонӣ.

Ҷон кан, эй кӯри ҷигарсӯзу сухан нек гӯй,

Мижа воруна чӣ карданд туро медонӣ?...

   Бояд қайд кард, ки дар давраи фаъолияти Сӯзанӣ тағиротҳои зиёде дар садри қасида ворид гашт, илова бар шукӯҳ аз ҳиҷрон ва шукр бар висол, тавсифҳое, монанди зулф, маъшуқ ва табрики иду Наврӯз ё Меҳргону ситоиши шароб ва чизҳои дигар ворид гаштанд, ки ин тағиротҳоро мо аз ашъори Сӯзании Самарқандӣ ба осонӣ дарк карда метавонем.Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзӯъҳоест, ки  гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад.

Эй чун гули Наврӯз ба рухсору ба боло,

Бар сарви сарафроз сарафрозиву фирӯз.

Гар сарви гулат хонам, монӣ ба гулу сарв,

Мафроз сар аз кибру рух аз кина маяфрӯз...

     Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори  ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Сӯзанӣ васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки  манзараи зебоеро боз зеботар баён кунад, агар гӯшаи торикеро тасвир карданӣ бошад, пас талош мекунад он ҷо нуре ёбаду онро хотирмон ба қалам диҳад. Адиби нуқтадон, ҳангоми тасвири табиат ба ҳамон нуқтаҳое эътибор медиҳад, ки дар бисёр мавридҳо аз назари мо дур ва аз фаҳмишамон дар канор мондаанд. Вобаста ба табъ, завқ ва истеъдоди асарофарии адиб инчунин андозаи меҳре, ки ӯ ба табиати зинда дорад, ҳар як гӯшаи ҷойе, обу дарахту сабзаи маҳале, шукуфтани гулҳои чамане, навои паррандаҳои зебопару хушхони боғе, тобиши муъҷизамонанди  фаслҳои сол ва мисли инҳо сурати тоза, ҷолиб ва мафтункунандаро мегирнд:

Мисол:

Ду булбуланд модаву нар бар канори сарв,

Бар сарв мода лаҳн занад бар чанор бар.

Гӯяд яке, ки соли нав омад зи пор беҳ,

Май порсол нав кунад аз мурғи пор бар.

Гӯяд, ки бори дигар хуррам биҳишт шуд,

Эй боғбон, ба кас ду баста мадор дар.

Эй ошиқ, андар ою гул афшон ба рӯи даст,

В-андар ҳам ор бо санами майгусор сар.

Май хур ба гирди боғу гул комгор гир,

Бе мӯру мор нест гули комгор гар...

   

***

Навбаҳори тоза пайдо кард рангу бӯи хеш,

Бигрифт аз боди мушкин гул ниқоб аз рӯи хеш.

Бӯстон чун ҷилва зад гулро ба тарафи ҷӯи хеш,

Кард гул ошиқ ҷаҳонро ба рухи некӯи хеш.

Мурғи дастонзан ба лаҳни халқ дастонгӯи хеш,

Хонд аз гулбун ба гулбун ёри худро сӯи хеш...

         Дар ҷои дигар шоир ибораҳои шоиронае чун «наргиси хушбӯй», «дари дидор», «бӯю ранги сунбулу дебо», абри найсон», «шанбалиду бунафша»-ро сохтааст, ки тасвири ҳунармандонаи фасли шукуфоии сол баҳори нозанин аст, ки ин аз маҳорати суханпардозии ӯ дар адабиёт дарак медиҳад: 

 

Наргиси хушбӯй боз аз хоби хуш бедор шуд,

Чашми бедидори ӯ боз аз дари дидор шуд.

Дар чаман бо шанбалиду бо бунафша ёр шуд,

Сабза чун дебову гул чун нофаи тотор шуд.

Бӯю ранги сунбулу дебо-ш бӯстонхор шуд.

Бӯстонорой ҳам баззозу ҳам аттор шуд.

Абри найсон ройгон ғаввоси лӯъ лӯбор,

То ба каффи роди мамдӯҳам зананд ӯро масал.

 

    Дар асри мавриди назар ворид гардидани калимаю ибороти арабӣ дар шеър мебошад. Дар ибтидо луғоти арабӣ камтар ба назар мерасид, лек дар аҳди Ғазнавиёну Салҷуқиён луғоти арабӣ дар назм хело фаровон ворид гашт, ки Сӯзанӣ низ дар ашъораш калимаҳои арабиро хеле фаровон истифода бурдааст:

Ло шайъа ва шайъа ба қудрати тақдири ӯ шаванд,

Ӯ бар ҳар он чи номи шаъй ӯ фитад қадир...

Ё дар ҷои дигар:

Барӣ макун зи мусалмонӣ ар барӣҷонам.

Ба ҳаққи ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ...

Ё дар ҷои дигар:

Ҳаво намонад то соате ба ҳазрати ҳува,

Ҳуваллоҳӣ бизанам ҳалқа биҷунбонам...

       Пажӯҳишгари тоҷик Садрӣ Саъдиев дар китоби худ бо номи “ Сӯзанӣ ва муҳити адабии Самарқанди асри ХII “[1] хеле хуб сабаби бештар ворид гардидани калимаю ибораҳои арабиро дар ин аҳд нишон дода, сабаби онро дар бисёрии мадорис ва уламои динии он замон мебинад, аммо Абдушукури Абдусаттор перомуни ин масъала қазовати хубе кардааст. Вуруди калимаҳоро ба ин ё он забон чунин иброз дошта аст, ки «вомгирӣ ва вомдиҳӣ содатарин шакли таъсиргузории забони ду миллат бар якдигар аст, ки баёнгари нуфузи падидаи иҷтимоӣ-фарҳангии миллате дар миёни миллати дигар аст ва мавзӯи марказии адабиёти дарбори Ғазнавиён мадҳ буда, қолаби асосии мадҳ қасида аст, мо вуруди аносири забони арабиро беш аз ҳама дар ҳамин қолаби шеър мушоҳида менамоем, зеро аз лиҳози теъдоди абёт қасида пас аз маснавӣ қарор дорад ва қофияҳои он аз оғоз то анҷом якнавохт аст, аз шоир тақозои ҷустуҷӯйи қофияҳои тозаи якнавохт мекунад ва ӯро ба он вомедорад, ки бештар барои овардани қофияи мувофиқ ба забони арабӣ руҷӯъ намояд»[2].

     Аз ошъори ба меросмондаи Сӯзанӣ пайдост, ки сабаби асосии таҳаввули шеъру шоирӣ дар ин замина эҳтиёҷоти маишии шуаро маҳсуб меёфт. Шоирон барои касби маош рӯ ба ин ё он дарбор меоварданд ва бо мадҳи умаро ва вузаро машғул мегаштанд, яке аз он онҳо Сӯзании Самарқандист, ки дар мадҳи Султон Санҷар дар қолаби зебои назм чунин фармудааст:

Азизи дину дунё карду ҷоҳ афзуд соҳибро,

Шаҳаншоҳи ҷаҳон Санҷар Маъазуддин ваддунё.

Худованди ҷаҳондорон, ки камтар бандагон дорад,

Беҳ аз Ҷамшеду Афридун беҳ аз Искандару Доро.

Ба ҷону ҷоҳу хилъат доду бинвозид аз гетӣ,

Ба бад гардун баду гетӣ надорад зуҳраву ёро.

Ба аъло ҳазрати султон  камин  шуд соҳиби одил,

Камини   ҳазрати аъло Худованде бувад воло.

Дигар аз таҳаввулот ва дигаргуние, ки ба назар мерасад, аз тасвири ҳақиқӣ дур шудани шоирони асри мавриди назар мебошад. Онҳо чи дар васф ва чи дар мадҳ аз суханони иғроқомез ва ҳаҷву мазоқ истифодаи фаровон бурдаанд, зеро дар Мовароуннаҳри он давр ҳаҷв дар адабиёт тараққӣ карда, ашъори ҳаҷвӣ ниҳоят шӯҳрат доштааст.Чунончи, Заҳири Фор ёбӣ оварда: «Бо мурури вақт шоирони дигар аз мадҳи холӣ ва суханҳои иғроқомез хаста шуда, худро канора гирифтанд, яъне замон низ таъсири хешро ба шеър расонид. Афкор ва тасаввуроти шоир, ё худ нависандае, ки дар замони кашмакашҳо қарор дорад, албатта, бо хаёлоту ҳиссиёти шоир ва нависандаи дигар, ки дар аҳди оромӣ ва осоишу амн аст, фарқ мекунад. Ё худ, «осори ҳар суханвар аз растаҳои мухталиф намояндаи тарзи тафаккури он раста аст ва ашъори ҳар шоғили шуғле меъёри андешаҳои соҳибони он машоғил дар сутуҳи гуногун буда ва пастиву баландии ашъор аз ин бобат қобили арзёбӣ аст»[3], ки Сӯзани Самарқандӣ яке аз онҳост. Вобаста ба авзои номусоиди иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодӣ рӯҳияи шоир мутағаййир буд. Дар эҷодиёти аксари шуаро нишоне аз ин ҳолат ва нохушнудии хеш, охиран, бадбинии онон аз дунё ва аҳли он ба чашм мерасад.Чунин фикру андеша ва тағйири ҳолат дар давраи мавриди назари мо бештар аён мегардад. Сӯзании Самарқандӣ дар ҳаҷву мутоиботи зоҳиран «қабеҳ»-и худ маданияти хандаву истеҳзои халқ, хушҳолию зиндадилии мардумро ифода намудааст. Бештари ҳаҷвиёти Сӯзании Самарқандӣ бо санъаткорӣ ва маҳорати баланди адабӣ навишта шуда, устоди ҳаҷв будани ӯро собит кардаанд. Мисол, Сӯзании Самарқандӣ  дар мавриде  шоирони аҳди гузаштаро номбар кардааст, ки бештарашон дар Мовароуннаҳр зиндагӣ ва эҷод кардаанд:

Ман он касам, ки чу кардам ба ҳаҷв гуфтан рой,

Ҳазор Мунҷиқ дар пеши ман кам орад пой.

Хуҷиста, Хоҷа Наҷибӣ, Хатирию Тайён,

Қареъу Амъаку Ҳаккоку Курди ёвадирой.

Агар ба аҳди манандию дар замонаи ман,

Маростӣ зи миёнашон ҳама “барою дарой”

(Девон саҳ. 6 8 )

      Аз мисраҳои боло бар меояд, ки Сӯзанӣ бешубҳа яке аз машҳуртарин ҳаҷвсарои давраи худ ба ҳисоб мерафтааст. Ҳоким Қаландаров дар мақолаи худ бо номи «Сӯзанӣ ва тамоюли ақидатии ӯ» чунин нишон додааст: «Ба ифодаи Муҳаммад Авфии Бухороӣ Сӯзании Самарқандӣ аз шоироне буд, ки дар ҷидду ҳазл ва рақиқу ҷазл (сухани фасеҳ) нодираи замон ва аъҷубаи (беназир) кайҳон буд…[4]. Қисми муайяни ашъори Сӯзании Самарқандӣ оид ба ҳунармандӣ ва васфу ситоиши касбомузӣ мебошад.Инчунин, вобаста ба вазъият ва ноҷӯриҳои замона, мавзӯи ҳасби ҳол ва шиква аз рӯзгор вориди эҷодиёти шоирон гардид:

Бузургворо, дар хидмати ту соле чанд,

Гузашт умру бимондааст рӯзаке чандам.

Ба шасту ҳашт расидаст соли умраму ҳаст,

Маҳи расида зи раҳи бистару қазогандам.

Ба орзу бирасон, то ба орзу бирасӣ,

Ки ман ба хатти шарифи ту созумандам.

Ба сони Нахшаб хатте навис, то бирасад,

Ки ман ба хидмати садри ту дар Самарқандам.

    Барои исботи ин гуфтаҳо кофист ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Сӯзании Самарқандӣ, Заҳири Форёбӣ, Асирии Ахсикатӣ, Саноии Ғазнавӣ, Анварии Абевардӣ ва дигарон назар афканем, ба хубӣ пай мебарем, ки гардиши рӯзгор ба рӯҳияи онҳо таъсиргузор будааст. Дар замони пеш аз зиндагонии Сӯзании Самарқандӣ қасида аз ҷиҳати сохтор ва тарзи баён пурра шакл нагирифта бошад ҳам, лекин бо маҳорати баланди шоирӣ аз тарафи баъзе шоирон ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ…суруда мешуд. Ба қавли М. Л. Рейснер, «камолоти қонунмандии эҷоди қасидаи форсӣ дар асри XII ва ибтидои асри XIII ба вуҷуд меояд ва тавсеаёбии системаи мавзӯю образҳо ва сохтори шаклию зоҳирии он ба охир мерасад»[5]. Дар қасидаҳо навъи махсуси ҳофизаи иҷтимоӣ ва ё меъёрҳои рафтору муносибатҳои иҷтимоӣ таҷассум ёфтаанд, чунки шоири маддоҳ дар дарбор, ки макони бархӯрди ақидаҳо ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ буд, қарор дошт. Ба андешаи устод Урватулло Тоиров, «қасидаҳои мадҳӣ, гарчанде аз ҷиҳати ғоя паст бошанд ҳам, аз тарафи дигар, бо фаро гирифтани рӯйдодҳои таърихӣ аҳамият доранд»[6] 6, 417). Илова бар ин, ҷиҳатҳои маърифатӣ ва ҷанбаҳои ҳунарии қасидаро ҳам бояд ба назар гирифт, ки тавзеҳи онро аз мақолаи алоҳидаи устод Худоӣ Шарифов дарёфтан мумкин аст.[7] Воқеан, аз қасоиди шоирони асри мавриди назари мо, ба монанди Амир Муиззӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Сӯзанӣ ва дигарон дар бораи воқеаҳои  муҳимми таърихӣ  ишораҳои гуногун ба чашм мерасанд. Барои мисол, Сӯзании Самарқандӣ дар мадҳи Алоуддин Муҳаммад бинни Сулаймон қасидае сурудааст, ки бо ин матлаъ сар мешавад:

Овард гарди фатҳу зафар пеши чашми мо,

Бод аз риқоби олии лозолу олиё.

Гард аз риқоби олӣ бар нусрату зафар,

Дар дидаи раъият бошад чу тутиё.

Олӣ Алои давлату дин он ки то ба ҳашр,

Ҳаргиз мабод давлату динро ҷуз ӯ ало.

Хоқон Муҳаммад бинни Сулаймон, ки мулки ӯ,

Дорад ниҳод мулки Сулаймон подшо…

 

     Аз ин рӯ, манбаи муҳим дар ин хусус девони шуарои ин аср аз ҷумла Сӯзании Самарқандӣ ба ҳисоб меравад, зеро бар асоси онҳо дар бораи воқеаҳо, шахсиятҳои машҳури он замон бохабар мегардем. Дар зимни қасидаи порсӣ доктор Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ андешаи хешро чунин иброз доштааст: «Теъдоди қасоиди барҷаста ва дараҷаи аввали таърихи шеъри форсӣ шояд аз як сад қасида таҷовуз накунад, ҳатто агар сахтгирӣ кунем, шояд ба ҳамин адад ҳам нарасем ва метавон гуфт, ки он сад қасидаи мумтози забони форсӣ аст, дар садашон маҳсули қарни ёздаҳ ва дувоздаҳанд»[8] (7,34). Зимнан, нахустин донишманде, ки дар ҷумҳуриамон ба ҳимояи қасидаи мадҳӣ баромад кардааст, устод Худоӣ Шарифов мебошад, ки дар мақолае бо номи «Функсияи маърифатии қасида дар адабиёти тоҷик» иброз намуд, ки «қасидаи мадҳиро дурӯғи маҳз ва бофтаи хаёли бенизому бепиринсипии шоири  чокари дарбор донистан ва ба ин сабаб ба рӯйи он хатти бутлон кашидан ҳаргиз маънои донистани моҳияти онро надорад» (6, 106). Мусобиқаи миёни шоирони дарбор яке дигар аз сабабҳои асосии таҳаввули шеъру шоирӣ маҳсуб мешавад, ки ба эҳтиёҷоти маишии шуаро низ алоқа манд буд, ки яке аз чунин шоирон Сӯзании Самарқандист. Мисол, Сӯзании Самарқандӣ дар мадҳи Султон Масъуд биннил Ҳусайн мефармояд:

Баромад зи бурҷи ҳамал офтоб,

Ба наззора ҷашни молики риқоб.

Бар он то ба манзар чу бинад чу дид,

Шаҳе дид бар тахти Афросиёб…

Ин вазъият шоиронро водор намуд, ки ба ривоҷи қасоиди мадҳӣ камар бибанданд ва Сӯзании Самарқандӣ низ аз ин қатор берун нест. Сабаби дигари ривоҷу равнақи шеъру шоириро, чунон ки қаблан ҳам зикр гардида буд, дар ворид гардидани тасаввуф ва ирфон низ метавон донист, зеро шеър аз доираи дарборҳо ба воситаи баъзе шоирон берун баромад ва дар чунин шароите, ки шеърро воситаи дилхушӣ қарор дода буданд, зуҳури шоироне, чун Саноию Аттор ва Носири Хисрав айни муддао буд, ки шоирони номбурда бо овардани тасаввуфу ирфон дар шеър ва охирӣ бо овардани панду ҳикмат роҳи тозае дар адабиёт кушуданд ва дар шоирони ҳамзамон ва баъд аз хеш таъсиргузор буданд, ки ашъори Сӯзании Самарқандӣ низ аз ин холӣ нест.Дар қасидаҳои комили мадҳии шоир мавқеи санъатҳои тавсифу ташбеҳ ва талмеҳ зиёдтар аст, ки чунин вазъро мазмун ва шакли ин навъи шеър талаб мекунад. Сӯзанӣ санъатҳои ташбеҳу тавсифро бештар дар қасидаҳои мадҳӣ, ки асосан аз мадҳи касе иборат аст, истифода кардааст.

Худойгони ҷаҳон шодмона шуд чун расид,

Тағойтегин малаки насли одаму ҳаво.

Чунон ки ҳафт фалакро бувад ба ҳафт ахтар,

Диҳад ба ҳафт ато ҳафт кишвари дунё.

Нифози амри шаҳаншоҳи машриқу мағриб,

Худой донад то аз куҷост то ба куҷо.

 Инҷо ғарази аслии шоир дар чунин ашъор асосан тавсифи мамдӯҳ мебошад. Инро мо метавонем аз санъати талмеҳ, ки Сӯзанӣ дар ашъораш ба таври фаровон истифода бурдааст, хулоса кард. Сӯзании Самарқандӣ дар эҷоди бадеӣ кӯшиш намудааст, ки забони равони форсии дарии тоҷикӣ, ҳусни баёнро нигоҳ дорад, андешаҳои созандаи худро бидуни такаллуфоти беҷо, бо истифода аз санъатҳои бадеии дар шеър маъмул ифода кунад, то гӯшнавозу хотирписанд бошанд. Яке аз чунин санъатҳое, ки Сӯзанӣ дар ашъори худ хеле зиёд истифода намудааст, ин санъати талмеҳ мебошад.Талмеҳ чӣ санъатест? Аввалан касе, ки дар адабиёти навини форсии тоҷикӣ ба ин санъат таваҷҷуҳ намудааст, ин муаллифи китоби «Ал- муъҷам…» Шамс Қайси Розӣ мебошад, ки фармудааст; «Талмеҳ он аст, ки алфози андак бар маънии бисёр далолат кунад ва ламҳ ҷустани барқ бошад ва ламҳ (лаҳза, дам) ҳам як назар бувад. Ва чун шоир чунон сазад, ки алфози андаки ӯ бар маънии бисёр далолат кунад, онро талмеҳ хонанд» [4,301].

   Талмеҳ ба андешаи хулосавии адабиётшиноси тоҷик Ансор Афғонов «…назар андохтан, нигоҳи сабук кардан ба сӯи чизе, як навъ санъати бадеист, ки зимни он шоир ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо ишора менамояд» [1, 165].

   Дар эҷодиёти Сӯзании Самарқандӣ санъати бадеии талмеҳ ба таври фаровон ва бамаврид истифода гардидааст. Талмеҳоти ин шоири дар давраи аввали эҷодиёти худ мадҳиясаро ва дар давраи баъдинаи он ҳаҷвнигору ба масоили ҳаёти иҷтимоии замон рӯйоварда аз диди мавзӯю мундариҷа хеле гуногунанд. Дар онҳо саргузашту лаҳзаҳои аҷоиби сипаришудаи пайғамба рон, асотиру достонвораҳои қадим, ҳодисаҳои гуногуни таъри хӣ, талмеҳоти Қуръонӣ, қиссаҳои ошиқонаи динӣ, мавзуъҳои иш қии мардумии Шарқ ва ғайраро метавон дарёфт, ки ҳар кадоме дар ҷою мақоми худ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Сӯзании Самарқандӣ ҳамчун фарзанди замони худ ва парвардаи сиёсати вақт, ки дар зери ниқоби дини ислом ва қонуни ятҳои он фаъол буд, бештар таваҷҷӯҳи худро дар истифодаи талмеҳот ба афсонаву ривоятҳои динӣ равона намудааст. Дар ашъори ӯ мо бо калимаву ибороти талмеҳии Тӯфону Нӯҳ, Одаму Ҳаво, асои Калим, дасти Мӯсо, дами Исо, Яди байзо, дарахти Тӯбо, оташи Тур, оби зиндагӣ, Фиръавн, Хомон, оташи Намруд, Иблис ва ғайра дучор меоем, ки бештарашон маншаъ аз «Қуръони маҷид» гирифта шудаанд.

   Масалан, Сӯзании Самарқандӣ дар байти зер аз асои Калим ё асои Мӯсо ёд карда, ба яке аз мамдӯҳонаш ишора менамояд.

 

Бар килки туст такягаҳи мулкати замин,

В-аз қад анбар сипеҳр бувад муттакои ту,

Килки ту чун асои Калими пайамбар аст,

Пайдо дар ӯ каромати беинтиҳои ту. [5, вар.725].

 

   Қиссаи Мӯсо ибни Имрон, паёмбари банӣ Исроил ва асои ӯ, ки номаш дар Қуръон яксаду сӣ бор омадаву ҳикояташ хеле тӯлонӣ аст, низ мавриди истифодаи Сӯзанӣ қарор гирифтааст. Танҳо дар бораи асои ӯ метавон гуфт, ки «Мӯсо барои чаронидани гӯсфандон ва посбонии онон аз Шуъайб ба Мӯсо дод ҳамон буд, ки Одам аз биҳишт оварда буд….

Мӯсо худ онро аз миёни асоҳои Шуъайб баргузид ва чун Шуъайб хост, ки надиҳад, фариштаҳо миёни он ду ҳаким шуд ва ба нафъи Мӯсо раъй дод! [1,355]. Ин асо муъҷиза дошт. Онро агар соҳиби асо ба замин мегузошт море мешуд ва агар боз мегирифт ба асли қадима-асо мубаддал мегашт.

«Вақте Мӯсо ба Миср баргашт ва диёватихудро ба Фиръавн ошкор кард, Фиръавн тамоми ҷодугаронро фароҳам овард, то  муъҷизаи Мӯсоро ботил гардонад, аммо асои Мӯсо тамоми морони ҷодугаронро фурӯ балъид ва онҳо ба Мӯсо гаравиданд ва аз таҳдиди Фиръавн наҳаросиданд» [6,355].

Сӯзании Самарқандӣ дар таркиби «асои Калим» хеле кӯтоҳу муъҷаз хеле хуб истифода кардааст.

Дар ашъори шоир Нӯҳ ва киштии ӯ дучор меоем, аз ҷумла;

 

Аз умри Нӯҳ то ба дарозо масал заданд,

Бодо нишони Нӯҳи пайамбар Худойгон.

[5, вар.85].

Ва ё;

Чиҳил шабонрӯз Иблис буд ба Нӯҳи набӣ,

Бад-он сафинаи пуроб андарун-ш мақом.

[2, 274].

   Ин Нӯҳ ибни Ламак яке аз пайомбарони улулазм аз насли Одам аст, ки аз рӯи тафсирҳо пас аз Иблис дар 40 ё 50- солагӣ ба пайамбарӣ баргузида шуд ва аз рӯи ривояти  «Қуръон» (сураи Анкабут, 14) нӯҳсаду панҷоҳ сол умр дидааст. Аз ин рӯ, дар фарҳанги Ислом ва Эронзамин «умри Нӯҳ» мазҳари зиндагонии дароз баршуморида шуда, аз тӯлонитарин умрҳост. Сӯзании Самарқандӣ дар баробари мамдуҳи худ хостани умри дароз аз ӯ тавоноии Нӯҳ- пайғамбарро мехоҳад. Вобаста ба умри Нӯҳ дар фарҳанги мардуми тоҷик аз мавридҳои ёдкардаи ӯ он аст, ки дар дуъо додан ба наздикон ва азизони худ мегӯянд; «Худованд ба ту умри Нӯҳи набиро бидиҳад». Саргузашти Нӯҳ  ва ба хусус ҳодисаи тӯфон ва сохтани киштӣ дар адабиёти форс- тоҷик мазмунҳои латифу ширине падид овардааст, ки онро мо метавонем дар девонҳои шоирони дигари форсигӯй дучор оем.

Сӯзании Самарқандӣ дар истифода барои санъати талмеҳ, аз шахсиятҳои асотирии мардумони форситабор ва ғайри онҳо, аз рӯйдодҳои динӣ ва таърихӣ, аз қаҳрамонони осори адабӣ, монанди Исо, Марям, Юсуф (а), Сулаймон, Абсол,  Саломон, Рустами Дастон, Фаридун, Искандари Мақдунӣ, Хоруту Морут, Афросиёб, Иброҳим пайғамбар, Шабору Шабир, Муҳаммад пайғамбар (с), Абубакр (а), Умар (а), Алӣ (а), Ҳасану Ҳусейн, Исфандиёр хеле зиёд кор гирифта, дар бештар маврид бо истифода аз ин номҳои забонзадаи байни мардум  мамдуҳони худро сифат намудааст.

    Масалан, бутшикании Иброҳим паямбар дар байти зерини шоир чунин омадааст;

Тимсоли ту чун дасти Бироҳими паямбар,

Ҳар буткадаҳоро дару девор шикаста. [5, вар. 117 б.].

 

     Ин байт аз он ҳикоят берун омада, ки Иброҳим рӯзи иде, ки ҳама аз шаҳр берун рафта буданд, табар бардошт ва тамоми бутонро дарҳам шикаст ва табарро бар гардани бути бузург афканд. «Чун аз ӯ бозхост карданд, гуфт:

      -Бути бузург кардааст.Гуфтанд:

      -Бут қодир ба анҷом додани ин кор нест.Гуфт:

      -Чӣ гуна бутеро, ки қодир ба анҷом додани кор нест ва сухан ҳам намегӯяд, ба худой гирифтаед?» [2, 219].

   Қиссаи Юсуф (а) низ аз қиссаҳоест, ки таърихи беш аз 4000 сола дорад. Он аз осори шифоҳии мардуми яҳуд ба «Таврот» ва аз он ба «Қуръон»  ворид гардида, баъдтар дар адабиёти Шарқ бахусус адабиёти форс-тоҷик шӯҳрати тамом пайдо намудааст. Сӯзании Самарқандӣ  низ ба ин симои тобони осори динию бадеӣ бетафовут набудааст, ки мо онро дар талмеҳан истифода кардани номи Юсуф дар ашъораш дар меёбем. Шоир ба мамдӯҳи худ ишора карда мегӯяд;

 

Аз ту, эй шоҳи ҷаҳону зубдагони ту ҷаҳон

Юсуфидигар ба мо бинмудуихвони дигар.

Авф бар ихвон гузорӣ Юсуфи ихвон аз он-к

То наёрад шарм як исён ба исёни дигар. [5, вар., 12б.]

 

   Зимни ин абёт қиссаи дарози муносибати бародарон бо Юсуф (а) дар вақти чаронидани гӯсфандон, ба чоҳ партофтани ӯ бо баҳонаи гургхӯрд, фурӯхтани Юсуфу ба азизӣ расидани ӯ ва ба Миср барои хӯрока рафтани бародарон дар хушксолии тӯлонӣ, фош шудани дурӯғҳои бародарон дар назди падарашон Яъқуб (а) пеши назар мегузарад.

   Дар ашъори Сӯзании Самаркандӣ бо номи Сулаймон (а) зиёд дучор мешавем. Шоир дар байти зер номи Сулаймонро талме ҳан ин тавр меоварад;

Хоқон Муҳаммад ибни Сулаймон, ки мулки ӯ,

Дорад ниҳёоди мулки Сулаймони подшо. [5, 8б.]

 

   Дар як мутоибаи суханвар дар қатори Сулаймон аз Осаф- вазири мулки Сулаймон чунин ёд шудааст;

 

Хамчу Осаф буд андар саффи эшон зираке,

Ройи мо афтодаш аз тадвиру фарҳангу ҳунар.

Бо парию деву мурғон в-Осафу хотам ҳаме,

Дида Салмонибача худро Сулаймони дигар.

                                                                                                            [1,51]

Ё ин ки;

Боз бишносад, ки ман девам, Сулаймон нестам,

Ранҷи ман гардад ҳабо, уммеди ман гардад ҳадар.

[2, 51]

Дар ин байт бод ба чӣ маънист? Муҳаққиқи эронӣ Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ чунин тафсири бодро медиҳад, ки;

«Вот (- бод) ё вою, ки аслан аз «во» ба маънии вазидан муштақ шуда, дар санскрит ва «Авесто» исми махсуси Эзади бод ва нахустин Эзадест, ки нузурро (назарҳоро) мепазирад. Дар яштҳо се бор вот ба маънии фаришта омадааст. Дар ривоёт ду вою ҳаст; яке нигаҳбони ҳавои пок ва судбахш ва дигаре деви мазҳари ҳавои нопок ва зиёновар» [3,106]. Бо ин тафсир боди дар байти Сӯзанӣ омда худ ба худ равшан мегардад. Дар ин мисол низ номи Сулаймон талмеҳ аст, ки вай париёнро дар зери фармони худ нигоҳ медошт:

Саф зада бинӣ парирӯён ба пеши тахти ӯ,

Чун Сулаймон аст гӯйи хоҷаву эшон парӣ.

                                                                                                             [5, 122 а]

   Сӯзании Самарқандӣ аз номҳои асотирӣ монанди Афросиёб, Сиёвуш, Хусрав, Ширин, Рустам, Сӯҳроб, Рахш, Симурғ, Заҳок, Искандари Мақдунӣ, Зол, Фарҳод ва ғайра низ, ки бештарашон симоҳои барҷастаи шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аст, борҳо ба сифати талмеҳ истифода намуда, офаридаҳои килки сеҳрангезашро рангин намудааст. Аз ҷумла бо овардани номи Афросиёб шоҳ, ки подшоҳи Тӯрон буду муддатҳо бо шоҳону паҳлавонони эронӣ набард мекард, шоир мамдӯҳи худ Масъуд ибни Ҳусайнро ин тавр мадҳ менамояд:

 

Баромад зи бурҷи ҳамал офтоб,

Ба наззораи ҳусни моликриқоб.

Бад-он тори манзар чӣ маснад, чӣ дид,

Шаҳе дид бар тахти Афросиёб.

Чу Афросиёби малик номҷӯ,

Чу афросиёби малик комёб.

Чу афросиёби малик дар шикор,

Чу афросиёби малик дар шароб.

Магар ӯро ба шоҳию шоҳзодагӣ,

Ба Афросиёби малик интисоб.

Шоҳаншоҳ Масъуд ибни Ҳусайн,

Ба ҳақ вориси маснаду чоҳи боб…  [5, 15 а]

 

Талмеҳи Искандари Мақдунӣ:

В-он лашкари муқаддами яъҷуҷро ба теғ,

Боз афканад ба Сади Сикандар худойгон.

[5,8 б.]

   Сӯзании Самарқандӣ аз Рустами Достон ва зӯру тавони ӯ ёд намуда, дар рӯзгори худ он чунон паҳлавони сафшиканро дидан мехоҳад:

Хусраво,аз туву туркони ту моро рӯзгор,

Рустами дигар падид оварду Дастони дигар. [5, 12 б.]

 

Мисол;

Бод камон бандаи ту дар сафи мардӣ,

Рустами Дастон ба зӯраш, на ба дастон.

[5, 14 а]

Ва ё

Дар хидмати туанд миён баста чун раҳӣ,

Гурдони Рустамитани Исфандиёрдил. [5, 105 а]

 

Талмеҳи» хари Даҷҷол» аз диди Сӯзанӣ:

 

В-эдун гумон бурд зи мо дар риқоби худ,

Даҷҷолро биафканад аз хар худойгон. [5, 8 б]

 

       Даҷҷолро чӣ харе буд? Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ менави сад;

«Даҷҷол пас аз зуҳур аз Хуросон ё Кӯфа, ё маҳаллаи яҳудияи Исфаҳон иддиои худой мекунад ва ба харе менишинад ва ранги сурх ва поҳои хокистарӣ, ки ҷуссаи он ба кӯҳе монанд ва дар ҳар қадам шаш фарсанг роҳ менавардад. Ҳар як аз мӯйҳои ин хар рӯзи қиёмат нағмаи махсус соз мекунад. Аз гӯшҳояш нон фурӯ мерезад ва саргинаш хурмост. Тамоми мардумони сустирода нопарҳезгор ба дунболаш меафтанд ва ҳама ба дӯзах мераванд. [3,163]

   Сӯзанӣ дар ашъори худ ҳамчунон аз Бутхонаи Суманот, аз Бутхонаи Буҳор, рудхонаҳои Даҷлаву Фурот, номи ситорагони осмон ба сифати талмеҳ истифода намуда, шеъри худро рангину намакин сохтааст.

Маҳмуд шоҳи Шарқ, захирулмулукро,

Дидори ту – вазир беҳ аз фатҳи Суманот. [5, 74б]

 

   Талмеҳи Бутхонаи Буҳор:

Ойини ид кардӣ, ҷашни баҳор соз,

Ҳам дар Баҳорхона чу Бутхонаи Буҳор. [5, 101 б]

 

Шоир ба талмеҳ аз рудхонаҳои бузурги Даҷла ва Фуротбо як маҳорати баланди шоирӣ сухан гуфтааст:

 

Гар дар миёни бодия ҷӯе нишон кунӣ,

Он ҷо равад ба давлати ту Даҷлаву Фурот. [5, 75 б]

 

Талмеҳи номи Зӯҳра:

Хуршед нуру нор бувад, нуру нор бош,

Бошад зи Зӯҳра маслиҳатм нуру нор.

[5, 22а]

   Сӯзании Самарқандӣ чун як мусулмони асил ба Муҳаммад пайғамбар (с) ва чаҳор халифаи аввалини ӯ; Абубакру Умар, Усмону Алӣ эҳтироми хосса қоил бошад ҳам, майли ӯ бештар ба хонадони пайғамбар ва олӣ Алӣ мебошад. Вай дар талмеҳоти худ зиёд номи Алӣ (а)- ро ҷой додаст.

Ба ин маънӣ, Садрӣ Саъдиев менависад, ки «Аз ин изҳори ҳавохоҳии самимӣ нисбат ба хонадони Алӣ дар мазҳаби шиа будани Сӯзаниро тасдиқ кардан мумкин аст» [7,130].

     Шоир мегӯяд:

Ҷуфти дили ман кард ҳавохоҳии содот,

Ҳангоми мизоҷи тани ман холиқи ихвоҷ.

То бадрақа аз дӯстии олӣ Алӣ нест,

Бар қофилаи дини Худо дев ниҳад боҷ. [2, 154]

 

     Сӯзании Самарқандӣ ҳамчунон дар сохтани талмеҳ аз рӯйдодҳо ва ашхоси таърихӣ (Фағфур, Хоқон, Маҳмуд ва Аёз, Мансури Ҳаллоҷ, Ҳасану Ҳусейн), воқеаҳои фарҳангӣ, ёди номи аҳли илму адаб (устод Рӯдакӣ, Унсурӣ, Маъсуди Саъди Салмон, устод Рашидӣ ва ғ…) номи маконҳои ҷуғрофӣ (кӯҳи Тур, кӯҳи Дамованд, Кӯҳи Бесутун, Қоф, Чин, Хутан ва ғ…) хеле фаровон кор гирифтааст, ки таҳқиқи баррасии ҳамҷонибаи он фурсати дигар ва сиёҳ намудани авроқи зиёдеро талаб менамояду бояд аз корҳои ҳатмии оянда дониста шавад. Зеро кушодани ашъори талмеҳоти истифодакардаи шоир метавонад ба мо ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии замони эҷодкорро ҳар чӣ бештар равшан созад. Дар навбати худ ин ҳама метавонад дар муайян намудани раванди таърихии он замон мусоидат намояд.

    Ниҳоят метавон хулоса намуд, ки дар девони ашъори Сӯзании Самарқандӣ аз ин қабил талмеҳҳое, ки дар навбати аввал маънисозанд, садҳо мисол овард. Ин шаҳодати он аст, ки суханвар ба таърих, фарҳанге ва мероси ғании гузаштагони худ огоҳии ҳамаҷониба дошта, аз онҳо вобаста ба мӯҳтавои ашъораш, кор гирифтааст.

     Сӯзанӣ, аз як ҷиҳат маҳорати шоириашро дар истифода бурдани санъати бадеии талмеҳ нишон дода бошад, аз ҷиҳати дигар дар тағйири мавзӯи қасида саҳм гузоштааст ва ҳам муҳтавои тасаввуфию ирфониро вориди жанри ғазал кардааст. Дар асри мавриди назар на танҳо таҳаввулот дар қасидаву ғазал, инчунин дар рубоӣ ва тарона низ ба назар мерасид. Аз рӯйи гуфтаи Абдусатторов Абдушукур, «таронаҳои шӯрангези ҳакимона ва озодандешонаи Хайём, рубоиёти ҳабсияи Масъуди Саъди Салмон, таронаҳои ахлоқӣ ва ирфонии Саноӣ, Ансорӣ ва Аттор, рубоиёти шаҳрошӯби Маҳастӣ, таронаҳои ишқии Анварӣ, , Адиб Собири Тирмизӣ ва рубоиёти ҳаҷвии Сӯзанӣ, Анварӣ ва дигарон ба он далолат мекунанд, ки рубоӣ низ дар ин давра ба пояи олие расида аст»[9] (12, 161).

                Эй шоҳи ҷаҳон, ҷашни Фаридун кардӣ,

                В-он гаҳ тараб аз бодаи гулгун кардӣ.

                Қорун ба ҳазор ганҷ ку то бинад,

                К-аз ҷуд сарой ганҷи Қорун кардӣ.

 

***

Шуд Кохи шаҳаншоҳ макони Исо,

Шуд ғарқ адӯи шаҳ чу хасми Мӯсо.

Шуд мамлакати шоҳ Сулаймонмаънӣ,

Аз ҳасм чу номаи гуноҳи Яҳё.

 

***

Эй шоҳи Муҳаммадсияри Юсуфваш,

Довудшуҷоати Сулаймонмафраш.

Мӯсову Халил андар обу оташ,

Илёсу Хазирвор бигзӣ хурраму хуш.

 

***

Дар ҳаҷви ман, эй Қавомии фарзона,

Гар моз шудӣ то ба сари хумхона.

Ман Сӯзаниям гангу нару девона,

Бандаму тир ҳар ду аз як хона.

 

***

Маҳмуди ҷамоли дин, ки бо душману дӯст,

Бар ваъдаи ту хилофро н-ояд пӯст.

Он ваъдаи гандуми ту имрӯз, эй дӯст,

Эҳсон куну чун ваъда бурун ой зи пӯст.

 

***

Эй воаҷабе, садидики фалсафагӯй,

Чун гурбаи сандал омад аз хона ба кӯй.

Бар тезгаҳи тоз ниҳодам даму рӯй,

Яъне, ки ба тез фарқ кун мӯ аз мӯй.

 

***

Бар шоири тоз зери ҳасаби ҳинрӯб,

Латкӯб хуҳам карду барорам ошӯб.

Хезад ба миёнҷӣ аз миёни поям чӯб,

К-ин кӯфтаи маро ба ман бахшу макӯб.

 

Сабаби дигари таҳаввули шеър дар замони Сӯзанӣ дохил шудани улум ва маорифи гуногун дар шеър аст. Ба ин маънӣ, ки гӯяндагони ин давра ҷиҳати исботи фазлу дониш маълумот ва иттилооти илмӣ, таърихӣ ва фалсафиро дар шеър ба кор бурдаанд. Ба ин ҷиҳат қасида рафта-рафта аз содагӣ хориҷ ва дучори печидагӣ мегардад. Ҳамин аст, ки шоирони асри мавриди назар фозилу донишманд ва огоҳ дар ҳар улум буданд. Дар ин давра дар катори намояндагони барчастаи илму фан адибони хеле бузург хам ба камол расида, ҳар яке дар тараққиёти фикрӣ хидматҳои муайяне ба ҷо оварданд.Барои ба камолоти шахсию адабӣ расидан ва мавқеи муносиб пайдо кардани Сӯзанӣ чандин омилҳои таъсиргузор мавҷуданд, ки баъзе моҳиятан ба кареҳаи зотии эҷодкор ва баъзе ба омилҳои замонӣ бастагӣ доранд. Мамдуҳони Сӯзании Самарқандӣ касоне ҳастанд, ки аз роҳи бахшидани силоти фаровон дар тарбияти шоир мусоидат кардаанд ва ё онҳое, ки дар муҳити адабии давр шахсиятҳои маъруфу шинохташуда буда, аз ҷиҳате такмили ҳунари шоирии Сӯзанӣ ба фаъолият, пуштибонӣ ва ё рақобати онҳо ҳамбастагӣ дорад. Масъалаи дигар робитаи дӯстонаи миёни адибон мебошад, ки ба якдигар алоқаи вижае дошта, шоҳиди муваффақи ятҳои эҷодии ҳамдигар будаанд. Шоирони ҳамасри шоир хеле зиёданд, ки мақоми шоирии Сӯзанӣ дар муқоиса бо фаъолияти адабии онҳо таъйин мегардад. Дар миёни шоирони машҳуре, ки Сӯзанӣ бо онҳо муносибати эҷодӣ барқарор карда будааст, машҳуртаринашон Адиб Собири Тирмизӣ, Саноии Ғазнавӣ, Муиззии Нишопурӣ, Рашидад дини Ватвот ва дигарон мебошанд. Азбаски суханварони зиёде дар дарборҳои шоҳону вазирон ҷамъ омада, муҳити фарҳангии ягонаро ташкил карда буданд, робитаи эҷодӣ ва рақобат байни шоирон ҳодисаи маъмулӣ ба ҳисоб мерафт. Сӯзании Самарқандӣ низ байни ҳамасрони хеш робитаҳои дӯстӣ ва эҷодӣ барқарор намуда буд.Аз девони шоир низ ба чашм мерасад, ки Сӯзанӣ дар қасоиди хеш аз нобиғаҳои адабиёт Рӯдакӣ, Низомӣ, Мӯъизӣ, Рашидуддини Ватвот,Хусравонӣ, Касоӣ, Асҷадӣ, Анварӣ, Рашидии Самарқандӣ, Фирдавсӣ, Фархӣ, Лабибӣ, Қаввомӣ, Масъудии Розӣ, Масъудии Розӣ, Мухторӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Ҳаким Саноӣ, ва дигар шоирон, ки аз ҷумлаи чеҳраҳои тобнок ва машҳуртарин адибони ин даврон ба шумор мераванд, Сӯзанӣ дар девони хеш аз эшон ёд кардааст:

Дар васфи Унсурӣ

Аз саргузашт буду набуди ҳама ҷаҳон,

Девони Унсурист зи Маҳмуд ёдгор

В- аз ходимони маҷлиси Маҳмуд тоҷи дин

Чун Унсури ҳазор баромад  ба як шумор.

Дар васфи Рӯдакӣ

Рӯдакиро андарон ҷома, ки васфи бода буд,

Дод диноре ҳазор аз зарри оташгун фом.

Қиммати айёр роҳам фом кард аз дигаре,

Балъами айёрвор аз Рудакӣ бифканд фом.

 

Ҳаким Саноии Ғазнавӣ аз шоирони бузургест, ки ҳамвора аз замони зуҳур то ба имрӯз мавриди таваҷҷуҳи шоирону ади бон, суханшиносону муаррихон ва тазкиранависон қарор ги рифта, чи дар замони хеш ва чи баъд аз маргаш иштиҳор доштаву соҳибэҳтиром будааст. Вайро ҳамчун ҳаким, суфӣ, ориф, шайх хондаанду аз бузургони адаб ва ашрафи ҳукамо шумурдаанд. Ин падида амри воқеиест, зеро чӣ гуна мешавад, ки ду шоири нозукадо дар як аср зиндагӣ кунанду аз вуҷуду эҷоди ҳамдигар бехабар бошанд. Илова бар ин, ҳамаи шуарони ҳамзамон ва пас аз он низ аз девони Саноӣ таъсирпа зирӣ доранд. Худи шоир бо ишора ба тарзи хосси шеъри хеш чунин гуфтааст:

 

 

Саноиро мусаллам шуд, ки гӯяд зуҳди пурмаъно,

Надонад қимати назмаш ҳар он к-ӯ гӯши кар дорад.(Саноӣ)

 

Бузургии шеъри  Саноии  Ғазнавиро Сӯзании Самарқандӣ дар қолаби зебои назм чунин баён кардааст:

 

Чун шеъри Саноӣ кам гӯянд дар ин олам,

Эй чун ту надида хам, охир чӣ ҷамол аст ин.

Саҳл аст Саноӣ ё санои ту,

В-ин қадру фазилату баҳои ту.

 

Дар васфи Низомӣ

Низомӣ ё гулу сомон ба балх ҳаст дудия,

Ту он гуле ва туро Балх ёри сомонӣ.

Бозу шикор баст Низомӣ дилу ҳавасе,

Фитроқи ӯ на банди бесайд ҳеҷ кунам.

Амир Муиззии Нишопурӣ Яке аз шоирони ширинзабон ва фусаҳои дараҷаи аввали назми форсӣ Амирушшуаро Муҳаммад Муиззии Нишопурӣ писари Абдулмалики Бурҳонӣ ба шумор меравад, ки ӯ дар давраи ҳукмронии ду подшоҳи Салҷуқӣ (Маликшоҳ ва Султон Санҷар) кору фаъолият намуда, аз ҷумлаи саромадони шоирони ҳамасри худ дониста мешуд. Сӯзани васфи  Муиззиро чунин ба қалам додааст:

 

Ин аст ҷавоби сухани мир Муиззӣ,

Маҳ байн, ки зану дар хати он хушписар омад.

Ҷавоби шеъри Муъзист он куҷо гӯяд,

Суманбаре, ки фусунгар шудаст  абҳари ӯ.

 

Амир Имом Рашидаддин Саъдулмулук Муҳаммад ибни Абдулҷалил Умари котиби Балхӣ маъруф ба Ватвот, шоир, котиб ва олими ҳамасри Сӯзании Самарқандӣ, ки Сӯзанӣ ӯро дар қасидаҳои хеш зиёд ситудааст:

Дидам Рашиддин аҳди арбоби назмро,

Ба лашкари сухан чу рашиди худойгон.

***

Ҳар ки Девони Рашиддинро аз паси он,

Васфи минҳоҷ  назар  мекунад аз он тайр аст.

 

Дар васфи Мунҷиқи Тирмизӣ

Ман он касам, ки чу кардӣ ба ҳаҷв гуфтан рой,

Ҳазор Мунҷик аз пеши ман кам овард  пой.

Ба хусби ҳолам Мунҷики Тирмизӣ гуфтааст,

Ки аз тахаллуси  мадҳи Муайиддин ҷамол.

 

Дар васфиХусравонӣ

Бечора Сӯзанӣ, ки ба савдои ғизоӣ,

Шуд ҳамчун Хисравон хусронзада танаш.

Чун Хусравонӣаз  ғами ғозӣ нахиф шуд,

З-он гунна Сӯзанӣ надонӣ зи сӯзанаш.

Эй кошХусравонӣ будӣ бадин замон,

То буда остони Худованд масканаш.

 

Дар васфи Касоӣ

Кард Утбӣ бо Касоӣҳамчунин кирдори хуб,

Монд Утбӣ аз Касоӣ то қиёмат зинда ном.

 

Дар васфи Асҷадӣ

Заррин сухан саворӣ аз шеъри Асҷадист,

Бар даст чун савори инони сухан ба ҷанг.

 

Дар васфи Анварӣ

Имоми аҳли Ҳикмат Анвариро дида рӯшан шуд,

Ба дидори ту в-аз гарди раҳат ҳар нур чашми мо.

Дар васфи Рашидии Самарқандӣ

Дастори машриқу мағриб Рашидиро ба шеър,

Дод Саъдул малак қатри мирзӣ аз сим хом.

 

***

Устоди Рашидиро шеърест радифаш,

Чун зулфи бутон нағз ва ба ҳинҷор шикаста.

Дар хок шоиқиву Наҷбӣ нигоҳ кард,

Шайхи аҷал Рашидиву дид он савонақӣ.

Дар васфи «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ

Зи аҳли сухан то ба шоҳномаи Тӯсӣ,

Хонда шавад достони Рустами достон.

З-онҳо ки шоҳномаи Фирдавсии ҳаким,

Фирдавси ҳикматанд аз ишон туи нишон.

 

Дар васфи Фахрӣ

Фархӣ бандӣ ғуломӣ аз Каҳистонӣ бихост,

Се ғулом тарк додаш хушлиқо хиром.

 

Дар васфи Лабибӣ

Худ Лабибӣ гирифтам ӯро хар,

Суханаш бемазза асту қашру лубоб.

 

Дар васфи Қаввомӣ

Қавои ҳамчунин бад соз мондӣ,

Асири харзаи як тоз мондӣ,

Дар Ҳаҷви ман, эй Қаввомии фазона,

Гар боз шудӣ то ба сари хумхона.

 

Дар васфи Масъудии Розӣ

Ба кам шоирӣ он диҳад кафи дастро,

Ки Маҳмуди Ғозӣ ба Масъуд розӣ.

 

Дар васфи Мухторӣ

Ҷавоби он ғазал аст ин ки гуфт Мухторӣ,

Гиреҳ зада сари зулфайни дилкушой ки бод.

 

Ҷуноне ки адабиётшиноси тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев дар асараш бо номи «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV» қайд кардааст: «Хидмати шоирони мазкур аз ҷумла Сӯзании Самарқандӣ аз як ҷиҳат, аз он иборат аст, ки онҳо ҳам дар  тағйири мавзӯии қасида саҳм гузоштаанд ва ҳам муҳтавои тасаввуфию ирфониро вориди жанри ғазал кардаанд. Ғазалсароии асри XII танҳо бо фаъолияти шоирони машҳури соҳаи тасаввуф маҳдуд намешавад. Дар баробари Саноӣ, Авҳадию Аттор, монанди Абулфараҷи Рунӣ, Муиззӣ, Имодӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Амъақи Бухороӣ, Рашиди Ватвот, Анварӣ, Хоқонӣ, Сӯзании Самарқандӣ ва даҳҳо шоирони забардастро дучор мекунем, ки онҳо «бевосита ба силсилаи тасаввуф дохил набуда, дар эҷод кардани ғазалҳои истилоҳии он давра фаъолият аз худ нишон додаанд»[10] (13,48). Барои исботи гуфтаҳои боло мо метавонем чанд пораеро аз ғазали дар Девони Сӯзании Самарқандӣ буда, мисол оварем:

 

Соқиё, пеш ор боз он оби оташформро,

Ҷомгардон кун бубар ғамҳои беанҷомро.

З-он ки айёми нишоту ишрату шодӣ шудаст,

Бад бувад беҳуда зоеъ кардан ин айёмро...

 

***

Дар роҳ маро дӣ санаме даргузар омад,

Рафтори чунон моҳ маро дар назар омад.

Шӯхе шакаре, сарвқаде, Каҳбакаке чуст,

К-аз ҳусни чу хуршед басе хубтар омад...

 

***

Сапедкоро, кардӣ дилам ба ищқ сиёҳ,

Ба козурӣ дар бо мо накӯ набурдӣ роҳ.

Ту козурӣ сара донӣ ба ҷома шустан, лек,

Чу дил ба дасти ту афтад, сиёҳ кунию табоҳ...

 

***

Ишқу баҳору фурқати ёру тани низор

Овардаанд бар дили ман кору саъб кор...

Бар ихтиёри халқ, на бар ихтиёри хеш,

Баҳри салоҳи халқ сафар кардам ихтиёр...

 

Хулоса, Сӯзании Самарқандӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҳамчун шоири ҳаҷвнигор шинохта шуда бошад ҳам, вале ашъори ӯро тамоми навъҳои маъмули назм, аз ҷумла: қасида, ғазал, рубоӣ ва санъатҳои тавсифу ташбеҳ ва ғайраҳо дар бар мегиранд, ки онҳо мазмуни ва мундариҷаи ба худ хос дошта, метавонад барои баъдинагон ҳамчун як мактаби тарбия дар худшиносию хештаншиносӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги бою гаронбаҳои ниёгонамон хизмат кунанд.Дар рафти кор мо дар Девони Сӯзанӣ бо бисёр калимаю ибора ва мисраҳое қабеҳ дучор омадем, ки аз оварданашон худдорӣ кардем ва қисми дигарашонро бо ранги сурх ё се нуқта ишора кардем, чунки ин гуна калимаю ибора ва мисраҳо шояд табъи хонандаро тира мегардонад.Ин маънои онро  дорад, ки аз Девони Сӯзании Самарқандӣ тавре ишора рафт, нусхаҳои зиёде то рӯзгори мо расида, котибон мувофиқи завқу салиқа ва диди худ гоҳо асарро пурра китобат намудаанду гоҳо бо ихтисорҳои хурду реза рӯи коғаз овардаанд, ки ҳамаи онҳо пур аз нуқсон мебошанду мо ҳам дар рафти кор кӯшиш намудем, ки аз овардани чунин мисраҳо худдорӣ намоем.

 

 


[1] Садрї Саъдиев «Сўзанї ва муњити адабии Самарќанди асри ХII” нашриёти “Дониш”, Душанбе 1974, 163 сањ.

[2] Абдусаттор. – Душанбе: Ирфон, 2017. – 408 саҳ. 36. Абдусаттор, А. Фарҳанги арабӣ ва адабиёти аҳди Ғазнавиён / А. Абдусаттор. – Душанбе: Бухоро, 2015. – 430 саҳ

[3] 10. Кошонӣ, Мир Тақиюддин. Хулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор (Бахши Исфаҳон) / Мир Тақиюддини Кошонӣ. – Теҳрон: Фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1386. – 443 саҳ

[4] Бухороӣ, Муҳаммад Авфӣ. Лубоб-ул-албоб / Муҳаммад Авфии Бухороӣ ; бо саъйи Эдуард Браун. – Теҳрон: Фахри Розӣ, 1361. – 1036 саҳ.

[5] Рейснер, М. Л. Персидская лироэпичиская поэзия X-начала XIII века Генезис и эволюция классической касыды / М. Л. Рейснер. – Москва: Наталис, 2006. – 424 саҳ

[6]Тоиров, У. Қасида / У. Тоиров // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Ҷ.3. – Душанбе: Сарредаксияи илмии миллии тоҷик, 2004. – 524 саҳ

[7] Шарифов, Х. Функсияи маърифатии қасида дар адабиёти тоҷик / Х. Шарифов // Ёдбуди устод Рӯдакӣ. – Душанбе: Дониш, 1978. – С. 103-111.

[8] Кадканӣ, М. Ш. Ҷамолшиносии қасидаи порсӣ / М. Ш. Кадканӣ // Моҳномаи Ҳофиз: Нашрияи дохилӣ. – № 72, 1389. – С. 34-35.

[9] Абдусаттор, А. Ташаккул ва таҳаввули рубоӣ дар адабиёти форс-тоҷик / А. Абдусаттор. – Душанбе: Ирфон, 2017. – 408 саҳ.

[10]Мирзоев, А. Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV / А. Мирзоев. – Сталинобод: Нашриёти давлатӣ, 1957. – 76 саҳ.