АЛИЗОДА САЙИДХОҶА
(01.07.1955-17.12.2025)
Сайидхоҷа Ализода, ходими пешбари илмии Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1 июли соли 1955 дар деҳаи зебоманзари Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Таҳсили мактаби миёнаро дар зодгоҳаш фаро гирифта, баъди хатми факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (соли 1975, ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ) касби омӯзгориро меписандад ва бештар таваҷҷуҳашро ба мероси адабии ниёгон омӯзишу донистани сарчашмаҳои гаронмоя равона мекард.
Муҳаббати зиёд ба алифбои ниёгон ва мероси хаттӣ ӯро соли 1980 ба даргоҳи Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон овард. Солҳои 1980-1983 баробари лаборанти калон ва баъдан ходими хурди илмии шуъбаи дастнависҳои шарқӣ будан аз мактаби илмии Амрияздони Алимардон ва муҳити илмии институт баҳраҳои судманд бардоштааст. Барои муҳаққиқи ҷавон мавзуи «Фахрии Ҳиравӣ ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷикӣ-форсӣ» пешниҳод гардид ва натиҷаи он бо дифои рисолаи номзадӣ (2009) анҷом ёфт.
Сайидхоҷа Ализода солҳои 1983-1986 дар Ҷумҳурии Афғонистон ҳамчун мутарҷими забони дарӣ фаъолият намуда, дар баробари фаъолияти тарҷумонӣ бо маркази забон ва адабиёти дарии Академияи улуми Ҷумҳурии Афғонистон алоқаи наздики илмӣ барқарор мекунад. Ӯ бештари вақти холии худро дар кори омӯзишу пажӯҳиши рӯзгору осори Фахрии Ҳиравӣ сарф намуда, дар ин боб маводи зиёдеро аз марказҳои илмии ин кишвар, хусусан Оршифи миллии Афғонистон дастрас менамояд.
Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии АИ Тоҷикистон, ва Раёсати АИ Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз соли 2015 то соли 2016 мудири маркази матншиносӣ, таҳия ва нашри осори хаттии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ кор ва фаъолият намуда, баъд аз таъсис ёфтани Маркази мероси хаттии АИ ҶТ мудири шуъбаи нусхашиносӣ, тавсиф ва таҳияи феҳристҳо тайин мегардад.
Сайидхоҷа Ализода дар давоми фаъолияти илмиаш беш аз 70 мақолаи илмӣ дар мавзуъҳои гуногуни таърихи адабиёти тоҷику форс навишта ба чоп расонидааст. Мақолаҳои ӯ «Тазкираи «Равзат-ус-салотин»-и Фахрӣ ва хусусиятҳои он (Душанбе, 1982), «Аҳаммияти «Латоифнома» барои омӯхтани адабиёти асрҳои ХV-ХV1» (Душанбе, 1983), «Тухфат ал- Хабиб и его рукописи» (Душанбе, 1987), «Арзиши адабии «Латоифнома»-и Фахрии Ҳиравӣ» (маҷ. «Хуросон»- Кобул, шумораи 19, 1363), «Туҳфат-ул-Ҳабиб»-и Фахрии Ҳиравӣ» (маҷ. «Хуросон», шумораи 43, _Кобул, 1370/ 1991), «Фахрии Ҳиравӣ ва намунаи ғазалиёти ӯ» (Душанбе, 2006), «Бонувони суханвар дар тазкираи «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ» (Душанбе, 2007), «Рӯзгор ва осори Фахрии Ҳиравӣ» (маҷ. «Маърифати омӯзгор», шумораи 7, 2007), «Туҳфат-ул-Ҳабиб» ва маҷмуаҳои шеърӣ дар адабиёти асрҳои миёнаи тоҷику форс (Ахбори Академияи илмҳои ҶТ, 2007), «Радоиф-ул-ашъорҳо аз нигоҳи академик Абдулғанӣ Мирзоев» (Душанбе, 2008) «Ғояи шоҳи одилу раиятпарвар дар «Ҳафт кишвар»-и Фахрии Ҳиравӣ (Душанбе. 2008), «Фахри Хирави и его «Хафт кишвар» (Душанбе. 2009) ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Ҳамчунон С. Ализода яке аз муаллифони пуркори ЭМТ тоҷик буда, дар мавзуоти гунонуни илми адабиётшиносӣ бештар аз 300 мақола дар ҷилдҳои мухталифи ЭМТ ва дар «Энсиклопедияи Бадахшон» 200 мақолаи илмии ӯ ба табъ расидааст.
С. Ализода соли 2020 «Девони ғазалиёт»-и Фахрии Ҳиравӣ, Душанбе нашриёти «Дониш», соли 2021 қисми аввали маҷмуаи мақолаҳои илмии худро зери унвони «Сайре дар авроқи баёз ва радоиф-ул-ашъор», Душанбе, нашриёти «Меъроҷ граф» ва «Девони ғазалиёт»-и Иззатшоҳи Дарвозиро ба табъ расонида манзури ҳаводорони адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ гардонид.
С. Ализода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, “Аълочии илм ва маориф” буда, барои фаъолияти пурсамараш дар илми тоҷик бо мукофотҳои давлатии медали “Хизмати шоиста” ва “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст.
Маъмурияти Маркази шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Раёсати АМИТ бинобар даргузашти ходими пешбари илмии Шуъбаи феҳристнигорӣ, номзади илмҳои филологӣ Сайидхоҷа Ализода ҳамдардӣ баён намуда, ба фарзандон ва наздиконаш сабри ҷамил хоҳон аст.
